Душанбегиён: 5-уми октябр, рӯзи мотами миллӣ

Ислоҳ нет

Душанбегиён  Эмомалӣ Раҳмоновро “табрик” карданд

Бароат мехоҳем ва безорӣ меҷӯем аз оли Раҳмонов, ба хусус аз Рустаму Озода ва Азизамоҳ. Бародар Муҳаммадиқбол, онқадар дилгир ва хаста шудаем, ки дигар ҳатто номаи худро ба салому дуруд натавонистем оғоз намоем. Салому дуруди мо бар Шумо ва бар бинандагону ҳамфикрҳоятон бод. Мо як гурӯҳ аз занону мардони огоҳи Пойтахт мебошем, ки начандон бар шумо эътимод доштем ва роҳбарияти кунуниро улгуи худ қарор дода будем. Бо тамошои барномаҳои шумо, хостем коре бикунем ва давлатро аз танқидҳои шумо бираҳонем. Аммо ончики ҳоло барои Шумо навиштаву ирсол кардем, баъд аз тамошои барномаи ахири “Минбари муҳоҷир” рӯи коғаз омад. Ин барнома моро водор намуд, ки паси компютер бишинему ин ҳама фикру андешаҳои то ба имрӯз дар сарамон ғуншударо бинависем.

Чанде пеш ба хотири ободии кишвар як нақшаеро дар миён гузоштем, то ки аз рӯи он тавонем сабабҳои мушкилоти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон пайдо намуда, барои ҳалли он мушкилот чораҳоеро пешниҳод намоем, то ки бо ин роҳ бар ҳамватанон кӯмаке намуда, дар рушди кишвар саҳмгузор шавему дигар халқи Тоҷикистон бар шумо номаҳои шикоятӣ равон насозанд. Нақшаи мо ин буд, ки ҳар куҷо нафарони камбизоат ва ғамдидаро пайдо намудем, аз онҳо дар бораи аҳволи зиндагӣ ва сабабҳои хорияшон пурсон шуда, сабабҳоро нависем ё сабт намоем ва дар охир ҳама маълумоти ҷамъшударо омӯхта хулоса барорем. Ҳар гоҳе чеҳраҳои пурғам, чашмони пургиря, ҷисму танҳои лоғару фарсуда, ятимони бесаробон, занҳои заҳматкаш, оилаҳои харобгардида, ишқу қалбҳои шикаста ва садҳо дилҳои озурдаро дар саросари кишвар медидем, сабабҳои бар чунин ҳолат расидани оҳоро пурсон мешудем.

Яке мегуфт: “ҷои кор намеёбам”, дигаре мегуфт: “фарзандонам бесавод монданд”, сеюмӣ гуфт: “дар Русия шавҳар ё фарзандамро куштанд” ва ҳамин тавр: “духтарамро таҷовуз карда, бадбахташ сохтанд”, “модарамро азият карданд”  “фарзанд ё падари бегуноҳамро бо тӯҳмат зиндонӣ сохтанд”, касеро бо мухаддирот, дигареро бо иттиҳоми терроризму экстремизм подстава карда, шинондаанд. Замини касеро аз дасташ гирифтаанд, хонаи касеро бар хок яксон сохтаанд, масҷиди маҳаллаеро бастаанд, роҳи минтақаеро пулакӣ сохтаанд, аксари мардони кишвар муҳоҷир гардидаанд ва занону кӯдакони зиёде бе шавҳар ва бе падар мондаанд. Агар 2 ё 3 дарсади мардум бойю пулдор бошанд, аксарият аз камбағалӣ ва мушкилоти зиндагӣ ранҷ мебаранд. Дар ҳеҷ куҷое коратро бе гирифтани пора иҷро намекунанд, шабу рӯз мардумро аз ҳама тарафҳо ғорат карда истодаанд ва ҳазорон дарду оҳи дигари мардумро шоҳид гардидем, ки ин таҷриба ҷону тани моро такон дод ва фикру зеҳни моро 180 дараҷа ба самти дигар бурд. Ин ҳама дидану шуниданҳо баъзан аз чашмони мо обро ҷорӣ мекард ва баъзан забонамон аз ҳарф задан боз мемонд.

