Гузоштани асомии асҳоб барои навзод аз аҳли байт ва равобити хешовандиву издивоҷ миёни онҳо
Равобити хешовандӣ миёни асҳоб ва аҳли байт ба гунае қавиву густарда буд, ки ҳатто бисёре аз душманон низ натавонистанд онро инкор намоянд.
Равшан аст, ки он мардони пок номгузории фарзандони худ ва ё интихоби ҳамсарро бо ҳадафи расидан ба тамаъҳо, хостаҳои дунёӣ ва ҷоҳу мақом ва ҷамъоварии сарват анҷом надодаанд, балки номи пешгомон, роҳбарон ва пешвои хешро барои фарзандони худ ниҳода, духтарони хешро ба мардоне ба ҳамсарӣ медоданд, ки дорои сифатҳои неку писандида, аз қабили диндории воқеъӣ ва покдилӣ буда, худ низ қасди расидан ба чунин ҳолатҳоро барои онон доштанд.
Ногуфта намонад, ки ин хислату алоқа дар миёни аҳли байт дорои сарчашма ва ангезаи бисёр қавӣ, яъне пайравӣ кардан аз равиши Паёмбари Акрам (с) буд ва ба ҳамин хотир пайравони мухлиси хешро низ ба анҷоми он тавсия мекарданд.
Дар ин робита аз Иброҳим писари Муҳаммади Ҳамадонӣ ривоят аст, ки номае ба Абуҷаъфар навишта, аз ӯ дар бораи издивоҷ маслиҳат хостанд, пас аз муддате номаеро бо хати хеш бароям фиристод, ки аз Паёмбар (с) ҳадисеро бад-ин мазмун дар он навишта буд:
– Ҳар гоҳ марде бо ахлоқи некӯ ва диндор барои хостгорӣ омад, ӯро ҷавоби рад надиҳед, ки:
«Кофирон низ ёру дӯсти якдигаранд. Агар риояи он накунед, фитнаву фасоде бузург дар ин сарзамин падид хоҳад омад.»
(Сураи Анфол, ояти 73.)
Дар фиқҳи Имом Ризо (р.ҳ) ин масъала чунин омада:
– Агар марде барои хостгорӣ назди шумо омад ва дину ахлоқи вай мавриди ризояти шумо буд, фақр ва ҳоҷати модии ӯ сабаб нашавад, ки бо дархости ӯ мухолифат кунед.
Худованд низ мефармояд:
«Ва агар он ду аз якдигар ҷудо шаванд, Худо ҳар дуро ба камоли фазли хеш бениёз созад, ки Худо фарохнеъмат ва ҳаким аст!».
(Сураи Нисо, ояти 130.)
Аз имом Ҳусайн (р) ривоят аст, ки фармуд:
– Худованд ҳар чиро, ки барои комил кардани барномаи парастиши Худо лозим буд, бар Паёмбари Акрам (с) нозил фармуд ва ба вай таълим дода, аз он ҷумла Паёмбар (с) рӯзе болои минбар рафт ва яке аз таълимоти динро баъд аз шукр ва сано ба Худованд чунин баён фармуд:
– Эй мардум, Ҷабраил (а) аз тарафи Худованди латиф ва хабир пайғом овард, ки:
– Духтарони бикр монади меваи рӯйи дарахтон ҳастанд, ки агар расида шуда, аммо чида нашаванд, офтоб онро аз байн бурда ва бод парокандааш мекунад.
Онҳо низ агар ба синне бирасанд, ки масъалаҳои занонро дарк кунанд, шавҳар доданашон беҳтарин роҳи ҳал ва дармон барои тамоми ниёзҳои руҳиву равонӣ ва … аст. Дар ғайри ин сурат ҳеҷ замонате барои фосид намудани онҳо нест, зеро онҳо низ башар ҳастанд. Дар ин ҳангом марде ба по хост ва пурсид:
– Эй расули Худо (с)! Ба чӣ касоне зан бидиҳем?
Фармуд:
– Ба куфъ ва ҳамто.
Пурсид:
-Эй Паёмбари Худо (с) онҳо чӣ афроде ҳастанд?
Фармуд:
– Муъминон куфъ ва ҳамтои якдигаранд.
