Гарданбанди алмос ва шайх

Ислоҳ нет

 

Ин қиссаро хондам ва бароям хело писанд омад, онро бароятон тарҷума намудам,то шумоҳам аз ин қисса ҳаловат ва панде бигиред.

 

Шайх ҳофиз Абубакр ибни Муҳаммад ибни Абдулбоқии Ансории Каъбӣ маъруф ба “Қози Алмористон” буд. Ӯ донандаи хуби фароиз ва ҳисоб ва ба илму адлаш маъруф буд,ӯ яке аз қозиҳои бузурги асри худаш башумор мерафт.Ӯ аз муҳаддисини маъруфи замони худашҳам буд ва дар Макка сукунат намудааст. Дар замони хилофати Аббосиҳо “Алмористон” яке аз муассисаҳои маъруфу машҳури он давр маҳсуб мешуд ва ин муассисаро худи халифаи Аббосӣ ва ё ноиби халифа зери сарпарастии бевоситаи худашон қарор дода буданд.Шайх ҳофиз Абубакри Ансорӣ дар ин муассиса аз худ осори илмии бо сазое ба ҷо гузошта ва шогирдони барумандероҳам тарбият ва ба ҷомеъа тақдим намуда аст.Соли 535 ҳ.қ дар Бағдод вафот намудааст.

 

Шайх ҳофиз Абубакри Ансорӣ чунин қисса намудааст:

 

Ман дар Макка дар назди каъба будам ва як рӯз хело гурусна мондам ва ҳеҷ чизе пайдонакардам,ки бихурам.Ҳангомеки мехостам барои хурдан чизе пайдокунам,то бихурам дар роҳ ба сӯйи хонаам як халтачае аз роҳ пайдо намудам,ки бо як риштаи заррин сарбаста буд.Он халтачаро гирифтам ва касе дар атрофам пайдо накардам,ки пурсам аз кӣ аст? Онро гирифтам ва ба хонаам омадам вақте он халтачаро кушодам як гарданбанде дар он буд,ки бо алмос оро дода шуда буд,ки дар ҳаётам чунин гарданбанди зеборо надида будам. Аз хона берун шудам,то соҳибашро пайдокунам ва ин халтачаро барояш бидиҳам.Дар роҳ як марди миёна умреро дидам,ки бо либосҳои зебо дар дасташ як халтачае ба мардум хитоб мекарду чунин мегуфт: “ман як гарданбандеро гум кардаам ва агар касе онро пайдо намуда бошаду бароям бидиҳад ин панҷсад динорро барояш ҳадя медиҳам”

 

 

Бо худ чунин гуфтам ман гурусна ҳастам ва ин гарданбандро медиҳам барояш ва ӯ ин маблағро бароям медиҳад ва меравам чизе мехараму мехурам.Ба ин мард гуфтам биё бо ман ва вақте бо ман омад вориди хонаам шуд гуфтам нишонаи он халтачаро бароям бигу.Ин мардҳам дақиқан ончӣ дар дасти ман буд онро комилан ва дақиқан тавсиф намуд.Он халтачаро барояш додам ва ӯҳам бароям он панҷсад динорро дод. Ман он маблағро аз ӯ нагирифтам ва ҳарчи исрор намуд,ки ин маблағ барои туст вале ман он маблағро нагирифтам,дар ҳоле то хона ба ин қасд омада будам. Намедонам дар дилам чизе пайдо гашт,ки маро аз гирифтани он маблағ боздошт. Он мард он халтачаро гирфт ва аз хонаам баромада рафт.