Чунки мо шоҳиди вазъияти ҳақиқӣ ва воқеии мардуми худ гардидем. Он аҳволе, ки то ҳанӯз ба ин ҳад аз он огоҳӣ надоштем. Мо ҳамеша бар нишастану сайр кардан ба мошинҳои нарму замонавӣ омӯхта будем, ҳар гоҳ ки иштиҳои хӯрдани чизи лазизе пайдо мешуд, дарҳол ба дилхоҳ ресторанҳои бренди хориҷӣ рафта, он чизи мехостаамонро тановул менамудем. Дар бораи нушидани машруботи спиртӣ ва дуд кардани тамокуву қалён тамоман ҳарфе нест. Ва садҳо намуди дигар кайфу маишате, ки мо доштем, бо дидани ин ҳама аҳволи халқ, дар танамон чун заҳри сӯзоне гардид. То ҳол ҳар гоҳ ки вазъияти баъзе аз он бародарону хоҳаронро ба ёд меорем, мӯйҳои танамон рост мехезанд. Ва дар аксар ҳолот тарки он ҳама хӯрданҳо менамоем. Чун виҷдонамон намегузорад, ки бардарони ҳамхуни мо гурусна бихобанду мо дар беҳтарин сурат аз беҳтарин намуди лаззатҳо истифода барем. Аксарияти мо намозхон набудем ва дар ҳаёти худ ҳеҷ гуна душвориҳоро эҳсос намекардем ва акнун мефаҳмем, ки аз ҳамин сабаб чашмони мо кӯр гардида будаанду мо ҳеҷ гуна ҳақиқатеро дарк намекардаем. То имрӯз, ки аз воқеиятҳо огоҳ шудем мардуми мухолифро ношукр гуфта, дашному танқид мекардем, аммо шукр, ки ҳоло чашмонамон кушода гардиданд ва ҳақиқатҳоро дида истодаем. Баъд аз ин қадар мушоҳидот ва хулосабарориҳо, ки афкори моро куллан тағйир дод, борҳо кӯшиш намудем, ки боз бар ҳамон ҳаёти пешина ва бар ҳамон афкори пешинаи худ баргардем, аммо натавонистем. Чунки ҳақиқат зӯр баромад ва нагузошт, ки дурӯғҳо ҷои ҳақро дар қалби мо пур кунад. Мо беақлу бесавод нестем, донишгоҳҳои Аврупову Амрико ва Чинро хатм кардаем, аз ҳамагуна пастиву баландиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ огоҳем.

“Инсон себи пусидагӣ ё ахлотро дар ҷайб ё кисаи худ, ки аз матоъ аст намегузорад, пас чигуна имкон дорад, ки мо инсонҳои оқил афкор ва пропагандаҳои ботилу заҳрогинро дар қалби худамон, ки узви танамон аст ҷой диҳем?!”

Ин пурсишҳои мо тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳаётро дар бар мегирифт. Яъне аз мардум дар бораи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ, сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиву дигар масоил пурсон мешудем. Пас аз як муддати тӯлонии пурсишу ҷамъоварии ҷавобу шикоятҳои мардумӣ, шукр, ки сабабҳои асосии ин ҳама дарду нолаи мардумро то ҳадде пайдо намудем. Маълум кардем, ки чи чизҳо сабаб гардидаанд, то ки аксарияти мардуми тоҷик бар ин рӯзҳои бад ва ҳолатҳои вахим омада бирасанд.

Мутаассифона, баъд аз хулосабарориҳои тӯлонӣ бароямон маълум гардид, ки халқи тоҷик дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ бо мушкилоти амиқу решагӣ дучор гардидаанд. Яъне мушкилоти мо натанҳо дар набудани ҷойи кор ё ришваситонии кормандон аст, балки ин мушкилот, аз рӯзи таваллудамон, аз дохили таваллудхона, то даруни қабр рафтанамон идома меёбанд. Баъд аз ин ҳама пурсуҷӯйҳо, каме нишаста Тоҷикистонро бо бадтарин кишварҳои  имрӯзаи дунё муқоиса намудем ва тақрибан, ҳеҷ кишвареро пайдо накардем, ки мисли Тоҷикистон дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоияш ба ин ҳад рӯ ба нузул ниҳода бошад. Яъне дигар кишварҳо агар аз ҷиҳате камбудӣ дошта бошанд, аз чанд ҷиҳатҳои дигар дорои хубиҳои зиёд мебошанд. Масалан Қирғизистони ҳамсоя, дар фақру ришва тақрибан бо мо баробар аст, аммо дар дигар ҷанбаҳо аз мо хеле беҳтар аст. Дар онҷо озодии баён мавҷуд аст, дини мардум зери пой намегардад, муҳоҷиронашон мисли тоҷикон зиёд зери таҳқиру дашноми русҳо қарор намегиранд ва ғайраҳо. Дар Афғонистони ҷангзада, як оилаи нодида ҳукуматро аз они худ накардааст ва дар онҷо низ инсону озодиҳои динияш риоя мегардад. Ҳамин тавр бо кадом кишваре, ки Тоҷикистонро муқоиса намоед, хоҳ он Зимбабве бошад ё Сомалӣ, мебинед, ки он кишварҳо аз чанд ҷиҳате бар мо бартарӣ доранд ва ингуна давлатеро, ки як оила ҳама рукнҳои асосии онро забт карда гирифта бошад ва замми он мардумро бо маънои воқеияш ғуломи бесоҳиб сохта бошад намеёбед.

