Ду номаи пур аз дарду алам аз Ғарм ба “Ислоҳ”

Ислоҳ нет

Номаи аввал:

Дар Ғарм аҳволи мардум хело бад аст. Муқими Раҳимҷон Набизода, раиси ин ноҳия ягон одамро ба ҷуз аз Ҳандуллои муовинаш «ход» намедиҳад. Ҳамаи қарорҳои росту дурӯғи раиси ҳукумати ноҳияро Маҳмадулло Зоиров муовини раиси бонки миллӣ дар Рашт ба назди ӯ дароварда имзояшро мегирад. Инро бояд зикр намоем,ки Зоиров Маҳмадулло соли 2019 раиси бонки миллӣ таъин шуда буд вале дар ҳол гирифтанд ӯро ва муовинаш гузоштанд. Аммо амалан ӯ раис аст ва ҳама корро дар ноҳия ӯ анҷом медиҳад дар ин масоили пулшӯйи ва … Қаблан нархи қарори раиси ноҳия барои замини наздиҳавлигӣ 2000 сомонӣ буд. Ҳоло ин маблағ аз 7000 то 8000 барои шаш сотих замин боло рафтааст. Раёсати молияи ноҳия ва раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода бюҷети ноҳияро бо чунин қарори иловагии ғайриқонунӣ хӯрда истодаанд. Пули ҳукумати ноҳияро нақдина карда ба сохтмон масраф карда истодаанд. Ҳеҷ кас намефаҳмад, намедонад ва намепурсад, ки инҷо чи гапу кор аст ва чунин қарору чунин тарзи кор дар доираи қонун аст ва ё ин гуна корбарӣ танҳо дар ин ноҳия амалӣ шуда истодааст ва ё дар навоҳии дигари кишвар ҳам ҷой дорад?

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 5 январ озмуни ҷойҳои холи корӣ баргузор кард. Ягон одам наёфтанд, ки ҳуҷҷат пешниҳод кунад. Касе дар ин озмун ширкат наварзид.

   “Соҳаи маориф аз ҳама соҳаи ақибуфтода шудааст. Муаллимони ботаҷриба, босавод ва соҳибтахассус корро бас карда, рафта истодаанд. Дар соҳаи тандурустӣ-бемористонҳо вазъ аз мактабу маориф ҳам бадтар шуда истодааст. Идораи амният-КДАМ бо ҳар баҳона, танзим, масҷид, обуна, сарбозгирӣ, риш тарошон, одамҳоро беҳад азобу азият дода истодааст. Бахусус бо баҳонаи риоя накардани қонуни танзими расму анъана одамҳоро ҷаримаҳо 5 то 10.000  сомонӣ баста истодаанд, ки маълум нест ин пул ба хазинаи давлат меравад ва ё ба ҷайби худи кормандони амният?”

Ҳатто як хелҳоро, ки онро риоят кардаанд, низ муқобилашон протокол тартиб дода ҷарима мебанданд. Корхонаву ташкилотеро, ки Оҷонси коррупсия тафтиш кардаву барои то ду соли баъд санад доранд, онҳоро даъват карда аз нав ревизия мекунанд. Амният мактуб равон мекунад ба сардори молия. Молия мегираду нақша тартиб медиҳад. Аз Нуробод аудит даъват мекунанд. Кадом ташкилотеро, ки бихоҳанд, мегиранду ревизия карда «камбудӣ»-и зиёд меёбанду нисбаташ делои ҷиноятӣ мекушоянду доғдор мекунанд. Аудитҳои худи ноҳияро махсус даъват намекунанд. Чунки инҷо ҳадаф кору пешравӣ ва тафтиши холисона нест, инҷо мақсад пул кандан ва он ташкилотро банкроту қарздор кардану раиси онро муттаҳаму вобаста ва мутеъ кардан аст.