 

Манҳам пас аз чанд муддат аз Макка хориҷ шудам ва савори киштие шудам ва як тундбоде шуду ҳама молу колое дар ин кишти буда бо ҳама онҳоеки дар ин кишти савор буданд ғарқ шуданд.Ман ба як чубпоре аз боқимондаи ин кишти боқӣ мондам ва бо ин ҳол ба соҳил расидам,ки касе аз он мардумонро намешинохтам.Он минтақа чанд масҷиде дошт,ки дар онҳо давр мезадам вақте мардуми онҷо аз огоҳбуданам ба Қуръон ва улуми исломӣ огоҳ шуданд.Ба наздам меомаданд ва талаб мекарданд,ки барояшон Қуръон омӯзам.Манҳам ба ин кор замоне машғул шудам ва  алҳамдулиллоҳ ин мардум маро пул ва молеҳам доданд,ки зиндагониям хуб шуд. Пас аз он чанд варқҳое аз Қуръонро дар яке аз масҷидҳо пайдо кардам ва ба навиштан машғул шудам.Мардум фаҳмиданд,ки ман навиштаҳам метавонам,фарзандони худро ба наздам оварданд,то барояшон навиштанроҳам таълим бидиҳам.Ин корроҳам кардам ва аз ин корамҳам алҳамдулиллоҳ даромади хубе бадаст овардам.

 

Пас аз гузашти чанд моҳе мардуми минтақа бароям пешниҳод намуданд,ки бояд шумо оила барпо намоед ва осудагардед.Мо як духтари ятиме дорем ва ӯ аз оилаи хубе мебошад, мехоҳем шумо бо ӯ издивоҷ кунед.Нахуст рад кардам вале мардум дастбардор набуданд.Билохира пешниҳоди мардумро пазируфтам ва бо ин духтари ятим издивоҷ намудам. Пас аз никоҳ ҳамсарамро ба наздам оварданд ҳангомеки ба сӯяш нигоҳ кардам гарданбандеки дар макка пайдо намуда будам дақиқан он гарданбандро дар гардани ҳамсарам дидам.Ман ончунон ба он гарданбанд нигоҳ кардам,ки онҳое дар наздам буданд аз ин корам хушашон наомад.Бароям гуфтанд,ки эй шайх охир ончунон ба гарданбандаш нигоҳ намудед,ки духтар хиҷолат кашид ва фикр кард  ӯ ба шумо писанд наомадааст. Рӯй ба сӯйи онҳое дар ин маҳфили никоҳ нишаста буда намудам ва қиссаи ин гарданбандро барояшон намудам.Ҳама онҳое дар он маҳфил буда якҷоя шурӯъ карданд ба Аллоҳу акбар гуфтан,ки дар таъаҷҷуб мондам.Сабаби такбир гуфтани мардуми маҳфилро пурсидам чӣ хабар аст? Гуфтанд падари ин духтар ҳамеша дар ҳар маҷлисе менишаст ин қиссае дар макка гузаштаро мекард ва мегуфт ман дар ҳаётам чунин марди мухлис ва бо имонеро надида будам,ки ин гарданбандро пайдо кард ва бароям доду дар ивазаш аз ман чизе нагирифт.Инчунин ҳамеша дуъояш ин буд эй Аллоҳ мехоҳам он мардро дубора бубинаму ин духтари ягонаамро ба никоҳаш дароварам. Акнун мо фаҳмидем,ки Алоҳ дуъои падари ин духтарро иҷобат намуда будааст ва шумо бо духтараш пас аз вафоташ издивоҷ намудед.

 

Дар идома шайх мегуяд Аллоҳ бароям аз ин издивоҷ ду писар иноят намуд вале ҳамсарам аз дунё гузашт. Ин гарданбанд барои ман ва ду писарам ҳамчун мерос расид.Пас аз чанд сол ҳарду писарам дар овони ҷавони яке паси дигар вафот намуданд ва бозҳам ин гарданбанд ба ман баргашт.Пас аз он, ин гарданбандро ба садҳазор динор фурӯхтам ва ҳама ин сарвату хонаву тиҷорате,ки мебинед аз он гарданбандаст.

Аз ҳаҷри ту дар чашмам хуршед шавад суфта,

К-аз бас ки маро алмос андар басар афшонад.

Хоқонӣ

Share This Article