Гузориши пурмаҳсули “Ислоҳ” дар соли 2021 ба ҳаводоронаш

Соли 2021 ҳам бо ҳама хубиҳову нохубиҳо ва бо ҳама шебу фарозҳо ва бо ҳама пастиҳову баландиҳо, бо ҳама ғаму шодиҳо ва бо 365 шабурӯзаш ба охир расиду моли таърих шуд. Сафҳае аз китоби зиндагонии мову шумо ҳам бад-ин минвол пӯшида мешавад. Дар пеш соли 2022-соли палангро дорем, ки Худо кунад, соли хубиҳову хушиҳову шодиҳо бошад. Чун одати дерина дар интиҳои соли 2021, ки соли гов буд, як назаре ба рӯзҳои гузашта меафканем, ки чи рӯзгоронеро гузаронидаем ва чи чизҳое дар ёду хотиротамон ва дар корномаамон мусаббат шудааст. Як чизро пешопеш бигӯям, ки тавфиқу барор, шукри Аллоҳи меҳрубон, ки имсол ҳам моро дар ин дори ғурбат ёр будааст. Мо, бештару бештар вориди манозили шумо, дохили қалбҳои пур аз муҳаббату меҳрубониҳои шумо мешавем. Аз арқому омор дар бораи ишқу алоқа ва меҳру муҳаббатҳои шумо дар пойинтар ба тафсил хоҳам гуфт, аммо ин муждаро бирасонам, ки талошу пайкори мо дар соли 2021 ба ҳадаф расидааст ва самараи неки худ ба бор овардааст. Аз ин ҷост ки ҷойгоҳи «Ислоҳ.нет»  дар миёни бақия ҳамкорону ҳампешагон аввал ва қобили тамҷиду тавсиф аст.

Вале, ҳоло

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд,ки хабари қатъи фаъолияти шабакаи «Ислоҳ.нет» дар YouTube, мисли тундар ва раъд фазои маҷозиро мунфаҷир кард. Бахусус, маъмурону масъулони «фермаи ҷавоб» даҳонҳои бефаровезашонро ба андозаи кафши «сорок последний» кушода ҳай табли шодӣ навохтанду тавлаку дъмра дар даст гирифтанд. Ба YouTubе тасаннову ташаккур карданд, ки оқибат онҳоро аз як мушкили ҷонкоҳ ва аз як балои охирзамон наҷот доду акнун ҷони онҳо медамад. Аммо, шукр, мар Аллоҳи меҳрубонро, ки дер идома накард, балке ҳамагӣ баъди як рӯз шабакаи ҷаҳонии YouTube бо арзи надомат ва пузиш канали телевизионии «Isloh.TV»-ро дар интернет дастраси ҳаводорону мухлисони худ кард ва СС.Ятимов ва чоплусону мутамаллиқони ӯро дар хоку хун ва сӯгу азо нишонду мотамзада кард:

 «Мы повторно изучили все обстоятельства и рещили восстановить Ваш аккаунт. Это означает,что он снова активен и Вы можете им пользоваться.

Приносим извинения за доставленные неудобства.

 С уважением, команда YouTube,20.декабр,2021»

Чи хорҳое, чи чоҳҳое дар рӯи роҳи мо дар имсол ҳам  наафканданд? Ду хоҳари маро маҷбур намуданд, ки бар алайҳи ман тавассути шабакаҳои маҷозӣ суханронӣ кунанд, кореро, ки бар зидди дигар мунтақидону дигарандешон ва бахусус мухолифини сиёсии Диктатори 70сола аз ин пеш ҳам борҳо анҷом дода буданд. Яъне фишор оваранд, то мо аз ин роҳи пешгирифтаамон даст бикашем ва биравему ғуломи онҳо бишавем. Ин ҳокимияти хонаводагӣ ва қавмиву авлодӣ, ки намедонад ва дониста ҳам наметавонад,ки мубориза дар роҳи роҳи ҳақ чи лаззате дорад.

