Ҷейми Флай: Озодӣ гузоришгарӣ дар бораи ҲНИТ-ро идома медиҳад

Ислоҳ нет

 

Ҷейми Флай: “ҲНИТяк унсури ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Гурӯҳи террорист хондани он хилофи меъёрҳои байналмилалист. Озодӣ ба гузоришгарӣ дар бораи он идома хоҳад дод”

 

Эъломи босароҳат ва қотеъонаи раҳбарияти Озодӣ ва мавзеъгирии қонунии он дар қиболи ҲНИТ ва дар номаи расмӣ ирсол кардани он ба мақомоти Тоҷикистон Раҳмонов ва ду- се мулозими хирасари кӯтоҳфикри фурӯмояи тангназарашро бори дигар дар чашми халқи тоҷик ва иҷтимои дунё шарманда ва беобрӯ кард. Маълум нест,ки ин бор Раҳмонов дар чи ҳолу вазъе хоҳад уфтод ва он “мулозимон” чи таъбиру таъвиле хоҳанд кард, аммо ин ба масал “сад задани сӯзангару як задани оҳангар” аст. Акнун ин гӯйю ин майдону ин “фермаи ҷавоб”-у муаллифини бадбахти ӯст, ки бигиранду кӯсу сурнай навозанд. Он қадар гуфтанду гуфтанд, ки даҳонашон пашм баровард.

 

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷиро низ на номааш монду на таҳдидҳояш дар мавриди соқит кардани парвонаи кори хабарнигорони “Озодӣ” дар Душанбе.

 

Ин ҷумлаи ҷавобӣ,ки “Ҳамонгуна ки мо қаблан шарҳ додем, эъломи ҲНИТ ба унвони як гурӯҳи террорист аз сӯи давлати Тоҷикистон хилофи меъёрҳои тасдиқшудаи байналмилалӣ аст. То замоне ки аз хушунат худдорӣ мекунад ва ба қонунҳои мавҷуда пойбанд аст, ин ҳизб як унсури ҳаёти сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Озодӣ ба гузоришгарӣ дар бораи он идома хоҳад дод”, мавқеи устувори ин расона дар мавриди ҲНИТ ва паёми амиқу муҳкаме ба Раҳмонов ва бахусус Подабони пири “фермаи ҷавоб” аст:

 

Магӯ нохуш,ки посух нохуш ояд,

Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.

Раҳмонов,ки гӯли ду-се хирасари дар рикобашро хӯрда ва беш аз пеш дар ҷоҳи ахлот фурӯ меравад ва беш аз пеш аз худ як диктотури душмани озодии сухан ва матбуотро ба намоиш мегузорад, “Озодӣ”-ро бо “Рӯзи нав”-у “Наҷот”-у “Нигоҳ”-у “Озодагон”… ва ғайра ба иштибоҳ гирифт ва талош кард болояш ҳукм ронад ва дикта кунад,ки минбаъд дар бораи ҲНИТ нанависад ва агар ки навишт кораш тамом аст.Вале ин ҳам аз қавли бузургони панҷвақтагузори мост,ки гуфтаанд:

 

Ангушт мазан панҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад панҷа ба дар кӯфтанат мушт.

 

Ба пиндори ман Президенти Озодӣ аз мулоқоти Сурих ,то ин номаи охирашон чунин гуфтаниянд,ки “на раиси ҷумҳурӣ, на вазорати хориҷааш ва на оне,ки номашро набарем ҳам, ҳамагон медонанд,ки тамоми фитна ва дасиса зери сари ӯст, наметавонанд ва нахоҳанд тавонист,ки дикта кунанд. Он давру давроне,ки то як соли қабл доштед, дигар дар “Озодӣ” барнахоҳад гашт, зеро он лаккаи нанг ва мояи хиҷолат ва бешарафӣ пою қадамаш барчида шуд. Агар бихоҳед,ки фаъолияти “Озодӣ” дар Тоҷикистон идома дошта бошад, албатта ва ҳатман, ки дар чавкоти меъёрҳои байналмилалӣ, омодаем, вагарна, онки шумо як ҳизби муътабари қонунмандро бар хилофи меъёрҳои тасдиқшудаи байналмилалӣ террористӣ хондаеду аз мо тақозо доред,ки ин сиёсати аблаҳонаи шуморо дунбола гирем, бо Карл Маркс ва Влдамир Илич Ленин бошед. Мо бо ҷаҳони имрӯзем, ҷаҳони пуррангу гуногун ва бозу озод. Омодаем,ки бо шумо суруди машҳури устод Лоиқ “Шаб ба хайр”-ро бихонем. Бахусус ки инак шумо ваъдаи додаатонро ҳам ба иҷро надаровардед ва раиси ҷумҳурӣ комилан фаромуш кард, ки дар Сурих чиҳо гуфта буд. Ҳамин ҳоло ҳам шумо кормандони моро интихобан аккредитатсия дода муҳит ва фазои кории дафтари “Озодӣ” дар Душанберо ғайрикорӣ кардан доред”.