“Пас, бо мушоҳида кардани ин ҳама вазъият ба хулосае омадем, ки сабаби ин ҳама бадбахтиҳо дар кишвар, шояд набудани иқтисоди устувору рушдкунанда, маоши кам, роҳёбии ришвахорӣ, аз зоишгоҳҳо, то ба даруни қасри миллат, норасогии кадрҳои амонатдор, дар ҳама зинаҳои давлатӣ, мавҷуд будани ( тағабозӣ) ва ғайраҳо мебошад. Яъне иқтисоди заъиф сабаб гардидааст, ки мардуми зиёде дар кишвар бекор гарданд ва як қисми онҳо, ки бештар аз се миллион нафар мебошанд ба Русия ба ғуломӣ сафар кунанд. Маошҳои ночиз сабаб гардидаанд, ки кормандон ба ришваситонӣ даст бизананд. Ришвахории аз ҳад зиёд боис шудааст, ки халқи оддӣ нисбати давлат ва ҳукумат бадбин гарданд, дар ҳама зинаҳо мавҷуд будани тағабозӣ, ҷавонони болаёқат ва ояндадорро ноумед сохтааст ва ғайраҳо.”

Вале дар охир боз ҳам як саволи асосӣ ва фарогир боқӣ монд, ки бояд бар он низ ҷавобе пайдо менамудем. Ва он савол чунин буд, агар иқтисоди заъиф сабаби бекорӣ бошад, пас сабаби заъиф шудани иқтисод дар чист? Агар маоши кам боиси ришваситонӣ гардида бошад, пас сабаби камии маош дар чист? Агар ба хотири мавҷудияти тағабозӣ, ҷавонони болаёқат аз ояндаи худ ва кишвар ноумед гардида бошанд, пас тағабозӣ аз куҷо пайдо шудааст? Ин ҳамон саволи фарогире буд, ки тӯли чандин вақти зиёд фикру зеҳни моро банд карда буд. Ва баъд аз пайдо шудани саволҳои баъди, мо ҳама мавзӯъҳои болотар зикршударо гузошта, аз пайи омӯзиши ҳамин суолот гардидем. Яъне бароямон маълум шуд, ки сабаби бадбахтии мардуми кишвар муҷарради суст будани иқтисод ва маоши каму ришваситонӣ набудааст, балки сабаби асосии ин ҳама бадбахтиҳо он сабаб ва омилҳое мебошанд, ки иқтисодро суст кардаанд, ришвахориро ба миён овардаанд ва дар коргоҳҳо тағабозиро дар миён гузоштаанд ва ғайраҳо.

Пас чи будааст он сабаб ва омилҳое, ки Тоҷикистони азизи моро бар яке аз бадтарин кишварҳо оварда расонидааст дар поён ишора хоҳем кард!

Дар ба миён омадани тамоми мушкилоти кишвар, мо танҳо як омили асосиро пайдо карда тавонистем ва тамоми бадбахтиҳоро чи дар соҳаи иқтисод бошад ё сиёсат ва ё соҳаи фарҳангу иҷтимоиёт, мо бар ҳамин як омил рабт медиҳем.

Ва ин омил, “Тағйир додани мафҳумҳо” мебошад.

Тағйир додани мафҳумҳо, ба маънои шахси амонатдорро хоин ва хоинро амонатдор, ростгӯйро дурӯғгӯ ва дурӯғгӯро ростгӯй, доноро нодон ва нодонро доно, кордону кортонро ноӯҳдабаро ва  нотавону ноӯҳдабароро кортону тавоно донистан аст. Асли ин омил аз ду пояи асосӣ иборат аст.

Якум: гиромӣ доштани инсонҳои пасту беарзиш ва имкониятҳо додан бар онҳо.

Дуюм: таҳқир намудан ва қадр накардани инсонҳои арзанда ва маҳдуд кардани имконот барои онҳо

Яъне дар Тоҷикистон сиёсати арзандасолорӣ кайҳо аз байн рафтааст, тақрибан дар ҳеҷ касбу коре нафарони арзандаву муносиб фаъолият намекунанд, балки дар мансабҳои хеле баланду олӣ, инсонҳои хеле пасту холӣ роҳбар гардидаанд. Ба монанди он  ки Рустами гунг раиси ш. Душанбе ва Озодаи қилу зангидӯстдор раиси дастгоҳ гардидаанд ва ғайраҳо. Ва баръакси ҳол, шахсони воқеан арзандаву лаёқатманд, натанҳо бар мансабҳо роҳ намеёбанд, балки равонаи зиндон карда шуданд, ба мисли Зайд Саидов, Иззат Амон, Далери Эмомалӣ ва ғайраҳо ё ин ки аксари онҳо ба қатл расонида шуданд.

Баъд аз шунидани чунин суханҳо, шояд баъзе аз бародарон ва хоҳарони азизи мо савол кунанд, ки чаро дар Тоҷикистон мафҳумҳоро тағйир доданд ва ки сабабгори ин раванд гардид?

Ҷавоб ошкору рӯшан аст, мафҳумҳоро дар Тоҷикистон Раҳмонов тағйир дод. Агар боз пурсед, ки чаро ӯ ин корро кард?

