Фирдавси БДА, бо Зоири домоди Президент чӣ алоқа дорад?

Ислоҳ нет

Амирзода (Амирқулов) Фирдавс Муҳаммадҷон писари марҳум Амирқулов Муҳаммадҷон собиқ полковники милитсия аз ноҳияи Шаҳринав аст. Ин шахс, подполковники милитсия дар Раёсати вилоятӣ дар ДПС-и ГАИ кор мекунад. Ин як милитсионери буз ва «подставчик» аст. тамоми кормандони милитсияи вилоят ӯро бад мебинанд. Кори ҳаррӯзааш «подстава» кардани кормандони ГАИ буд. Махсусан гаишникҳои бетағаро подстава карда маблағҳои калон мегирифт. Ин нафар дар қочоқи маводди мухаддир ҳам шарик мебошад. Вақте дар вилояти Хатлон кор мекард бо 3 кило героин дастгираш карданд. Падараш омада халос мекунаду бар ивази пулу пора оварда-перевод гирифта дар раёсати БДА ВКД ҶТ дар Душанбе боз дар ҳамон шуъбаи ДПС ба кор мемонад. Дар ҷанозаи падараш вазири онвақтаи дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ҳам омад буд. Абдураҳим Қаҳоров вазири собиқи ВКД ва чӣ шахсияте будани ӯро ҳама миллат медонанд, ки чӣ нақшаҳои шумеро дар ин ниҳод ба ҷой гузошта буд.

“Бо машварати ӯ хело Раҳмонов амалҳои нангинеро анҷом додааст, ки маҳз ӯ тарроҳ ва машварат диҳандаи ин ҳама буд. Модари Фирдавс муаллима аст. Ба Қаҳҳоров мегӯяд, ки Фирдавсро сардори шуъбаи БДА дар ноҳияи Шаҳринав таъин кунад. Зеро Қаҳҳоров бо падари Фирдавс Амирзода якҷо кор карда ва робитаи наздик доштанд ва равуо мекарданд. Қаҳҳоров Фирдавсро сардори БДА-ГАИ таъин мекунад. Фирдавс Амирзода мардуми ноҳияро зулми зиёд мекард. Тақрибан ҳар моҳ мошини гаронарзиш иваз мекард. Ҳамаи мардум медонанд, ки аз пули тиҷорати наркотик аст ин ҳама мошинҳову дову даста. Фирдавс Амирзода ҳатто ҳамдеҳагони худашро дар Русия бо наркотик «подстава» кардагӣ аст.”

Баъдан пули калонро ба Зоири домоди президент доду ба вазифаи сардори шуъбаи БДА-и Ҳисор омад. Аз рӯи гуфтаи наздиконаш Фирдавс Амирзода бо Зоир рафтуомади наздик дорад. Чунки дар интиқоли героинҳои Зоир ба Федератсияи Русия нақши муҳим мебозидааст. Фирдавс Амирзода дар Русия одамони зиёд дорад. Бидуни иҷозати расмӣ, ҳар вақте хоҳад ба Дубай ва Туркияву Москва рафта истироҳат мекунаду оромона бар мегардад. Корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ иҷозат бигирад, лекин Фирдавс Амирзода  бе иҷозат меравад. Бо ханда мегуфтааст: “ман иҷозати Зоира дорам, дигар задагиям любойташа,мада ҳама дунё рафтан зелёный светофор аст. Манда иҷозати вазир лозим нест,худтон хуб медонен инро”.  Ҳатто дар Русия ҳам «резултат»  нишон медиҳад. Ҳатман якон касро «подстава» карда ба мақомотҳои Русия месупорад. Бузи ва “подства” дар хунаш шарён дорад. Барои вай маълумотро одамони худаш, ки ба паҳн намудани героин дар Русия машғуланд, медиҳанд. Вай бо ин роҳ ҳам рақибони одамони худашро аз сари роҳ мебардорад ва ҳам «резултат» карда барои худ обрӯ касб мекунад.

“Дар шаҳри Ҳисор низ ба мардум ва алалхусус ба ронандагони таксиҳо ҷабру зулми зиёд карда ҳамаро ба дод оварда буд. Ҳаррӯз коргаронашро маҷбур мекард, ки 10тоӣ протокол кунанд, чунки чи қадар протокол зиёд шавад ҳамон қадар ба фоидаи кисаи Фирдавс мешавад. Масалан агар 55 сомонӣ ҷарима кунад  аз ронандаҳо 200 сомонӣ мегираду 55 сомонашро ба давлат месупораду боқимондаашро дар кисаи худаш мезанад.”

Агар коргаре 10 протоколро буд накунад ё гапгардонӣ кунад дар ҳол бо ягон баҳона «подставит» мекунад. Чунки нафсаш бениҳоят калон шудагӣ аст. Як рӯз бачаҳои Ҳисор -белайдузиҳо бурда дар тарафи қалъаи Ҳисор таги трусӣ  мекунанду мегӯянд, ки агар аз ин ноҳия баромада наравӣ шармандаат мекунем. «Ин дафъа оварда сиёмка карда дар интернет мепартоемут, аз зулми ту безор шудай мардум, ту худат як наркобизнесӣ, ҳама медонад туро».

