Фатвоҳои сиёсӣ ва ғайри шаръии ШУМИТ алайҳи ҲНИТ

Ислоҳ нет

 

Бӯҳтон ва ё фатвоҳои ғайришаръии  Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бар алайҳи ҲНИТ.

     Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як матлаб дигарбора ба бадном ва сияҳсозии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пардохтааст. Ин навишта, ки таҳти сарлавҳаи “Оромиву суботи миллӣ-меҳвари дастуроти дини мубини ислом” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфтааст,  идомаи  мавзеъгириҳои хасмона ва хашини Сайидмукаррамро дар баробари ин ҳизб таъкид мекунад. Ин бор ҳам торҳои тӯҳмату бӯҳтон ва кизбу риёро хостааст ба пойи Наҳзат бубандад: 

    

  “Роҳбарони ТЭТ ҲНИ барои паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар миёни  мардуми ҳанафимазҳаби кишвар бо супориши хоҷагони хориҷии худ фазои амну суботро дар кишвар ноором карданд ва  ба ин васила хостанд, ки ба ҳадафҳои шуми худ ноил шаванд. Аммо хушбахтона ихлосу эҳтироми мардум ба арзишҳои суннатӣ ва мазҳабии кишвар ва кулли минтақа ин нияти шуми наҳзатиёнро барҳам зад”.

 

  Ин ҳарфҳои бехудона ва беасоси Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои  Маркази исломии Тоҷикистон аст, ки худ намефаҳмад чиҳо гуфта истодааст. Далел намеоварад ва оварда ҳам наметавонад, ки Наҳзат ва раҳбарияти он чи иқдоме хилофи мазҳаб карда бошанд.  Мардум, ки чи амале муқобили Наҳзат кардааст, танҳо ба худи Саидмукаррам маълум аст.  Аммо на як бору ду бор аст ки Саидмукаррам муқобили ҲНИТ менависаду садо мебарорад. Дар тирамоҳи соли гузашта ҳам Шӯрои уламои  Маркази исломии Тоҷикистон бо судури фатвое ҲНИ-ро “хилоф бо шариати ислом ва мазҳаби ҳанафӣ”дониста ва аз мардум даъват кардааст, ки аз он пайравӣ накунанд. Дар баёнияе, ки ин Шӯро мунташир карда, омадааст, ки  ҳадафи Наҳзати исломӣ “эҷоди фитна ва барҳам задани амнияту суботи кишвар” аст.

 

    Чунин “мавзеъгирӣ” ва чунин“фатво”-ҳои зиддиисломию ғайридинии ин ба ном Шӯрои уламои Маркази исломӣ , ки тайи чанд соли раёсати Сайидмукаррам Абдуқодирзода содир шудааст ва бар решаву пояи шариати муҳаммадӣ дар Тоҷикистон мураттаб теша мезанад. Намунаҳои дигаре аз “фатво”-ҳои ғайришаръии ин муассисаи бадномшуда, ки боиси нороҳатӣ ва эътирозоти ҷомеаи мутадаййини кишвар шудааст, борҳо аз тарафи уламои ростин мавриди мазаммат ва накӯҳиш қарор гирифтааст. Ҳамчуноне ҳамин фатвои ахир алайҳи Наҳзати исломӣ  бо имзои Сайидмукаррам низ. Табиист, ки ин фатво кадом қурбу қимате надорад вале чаро ҳамакнун содир шудааст?

 

  Ин фатво мақоли халқии “тарошаи аз бом уфтода”-ро ба ёд меоварад. Зеро ҳанӯз се соли қабл додгоҳи Тоҷикистон ҳизби наҳзатро мамнӯъ ва террористӣ эълом ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ кард.  Дар натиҷа онҳое, ки аъзои ҲНИ буданд, аз амалу фаъолият дар кишвар бозистоданд, чун фаъолияти ҲНИ ончуноне зикраш рафт, мамнӯъ эълом шуд. Аммо, бар фарз, онҳое, ки узви ҲНИ шуданианд, ба як созмони мамнуъа  чи тавр ва дар куҷо хоҳанд пайваст? Пас, фатвои Шӯрои уламо киро ва кадоме аз атбои ин кишварро мухотаб қарор дода бошад? Онҳоеро, ки аъзоянд ва ё ононеро тоза узвияти ҳизбро пазируфтанианд. Пеши роҳи киҳоро хоҳад гирифт?

