Гурбангулӣ Сардорро меоварад, Раҳмонов чаро Рустамро наметавонад биорад ?

Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, яке аз диктаторҳои мустабиди Осиёи Марказӣ аз курсии қудрат канор гирифт. Тасмими канорагирии вай дар пайи мудохилаи хориҷӣ, ё вобаста ба вазъи сиҳҳатӣ ва ё бо хоҳиши худ ва ё таҳти таъсири ҳаводиси Қазоқистон гирифта шудааст, масъалаи дигар аст. Аммо вай ду сол қабл аз анҷоми муҳлати риёсати ҷумҳуриаш курсиро раҳо кард. Эълон кард, ки акнун роҳро барои ҷавонҳо боз мекунад. Манзури вай аз ин ҷавонҳо писараш Сардор буд, ки ҳамин тавр ҳам кард. Номзадии ӯро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ-ба курсии худаш пешбарӣ кард. Албатта, ин як навъ қаллобии сиёсӣ, найрангу фиреби навбатии мардум аст, ки танҳо бо як мақсад -ҳифзи қудрат ва курсӣ дар дасти як оила мебошад. 

Аммо, ба ҳар сурат Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов аз Эмомалӣ Раҳмонов фарқ кард. Вай дар 64-солагӣ ва бо гузашти 15 соли қудратдорӣ иқрор кард, ки дигар пир шудааст, ба сини пайғамбарӣ расидааст, корро бояд ҷавонҳо пеш баранд. Вале ин Асосгузори сулҳу ваҳдату Пешвои муаззами миллат ба 70 даромада бошад ҳам, умраш аз сини пайғамбарамон ҳам 7 сол гузашта бошад ҳам, 30 соли дуру дароз бе истироҳат дар сари қудрат бошад ҳам, куҳантарин, пиртарин, фарсудатарин, фартуттарин, дилбазантарин раиси ҷумҳурии на танҳо Осиёи Марказӣ, балке собиқ шӯравӣ бошад ҳам, ҳамоно бо дасту дандон курсиро қапида, рафтан намехоҳад. Вай ҳам мисли Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов писарашро ҳанӯз аз 23 солагиаш дар давру бараш «чархонида» ва то як ваҷабаи курсии раёсати ҷумҳурӣ овардааст, аммо ҳеҷ  не, ки   бо майли худ биравад. Албатта ин иллатҳои хосси худро дорад,ки дар поётар зикрашон мекунем.

Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов ва усули риёсати вай аз Раҳмонов монданӣ надорад. Вай ҳам як диктатори тамомаёр аст. Вай ҳам кеши шахсияти худро тарвиҷ карда ба худ унвони «Аркадаг» дод. Тамоми шохаҳои иқтидори сиёсӣ ва давлатиро дар мушти худ даровард. Вале ҳамчун инсон, маълум мешавад, ки иззати нафс дорад, қаноат ҳосил кардааст, сер шудааст.

“Аммо ба Раҳмонов ин ҳамаро нисбат дода намешавад. Ду баробари замони ҳукмронии Бердимуҳаммедов дар сари қудрат истода бошад ҳам, кайҳо ба сини «пенса» чуноне пирамардони мо мегӯянд расида бошад ҳам, аслан дасту дил канданӣ нест, мисли кана дар пӯсти гов ба курсӣ часпидааст. Сарнавишти нангину бешарафонаи Нурсултон Назарбоев барояш сабақ нашуд, ки нашуд. Унвони “пешвои миллат” ро аз ӯ омӯхт вале рафтанро чаро аз Назарбоев намеомӯзад намефаҳмем?.”

Раҳмонов фартут шудааст, пиртуруш шудааст, бӯ гирондааст, аммо намехоҳад орому осуда, гурбангуливор биравад. То кӯдаки гаҳвораи набераашро миллионер кардааст, ҳамоно сер нашудааст ва шуданӣ нест. Дар ҳақиқат осори ҳамон гушнагиҳои даврони бачагиаш, ки худаш ҳам борҳо иқрор кард, аз баданаш нарафтааст.

