Генералҳои “шуришӣ”, кушта ва зиндонӣ шуданд. Ту ҳоло зиндаӣ!

Ислоҳ нет

Шаш тан аз генералҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо иттиҳоми кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ кушта ва ё зиндонӣ шуданд. Ва, аз ин миён танҳо ба Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ, раиси пешини Кумитаи гумрук ва дар гузашта аз фармондеҳони Фронти халқӣ муяссар шуд, ки муҳлати ҳабси худро ба поён барад ва феълан дар озодӣ қарор дорад.

Ёқуб Салимов, генерали тоҷик дар ҳамдастӣ бо Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги фирории тоҷик, ки на як бору ду бор алайҳи Эмомалӣ Раҳмонов даст ба шуриши мусаллаҳона задааст, муттаҳам мешуд. Вай аввалин генерали ҳукумати Раҳмонов мебошад, дар ташкили шӯриши мусаллаҳона алайҳи давлат муҷрим шинохта шуда буд.

“Вале барои бақия генералҳои тоҷик ҷазо хеле сангин омад”

Ғаффор Мирзоев, (Седой) фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ, дуввумин генерали тоҷик аст ки ба айни иттиҳом ва боз 27 моддаи ҷиноии ва 112 ҷиноят маҳкум ба зиндон шуд,  аммо ӯ маҳкум ба ҳабси абад шуд ва ҳоло ҳудуди 17 сол мешавад, ки паси панҷара қарор дорад. Инро бояд махсус таъкид кард, ки

“Ғаффор танҳо генерале буд, ки  фармони барканории худ аз мақоми фармондеҳии Горди раёсати ҷумҳуриро ба чолиш кашид ва барои чанд рӯз онро эътироф накард, беш аз ин ба қувваҳои таҳти итоаташ дастури ҳолати омодабош дод ва ҳатто чанд дидбонгоҳи изофӣ дар роҳу самти мақарри ин нерӯҳоро фаъол кард. Ғаффор Мирзоев аз ҳолати ҳарбӣ алайҳи давлати марказӣ замоне даст кашид, ки Эмомалӣ Раҳмонов ӯро шахсан ба ҳузур пазируфта барои сукут ва оромиши вай курсии раёсати Оҷонси мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводди мухаддирро дар ихтиёраш гузошт.”

Аммо ин як маневри сиёсие беш набуд ва маълум буд, ки дар як пайти муносиб ӯро ҷазои сангине дар камин аст ва ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯ дар қиёс бо Ёқуб Салимов ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар зимн, инро ҳам бигӯем, ки ҷонибдорони Ёқуб аз Ғаффор хеле зиёданд ва аз инҷо буд, ки Ёқуб Салимов тамоми сездаҳ сол зиндони худро дар СИЗО сипарӣ кард ва мақомоти тоҷик ошкоро изҳор дошта буданд, ки ҳузури Ёқуб дар зиндон хавфнок аст, чун обрӯ ва мартабаи баланд дорад. Ҳамин ки дар соли гузашта ба манзили зисти ӯ “наезд” ташкил карданд, ба он хотир буд, ки бори дигар зӯрӣ ҳукуматро бар ӯ нишон диҳанд. Ба нафаре, ки солҳои пешин на як бору ду бор бар сару рӯи Раҳмонов торсакӣ ва мушт задааст.

Дар ҳар ҳол аз миёни ин генералҳо танҳо Ғаффор Мирзоев буд, ки муқобили Раҳмонов ҳолати омодабоши ҷангӣ эълон кард. Дар муҳокимаи парвандаи ҷиноии ӯ, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ӯро дар паҳн кардани варақаҳои зидди раҳмоновӣ ва анҷоми таркишҳое дар назди биноҳои маъмурӣ аз ҷумла вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи замони Мирзо Зиёев низ муттаҳам карданд.

Бо ин вуҷуд ҳеҷ яке аз ин генералҳо, аз ҷумла ҳамин Ғаффор Мирзоев иттиҳоми мақомот дар бораи талоши анҷоми табаддулоти давлатиро қабул накарданд. Вале ин дигар чизеро наметавонист тағйир бидиҳад. Бино бар иттиҳоми мақомоти тоҷик Ғаффор Мирзоев якҷо бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров қасд доштанд, ки табаддулоти давлатӣ ба роҳ монанд. Воқеият доштани ин иттиҳом то ҳамин ҳоло таъйид нашудааст. Аммо рафтани пурсарусадои Искандаров ба шарқи кишвар, мулоқоти ӯ бо Раҳмонов ва эъломи ширкати ӯ ба унвони номзади интихоботӣ аз ҳизби демократ як навъ “аллиби”-и ва ё ваҷҳи ҳукумат барои ҳабси ӯ шуда буд.

“Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли қувои ИНОТ ва вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар як амалиёти вижа аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон кушта гардид. Зиёев, дар воқеъ ҳамчунин нақша ва ё ният доштро касе на он вақт на ҳоло наметавонад таъйид кунад ва худи ӯ низ дар қиёс бо дигарҳо ҳеҷ гоҳ барои курсии боло талош накарда буд. Вале ӯро низ, агарчӣ расман гуфта нашудааст, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ёғӣ ва дар садади анҷоми тағйирот мазнун шуморида ва номардона ба қатл расониданд.”

Иттиҳоми Муҳаммадназар Солеҳов, аввалин Прокурори генералии ҳукумати Раҳмонов, баъдан раиси Дастгоҳи иҷроия Президент вазири дохилӣ расман характери иқтисодиву молиявӣ дошт. Ингор ӯ маблағҳои вазоратро ғайримақсаднок сарф кардаву ва аз ин даст иттиҳомот. Аммо аз ӯ низ Раҳмонов машкук шуд ва амалиётҳои вазорати дохилаи замони Солеҳов алайҳи Мирзохуҷа Аҳмадов дар Рашт, куштори Олег Захарчанко, сардори ОМОН, ҳамла ва боздошти Салмон Лангарӣ ва писари Сангак Сафаров дар Кулоб тавре тафсир шуд, ки Солеҳов мехост авзоъи кишварро ноором кунад ва дар пушти ӯ ҳатто қувваҳои хориҷӣ низ ҳузур доштанд ва ниҳояти кори ӯ гирифтани ҷойи Раҳмонов аст, барои ҳамин ин генералро дар манзили зисташ ва дар пеши чашми кӯдаки 12 сола ва оилааш бо тир зада куштанд ва ҷасадашро ҳам мисли як террорист ба хок супориданд.

Ва, аммо кудатои нофарҷом ва ё шӯриши нокоми генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон дар оғози поизи соли 2015 як нақшаи тарҳрезишудаи мақомот бо ҳадафи  аз саҳнаи сиёсат берун рондани ҲНИТ буд. Абдуҳалим Назарзода, аз ду нигоҳ табаддулоти давлатӣ намекард: яке инки аз лиҳози моливу иқтисодӣ комилан мустақил ва таъмин буд ва дуввум медонист, ки дар баробари нерӯи тарафи муқобил (агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад) зӯрӣ кофӣ надорад.

  “Ҳанӯз дар ҳамон солҳое, ки Раҳмонов Ёқуб Салим, Ғаффор Мирзо ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро зиндонӣ кард, коршиносон дар дохил ва хориҷи кишвар мегуфтанд,ки сабаби асосии ҳабси онҳо аз бозӣ берун кардани рақибони эҳтимолии Раҳмонов аст. Ва,инки барои онҳо ҷазои хиёнат ба Ватан ва кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ зада мешавад, барои он аст ки муҳлати ҳабси онҳо тӯлонӣ бишавад. Дар ҳар сурат Эмомалӣ Раҳмонов ин генералҳоро ба он гунаҳкор кард, ки қасд доштаанд ӯро аз ҳокимият сарнагун кунанд.”

Як андеша аз чандин сол, ҳанӯз аз замони дар ватан будан фикрамро машғул медошт, ки агар қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ аз сӯи ин генералҳо дар ҳақиқат ҷо дошт, яъне мехостанд, ки Эмомалӣ Раҳмоновро сарнагун кунанд, дар ҳоле, ки як кори хайреро доштанд анҷом медоданд, чаро бо мардум дар миён нагузоштанд ва ҳадафашонро рӯшан нагуфтанд? Давлат, Ватан, миллат ва мардумро аз зери юғи як диктотур, ки ҳокимиятро қабилавӣ, балки оилавӣ кард, наҷот медоданд ва Тоҷикистон ва халқи он ба ин ҳоли зоре, ки имрӯз дорад, намеафтод. Ман гумон мекунам, ки ин генералҳо дурбинтар, оянданигартар аз сиёстмадорон будаанд ва онҳо беҳтар ва дақиқтар Раҳмоновро шинохта будаанд ва медонистаанд, ки идомаи вуҷуди вай дар курсии қудрат чи балоҳо бар сари ин Ватан меоварад?

