Эй кош маро мекуштанду тарки додани азон намекардам

Ислоҳ нет

Эй кош маро мекуштанду тарки додани азон намекардам
(ҳикояи маҷозӣ)

Ҳикоят мекунанд, ки хурусе буд ва ҳар субҳ мисли дигар хурусон ҳангоми дамидани субҳ азон мегуфт. Як рӯз соҳиби хурус омад ва ба хурус гуфт: дигар намехоҳам субҳи барвақт азон бигӯӣ ва маро аз хоб бедор кунӣ. Агар ин субҳ ҳам азон гуфтӣ ва маро аз хобам бедор кардӣ ҳама парҳоятро меканам! 
‏Хурус аз ин таҳдиди соҳибаш тарсид ва гуфт: дар фиқҳ як қоида ҳаст”. Зарурат он чизеро, ки мамнуъ аст ҷоиз мегардонад”. Ман худро дар чунин ҳол мебинам, аз ин рӯ дигар азон намегӯям, зеро узр дорам ва он хашми соҳибам аст. Ҳатман хурусҳои дигар ҳастанд, ки онҳо азон мегӯянд ва бо азон надодани ман ҳеҷ мушкиле ба вуҷуд намеояд. Соҳиби хурус дид хурус азон намегӯяд ва суханашро бе тардид қабул кард. Пас аз як ҳафта назди хурус омад ва гуфт: чаро ҳама мурғон садояшон якхел ва форам аст, аммо садои ту фарқ мекунад? Агар аз фардо мисли ин мурғон (манзураш мокиёнҳо буд) садо набарорӣ ҳама болу парҳоятро меканам. Хурус медонист шабеҳи мокиёнҳо шудан ҳайсият ва обурӯяшро дар миёни мурғон паст мекунад, аммо гуфт: ҳарчи бодо бод, ман барои ҳифзи ҷонам садоямро мисли мурғон мекунам. Соҳиби хурус дид ин фармонаш низ амалӣ гашт ва ҳеҷ эътирозе аз хурус нест. Пас аз як ҳафта назди хурус омад ва гуфт: Ман мебинам ҳама мурғон тухм мекунанд ва ту боши ҳеҷ. Ман намехохам туро нигаҳдорӣ кунам, зеро аз ту ба ман ҳеҷ нафъе намерасад. Агар аз фардо ту ҳам ба тухм кардан шуруъ накардӣ ҳатман туро мекушам ва мехӯрам. 
‏Аз ин сухан хурус сахт ғамгин гашт ва гуфт: Эй кош азон мегуфтам ва мардона кушта мешудам. Ҳолам ба ин хорӣ ва забунӣ намерасид. 
‏Бале, хонандаи гиромӣ, ҳоли бештари мусалмонони имрӯз айнан мисли ин хурус аст. 

Share This Article