“Имрӯз боз корхонаи нуриҳои азотии Вахши собиқро ҳам гирифт. Ба замми ин ҳама талаву тороҷи молу моликияти мардум ҳаминро ҳам аз худ кард. Намегӯяд, ки ман пир шудам, бас аст, ҷамъкардаҳоям, онҳоро нохӯрда мемурам, барои ман чи лозим? Мисли IRS-ширкати пулчинаки роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки бо гузашти 11соли ғорати мардум фаъолият дораду касе намедонад соҳиби он кист, ин корхонаро ҳам тавре фурӯхтааст, ки аз сири давлатӣ ҳам пӯшидатар аст. Маълум аст, ки худаш ё бачааш, ё яке аз домодҳои бешумораш гирифтагианд. Ё Озода ва ё Таҳмина? Аз шарми мардум ҷуръат надорад бигӯяд, ки ба кӣ фурӯхтааст ва харидор кист?”

Аммо ҳоло хона ба хона дар Хоруғ гашта имзо ҷамъ карда истодааст, ки барои дастгириву пуштибонии Мамадбоқир ба кӯчаву хиёбон набароянд, бимонанд, ки вай Мамадбоқирро бикушад. Чунки ба фарқ аз Гурбангулӣ ин пуртурушшуда аз роҳи хунрезӣ ба сари қудрат омадааст ва худаш ҳам гуфта буд, ки «бе хун намеравам».Бисёр ҳам бераҳму золим аст. Бадахшониҳоро гаравгон гирифтаву беш аз пеш болояшон фишору тааддӣ мекунад. Ҳамаро безор кардааст.30 соле. Шӯхӣ не. Ба гуфтан осон. 30 сол аст ки мекушаду зиндон мекунаду ҳамла мекунаду юриш мебараду медуздаду ….хуллас, тамоми кори бадро мекунад.

“Дар 15 сол (ин ҳам ғайридемократӣ ва дур аз меъёрҳои мардумсолорӣ) ин мардак- «Аркадаг» рафтам гуфту рафта истодааст, аммо “Пешво”и худхондаи оила ҳоло ҳам шиштаасту дар фикри рафтан нест. Ҳозир як ҳамин монд. Як ҳамин “Пешво” монд. Не Нурсултон, не Ислом Каримов, не Гурбангулӣ монд ё аниқтараш мемонад. Тамоми башиҳову басиҳо рафтанд фақат як ҳамин монд. Яккамахав шуд. Ҳама рафтанду рафта истодаанд. Ин рафтанӣ несту таҳким бахшиданӣ аст. Ба Помир артиш даровардаасту ҳоло ҳам дар фикру дуздиву сарватандӯзӣ-корхонаи Азотро аз они худ кард. Бовар кунед, бисер ҳам гушнамасти носерам аст. Тамоми молу мулки дунёро ҳам хурад боз сер намешавад.”

“Аркадаг” ба бачааш супорид, инки ҳам мехост ба бачааш бисупорад, супориданӣ нест чаро ?

Дар моҳи июни соли 2020 мухолифон тарҳеро дар Туркманистон роҳандозӣ намудаанд,ки дар пули миллии Туркманистон ибораи “Ҳарамдагу”  ё «Haramdag, güm bol!».  Яъне пешво марг ба ту ё ҳаром пешво бирав. Ин тарҳро мухолифон чанд рӯз пеш ҳам бори дигар роҳандозӣ намуданд,ки хело такони ҷиддӣ барои Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов буд ва ин тасмимро ниҳоятан гирифту рафтани шуд. Бовар кунед фаолтарин мухолифони сиёсӣ дар осиёи миёна ва ҳатто собиқ иттиҳоди шуравӣ ин мухолифони сиёсии Тоҷикистон ҳастанд. Аммо сарсахтарин, беортарин, номардтарин, беҳаётарин раисҷумҳурони ин кишварҳои пасошуравӣ боз ҳам Раҳмонов аст. Чаро инро мегӯям ,то имрӯз мухолифони сиёсии ҳеҷ яке ин кишварҳоро намебинем хастанопазир мисли мухолифони сиёсии Тоҷикистон кору фаолият кунанд.

