Хари Раҳмонов аз лой гузашт

Ислоҳ нет

Ҳаял накард, ҷасаласаи савгандро гузаронду дафъатан “свет”-ро кушту Тоҷикистонро боз ҳам ба ҳолу аҳволе баргардонд, ки тӯли ин 28 соласт, ки мудирият мекунад:-торикистон.  Дар ҳамин маърӯзаи рӯзи қасам бо як ҳамҳамаву воҳима аз он гуфт, ки мардум ӯро барои он интихоб кардааст,ки аз сиёсати пешгирифтаи ӯ ҷонибдорӣ мекунад. Барои ҳамин, ки ӯ нону намаки халқро хӯрдааст, барои ҳамин ки ӯ мардумро аз бебарқӣ халос кардааст ва бахусус барои онки вай Роғунро сохтааст, ӯро мардум ба раиси баргузидааст. Вале ин як дурӯғи бузург аст ки ҳатто дар ду шаб ҳам  натавонист пинҳон дорад. 30 октябр қасам хӯрд ва 31 октябр “светмурӣ” сар шуд.

Чи рӯзу рӯзгореро болои ин мардум ва ин миллат овардаву оварда истодааст. Мижааш таҳ намехурад. Парво надорад. Соли гузашта дар моҳи декабр дар паёмаш аз 10 то 15% афзудани маошу нафақа лоф зад. Гуфт аз сентябри соли оянда, яъне имсол ба ҳамин андоза маошу нафақапулиро баланд мекунад. 10 моҳ, балки як сол пешакӣ ин ҳама воҳимаро заду ҳоло,ки ин 10% изофашуда ба маошро нагирифта нархи анвои ғизо то 30–40% боло рафт. Як кило шакаре,ки нони ба азоб дастрасмекардаашро, ”чой-чаппотӣ”-ишро ширин мекард аз 6 сомонӣ ба 10 ва дар баъзе навоҳи аз 15 сомонӣ боло рафт. Ҳоло дигар иқтисоддону муҳосиб будан шарт нест, ки бидонӣ ин ҳаҷми афзоиши маошу нафақа ба “алек”-и чунин гароншавӣ “чалек” нашуд. Вале ин назарфиребиву чашмандӣ ва найрангро бубинед,ки аз 15% афзудан як сол пеш мегӯяд вале ҳоло аз инки нони даҳани мардум то 30–40% боло меравад, сокит аст. Мӯҳр дар даҳан задааст. Албатта, агар ки “оптовик”-ҳо ва “поставшик”-ҳо домодҳову аҳлу авлоди худаш набуд, як коре мекард. Вале азбаски тамоми маҳсулоти ғизоӣ тавассути ширкату фирмаҳои худаш ва бастагонаш ворид карда мешаванд, камтарин диққат намекунад. Бо инки нерӯи барқ ба мардумро қатъ кардааст, на танҳо гармиву рӯшаноиро гирифтааст, балки зиндагиро, ҳаёти мардумро ҳам гирифтааст. Тамоми конҳои ангишт,аз Назарайлоқу Зиддӣ гирифта то Ҷиҷикрӯду Канте ва то Мастчоҳро ҳам ба моликияти хусусӣ бадал кардааст. Як қисме аз онҳо дар тасарруфи Ҳасан Асадуллозода(хусурбача),як қисмаш ба дасти Шамсулло Соҳибов(домод) қисме дигар дар дасти Бег Сабур(қудо).Ҳар нархе хоҳанд ва ҳар навъе хоҳанд комилан озоданд.

Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон нархи долларро ҳам боло бурд. Ва, бубинед,ки чӣ далел пеш овард? Нархи расмиро бонархи бозори сиёҳи доллар баробар кунад. Барои ҳамин 100 долларки 1033–35 буд 1130–1135 шуд. Оё нарху қурб дар бозори сиёҳу дар фурӯши расӣ мусовӣ шуд? Албатта,ки не. Ҳоло мегӯянд, ки доллар сахт камчин шуд ва нархи бозории он аз 1200 ҳам боло шудааст. Пас, ин як дурӯғи дигар Раҳмонову домоди дигарии ӯ Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали Бонки миллӣ аст? Бархеҳо бар ин назаранд, ки ҷаҳиши камсобиқаи 10% доллар дар баробари сомонӣ ва ё беобрӯшавии сомонӣ дар баробари доллар дафъатан баъди эълони тағйироти кадрӣ сурат гирифт ва шояд инҷо як навъе эътирозу вокунишҳои дарунии Ҷамолиддин Нуралиев бошад, ки аз “вечно муовин” будан безор шудааст. Вагарна, чунин баҳонае, ки бозори сиёҳи доллар иллати тағйири курсӣ расмӣ шуд гуфтан хеле ҷиддӣ нест ва ин гуна будани ҳолати иқтисодӣ, агар ки дуруст буд, авоқиби бисёр ҳам хатарнок дар амнияти иқтисодии кишвар метавонад дошта бошад. Ҳол “бозори сиёҳ”-и доллари Тоҷикистон чи қадар нуфуз ва таъсир пайдо кардааст,ки курси расмиро зад?

