“Гурӯҳи сеюм”

Ислоҳ нет

 

“Гурӯҳи сеюм”

 

Ахиран боз дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Исфара рӯзи 8 уми май дар моҳи мубораки рамазон муноқиша ва задухӯрд ба амал омад. Аз ҳарду тараф инсонҳо захмӣ шуданд ва аз силоҳи оташфишон ва нерӯҳои мусаллаҳ истифода шуд. Аммо як нафар аз шоҳидон ва иштирокчиёни ин муноқишаҳо аз ҳаводисе ҳикоят кард, ки дар навиштаҳои расмӣ ва матолиби то ба имрӯз дар бораи муноқишаҳо навишта тамоман фарқ дорад. Барои хонанда ва бинандаи “Ислоҳ.нет” ончиро ки ин бародар қисса кард, тақдиматон мекунем:

 

Ман бояд кушоду равшан бигӯям, ки қирғизҳо чи будани ҳукумати мо ва бахусус генералҳои тарсончаку порахӯри мо ва ба чи қодир будану набудани онҳоро кайҳост, ки хуб фаҳмидаанд. Қирғизҳо хуб медонанд,ки ҳукумати Тоҷикистон нобакор ва нотавон аст. Аз дасти генералҳои мо чизе намеояд. Онҳо медонанд, ки ҳукумати Тоҷикистон як ҳукумати диктаторӣ ва дар фикри мардумаш нест. Аз ин фурсат истифода карда замину қаламравашонро аз ҳисоби мо васеъ карда истодаанд. Дар ҳоле,ки хуб медонанд,ки замину кӯҳу обу роҳе, ки гирифтанду даъво доранд,аз они онҳо нест.Ҳатто яке аз имомхатибҳои худи қирғизҳо дар мавъизааш мегӯяд, ки чаро шумо замини мардуми тоҷикро ғорат ва истило мекунед? Инро дар намози ҷумъа дар масҷид эълон кардааст.

 

Инро ҳам махсус мехоҳам таъкид намоям,ки қирғизҳоро ҳукуматҳояшон ҷонибдорӣ мекунад, пушти мардумашонро мегирад. Ман дақиқ намедонам ин кор кай шуда буд, вале вақте бори аввал баҳси марзӣ сурат гирифт, ҳукумати мо минтақаи даъвокардаи қирғизҳоро ба онҳо дод. Аммо қирғизҳо аҳдшиканона боз пеш омадан гирифтанд. Мо бояд дар ҳамон бори аввал як ваҷаб ҳам намедодем. Хеле қаламрави моро ва ҳатто як канали обро ҳам аз худ карданд. Дар ҳамин Қуммазоре, ки ҳоло ҷангҷол шуд, мо се сол пеш онҷо баъди ҳар намози бомдод варзиш мекардем, тори кӯҳ мебаромадем, ягон гапу ҳарф набуд. Ҳар саҳар қад-қади канал медавидем. Марзбонҳои қирғиз тамошо мекарданд. Ҳозир,ки мардум онҷо гаштугузор мекунанд, ҷониби қирғизҳо паспорт мепурсад. Паспорти хориҷиатро нишон деҳ мегӯяд сарбози қирғиз ва таҳдид мекунад, ки чаро дар хоки мо гаштугузор дорӣ?

 

Ҳамин бачаҳоеро,ки дар навор мебинед, бо дасту пойи бараҳна,баҳри дифои Ватан ва замину марзи он муқобили силоҳ бархостанд. Ҳоло амнияти кишвар меояд,инҳоро дастгир мекунад ва мебаранду ба Гурӯҳи сеюм муттаҳам мекунанд, бечораҳоро маблағашонро мегиранд ва сипас озод мекунад. Ман ба чунин шабурӯзҳо худам афтодаам. Маро бурда ба Гурӯҳи сеюм муттаҳам карда маҳкам карданд. Маблағ гирифтанд ва ҷавобам доданд. Тарафи ҳукумат баромад карда мегӯянд, ки ҷавонони Чоркӯҳу Ворух беору беномусанд, қирғизҳо марзашонро мегирад, аммо инҳо ба хизмати ватан намераванд. Охир бар муқобили “оружия” бо дасту пои холӣ баромада ҷанг мекунад, боз чи хел ҷавонмардӣ аз тарафи ҷавонмардони Чоркӯҳу Ворух шавад?