Худи ман роҳбари як ташкилоти боқувват ва аҳлу авлодам ҳам одамҳои дорандаанд. Сардори КДАМ-и ноҳия ситамҳое мекунад ва ин ҳолатҳоро мебинаму сахт нороҳат мешавам. Заробов Раҳмоналӣ телефонҳои бачаҳоро гирифта мегӯяд, ки «проверка» мекунем. Ва, дигар он телефонҳоро бар намегардонад ва ё тамоман намедиҳад. Кадом одаме, ки аз Русия меояд, низ телефони ӯро мегиранд ба баҳонаи «проверка» дигар барнамегардонанду онҳоро мефурӯшанд. Чанд нафар телефонашро дидааст,ки дар дасти шахси дигар аст. Вақте пурсидааст,ки ин телефони ман аст. Гуфтаанд,ки онро аз бачаҳои Амнияти ноҳия харидаанд.

    ” Кучбандии мардуми Ғарм ба Русия хеле зиёд шуда истодааст. Махсусан, чуноне гуфтам дар соҳаи маориф мутахассис намонда истодааст. Дар Коллеҷи тиббӣ муаллим намондааст. Ҳоло чанд нафар духтурро аз бемористони ноҳия аз рӯи соат оварда дар Коллеҷи тиббӣ дарс дода истодаанд. Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳам ҳолати нигаронкунанда дорад. Дар ин Донишгоҳ фасоду пора дар авҷи аълоаст. Бахтиёр Бобохӯҷаев, мудири Коллеҷи тиббӣ аз ҷамоати Қалъаи сурх чил соли пеш донишгоҳи миллиро хатм  ва чанд курси бозомӯзӣ хондааст.”

Қаноатшо Лоиқзода шарманда шудагӣ аст. Аз Душанбе тарафи Ғарм намеояд. Бахудо дар ноҳия як зарра адолат вуҷуд надорад. Баъзе вақтҳо гиряамон меояд ба ҳоли худамону мардумамону диёрамон. Мо, бист, сӣ то чил нафар барномаҳои шуморо тамошо мекунем.  Ончики шумо дар барномаҳоятон мегӯяд, ҳақиқат аст. Ҳақиқати талхи ватан ва рӯзҳои мо аст. Инро тамоми халқ фаҳмидааст. Чоплусҳову бузҳои амниятиву милисаро, бисёриашонро мешиносам.

Чанд соли ахир вазъияти муллоҳо-афроди огоҳу бедордил, ки барои нусрату таҳкими дини мубинамон хидмат мекунанд, посбонони шараф номусамон ҳамонҳоянд, беҳад безеб аст. Амниятиҳо рӯзашон намедиҳанд. Ҳарӯзи худо  беҳуда фарёдашон мекунанд. Ягон гапу хабаре нест, боз пагоҳ, боз пагоҳи дигар фарёд мекунанд, то он замоне, ки он мулло ба забони ҳол ояду гӯяд, ки командир ягон хидмат бошад иҷро кунам. Ва, сипас ба ҷайби вай ягон чиз мегузорад ва то чанд вақт ба истилоҳ «дамаш ҳот»  мешавад ва дигар даъваташ намекунад, то пул даркор шудани он мақомдори амниятӣ. Вале боз  пул даркор шуд даъваташ мекунад. Аммо сардори ШВКД  одами хуб аст. Аз кабинеташ намебарояд, дахолат намекунад. Ба ҳар ҳол дар Ғарм зиндагӣ дорам бо ин ҳама ҳолатҳои вахиму даҳшат. Метарсам, ки мабодо фарёдам накунанд. Пули бюҷети ноҳияро бо ҳар қарорҳои даркору нодаркор барбод медиҳанд. Ҳозир боз прокуратура фармон додааст, муҳосибҳои ташкилоту муассисаҳоро даъват карда 1500 сомониашонро гирифта истодаанд. Коррупсия ҳам ғамашон медиҳад.

“Амният ҳаққи ревизия кардан надорад. Омаданд бемористони руҳӣ дар шаҳраки Навобод, ҷамоати Оби меҳнат. Аз онҷо бояд барои шӯъба замин ҷудо мекарданд. Наботов Аҳлиддин сармуҳосиби беморхона иҷозат надод. Бар зидди вай делои ҷиноятӣ боз карданд. Аз Нуробод аудит оварданд.”

Аз 40 ҳазор сомонӣ зиёд доду баъд халос шуд, одами тамоман бегуноҳ. Як амниятии дигар бо номи Меҳрат, тақрибан чилсола аст.  Дар идораи шуғли аҳолӣ барои худ кабинет кушода мардумро ба онҷо даъват мекунад. Дар куҷое як бесавод аст оварда дар ноҳия вазифаву мақом додан доранд. Як каси дигар нав омадааст, мегӯяд,: ” мо муллоҳои ғармиро фалонкунӣ омадем.”

