Факултаи геологияи ДМТ-ро аз ин шармандагӣ наҷот диҳед!

Номаи кушода 

Ба Президенти Академияи миллии илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ,

             Ба Вазири маориф ва илми ҶТ, академик Имомов М.

             Ба  Раиси Комиссиям олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ Розиқзода.

 

Ин номаро мо як гурӯҳ аз устодони факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба унвони шумо ирсол менамоем.

Соли 2009 -ум ректори вақти ДМТ Нуриддин Ҷартиевич Саидов, декани факултаи геология, профессор Тоҷибеков Мададбек Тоҷибековро бе сабаб  аз вазифа сабукдуш намуда,  ба ҷояш номзади илмҳои хоҷагии қишлоқ (мутаваҷҷеҳ бошед!!) Валиев Шарифро, ки ҳамшаҳриаш буд, декани факулта таъин кард. Валиев тайи ин солҳо худам шоҳу табъам вазир гӯён, аввал олимони воқеан асил, устодони варзидаи факултаро, ки тайи даҳсолаву бистсолаҳо дар ин факулта кор мекарданд, фазояшонро танг ва эшонро аз факулта тавассути ректор ронд. Зеро онҳо чун устухоне дар гулуяш буданд, ки дар ҳама ҳолат аз ҳақиқат мегуфтанд. Ин, албатта ба Валиеву ректор хуш намеомад.  Дар ҳама ҷаласаву нишастҳо босаводона сухан мекарданду мавқеъгириҳои нодурусти деканро ошкоро баён мекарданд. Ва бегуфтугӯ, ин рафтори эшон ба декани бесавод хуш намеомад. Ва ҳама донишманду муаллимони босаводро оҳиста- оҳиста аз факулта берун кард. Пас, аз оне ки  Тоҷибеков Мададбекро аз вазифа холӣ карданду ин бесаводро ба ҷойи ӯ таъин,  Тоҷибековро виҷдонаш қарор намедод. Дарун -дарун фикр  мекард, ки чи замоне расидааст, ки мардуми босаводро аз даргоҳи илму маърифат ба хотири пойдории як нафари бесаводи касиф меронанд. Ояндаи факулта чи мешуда бошад… Ва ин дарду алам ӯро пас аз чанде ба касалии фишорбаландӣ оварду дунёро падруд гуфт. Хело ҷавон буд. Ягона доктори илми ҷавон дар соҳаи геологияи тоҷик буд.

   “Имрӯз факулта дар як ҳоле қарор дорад, ки ҳеҷ мондан гиред. Чи бесаводе буд, таҳти  роҳбарии Валиеви бесавод номзади илмҳо шуда истодаанд. Албатта, на бо саводи худ, бо додани маблағҳо…”

Дар ҷое, ки роҳбар ноқобилу бесавод бошад, зери дасташ кор кардани шахсони босаводро ҳуш надорад. Валиев чун декани факултет дар ин ҷода як шаҳси тасодуфӣ буд. Ҳануз солҳои аввали ба кор омаданаш чун муаллими оддӣ, устодон аз бесаводии ӯ мегуфтанд. Лексияву дарсҳояшро аз рӯи китобу коғаз меҳонд. Чи гуна сари вазифа омад, ҳама  устодони факулта огаҳанд. Ҳамшаҳрии ректори онвақтаи Донишгоҳ Саидов Н. буд. Агар не, наход як профессори дилсӯзу меҳнатқаринро аз вазифа озод кардаву ин нафари бесаводу дур аз илми геологияро сари вазифа орӣ! Охир Валиев намедонад, ки дар Тоҷикистон чанд кони канданиҳои фоиданок ҳасту дар кадом конҳо чи истеҳсолу истихроҷ мекунанд? Намедонад, ки кадом сармоягузорон неъматҳои бойу канданиҳои моро дар кадом конҳо ғорат кардан доранд? Вой бар ҳолат, геологияи тоҷик! Ин ҷо Саидов хело иштибоҳи сахту ногуфтание ва нобахшидание кард.

Саидов Нуриддин ба ин ҳама амалҳои ғайриқонунии Валиев ту ҷавобгарӣ! Меояд, рузе, ки назди қонун ҷавобгӯй мешавӣ. Ин интихоби ту, нисбати декании Валиеву сарнагун ва ба фавт овардани Тоҷибеков худ ҷиноятест, ки посухи амиқро аз ту мехоҳад. Омода бош!

Имруз Валиев даста-даста шогирдонашро ба “шоҳроҳи илм” раҳсипор карда истодааст. Ҳама онҳо аз Валиев ҳам бесаводтар мебароянд. Зеро ҳамаи онҳо бо додани маблағ ҳимояи рисола карда истодаанд.

Ҳуди Валиев мо медонем, ки чи тавр рисолаи номзадиашро ҳимоя карда буд. Ба гуфти худаш зиёда аз 4000 доллар сарф карда будааст.

Бесаводии Валиев боз дар он аст, ки дар навиштани як аризаи иборат аз панҷ ҷумла даҳ ҳатоии имлоӣ мекунад. Агар он ариза як ду саҳифа бошад, пас вой бар ҳолаш мешавад.