  Ман, бо сароҳат ва қотеъият изҳор медорам, ки дар роҳи рост ҳастам. Чизеро барои пӯшонидан, махфӣ ва пинҳон кардан надорам. Беш аз ин, бо забони дароз, рӯи сурх ва сари баланд мегӯям, ки мо худамон ростем, роҳамон рост аст, ҳарфу суханамон рост аст ва мо дар роҳи Худоем ва Худои бузург ростонро дӯст медорад, иззат ва азамат медиҳад. Маро қаллоб ҳам гуфтанду ифротгаро ҳам хонданд ва таҳти кофтукоб ҳам қарор доданд. Аммо, чуноне мебинед, чизеям нашуд ва намешавад ин шо Аллоҳ, чун мардум ҳақро аз ботил ташхис медиҳад ва медонад,ки кӣ ноҳақ асту кӣ ҳақ?

Матолиби интишордода мо вобаста ба тазоҳуроти мардуми мазлум ва дар муҳосира ва дар инзивоқарордодаи ВМКБ хеле аз пардаҳоро аз рухи ин режим ва аҳдофи нопокаш барафканд. Дастандаркорони ин амалиёти зиддимилливу зиддимардумӣ ба ҳадде дучори даступохӯрдагӣ ва васвос шуданд, ки танҳо дар як рӯз наздики 50 навиштаҳои бесарунӯгро бо наворҳои пур аз фаҳшо муқобили мо мунташир карданд. Як навори сохтаву дурӯғии гӯиё дастгир шудани Муҳаммадиқболи Садриддинро чандин вақт аст дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархонанд, аммо садои соҳиби «Ислоҳ.нет» баландтару бурротар шуда истодааст ва камтарин таъсире ба ман ва мухлисону ҳаводорони ман нарасонид, балки заъфу аҷзи мубаллиғону мутамаллиқони режимро нишон доду бас. Ҳасрати боздошти маро бо худ ба гӯр мебаред!!!

  Ҳатто чандин нафар, ба шумули имомхатиб ва кормандони давлатиро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқболи Садриддин дастгир ва равонаи зиндон карданд.  Маҳмадсодиқ Саидов, имомхатиби 28-солаи масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён” –и шаҳри Кулоб, Абдуғаффор Раҷабов ва Асламхон Каримов, сокинони дигари ин шаҳр дар шумори нафароне қарор гирифтанд, ки гӯиё мақомоти тафтишотӣ алоқа ва ҳамкориҳои онҳоро бо «Ислоҳ.нет» муайян кардаанд. Ҳам имомхатиб ва ҳам ин ду нафари дигарро бар асоси моддаи 307-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум карданд.

Маҳмадсодиқ писари Домулло Холмурод, рӯҳонии шинохтаи минтақаи Кӯлоб аст, ки аз соли 2016 дар ин масҷид ба ҳайси имомхатиб фаъолият мекард. Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ӯро ба он муттаҳам карданд, ки гӯиё мавъизаҳои омода намудаи Кумитаи динро ба «Ислоҳ» дастрас карда бошад. Аммо ман, ҳамчун мудири пойгоҳи таҳлилии «Ислоҳ.нет» ҳам дар замони боздошт ва ҳам ҳоло бо сароҳат эълон медорам, ки ин иттиҳоми мақомот бепоя аст ва воқеият надорад. Онҳое, ки барои мо мавъизаҳоро дастрас кардаанд, ҳоло дар озодианд ва онҳо на танҳо дар масоҷид, дар худи Кумитаи дини Тоҷикистон низ кор мекунанд. Мо, ба далоили маълум наметавонем, ки ному насаби онҳоро ифшо намоем Маҳмадсодиқ Саидовро баъд аз намози ҷумъаи 5-уми март боздошт карданд. Аммо ваҳшат ва ҳароси масъулони ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолиятҳои шабакаҳои оппозитсионӣ аз ҷумла «Ислоҳ.нет» ба ҳадде аст, ки ҳатто кормандони давлатӣ низ бо айни ин иттиҳом дастгир ва равонаи зиндон гардиданд.

Бар асоси ҳукми Додгоҳи ҳарбӣ, ки авохири  июл расонаӣ шуд  Абдусаттор Мирзоев, корманди қисми низомии вобаста ба Идораи зиндонҳои Тоҷикистонро ба ҳафт сол ҳабс маҳкум карданд. Ӯро низ ба ҷонибдорӣ аз ҳизби  наҳзати исломӣ ва “тамос бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров” гунаҳкор донистанд.

Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон авохири июли соли ҷорӣ гуфта буд, ки  бар зидди Абдусаттор Мирзоев «бар асоси шикояти ҳамкорон ва маводи интернетӣ парванда кушода» шуда аст

Додситонӣ гуфта аст, ки Мирзоев тақрибан як сол «шабона ва пас аз рафтани коргарон» тавассути Интернету телефон бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров дар тамос буда, «аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намудааст».

Гӯиё мо бо ин нафар  дар бораи «инқилоб» ва «тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ» сӯҳбат карда ва Мирзоевро  вазифадор карда бошем, ки «дар ҳолати дар муассисаҳои ислоҳӣ cap задани ошӯби маҳбусон, воситаҳои алоқа ва қувваи барқро хомӯш кунад.» Абдусаттор Мирзоев сардори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои муҳофизативу муҳандисии қисми ҳарбии 6593-и  вобаста ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, будааст.

Аммо ман дар инҷо низ бо сароҳат эълон медорам, ки ин нафарро тамоман намешиносам  ва вай ҳеҷ гоҳ бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ ва робита надоштааст. Инро бояд бигӯям, ки боздошту зиндонӣ кардани ин нафарон натиҷаи рашку алам аст   ки мардум ба мо муроҷиат мекунанд на ба Эмомалӣ Раҳмонову СС. Ятимов. Чунки мардум дигар ба шумо бовар надорад. Вале як чизро аз ҳоло бароятон бигӯям, ки агар бо ин минвол идома бидиҳед, маҷбур хоҳед шуд, ки нисфи аҳолии мамлакатро зиндон кунед. Зеро ҳамарӯза шумори онҳое, ки бо мо дар тамос мешаванд, зиёд шуда истодааст ва табъан, ки афзоиши шумораи онҳо девори тарси шуморо мешиканад.

“Магар маълумот дар бораи ҷурму ҷиноятҳои Ятимову Раҳимзода ва ё худи Раҳмонро  ба мо ҳамин нафарони дастгиршуда дастрас карданд? Ин нафарон аз куҷо дар бораи робитаи Шаҳбозу Озода медонистанд ва ё аз куҷо дар бораи онки Кумитаи амният яклухт ба дасти хешу табори Ятимов супорида шудааст ва ё кумакҳои байналмилалии вобаста ба коронавирус тавасстуи «Авесто-гурӯҳ» дузида шударо фикр мекунед, ки Сураҷ Назаров ва ё ҳамон имомхатиби кулобӣ ба мо дод? Ҳайфи Шумо!! Ва, марги ҳолатон!!”

Магар матни мавъиза, ки дар ҳузури садҳо ҳазор намозгузор дар садҳо масҷид қироат мешавад чи чизе пинҳонӣ дошт, ки барои нашри он як нафари бегуноҳро мебареду зиндонӣ мекунед? Бори дигар мегӯям, ки феълан бо мо нисфе аз мардуми Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва ин шаАллоҳ то чанд моҳи дигар ин нисф пурра ва комил мешавад, пас шумо ҳамаи мардуми Тоҷикистонро «статя»-и террорист мезанед? Мо, агар террорист будем, кайҳо аз инҷоҳо меронданамон. Ин шумоед, СС. Ятимов, ки рӯирост Гулбиддини бадахширо нӯги тир кардеду куштед. Террорист шумоед, на мо.

“Ман инҷо мехоҳам дар бораи яке дигар аз аъмоли ҷиноятии режими Душанбе, ки қасд дорад барои мо зарар ва хисорот расонад маълумот доданиам. Ҳамин чанд рӯзи пеш ба мо маълумот расид,ки ба баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ аз тоҷирони бозорҳо, феълан аз Нуршед Машрабов, раиси бозори «Корвон» 55.000 доллар гирифтаанд, то ба мауаллифони «фермаи ҷавоб» маоши иловагӣ бидиҳанд ва гуфта мешавад ин корро бо бозорҳои дигар низ анҷом доданианд.”

