Дувуним милиарди Бобаки Занҷонӣ куҷост ва ғорати тоҷирони эронӣ

чи тавр Эмомалӣ Раҳмонов Бобаки Занҷониро «кидат» кардааст

 (бахши аввал)

 Ислоҳ тадқиқоти журналистии худро бо бархе аз мақомоти марбутаи кишвар, ки аз ҷузъиёти ин моҷаро огоҳи доранд оғоз намуд. Албатта ин оғози кор аст ва ба як матлаб ин қазияи пурсару садоро наметавон хулоса барори намуд. Дар ин бахши тадқиқотамон оғоз намудем аз баъзе ҷавониби ин қазияи пурсарусадо ва баъзе аз фигурантҳои он.

 Тарҷумаи ҳоли кӯтоҳи Бобаки Занҷонӣ 

Бобаки Ризавӣ Занҷонӣ дар 12 уми марти 1974 дар Эрон таваллуд шудааст. Муассиси гурӯҳи тиҷоратии “СУРИНТ” ва соҳиби бузургтарин ширкати хушаии Эрон аст. Ӯ дорои беш аз 70 ширкат дар дохил ва хориҷи Эрон буда сармояи ӯ болиғ бар 22 миллиард евро баршумурда мешавад. Бобак дар даврони сарбозӣ чун хати зебо дошт ба қумондонии марказӣ интиқол ёфт ва пас аз шиносои бо Ҳошими Рафсанҷонӣ ба бонки марказии Теҳрон ҳамчун муҳофиз интиқол меёбад. Пас аз каме хидмат ба ҳайси ронандаи раиси бонки миллии Эрон Муҳсини Нурбахш,ки ду давра раёсати бонки миллии Эронро ба уҳда дошт истихдом мегардад. Инчунин дар бонки миллӣ ба ҳайси сабти номаҳо машғул буд. Инчунин дар бахши фурӯши асъори хориҷӣ доллар ба бозорҳои дохилӣ корро шурӯъ ва ҳаминхел меравад ба боло ва сарватманду доро шудан. Тиҷоратҳои Бобаки Занҷонӣ 90 дарсадаш дар хориҷ аз Эрон буда ва барои муомилаҳои мармӯзи пулияш мавриди таҳрими давлати Амрико, иттиҳодияи аврупо қарор мегирад. Ин таҳримҳо сабаб мегарданд,ки пулҳое, ки бо исми худаш ва ширкатҳояш буданд дар ин кишварҳо масдуд мегарданд. Ин буд ҳасби ҳоли кӯтоҳе аз ин милиардери Эронӣ.

   “Солҳои 2012-2013 исми Бобаки Занҷонӣ, тоҷири сарватманди эронӣ, дар коми Эмомалӣ Раҳмонову Ҳасан Асадуллозодаву Зоҳир Соҳибов таъми асал мекард. Занҷонӣ болонишинтарин, муҳтарамтарин, муътабартарин дӯсти Раҳмонов ба ҳисоб мерафт. Ин тоҷири содапиндор ба иқтисоди Душанбе, ба тиҷоратҳои хусусии Раҳмонову аъзои дигари оилааш долларро бебаркаш вом медоду ҳадя мекард. Анису муниси маҳофили Раҳмонов шуда буд.”

Бобаки Занҷонӣ барои Раҳмонов ва наздикони вай, аз ҷумла ҳатто барои қудои домодаш бонкро бо миллионҳо доллару бо бинои комилан мудерн сохту дод. Дар сатҳу ҳаҷме сармоягузорӣ кард, ки на то он замон ва на то ба имрӯз ҳиҷ инвесторе барои Раҳмонов накардааст:

1 «Конт инвестмент банк»

2 «Kont groupTajikistan»

3 «Коntgroup investment»

4 «AsianExpress Terminal»

5 «Asian Express Airline»

6 «Kont tourismTajikistan»

Албатта феҳристи  ширкату муассисаҳои тиҷоратие, ки Занҷонӣ барои Раҳмонов ва бастагонаш дар Душанбе сохту дод. Ин ширкатҳоро бо сармояҳои чандмиллиондолларӣ сохту яке, яке ба наздикони Раҳмонов номнавис кард, сармояҳои вазорати нафти Эронро ба инҳо бахшу қисмат кард. Барои чӣ ин корро кард ва чаро ин ҳама сармояи ҳангуфтро дар ихтиёри Раҳмонов гузошт?