 

    Нуктаи дигар ин аст ки Наҳзати исломӣ тайи бист соли баъди сулҳ, ки дар тамоми навоҳии кишвар ячейкаҳо ва беш аз чиҳил ҳазор аъзо ва миллонҳо ҷонибдор дошт, кадом фитна эҷод накард, амнияту суботро барҳам назад.Ҳатто, бо вуҷуди фишору таҳдидҳо ва рӯз то рӯз доираи фаъолияташро маҳдуд сохтанҳо ва дар интихоботҳо раъйи ба дастовардаашро дуздиданҳо, ба маҳзи хотири суботи ба мушкилиҳо ба дастомада кадом вокуниши дуруште аз худ нишон надод, акнун, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият дорад, фитна эҷод мекардааст?

 

    Нуктае дигар, ки месазад тазаккур дод ин аст ки борҳову борҳо  эълом медоред, таъкид мекунед: “дигар ҲНИТ чизе нест, ҳеҷ коре ҳам аз дасташ барнамеояд, аммо боз ҳам муқобили он фатво содир мекунед?” Албатта ин даъваи танҳо шумо ШУМИТ нест ин иддиъоро ҳатто стратегҳои собиқи режимҳам борҳо гуфта буданд вале ин суханон сарашонро хурду дар муқобили ҲНИТ шармандавор барканор гаштанд. Мантиқи даъвои шумо аз ин фатво он аст ки ҳоло ҳам ҲНИ фаъолият дорад ва ҳоло ҳам одамон ба он мепайванданд, узвияти онро қабул мекунанд. Вагарна барои як чизе, ки набуда бошад, барои чизе, ки нест, вуҷуд надорад, чаро фатво содир мекунед?

 

   Нуктаи баъдии тасдиқи “тарошаи аз бом уфтода” будани ин фатво, он аст ки ин Шӯро ва раиси он аз соли 1997 то соли 2015, то замоне, ки ҳукумат Наҳзати исломиро набасту террористӣ нахонд, “хилофи шариати Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ” нашуморид. Тайи чандин соли ахир, (аз соли 2010) ки ҳамин Сайидмукаррам раиси Шӯро аст, муқобили ҲНИ фатвое содир накард?Аз одамон даъват накард, ки аз ҲНИ пайравӣ накунанд.Чун он вақт Наҳзати Исломӣ танҳо ҳизби динии  парлумонӣ дар қаламрави шӯравии пешин буд ва ҳузури он дар муҳити сиёсӣ барои “пешво”ю ҳукуматаш мушкилсоз набуд. Вале имрӯз, баъде, ки “пешво” ҲНИ-ро чап гирифт, ҳамин Саидмукаррам фатво содир мекунад.

 

    Оё ин Шӯро хидматгузори ислом ва шариати исломӣ аст ва бар мабнои аҳкоми шариъати ислом ва тибқи фиқҳи мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) амал мекунад, ё як бахш ва шӯъбае аз дастгоҳи иҷроияи “пешво”?  Ҳарчизеро ки Эмомалӣ дастур медиҳад, агарчи он ҳатто зидди шариат ва аркони ислом бошад ҳам ба қолаби фатво дароварда тавсияи мардуми мусалмон мекунед. Чизе, ки манзалат ва арзиши фатвои Шӯрои уламоро ба хок яксон мекунад ин аст ки агар ҲНИ“хилофи шариати Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ”буд, чаро қабл аз Саидмукаррам, раисони қаблии Шӯрои мазкур марҳум шайх Амонуллоҳ Неъматзода чунин фатво надоданд ва Раҳмону дастаашро нафаҳмониданд, ки Додгоҳ (дар соли 1999 )ба он иҷозаи фаъолияти дубора надиҳад. Худи Саидмукаррам аз соли 2010 ба ин тараф раиси Шӯрост вале баъди ҳашт сол мегӯяд, ки ҲНИ хилофи шариат ва мазҳаби ҳанафӣ аст.Чаро ин ҳама муддат, агар мутмаин буд ,ки ҲНИ хилофи шариат аст, сокит буд? Пас, ин ҳама муддат шариатро неву иродаи Эмомалиро аз он бартар донистаааст. Ҳоло, ки дар ин дунё мунофиқӣ ва дурӯягӣ ва риёкорӣ мекунад, фардо дар он дунё чи ҷавоб медода бошад? Вой бар чунин муфтӣ ва вой бар чунин соҳиби фатво… 

 