Ман, ба шумо эълон медорам,ки 55 не 555.000 ҳам ҷамъоварӣ ва соҳибкорону тоҷирони бозорҳоро маҷбур кунед ҳам фоидаатон нахоҳад кард. Чунки ин шумоед, ки ҳамарӯза як ҷинояти тоза содир карда истодаед. Магар дар ин шароити вазнини «хуру намур» нархи гузаштан дар роҳи «Душанбе-Чаноқ»-ро боло бурдан ҷинояти дигар нест? Магар бидуни кадом асосу далел дастгир ва «статя» задан ба Чоршанбе Чоршанбиев ҷиноят нест? Гуноҳи вай ҳамин аст ки вай помирист ва помириҳо ба шумо сар нафароварда истодаанд

Ман, Муҳаммадиқболи Садриддин ва гурӯҳи расонаҳои катбиву тасвирии «Ислоҳ» -агар кинаву адоват таблиғу ташвиқ кардем, чаро беш аз пеш мухлису муштарии мо афзуда ва зиёд шуда истодааст? Халқи Тоҷикистон бо мо аст. Ин шумоед, ки бо суиистифода аз қудрат бо фиребу дурӯғ аз номи мардум гап мезанед. Барои онки суханони ман худтаърифкунӣ набошад инҷо ҳамон арқому омори ишқу алоқа ва меҳру муҳаббати мардумро меоварам:

 Барномаҳои тақдим намудаи Ислоҳ. ТВ дар соли 2021

Барномаҳои таҳлилӣ :            173 барнома             22:39  соат

Минбари муҳоҷир:                  58 барнома               217: 08   соат

Зери зарабин:                             3  барнома                 5: 51     соат

Пахши зинда:                            27   барнома             50:59    соат

Пайванд:                                     3 барнома                08:55 соат

Дар маҷмуъ:                               265   барнома           307:32

Метавон гуфт дар ҳар рӯзи сол як барнома тақдим намудааст ва барномаҳои зиндаи Ислоҳ плюсро илова кунем қариб ба 400 барнома дар сол мешавад.

Барномаҳои тақдим намудаи Ислоҳ + 2021 сол

Қадам ба қадам:                            16- барнома,          29:26  соат

Бояд гуфт:                                       14 -барнома,          40:59 соат

Пайванд:                                          5 -барнома,           15:21 соат    

Минбари муҳоҷир:                         9 -барнома             23:47 соат

Пахшҳои мустақими изтирорӣ:  3- барнома            13:10    соат

Дар маҷмуъ пахшҳои зинда:        47- барнома,          122:03 соат

Барномаҳои кутоҳ:                           169- барнома

Маҷмуъи барномаҳо:                        216- барнома

Барномахои пахши зинда ва таҳлилҳо ислох ТВ ва Ислоҳ плюс

Ҳар ду канали ИСЛОҲ :                    427 -барнома  431,35 соат

Ҳама наворҳо дар умум:                    478

Нашри  навори «Истеъфо Раҳмонов» дар оғози соли 2021, 3-январ, дақиқан дар рӯзи таваллуди Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов, дар девори гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд дар   «Ислоҳ. ТВ» пояҳои истибдоди режимро сахт биларзонд. Дар сооти аввали нашри ин навор мо амдан маҳалли навишта шудан ин шиорро як зеризаминие дар шаҳри Душанбе гуфтем. Тамоми зери заминиҳои шаҳри Душанберо мақомот зеру рӯ карданду шустанд ва субҳи он рӯз эълон намуданд, ки ин дурӯғи «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқболи Садриддин аст. Вақте хабар барояшон расид, ки дақиқан ин шиор дар маркази шаҳри Хуҷанд навишта шудааст, филфавр рафтанду ёфтанду он ҷои навиштаро шустанду бар болояш ранг заданд. Аммо аллакай дар тамоми расонаҳои дунё он бознашр шуд ва расвоии «Асосгузору Пешво»-ро баровард.

Пас, аз ин КДАМ  ва «фермаи ҷавоб» -аш бо таҳияи як филмномае бо номи «Хиёнат»,ки саропо аз тӯҳмату тавҳин иборат буд, бар муқобили мо маъракаи ҷадиди бадномсозиро шурӯъ кард. Аз баъзе собиқ фармондеҳони ИНОТ, ки феълан дар дасти режим асиру гаравгонанд ва низ аз афроди комилан бароям ношинос бар алайҳи ман мусоҳибаҳо гирифтанд, туҳматҳо бофтанд, то боварии мардумро ба «Ислоҳ» коста кунанд. Пас аз нашри навор онро дар шабакаҳои телевизеонӣ ба намоиш гузоштанд, то мардуми кишварро ҳам таҳти таъсири таблиғи дурӯғини худ қарор диҳанд. Ба вазорати мудофиъа, қушунҳои сарҳадии КДАМ ва  ВКД  амр намуданд ин филмро ба шакли густурда миёни кормандонашон-сарбозону афсарон ба намоиш гузоранд. Ҳамин тариқ дар донишгоҳҳо, коллеҷҳо, корхонаҳо ҳам ин филмро ба намоиш гузоштанд. Бо инхаёлу фикри хом гумон карданд, ки ман ва «Ислоҳ»-ро бадном мекунанд. Аммо чуноне аз арқому омори муштариҳоямон маълум шуд, ин бор низ тири КДАМ  ба хок хурд ва ин барномаашон шуд бар алайҳи худашон.