 

Ҳоло ҳамаи ин ҷавонҳоеро, ки бар зидди “оружия” баромада ҷанг карда истодаанд, кормандони амният ба Гурӯҳи сеюм муттаҳам мекунад. Дар мавзеъе, ки задухӯрд ба амл омад, қирғизҳо қисмҳои ҳарбӣ доранд, тоҷикҳо ҳам доранд. Ҷангу муноқиша барои Қуммазор сар шуд. Қуммазор як замини регистон аст. Онҷо қум ҳаст ва мардуми Чоркӯҳ вақти гармо онҷо барои муолиҷа мераванд.Дар вақти тасфи ҳаво дар он қум худро мехобонанд. Барои хеле аз бемориҳо муфид аст. Аз дигар навоҳӣ ҳам меоянд, аз Хуҷанду Конибодому ҳарҷо. Болои Қуммазор то таги кӯҳ қариб ду км замин ва роҳ ҳаст. Сипас кӯҳ сар мешавад- кӯҳи Чоркуҳ. Он кӯҳҳо аз Тоҷикистон аст. Вақтҳои кӯдакӣ ва наврасиамон онҷо гову гусфанд мечаронидем. Дар он кӯҳ ғоре ҳаст бо номи Хоҷа Ҳасани Қурбошӣ-шахси таърихӣ. Дар чандин филмҳои тоҷикӣ ба навор гирифта шудааст ва осорхонаҳои кишвар аксу намуди ғор мавҷуд аст. Онҷо қаламрави тоҷикон-аз они мо аст. Кӯҳҳои Чоркӯҳ аз они мо аст. Чор тарафи деҳаро кӯҳ иҳота кардааст. Ба ҳамин хотир Чоркӯҳ ном дорад. Аммо ҳоло Чоркӯҳ бе кӯҳ шудааст. Он кӯҳҳоро ба шарофати гузаштҳои ин ҳукумат қирғизҳо гирифтагианд. Мо дигар наметавонем ба он кӯҳҳо гусфанду говамонро ба чаро барем. Аз он кӯҳ то Қуммазор зиёда аз 2 км замин ва роҳ ҳаст. Ҳамаи он замину роҳҳоро ҳам қирғизҳо гирифтагианд.

 

Дар онҷо як канали об ҳаст. Он обро ҳам соҳиб шудаанд. Дар лаби ҳамин об роҳ-трассаи Қирғизистон воқеъ аст. Он роҳро ба наздикӣ сохтанд. Аз ин роҳ тарафи Қумазор ҳамааш ҳудуди Тоҷикистон аст, он тарафаш аз қирғизҳо. Ҳозир боз аз ҳудуди Тоҷикистон ҳамин заминҳои Қуимазорро ҳам аз мо гуфта қирғизҳои ҳамсоя даъво карданд. Онҷо бошад ҳудуди ним гектор аст,аммо онҷо ҷои таърихӣ аст. Солҳои пеш қирғизҳо ҳам барои муолиҷа ба Қуммазор меомаданд. Ҳозир акнун гуфта истодаанд,ки инҷо низ аз мо аст. Гирду атрофи Қуммазор сарбозони қирғизро мондаанд. Соли гузашта вақти муолиҷаи мардум сарбозони қирғиз омада ба осмон тир холӣ карда мардумро бесаранҷом ва пароканда ва ҳамаро аз инҷо пеш карданд, ронданд.

 

Аз ҳамин ҳудуд тоҷикҳоро ронда гуфтанд,ки инҷо аз они мо мебошад. Як муноқишаи калон сар зада буд дар он вақт,аммо ором шуд. Ҳар боре онҳо чи “безпредели”-е,ки нисбати мо-тоҷикҳо мекунанд ин генералҳои нобакори мо мераванд ва гузашт мекунанд. Ҳамон тавре,ки президент рафт Иссиқкӯлу гузашт кард. Аммо он мардуме,ки муқобилият нишон медиҳанд, бар зидди афсару сарбозҳои мусаллаҳи қирғиз бо сангу дасту дандон ҷанг мекунанд, мегиранду мебаранду ба вай тамғаи гурӯҳи сеюм мезананд.

 

Дар ҳамин ҷангҳову задухӯрдҳо иштирок кардагиам. Аз синфи 7ум, аз кӯдакиам дар сарҳад дар ҳар як ҷангу муноқиша ҳозир будам. Ҳозир ягон се сол мешавад,ки дар он ҷангҳо иштирок намекунам. Ҳар як ҷавонҳои баору номусе,ки дар ин ҷангҳо иштирок ва сарҳадро дифоъ мекунанд, милисаву амниятиҳои ҳукумати Тоҷикистон дастгир карда ба гурӯҳи сеюм муттаҳам мекунанд.

