Фазилати намоз дар масҷид!

Фазилати намоз дар масҷид!
- Рафтан ба сӯйи масҷид барои гузоридани намоз дараҷаи (шахсро) мебардорад ва хатоҳои(шахсро) аз миён мебарад!
- Барои шахсе,ки ба сӯйи масҷид меравад даҳ ҳасанот(неки) навишта мешавад!
-Навишта мешавад аз ҷумлаи намоз гузорон аз ҳангоми хориҷ шуданаш аз хонааш то вақти баргаштанаш ба хонааш!
- Беҳтарини ашхос дар намозгузорандагони (масҷид) он шахсе мебошад,ки дӯртар бошад (хонааш) аз масҷид!
- Ҳар қадаме мегузорад шахс ба сӯйи масҷид барои адои намоз барояш садақа ҳисобида мешавад.
- Зиёд рафтан ба сӯйи масҷидҳо ба мисле ҳаст,ки дар роҳи Худо дар набард намудан аст!
-Худованд зиёфтае меорояд дар ҷаннат барои шахсе,ки субҳгоҳон ба сӯйи масҷид меравад ва шомгоҳон!
- Худованд нурашро мефишонад дар рӯзи қиёмат барои ашхосе,ки дар торики ба сӯйи масоҷид мераванд(яъне субҳ барои адои намози субҳ ва шому хуфтан)!
- Аҷр ва подоши шахсе,ки хориҷ мегардад аз хонааш бо вузу ва пок барои адои намоз дар масҷид ба монанди подош вааҷри ҳоҷиеки дар ҳолати эҳром аст!
- Шахсе,ки хориҷ мегардад ба сӯйи масҷид пас ин шахсро замонат аст аз ҷониби Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ризқу рӯзияш ва Худованд ( барояш ҷаннатро ваъда карда ва дар дунё низ сариштааш менамояд)!
- Икром ё иззат менамояд Худованд шахсеро,ки зиёрат намояд Ӯ таъолоро(бо адои намози ҷамоъат дар масҷид,ки хонаи Ӯст) ба зиёда гардонидани имон,эҳсон,савоб ва мебардорад дараҷаи он шахсро!
Пас хонандаи азизу гиромӣ вақте адои намоз дорои чунин дараҷаҳо ва фазилатҳост чаро дар адои намозҳоямон дар масҷид кутоҳи менамоем? Дар ҳолеки зиёде аз мо ин шароитро дорем ҳатто хонаҳоямон дар назди масҷид аст вале худро аз ин ҳама фазлу аҷру савоб маҳрум менамоем.Худоё қалбҳои моро ҳамеша устувор бидор ва адои ҳама намозҳоро дар масҷид осон бигардон омин!

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.