Боз ҷавоб ошкортар аст, Раҳмонов ба он хотир ин мафҳумҳоро тағйир дод, ки шахсан худи ӯро аҷнабиёну бегонагон дар пояи ҳамин омил бар сари қудрат оварданд. Яъне хориҷиён аз миёни садҳо нафар тоҷикони арзандаву лаёқатманд, як колхозчии белаёқат, яъне Эмомалиро бар президентӣ интихоб намуданд ва аз ҳамонҷост, ки ингуна шакли интихоб дар дили Раҳмонов ҷой гирифту то ҳол як ваҷаб ҳам аз он дур намеравад. Ва ҳамин тавр дар асоси тағйир додани мафҳумҳо ва колхозчисолорӣ, интихоб намудани нафарон бар вазифаву мансабҳои гуногун, ба сиёсати кадрии Эмомалӣ табдил ёфт, ки ғайр аз ҳамин роҳ дигар воситаи интихоби кадрҳоро намедонад. Ва рӯз аз рӯз боварӣ ва эътимодаш бар дуруст будани чунин сиёсати кадрияш меафзояд. Чунки ӯ хуб медонад, ки шахсан худаш дар гузашта як колхозчӣ ва инсони бисёр ҳам камарзиш буд, аммо вақте ки Русия ва Ӯзбакистон ӯро ба президентӣ таъйин намуданд, ба гумонаш ӯ аз як чойрезаки бобои Сангак бар як президенти муқтадир ва пешвои миллат табдил ёфту инак сӣ сол аст, ки тоҷикони соҳиби таъриху фарҳангу маданиятро идора мекунад. Аммо ин танҳо фикру гумони ғалати ӯст. Эмомалӣ бехабар аст, ки дар гузашта ӯ як чойрезак ва бузичаи русу ӯзбакҳо буд ва ба хотири расидан ба қудрат омода буд, ки ба воситаи нерӯҳои Русия ва Ӯзбакистон то охирон тоҷикро бикушад. Ва ҳаминтавр ҳам кард, ҳамин ки ин бузичаи лухтаксифатро бар тахт нишонданд, ӯ ба хотири боқӣ монданаш дар қудрат, ҳар рӯзу ҳар сол дорад ҷони садҳо тоҷикро мегирад. То имрӯз ҳазорон нафарро ба қатл расонид ва садҳо ҳазорро равонаи зиндон намуд, то ки тавонад як рӯзе умри ҳукуматашро  дароз намояд. Дар тӯли сӣ сол Раҳмонов ягон нафари мисли худаш пасту беарзишро накуштааст, балки аз аввал ӯ душмани донишмандон, диндорон ва рӯшанфикрон буд. Ӯ медонад ва бовар ҳам дорад, ки агар имрӯз дар Тоҷикистон ҳатто як нафар одами арзанда ва босавод пайдо шавад, салтанаташ ба охир мерасад ва ҳамин аст, ки ӯ дар Тоҷикистон бар пояи тағйир додани мафоҳим, сиёсати “таҳқири арзандагон ва эҳтироми беарзишон”-ро ҷорӣ намуд. Пеш гирифтан ва ҷорӣ намудани чунин сиёсати арзандакуш, аз бадтарин ва хатарноктарин коре аст, ки дар дохили як давлат сурат мегирад. Чунки ин амал пояҳои аслии бақои давлат, ки иқтисоду иҷтимоъ, фарҳангу маориф ва ҳуқуқу сиёсат аст, барҳам мезанад. Ва барҳам хӯрдани пояҳои нигаҳдорандаи давлат, ин ба маънои аз байн рафтани он кишвар аст. Амалӣ кардани чунин сиёсат, шояд давлатро даҳҳо маротиба пештар барҳам диҳад, аз он ки чанд кишвари абарқудрате бар зидди мо ҷанг кунанд. Чунки дар кишваре ки адолат ва сиёсати арзандасолорӣ боқист, ҳатто абарқудратон бар зидди он коре карда наметавонанд. Мисоли рӯшани ин мавзӯъ ҷанги Русияи абарқудрат бар зидди Украина аст.

Акнун ҳадаф, паёмад ва оқибатҳои бади сиёсати “таҳқири арзандагон ва эҳтироми беарзишон”-ро дар ҷанбаҳои гуногуни давлатӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ баён хоҳем кард.

Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дар пояи тағйир додани мафҳумҳои бад ба нек, бунёд ёфтааст.

Дар ин ҳукумат шабро рӯз ва рӯзро шаб медонанду ҳамин тавр тамоми умури зарурии давлату давлатдориро дар торикии шаб доранд ба пеш мебаранд. Инчунин гуфтем, ки ин сиёсати шум, аз ду қонун ё қоидаи асосӣ иборат аст ва агар яке аз ин ду қоида амалӣ карда нашавад, ҳукумати инҳо низ барҳам мехӯрад. Аввал ин буд, ки инҳо одамон ва кадрҳои пасту беарзишро хеле зиёд гиромӣ медоранд ва дар қатлу ғорати халқ бар онҳо имкониятҳои зиёд медиҳанд. Дигар ин ки инҳо аз рӯи сиёсати гӯсоласолорияшон, инсонҳои дар ҳақиқат арзандаи кишварро паст мезананду таҳқир менамоянд ва тамоми имконоти моддиву маънавиро барои онҳо маҳдуд карда, онҳоро хор месозанд. Аммо шумо мардум гумон накунед, ки ингуна сиёсатро тасодуфӣ ба роҳ мондаанд. На ҳаргиз чунин нест, балки ин сиёсат, маҳсули таҷрибаҳои ҳазорсолаи шоҳони золим ва диктотурони олам мебошад.