   “Як нафари дигар номаш Сорбон аст, сардори бахши иқтисодии амният. Идораи фарҳанги ноҳияро, ки мудираш Зумрат Лоиқова аст 4.000 доллар гирифта баъд аз ҷавобгарӣ раҳо кард. Ин идора ҳам аз тарафи коррупсия тафтиш шуда буд, вале Сорбон дигарбора аудит оварда онро такроран ревизия кард, то пул канад.”

Ҳозир аксарияти имомхатибҳо дигар одамҳои худи амният шудагианд. Бовар кунед раисони ҷамоатҳо корро партофта гурехта рафта истодаанд. Дигар одаме намеёбанд, ки раиси ҷамоат таъин кунанд. Ҳамин ҳафта ду раиси ҷамоати шаҳраки Ғарм ва Оби меҳнат бас карданду баромада рафтанд. раиси ҷамоати Каланакро, ки бузи худи амниятиҳост гирифтанду дар ҷамоати шаҳраки Ғарм раис монданд.

“Раиси ҳукумати ноҳия раисони ҷамоатҳоро даъват мекунад ва супориш медиҳад, ки бираванду дар қисмҳои ҳарбӣ оши садақа ташкил кунанд. Ё барои онҳо аз аҳолӣ нону рағану биринҷу дигар маводди ғизоӣ оварда диҳанд. Ва ё маҷбур мекунад, ки пули обуна барои газетаҳои давлатиро саривақт ҷамъ карда бисупоранд. Ҳамин гӯна супоришҳои иловагӣ ва харҷотнок боис шудааст, ки расони ҷамоатҳо корро бас кунанд ва ҳамаашон рафта истодаанд.”

Дар мавриди ҷияни Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадулло Зоиров, ки муовини шӯъбаи Бонки миллӣ дар Ғарм аст ҳаминро гуфтаниам, ки тамоми қарорҳои раис ноҳия аз таги дасти ҳамин одам мегузарад. Бародари Маҳмадтоҳир Зокирзода, Абдухолиқ Зокирзода дар Идораи ҷангал кор мекард, ҳозир ба нафақа баромадааст. Абдухолиқ Зокирзода шаш писар дорад як нафараш гастрабайтер дар Русия ҳаст ва дигарҳояш дар ватан кору фаолият доранд.

“Маҳмадулло Зоиров  ҷияни Маҳмадтоир Зокирзода ҳамсараш Маҳмадиева Фарзонаро дар “Коммерсбонк”и шаҳраки Навобод фаррош сабти ном намудааст вале ягон бор онҷо нарафтааст. Як духтараки ҳаминҷоро кормандони ин Бонк  пул ҷамъ карда медиҳанд ва  дар чанд рӯз ҳамин сокини ин шаҳраки Навобод меояду мерӯбаду тоза мекунад вале инҳо ҳаминхел ғорат мекунанд. Садҳо чунин далоил вуҷуд дорад, ҳамаро наметавонем гуфта. Мақомоти назоратӣ куҷоро нигоҳш мекунанд намедонем. “

Инро бояд зикр намоем, ки раиси порлумон дар гузашта ному насабаш Зокиров Тоир Зоирович буд. Зоир падари Тоир аст ва Маҳмадулло бо насаби бобояш омадааст  Зоиров Маҳмудулло Абдухолиқович. Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо насаби бобояш омадааст . Дар Ғарм ӯро  Тоири  Зоир мешиносанд.

Зоиров Махмадулло бошад аз вазифаи худ ва амакаш сӯистифода намуда дар чор рохаи назди бозори ш Навобод як бинои дуошиёна дар байни рохи мошингарду одам гузар месозд ки ба талаботи на биносозӣ, на зимистон гузарони чавобгуй нест. Дар ин бино дар ошиёнаи якум дорухона магозахои хурокворӣ аст.
Дар ошиёнаи дуюм ошхона буда ба талаботи стандарти чавобгуй набуда дар худи хамин бино, маркази хизматрасони “Коммерсбонк” тули як сол шуд фаолият мекунад.