“Ба дурустӣ, ки ҳар кадоме аз онҳо бо Раҳмонов муносибати хуб доштанд, ҳамҷому соғар ва генерали ҳукумати ӯ буданд. Рутбаи генералӣ ва чандин ордену медалу ифтихорномаҳоеро аз дасти ӯ гирифтаанд.”

Ҳамчунин ҳар  кадоме аз ин генералҳо шахсияти матраҳ ва шинохташудаи ҷомеа буданд ва онҳо на танҳо афроди низомӣ, балки ба ҳайси сиёсатмадор ҳам ҷойгоҳу мақоми муассир доштанд. Ёқуб Салим замоне дар шӯриши Маҳмуд Худойбердиев шарик шуморида шуд, ки раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон буд. Ғаффор Мирзоев, генерал-лейтенант, раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Дигаронашон, масалан Мирзо Зиёевро,ки ноҷавонмардона куштанд, чандин сол дар ҳукумати Раҳмонов вазир буд, ҳамин тавр Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ ва Маҳмадназар Солеҳов, ки ҳам Прокурори генераливу ҳам вазири дохилӣ буд, афроди соҳибноме буданд.Ин генералҳо,масалан Ғаффор Мирзоев дар соли 1998 якҷо бо размандаҳои мухолифин Маҳмуд Худойбердиевро, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон ҳамла карда буд, шикаст доданд,то ҳукумати Раҳмонов боқӣ бимонад. Аммо яке, яке муқобили Раҳмонов баромаданд. Ба ҳадде аз ӯ дилсард шуда ва ба ҳадде аз ӯ бадашон омада ва мутанаффир шуданд, ки нияти маҳву нобудии ӯро карданд.

Масъала боз ҳам ин аст ки чаро ин генералҳо қасди табаддулоти давлатӣ карданд? Чаро мехостанд, ки Раҳмоновро аз қудрат биандозанд? Барояшон беҳтар, осонтар, роҳаттар ва хуштар ин буд, ки дар сояи давлати Раҳмонов орому осуда ба сар баранд, вале накарданд. Чаро онҳо мехостанд аз Раҳмонов халос шаванд. Қудрати бештар мехостанд? Ва ё инки чун диданд, ки як нолоиқу ношиставу носазоворе як чунин мақому мартабаи муҳимеро ишғол кардааст, худро аз ӯ кам наҳисобиданд ва шоистатар аз ӯ диданд?   Шояд чанд омил ва сабаб ин генералҳоро барои сарнагунии Раҳмонов ба таҳрик дароварда буд. Шояд, яке аз ин авомил он бошад, ки онҳо бо чашмони худ диданд ва шоҳиди бевосита буданд, ки ба Раҳмонов  мардум ягон бор овоз надод ва як шахси носазовор тӯли ин ҳама солҳо бо зӯри силоҳу тарси рӯида аз ҷанг ҳокимият мекунад. Шояд як омили дигар ин буда бошад, ки медонистанд Раҳмонов бо зӯри аслиҳа қудратро гирифтааст. Ва, онҳо ҳам метавонанд бо айни ҳамин роҳ ҳукуматро аз ӯ бигиранд. Ё шояд онҳо фаҳмида буданд, ки Раҳмоновро танҳо ба воситаи амалиёти низомӣ метавон аз қудрат дур кард.

 “Ҳарчи ҳам буду ҳарчи ҳам набуд, дар ин ҳама кӯшишҳои нокоми сарнагунии ҳокимияти Раҳмонов як нукта то ҳамин имрӯз асосӣ аст. Онҳо Раҳмоновро хеле хуб шинохта буданд ва дониста буданд ва фаҳмида буданд, ки ҳарчи бештар ҳузур дошта бошад, ҳамон андоза давлати Тоҷикистон ва мардуми ин кишвар дучори мушкил ва бадбахтӣ мешавад.”

Онҳо на танҳо худро халос карданӣ буданд, ҳамроҳи худ халқи худро мехостанд аз ин мунҷалоб, аз ин ботлох, аз ин махмаса, аз ин саратон ва аз ин зоғи бадмур наҷот бидиҳанд.

Онҳо нақшаву ниятҳои шуми Раҳмоновр аз мо пештар дарк карда буданд. Онҳо нафси аммора ва ҷаҳонхори ӯро пештар ташхис дода буданд.