    Аз чунин фатвоҳои зиддишаръии ин Шӯро ва раиси он як намунааш иҷозаи қатъи рӯза барои коргарони нерӯгоҳи Роғун дар  моҳи шарифи Рамазон буд, ки дар тамоми тӯли таърихи ислом дар манотиқи осиё собиқа надошт. Фатво дода буд, ки барои иҷрои корҳо дар ин сохтмон метавонед рӯзаатонро  бихуред ва ин ҳолатро ҳама дар шабакаҳо диданд,ки муовини Сайдмукаррам динфурӯши дигар Ҳусайн Мусозода дар ҳузури “пешво” тасдиқ ва ношармида ин сухани куфрашро тибқи Қуръон хонданд,ки хело нодир дар таърихи ин миллат буд. Дуруст баъд аз онки Раҳмон ба деҳқонону коргарон дастур дод, ки тобистон гарм омадааст, рӯзаатонро бихуреду кор кунед.

Саидмукаррам ҳам аз фарзи худо мункир шудаву  коргарони Роғунро бар рӯзахӯрӣ фатво дод. Аз ин рӯ вай на муфтӣ, балки ёрдамчии раиси ҷумҳур дар умури динӣ ва он ҳам зиддиисломӣ аст ва ба ҳайси як “завадел”-и ҳизби халқӣ демократӣ ва ё вакили Маҷлис аз ин ҳизб, ки нукоти “Паём”-ро шарҳ медода бошад,амал карда, фаромуш мекунад, ки чи рисолате бар ӯҳда дорад.Рисолатеро, ки имом Абуҳанифа(раҳ)  ҷуръат накард бар дӯш бигирад, агарчанде барои ин нофармонӣ зиндонӣ шуд ва шалоқ хурду бо он асарот аз олам даргузашт. Шуморо намедонам, аммо ба назари ман  бештар монанд ба як коҳин, як усқуф,як хохом, як роҳиби салибкашоли зуннорбаста аст.

 

    Чунин фатво ба мисли дигар аъмолу қавоиди зиддиисломии ҷорикардаи Эмомалӣ аз қабили манъи ҳузури наврасону ҷавонони то синни 18 дар масҷид,манъи занон аз рафтан ба масоҷид, барафкандани сатри модарон ва хоҳарон, манъи таҳсили заруриёти динӣ дар хона,манъи гузоридани намоз ба ҷуз аз ду-се ҷое, ки Эмомалӣ  муқаррар кард,муқаррар намудани сину соли ҳаҷравандагон пас аз чилсолагӣ,манъи азон аз баландгӯяк,бастани мадориси исломӣ,муассисаҳои исломӣ, бастану вайрон кардан, ба чойхонаву кинотеатр ва дорухонаву тарабхона бадал кардани садҳо масҷид,зиндон кардани уламои ҳақ гӯй,аз минбарҳои масоҷид дур кардани уламои ростин,инҳама таҷовуз ба ҳарими муқаддаси мардуми мусалмони тоҷик аст.

 

 Ҳам рӯза ва ҳам намоз ва ҳам сатру ҳиҷоби занҳо аз аркон ва фаризаҳои дини мубини ислом аст, ки тағйир ва таҳрир дар онҳо боиси муртад шудани банда хоҳад шуд, он хоҳ раис бошаду хоҳ омӣ ва инро Сайидмукаррам хеле ҳам возеҳ медонад. Вале  ҳатто як маротиба барои  ҷилавгирӣ аз ин ҳама аъмоли зишт садо баланд накард. Аз ҳамон рӯзе, ки Саидмукаррам дар курсии қазовати шаръии кишвар нишаст шариат ва дини муҳаммадӣ беш аз ҳарвақти дигар хору залил ва кӯчаку хонагӣ шуд. Чуноне гуфтем  Шӯрои уламои зери назари Сайидмукаррам дар асл як шӯъбаи таблиғу ташвиқи режими кунунии кишвар аст. Мубаллиғи касест, ки сараш саҷдаро намебинад, аз дину аз ислом қимоб аст, бар дастури ӯ фатвои зидди шаръӣ медиҳад.  Ба хотири нафси индунёӣ охираташро қурбон карда аст. Обрӯ ва нақши раиси Шӯрои уламо имрӯз пойинтар аз сифр аст, вагарна имомхатибони масоҷиди ноҳияи Шаҳритусро водор намекарданд, ки дасти қатъшудаи ҳайкали Ленинро дубора дуруст кунанд. Дар ҳеҷ кишвари дунё,ҳатто дар замони шӯравӣ, ки таълимоти бехудоиро пеш мебурд ва динро афюн мешуморид, муллову имомони масоҷид ба ин андоза таҳқиру помол ва беобрӯ нашуда буданд: имомхатибони масоҷиди кишвар барои консерти Севинч-ҳофизаи ӯзбакистонӣ билет хариданд, водор карданд, ки гимнро азёд кунанд ва барои надонистани гимн аз хатибӣ барканорҳам шуданд, пул ҷамъ карда ба матбуоти ҳукуматӣ обуна бишаванд ва ғайраву ғайраҳо, ки қабл аз Саидмукаррам ин залилу забунсозӣ ва пастзаниҳоро касе дар хотир надорад.Муллову домулло, ки барои ҳар хонадони тоҷик як шахси муҳтарам ва мавриди эътимод аст, дар ягон давр ба ин ҳоли бад ва ба ин зулму ситам мубтало нашуда буд.