Тибқи маълумотҳои мо ҳозир вазъияти Маҳмадтоир Зокирзода бад шудааст. Воломақомҳои Данғарагӣ дар паяш шудагианд. Чунки ҳамин одам Сафиалло Азизуллозода, сардори собиқи Раёсати минтақавии милисаро дар назди президент сиёҳ кардагӣ будааст. Сафиаллоро аз кор гирифтанд. Бузмаков, муовини аввали вазорати дохила аз паяш мешавад ва тамоми наздикони вай ба шумули ҷиянҳояшро аз мақомоти давлатӣ озод мекунанд. Ҳозир знукаш гирифтагӣ. Як бачаи апааш бо номи Фирӯз дар Душанбе милиса буд. Аз кор гирифтанд. Як бачаи бародараш Асадулло Зоиров  дар  “Бонки рушд” кор мекард  вақте делои ҷиноятияш кушоданд аз кор гирифтандаш онҷо. Аммо ҳоло дар «Амонатбонк»-и Ғарм кор карда истодааст, нисбаташ делои ҷиноятӣ кушода бошанд ҳам ӯ ҷияни Раиси порлумон аст дигар. Асадулло Зоиров ба воситаи Фирӯз пул дода доғи судиашро тоза мекунад. Вақте Маҳмадтоир Зокирзода  Генерал Сафиаллои Азизуллоро дар пеши президент сиёҳ мекунад воломақомҳои Данғарагӣ бо сардории Аламшозода Абдурраҳмон (Бузмаков)  як даст мешаванд. Бузмаков меояд маҷлис мекунад ва мегӯяд:

  «эй, мардуми Ғарм фикр накунед, ки и кор ҳамита мемона, касе, ки кати раиси ноҳия хабар бурд ба Тоҳира,Тоҳир хабара ба болора бурд, шумо я генерала бе обу ру кардагие, ҷавоб меген ҳамат ғармиҳо».

Баъд аз пушти Маҳматоҳир Зокирзода кор мекунанд. Мекованду мебароранд, ҷияни Маҳмадтоир Зокирзода, яъне ҳамон Асадулло Зоиров доғи судиашро ба воситаи Фирӯз бо пул тоза карда будааст, то тавонад дар мақоми давлатӣ кор кунад.

Фарёд мекунанду мепурсанд, ки чаро доғи судии ҷияни Зокирзодаро бардоштед? Онҳо мегӯянд, ки Фирӯз моро пул дод ва аз номи раиси порлумон Маҳмадтоир Зокирзода гап зад ва мо анҷом додаем. Он ду нафареро, ки доғи судиро бардошта буданд «дело» мекунанду Фирӯзро аз мақомот пеш мекунанд. Асадулло Зоров, бародарзодаи Маҳмадтоир Зокирзодаро бачаҳои «6-ой отдел» меоянду аз хонааш мебароранд, ки Маҳмадтоир огоҳ мешаваду ба вазир занг мезанаду илтимос мекунад, сипас озодаш мекунанд. Аз ҳамон вақт дигар сархам ва муттаҳам шудааст. Хулоса, Бузмаков-Аламшозода Абдурраҳмон, муовини аввали вазири дохилӣ корашро кард дар ҳақи Маҳмадтоир Зокирзода. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон шуду ҷиянаш Маҳмадулло Зоиров сар кард ба заминфурӯшӣ. Маҳмадулло Зоиров дар шӯъбаи Бонки миллии ноҳия дар мақоми муовин кор мекунад. Раиси ноҳия аз Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Парулмон метарсад. Ба ҳамин хотир заминҳоро ҳамроҳи ҷияни вай, ки дар ҳукумати ноҳия кор намекунад, мефурӯхт . Маҳмадулло Зоиров клиент пайдо мекунад, қарорро медарорад ба назди раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода раиси ноҳия имзо мекунад. 8-10.000-ро ду кас тақсим мекунанд, кор тамом.

 “Роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ғарм Ортиқов Холмаҳмад, ки аз Ялдимич  аст бояд ба нафақа барояд. Аммо ҳоло ба таври шартномавӣ корро идома дода истодааст. Дар ҳоле, ки тибқи қонун хидматчии давлатӣ мисли раиси ноҳия ва раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳақ надоранд шартномавӣ кор кунанд, мумкин нест.”