 

Номаи Ҷейми Флай, Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ саввумин номаи ӯ ба мақомоти Тоҷикистон аст ки даъват мекунад аз мудохила ва фишору азият ва озори кормандони он даст бардоранд. Номаи ахири ӯ ҷавоб бо номаи вазири хориҷаи Тоҷикистон аст. Вазорати хориҷии Тоҷикистон дар ин як соли ахир,ки раҳбарияти “Озодӣ” ва низ мудирияти бахши тоҷикии он тағйир кард, на як бору ду бор тақозо кард,ки аз ҲНИТ нагӯяд. Шарт ҳам гузошт,ки агар аз ҲНИТ нависаду гӯяд, барояш имконияти фаъолият дода нахоҳад шуд. Зимнан ин корро ҳам кард.Ба чанде аз кормандони он аккредитатсия надод.

 

Аккредитатсияи як наворбардори онро бозхонд кард,ки гӯё вай ҲНИТ гуфтааст. Сироҷиддини Муҳриддин дар номаи худ ба “Озодӣ” боз ҳам аз риоят нашудани қонунҳои Тоҷикистон аз сӯи ин расона таъкид кардааст. Вазири хориҷии Тоҷикистон мусоҳибаи Озодӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистонро бо дарду алам ёдовар шудааст,ки “Озодӣ” ба як террорист минбар додааст. Ин нома дурусту дақиқ ҷамъбасти навиштаҳои “фермаи ҷавоб” баъди ин мусоҳибаи устод Кабирӣ аст,ки дар шабакаҳои маҷозӣ селосо рехта буд. Гумони ғолиб ҳам ин аст ки ин номаро ҳам дар ҳамин “Ферма” ва бо дастури Подабони пири он навишта бошанд. Аммо муҳим он аст ки имрӯз ҳамагӣ аз худи Раҳмонов сар карда то Подабони пир ҷавоби дандоншикан ва раъдосои “Озодӣ”-ро гирифтанд. Зеро “Озодӣ” гуфт дар бораи ҲНИТ минбаъд ҳам менависем. Ғайриимкон аст,ки дар бораи ҲНИТ нанависад. То ҳамин рӯз,ки ҳамин рӯз аст, газетаву радиову телевизиону сайтҳои худи Раҳмонов пайваста ва мудовим дар борааш навишта истодаанд. ҲНИТ як ҳизби одӣ набуд ва нест . Ҳизбе,ки дар густураи шӯравии пешин назир надорад. Қад бо қади Русия истод ва водор кард,ки аз дастнишондааш ҳиссае аз ҳокмиятро бигирад ва бидиҳад. Ҳизбе,ки сарнавишташ ҳанӯз дар муҳоҷират ва муқовимати аввал дар СММ рақам хӯрд. Ҳизбе,ки бо роҳбарияти давлатҳо нишасту бархост дошт. Давлатҳо дарҳояшонро ба рӯяш боз карданд, дар фурудгоҳҳо роҳбарияти онро масъулони давлат истиқбол ва бадрақа мекарданд. Мавозеъе ки разманда ва пешравони артиши ҲНИТ дар Душанбе ва навоҳии он таҳти назорат доштанд, ва онро низомиёни СММ таъйин ва аломатгузорӣ карда буданд, магар фаромуш шуд? Харитаи ҷойгиршавии артиши ҲНИТ дар соли 1997-1999-ро магар СММ надорад? Намедонистанд,ки амалан территорияи таҳти нуфуз ва сайтари ҲНИТ дар кишвар фаротар аз режими Раҳмонов аст? Раҳмонов дар 4 апрели соли 1994 аз рӯи хушӣ пойи музокирот нишаст ва чанд дафъа саркану покан ва давондавон Афғонистон пеши роҳбари ҲНИТ ҳамту амри маъруф ва мавъизашунавӣ омад?