 

    Бидуни тардид, вақте Шӯрои уламо мунофиқӣ мекунад, онро наметавон марҷаъи динӣ ҳисобид. То ҳамин ҳоло, ки чандин сол аз интисоби рафиқ Сайидмукаррам ба мақоми раҳбарии Шӯрои уламои кишвар мегузарад, ановине чун муллову домулло ва мавлавӣ ё шайхро касе бар ӯ муносиб намебинад. Дар ҷое ҳам зикр нашудааст ва надидаем, ки қабл аз номи ӯ аз ин унвонҳо ёд карда бошанд. Масалан шайх Сайидмукаррам ва ё домулло ва ё мулло Сайидмукаррам. Дар воқеъ ӯ ба ин мақом на аз имоматӣ дар кадом масҷид, балки аз ҳукумат омадааст ва корманди Кумита буд.Кадри номенклатура.

       Як нуктаи бисёр ҳам низоъу нифоқангез дар фатвои мазкур ба ҳошия гузоридани шаҳрвандони кишвар,ки онҳо аҳли ташайюъи Исмоилии Бадахшон аст: “пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ омили асосӣ ва муҳим барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад…. 

Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд. Мо мардуми мусулмони Тоҷикистон бояд дар ақидаи худ устувор бошем ва аз ҳар гуна фирқаву равияҳои навпайдо дурӣ ҷӯем”.

Акнун наздик ба 250 ҳазор мусалмони пайравони мазҳаби исмоилӣ-мардуми сарбаланд ва ғаюри куҳистони Бадахшон чи кор бояд кунанд? Онҳо ҳам аз баҳри мазҳабашон бигзаранд ва ҳанафӣ бишаванд? Ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии онҳоро Шӯрои уламо на як бору ду бор аст, ки поймол карда ва бар иззати нафси мардуми Бадахшон мерасад.  Саидмукаррам  ҳам мисли Шералӣ Хайруллоев, ки бо артиш  ба ин вилоят юриш бурда ва гуфта буд барои президент Раҳмон овози бадахшониҳо даркор нест, ин мардумро аз табаияти Тоҷикистон  ҷудо ва хориҷ кардааст. Ошкоро нописандӣ ва нодидагирии мазҳаби сокинони мусалмони Бадахшон, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд хиёнат ва тавҳин барои мардуми он минтақа аст, ки сахт нобахшиданист. Гумони ғолиб ин аст ки амдан он хитта ва он мардумро ҷудо ва бегона нишон медиҳанд.Ончӣ дар ин авохир бо пешвои динии ин мардум карданд аз он чизе намегӯям ва ҳамаатон шоҳиди он ҳастед.

 

 Як нуктаро мебояд тазаккур дод, ки Сайидмукаррам, фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмилалии Исломободи Покистон “Ҷомеъаи исломӣ” аст,ки бо сармояи Оли Саъуд фаъолият мекунад ва яке аз марокизи таълимии ҷараёни Салафия мебошад.Инки ӯ то чи ҳад  нафаре ҳанафӣ ва ё баракс салафии бидуни мазҳаб аст, ба худаш ва виҷдонаш бастагӣ дорад ва касе ба он дахолат карданро ҳақ надорад чунонеки режим имрӯзҳо мекунанд ва бо он ҷурм бо кумаки Сайидмукаррам зиндонӣ дорад. Вале дар расонаҳои Тоҷикистон чандин матолибе  ба табъ расида буд, ки гароиши ошкорои ӯро бо ҷараёни Салафия нишон медод.  Аммо як нуктаро ҳанӯз ҳамон солҳои таҳсилаш дар Покистон донишомӯзони дигари тоҷик пай бурда буданд, ки ӯ рафтор ва кирдорҳои як муҳассили одиро надошт ва бештар ба як гумоштаи идораҳои амниятӣ монанд буд. Ва ин нукта ҳам таваҷҷӯҳбарангез аст ки Сайидмукаррам ягона шогирди ин донишгоҳ буда,ки бо мусоидати молиявии ҳукумати Тоҷикистон шомил шудааст.    