Диданд, ки Раҳмонов дорад кишварро ба самти варта ва нобудӣ мебарад. Имрӯз шоҳид шудем, ки идрок ва ташхиси онҳо дуруст будааст.

  “Шояд ҳама иттиҳомот муқобили онҳо дурӯғӣ буд, шояд ҳамааш бофтаву сохтаи худи Раҳмонов барои аз байн бурдану зиндонӣ кардани онҳо буд. Шояд. Аммо ҳоло ман кори онҳоро табаддулоти давлатӣ намешуморам.”  

Ин генералҳо роҳи дурустеро пеш гирифта буданд. Онҳо ҳақ ва дуруст буданд.

Онҳо дер ҳам буд, фаҳмида буданд, ки беҳуда Раҳмоновро бар сари қудрат оварданд ва беҳуда бо ӯ санади сулҳ бастаанд.

Бубинед, ки чи кор карда истодааст? Худро Ҷаноби оливу Пешвои миллату Асосгузор хонда кишварро, сарвати миллатро, тамоми дору мадори мардумро бо аҳли авлодаш, бо зану духтару домоду бачаҳову ҷиянҳояш тохтутоз дорад, дуздӣ карда истодааст

Беҳтар ин набуд ки ҳамин генералҳо комёб мешуданд?

Дар соли 2003-ю 2004 Эмомалӣ Раҳмонов фикр мекард,ки Рустамро ба ҷойи худаш меоварад ва барои ҳар як духтараш бонкҳои хусусӣ ташкил медиҳад ва соҳиби самолёти шахсӣ мешавад?Агар ин генералҳо ҳоло дар сари кор буданд, барои ӯ чунин имконият ва шароитро иҷоза медоданд? Авзоъи кишвар  ҳанӯз дар ҳамон солҳо, ки на Рустам буду на Озодаву на Спитамебонку на Коммерсбонк ба ҳадде бад буд, ки генералҳо-фармондеҳони сангарҳои ба ҳам мухолиф:-Фронти Халқӣ ва ИНОТ якҷоя шуда фикри вожгунсозии Раҳмонов баромаданд.

   “Имрӯз аз будани Раҳмонов чӣ баҳра бурда истодаем, ки бо омадани Рустам бубинем. Бад буд, бад ҳаст ва бадтар хоҳад шуд.”

Чи қадар хуб аст Тоҷикистони бидуни Раҳмонов, бидуни Рустам ва бидуни Озода  ва чи қадар хуб хоҳад шуд Тоҷикистони бидуни “Фароз”,бидуни  “IRS”- ширкати пулчинак, бидуни “Сомонэйр”,бидуни “Коммерсбонк”у “Спитманбонк” ва “Сифатформ” “Асри 21” ва садҳо ширкатҳои аз андоз озоде, ки ҳамагӣ аз дуздиҳои ин хонавода ташкил шудаанд ва хуни ин миллатро мемаканд. Пурсиш ин аст, ки агар ҳамчунин ҷавонмардоне қад алам кунанд,боз ҳам бетарафӣ ихтиёр хоҳем кард ва ё дар канорашон бармехезем? Ба назари ман ҳар касе қасди иҷрои аҳдофи он генералҳои зиндонӣ ва шаҳидро дошта бошад, боястӣ истиқбол карду рӯи роҳашро гулборон. Бо итминон мегӯям, ки агар он генералҳо комёб мешуданд мамлакат ва мардуми дигар медоштем.

Ps: Агарчи мардум аз бархе он генералҳо хотироти шуме доранду онҳоро хашин ва золим мешинохтанд. Фаромӯш набояд кард,ки ҳама ҷиноятҳои онҳо аз тарфи худи Раҳмонов фармон мегирифтанду онро иҷро мекарданд. Бидуни истисно ҳамаи онҳо,  тиран ва қасдгир будани Раҳмоновро фаҳмида буданд бар алайҳаш ба шакле мехостанд бишуранд ва гуноҳони анҷомдодаашонро,ки маҳз бо фармони ӯ содир намуда буданд бизудоянд ва беормон бимиранд. Умед аст генерали воқеъию ҷасуре дар мақомоти қудратии кишвар дар сар ба шакле озодии мардуми худро парваронад ва мардум ӯро дастгирӣ намоянд. Ё мунтазири сарнавишти ин ҳама генералҳое, ки ба Раҳмонов хидмат карданду номардона кушта ва хоини миллат ва давлаташон эълон намуд мемонед?  

Share This Article