Барои онки 2 миллиарду 500 миллион евро пули аз фурӯши нафти Эрон ба дастовардаашро битавонад тавассути бонкҳои Тоҷикистон вориди кишвараш кунад. Зеро Эрон ва бонкҳо ва низоми молиявии он таҳти таҳримҳои Амрико қарор дошт ва Бобаки Занҷонӣ бо давр задани ин таҳримҳо тавониста буд, ки ин пулҳои аз фурӯши нафт ба даст овардаашро вориди Тоҷикистон кунад. Ба таъбири оммафаҳм тамоми ин ҳама сармоягузориҳои чандин миллиондолларӣ-ба як ҳисоб ҳудуди 600 миллион доллар, як навъ пора барои мусоидат дар интиқоли ҳамин 2 миллиарду 500 миллион евро аз Тоҷикистон ба Эрон буд.

Аммо, ин эронии содадил ҳеҷ гоҳ бовар намекард, ки дар вақти зарурӣ Раҳмонов ӯро ба як фулус намехарад, балки арзишаш камтар аз як пули пучак мешавад. Раҳмонов ва наздикони вай ҳам аз ин 2миллиарду 500 миллион евро мункир шуданд ва ҳам як сент аз ин 600 миллион евро сармояи Бобаки Занҷонӣ ба вай пас надоданд. Тамоми амонатии ба номашон мондаи ӯро  аз они худ карданд. Зеро Бобаки Занҷонӣ дар моҳи декабри соли 2013 аз тарафи мақомоти кишвараш бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ, сирқати беш аз 2 миллиард евро дастгир шуд. Хуб, ҳоло биёед бубинем, ки сармояҳои ҳангуфти ин тоҷири ба ҳукми қатл маҳкумшудаи эронӣ дар дасти кадоме аз пайвандони Раҳмонов қарор дорад:

 “Яке аз онҳо Рустам Саидов, қудои Зоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки ҳам бонк ва ҳам автовокзали бо пули Бобаки Занҷонӣ сохташударо ҳоло саддарсад дар даст дорад. Маълум аст, ки соҳиби асосӣ Зоир аст вале Зоир саҳмияҳоро ба номи худ  неву ба номи қудояш кардааст.”

Маҳмадамин Оймаҳмадов, намояндаи пешини тиҷоратии  Тоҷикистон дар Эрон. Ин нафар даҳҳо  сармоягузорони  эрониро бо ваъдаҳои осмонӣ ва мусодат дар равнақи тиҷоратҳояшон ба Тоҷикистон оварда ба доми аъзои Оила  супоридааст. Бештари онҳо он қадар таҳти фишору ғорат қарор мегиранд, ки ночор ҳамаи пулу сармояҳои худро ба номи Ҳасан Асадуллозода ва ба писараш  Муҳиддин ва ҳамин Зоир Соҳибов  гузаронида  ҷонашонро ҳам аз сармоя ва ҳам аз Тоҷикистон  халос мекарданду ду дасти холӣ бармегаштанд.

“Мебоист Бобаки Занҷонии миллиардер, пеш аз он ки ба инҳо бовар мекард, каме дар бораи онҳо  маълумот мегирифт. Вале вай ин корро накард ва ба чоҳе фуру рафт, ки дигар роҳи наҷот аз онро пайдо накард. Бобаки Занҷонӣ, молики ширкати мавсум ба «Витана» дар солҳои2009-2010 дар Тоҷикистон фаъолияташро роҳандозӣ ва миллионҳо доллар ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон сармогузорӣ кард. Гап дар инҷост, ки тиҷорати Занҷонӣ дар Тоҷикистонро Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии пешини Эрон, дусти Эмомалӣ Раҳмон кафолати давлатӣ дода буд. Зеро Бобак бо усулу шеваҳои даврзанӣ аз таҳримҳои Амрико барои вазорати нафти Эрон кор мекард.”

