Фазилати оҳистагӣ ва шитоб накардан

Фазилати оҳистагӣ ва шитоб накардан

Паёмбари акрам (с) Валид ибни Уқбаро барои ҷамъ кардани закот ва садақот ба қабаилаи бани Мусталиқ баргузид. Қабилаи бани Мусталиқ Валид ибни Уқабро диданд, ки омада истодааст барои истиқбол ба сӯяш шитофтанд. Валид ибни Уқба гумон кард, ки онҳо аз дини ислом даст бардошта, ба сӯяш меоянд, то ӯро бикушанд. Ӯ шитоб намуда, нагузошт аз ҳақиқати амр огоҳ шавад, ба шаҳр бозгашта, паёмбар (с)-ро аз қазия бохабар сохт. Паёмбари гиромӣ (с) Холид ибни Валид (р)-ро бо сипоҳиёни мусалмон фиристод ва ба тааммул кардан супориш фармуд ва амр кард, ки то ҳақиқати амр равшан нашавад бо бани Мусталиқ шитоб накунед. Қабл аз ҳамла ба онҳо Холид ибни Валид (р) чанд нафареро аз ҳамроҳонаш фиристод, то аз аҳволашон бохабар шавад. Он афрод боз гаштанд ва гуфтанд: Бани Мусталиқ аз дини ислом ва таъолимаш даст накашидаанд ва дар онҷо садои азон низ шунида шуд ва намоз барпо дошта мешавад. Холид ибни Валид бидуни ҷангу хунрезӣ назди паёмбар (с) бозгашта, хабар дод, ки бани Мусталиқ аз ислом ва таъолимаш даст накашиданд. Дар ин маврид Худованди Мутаол ин оятро фиристод:

«Эй касоне, ки имон овардед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед».
(Сураи Ҳуҷурот, ояти 6)

Паёмбари акрам (с) Усома ибни Зайдро ба сӯи қавмҳое, ки даъвати дини исломро рад карда буданд баргузид. Усома (р) бо афродаш ба онҳо ҷангиданд ва шикасташон доданд. Марде аз он қабила фирор кард. Усома (р) ва яке аз ансорӣ ӯро таъқиб карданд. Ҳангоме, ки наздики марди фирорӣ шуданд наздик буд, ки ӯро ба қатл расонанд. Мард гуфт: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ Худое нест ҷуз Худои ягона». Ансор аз куштани ӯ даст кашид, вале Усома гумон кард, ки мард аз тарси кушта шудан калимаи шаҳодатро бар забон овардааст, пас бо найзааш зарбае зада, ӯро кушт. Вақте ба Мадинаи мунаввара расиданд, паёмбари акрам (с) аз он итифоқе афтода буд огоҳ шуд ва фармудаанд: «Эй Усома, оё баъд аз инки калимаи шаҳодатро бар забон ронд ӯро куштӣ? Усома ҷавоб дод: Эй паёмбари Худо (с) ӯ паноҳҷӯянда буд (бо гуфтани калимаи шаҳодат аз кушта шудан халос гардад.) Паёмбар (с) боз ин суханашро такрор намуд, эй Усома, оё баъд аз инки калимаи шаҳодатро бар забон ронд ӯро куштӣ? Ва ин суханро чунон такрор намуд, ки орзӯ кардам кош аз ин рӯз мусалмон нашуда будам».

Дар ҷанги Бадр Сухайл ибни Амр ба асорати сипоҳи ислом даромад. Сухайл шахси суханвару балиғе буд, бинобарин ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) хост ба зарбае дандонҳои ӯро шиканад, то дигар барои суханронӣ кардан ва мушриконро ба ҷангидан тарғиб накунад. Умар ибни Хатто (р аз паёмбар (с) иҷозат хост ва гуфт: Ба ман иҷозат бидеҳ, то дандонҳои Сухайлро барканам, то алайҳи мо суханварӣ накунад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Роҳаташ гузор шояд рӯзе мояи хушҳолии ту гардад». Дар фатҳи Макка Сухайл имон овард ва исломашро некӯву зебо намуд. Ҳангоме, ки паёмбар (с) вафот намуд, гурӯҳе аз аҳолии Макка қасд доштанд аз дини ислом рӯгардон шаванд, вале Сухайл (р) бархост ва барои онҳо суханронӣ кард ва Худовандро ба ёдашон овард ва онҳоро ба тамассук ба дини Худованд ташвиқ намуд. Мардум ба суханонаш гӯш дода, аз ӯ итоат карданд.

