Эмомалӣ Раҳмонов:”Чу Рустам писар бошаду ман падар”…

Ислоҳ нет

 

Интихоби Рустами Эмомалӣ,раиси шаҳри Душанбе ба мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ-палатаи болоии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қаблан пешгӯӣ шуда буд. Диктатураи оилавии хонаводаи Раҳмонов болои халқи Тоҷикистон, то замоне,ки худи халқ даст ба кор нашавад, ба хиёбонҳо наояд,тазоҳуроти сартосарӣ баргузор накунад, идома хоҳад дошт.

 

 

Ширкати худи Раҳмонов ба унвони унсури асосии ҷанги бародаркушӣ ва як қумандони дастнишондаи хоҷаҳои хориҷӣ,ки саропо ғарқаи хуни ин миллат аст, ҳамин паёмро ба миллат ва мардуми тоҷик бори дигар гӯшзад кард:

“Мо бо хун омадем ва бо хун хоҳем рафт”.

 

Вагарна, кадом зарурате, чи лузуме, чи шоистагӣ ва боистагие дар таъйини Рустам ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ва амалан мақоми дуввуми раҳбарии Тоҷикистон мавҷуд буд,ки чашми Раҳмонов фаротар аз ӯро надид ва ин ҳам дар ҳоле аст,ки ин таъйинот аз чанд манзар ва паҳлу ғайриқонунӣ ва мухолиф ҳатто ба ҳаминҚонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Раҳмонов бар хилофи моддаи 52-и ин қонун,ки мебоист 8 узви ин Маҷлисро то як моҳ (30) рӯзи баъди баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон,таъйин мекард, таъйин накард. Мувофиқи талаботи моддаи 52- ин қонун,ки “Тартиби таъйин намудан ва бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллӣ” ном дорад, талаботи он чунин аст:

 

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 30 рўзи баъди интихоботи Маҷлиси намояндагон ба Фармони худ таъйин мекунад”.

 

Маълум шуд,ки Раҳмонов, ба унвони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни конститутсионии мамлакат дар бораи интихоботи Маҷлиси Олиро дағалона ва дидаву дониста нақз кард, шикаст. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1 март доир шуда буд ва мебоист то 1 апрел 8 нафар узви таъйинотии Маҷлиси Миллӣ таъйин нашуданд. 6 нафарро рӯзи 15 апрел, яъне бо гузашти 45 рӯз аз замони интихоботи Маҷлиси намояндагон таъйин кард. Ин дар ҳоле аст ки бар тибқи қонун санад ва ҳуҷҷате,ки манбаъ ва мабдаъи он заминаи қонунӣ надорад, ғайриқонунӣ шуморида мешавад. Гузашта аз ин худи ҳамин қонун барои риоя накардани банду моддаҳояш ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст. Моддаи 58-и он чунин талаботро ба ҳукми қонун даровардааст. Раҳмонов на танҳо бо таъхир ва гузаронидани замони таъйини аз чаҳор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси Миллӣ фаромони таъйиноти онҳоро содир кард,балки ин чаҳоряк ҳиссаи Маҷлиси Миллиро ҳам ба шакли нокомил ва нопурра таъйин кард,ки ин ҳам асос барои ғайриқонунӣ хондани худи ин Маҷлис буда метавонад. Ба ин тартиб мо бо сароҳат ва қотеъият гуфта метавонем,ки ҷаласаи нахустини Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва интихоби раиси ҷадиди он-Рустами Эмомалӣ ғайриқонунӣ ва бо нақзи Қонун дар бораи Маҷлиси олии Тоҷикистон доир шуд.

 

Ҳамакнун то куҷо ин Маҷлис мақоми як ниҳоди олии қонунгузорро дорад ва ифода мекунадро бояд, ки ҳуқуқшиносон ва қонундонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ мушаххас ва маълум кунанд. Аммо инки қонун аз тарафи Раҳмонов,раиси ҷумҳурӣ ошкоро вайрон шудааст, ӯ бояд дар назди Додгоҳи Қонунӣ асосӣ ҷавоб бидиҳад ва Додгоҳи Қонунӣ асосӣ муваззаф аст алайҳи Раҳмонов кори тафтишотиро бар мабнои моддаҳои 52 ва 58-и қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” оғоз ва ба истеҳсолоти худ бигирад, ягон шакку шубаҳае надорад. Албатта, ин гуна суиистифода аз мақому мансаби давлатӣ ва фаротар аз қонун по гузоштан ва худро бартар аз қонун донистан барои Раҳмонов дигар як одати маъмулӣ шудааст.Вагарна агарки Додгоҳи Қонуни асосӣ дар ин замина тафтишотро оғоз кунад боз чанди қонуни дигар,маҳз дар ҳамин заминаи ташкил ва баргузории кори Маҷлиси Миллӣ ва худи Маҷлиси Миллӣ ва интихоби раиси онро ҳам маълум хоҳад кард.