 

Агар ҷаҳон мавқеи Раҳмонов дар баробари ҲНИТ-ро қабул накард, на ба ин маъност, ки Устод Кабириву ҳамроҳонаш Аврупоро паноҳгоҳ баргузиданд. Ба ин маъност, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо ҳузур ва фаъолияти он оромиш меёбад, чун имкон надорад, ки ҲНИТ набошад, тарафдорону пайравону ҳавохоҳони он несту нобуд бишаванд. Он ҷузъи иҷтимоъ ва раъйу афкори мардум аст,бидуни шак ҷузъи бештар ва бартар . Террорист хондани ҲНИТ террорист хондани ҳадди ақал нисфи ҷамъияти Тоҷикистон аст.Аз ин ҷост ки тири ду -се маъмуре,ки Раҳмоновро сар аз Протоколи 32-20 то кудетои Ҳоҷӣ Ҳалим ва қатлу куштори дар зиндонҳо ва ҳамлаи Ишқобод фиреб дода амалан ӯро гаравгон гирифта гумроҳаш кардаанд, ба нобудӣ кашонида истодаанд, хок хӯрд. Дер ё зуд тамоми нақшаҳои ноҷавонмардонаи онҳо,тамоми тӯҳмат ва бӯҳтони онҳо дар нисбати ҲНИТ рӯ хоҳад зад.

 

Посухи “Озодӣ” танҳо посухи ин расона нест. Ин посухи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Инак 5 сол аст ки аризаи Раҳмонов ҳатто дар ҳамон ИДМ ва Шонгҳой карахту ноҷунбон боқӣ аст. Ҳеҷ кишвари аъзои он ба ин ариза камтарин эътиное ҳам накардааст. Интерпол аз феҳристи афроди таҳти таъқибаш даҳҳо нафар аз ҲНИТ ба шумули раиси онро берун овард. Созмони милали муттаҳид дар нишасту ҳамоишҳояш бо ҳузури Наҳзатиҳо такмил шуда истодааст. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳои Аврупо, Амрико ҳамагӣ бо мақомоти ҲНИТ тарҳи ҳамкорӣ андохтаанд.

 

Инки СММ аъзои баландпояи ҲНИТ-ро,ки дар зиндонанд, бегуноҳ ҳукм кард ва озодии бидуни қайду шарти онҳоро талаб кард, далели муваҷҷаҳ аст ки Раҳмонов бар пойи ин ҳизб тӯҳмат бастааст. ҲНИТ ҳеҷ гоҳ террорист набуд ва чунин иттиҳоми бофтаро касе ва аз ҷумла “Озодӣ” ҳам қабул накард ва нахоҳад кард.

 

Номаи ҷавобии президенти “Озодӣ” як нуктаи рӯшанро рӯшантар кард,ки “Озодӣ” наметавонад бо ин муҳит ва бо ин муносибат, ки феълан барояш фароҳам овардаанд, давом биёварад. Қатъи фаъолияти дафтари “Озодӣ” дар Тоҷикистон ин кишварро бо матбуот душман месозад ва Тоҷикистон аз накбати Раҳмонов ва ду -се хирасари давру бараш дар мақоми душмани ашаддии матбуот ҷой дода мешавад. Вале дар баробари ин сафф ва шумори ба маротиб зиёди шунавандаву хонандаву бинандаи “Озодӣ” боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд. Раҳмонов ва ин ду –се хирасар ва ба хусус “фермаи ҷавоб”, ки ҳоло аз номи халқи тоҷик гап мезананд, як чизро ба инобат намегиранд,ки агарки халқ нахоҳад, ки ин расона бошад, чаро теъдоди бинанда ва хонанадаи он рӯзбарӯз афзуда истодааст?Ин суоли президенти “Озодӣ” ҳам ҳаст,ки дар нома ёдоварӣ шудааст. Агар “Озодӣ” “лонаи ҷосусӣ” ва пуштибони террористҳост,пас чаро ин қадар ҳаводору харидор дорад,ки тамоми расонаҳои ҳукуматиро ҷамъ оварӣ нисфи онро ҳам ифода намекунад? Пас, бори дигар тасдиқ шуд,ки Раҳмонову давру бараш хостаҳои худро аз номи халқи тоҷик баён мекунанд.

 

Фикрам ин аст,ки номаи ҷавобии президенти “Озодӣ” як матлаби ҷаззобу ҷолибе аст,ки портрети Раҳмонов дар он тасвир шудааст. Дар ин нома буду шуди Раҳмонов ва ҳукумати вай гуфта шудааст.

 

Share This Article