Имом Содиқ мефармояд:
– Бо куфъ ва ҳамтои муносиб шахсе аст, ки покдоман буда, ба миқдори мол дошта бошад. Аҳли байт издивоҷи фарзандони худро бо бадгӯёни аҳли байт, афроди муртакиби гуноҳи кабира, махсусан кофирон, мунофиқон ва муртадҳо манъ кардаанд.
Аз Имом Ҳусайн (р) ривоят аст, ки:
– Инсони муъмин бо шахси машҳур ба носибӣ (бадгӯи аҳли байт) издивоҷ намекунад.
Боз аз ӯ ривоят аст, ки дар ҷавоби Фузайл, ки аз ӯ пурсид:
-Оё бо як духтари носибӣ издивоҷ кунам?
Фармуд:
– Не ва фазле дар он барои ту нест, гуфтанд:
– Фидоят шавам ба Худо қасам, қасдам ин буд, ки назари шуморо бидонам, зеро ман дар баробари хонае пур аз дирҳам низ ин корро намекунам.
Ва низ ривоят аст, ки фармуд:
– Издивоҷ ба зани яҳудӣ ва насронӣ беҳтар аз издивоҷ бо фарди носибӣ аст.
Аҳмад писари Муҳаммад ривояти марфуъе аз (ривояте, ки ба Паёмбар (с) бирасад) Имом Ҳусайн (р) овардааст, ки:
– Ҳар кас, ки духтари неккирдори хешро бо марди шаробхор ақд кунад, ҳамоно бо духтараш қатъи силаи раҳм кардааст.
Аз Паёмбар (с) ривоят аст, ки:
– Ҳар кас духтари неккирдори хешро бо марди фосиқ ақд кунад, ҳар рӯз ҳазор лаънат бар вай нозил шуда, ҳеҷ амали неки вай мақбул нашуда, дуъояш пазируфта нест, на тавбааш пазируфта мешавад ва на фидяаш мақбул гардад.
Имом Ҳусайн (р) дар ҷой дигар мефармояд:
– Паёмбар (с) фармуд, ки :
– Бо шаробхор ақд баста намешавад. Паёмбар (с) мефармояд:
– Ҳар кас, ки духтари неккирдорашро ба ақди шаробхор дароварад, дар ҳақиқат ӯро ба сӯйи зино ҳаракат додааст.
Аз Ҳусайн писари Башори Воситӣ ривоят аст, ки гуфт:
– Номае ба Абулҳасан Ризо навиштам, ки яке аз хешони ман, ки бархе рафторҳои номуносиб дорад аз духтарам хосгорӣ кардааст, раъйи шумо чист?
Фармуд:
– Агар дар ахлоқи вай амре нописанд ҳаст, дархости вайро напазир.
Баъд аз баёни ин ҷумла аз ривоятҳо, аз аҳли байт дар амри издивоҷ ва эҷоди равобити хешовандӣ, роҳу равиши аҳли байтро дар ин замина шинохтем. Ҳоло бо қазовати мунсифона дармеёбем, ки аз рӯи ақл ва шаръ маҳол аст, ки эшон духтарони худро ба ақди издивоҷи касоне дароваранд, ки аз лиҳози динию ахлоқӣ, хато ва эроде дошта бошад.
Аз ҷумлаи далелҳои аҳамияти ин масъала назди аҳли байт ва робитаҳои носеҳона миёни онҳо бо асҳоб, ин аст, ки мебинам Абубакр (р), Умар (р) ва Усмон (р) барои ақди Алӣ (р) бо Фотима (р) талоши бисёр кардааст.
Аз Заҳҳок писари Мизоҳим ривоят аст, ки мегӯяд: аз Алӣ ибни Абутолиб (р) шунидам, ки мегуфт:
– Абубакр (р) ва Умар (р) назди ман омаданд ва гуфтанд:
– Кош назди Паёмбар (с) мерафтӣ ва Фотима (р)-ро хостгорӣ мекардӣ.
Ин ривоят намунаест аз хайрхоҳии ду саҳобаи бузургвор нисбат ба Алӣ (р), ки нишондиҳандаи алоқаи онҳо ба эҷоди робитаи домодӣ бо Паёмбар (с) мебошад ва чун Алӣ (р) дар тангно буда ва моли андаке дошт бародарони саҳобии ӯ, аз қабили Усмон ибни Аффон (р) ҳангоми издивоҷи ӯ аз ҳеҷ кӯмакеро дареғ надоштанд. Имом Алӣ (р) ривояте нақл мекунад, ки Паёмбар (с) ба ӯ фармуд:
– Эй Абулҳасан, ҳозир бирав ва зиреҳи (ҷангии) худро бифӯруш ва пули онро биёвар, то барои ту ва Фотима чизи муносибе таҳия кунам.
