Досияи сиёҳи Хони Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

“Ончи мо мекунему дорем дар қиёс бо ончи Калон дорад, қатра дар баҳр аст.” Сониян “доля”-ашонро диҳем, дигар он тарафаш вилоятро метозему мефурӯшем парво надоранд”.

(бахши дуввум)

 

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, мулаққаб ба Қофлонбой ба ин мақом чи гуна расид? Вақте раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон буд ва пеш аз он раиси шаҳри Хуҷанд замину замони ин минтақаро чи тавр ба савдо зада пул кор мекард? Ба киҳо пораву ришва дод ва чаро бо Асадулло Раҳмон, ёрдамчии Президент дар масоили кадрҳо ин қадар наздику қарин аст?

 

Дар матлаби зер ниқоб аз чеҳраи ин сиёсатмадори суғдиро, ки ҳар аз гоҳе дар оина нигариста аз шабоҳати худашу Раҳмонов қабат-қабат “жир” мегирифтааст ва мегӯянд ҳоло лаҳзашуморӣ дорад, ки Рустами Эмомалӣ, ба ҷойи падараш ояду ӯро Сарвазири худ бигирад, бармеафканем. Барои хонандаи “Ислоҳ.нет” чанде пештар ҳам дар бораи ин сиёсатмадори “ояндадор” як навиштаеро пешниҳод карда будем. Ҳоло бошад идомаи “досияи сиёҳ”-и Аҳмадзода, мулаққаб ба Қофлонбойро бо кӯмаки шуморе аз мансабдорони соҳаи заминсозии вилоят зеру рӯ мекунем, агарчанде ин матлаб қаблан ба Оҷонсии мубориза бо фасод ва Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ ҳам расида ва бидуни кадом эътино ва бозрасӣ ба як гӯшае парт шуда бошад ҳам.

 

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳисоби пулҳои бо роҳи пора ба дастовардааш хеле аз кормандони ҳукумати марказиро харида забонкӯтоҳ кардааст, аз он ҷумла ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ оид ба кадрҳо Асадулло Раҳмон яке аз онҳо аст. Раҷаббой Аҳмадзода барои ишғоли курсии раиси Кумитаи заминсозӣ ба Асадулло Раҳмон 5 миллион доллари амрикоӣ ришва додааст. Додани ин миқдори маблағ ба Асадулло Раҳмонро худи ӯ дар байни рафиқонаш лоф задааст. Гуфтааст: “хуб медонад, ин пулҳо ба дасти худи Пешво рафта мерасад. Ман нақша дорам, ки раиси вилоят шавам”.

 

Вай аз таҷрибаи тиҷорати замин дар Хуҷанд медонист,ки ин маблағро дар зудтарин фурсат ба даст меоварад. Дар ба вазифаи раиси вилоят овардани Аҳмадзода ҳам нақши Асадулло Раҳмон хеле калон аст. Аҳмадзода ва Асадулло Раҳмонро пулҳои калон ба ҳам рафиқ ва наздик кардааст.

 

Аҳмадзода ба маблағи 2 миллион доллар қароргоҳе дар шаҳри Кӯлоб сохт. Тамоми кормандони гирду атрофи Эмомалӣ Раҳмонов бохабаранд, ки он аз ҳисоби худи Раҷаббой Аҳмадзода вақте раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ буд, бунёд шудааст. Ин қадар пул аз куҷо? Албатта, аз фурӯш ва тиҷорати заминҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он.

 

Раҷаббой Аҳмадзода, аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ нест ва аз бобояш “клад”-и тиллову нуқра мерос нагирифтааст. Аммо 5 миллион доллар барои вазирӣ, 2 миллион доллар барои резиденсия барои Раҳмонов дар Кӯлоб, 3 миллион доллар барои ишғол намудани вазифаи раиси вилояти Суғд,4 қасри 3 ошёнаи боҳашамат дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров бо тамоми санъату маҳорат, квартираҳои калон дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе, мошинаҳо қатор- қатор. Гуфта мешавад беш аз 25 миллион доллар маблағҳои пораву ришваву фурӯши замин, моликияти ба чашм намоёни Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбойро ташкил медиҳад.

 

Мо солҳост,ки дар вазифаҳои давлатӣ кор мекунем, аммо мисли Аҳмадзода порахӯри гузаро ва ғоратгари моликияти мардум ва давлатро надидаем.

 

Мо кормандони идораҳои давлатии вилоят аз Самадова Биволида, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят то пои ҷон безор шудаем. Зеро бо вуҷуди ин ҳама талаву тороҷи заминҳо имрӯз аз пештара ҳам дуздию ғоратгарӣ ва “грузит” кардани раисони шаҳру ноҳияҳоро сахттар карда истодааст. Ёру ёварони дигари раиси вилоят Комилов Фирдавс, раиси Палатаи савдо ва саноат, Миркамолов Темур, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Ёрматов Абдухалил моро безор аз ҷон кардаанд.