Он солҳо Бобаки Занҷонӣ 350-400 нафар дар Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин намуда буд. Вай маҳз бо даъват ва кафолати бевоситаи Оймаҳмадов Маҳмадамин ба Тоҷикистон  омада корро шуруъ карда буд. Ба унвони сарпараст ва сарпаноҳи худ дар ин  мамлакат  ба номи ӯ 40%  саҳмияҳои  ширкаташро туҳфа ҳам карда буд. Вақте бизнеси онҳо  равнақ мегирад ва фоидаи хуб даст меояд, Оймаҳмадов Маҳмадамин бидуни иҷозати соҳибмулк ба номи ширкат 2,5 миллион доллар аз «Ориёнбонк» қарз гирифта гӯиё барои рушди истеҳсолот харҷ карда аст. Аммо ин як навъ риё ва тақаллуби молӣ буд.

“Худатон як андеша кунед. Занҷонӣ худ сармоягузори  калон  аст ва табиист, ки ба қарзи бонкии Тоҷикистон, ки на кам аз 20-22% баҳра дорад, зарурат надорад. Аз ҳама ҳайратовараш  ин аст ки тамоми  бонкҳои дунё, дар назар дорем Африқоро ҳам, вақте ба ягон корхона қарз медиҳанд, кафолати шароити баргардонидани қарзро ҳам мегиранд, ё ин ки моҳҳову солҳо бо қарздор  мулоқоту вохуриҳо баргузор мекунад, то ки як роҳи баргардонидани  маблағи бонкро ёбанд. Агар диданд, ки қарздор қарзҳои худро тамоман баргардониданӣ нест, он вақт бонк ба додгоҳ муроҷиат мекунад. “

 «Ориёнбонк» бошад, охири моҳ, агар қарзи  худро  маҳкам  накардӣ, ҳатман амволи ба гарав гузоштаро кашида  мегирад, бидуни огоҳӣ ва суд. Хусусан дар Душанбе ва вилояти Суғд, даҳҳо бизнесу корхонаҳоро бо ҳамин усул ва шево  ғасб  карда  гирифтаанд.  Ҳамин тавр компанияи “Витана”-ро  Оймаҳмадов   бо  гапзанони  пешакӣ бо «Ориёнбонк» комилан  ба дасти Ҳасан Асадуллозода супорид. Ин эронии бечора, ки 4-5 миллион доллар барои тиҷорати муштаракаш бо Оймаҳмадов сармоягузорӣ карда буд, бе ҳеҷ чиз  монд. Аҷобати кор дар он аст ки ӯ вақте ба сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва ба  Вазорати корхои хориҷӣ муроҷиат  карданро шуруъ кард, ба ӯ таҳдиду фишорҳо аз тарафи органҳои қудратӣ ва телефонҳои шубҳанок зиёд шуданд. Оқибат ӯ ҳам мисли дигар  ҳамватанони худ аз Тоҷикистон  рафт. Нисбати амволу мағозаҳои бешумори Оймаҳмадов  Маҳмадамин дертар ва муфассалтар менависем. Дар ин бозиҳои калон Оймаҳмадов  як афсарча бошад ҳам, тавонистааст бо ҳамин роҳ хеле молу мулк ҷамъ  кунад. Аз давраҳои кории Оймаҳмадов солҳои1993-1995  бо Иззатулло Ҳаёев, собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон маълумотҳо дар даст дорем, ки баъдан нашр хоҳем кард. Рустам Саидов як  мавзуъи  бисёр аҷиби дигар аст.  Дар бораи бизнесҳои “калон”-и ӯ баъд муфассалтар истода мегузарем.