Алӣ (р) гуфт:
– Зиреҳро бардошта, дар бозор бо 400 дирҳам ба Усмон ибни Аффон (р) фурухтам. Ӯ пулро ба ман дод ва зиреҳро гирифту гуфт:
– Эй Алӣ, оё касе беҳтар аз ман ба ту барои ин муомила вуҷуд дошт?
Гуфтам:
– Не, он гоҳ гуфт:
– Пас акнун, ки аз муомила розӣ ҳастӣ ман ин зиреҳро ба ту ҳадя медиҳам. Ман ҳам қабул кардам ва бо пулу зиреҳ назди Паёмбар (с) бозгаштам ва вайро аз кори гузашта огоҳ сохтам. Эшон (с) низ барои Усмон (р) дуъои хайр фармуданд.
Ин нукта ҳам муҳим аст, ки Паёмбар (с) ҷиҳати тӯйи ҳазрати Алӣ ва Фотима (р) ба бархе аз асҳоб дастур дод, ки ба назорати Абубакр (р) эҳтиёҷоти тӯйи арӯсии Фотима (р)-ро таҳия кунанд.
Пас равшан аст, ки асҳоб ва муҳимтар аз ҳама хулафои сегона нақши бисёр муҳим ва фаъоле дар анҷоми тӯйи мубораки Фотима ва Алӣ (р) доштанд ва Паёмбар (с) он се нафарро ҷузви шоҳидони никоҳ қарор дода буд.
Анас аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуд:
– Эй Анас, бишитоб ва Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р), Алӣ(р), Талҳа (р), Зубайр (р) ва теъдоде аз Ансорро фаро хонд.
Анас мегӯяд: -корро анҷом дода, бо онҳо ба маҷлиси Паёмбар (с) рафтам. Ӯ (с) фармуд: – Шуморо ба шаҳодат мегирам, ки ман Фотима (р)-ро ба маҳрияи чаҳорсад мисқол нуқра ба ақди Алӣ (р) даровардам.
Пас бо ин матлабҳо бар ту хонандаи азиз пӯшида намондааст, ки аҳли байт алоқаи шадиде ба издивоҷи фарзандонашон бо солеҳон ва аҳли тақво дошта ва ба ҳамон андоза бештарин нафратро аз робита бо фосиқон ва мунофиқон ва навосиб ва муртадон доштанд ва ҳар кас, ки ғайр аз инро иддаъо кунад, бузургтарин зулмро дар ҳаққи онон раво дошта ва онҳоро ба дугонагӣ дар фикрҳо ва суханон бо амалҳояшон муттаҳам сохта ва муртакиби гуноҳе дониста, ки Худованд хашми хешро дар ояти зер бар он эълон кардааст:
«Атаъмурунан-носа билбирри ва тансавна анфусакум ва антум татлунал- китоба; афало таъқилуна.»
«Оё дар ҳоле, ки китобро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Оё ба ақл дарнамеёбед?»
(Сураи Бақара, ояти 44)
Пас фарди муътақид ба каромат ва фазли аҳли байт бо ин даъво мухолиф буда ва бовар дорад, ки онҳо ҳаргиз фарзанди хешро ба ақди шахси ғайриодил ва солеҳ дарнаёвардаанд.
Акнун лозим аст барои баён кардани бештари қазия баъзе аз номҳои фарзандони аҳли байт ва робитаи хешовандии онҳо бо асҳобро зикр кунем, то хонандаи гиромӣ ба умқи робита ва муҳаббати миёни онон пай бурда ва равшан шавад, ки аҳли байт ба солеҳ будани комили асҳоби Паёмбар (с) муътақид буданд ва ба ҳамин далел бо номгузории фарзандони хеш ба номи асҳоб ва иқдом ба эҷоди робита бо онҳо ин боварро устуворӣ бахшидаанд.
