Дубора масдуд гаштани саҳфаи «Одноклассник»-и ман

Ислоҳ нет

Дубора масдуд гаштани саҳфаи «Одноклассник»-и ман

Қаблан чанд рӯз пеш, санаи 18.08.2016 саҳфаи одноклассники маро масдуд карда буданд ва иллати масдуд карданро бо посухе арз намуда будам. Баъдан хоҳарону бародарони аҳли ихлосу имон аз ман хоҳиш карданд, то дубора саҳфа кушоям ва даъвати осоиштаамро идома диҳам. Аммо ман, ки дубора масдуд шудани онро ба хубӣ дарк мекардам хоҳиши ба ин кор даст заданро надоштам. Бархе аз хонандагон пешниҳод карданд, ки бо номи мустаъор саҳфа кушояму нависам. То имрӯз чунин амалро, яъне бо номи мустаъор ё “Фейк” саҳфа кушоданро дар шаъни худ раво надидаам ва то имрӯз низ ҳеҷ амали ғайри машруъ ва даъвате, ки хушунатро ба бор оварад анҷом надодаам ва дар оянда ҳам нахоҳам дод.

Муҳим дубора бо ному насаби худ саҳфа кушодам ва ҳудуди 100 нафаре, ки дар ҷустуҷӯ буданд маро пайдо карданд ва то шоми 2 сентябр фаъол буд. Мақолаи Даҳаи Зулҳиҷҷаро гузоштам. Сипас як нома бад-ин мазмун ирсол гардид.

Ассалому алайкум Устод. Саҳфаи шуморо дар “ОК” дубора ҳазф (удалить) карданд, зеро дигар шуморо намебинем. Ҷуз ин ҳама навиштаҳои шуморо дар ҳар гурӯҳе, ки гузоштаед пайдо намекунем.Чанд лаҳза пеш дохил шудам шумо дар сайт будед, аммо афсус, ки боз нестед. Чӣ кор кунем устод?

Посухи ман : Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алиюл азим

Хитоб ба саҳфабандон!

Оё мо дар роҳи ҳақ нестем?

Оё он чи менависам суханони Аллоҳ ва Паёмбараш (с) нестанд?

Оё мушкиле, ки имрӯз дар дохили кишвар, дар фаҳмиши динии миллати тоҷик пайдост ва барои посухи онҳо касеро наметавонанд пайдо кунад, посух гуфтани мо зиён дорад?

Оё сиёсати бехирадоне, ки ҳукумати кишвар алайҳи диндорон пеша кардааст онро бо роҳи осоишта ва бе хушунат баён намедорем?

Оё то ба имрӯз касеро дар роҳи бад роҳнамуд шудаем ё худ ба хушунат даъват кардаем?

Оё он қавонине, ки дар кишвар алайҳи дину мазҳаб содир гаштаанд, ки ҳаргиз шахси огаҳ аз ислом наметавонад онҳоро бипазирад боре ҳам даъват кардаем, ки ҳама алайҳи ин қонунҳои зидди исломӣ аз хонаҳо берун оед? Дар ҳоле, ки ин ҳақро барои мо Аллоҳ ва Паёмбараш (с) ва имоми мазҳаб додааст, то хомӯш набошем ва илло моро рӯзи Қиёмат бо лаҷоми оташин ба ҷаҳаннам меандозанд.

Ман ва ашхоси доъие амсоли ман хомӯшем ва пеши Аллоҳ дуо дорем, то ин мавонеъро аз сари роҳ Худ дур созад . Ончи мегӯем танҳо дасти дуо ба даргоҳи Ӯ таъолост. То имрӯз мо ҳеҷ баёнияе ба миллати тоҷик накардаем, ки хомӯш нишастан гуноҳ аст ва ончӣ метавонед анҷом диҳед!

Савганд ба он Аллоҳи поке, ки ҷони ман дар дастони билокайфи Ӯст, барои ҳар як шахси аз дин огоҳ ҳаёти ин дунёи тезгузар ҳеҷ арзише надорад. Ин дунёро барои охират ихтиёр мекунад. Дониста бошед! Ҳар доъии содиқ ба динаш хорӣ, зиндон, шиканҷа, бадарғаро мепазирад, аммо тавҳини динашро қабул надорад. Ҳамон тавре ки имомони мо Аҳли Суннат ва ҷамоъат дар раъсашон, Имом Абуҳанифа (раҳ) ва охирин имоми мазоҳиби чоргона Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) ва ҳазорҳо бузургони ин уммат то марг содиқ ва устувор дар дину ақида ва роҳу манҳаҷи Паёмбари ислом (с) содиқ ва росих буданд ва бо чунин ақида ва роҳу равиш аз дунё рафтанд, мо низ роҳи онҳороо хоҳе паймуд ва хоҳем рафт!!!

Шумо мехоҳед монеъи роҳи даъвати мо гардед, то даъвати Ҳақ ба миллати тоҷик нарасад. Иштибоҳ мекунед ва ҳаргиз ба ин мақсади шуматон нахоҳед расид. Мисли шумо динситезону бединоне, ки динро афюни халқ мегуфтанд омаданду рафтанд. Ҳоло дар партовгаҳи саҳфаҳои нангини таърихи миллати хеш қарор доранд. Ҳеҷ зиёне ба ин дин расонида натавонистанд ва дини ислом ҳамоно по барҷост ва пайравонаш рӯз азрӯз зиёд мегарданд. Нафрати миллатро наоред!