Барои мо як нукта нофаҳмо аст ки чи тавр Бобаки  Занҷонӣ   ро ба номи Рустам Саидов ва Оймаҳмадов Маҳмадамин сабт ва садҳо миллион доллар  маблағашро аз Русияву дигар  давлатҳо ба ин бонк ворез карда дар ихтиёри онҳо гузошт? Боз як ширкати бо сармояи садҳо миллион доллариро, ки «Asian Express Airline» ном дошт,ба номи  писари Оймаҳмадов Суҳроб номнавис кард. Маҳмадамин  Оймаҳмадов ва Рустам Саидов  пулҳои  Бобаки  Занҷониро  ҳамчун мероси падари худ дар дигар бонкҳо депозит  гузоштаву харҷу масраф мекарданд. Яке аз тарҳҳои дигари сармоягузории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон навсозӣ ва замонавӣ кардани  Автовокзали Душанбе буд, ки онро дар ҳақиқат комилан нав кард. Беш аз 100 адад автобусҳои олмонии “MAN” ва тахминан 300 адад таксиҳои  TOYOTA CAMRY харида  ба хатсайрҳо сар дод. Дар маросими ифтитоҳи ин автовокзал Раҳмонов иштирок  кард. Оқибати ин сармоягузорӣ чи шуд?  Ҳамаи таксиҳои TOYOTA CAMRY ба ширкати Муҳиддини Ҳасан, муовини аввали раиси   ва автобусҳои сохти олмонии мусфирбарии Занҷонӣ якҷо бо терминал ба Зоир Соҳибов расид.

  “Аз руи гуфтаи намояндагони Бобаки Занҷонӣ 70 миллион доллари Бобаки Занҷонӣ   дар «Тоҷиксодиротбонк»  дар дасти академики пиёзшинос  Пиров  Тоҷиддин  Табарович, раиси «Тоҷиксодиротбонк» монд ва аз ӯ ҳам он пулҳоро оила гирифт.”

Занҷонӣ ба ваъдаҳои калони Пиров бовар намуда ин миқдор маблағи бузургро дар бонк депозит гузошта буд, ки  каме бошад ҳам % меоранд. Агарчи то муфлис шудани ин бонк Пиров аз вуҷуди ин пулҳо «на отрез ба отказ» рафт ва аз ин пул мункир шуд, аммо имрӯз дигар оқибати «Тоҷиксодиротбонк» ба ҳама маълум!

Дар шумори онҳое, ки Бобаки Занҷониро бо маблағҳои ҳангуфт кидат кард, Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон мебошад, ки он замон роҳбарии ширкати «Талко»-ро бар ӯҳда дошт. Шералӣ Кабир, ин қаллоб ва афиристи гузаро бо ҳамроҳии Ҳасан Асадуллозодаи пуштибонаш 30 миллион доллар аз Занҷонӣ барои хариди гилхок-глинозём, ашёи хоми асосӣ барои тавлиди алюминий қарз гирифта ва бар тибқи қарордод бар ивази ин маблағ алюминий медоданд. Аммо онҳо ин пулро ба ҷайби худ зада ба Занҷонӣ ҳатто як сент ҳам надоданд. Албатта «кидат» ва тасарруфи рейдерӣ аз усулҳои асосии бизнеси Ҳасан Асадуллозода аст. Вай ҳамин тавр бо Ҳидро алюминиюми Норвеж, РусАли Русия, ва Глинкори Шветсария барои таъминоти ашёи хом ба Талко қарордодҳо баста вале маблағи ин ширкатҳоро танҳо тавассути додгоҳҳои байналмилалӣ пас гардонидааст. Ба ин гапи мо бовар накунед аз Пиров  Тоҷиддин  пурсед. Ӯ хубтар медонад. Вақте корхонаи кабелбарориашро аз дасташ Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабир гирифтанд, нафаре  дар  Данғара  намонд, ки  Пиров  муроҷиат накарда бошад, аз ҷумла ба Нуриддини  трактористи акаи Эмомалӣ Раҳмонов, аммо хулоса ҳеҷ! Лекин ин 30 миллион доллар  маблағро  Зоир  Соҳибов  бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмонов аз Талко гирифтааст. Аз рӯи гуфтаи  Шералӣ Кабир Зоир пул неву аз «Талко» бо нархи чандин маротиба поинтар оҳанпора аз ширкати алюминий гирифт. Лекин  пули оҳанпора ҳам ба гуфти  намояндаи  Занҷонӣ  ба онҳо нарасид, яъне “дуздро қарақчӣ  зад”. 