“Албатта «Ислоҳ. ТВ» ҳам чанд филмеро таҳти унвони «Бешарафон» таҳия ва тақдими тамошобинон кард. Ин силсилафилми мо бо факту далоили мушаххас бори дигар шармандагии Раҳмонову Рустам Озодаву дигару дигарашро ба ақсои олам баровард.”

Аз оғози сол то 30декабри соли 2021 630 матлаб дар сомонаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо, вазоратҳо, ҳукуматҳои ноҳия, фейсбук, Одноклассникӣ бо аксҳои карикатурӣ бар алайҳи  «Ислоҳ.нет» ва шахси ман нашр карданд. Ин матолиб бо имзоҳои ҷаълӣ ва фейкианд, ки        кадом асаре бар руҳу равони ҷомеа гузошта наметавонанд. Баъди нашри бархе аз матолиби ифшокунандаи «Ислоҳ»   дар мавриди аъмоли мақомоти ҷиноятпеша, баъзеашонро аз кор гирифтанд. Агарчи иқрор намекунанд вале аз Суғд то Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ ба мо навиштанд, ки иллати барканории «фалонӣ» ҳамон навиштаи шумост. Ҳатто ҷияну наздикони вазирҳои қудратӣ пас аз нашри матолиб ва наворҳои ифшокунандаи мо, ки дигар наметавонистанд пинҳон доранд, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Ҳоло дар ин қисмати ҳисоботиамон як ҷадвал,як раддабандиеро манзуратон мекунем,то худатон қазоваткунед, ки дар воқеъ “Ислоҳ” чӣ мақомеро дар ин сол ба даст овардааст.

Ин раддабандӣ вобаста ба ҳаҷми маҷмӯии бинандагони каналҳои мухолифин ва расонаҳои мустақил дар Ютуб дар соли 2021аст,мо танҳо 23 каналро дидаем:

1) ИСЛОҲ – 39 млн

2) Уфуқ – 25 млн

3) Гурӯҳи24 – 23млн

4) Ислоҳ Plus – 17 млн

5)Ҳ. Ашуров – 16,2 млн

6)Салмон Х – 16 млн

7)DURBIN TJ – 11,1 млн

8)ПАЁМ TV – 10 млн

9) Azda TV – 7,8 млн

10) Бомдод ТВ – 7,1 млн

11)KHULOSA TV – 7 млн

12)Abdurrahman 09 – 5,9млн

13) Ҷомеъа Live – 4,9 млн

14) Ҷомеъа – 4,4 млн

15) ҲАҚ ВА БОТИЛ- 4,3 млн

16) Зайд Бобоев – 4,2 млн

17) Daler Imomali – 3 млн

18) Muhiddin Kabiri – 2,2 млн

19) Ходими халқ – 1,9 млн

20) M. Kuhistoni – 1,5 млн

21)ПМТ – 1,1 МИЛЛИОН

22)V. Odinaev – 1 млн

23) Sulaymon – 700 ҳ.

Пойгоҳи «Ислоҳ.нет» дар соли 2021 259 матлаб мунташир кард. Ҳама матолиби мо саривақтӣ ва вобаста ба рухдодҳо ва иттифоқоти рӯз ба нашр расиданд. Ҳеҷ яке аз «зодрӯз»-ҳои аъзои оилаи Раҳмоновро мо бидуни табрикот нагузаронидем. Нашри матолиби ифшокунанда аз ҷурму ҷиноёти вазирону раисони ҳукумати Раҳмонов, ки хонандагони зиёд дошт, сардамдорони ин режимро ба яке мухлисони ашаддии «Ислоҳ» мубаддал кард.