Аз нигоҳи фалсафаву маънавиёт, агар бар аслу фитрати инсонӣ бингарем, дунё ва қисмҳои ҷудогонаи онро, ки давлатҳо меноманд, бояд инсонҳои аз нигоҳи ақлу ҷисм қавӣ идора намоянд. Яъне аз миёни ҳар ҷамъият, боқувваттарин ва босаводтаринашон бояд онҳоро идора намояд. Худованд ҳам беҳтарин ва комилтарину оқилтарини бандагонашро бар пайғамбарӣ интихоб мекард, ҳар подшоҳу сардоре, ки аз тарафи Худованд гузида шуда бошад, ҳатман дар он нафар ақлу ҷисми қавиро мебинед, мисли Мӯсо Довуду  Сулаймон, Толут ва дигарон. Мусулмонҳо низ дар ибдито, аз ҳама арзандатаринҳоро барои худ роҳбар таъйин мекарданд, мисли Абӯбакру Умар ва Усмону Алӣ (разияллоҳу анҳум аҷмъанин). Чунин интихоби роҳбар аз тарафи мусулмонҳои гузашта, далолатгари он аст ки онвақта одамон аз сабаби дар замони нубувват қарор доштан, бештар ақлу дарки солим доштанд ва роҳбарони худро аз рӯи он бармегузиданд. Чунки агар дар шахси роҳбаршаванда ин ду сифатҳои асосӣ, яъне ақлу ҷисми қавӣ  вуҷуд надошта бошад, ҷамъияти инсонӣ аз тӯдаи чорпоён ҳам пасттар мегардад ва ҳеҷгуна имкон надорад, ки инсони беақлу беҳуввият ва заъиф ҷамъиятеро идора карда тавонад. Ба он хотир, ки дар тӯли ҳазорон сол, то имрӯз ҳайвонот фитрати худро гум накардаанд ва то ҳанӯз онҳоро қавитарашон пешвоӣ мекунанд. Боре ҳам мушоҳида нахоҳед кард, ки гурги  дандону пойшикаста, роҳбари гургони солиму қавӣ гардида бошад. Аммо афсус, ки чунин инқилоб дар миёни ҷамъиятҳои аз нигоҳи идора дуюмдараҷаи инсонҳо рӯй додааст.

“Бар хилофи асл ва фитрат, ҳоло ҷамъияти Тоҷикистон аз тарафи як пири беақл ва дандону миёншикаста роҳбарӣ мешавад ва ин пири шикаста, дар тамоми мансабҳои калидии кишвар, роҳбарони мисли худаш беақлу паршикаста ва беҳуввиятро интихоб намудааст. Агар интихоби чунин кадрҳои беҳиммат тасодуфӣ мебуд, онқадар сахту зараровар набуд, аммо мушкил дар ин аст, ки инҳоро аз рӯи дастури муайяне интихоб менамоянд. Чунки амали тасодуфӣ кам такрор меёбаду кори амдӣ такрорӣ ва давомдор аст.”

Оё медонед, ки чаро Раҳмонов кадрҳое мисли Бег Сабури мошний бизнес, Ҷартиеви латукӯби кӯдак, Ятимови махуфи даҳон гизи қотил ва интригадор ва монанди инҳо дигар нафарони бесаводтарин ва беақлу бевиҷдонтаринро ба роҳбарӣ интихоб менамояд?

Ингуна интихобҳо ба он хотир аст, ки аз нигоҳи психология, ҳамин гурӯҳи одамон дар рӯйхати ғуломони ҳалқабаргӯш ҷой гирифтаанд. Он нафароне, ки вазир ё раис интихоб мешаванд, бояд бе ҳеҷ гуна чуну чарое гуфтаҳои пешвояшонро иҷро намоянд ва дар ҳеҷ коре аз пеши худ бояд пеш нараванд. Ҳатто агар лозим шавад онҳо бояд зан ё духтарашонро ба пешво диҳанд. Инчунин ин нафарон бояд ҷинояткор бошанд. Аз ҳамин сабаб, танҳо ҳамин тӯдаи бесаводони беҳуввият бар хоҳишоти пешво рост меоянд.

Аз нигоҳи равоншиносӣ, инсони бесавод, зуд мутеъшаванда ва тарсу мебошад, ба хотири бесаводияшон аз ҳар ҳаққу ботиле ва аз ҳар одилу золиме пайравӣ мекунанд, аммо ҳамеша бартариятро бар нерӯмандони золим медиҳанд, он нерӯмандоне, ки нерӯяшон аз қувваи сохторҳои қудратии давлат аст, на нерӯи шахсӣ. Агар мушоҳида карда бошед, дар Тоҷикистон куҷо як бесавод аст, ӯ ҳатман пайрави Путини кӯдаккуш аст ё Раҳмонови тоҷиккуш.