 

Раҷаббой Аҳмадзода ва тими сарсупурдааш Самадова Биволида, Комилов Фирдавс, Миркамолов Темур ва Ёрматов Абдухалил ҳамагӣ шиносномаҳои Русияро доранд. Барои як рӯзи сиёҳашон ба гурехтан тайёр. Барои муайян намудани манбаъи ин миллионҳо доллари Раҷаббой Аҳмадзода заҳмат кашидан нашояд. Як назар ба тарафи шимоли Хуҷанд кофист,ки хулосаи худро бароред: садҳо,шояд ҳазорҳо замин барои хонаҳои истикоматии ғайриқонунӣ тақсимшуда дар гирду атрофи тамоми баландошёнаҳои шаҳр. Имруз дар байни микрорайонҳои шаҳр ягон ваҷаб замини холӣ намондааст. Ҳамаи инҳо қарор оид ба ҷудо намудани қитъаҳои заминро дар вақти раёсати Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ва кумитаи давлатии заминсозӣ ба даст овардаанд, аммо дар генплани шаҳри Хуҷанд нестанд ва тамоми қарорҳои раиси шаҳри Хуҷанд,ки Аҳмадзода буд, ғайриқонунӣ мебошанд.

 

Комилов Фирдавс, яке аз наздикони Аҳмадзода 2 рӯз дар ягон мақомот кор накарда дар Москва хона харидааст. Садҳо гектар заминро фурӯхт, пулчинаки калони Раҷаббой Аҳмадзода мебошад, Миркамолов Темур 1 соат дар ягон мақомоти давлатӣ кор накарда бар ивази 20 000 (бист ҳазор) доллари амрикоӣ яку якбора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд таъин мешавад ва бо ҳамин шитобу суръат боз бар ивази 100 000 доллари амрикоӣ Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят таъин шуда буд, Самадова Биволида аз роҳбари дастгоҳи шаҳри Қайроққум то ба имрӯз бо Раҷаббой Аҳмадзода аст. (Дар бораи ин хонум ва сумкачаи сеҳрноки вай алоҳида маводе ба нашр хоҳем расонд) Дар ҳоле,ки ёрдамчиҳояш ин қадар сарватманду миллионеранд, вазифа мехаранду хонаҳову истироҳатгоҳҳои боҳашамат доранд, худ қазоват кунед, ки давлату сарвати Раҷаббой Аҳмадзода чи қадар аст? Гап инҷост,ки инҳо ҳеҷ кадоме тиҷорат ва ё ширкате надоранд. Ин ҳама пулу сарват аз ҳисоби пора ва бо истифода аз мақому вазифаи давлатӣ аст.

 

Худи Аҳмадзода дар сӯҳбатҳои хосааш мегуфтааст,ки “ончи мо мекунему дорем дар қиёс бо ончи Калон дорад, қатра дар баҳр аст. Сояи Калонро аз сарамон дур накунад,ки “доля”-ашонро диҳем, дигар он тарафаш вилоятро метозему мефурӯшем парво надоранд”.

 

Дар гардиши маҳаллаи Пахтакори Хуҷанд тамоми заминҳоро, ки садҳо гектар зиёд буд, фурӯхту доллар кард. Аҳмадзода имрӯзҳо ин таҷрибаи худро дар тамоми қаламрави вилоят ба роҳ мондааст. Дар асл ӯ корхонаҳои заминфурӯширо дар тамоми вилояти Суғд ба кор андохтааст. Агар мақомоти амният ва прокуратура як бор аз рӯи виҷдон ва қонун кормандони кумитаи заминро дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо бисанҷанд бисёрии онҳо як ё дуву се маротиба ба чанги 6-ой отдели Шуҳрат Раҳимзода ҷияни Рамазон Ниҳонӣ афтода бар ивази доля озод шудааст. Ё коррупсия ғалтида боз бар ивази пул раҳо шуда ба кори худ идома дода истодаанд. Мутаассифона ин кирдору рафтори ҷиноятии Аҳмадзодаро тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд медонанд вале худро ба нодонӣ мезананд. Ба ҳамаи ин заминфурушиҳо кормандони Прокуратураи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, кормандони Агентии зидди коррупсияи вилоят шарик мебошанд.