Дар яке аз суҳбатҳо профессор Ҳасанов Абдураҳим Ҳасанович иброз доштанд, ки Валиев ҷонишини ман дар Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳо буд. Ҳама вақт маро маҷбуру илтимос мекард, ки  ин ё он рисоларо бояд аз ҳимоя гузаронем. Рисолаҳое, ки умуман ба соҳаи геология наздик нестанд, моҳияту мазмунан лоиқи ҳимоя нестанд. Ман медонам, ки Валиев аз онҳо маблағҳои муайян гирифтагӣ аст. Оқибат ман тоқат карда натавонистаму аз раисии Шуро истеъфо додам. Гуфтам,ки чи номаъқулие мекунӣ акнун кардан бигир. Манро виҷдонам тоза аст! Ту бевиҷдону маккору касиф ин хел амалҳоро ба худ раво мебинӣ!

Дар баробари ба декани омаданаш беҳтарин устодони факултаро бо ҳар баҳона аз факулта дур кард. Дотсентони хеле кордидаву донишманду оқил буданд. Вазиров Кабут Вазирович, Малахов Фируз Абдуллоҷонович, Ғафуров Фарҳод  Ғиёсович, ин се нафар дар ҳақиқат номзадҳои ҳақиқии  илми геология буданд. Ҳело шогирдонро тарбия карданду худ донишу заковати баланди инсонӣ доштанд. Афсус, ки Вазиров пас аз рондани Валиев аз факулта дар Донишгоҳи Данғара фаъолият мекарду соле чанд бо ҳама он ғамҳои ба сараш овардаи Валиев дунёро падруд гуфт. Малахов Ф.А. чун дониши баланд дошт, дар яке аз Экспедитсияҳои геологӣ Сардор аст. Тақдири Ғафуров Ф.Г ба Русия вобаста будааст. Ҳоло дар кадом як Институте кору фаъолият дорад…

Мо, мегуянд, ҳамсуҳбатони мо профессорону дотсентони Донишгоҳ, дар ин 12 сол ҳама вақт мегуфтем, ки Валиев ин амалатон нодуруст, инро накунед, лек доим нодида мегирифт. Воқеан Валиев зодаи Данғара аст. Бо кадом роҳҳо сари вазифа омаду соҳиби унвонӣ докторӣ шуд, мо огаҳем. Имрӯзҳо байни олимону мутахассисини соҳа суоле пайдо шуда истодааст, ки оё дипломи маьлумоти олии Валиев дар ҳақиқат аслӣ ҳаст,? Ҳамагон мегуянд, ки ӯ ягон Донишгоҳро дар Русия хатм накардааст. Дипломро ӯ аз кадом дасти касе “фальшивый харидааст. Ба ин бесаводиву забони русиро надонистани Валиев гувоҳӣ медиҳад. Ӯ дар ҳақиқат бесаводтарин доктори илм аст. Ба номи Аллоҳ қасам мехурем, ки аз ин доктори илм дида бесаводу аблаҳ дар саросари  Тоҷикистон нест. Вой бар ҳолат, илми геологияи тоҷик, бо чунин “олимон”- и забардастат! Ҳоло каме таваққуф кунед, ин ашхос боз даъво академикӣ мекунад! Агар чунин шавад, вой бар ҳоли Академияи миллӣ ва академиконе, ки ба ин шахс овози худро медиҳанд.

Бо назардошти ин ҳама фактҳои зикршуда, аз Шумо- масъулини соҳаҳо ин талабҳоро дорем:

– аз ҳимояи босуръати рисолаҳое, ки Валиев роҳбар аст, худдорӣ  намоед ва нагузоред, ки ба арсаи илми геология чунин шахсоне мисли Валиев рӯйи кор оянд;

 -лоиқ будан ва ё набудани Валиевро ба сифати раиси Комиссияи ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз нав баррасӣ намоед. Мо медонем, ки раиси пешини ин ниҳод худ аз вазифа рафт. Зеро Валиев ӯро нагузошт, ки бовиҷдонона ва сарбаландона ин вазифаро иҷро намояд;

  -Валиев маҷбур мекард,  моро, ки ҳама гуна рисолаҳои бемантиқу бемазмун ва аз илми геология фарсаҳхо дурро аз ҳимоя гузаронем.

– ҳама рисолаҳои ҳимояшудаи таҳти роҳбарии Валиевро аз сари нав переаттестатсия намоед;

  -дар хусуси қонунӣ ба даст овардани дипломи маълумоти олии Валиев ба ҳамон Донишгоҳе, ки он дипломро додааст, дархост пешниҳод намоед.

-агар илм нею зодгоҳаш муҳим бошад,мо тасмим гирифтаем,ки ба Диссернет худамон менависем ва ин даргоҳро аз ин шармандагӣ наҷот медиҳем.

Боқӣ қазоват ба Шумо -хонандагони азиз ва олимони соҳаи геологияи тоҷик!

Total
14
Shares
Related Posts