Шахсияти ҷинояткорро психология дар чунин хусусиятҳо баён мекунад:

Инсони ҷинояткор, дар аксар ҳолатҳо афкор ва нигоҳи зидди ҷамъиятӣ дорад, дар ҷамъият барои ҷинояткор ҳеҷ чизи моддӣ ва маънавӣ арзише надорад. Ингуна одамон худсито мебошанду парвои дигаронро надоранд ва ҳамеша дар орзуи зиндагии бароҳату безаҳмат мебошанд, барои онҳо номард будан душвор нест, муҳим ки зинда бошанд. Ва аз сифати бадтаринашон ин аст, ки онҳо бесаводанду ояндаи худро дида наметавонанд, гуфтан мумкин аст, ки тамоми ҷинояткорон бесаводанд, аммо на ҳама бесаводон ҷинояткор мебошанд, магар баъзе истисноҳо.  Ҳадди ақал ҷинояткор ҳангоми анҷом додани ҷиноят беақл мешавад ё ин ки дар мавриди он ҷиноят саводи пешгирикунандае надорад.

Инсонҳои ҷинояткори бесавод, буздилу ҷоҳталаб ва пайрави зӯр мегарданд, аз ҳамин сабаб вазирони бесаводи тоҷик омодаанд, ки зану духтаронашонро ба пешво тӯҳфа кунанд, танҳо ба хотири он ки аз мансаб нараванд.

Ингуна сиёсат ҳам ба президенти бесавод ва ҳам ба вазиронаш хеле муфид ва бамаврид аст, чунки дар миён, ҳарду тараф манфиатҳои ҳангуфти худро мебаранд. Манфиати вазирон ин аст ки онҳо ҳеҷ масъулияти ҷиддие надоранд ва тақрибан бар ҳеҷ чиз ҷавобгар нестанду дар айшу ишрат ҳаёт мебаранд, ба он хотир ки дар Тоҷикистон президент, сарвазири ҳақиқӣ, вазири корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, мудофиа, молия, раиси КДАМ, муфтӣ ва ғайраҳо, танҳо як нафар мебошад, ки ин худи Раҳмонов аст. Ҳамаи он вазирону ҷазирон як лӯхтаке беш нестанд ва аз пеши худ ҳатто як ҳарфе гуфта, ё қадаме гузошта наметавонанд. Манфиати Раҳмонов аз вазирони бесавод ва беҳуввият дар ин аст, ки ӯ худро дар миёни онҳо дар ҳақиқат метавонад пешво биҳисобад ва онҳо низ бар ин чизи фавқулодда бовар кунанд, ҳар амру фармоне ки бар онҳо медиҳад, бовар дорад, ки онҳо бе камтарин чуну чаро иҷро мекунанд ва аз ҳама муҳимтараш президент дар доираи чунин вазирҳо худро дар амн ва бехатарӣ мебинаду ба дарозумрии ҳукумати оилавии худ сад дар сад боварӣ пайдо мекунад. Чунки инсонҳои боақлу бовиҷдон, ҳеҷ гоҳ барои чизе шуда, дин, имон, номусу виҷдони худро фурӯхта, аз як беақли палид пайравӣ намекунанд.