Ба гуфтаи адвокати Бобаки Занҷонӣ Ҳасан Асадуллозода барои хариди саҳмияҳои меҳмонхонаи «Хаят реҷенсӣ» ва офиси «Созидание» 10-12 миллион доллар қарз гирифтааст.  Боқии маблағҳои  Бобаки  Занҷониро  низ  Оймаҳмадов  Маҳмадамин ва Рустам Саидов ба  ҳар  сӯ  тақсим  карданд. Вақте Занҷонӣ дар Эрон боздошт шуд, ин ду нафар бо як беҳаёӣ ва бо як бешармии тамом ва овози  баланд  гуфтанд, ки Бобаки Занҷонӣ дар ин ширкатҳо маблағгузорӣ накардааст ва саҳмия ҳам надорад. «Мард» бояд ҳамин тавр бошад. Садҳо сол мегузарад номи шумо ҳамчун  хиёнаткор, ҷаллоб  дар таъриху дар назди халқ  мемонад. Фикр накунед, ки агарчи дар руятон  мардум  намегуянд, кору бори шуморо ҳеҷ кас намефаҳмад. Аз ҳамаи корҳои шумо  хабар  доранд ва мебинанду мешунаванд. Бубинед, ки Занҷониро  ҳукми қатл интизор аст, аммо  касоне, ки маблағу  амволашро соҳибӣ кардаанд, дар даҳон об гирифта гуё аз ҳеҷ чиз хабар надоранд, бепарво нишастаанд. Ҳамаи амалиёти пулӣ нишон медиҳад, ки пулҳои Бобаки Занҷонӣ оқибат ба дасти Оилаи Раҳмонов қарор гирифтааст, ин бидуни шак!!!

Аз порлумони  Эрон, аз Бонки марказии Эрон, аз вазоратҳои дахлдори Эрон  барои  пулҳои  Бобаки  Занҷонӣ ҳайатҳо на як бору ду бор ба Душанбе омаданд, вале бенатиҷа рафтанд.  Пешниҳоди ҷониби Эрон барои ташкили комиссияи муштарак барои санҷиш ва дақиқ кардани сармоя ва пулҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон аз тарафи Раҳмонов рад карда шуд. Бонки Миллии Тоҷикистон  комилан напазируфт, ки комиссияи муштарак ташкил шавад. Худро ба муттаҳамӣ зада нишастанд. Ҳол он ки дар мурофиаи додгоҳӣ Бобаки  Занҷонӣ  ҳамаро, муфассал ва як ба як нақл кардааст, ки пулҳо дар дасти киҳо аст ва куҷо сарф шудааст. Расонаҳои эронӣ низ на як бору ду бор навиштанд, ки пулҳои Занҷонӣ дар дасти афроди наздик ба Раҳмонов мондааст.

Дар як нишасте, корманди сафорати  Эрон зикр кард, ки даҳҳо сармоягузори  эронӣ бо миллионҳо сармоя  омада бе ягон сент баромада рафтанд. Мо бо тааҷҷуб   пурсидем, ки ягон нафар сармоягузори эронӣ дар давоми15-20 соли охир дар Тоҷикистон муваффақ шуданд? Ҷавоб дод, ки на, нашуданд, баръакс! Зарару зиён диданду рафтанд. Албатта, муваффақ ҳам намешаванд, то рузе, ки мисли Оймаҳмадов Маҳмадамин  як ҷаллоб – дипломат дошта бошему мисли Ҳасану Зоир, намояндагони Оила!

Боварии комил  дорем, ҳамкорони  тоҷикистонии  Бобаки  Занҷонӣ аз проблемаҳои  ӯ хабардор буданд. Лекин аз оғоз нияти бад доштанд: « ӯ  аввал пулҳояшро  ворид  намояд, баъд мебинем, оқибаташ чизе шавад». Бо ҳамин мақсад ӯро кашида оварданд. Чунки дилашон ба дузди калон, дузди дуздон Раҳмонов пур буду пушташон ба вай гарм.