1. Паёмбар (с):
Аз ҷумлаи ҳамсарони Эшон (с) Оиша (р) духтари Абубакри Сиддиқ (р), Ҳафса духтари Умар ибни Хаттоб (р) ва Рамла духтари Абусуфиён мебошад.
Номҳои домодҳои Паёмбар (с), Алӣ ибни Абутолиб, ки бо Фотима (р) издивоҷ кардааст. Усмон ибни Аффон (р), ки бо Руқия издивоҷ кард ва пас аз марги ӯ Паёмбар (с) Умми Кулсумро ба ақди ӯ даровард. Абулъос писари Рабеъ, ки бо Зайнаб издивоҷ кард.
2. Алӣ ибни Абутолиб (р):
Аз ҷумлаи ҳамсарони ӯ пас аз вафоти Фотима (р) Асмо духтари Умайс (зани пешинаи Абубакр (р)), Имома, ки духтари Абулъос ибни Рабеъ ва Зайнаб духтари Паёмбар (с) буд. Аз ҷумла фарзандони ӯ: Абубакр, Умар ва Усмон. Номҳои домодҳои ҳазрати Алӣ (р), Умми Кулсумро ба ақди Умар ибни Хаттоб (р) даровард. Хадиҷа духтари
дигарашро ба ақди Абдурраҳмон ибни Омир ибни Каризи Умавӣ даровард. Рамларо низ ба ақди Муъовия ибни Марвон ибни Ҳакам даровард. Фотимаро ба никоҳи Мунзир ибни Убайда ибни Зубайр ибни Аввом даровард.
3. Ақил ибни Абутолиб:
Яке аз фарзандони ӯ Усмон ном дорад.
4. Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб:
Аз ҷумлаи ҳамсарони ӯ:
– Умми Исҳоқ духтари Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ.
– Ҳафса духтари Абдурраҳмон ибни Абубакр (р).
Аз ҷумлаи фарзандони ӯ: Абубакр, Умар ва Талҳа ҳастанд.
Номҳои домодҳои ӯ: Абдуллоҳ писари Зубайр ибни Аввом, ки бо Уммул Ҳасан издивоҷ кард.
Амр писари Зубайр ибни Аввом, ки бо Руқия издивоҷ кард.
5. Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб:
Аз ҷумлаи ҳамсарони ӯ: Лайло духтари Абумурра аст, ки модараш Маймуна духтари Абусуфиён аст. Умми Исҳоқ духтари Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ низ ҳамсари ӯ буд. Издивоҷи Имом Ҳусайн бо Умми Исҳоқ ба тавсияи Имом Ҳасан сурат гирифт.
Аз ҷумла фарзандони Имом Ҳусайн: Абубакр ва Умар буданд.
Номҳои домодҳои Имом Ҳусайн: Абдуллоҳ ибни Амр ибни Усмон ибни Аффон (р), ки бо Фотима издивоҷ кард.
Мусъаб писари Зубайр ибни Аввом, ки бо Сокина издивоҷ кард.
6. Исҳоқ писари Ҷаъфар ибни Абутолиб:
Аз ҷумлаи ҳамсарони ӯ: Умми Ҳаким аст, ки духтари Қосим писари Муҳаммад писари Абубакри Сиддиқ (р) аст.
7. Абдуллоҳ писари Ҷаъфар ибни Абутолиб:
Аз фарзандони ӯ: Абубакр ва Муъовия ҳастанд.
Домоди вай: Абдулмалик ибни Марвон аст, ки бо Умми Абиҳо издивоҷ кард.
8. Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб (машҳур ба Зайналобидин), ки кунияи ӯ Абубакр буд:
Яке аз ҳамсаронаш Умми Фарва духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр (р) аст.
Аз фарзандони ӯ шахсест бо номи Умар.
9. Зайд ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб:
Домоди вай Валид писари Абдулмалик ибни Марвон аст, ки бо Нафиса издивоҷ кард.
10. Ҳусайн ибниҲасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони ӯ: Амина духтари Ҳамза ибни Мунзир ибни Зубайр ибни Аввом аст.
11. Ҳасани Мусанно (писари Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб).
Аз ҳамсарони вай: Рамла духтари Саъид ибни Зайд ибни Амр ибни Нуфуфайли Адавӣ аст.
Домоди ӯ Валид писари Абдулмалик ибни Марвон аст, ки бо Зайнаб издивоҷ кард.