“Чуноне мегӯянд: “ Ҷазо аз ҷинси амал аст” ва ё ҳарчи ҳоким золимтару хашинтару берӯтар шуд мухолифонаш, ки шаҳрвандон ва раъияти ин ҳокиманд дақиқан бо шевои ӯ  бо ӯ бархурд  хоҳанд кард.”

Воқеан  миллат ҳама бидуни истисно солҳост аз Раҳмонов мехоҳанд бирав ва садҳо пикету эътирозот ва ҳар рӯза барномаҳои гуногӯн мухолифони сиёсии “пешво” роҳандозӣ доранд. Ҳеҷ рафтани нест бар акс боз ба Бадахшон юриш бурдаасту заводу фабрикаҳои давлатиро шахсӣ карда барои сари қабраш захира карда истодааст. Охир дар қабр ва охират бо пора ва доллару тилло худатро аз чанголи Аҳкамулҳокимин ва Подшоҳи рӯзи ҷазо наҷот дода наметавони ҳой Раҳмонов!. Ҳарчи гуфтем ин говкалаи гурусначашми беору беномус рафтани нест ва то ҳастаму ҳаст курсиям гуфта мардакбарин ачоқ гирифта нишаста аст.

Ба эҳтимоли зиёд “Пешво” аз писараш дилпур нест.Тибқи маълумотҳои ба мо расида Рустам ва командаи ӯ инро хуб фаҳмидаанд,ки Рустамро чизи дигаре ё вазъу ҳоли дигаре интизор аст. Раҳмонов аз он Бим дорад, ки Рустам бишавад на танҳо Озодаву Рухшонаву Парвинаву Заринаро аз мақомҳо барканор мекунад, дороиҳои ҷамъкардаи Зоиру Ҷамолиддину Шамсуллову Ашрафу Рамз ва Ҳасану додарҳои вай ва қавми беҳисобу бешуморашро кашида мегирад ва онҳоро куни луч карда дар куча сар медиҳад, балке дилаш пур нест, ки институти «фалшивий»-и Асосгузорро ҳам барҳам мезанаду худи Раҳмоновро ҳам як шата дари кунаш зада мегӯяд,ки «ту пири аз майкадаву маърака баромада шудӣ, бирав дам гирифта шин, дигар ба корҳои давлат «лезит» накун!”

Барои ҳамин фурсатро кашол дода истодааст. Вагарна кайҳо нақшаву ният дошт, ки Рустамро меоварад ва барои ҳамин кор буд, ки Қонуни асосиро як бори дигар «изнасиловат» карда 35-ро ба 30 поин овард. Ин ҳама аждаҳоҳо пул доранд, каналҳои худро доранд дар мақомоти қудратӣ афроди омода барои як рӯзи мабодои худро доранд,ки бо омадани Рустам ба сари қудрат ҳатмани ҳатман ҳолашон хароб мешавад кайҳо кардаанд.

“Ин ҳама монеаҳо ва дахолатҳои бешумор ва маълумотҳои амниятие ба Раҳмонов аз ин ҳама амалкардҳои духтарону домодҳо ва наздиконаш ӯро сахт ошуфта ва дар дуроҳаи бе ихтиёр қарор додааст. Воқеан барояш хело мушкил аст,ки ё Рустамро ихтиёр мекунад ва аз баҳри ҳама бояд гузарад. Ё Озодаро ихтиёр мекунаду аз баҳри танҳо Рустам гузарад ва бақия бошанд. Инчунин роҳи севвум ҳам матраҳ аст, он сенарияи Қазоқистон,ки пас аз ончи бар сари “Элбасӣ” омада изтиробашро бештару бештар кардааст. Раҳмонов хобу хаёлашро гум кардааст ва пас аз ин ҳама нақшаҳои кашида ва орзуҳои намудааш,ин ҳама хоин эълон карданҳою,зиндонкуниҳои мардуми бегуноҳ,бадарғакуниҳо, дар кофтукоби ҷиноятӣ қарордоданҳояш чизе ҷуз барчида шудани бисоти худ ва оилаашро дар ояндаи наздик дигар бо ин вазъ интизор нест. Инро хуб медонад ва алакаи таҳлил ҳам карда баромадагӣ аст,ки чунин аст. “