 

Қирғизҳо тасарруфи хоки Исфараро идома дода истодаанд. Чунки онҳо ҳам медонанд, ки аз дасти ҳукумати Тоҷикистон чизе намеояд. Ҳукумат ё аз ҳукумати қирғизҳо метарсад ё аз халқи худаш. Ба халки Исфара ва бахусус мардуми Чоркуҳ бовар надорад.

 

Аз соли 2010 дар ин муноқишаҳо иштирок дорам. Ҳар боре, ки чунин ҷангу низоъҳо сар мешавад, мо ҷавонҳо ҳатто аз аскару афсару милисаи ҳукумат тезтар ҷои ҳодиса мерасем ва дар сафф ва хатти аввали ҷанг мо қарор мегирем. Баъди 20 ё 30 дақиқа сарбозони тоҷик- амниятиҳо ҳозир мешаванд. Боз ҷойи онки пушти моро бигиранд, кадомеро, ки ба чангашон хӯрд қапида “ отдел” мебаранд ва бо шиканҷаву азобу азият медиҳанд ва ба ҷавобгарӣ мекашанд. Муттаҳам мекунанд, ки гурӯҳи сеюм ҳастед.

 

Як воқеи дигарро мехоҳам бигӯям. Вақте муноқишаҳо сар мезанад ва аз воҳидҳои низомӣ аскару афсарҳоро меоваранд ишками онҳоро мардум Чоркуҳ ба дӯш мегирад.Ҳукумат нигоҳ намекунад.Нигоҳ кунад ҳам,барои мо номаълум аст. Онҳо як моҳ,ду ё се моҳ меистанд, фарқ надорад.Мардуми Чоркӯҳу Ворух дар масҷидҳо маблағ ҷамъ меоваранд ва се вақт бо хӯроки гарм онҳоро таъмин мекунанд. Як чизро аҳамият додам, ки дар ҳамин гуна шабу рӯзҳо амният ва корҳои дохилӣ бар зидди мардум бисёр сахт мавқеъ мегиранд. Намедонам ба хотири чӣ? Аз боло амр мешудааст,ки шиками сарбозҳоро нигоҳ кунед. Сардорони амнияту сардорони милиса ҳар як ҷинояткореро,ки меқапанд, бо зӯрӣ маблағ меситонанд. Ё ягон бизнесменро “подстава” карда пул меситонанд ба он хотир ки шиками сарбозҳоро сер кунанд. Ё инки ҷавонҳоро бо гурӯҳи сеюм муттаҳам карда аз падару модарҳо маблағ мегиранд ва бо ҳамин пулҳо шиками сарбозҳоро мехоҳанд сер кунанд. Ҳоло забони бархе домуллоҳоро, ки дарборӣ мегӯем ёфтагианд. Ин муллоҳо дар масҷидҳо эълон мекунанд. Аллакай омӯхта шудагианд. Ҳар ҷангу муноқишае, ки шуд ин домуллоҳо ҳанӯз супориш ногирифта худашон ба ҷамъоварии маблағ сар мекунанд. Ва мегӯянд, ки ин сарбозҳои бечора моро ҳавои гарму сард нагуфта ҳимоя карда истодаанд, барояшон бояд хурок барем. Мардум дар ҳайратанд, ки бонӣ кардани сарҳад вазифаи сарбозҳо аст ва бояд давлат сарбозҳояшонро хуронаду пӯшонад, аммо дар Исфара мардум сарбозҳоро мехуронанд. Мушкили дигар ин аст ки вақте ягон нафар захмӣ шуд бемористон рафта наметавонад. Чунки табибҳо филҳол милиса ё амниятро хабардор мекунанд. Онҳо меоянду ҳатман муттаҳам ба Гурӯҳи сеюм мекунанд. Падарам таъкид кард,ки минбаъд агар тамоми Чоркуҳ кушта шавад, намеравӣ, дифоъ намекунӣ, вагарна оқат мекунам. Чунки бо қарзу қавола ва бо чи азобҳон пул пайдо карда бурду супорид ва маро озод карда баровард.