12. Муҳаммад писари Умар ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз фарзандони худро Умар номидааст.
13. Имом Муҳаммади Боқир (писари Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб).
Ӯ бо Умми Фарва духтари Қосим писари Муҳаммад писари Абубакри Сиддиқ пас аз шаҳодати Имом Зайналобидин издивоҷ кард.
14. Мусо (Алҷавӣ) писари Абдуллоҳи Маҳз писари Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Домоди ӯ: бародарзодаи Мансури Аббосӣ аст, ки бо Умми Кулсум издивоҷ кард.
15. Ҳусайни Асғар писари Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони вай Холида духтари Ҳамза писари Мусъаб писари Зубайр ибни Аввом аст.
16. Убайдуллоҳ писари Муҳаммад писари Умар (Алатраф) ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони ӯ: Аммаи Абуҷаъфари Мансур аст.
17.Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Умар ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз фарзандони ӯ Умар ном дорад.
18. Ҳусайни Асғар писари Алӣ Зайналобидин ибниҲусайн.
Аз ҷумла ҳамсарони ӯ Холида духтари Ҳамза писари Мусъаб писари Зубайр ибни Аввом аст.
19. Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз фарзандонашон Умар ном дорад.
20. Имом Содиқ писари Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Ӯ мефармояд: «Абубакр ду бор моро ба дунё овард. Манзур ин аст, ки Умми Фарва модари Имом Содиқ ва Асмо модаркалони Имом ва
(модари Умми Фарва) ҳар ду аз насли Абубакри Сиддиқ ҳастанд. Зеро Асмо духтари Абдурраҳмон писари Абубакри Сиддиқ аст». Ва ба ин хотир эшон ба Амуди шараф машҳур буданд. Манзур каромат ва шарофати насабии вай аст.
21. Ҳасан (Афтас) писари Алӣ ибни Алӣ Зайналобидин ибни Ҳусайн.
Аз ҳамсарони вай духтари Холид писари Абубакр ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб аст.
22. Муҳаммад ибни Умар ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣибни Абутолиб.
Яке аз фарзандони ӯ Умар ном дорад.
23. Мусо писари Умар ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони ӯ Убайда духтари Зубайр ибни Ҳашам ибни Урва ибни Зубайр ибни Аввом аст.
24. Ҷаъфари Акбар ибни Умар ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони вай Фотима духтари Урва ибни Зубайр ибни Аввом мебошад.
25. Абдуллоҳ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарнои ӯ Умми Амр духтари Амр писари Зубайр ибни Аввом ибни Умар ибни Зубайр аст.
26. Муҳаммад ибни Авф ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони вай Сафия духтари Муҳаммад ибни Мусъаб ибни Зубайр мебошад.
27. Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасани Масно ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони эшон Фохта духтари Фалеҳ ибни Муҳаммад ибни Мунзар ибни Зубайр аст.
28. Мусо- Алҷавн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасани Масно ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз ҳамсарони вай: Умми Салма духтари Муҳаммад ибни Талҳа ибни Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Абубакри Сиддиқ аст.
29.Ҷаъфар ибни Умар ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз ҳамсарони ӯ Фотима духтари Урва ибни Зубайр ибни Аввом мебошад.
30. Абдуллоҳ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз ҳамсарони вай Умми Амр духтари Амр ибни Зубайр ибни Урва ибни Зубайр ибни Аввом мебошад.
31. Муҳаммад ибни Авф ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҳамсарони вай Сафия духтари Муҳаммад ибни Мусъаб ибни Зубайр мебошад.
32.Ҳусайн ибни Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз фарзандони ӯ Умар ном дорад.
33. Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Умар ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз фарзандони ӯ низ Умар ном дорад.
34. Мусои Козим писари Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ.
Номи ду тан аз фарзандони ӯў Умар ва Оиша аст.
35. Алӣ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Аз ҷумлаи ҳамсарони ӯ: Фотима духтари Усмон ибни Урва ибни Зубайр ибни Аввом аст.
36. Яҳё ибни Ҳусайн ибни Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб.
Яке аз фарзандонашро Умар номидааст.
37. Алӣ ибни Мусо ибни Ҷаъфари Содиқ (Имом Ризо) кунияи эшон Абубакр. (1)
Яке аз ҳамсарони эшон Умми Ҳабиб духтари Маъмуни Аббосӣ аст. Дорои панҷ фарзанди писар ва як духтар ҳастанд, ки номи духтарро Оиша гузоштаанд.