 

Инҷо аз онки давлатҳои дунё дар шароити пандемияи Covid-19 тамоми ҷаласаву конфаронсу нишастҳои ҳатто байналмилалӣ ва сарнавиштсозро лағв карда ва мавқуф гузоштанд, вале Раҳмонов на Наврӯзро лағв карду на ҷаласаи интихоби Рустамро чизе намегӯем. Хуб ҳам медонем,ки шиори ӯ “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” аст. Ва дар ин 28 соли раҳбариаш инро борҳо собит кардааст. Вале,инки ӯ Рустамро бидуни алтернатива,ҳатто “барои зебаш”,барои “протокол” ба ин мақом мансуб кард низ як ҷинояти дигар аст. Худи Раҳмонов дар ҷаласаи аввал ширкат кард, аммо дар баробари Рустам наёроист ва ҷуръат накард,ки касе дигар вориди бюллетини интихоботи раиси Маҷлиси Миллӣ бишавад. Бюллетенҳои бо номи Рустамро дар қуттӣ андохту боз берун оварданду шумориданду ҳисобот доданд,ки 31 каси ҳозир дар ҷаласа якдилона ба Рустам овоз додааст. Танҳо номи Рустамро андохтанду боз берун кашиданду гуфтанд, ки ҳа, бале ҳамаамон ба Рустам овоз додем.

 

Аммо масъалаи бо нақзи қонун баргузор шудани ҷаласаи аввал ва интихоби ғайриқонунии раиси ҷадиди Маҷлиси Миллиро бигзорем канору аз он бигӯем,ки чаро Раҳмонов на 8 кас,балки 6 касро узви Маҷлиси Миллӣ таъйин кард. Имрӯз ё фардо ва ё шояд дертар он ду касро ҳам таъйин хоҳад кард. Чун наметавонад, ки ду кас аз ҳайати ин Маҷлисро ҳазф кунад. Салоҳият надорад.Чун шумори аъзои Маҷлиси Миллӣ дар Қонунӣ асосӣ 33 нафар таъкид шудааст ва президент бидуни баргузории референдум наметавонад онро дигар кунад. Магар интихоб ва пайдо кардани ду нафари дигар чӣ мушкил дошт? Ин сӯҳбатҳо,ки гуфта мешавад Путин Раҳмоновро гуфтааст,ки Маҳмадсаид Убайдуллоевро “наҷунбон” ва бояд биистад, воқеият дорад? Раҳмоновро, ки солҳост яккатоз аст ва як, ба ҳайси як Диктотур ҳарчизи ҳатто ғайриқонуниро бихоҳад, ҷомаи қонун ба бараш медӯзонад,кӣ ва чӣ нагузошт ва монеа шуд,ки ду нафарро таъйини нокарда Рустамро раис интихоб кунад?Дар ҳоле, ки пайдо кардани ду кас барои Раҳмон дукаратду аст. Дар ҳоле, ки Маҷлиси Миллӣ як органи дар асл ташрифотӣ аст ва ҳатто қонуни буҷети кишварро тасдиқ ва ё радд карда наметавонад, кадом фишанге назоратӣ бар болои ҳукумат надорард. Ҳатто агар ки Убайдуллоевро ҳам таъйин мекард, обе аз осиёбе намерехт. Инҷо чи чизе буда метавонад,паси ин бозӣ чи ва дурусттараш киҳо меистанд?

 

Ба назар мерасад,ки Рустами Эмомалӣ ҳатто розӣ нашудааст,ки Озодаи Раҳмони хоҳарбузургашро ҳам дар мақоми узви Маҷлиси Миллӣ бубинад. Дар ҳоле,ки Озода дар маҷлиси қаблӣ на танҳо узв,балки раиси Кумита ҳам буд.Таъйин нашудани Озодаро метавон бад-ин маъно фаҳмид,ки дар дохили оила низоъу мухолифатҳо кам нестанд. Рустам барои Ҳасан Асадуллозодаи тағояш,ки аз афроди калидӣ ва ҳатто Сарвазири эъломнашудаи Раҳмонов то ҳамин наздикиҳо буд, иҷозат надод,ки дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ҳузур дошта бошад. Ӯ ночор шуд,ки вакил дар вилояти Хатлон бишавад. Акнун,ки Рустам дар чунин масоил ҳарф ва мавққеи устувори худро доштааст, магар иҷоза медод,ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳадди ақал як сенатори одии ин маҷлис бишавад? Онгуна ки Сайдулло Хайруллоевро Раҳмонов баъди рафтан аз мақом барои як панҷсола узви ин Маҷлис таъйин карда буд. Аммо Рустам амалан Убайдуллоевро “вишвернут” кард ва метавон гуфт,ки “ба шатта” заду пеш кард. Гуфт,ки барои ман “нянка”(Озода Раҳмон) ва “советник”-Убайдуллоев даркор нест. Вагарна мебоист Раҳмонов Озодаро,ки раҳбари Дастгоҳаш ва чашму гӯшаш ва “кошелёкаш” ҳам ҳаст, таъйин мекард. Гумони ғолиб ҳам ин аст ки ин “амбитсия” ва худхоҳиву истиқлоли амалии Рустам барои Раҳмонов ҳам хуш меояд. Аз ин ҷост,ки ҳамаи роҳҳоро барои ӯ бозу ҳамвору ружд карда истодааст. Ҳатто бо нақз ва шикасти қонун. Чун ӯ тамоми барнома ва фикру андешаашро барои овардани Рустам дар ҷойгоҳи худ равона ва мунсаҷим кардааст. Аз Фирдавсии бузургвор пузиш мехоҳам,ки байти машҳури ӯро дигар кардаам,аммо фикрам ин аст ,ки воқеияти имрӯзи моро ифода мекунад:

Чу Рустам писар бошаду ман падар,

Ба ҷуз мо, касе роҳбар намешавад.

Share This Article