 

Аммо ҳоло ҳамин гуна “условия” монд. Мисли ман садҳо нафари дигарро падару модарҳо намемонанд. Мутаассифона қирғизҳо аз ин ҳама моҷароҳо,аз чунин вазъу ҳолати мардуми Исфара ки мисли элак шудаанд ва аз ҳарду тараф шатта мехуранд,огоҳанд ва медонанд,ки мо агар сари марзи худ оем, милисаву амният азобамон медиҳад. Барои ҳамин онҳо сахт шерак шудаанд. Дилам аз ин ҳукумат хунук шудааст,чунки бо амали худ тарафи қирғизҳо кор мекунанд. Ягон бор надидам,ки ба онҳое,ки дар ин низоъҳо кушта ва ё маҷрӯҳ шуданд, ҳукумат ёрӣ дода бошад, ё ҳамдардӣ карда бошад. Ба назарам шумо бисёр мехоҳед бипурсед,ки пас гурӯҳи сеюм чисту кист? Дар асл инҷо ягон гурӯҳи сеюм вуҷуд надорад. Инро ҳама,то худи ҳукумати ноҳия ҳам медонанд. Ин як дасисаи мақомоти қудратӣ, як омили фишору тарсонидани мардум аст. Ҳадафи муттаҳам кардан ба гурӯҳи сеюм маблағ ситонидан асту халос. Раиси Чоркӯҳ, раиси Ворух, сардори милисаву амният, раиси ҳукумат,чи хеле гуфтам, бояд сарбозҳоро хуронанд. Аз имомхатибҳо, соҳибони мағозаву тарабхонаву чойхонаҳо, соҳибкорҳо, онҳое, ки замину боғ доранд ба зӯрӣ пул мегиранд. Ҳамчунин ҷавонҳоеро, ки табиист дар муноқишаҳо иштирок мекунанд, мебаранд ва дар подвали шӯъбаи милиса маҳкам мекунанд. Фақат барои пул.

 

Ҳатто фарз кардем,ки ду кӯдак байни ҳам дар мактаб ҷангу хархаша карданд, чун дигар бачаанд. Падару модари онҳоро ҳам маҷбур месозанд, барои тарбияи нодуруст ва ҳамчун ҷазо- барои сарбозҳо пул диҳанд. Аз ҳар як одаме,ки ба гурӯҳи сеюм рабт медиҳанд маблағ кор мекунанд. На фақат аз ҷавонҳо, аз ҳар каси дигар ҳам, ки ба гурӯҳи сеюм рабт медиҳанд, пул мекананд. Махсусан дар ҳамон шабурӯзе,ки сарбозҳо ба марз,маҳалли муноқиша оварда мешаванд, пулканӣ рӯирост мешавад.

 

На худи мақомот ва на мо намедонем,ки гурӯҳи сеюм чи гурӯҳ аст. Онҳо моро муттаҳам карданӣ мешаванд,ки гӯё байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷанг меандохта бошад ва мо гурӯҳи сеюм.”Шумо гурӯҳи сеюмед ва аз хориҷа маблағ мегиред”.

 

Бо ҳамин дасисаву иғво фишор меоранд ва ба наздикон мегӯянд,ки фарзандат нотинҷӣ мехоҳад, бачаи хуб нест ва бо ин гуна тӯҳмату тарсдиҳиҳо пул мекананд. Пас, маҷбур мешаванд,ки барои аз подвал ва аз зери шаллоқи онҳо берун кардан гуфтагӣ маблағашонро бидиҳанд, ба ин “ҳаромхӯрҳо”. Онҳоро ҳамин тавр мегӯянд: “ҳаромхӯрҳо”.

 

Ман то ба ҳол нашунидам,ки ягон касро барои гурӯҳи сеюм будан делои ҷиноятӣ тартиб дода бошанд. Ин ҳамааш танҳо як тӯҳмат ва тарсонидани даҳонакӣ аст. Чандин нафарҳоро,ки ба гурӯҳи сеюм ҷавобгар карданд, ба ягонтои онҳо делои ҷиноятӣ боз накардаанд. Ҳамчунин намедонам,ки маблағро намедодем, охири охирон шояд ҷавоб медоданд ва ё шиканҷаву азобро идома. Лекин падару модарҳо тоқат наоварда талош мекунанд,ки зудтар бачаашонро бигиранд. Ин кор як бор не,чандин маротиба шудааст ва дар он сардори амнияту милиса бевосита даст доштанд. Ин кор ҳоло ҳам идома дорад, чун кори дасти сардорони ин мақомот аст. Онҳо инҷо ва дар чунин ҳолат ба киссаи худашон ҳам маблағ кор мекунанд.

 

Share This Article