 “Дар бахши ютубии “Ислоҳ.ТВ” соли гузашта бинандагони мо  82% афзуд. Барои мисол дар ҳамин давраи соли 2019 адади обуначиёни “Ислоҳ. ТВ” наздик ба 20 ҳазорро ташкил мекард. Дар охири соли 2020 бинандагони “Ислоҳ” ба яксаду ду ҳазор расид. То ниҳояти соли 2019 барнома ва мустанадоти видеоии “Ислоҳ. ТВ” ҳудуди 5 миллион бинанда дошт. Аммо дар интиҳои соли 2020 ин адад афзоиши 8 баробарӣ дошта   ба 41 миллион расида буд. Ин ба он маъност, ки тӯли соли 2020, 36 миллион бинанда ҷазбу ҷалби барномаҳои мо шуда буданд. Дар соли 2021 бошад адади обунашудагон ба 154 ҳазор ва барномаҳои моро 40 миллиону 150 ҳазор бинанда тамошо кардааст. Соли 2021дар шумори муштариҳои мо  52 ҳазор нафар изофа шуд ва феълан пурбинандатарин шабакаи хабариву таҳлилӣ ба ҳисоб меравем. ” 

“Ислоҳ” имсол ҳам ба чандин муҳоҷирони дар хориҷ буда тавассути афроди хайрхоҳи миллат ва ватан кумакҳои худро расонид. Аз ҷумла ба 118 нафар чиптаи ҳавопаймо харида додааст, то ба ватан баргарданд. Инчунин аз дохил ба 27 нафар тавонистем боз ҳам кумакҳои ночизи худро расонем. Агарчи мо муассисаи хайрия ва кумак кунанда нестем. Аммо бо машваратҳои мо ин корҳо анҷом шудааст. Ба чандин донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ буда кумакҳои худро расонидаем, ки дар куҷо ва шакли онро наметавонем инҷо бигӯем.

“Ислоҳ” соли гузашта тарҳи “РАДИОИ ИСЛОҲ”-ро роҳандозӣ намуд. Аммо аз сабаби машғулиятҳое дар бахшҳои дигар натавонистем ин тарҳи худро ба таври бояду шояд роҳандозӣ кунем. Умед дорем дар соли ҷадид ин тарҳамонро ҳам ба роҳ андозем.

“Ислоҳ” дар бахши Инстаграм ҳам фаъолият дошт ва беш аз 8 ҳазор обуначӣ дорад.  .

“Дар бахши “ТИК ТОК”- и “Ислоҳ” то охири сол фаъолияти густурдае дошт ва 23 ҳазор обуначӣ дошт ва беш аз 500 наворҳои кутоҳ дар он вуҷуд дошт,ки рӯзи 28 уми декабр саҳифа нопадид гашт. Мо дигар ба ин корҳо ошноем. Аммо дар “ТИК ТОК”  “ИСЛОҲ ПЛЮС”  фаъол аст,ки 11200 обуначӣ дорад ва фаъолияташро идома дода истодааст.”

Инро низ бояд бигӯем,ки Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар соли 2021 беш аз 20 миллион маротиба мавриди ҳамлаҳои ҳакерӣ қарор гирифта аст вале муваффақ ба шикастани он нашудаанд, алҳамдулиллоҳ. Дар сурати ҳакерии пойгоҳ ба шакли автоматӣ он дубора барқарор мешавад ,чунки сипар ё системаи муҳофизатии қавие онро назорат ва ҳифозат мекунад.

Дар фейсбук саҳифаи “Муҳаммадиқболи Садриддин” ва “Isloh group”  фаъолят мекунанд.

Дар  саҳифаи “Муҳаммадиқболи Садриддин” пахшҳои мустақими моро беш аз 500 нафар мебинанд ва ададҳои дида шуда пас аз барнома аз 30 ҳазор то 180 ҳазорнафар мерасанд. Лайкҳо дар солҳои пеш хело кам буданд вале дар фейсбук адади онҳо ба маротиб боло рафта аст ки далолат аз бедории мардуми кишвар ва ҳамроҳӣ бо моро мекунад.

Пахшҳои мустақими барномаи “Минбари муҳоҷир” то 10 ҳазор бинандаи зинда дорад ва диду боздидҳо аз 150 ҳазор нафар ҳам убур мекунанд.