Аммо дар ин бозии сиёсии, танҳо ва ягона гурӯҳе, ки зарар мебинад, ин ҷамъият ва халқи оддӣ мебошанд. Аз дасти ин бесаводон, ҷамъияти даҳ миллионаи тоҷик, бесавод монд. Аз сабаби бесаводӣ, дар тамоми шохаҳои давлатӣ, пастшавии хизматрасониҳо ба миён омад. Дар бемористонҳо духтурони ҳозиқу мумтоз боқӣ намондаанд, беморонро бо усулҳои асримиёнагӣ  муолиҷа мекунанд, ки натиҷаи манфӣ медиҳад. Тағадорон декану замдекан гардида, ҳушу ёдашон танҳо дар ҷамъоварии маблағ аст. Аксари муаллимон саводи кофӣ надоранд, лексияҳоро аз интернет ё китобҳо рӯйбардор мекунанд ва ҳатто онро бо забони бурро хонда наметавонанд. Дар якчанд донишгоҳҳои кишвар дарсҳоро бо забонҳои хориҷии англисӣ ва русӣ ба роҳ мондаанд, ки аксари омӯзгоронаш, ин забонҳоро хуб намедонанд ва лексияҳои худашон намефаҳмидаро кан – кан карда, ба донишҷӯён қироат мекунанд. Иқтисоддонҳои тоҷик аз иқтисодиёт танҳо эконом кардан, яъне исроф накарданро медонанду бас. Аксари хатм кардагони факултетҳои иқтисодӣ, дар чаҳор соли хониш, ҳатто маънои иқтисодро ёд нагирифтаанд. Дар натиҷаи ин ҳама бесомониҳо, аксарияти аҳолӣ, ба хусус ҷавонон бесавод мемонанд ва дар оянда, маҷбур гардида ба Русия барои анҷоми корҳои сангин сафар мекунанд, ки дар чанд соле тамоми саломатияшонро аз даст медиҳанду агар зинда монанд, боз ба ватан бармегарданд. Нафарони калонсол аз бемории андаке солҳои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, чунки табибони донишманд ва усулҳои табобатии дурусте пайдо намешавад, ки сабабгори шифо ёфтани онҳо гарданд. Аҳволи мақомоти қудратӣ бошад бар касе пӯшида нест. Онҳо аз рӯйи бесаводӣ ва ҷинояткорияшон, бар касе аз ҳамватанон заррае ҳам раҳм намекунанд. Ҳар касе, ки бо адолат ва ҳақиқат дар муқобилашон истад, ҳатман ӯро нобуд месозанд. Дар идора кардани халқ бо тамоми нерӯю тавон аз “психологияи тӯда кор мебаранд”. Яъне аксарияти мардумро бесаводу роҳгумзада карданду бо тарс дар дили онҳо эҳтироми пешво ва худашонро ҷой намуданд ва  агар ягон нафари алоҳидае бар хилофи масири тӯда баромада, бихоҳад, ки аз адолат ва ҳақиқат кор гирад, дарҳол ӯро равонаи зиндон месозанд. Ва дар муқобил касе чизе намегӯяд, чунки дар тӯли солҳо ин гурӯҳи ҷинояткор афкори мардумро бар тӯдае баробар кардаанд. Қоида ҳамин аст, ки агар дар як коса ранги сиёҳ,  чанд қатра оби сафедро ҳамроҳ намоӣ, қатраҳои сафед ҳам сиёҳ мегарданд ва дигар онҳоро дидан имкон надорад. Ҳамин тавр агар ҷамъият аз ҷиҳати равонӣ ба тӯдае табдил ёбад, ҳар гоҳ, ки қудратмандон нухбагону огоҳони ангуштшуморашро мекушанд ё зиндонӣ мекунанд, ҷамъияти тӯдагардида, онгуна вокунише нишон медиҳад, ки гӯё чизе нашудааст ва чизе тағйир наёфтааст. Ва агар тағйире ҳам бошад “забони сурх сари сабзашро хӯрдааст”, “даҳони баста сад тилло”, бояд ранги мо хомӯш менишаст.

“Вақте ҷамъият ба тӯда мубаддал гардид, ин ба маънои аввалин нишонаҳои нобуд гардидани миллат мебошад. Нобудии миллат, халқро шикаставу пароканда месозад, ки дар ояндаи начандон дур имкони зердасти аҷнабиён гардиданро дорад. Пас, оқилону ҷасурони ин хоку сарзамин бояд барои наҷоти давлату миллати худ коре кунанд.”

Дар боло ишора намудем, ки ҳеҷгуна имкон надорад, ки як инсони аз ҷиҳати ақлу ҷисми заъиф тавонад як кишварро идора намояд. Пас аз ин сухан шояд дар зеҳни баъзеҳо саволе ба миён омада бошад, ки агар дар ҳақиқат чунин аст, пас чигуна  Раҳмонов  сӣ сол боз Тоҷикистонро идора карда истодааст. Бародарони азиз, аз тарафи як бесаводи беҳуввият сӣ сол идора шудани як давлат, нишондиҳанда ва баёнгари он аст ки шахсан худи он нафар он давлатро идора накарда истодааст ва ӯ бо ном президент аз тарафи ягон нафар ё гурӯҳе идора карда мешавад. Дар мисоли Раҳмонов бар ҳамагон маълум аст, ки ӯро Москав ва Тошканд идора карданд дар гузашта вагарна ҳукумати ӯ бештар аз се ҳафта давом намекард. Ҳоло бошад системаи ҷиноятӣ ва мафия,ки аз авлоду писару хусурбачаю духтару домоду қуддаҳояш давлатро бо майли худ идора доранд.

“Ин ҳама бадбахтиҳоро бар сари халқу ватан ҳамин беҳуввияти касиф овардааст. Ҳатто таҳқиру дашноми ӯ аз ҳадду канори худ гузаштааст. Ӯ иддиъо кард, ки ҷониби Қирғизистон ба тоҷикон ҳамла карданд ва бар ҳамагон маълум аст, ки дар ин ҷанг аз 74 то 200 кас мурданд, аммо бар хилофи Ҷапаров ин касиф рӯзи 19-уми сентябрро рӯзи мотами миллӣ эълон накард. Пас мо ногузирем, ки рӯзи таваллуди ин беҳуввиятро дар қалбҳои худ рӯзи мотами миллӣ эълон намоем.”