38.Ҷаъфар ибни Алӣ ибни Мусои Козим ибни Ҷаъфари Содиқ.
Яке аз духтарони хешро Оиша ном ниҳодаанд.
39. Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мусо ибни Ҷаъфар (Имом Ҷавод).
Яке аз ҳамсарони ӯ Умми Фазл духтари Маъмуни Аббосӣ аст.(2)
40. Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мусо (Имом Ҳодӣ).
Яке аз духтарони хешро Оиша ном ниҳодаанд.(3)
Мавридҳое, ки то кунун баён шуд далели бисёр равшане аст ба робитаи бисёр мустаҳкам ва пойдории аҳли байт бо асҳоби Паёмбар (с) ва ҳатто дигарон, ки бо издивоҷ миёни онҳо ва номгузории афрод ба номи якдигар шакли амалӣ ва воқеъӣ ба худ гирифтааст ва эҷоди робитаҳои хешовандӣ аз тариқи издивоҷ далели мантиқӣ ва қавӣ аст бар вуҷуди дӯстӣ миёни онҳо ва як ҷиҳат ва як масир буданд дар диндорӣ ва ақида ва дар зоҳир ва ботин. На ин ки душманон ва фитнаҷӯён ривоҷ дода ва медиҳанд. Пас ту хонандаи гиромӣ боҳуш бош! Агар то поён таваҷҷӯҳ карда бошед ончи дар ин мақола истифода шуда ҳама аз кутуб ва мароҷеъи шиъаён буд. Зеро манобеъи Аҳли суннат истифода мешуд мумкин аст тоҷики шиъашуда гӯяд: ин дурӯғ ва бӯҳтон аст. Эй тоҷики шиъашуда!!! Ин ҳақиқатест, ки бояд ба он ҷиддӣ таваҷҷӯҳ кунӣ!!!
Муҳаммадиқболи Садриддин
Маъхаз:
1. Нурии Табарсӣ дар китоби «Ан-наҷмус-соқиб фи алқоби ва асмоил-ҳуҷҷати ғоиб» мегӯяд: Абубакр яке аз кунияҳои Имом Ризо аст ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Мақотилут-толибин» онро зикр кардааст.
2. Шайх Муҳаммад Тақии Тустарӣ дар китоби хеш «Таворихун-набийи вал-ол» чопи интишороти исломӣ, Қум, Илҳоқии Қомус-ур-риҷол мегӯяд: Ва аммо ҳамсарони Имом Ризо ба ҷуз Умми Ҳабиб духтари Маъмунро наёфтем. Ҳамон гуна, ки дар китоби: «Уюну ахборур-Ризо» 145/2, боби 40, ҳ 19) ва Имом Ҷавод ҳам ба ҷуз Умми Фазл духтари Маъмунро наёфтем.
3.Ба маъноҳое, ки дар ин ҷиҳат истифодашуда ва хонандаи гиромӣ метавонад ба онҳо руҷуъ кунад, ба шарҳи зер аст: «Умадатут-Толиб фи ансоби оли Абутолиб» асари ибни Утба вал-Асили фи Ансобит- Толибина асари Тақтақӣ ва «Сиррус-силсилатил-алавияти» асари Абинасри Бухорӣ ва «Иршод»-и Шайх Муфид ва Мунтаҳиломоли Шайх Аббоси Қумӣ ва тароҷими Аъломун-нисо асари Муҳаммад Ҳусайни Аъламии Ҳоирӣ ва кашфул-ғумма фи маърифатил-аиммати асари Арбилӣ ва «Анвори Нуъмония» асари Ниъматуллоҳ Ҷазоирӣ ва «Аъёнун-нисо» асари Шайх Муҳаммад Ризо Ҳакимӣ ва «Таърихи Яъқубӣ» асари Аҳмад ибни Абияъқуб ибни Ҷаъфар ибни Ваҳб ибни Возиҳ ва Баҳор-ул-Анвори Маҷлисӣ ва «Мақотил-ут-толибин» асари Абулфараҷи Исфаҳонӣ ва «Ансоб-ул-ашроф» асари Балозурӣ ва асари «Насаби Қурайш» асари Мусъаби Зубайрӣ.