Ғорати пули буҷа дар Деваштич миёни директорони мактабҳо ва мудири молияи ноҳия

Ислоҳ нет

Идораи молияи ноҳияи Деваштич маблағҳои бюҷетиро ба мактабҳо бидуни ҳузури муҳосибон тақсимот карда истодааст. Нуриллозода Фаррух, сардори Идораи молия, мудири маориф ва бархе аз директорони мактабҳо аз ҷумла директори мактаби Даҳкат пули бюҷетро ба ҷайби худ задан доранд.

Ман Раззоқов Раҳим (ном иваз шудааст) сокини  деҳаи  Даҳкати  ноҳияи  Деваштич  мебошам. Дар  мактаби  миёнаи  умумии № 11  кор  мекунам. Моҳи сентябри соли 2018  ба  мактаби номбурда ба ҳайси  коргузор  ба кор  шурӯъ кардам. Декабри соли 2020  ба  ҳайси  муҳосиб  қабул  шудам. Аз  ин  пеш  директори мактаб  чандин сол аз  талабаҳо ба баҳонаи таъмир  аз талабаҳо пул ҷамъоварӣ мекард, ки камаш 12.000 сомонӣ ҷамъ  мешуд.

Бо он  пул чанд қуттӣ  ранги фарш ва оҳак барои девори беруни  бинои мактаб  мехариду  тамом. Ҳич кас гап  намезад. Ман делоҳои муҳосиби  пешинаи  мактабро  гирифтам. Танҳо соли 2020-ро. Дар он делоҳо дида мешавад, ки барои таъмири бинои мактаб 15 000 сомонӣ давлат ҷудо кардааст. Худбахуд  гуфтам бо 12.000 сомонии  пулҳои талабаҳо ҳамагӣ як  қуттӣ  ранг харид кард. Ин ҳама пулҳоро куҷо сарф карда бошад?Аз ҷиҳате,ки сол ҷамъбаст мешуд, гапе назадам. Гуфтам бюҷети соли 2021 ҷудо шавад, баъд мефаҳмем, ки  инҳо рост аст  ё  не. Дар ҳақиқат рост будааст.

“Як рӯз маро ба молияи ноҳияи Деваштич даъват карда  гуфтанд, ки токенро гирифта биё, мо  ҳамаи  мактабҳоро аз  сари нав ба қайд гирифта истодаем. Ман рафтам. Барои токен дар як, ду, се ҷо имзо гузоштам. Ба ман коргари  раёсати молия гуфт, бюҷети моҳи  январи соли 2021-ро ба директори мактабатон  додем. Онро барномасозӣ карда то 20 январ оред, мо ба барнома дохил  кунем. Аз ӯ пурсидам, ки ба бюҷети  мактаби мо чи қадар ҷудо шудааст? Гуфт директор медонад, мо  ба  директор  додем.”

Пагоҳ  ба  мактаб  рафтам  ва ба  директори мактаб  савол  кардам  бюҷети  мо  чанд  сомонӣ аст. Гиред  ҷудо созем. Ба  ман  гуфт  алакай  ман  ҷудо  кардам. Ман  гуфтам  бе  ман? Гуфт, ҳа молия  худаш  ҷудо кард. Сардори молия Нуриллозода  Фаррух дар инҷо имзо мон гуфту  пешниҳод  кард, ман  гирифтаму  хондам,  ки  аз  якум то квартали  чорум пулро  бе иштироки ман алакай тақсимот кардааст. 15000 сомонии барои таъмир ҷудо шударо 4000 ба  квартали сеюм  гузошта мондагиашро ба  квартали охирин  гузоштааст. Ман гуфтам чаро  пули таъмирро ба моҳи  декабр  гузоштӣ,  дар  моҳи декабр магар таъмир карда  мешавад? Директор гуфт инро молия худаш тақсимот  кард.

Ман имзо нагузоштам. Гуфтам инро ман  гирифта ба молия  мебарам. Гуфт бибар,  худаш ҷудо кард. Ман ба  якчанд  ҷо муроҷиат  кардам, ҳодисаро  фаҳмонидам.Ба ман  гуфтанд агар  пулро ба квартали охирон  гузошта бошанд, дар охири сол молия  худаш онро  мегирад. 30000 сомонӣ ба квартали охирон ҷудо карда  шудааст.Ба  ман  ягон  асбоби  бухгалтерӣ: компютер,пиринтер  ва кабинет  надодаанд. Пулҳои  мактабро  бағайри моҳонаи муаллимон дигарашро бо директор, молия  ва маориф  обу лой  карда истоданд. Касе нест, ки инҳоро пурсад. Директори мактаб чанд  нафарро  моҳи  август  аз  мактаб хориҷ карду моҳи сентябр қабул  кард. Баъдтар мефаҳмам, ки барои зиёд кардани нафақа ин корро карда будааст.

“Бюҷети нав 834500 сомонӣ ҷудо шудааст.Аз ин барои маош 622000 сомонӣ. Боқимондаи ин пул байни директор, молия ва маориф обулой мешавад. Яъне ба Нурализода  Фаррух, Одинаев Одина ва  Расулов Ботур.”

Бо як муҳосиб вохурдам. Гуфт инҷоро дар чанд ҳазор харидӣ? Гуфтам ягон сум надодаам.Гуфт ман дар 3000 гирифтам.Бовар накарда гуфт,ки ту дурӯғ мегуйӣ. Ҳайрон шудам.Аксарияти бухгалтерҳо илм  надоранд. Танҳо бо  пул  корроо  пеш  мебаранд. Ба молия пулро медиҳанду корҳояшонро буд мекунанд. Мудири қисми илмии мактаб (завуч) 80 сола аст. Нафақахӯр.Ӯ як нафар аз командаи директор аст. Ҳолати муассисаи таълимии рақами11-и деҳаи Даҳкати Деваштич хеле ногувор аст. Синфхонаи информатсиониро ба кабинети забони хориҷӣ табдил доданд. Дар асл забони хориҷӣ вуҷуд надорад. Талабагон аз технологияи муосир аслан хабар надоранд. Компютерро бомба мефаҳманд. Дар ин мактаб як адад компютери асри 20 вуҷуд дорад, ки ягон бор кор накардааст. Худи мактаб ба талабот ҷавобгӯ нест. Омузгорони  нафақахури  мо  мегӯянд, ки инҷо  барои  мо  аст. Шумо ҷавонон мардикорӣ  равед  муҳоҷират  кунед. То ин ҳол ва то ин нафақахӯрони пирсол ҳастанд ин мактаб рӯйи ободиро намебинад. Ҳамин ки “фронталний” омад бо  маблағи  ночиз  даҳони онҳоро  баста  гусел  менамоянд.

Ps: Хонандаи гиромӣ ин як қатрае аз баҳри ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин ноҳия ва дар як мактаб аст. Ҳама ниҳодҳо ва вазоратҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ин ҳолат қарор доранд. Агарчи оғози моҳи март директори мактабро кормандони коррупсия бардошт бурдааст. Аммо қазия то имрӯз норӯшан боқӣ мондааст. Аслан ба ин кӣ бояд ҷавоб гӯяд? Вазири маориф? Вазири молия? Ниҳодҳои санҷишӣ? Ё об аз боло лой асту ҳама масулон бояд ғорат кунанду бардоранд ва мардум рӯ ба Русия оранд? Ин як фоҷеаест хело бузург ва агар назоратро сахттар накунанд ин роҳе ки меравем ба гуристон аст.

Share This Article