Хеле дер карда истодааст, аз ҳад зиёд гузаронида истодааст. Шарм намекунад, ки пири барҷомондаи фартути аз дафтар монда шудаасту фардо боз ҳамроҳ бо роҳбарони даҳҳо сол хурду ҷавони Осиёи Марказӣ дар ҷаласа мешинад. Ин қадар бепӯсту рӯ ва беҳаёву бешарму беномус аст. Яке ба назарам тофт, ки айни ҳамон пулҳои «деревяний»-и шӯравӣ шудааст, ки аз ҳама ҷо рондаву рад шуда ва танҳо дар Тоҷикистон мечархиданду Тоҷикистонро ба қабристони худ табдил дода буданд. Ҳоло ин ҳам ҳамин тавр аст. Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказӣ шуд, ки бо куҳнатарин, беқурбу беқадртарин роҳбараш намунаи зинда ва гӯёи ҳокимият ва ҳукумати як диктатор мешавад. Аз ин пиртар роҳбар дар ин қорра ва дар қаламрави шӯравии пешин касе нест.

Аммо масъала ин аст ки пири фартут сарнавишти Сардор Бердимуҳаммедов ва ё сарнавишти Максим Боқиевро болои Рустам меоварад? Яқин аст, ки бо ин кашол доданҳо, бо ин фурӯ рафтан ба бодлоху чоҳи кандааш дар Помир ва бо ин нафси носераму чашмони гушнааш-аз худ кардани корхонаи азот ҷойи вай ва Рустам дар канори Максим ва падари фирориаш Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар зери сояи Александр Лукашенко-охирин диктотури Аврупо аст, ки болои сари вай ҳам зоғҳои сиёҳ парпар зада истодаанд.

Ps: Бо итминони комил мегӯем,ки Раҳмонов дар ин вазъияти имрӯзаи кишвар,ки ӯ худаш ин ҳолати тангно ва бадро бо сиёсати бехирадона ва оилавияш оварда аст. Ин системаро агар хоҳад,ки тағйр диҳад ҳам наметавонад. Зеро духтарҳо, домодҳо, додарарусҳо, қудоҳо, афроде бо ин наздикон наздик аз қувваҳои қудратӣ ва мақомот ба ӯ имкони тағйири вазъро барояш нахоҳанд дод. Чун,ки ин ҳама система хароб мешавад ва ин ҳама вазъашон бад мешавад. Раҳмоновро дигар на Рустами писараш ва на Озодаи духтараш аз ин вазъи вахиму буҳронӣ наҷот дода наметавонад. Як роҳ дорад Раҳмонов ва он роҳ танҳо ба худаш маълум аст. Агар аз он роҳу шево пеш аз ҷондоданаш, он корро анҷом диҳад 50%50 имкон пазир аст. Хулосаи гап ин аст,ки Раҳмонов ё Рустамро ихтиёр мекунаду аз баҳри ҳама оилааш мегузарад. Ё ин,ки Озодаро ихтиёр мекунаду ҳамон клани куҳна боқӣ мемонаду то чанд моҳи дигар оилаашро ҳифз мекунад вале боз вақт нишон медиҳад, ки Озода бо онҳо пас аз қудрат дар дасташ омадан чӣ тарфандҳоеро барои оила ва худи “пешво” ва боқимонда командаи содиқ ба ӯ омода менамояд. Раҳмонов дар сангинтарин рӯзҳои зиндагонии худаш қарор дорад,ки ҳолашро худаш медонаду Азизмо ва роздонҳои даврубараш,ки ба мо ин маълумотҳоро мерасонанд.

Total
41
Shares
Related Posts