Чуноне гуфтем як бародари Маҳмадтоир Зокирзода Абдухолиқ ном дорад. Пештар сардори Идораи ҷангал буд. Як бародари дигараш Наврӯз ном дорад ва дар Кумитаи замини ҷумҳурӣ дар Душанбе кор мекунад ва аз ҳамонҷо истода ба корҳои замини ноҳия мудохила мекунад. Мутахассисони Идораи замини ноҳия аз иҷрои супоришҳои вай ба дод омадаанд.

Мудири ЗАГС-сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ҷияни сардори КДАМ-и Рашт аст. Нав ба инҷо ба кор омад. Ин зан рутбаи майорӣ дорад. Сардори КДАМ раиси ноҳияро фишор овард, ночор шуд мактубаш дод, рафт аз Душанбе фармонро оварду ҳоло дар курсӣ нишастааст. Феълан ин ҷамоатҳо бе раис мондаанд:

 Ҷамоати деҳоти Қаланак

 Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат

 Ҷамоати деҳоти Тагоба

  Ҷамоати шаҳракиНавобод

“Ҳукумат ба ин рафтору кирдоре, ки дар ноҳия карда истодааст рӯз ба рӯз эътиборашро гум карда истодааст. Раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода ягон қарорро бепул имзо намекунад ва ба наздиконаш гуфтааст, ки ҳар рафтан ба Душанбе «доля»-и Асадулло Қимматович ,ёрдамчӣ ё раиси шуъбаи кадрҳои  президентро бурда медиҳад.”  

Ангишт барои мактабҳо тақсим карда медиҳанд. Як тоннааш 700 сомонӣ буд ҳоло 800 сомонӣ шудааст. Гуфтанд, ки 100 сомониаш ҳақи раиси ноҳия аст. Аммо нархи давлатии он 560 сомонӣ мебошад. Фарқияти ин пулро ҳам дар кон ва ҳам дар мактабҳо раиси ноҳия ба ҷайби худаш мезанад. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон аз Душанбе истода дар минтақа ва корҳои он дахолати ошкоро мекунад.

 “Раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода 26 феаврал 3 соли пурра мешавад, ки кор мекунад. Дар як сол на камтар аз 1000 қарор мебарорад, ки ҳамааш пулакӣ аст. Агар 3000 қарорро ба 4000 ҳазори зарб занед 12 миллион сомонӣ ҷаноби Муқими Раҳимҷон Набизода кор кардаааст. Дақиқан як миллон доллар кор кардааст ва аз тарҳҳои дигар ва ғорати пули буҷа ҷой худаш. Инки чи қадар долия медиҳад инро бояд мақомоти тафтишотӣ аз ӯ пурсанд ва ин бармегардад боз ба фасоди молӣ ва коррупсия. Решаи ин оилаи Раҳмонов ва мақомоти фасодкору ришвахори ӯянд.”

Бузи дуюми раиси ноҳия сардори кумитаи заминсозӣ аст. Номаш Ҷабборов Алимардон аст. Ҳар бегаҳ 50 қарор медарорад, ки ҳар кадоме аз онҳо на камтар аз 5 то 6.000  ҳазор сомонӣ нарх доранд.  Дигар ҳисоб намекунем ва ин ҳамаро бояд аудитҳо ҳисоб кунанд, на мо.

“Дар охир ҳаминро мегӯям, ки 300 симчуби барқи ноҳияро канданду 1500 сомонигӣ фурӯхтаанд. Дар ҷой он симчубҳо симчубҳои оҳанин часпонидаанд ва дар ҳама манотиқи ноҳия алакаи ин симчубҳо каҷала ва корношям шудаанду мардум аз кандашудани онҳо бе барқанд. Вақте хостем фаҳмем чаро ин корро кардаанд аз ҳукумат гуфтанд,ки ин бо хоҳиши Маҳмадтоир Зокирзода анҷом шудааст.  Се миллион пулро бе тендер гирифта хурданд. Хулоса вазъи ноҳияи Рашт бисёр бад аст . Инҷо ҳама мақомот то баногӯш дар фасоду ришват ғӯтавар шудаанд.”