  “Дар ҳол ба назди Зоир мераваду аз шармаш ҳодисаро намегуяду мегӯяд «ма и пула гиру маро дар ноҳияи Синои 2 сардори БДА мон”. Дар ноҳияи Сино ҳам як ҳамкурсаш сардори ШКДВ буд-як наркобизнеси дигар. Ду наркобизнес якҷоя мусобиқа мекарданд. Дар як руз, ки чанд занро мерасад ва коргаронашро ҳам рӯз намедод.”

Таксиҳои аз маҳаллаи Зарафшон ба самти шаҳри Ҳисор, Шаҳринав ваТурсунзода мерафтагиҳо безор аз дасти ин золим шуда буданд. Вай маблағи калон дода буд, бояд сардори БДА-и Душанбе таъин мешуд. Аммо сардори БДА-и Душанбе одами Ҳасани Асадулозода будааст, зӯраш нарасид. Сипас дар Раёсати БДА-и ВКД сардори шуъбаи назорати молиётии Раёсат таъинаш карданд. Як чанд моҳ кор карду як бустонсаро дар дараи Қаратоғи ш.Турсунзода дошт ба Зоир доду вазифаи сардори шуъбаи БДА-и Турсунзодаро гирифт. Барои вазифа, додани маблағро дареғ намедорад. Аммо аз дигарон пули додагии худашро ду баробар карда мегирад. Аз ҳар вазифае, ки меравад онро ба нафари наздики худаш бар ивази пули калон дода меравад.

Мегӯфта бошед, ки вазифа аз падараш мерос монда бошад. Дар Турсунзода занҳоро ба дод оварда буд.

Ҳар зане ба у писанд меомад, ҷустуҷӯ мекарду мефаҳмид, ки додараш ё акааш ё падараш, хулоса, ягон наздикаш мошин дошта бошад бо ягон баҳона мошинашро маҳкам мекард, то ҳамон зан агар намеомад гапи ягон касро намегирифт, коре мекард ҳамон духтар биёяд . Ҳама коргарони мақомот медонанд,ки Фирдавс як «подставчик»-и гузаро аст. Ҳар куҷое,  ки ба кор меравад, аввалин коре мекунад, сардори милисаашро муттаҳам мекунад: ё бо ягон зан, чун бевабоз ҳаст ё бо додани пора ва бо запис кардан ва шантаж кардан. Чунки дилаш пур аст, ки Зоири домоди президент пушташро мегирад. Дигар гӯш намекунад ҳеҷ сардореро.

  “Шоҳ Искандар, ки чандин сол сардори ШКД-ии Турсунзода ва хело роҳбари зираку доно буд ва дар бораи Фирдас хабар дошт. Фирдавс ду ронандаи мастро меқападу ҳолати мастиашонро муайян карда, чун ҷаримаи баланд дорад, 15 ҳазор сомониашонро мегираду раҳо мекунад. Шоҳ аз ин кор хабардор мешавад. Супориш медиҳад ронандаҳоро меоранд. Кормандони оперативӣ баёноти онҳоро мегиранд. Шоҳ дар «развод»-и пагоҳирӯзӣ ба тарафи Фирдавс гуфт «ман аз он роҳбарои мегуфтагии ту нестам. Ман тувори шантажёрора чуб мезанам»! Муҳим бо восита аз чанголи Шоҳ ҳам халос хурд,ана зури шаҳр.”

Фирдавс чанд хона дар ш.Турсунзода, чанд хона дар Душанбе ва чанд хона Хуҷанд дорад. Баъзеи онҳоро ба иҷора додааст. Дар ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав бо баҳонаи ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлати объектҳои ҷашнӣ гуфта, (корманди ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи соҳибкорӣ надоранд) як толори варзишӣ ва як блиярд сохту дигарашро барои худаш хона кард. Ва, онро ба номи модараш ҳуҷҷат намуд.

  “Аз Фарҳод як коргараш 80.000 доллар гирифта сардори шуъбаи БДА ш. Турсунзода таъин кард. Сулаймонзода Ҳокимшоҳ, хусурбачааш аст, дар шӯъбаи муҳофизат (отдел охрана) кор мекард. Ӯро бар ивази даҳ ҳазор доллар пора аз онҷо овард ба Турсунзода ва ба ГАИ овард, ҷое, ки ҳуҷҷатҳои ронандагиро ГАИҳо гирифта месупоранд ва онҷо ронандаҳоро ҷарима мекунанд. Баъдтар боз 10.000 доллар дода ӯро ба ГАИи Ҳисор вале дар ҳамон шӯъбае,ки Турсунзода кор мекард, оварда монд. Яъне инҷои пул коркунӣ аст. Худаш ҷонишини Реои (яъне ҷои таҳияи номери мошину права) ба шаҳрвандон ба вилояти Суғд рафт.”