 

  Нуктаи дигаре, ки бори дигар бар бебунёдӣ ва бар “тарошаи уфтода аз бом” будани ин фатво ишора мекунад ин аст ки дар хеле аз мамолики мусалмонӣ аҳзоби исломӣ амал мекунанд.Ва раҳбарияти ин аҳзобро аз уламои забардасту маъруфи олами ислом бар дӯш доштанду доранд.Як намунааш раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон,профессори илоҳиётшинос, шаҳид Бурҳониддин Раббониаст, ки чандин сол раёсати ҷумҳурии Давлати Исломии Афғонистонро ҳам бар ӯҳда дошт.Намунаи дигараш Рошид Ғаннушӣ раиси ҲНИТ,ки пас аз муборизаҳои тулонии 25 солааш бори дигар пас аз инқилоби Тунис ба кишвараш баргашт ва ағлаби порлумони ин кишвар курсиҳояш дар ихтиёри ин ҳизб аст.Намунаи Миср ва ба қудрат омадани Муҳаммад Мурсӣ,ки аввалин шахси мулкии интихобгашта буд,ки бо дасисаҳои муллоҳое чун Мукаррам бо хоиноне чун Сисӣ барканор гашту зиндонӣ шуд. Ҳоло кас ҳайрон мешавад, ки магар онҳо ба ҳадди Саидмукаррам аз дину аз ислом хабар надоранд ё надоштанд, ки ҲНИ “хилофи шариат  аст ва пайравӣ” аз он дуруст нест? Ё ин ки ҳамаи онҳо дидаву дониста ва огоҳона муқобили шариат ҳизбу созмонҳои исломӣ ташкил дода ва ҳазорон ҳазор аз онҳо пайравӣ кардаанд?

    Гумон намекунам, ки чунин бошад. Аммо боз ҳам такрор шавад мебояд тазаккур дод, ки Шӯрои уламои имрӯзаи Тоҷикистон, ки худро  масъули масоили шариъати исломӣ мешуморад, наметавонад марҷаъ ва маркази исломӣ бошад ва холисанлиллоҳ аз аҳкоми Илоҳӣ ва аҳодиси Расул ва муқаддасоти ин дин дифоъ кунад, балки ходим ва муздури ҳукумати динситезу исломбезор аст..

PS: Раиси Шӯрои уламо аз онки барномаҳояш барои бадномсозии ҲНИТ дар Туркия нақше бар об шуд ва худ ва ҳамроҳонаш шармандаву шармсор шуданд сабақ намегирад. Боз ҳам ба бадном ва тӯҳматзаданҳояш идома медиҳад.

Аммо ӯ агар ки як муфтӣ ва як марҷаъи мустақили динӣ буд ҳоло мерафт ва дар канори мардуми Исфара  рост меистод ва ё мерафт ба назди муфтии Қирғизистон ҷаноби Муфти Мақсат ҳоҷӣ Тоқтомушев ва роҳи ҳалли ин низоъро меҷуст,будуни шак мардуми Қирғиз ба уламои динашон ва муфтияшон эҳтиром доранд.Ё инки дар чунин ҳолатҳо аз инки бар алайҳи ҲНИТ мақола навиштан чӣ суд? Дар сомонаи ин шуро намешуд мардумро ба як хештандорӣ ва ё ақалан ҳамчун як ниҳоди динӣ, таъзияе аз кушташудагон мекард? Аммо ӯ танҳо дастур иҷро мекунад, мисли як бардае, ки кадом ҳаққу ҳуқуқе надорад, то онки амраш надиҳанд. Ва он вақт буд, маълум мешуд ӯ як мақоми динӣ аст ва як рӯҳонии соҳибтадбир ва бофаросат, ки тавонист рисолати худро иҷро кунад. Аммо …

Share This Article