Ҳоло ба чанде аз дастовардҳои ин элитаи гӯсоласолор менигарем;

Дар феврали соли 2022 The Wall Street Journal (зе вол стрит ҷорнал) рейтинги рушди иқтисоди кишварҳоро нашр кард, ки аз миёни 177 кишвар Тоҷикистон дар ҷои 147 қарор дорад, ки тақрибан бо Венесуелаву Зимбабвеи Африқо баробар аст.

Дар соли 2022 аз рӯи гузориши созмони “Репортёры без границ» Тоҷикистон дар рейтинги озодии ВАО журналистон дар  миёни 180 давлат дар ҷои 152 қарор гирифтаасту дар тули зиёда аз 20 сол Тоҷикистон боре ҳам ба рӯйхати кишварҳои озод ҷой нагирифтааст.

Гурӯҳи мониторингии Швейтсариягии IQAir, (ай кю эя) ки сифати ҳаворо дар кишварҳо дунбол мекунад, Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои хавояшон бар саломатӣ зараровар дохил намуд, ки дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи 4-ум баробари Бангладеш, Чад ва Покистон меистад. Инчунин соли 2021 Душанбе дар қатори шаҳрҳои дорои ҳавои аз ҳама чиркинтарин  ва зарарнок бар ҷисм шинохта шуда буд. (яке аз сабабҳои чиркинии ҳавои Тоҷикистон ва Душанбе ин мавҷудияти заводҳои сохти қадима дар дохил ё наздикии шаҳрҳо, мисли заводи сементи Душанбе ва хуб нашустани кӯчаҳову зиёд будани роҳҳои хокӣ мебошад)

Дар июни соли 2022 Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернет дар миёни 139 кишвар ҷои 132-ро ишғол намуд, ки ин аз ҳама нишондоди пасттарин аст.

Аз рӯи баёноти ҳукумати ИМА дар рӯйхати “ҳуқуқҳои динӣ ва озодиҳои шаҳрвандон” Тоҷикистон дар соли 2022, дар гурӯҳи кишварҳои бисёр ташвишоваре чун Бирма, КНДР, Чин ва Эритрея қарор гирифтааст. Ва аз соли 2016 Тоҷикистон аз тарафи Амрико дар рӯйхати сиёҳи нақзкунандагони озодиҳои динӣ ҷой карда шудааст.

“19 марти соли 2021 СММ рӯйхати кишварҳои хушбахтро дар 146 давлат нашр кард, ки Тоҷикистон дар ҷои 83 пас аз тамоми кишварҳои собиқ ИШ меистад, масалан Қазоқистон дар ҷои 40, Узбекистон дар ҷои 53, Қирғизистон дар ҷои 64 ва ҳатто Туркманистон дар ҷои 78 меистанд, ки ҳама аз тоҷикон беҳтар ҳаёт мебаранд. Як  сол пештар Тоҷикистон дар зинаи 78-ум меистод. Дар ин санҷиш аз ҳама муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти мардум ба ҳисоб гирифта шудааст, мисли ММД ё ВВП давомнокии ҳаёт, озодии шаҳрвандон, амну оромӣ ва ғайраҳо.”

Паспорти тоҷикӣ, аз миёни 199 давлат дар ҷойи 147-ум қарор дорад ва ба 59 кишвар роҳ дорад, дар ҳоле ки Украина ба 143, Грузия ба 115, Белорусия ба 77 ва Қазоқистон ба 75 кишварҳои ҷаҳон роҳи бевиза доранд.

Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии қувваҳои ҳарбии соли 2022, дар раддаи 111-ум қарор гирифт, ки дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя, Тоҷикистон дорои аз ҳама армияи заъифтарин мебошад. Чунки Узбекистон дар ҷои 55-ум, Қазоқистон 64-ум, Туркменистон 83-юм ва Қирғизистон дар зинаи 90-ум қарор доранд.

Дар рейтинги демократия аз рӯи баёноти “The Economist Intelligence Unit” (зе экономист интелегенс юнит) дар соли 2021 Тоҷикистон дар байни 167 давлат ҷои 157-умро ишғол намуд, ки бо ин нишондод Тоҷикистон вориди кишварҳои худкома ва авторитарӣ гардидааст.

Пас оё бо ин ҳама нишондодҳо ва таҳлилҳо боз ҳам чӣ гӯна мо шарм нокарда бигӯем : “Тоҷикистон ба пеш” бигӯем? Ягона роҳ ин рафтани Эмомалӣ Раҳмонов аз қудрат аст. Ин ватанро хокашро бехтед ва шармандаи олам намудед. Лутфан дигар умрат ба 70 расид бас будагист дигар Тоҷику Тоҷикистониро паст кардану таҳқир карданатон. Шумо бас  кунед равед натиҷаашро ҳама хоҳанд дид.

Мо Душанбегиҳо дигар ба шумо рӯйи хуш надорем, агар дар рӯйятон хандем вале чашми диданатонро надорем. Дар охир аз Аллоҳ инро талабгорем,ки ин охирон соле бошад,ки мо шуморо дошта бошем ва шумо моро.

Share This Article