Номаи дуввум:
Салому дуруди бепоёни худро ба кормандони тимҳои “Ислоҳ нет, ва Ислоҳ ТВ” ба хусус мудири ин пойгоҳ Муҳаммадиқболи Садриддин ва бинандагону хонандагони он. Имрӯзҳо дар шароити ногувори Тоҷикистон воситаи расонидани хабарҳои доғ, ва муҳимим ҷомеа ба гӯши мардум ва  танҳо ҳамин «Ислоҳ» мондааст. Барои ҳамин мо ба шумо ин навиштаро ирсол  менамоем:

Мо- як гурӯҳ ҷавонони ҷамоати деҳоти Боқи Раҳимзодаи ноҳияи Рашт аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки амалҳои ғайриқонунии ду нафар мақомдорони ҷиноятпешаи ҷамоати мазкурро расонаӣ кунед, то пеши роҳи ин мансабдорони яғмогару дузд гирифта шавад!

“Ин ду нафар- якеаш Назаров Сайалӣ Табаровчич корманди “завхози”-бахши хоҷагии Раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва нафари дуввум Қаландаров Маҳмадраҷаб Додович раиси ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ин ноҳия мебошанд. Қаландаров Маҳмадраҷаб, сокини деҳаи Бинии-Суфиёни ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва ҳамзамон раиси ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, собиқ корманди КДАМ дар Рашт мебошад. Қаландаровро тахминан солҳои 2005 аз КДАМ барои анҷоми аъмоли ғайриқонунӣ ва “подстава”-и як мӯсафеди 75-сола бо номи Назаров Худоӣ аз деҳаи Ҳилмонии ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт аз кор ронданд.”

Муҳаммадшариф Толибов, раиси собиқи ноҳия дар маҷлис Қаландаров Маҳмараҷабро аз ҷояш хезонда гуфта буд, ки “то вақте ман зиндаам, ту дар ягон системаи давлатӣ кор нахоҳи кард, яъне намегузорам кор кунӣ.” Ҳамон тавр ҳам шуд. Аз он сол то даргузашти марҳум Толибов номбурда ҳеҷкора буд. Баъди даргузашти Толибов дар ҷамоати мо сардори бахши танзим таъин шуда хеле ба мардум зулм намуда оқибат аз ҷониби собиқ раиси н Рашт Қаноатшо Лоиқзода, раиси ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода таъин гардид ва чанде фаъолият намуда бо фурӯши замин ва чарогоҳҳо машуғул шуд.

Баъдтар Лоиқзода Қаноатшо,ки  як ҳаромӯр ва дузди дигар буд. Малик Муродовро дар ҷойи вай раиси ҷамоат таъин кард. Аммо кори Маҳмадраҷаб баъди ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода дар ҷамоати шаҳраки Навобод ривоҷ ёфта онҷо дар рафти фаъолият  500-ҳазор сомонӣ маблағи барои таъмири роҳҳои дохили шаҳракро ғорат намуда ба нафъи худ истифода бурд. Барои ин амал алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд ,вале писараш дар суди ноҳияи Рашт кор мекунад тафтиши парвандаро ба дарозо кашонида дар афви 2021 даровард ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озодаш карданд.

Баъдан боз аз сари нав дар ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз ҷониби раиси кунунии Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода раис таъин гардида боз ҳамон амалҳои ғайриқонунии хешро идома дода истодааст.

“Назаров Сайалӣ Табарович бошад бо  Қаландаров Маҳмадраҷаби раиси ҷамоат равобити зичи дустона ва фасодкорона дорад. Номбурдагон аз солҳои дар КДАМ кор карданашон бо ҳам дӯсту ошно ҳастанд. Капитани КДАМ Назаров Сайалӣ  Табарович тахминан 25 сол боз дар ин соҳа кор мекунад ва мисли як саги хапгир дар байни аҳолии ҷамоат мебошад. Ӯ соли 2019 аз як ҳамдеҳаамон бо номи Давлатов Сӯфӣ, ки писараш Фарҳод барои гузоштани як лайк дар зери навори кадом гурӯҳи мамнӯъ боздошт шуда буд бо ваъдаи озод карданаш 10,000 (даҳ ҳазор) сомонии акаи Сӯфиро гирифта бо сӯиистифода аз мансаб ба нафъи хеш истифода намуд, вале ҳеҷ амале анҷом надода вайро “кидат” кард.”