Алайҳи онҳое, ки мардумро ба роҳи рост даъват мекунанд монеъа эҷод накунед! Ин қонуни таърихро ҳам фаромӯш масозед, ки миллатҳо мемонанду кулли низомҳо ва ҳукуматҳо тағйир мехӯранд.

Куҷо шуд Фариддуну Заҳҳоку Ҷам,

Шаҳони араб хусравони Аҷам.

Ба ҳар хок доранд болин зи хишт,

Хуш он кас, ки ҷуз тухми некӣ накишт.

То ҳол дар садади роҳандозии Сомонае набудам, аммо мебинам намехоҳед даъвати оддӣ ҳам дошта бошем. Дар мақолаи қаблӣ “Моро чӣ гуноҳ аст” як маротиб навиштам, мисле ки хеле мағрур ва савори аспи даванде ҳастед, ки ҳеҷ назаратон ба доъиҳо, ба гуфти шумо муллоҳо ҳам намегардад. Пас аз Аллоҳ дар ин рӯзҳои даҳгонаи моҳи мубораки Зулҳиҷҷа талаб дорам, то бароямон минбаре ато фармояд, ки дар он аз исломи ноб ва мазҳаби роиҷи кишвар бо калом, яъне нашри мақолаҳо даъвати хосеро ба роҳ монем ва ҳар амали мухолиф ба динамон, ақидаамон, китобамон, манҳаҷи поки Паёмбарамон (с) ва асҳоби бузургворашон дар ҳар куҷое дидем онро расман маҳкум созем. Он қонуну мавонее, ки дар кишвар алайҳи мусалмонон анҷом медиҳанд онҳоро ҳам баён медорем. Аз ҳама азизон талаби дуо дорам. Дар ин рӯзҳои муборак дуоҳои холисонаи шумо мақбули даргоҳи Ҳақ таъоло мегарданд. Дуо кунед, то моро қуввате диҳад, ки дар баёни аҳкоми шариъати ғаррои муҳаммадӣ кутоҳӣ накунем. Он чи то ба имрӯз нагуфта будем бидуни ҳеҷ тардиду тарс баён дорем.

Дар охир ин дуои Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро, ки дар Тоиф ҳангоми даъваташро напазируфтанд ва фармон доданд то он Ҳазрат (с)-ро бо сангҳо бизананд. Ду саф кашиданд чунон сангборонаш карданд, ки аз бадани муборак хун ҷорӣ гардид ва пои муборакашон ва сари муборак аз он сангҳо хуншор гардид. Натиҷаи ин сафараш танҳо ислом овардани Зайд ибни Ҳориса (раз) шуд. Зайд (раз) худро сипар мекард, то сангҳо ба ӯ бирасанд на ба он Ҳазрат (с). Муҳамад (салаллоҳу алайҳи васаллам) бошитоб ба сӯи боғи ангуре рафтанд ва то он ҷо аз пасашон буданд. Вақте дохили он боғ шуданд онҳоро раҳо карданд. Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) зери

сояи дарахти ангур рафтанд ва нишастанд ва пушташонро ба деворе гузошта, такя заданд. Каме ором гирифтанд ва ин дуоро бар забон оварданд:

“Парвардигоро аз Ту дар кам гардидани тобу тавонам ва дар кам гардидани чора дар баробарам ва аз хиффату хориам назди мардумон имдоду ёрӣ меҷӯям. Эй Меҳрубонтарини Меҳрубонон, Ту мададгори тамоми заъифон ва дармондагон ҳастӣ ва Ту Парвардигор дастгиранда ҳастӣ ва Ту Парвардигори ман ҳастӣ. Маро ба кӣ меспорӣ? Ба бегонае, ки бо ман пархош кунад? Ё душмане, ки зимоми қудратро ба дасти ӯ додаӣ? Агар бар ман хашм нагирифта бошӣ боке надорам, зеро осоиш ва оромише, ки аз ҷониби Туст бароям гуворову созгор аст. Парвардигоро, ман ба Ту паноҳ мебарам пеш аз он ки ғазаби худро бар ман нозил кунӣ. Аз ин ки хашми Ту бар ман фурӯд ояд ё нохушнудии Ту шомили ҳоли ман гардад ҳарчи мехоҳӣ маро итоб кун, то саранҷом аз ман хушнуд гардӣ. Парвардигоро, ризо ризои Туст ва ҷуз Ту паногоҳе надорам. Парвардигоро, ба он нӯри ҷамоли Ту паноҳ мебарам, ки пардаи зулумоти яъсу навмедиро медарад, торикиҳоро равшан месозад ва ба баракоти он умри дунё ва охират салоҳ меёбад. Парвардигоро, ризо ризои Туст ва касеро ҷуз Ту тавон ва нерӯе нест.

Дар фарҷоми калом аз шумо азизон талаби дуо дорам. Дар ин даҳаи муборак, ки то рӯзи Арафа фурсат дорем, ин фурсати тиллогини иҷобати дуоро дар ҳаққи мо, дар ҳақи уммат, дар ҳақи миллат ва дар ҳақи меҳани азизамон фаромӯш масозед.

Share This Article