Боз аз ҳама аҷоибии кор ин аст ки Раҳмонов аз Эрон каҳр кард, ки роҳбари  Эрон  Оятулло  Хоманаӣ дар конфронси ваҳдат бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби  Наҳзати  Исломии Тоҷикистон салом кардааст. Роҳбари Эрон дар  маъракаҳои  калон  бо садҳо нафар салом мекунад, аз ҷумла бо Сайидмукаррам Абдуқодирзода ҳам салом карда буд. Ин маънои онро надорад, ки ӯ бо ҳар касе салом кард, ақидаи ӯро дастгирӣ мекунад. Инро худи Раҳмонов хуб мефаҳмаду хуб медонад.    Иллати асосии «қаҳр»-и Раҳмонов бо Эрон ҳамин пулҳои Занҷонӣ буд, ки бо ин баҳона барнагардонад. Воқеият ҳам ин аст ки Раҳмонов то ҳамин пулҳои Занҷонӣ ин қадар пули калонро надида буд. Ду миллиарду 600 миллион евро!!! Абдуҷаббори Ширин, раиси вақти Бонки миллии Тоҷикистон дар як суҳбате гуфтааст, ки Раҳмонов на ба Занҷонӣ раҳм карду на поси хотири давлати Эронро дошту на обрӯву эътибори давлати Тоҷикистонро ба инобат гирифт. Рӯирост ва ошкоро мункир шуду ин ҳама пулҳоро дуздид!

Ва иллати дигари «қаҳр»-и Раҳмонов бо Эрон ин буд, ки дигар аз Эрон омада ин  пулҳоро аз вай суроғ накунанд, чунки чуноне гуфтем 100%  пулҳои Занҷонӣ дар  «сандуқ»-и Оила мебошад. Раҳмонов дар ин маврид  аз  руи  мақоли  русии «Лучшая защита это нападение” рафтор кард.

Ps: Хонандаи аизи «Ислоҳ.нет». Мо бо анҷоми бахши аввали матлаб дар бораи Бобаки Занҷонӣ ба маълумоти шумо мерасонем, ки таҳқиқоти худ дар бораи «нопадид» шудани 2 миллиарду 500 миллион еврои ӯ дар Тоҷикистонро идома хоҳем дод. Дар ҳамон январи соли 2014, дар айни гармогармии  баҳсҳои марбут ба боздошти Бобаки Занҷонӣ расонаҳо аз қавли Аҳмадризо Асғарӣ, мушовири фарҳангии сафорати Эрон дар Тоҷикистон  бо ишораҳои мармуз таъйид карданд, ки ин маблағи бузург дар дасти Тоҷикистон аст. Сафорати Эрон ин суолро тарҳ карда буд, ки агар ин пулҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон набуд санади мавҷудияти онро Бобаки Занҷонӣ чи тавр ба мақомоти Эрон пешниҳод кард?  Расонаҳо навишта буданд: «Аҳмадризо Асғарӣ баъид намедонад, ки Занҷонӣ ин маблағро ба Тоҷикистон интиқол додааст, аммо ҳангоми дубора интиқоли он ба Эрон мушкил пеш омадааст, ва азбаски Бонки миллии Тоҷикистон инро рад мекунад, масъулият ба дӯши Занҷонӣ меафтад. Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, то анҷоми таҳқиқот дар Теҳрон аз ироаи тафсилоти бештар дар бораи ин қазия худдорӣ мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ин қазия замоне ба забонҳо афтод, ки порлумони Эрон аз як санади қалбакии ин бонк, ки дар ихтиёри миллиардер гузошта шудааст, иттилоъ дод. Ва гуфта мешуд, ки дар ин санад интиқоли 2 миллиард евро аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба Бонки миллии Эрон таъйид шудааст».

  Мо ин қазияро бо ҷиддияти тамом таҳқиқ дорем ва машғули таҳқиқи чанд нукоти муҳими меҳварӣ дар ин қазия ҳастем. Ба муҷарради расидани маводҳои сиррии ин дуздии бузурги давлатӣ, ки аз тарафи дузди калони давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба амал бароварда шудааст, онро манзури шумо мегардонем. Инчунин агар афроде аз ин қазияи огоҳии бештаре доранд аз кормандони мақомоти он рӯзҳо метавонанд маълумоти доштаи худро ба “Ислоҳ” ирсол намоянд ва дар бахши дуввум ва ё чанд силсила матолибе шавад онро тақдими миллат ва мардуми кишвар намоем.

Total
19
Shares
Related Posts