Назаров Сайалӣ таъриф мекунад, ки раиси КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт танҳо ба ман эътимод дорад ва манро дар ҳама кор бовар мекунад. Ҳар касеро ба коре гумонбар кунанд аз ман мепурсад, гап- гапи ман аст. Агар тараф ҷинояткор ҳам набошад, ман гӯям ҷинояткор аст, вай амал мекунад, яъне ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашад он нафарро. Мегӯяд, ки ҳар саҳар барои раиси КДАМ ва фарзандонаш 5-литр шир, 5-литр ҷурғот, маскаи хонагӣ, чормағз, асал, нок, себ, ва ғайра мебарам. Раис аз ман забонкутоҳ аст ва лаҷомаш дар дасти ман, чи хеле гӯям ҳамон тавр амал мекунад. Назаров Сайалӣ пеш дар кадом вазифаи дигар дар КДАМ кор мекарда будааст,вале баъдан “завхоз”-и онҷо таъин гардид.
Ӯ дар назди бачаҳо нақл карда гуфтааст, ки “ҳамин пора хуб чизи зӯр аст: 2-яшик нок, 2-яшик себ, 1- линча чормағз, 1-гӯсфанд, 1-фляг асал бурда ба роҳбари кадрҳои КДАМ додаму хоҳиш намудам, дар ҷояш гирифта сардори «завхоз»-и КДАМ дар минтақа ва н-Рашт таъинам намуд.

“Бародари Назаров Сайалӣ бо номи Шарифи қоқала ба ҳайси духтури оилавӣ дар деҳаи Сангималикӣ дар бунгоҳи тиббӣ кор мекунад. Вай буз ва «посредник» аст, кори кадоме дар мақомоти дахлдор афтад, пулашро гирифта ҳал мекардааст. Барои мисол алайҳи директори мактаби Шулмак Шодиев Қурбон Прокуратураи Рашт дар соли 2014 парванда кушод. Шарифбег миёнарав шуда кори ӯро ҳал кард.”

Идораи ҷамоати мо ва идораи совхоз дар давраи шӯравии собиқ дар як замин, тахминан дар 15 сотих ҷойгир шуда буданд. Баъди пош хӯрдани СССР ва барҳам додани совхоз идораи совхозро ба бунгоҳи тиббӣ табдил доданд, ва тавре дар боло зикр кардем Назаров Шариф бародари Сайалӣ онҷо кор мекард.Тахминан ду соли пеш бунгоҳи тиббиро аз нав дар ҳавлии идораи ҷамоат аз қисмати рости он бунёд намуданд  ва идораҳои куҳнаи совхоз бекор шуд.

Назаров Сайалӣ ва бародараш Назаров Шариф дер боз ба замини ин идораи давлатӣ чашм ало карда буданд. Вале акнун фурсати муносиб пайдо намуда замини ҳавлии ҷамоатро бо идораи совхоз, ки дар нақша буд дар он як бинои муосир сохта шавад, бо маслиҳати пешакӣ ба раиси ҷамоат Қаландаров Маҳмадраҷаб пулу пора дода ба қавли худи Назаров Сайалӣ тавассути раисашон, ҳамон сардори КДАМ  дар минтақа ва ноҳияи Рашт Заробов Раҳмоналӣ  ҳуҷҷатгузорӣ намуда аз они худ кардааст.

“Инак дар ҳамин зимистон, ки баланди барф як метр аст Назаров Сайалӣ ва бародаронаш гирди замини бо пора ва сӯиистифода аз мансабҳои давлатӣ ғасбнамудаи ҳавлии ҷамоатро девор гирифта истодаанд.”

Қаландаров Маҳмадраҷаб раиси ҷамоати Боқӣ Раҳимзода дар стадиони варзишии шаҳраки Навобод,ки дар соҳили дарёи Сорбоғ, ки бо Стадиони таги Навобод маърӯф аст. Худсарона ва сӯйи истифода аз мақомаш ва одами КДАМ  буданаш барои бародараш хонаи истиқоматӣ сохтааст. Албатта падараш Дод, ки 21 фарзанд дорад ва дигар намедонем барои кадом додараш ин хонаро бунёд намудааст. Агар барои ҳар кадоми ин 21 нафар як коре кунад бо сӯй истифода аз мақому мансабаш дигар дар Ғарм чизе намемонад. Худатон қазоват кунед ва хулоса бароред.