Сумчинаки асосии Раҷаббой Аҳмадзода, оддитарин мутахассиси замин, раиси кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд Ёрматов Абухалил на кам аз 15 (понздаҳ) миллион доллари амрикоӣ аз фурӯши замини давлат даст овардааст. Тамоми мардуми Хуҷанд медонанд,ки 10-13 сол пеш Ёрматов Абдухалил ба хурданиаш гаранг буд, имрӯз бошад биноҳову мошинаҳову хонахои гаронарзиштарини Хуҷанд ба ӯ тааллуқ дорад. Ин ҳама бо дастгирии бевоситаи ЗАМИНФУРӯШИ МОҲИРИ ТОҶИКИСТОН Раҷаббой Аҳмадзода мебошад. Ёрматов бо 4500 доллари амрикоӣ пора Оҷонсии коррупсия дастгир ва ҳатто бурда маҳкам карданд. Дар суд ба кирдораш иқрор мешавад ва ба гардан мегирад. Дар асоси моддаи 72-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, уро бояд аз вазифаи муовини раиси кумитаи заминсозии шахри Хуҷанд мегирифтанд, аммо бар хилофи тамоми конунҳо уро ба вазифаи Раиси кумитаи заминсозии шахри Хучанд таъин мекунанд…Табрик мекунанд, мукофоти давлатӣ медиханд. Канӣ ҳақиқат? Куҷошуд Адолат?

Бо дастгирии бевоситаи Раҷаббой Аҳмадзода Ёрматов Абдухалил раис шуд. Дар қисми шимолии маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд дар масофаи 700 метр биноҳои миллиондоллара қомат афрохтаанд, ки хамаи он биноҳо аз они Ёрматов Абдухалил мебошад. Раҷаббой Аҳмадзода вақте раиси кумитаи замин буд ва имрӯзҳо низ боигариҳову давлату савлати Ёрматов Абдухалилро дида дигар Раисону кормандони мақомоти заминсозиро фишор меовард ва ҳатто рӯи рост дар маҷлисҳояш мегӯяд, ки «мисли Абдухалил шавед ҳамаатон» агар не ҷоро холӣ кунед.

Аммо як одати имрӯзҳо аҷибе пайдо кардааст Раҷаббой Аҳмадзода. Ҳам ӯ ва ҳам шогирдонаш дар куҷое набошанд аз номи фарзандони Президент, гӯё ки Озода Рахмон, Таҳминаи Эмомалӣ, Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидов пуштибони онҳоанд, гап мезанад. Ин корро барои тарсонидани дигарон ва бо ин васила худро одами наздики Президент нишон додан мекунад.

Раҷаббой Аҳмадзода айни ҳол номи Коҳир Расулзода, сарвазирро истифода карда истодааст. Байни ҷӯраҳояш мешинад, арақро мехурад баъд катагиву лофро сар мекунад. Гӯё,ки Сарвазир ӯро сахт дастгирӣ карда истодааст. Ваъда шудааст,ки Расулзода ҷояшро ба Аҳмадзода ваъда кардааст. Вақте маст мешудааст мегуфтааст,ки чанд бор бо Эмомалӣ Раҳмонов арақ хурда ва аз ӯ ҳам чунин ваъда гирифтааст. Як бор дар айни авҷи мастӣ гуфтааст,ки барои зодрӯзи оилаи Қоҳир Расулзода чандин борҳо тӯҳфаҳо бурдааст. Гуфтааст ҳанӯз аз давраи раисӣ дар Қайроққум ва сипас омадан ба Хуҷанд ва ҳамин тавр раиси Кумитаи заминсозӣ ҳамеша харҷу хароҷоти тӯю маъракаву зодрӯзи Сарвазирро ӯ мекардааст: «Сарвазири Тоҷикистон аз ман, ҳанӯз аз рӯзҳои Қайроққум забонкӯтоҳ. Пачкаҳои доллари маро хӯрдааст”

Ин кормандони соҳаи заминсозии вилоят дар охири навиштаашон аз сӯҳбатҳои Раҳмонов дар ҳамон ҷаласаи таърихӣ,ки Шаҳбоз Раҷабовро пеш кард ин ҳарфҳоро иқтибос кардаанд: БА ЁД ДОРӢ ҲАМААТ ЧИ АҲВОЛ ДОШТӢ? ЧИ ХОНАВУ ЧИ ДАРУ МОШИН ДОШТИВУ, АКНУН ИМРӮЗ ЧИ ХЕЛ БОИГАРИВУ ДАВЛАТУ САРВАТ ДОРӢ»

Мо хуб медонем,ки Раҷаббой Аҳмадзода як гадобача буд, Ёрматов Абдухалил, Комилов Фирдавс ва Самадова Биволида дар қатори гадоҳои қади кӯча буданду имрӯз на танҳо дар Хуҷанду Душанбе дар Маскав ва ҳатто дар хориҷа ҳам соҳиби хонаҳои боҳашамат, сексия ва суртаҳисобҳои оффшорӣ мебошанд.

Ин дуввумин матлаби мо дар бораи Раҷаббой Аҳмадзода аст. Маводди сеюм ҳам омода ба нашр шуда истодааст. Поёни қисмати дуввум. Агар шумо сирру асроре аз Раҷаббой Аҳмадзода медонед бароямон фиристед,то ин силсилаҷиноятҳои Хони Суғд ва сарвазири ояндаи кишварро расонаӣ кунем.

Идомаи дорад…

Total
0
Shares
Related Posts