“Каналҳои мустақили ютубӣ фаъолиятро шурӯъ намудаанд, ки дар онҳо порчаҳоро аз  барномаҳои “Минбари муҳоҷир”  мегузоранд, ки бинандагони зиёде доранд. Таъсири ин шабакаҳо ба самарабахшии корҳои мо кумакҳои хубе ҳам намудаанд. Мо ҳеҷ касеро манъ накардаем, ки наворҳои моро дар худ нашр накунанд, ҳар шахсе, ки мехоҳад, истифода барад метавонад ин корро анҷом диҳад. Чун ҳадфи мо мубориза аст ,на моддиёт ва ончи режим ҳамеша мегӯяд.”

Чуноне дар болои ҳам ишорае доштем, имсол як рӯз пеш аз паёми солонаи Раҳмонов, рӯзи 20 уми декабр, тасодуфан гӯем ҳам иштибоҳ намекунем, канали “Ислоҳ. тв”аз шабакаи Ютуб нопадид шуд. Хело сару садоҳо боло шуданд ва ҳама ВАО тоҷикӣ ба он таваҷҷӯҳ намуданд. Аммо шукри Худо,ки  пас аз 22 соат он  дубора пайдо гашт. Шабакаи Ютуб барои ин пузиш пурсид ва фаъолияти мо дубора аз сар гирифта шуд. Аммо барои нопадид шудани Ислоҳ дар ютуб дар дохили кишвар хелеҳо шитофтан барои мужда додан ба Рустам ва Озода,то барояшон ин хушхабарро бидиҳанд. Инчунин ба муҷарради масдуд шудани Ислоҳ постгоҳи Чорбоғи Варзоб бардошта шуд ва инро ҷашн ҳам гирифтанд. Аммо хурсандӣ дер давом накарду ҳақиқат дубора барқарор гардид.

Соли 2021 раиси Паймони миллии Тоҷикистон Устод Муҳиддин Кабирӣ дар панҷ барномаи “Минбари муҳоҷир” иштирок карда ва ба саволҳои муҳоҷирон посух додаанд.

Соли 2021 “Ислоҳ” бо кумаки ҳамватанони хайрхоҳамон бунёди фаннӣ-техникии истудиёи худро бо васоили муосир тақвият кард,ки ин имкон медиҳад дар ҳар куҷое бошем, метавонем пахшҳои мустақим ва зинда дошта бошем. Минбаъд ҳеҷ монеае роҳи пахшҳои мустақими моро намегирад. Албатта,ин гуна тағйироту пешравии мо барои режим хело сангин ва ғамгинкунанда аст.

Бахши телеграмии “Ислоҳ” соҳиби беш аз дуҳазору панҷсад обуначӣ аст ки умедворам дар соли ҷадиди паланг дар ин самт ҷаҳишҳои палангӣ моро интизор аст.

“Феълан “Ислоҳ” дар дохили Тоҷикистон ҳудуди 73 манбаъи муътамад дорад, ки тамоми ҳаводис ва хабарҳоро ба мо мерасонанд. Аммо воқеият ин аст ки аксари манобеи мо дар мақомоти амниятиву қудратианд. Дар бораи штаб-квартираҳоямон  ва теъдоди онҳо бо сабабҳои амниятӣ наметавонем маълумот бидиҳем. Аммо мутмаин бошед бо як фармон метавонем ҳама он тимҳое дар дохили кишвар дорем аз худ дарак диҳанд ва барои инқилоб корҳое анҷом диҳанд. Бори дигар мегӯям,ки дар тамоми мақомоти қудратӣ чашмҳои худро дорем, ки бо рутбаҳои гуногун адои хидмат мекунанд ва муҳимтарин маълумотро ба мо ирсол менамоянд.”

“Ислоҳ”- шабака ва пойгоҳи мардумиест, ки ҳамеша дарду ранҷи мардуми ҷабрдидаро мегӯяд ва дар ҷавоб мардуми кишвар ҳам ба мо эътимод ва боварии комил доранд. Мо боварии мардумро ҳаргиз аз худамон дур нахоҳем кард ва мардум ҳам донанд, ки ба хотири шумо мо фаолият дорем.

Умеди онро дорем соли 2022 соли бедорӣ ва барчидани решаи зулму ситам ва диктатори 70 ва диктотураи 30 сола мешавад ва мо ба ҳадафҳои неки худ хоҳем расид.

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ.нет”

  2.01.2022

Total
1
Shares
Related Posts