Дар ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода 14-ҳазор аҳоли зиндагӣ мекунад. Ҳамаи аҳолии ҷамоати Боқӣ Раҳимзода аз ин амали Назаров Сайалӣ ва  Қаландаров Маҳмадраҷаб норозӣ ҳастанд. Ҳама мегӯянд, ки наход мо ҳақ надошта бошем, ки дар 10-15 сотих замин як идораи ҷамоати замонавӣ дошта бошем!? Чаро роҳи ин ҷиноятпешагон гирифта намешавад?
Раиси ҷамоатро пурсидаанд, ки чаро замини идораи ҷамоатро ба Назаров  Сайалӣ додед? Гуфтааст: “Сайалӣ ҳамкори собиқам аст, мо бародарем, мо кормандони КДАМ ҳастем, чи хеле форамон ҳамухел мекунем, зӯри касе ба мо намерасад»!
Ҳамин ҳам гап шуд?!
Воқеан мардуми ҷамоат аз Назаров Сайалӣ ва Қаландаров Маҳмадраҷаб метарсанд, зеро фақат дар забонашон ба ҷои номи Худо номи КДАМ аст, ва мардумро тарс медиҳанд.

“Дар охири нома инро меафзоем,ки Назаров Сайалӣ бояд хуб донад,ки дақиқан барои ин амалҳои нангинаш соли 2019 ҷавонмардони Ғармӣ шаб омада хонаашро оташ заданд ва бо ҳамсару фарзандонаш аз тирезаи хонааш баромаду ҷонашро наҷот дод ва хонааш ба коми оташ рафт. Чун қишлоқи Сангималикӣ сероб нест ва то сухтор хомӯшкунак омад,ки хокистар боқӣ монд аз хонаи бо ғарату дузди бунёд намудааш. Ҳама ҷавонони бо нангу номуси Ғарм ҷиноятҳои анҷом медодаи шуморо Назаров Сайалӣ ва бародарат Шарифбек Назаров ва раиси ҷамоат Қаландаров Маҳмадраҷаб  назди худ сабт карда истодаанд!”

Ҷаноби Муҳаммадиқболи Садриддин!
Мо деҳқонбача ҳастем ва касе гапи моро дар ин ноҳия гӯш намекунад. Мо барномаҳои шуморо тариқи Ютюб тамошо мекунем  ва натиҷаҳои он барномаҳоро низ мушоҳида кардаем. Ба ҳамин хотир хоҳиш менамоем мактуби моро нашр намоед, то Ҳукумати Тоҷикистон бохабар шуда сари роҳи ғоратгарони молу амволи миллатро ба хусус корманди КДАМ Капитан Назаров  Сайалӣ Табарович, сокини деҳаи Сангималик  ва раиси ҷамоат Қаландаров Маҳмадраҷаб Додович, сокини деҳаи Бинии Суфиёнро бигиранду замин ҷамоатро ба асли пешина ба мардуми ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода баргардонанд!

Бо эҳтиром як гурӯҳ ҷавонони

ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода,

ноҳияи Рашт.

 Ps: Ин ду нома аз ноҳияи Рашт ба “Ислоҳ” расид ва дидем бо далел ва дарди худро навишта буданд онро нашр менамоем. Дар рӯзҳои наздик навори ин тақдими бинандагони “Ислоҳ тв” хоҳад шуд. Ислоҳ инъикос кунандаи дарди шумо ва дар хидмати шумост. Ҳар ноадолатиеро дар ноҳия ва шаҳру вилоятатон мебинед онро нависед. Нагӯед ӯ домоди “пешво” ва одами писару духтари “пешво” аст. Он чуноне ҳаст нависед пас аз таҳқиқ бо манобеъамон онро расонаӣ хоҳем кард. Раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода агар ин ҳолатҳо дар зудтарин вақт тағйир накунад боз ҳам матолиби дигари аз ин вазминтар нашр хоҳанд шуд.

Share This Article