Оҳистагӣ чист?

Оҳистагӣ дар коре шомили пойдорӣ ва шитоб накардан мебошад. Фарди мусалмон дар ҳар коре бо тааммул амал менамояд. Шахси мусалмон дар корҳои хеш ғафлатро роҳ надода, балки кӯшиш мекунад, то вазифаашро бо дирангу итминон ва ихлосҳои ният идора кунад. Ҳазрати Алӣ (р) фармуд: «Шитоб дар амал мавриди пастӣ нест, балки амали нек ва беҳтар мадди назар аст. Ҳамоно мардум намепурсанд дар чӣ мадд кор тамом шуд, балки ба комил будан ва дурустии он кор менигаранд».

Донишомӯзӣ дар мутолиаташ диранг намудан ва ҳавсала ба харҷ медиҳад ва дар натиҷаи ин кор дарсҳояшро ба хубӣ мефаҳмад. Баъзе аз ҳокимон гуфтаанд: Касе, ки ба ҷавоб додан шитоб кунад аз ҷавоби дурӯғ дур шудааст. Низ гуфтаанд: Бо диранг намудан ба ҳар ончӣ, ки хоҳӣ мерасӣ.

Фарди мусалмон дар ибодат ва тоаташ хушуъ дошта, ибодатро бо оромишу оҳистагӣ ва комили диққат барои Парвардигори ҷаҳониён ба анҷом мерасонад. Рӯзе паёмбар (с) мардеро дид, пас аз намозаш дуо кард ва дар дуояш Парвардигоро тамҷид нагуфт ва бар Паёмбар (с) салавот нафирист. Паёмбар (с) фармудаанд: «Эй намозгузор, шитоб намудӣ!».

Фарде намоз мегузошт ва баъд аз намоз дуо кард ,паёмбар (с) шунид, ки дар дуояш Худовандро ситоиш мегӯяд ва ба паёмбар (с) салавот мефиристод. Паёмбар (с) фармуд: «Дуо кун, ки иҷобат мешавад ва бихоҳ, ки дода мешавад».
(Ривояти Насоӣ)

Фарди мусалмон дар иҷобати дуои хеш шитоб намекунад. Тавре паёмбар (с) фармудаанд: «Иҷобат мешавад барои ҳар яке аз шумо, то модоме, ки шитоб накунед ва нагӯед, ки Парвардигорам дуо кардам ва дуоямро иҷобат накардӣ».
(Имом Бухорӣ ва Муслим)

Фазилати шитоб накардан

Паёмбар (с) фармудаанд: «Мазҳари некӯкорӣ ва оҳистагӣ кардан ва сарфаҷуйӣ бахше аз бистучаҳор бахши нубуват аст».
Паёмбар (с) ба яке аз ёронаш фармуд: «Дар ту ду сифате вуҷуд дорад, ки Худованд онро дӯст медорад. Бурдборӣ ва таанӣ (фикр) кардан».
(Имом Муслим)

Дар ҳадиси дигар паёмбар (с) фармудаанд: «Таъни (андешидан дар ҳар коре) аз Худованд аст ва шитоб варзидан дар ҷое, ки лозим нест аз шайтон аст».
(Ривояти имом Тирмизӣ)

Шитоб кардан дар корҳои хайр

Паёмбар (с) фармудаанд: «оҳистагӣ кардан дар ҳар коре ба ҷуз корҳои марбута ба охират некӯист».
(Ривояти имом Абӯдовуд)

Паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳамеша мардум ба хайранд, то модоме, ки дар ифторашон шитоб намоянд».
(Имом Бухорӣ ва имом Муслим)

Аз ин рӯ возеҳ аст оҳистагӣ кардан дар корҳои хайр ҷоиз набуда, бояд дар иҷрои он шитоб варзид. Худованд мефармояд: «Бар якдигар пешӣ гиред барои омурзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт, ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барои парҳезгорон муҳайё шудааст».
(Сураи Оли Имрон,ояти133)

Инҷо шитоб намудан роҳе барои дастёбӣ ба биҳишт аст. Аммо дар мавриди соири умури дунявӣ мусалмон бояд ба оҳистагӣ амал кунад.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.