Як хусурбачаи дигараш Сулаймонзода Шуҳрат, подполковники милитсияро ҷонишини сардори Хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Душанбе таъин кард. Ин хусурбачааш бангӣ аст. Як бародар дорад бо номи Акрам –наркоман, дар шаҳри Турсунзода муаллим аст. Ба гуфтаи мардум Фирдавс ҳамин бародарашро ҳамчун «пробчик»-и борҳояш борҳо истифода кардааст.Вале ҳоло дигар аз ҳоли вай тамоман хабар намегирад.

Як хусурбачаи дигараш ҳам корманди милитсия дар вилояти Суғд буд, ки «передозировка» шуда мурд. Фирдавс бо ҳамроҳии хусурбачаҳош героинҳои Зоирро мефурушанд.  ( Бузмаков ) Аламшозода Абдураҳмон, Сафари Қалуғ аз Ғозималик, сардори шуъба дар Раёсати оперативии ВКД,ки бо номи 7 отдел машҳур аст, ҳамагӣ дар ин кор шариканд. Сафар Сафар яке аз наркобизнесҳои машҳур аст. Пеш дар Раёсати кофтукови ҷиноятӣ кор мекард. Шоҳрух Саидро гуш накард, ба кор намеомад, ӯро Шоҳрух пеш кард. Ӯро бар қасди Шоҳрух «павишени» доданд. Сардори шуъба шуд. Фирдавс ва Сафар қалуғ аз пулҳои наркотик ширкати хонасозӣ низ доранду дом месозанд. Айни ҳол дар поёни Гулистон, назди Театри ҷавонон дом бардоштанд. Инҳоро тамоми мақомот медонанд. Медонанд, ки наркотик мефурӯшанд ва наркобизнесҳои калонанд.

“Шуҳрати хусурбачааш мегуфтааст, ки бар қасди ҷияни президент Сафарзода Фахридин (сардори собиқи милисаи Шаҳринав) ,ки маро аз кор пеш кард10 ҳазор доллар додам ва дар Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии  шаҳри Душанбе нозири калони корҳои раводидӣ таъин шудам. Якчанд моҳ кор кардам 15 ҳазор доллар додаму ҷонишин  шудаму ҳам рутбаи подполковникӣ гирифтам. Аммо ҷияни президент бекор аст. Аз вазифа барвақт гирифтанаш. Худашро коргари содиқу пок мегирифт. Маро барои порагирӣ сур кард. Аммо, чихеле мебинед порагир болотар рафту коргари содиқ бекор монд гуфта масхара мекунад.”

Мегӯяд дар замони ҳозира барои содиқона хизмат мекардагиҳо ҷой нест. Камтар кор кунам боз пула медиҳаму сардории шуъбачаи шиносномадиҳии шаҳри Турсунзодаро мегирам ё ҷои ҳамин Шодӣ, ки сардори Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии Душанбе аст меравам. Роҳбари ҳозирааш Фирдавс язнаам, сардори БДА-и Душанбе бояд биёяд. Мо пул дорем, «криша» дорем, ҷияни президентро шикастем. Мо пул додему сиёҳаш кардем ва аз вазифа гирифтемаш…. Муҳим дар Тоҷикистон кришаат яке аз домодҳо ва ё хусурбачаҳои президент бошад дигар ҳама сад аст. Мо калонҳои ВКД ва КДАМро бо пул муттаҳам кардагӣ ҳастем.

Ps: Хонандаи гиромии “Ислоҳ” чуноне мебинед вазъ дар БДА чунин аст ва чӣ гӯна афроде дар ин мақомот кор мекунанд ва мардумро зулм ва ситам мекунанд. Бо додани пора ба домоду хусурбачаҳои “Пешвои миллат”. Боз ношармида “пешво2 мегӯяд: “Тоҷикистон ба пеш… “ Ба пеш яъне ба додани пора ба домодҳо ва хусурбачаҳои ман. Агар ба сиёсати давлат кор дор шуди дар назди қонун ҷавоб мегӯй…

Мо тасмим гирифтем дар мавриди чунин мақомоти БДА ,ки дар зулму ситами ронандагон машғуланд матолиб нашр намоем,то саффи чунин афрод дар мақомот кам шаванд. Натарсед,ки кришааш Зоири домод аст ё Ҳасани хусурбачаи “пешво” ё Рустами писараш ва ё Озодаи духтарашу нукарҳояшон ба “Ислоҳ” нависед,то миллат онҳоро хубтар шиносанд. “Ислоҳ” ба хотири он таъсис шудааст,ки бар алайҳи ин бедодгарон равшангарӣ намояд. Мо ҳамеша интизори шикоятҳои шумо ҳастем!

Share This Article