Доллару долларбозҳо ҳам, ки худи аъзои оилаи Раҳмон ҳастанд ва барои онҳо доллар даркор аст ки тиҷоратҳои миллион-миллиониашонро бичархоннад. Инро,ки Раҳмонов хуб медонад ва ин “нағма ва нақора”-и Ҷамолиддини домодаш барои чӣ буд? Ин “саботаж” ва ё “шантаж” нест мабодо? Наход якшаба курсӣ расмӣ 10% боло равад? Ва,ё инки авзоъ аз хеле пеш вахим буд ва ҳамин маросими савгандро мунтазир буданд, ки бигзаронанд ва сипас эълон кунанд. Дуруст мисли ҳамин куштани свет?  Ва,ё боло бурдани нархи маводди ғизоӣ? Оё маънои ин ҳама корҳо ин нест ки акнун хари Раҳмон аз лой гузашт? Ва, ин хар бояд то интихоботи дигар чаридаву ҳангидаву паридаву ғелзадаву ридаву мезида гардад? Хелеҳо бар ҳамин ақидаанд, ки ҳам лимити барқ, ҳам гаронии нархҳо ва ҳам қурби реалии доллар дар баробари сомонӣ хеле пештар маълум буд. Ва,ин ҳама танҳо ба хотири баргузор кардани рӯзи савганд, ки боз нагӯянд, “аз дастат бало ҳам намеояд,чи ҳамаро фиреб карда гаштаӣ” онро то ҳамин маросим нигоҳ доштанд. Шояд як сабаби пеш овардани замони баргузории интихобот ҳам ҳаминҳо бошад? Дар ҳар сурат аз ҳамин ҳоло маълум аст ки хеле рӯзҳои бадеро мардум дар пеш доранд. Чунки ин шайкаи дуздону маҳалгироён, ки қудратро дар даст доранд, бештар аз пештар бераҳму шафқат шуда истодаанд. Дар ҳоле, ки мардум бо чи азобҳое, бо чи ситамҳое дорад зиндагӣ мекунад, бо як ранги ручка барои Шамсуллои домодаш аз ҳисоби чопи китоби “Тоҷикон” 7 миллион доллар аз ҷайби холии мардум гирифту дод. Хеле ҳам беҳаё ва бешарм ва як дузди гузаро аст Раҳмонов.

Китобро аз ҳисоби пули ҳамин халқ (137 миллион сомонӣ) чоп карда ва мардумро миннат ниҳода истодааст, ки бароятон “Тоҷикон”-ро бепул ва ройгон тӯҳфа кардам. Аммо маълум шуд, ки дар пушти ин ҳама чопхонаи Фарози Шамсуллои домодаш ва 80 миллион сомонии даромади муфт аз ҳисоби чопи ин китоб аст. Ин чунин маъно дорад, ки “аз рӯ шонаву аз пушт фона”.Онҳо бо ин роҳову шева, манзур Раҳмонову домодҳову писару духтарҳояш, чи қадар мардумро ғорат карда истодаанд?

Вале бо ин ҳама дуздиву  ғорату фиребу найрангу чашмбандиву назарфиребиҳо қадри як пули пучак,ба халқу мардуми тоҷик эҳтиром қоил нестанд. Барояшон “западло” ҳисоб мешавад бигӯянд, ки “узр, мо бо мушкили беобӣ дучор шудаем ва илоҷе ҷуз аз лимит надорем”. Не, намегӯянд. Ҳеҷ гоҳ намегӯянд. Ин мардум кӣ аст, ки Пешво бо онҳо бо чунин лафз ҳарф бизанад? Мегираду мекушаду торикистону гӯристон мекунад вале мегӯяд,”шукрона кунед, ки дар биҳиштед”. Ё “ шукронаи ана ҳамин ҳолу рӯзеро,ки бар саратон овардаам кунед” Шукрона накун рӯзатро бубин,худатро ё дар зиндон мебинед ва ё …Ва,инро илми роҳбарӣ меҳисобад ва принсипаш ҳам ҳамин аст ки ҳеҷ гоҳ музаҳои кирзашро аз гулӯи мардум набардорад. Ва,ин мардум ҳам барои нафас кашидан, аз ӯ иҷозат бигиранд.

Хабарҳои расида аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳокӣ аст ки рӯзҳои ахир аз соати 7.00-и саҳар то 18.30 неруи барқ ба аҳолӣ дода намешавад. Беш аз 90 дар100-и ҳаолии Тоҷикистон барқ надорад. Дар ҳоле, ки на як бору ду бор ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки ҳавзи Норак пур шуд ва фасли тирамоҳ ва зимистон реҷи нерӯи барқ ҷорӣ намешавад ва аҳолӣ пурра бо барқ таъмин хоҳад шуд. Дар ҳамин суханронии рӯзи савгандаш ҳам Раҳмонов гуфт, ки мо дигар аз бебарқи халос хӯрдем ва ҳоло мардум ба таври комил бо нерӯи барқ таъмин аст. Хуб,чаро ба мардуми худ дурӯғ мегӯед?  Чаро сабру таҳаммули мардумро месанҷед? Бас, нест магар? Ду чархаи Роғун истеҳсол карда истодааст, ду маркази гармидиҳии Душанбе фаъол аст, корхонаи бузурги Талко беш аз нисфи ҳиссаи барқи худро масраф намекунад, кадом корхонае гигант мавҷуд нест, ки барқи зиёд харҷ кунад, пас ин нерӯи барқ куҷо меравад? Шумо, ки гуфтед ба Узбакистон коҳиш додед содиротро?  Пас, куҷост нерӯи барқи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон?

Ҳар чи ҳам набошад феълан ва алҳол хари Раҳмон аз лой гузаштааст,бароятон сабр дар ин фасли сармо ва шукронаи бештару бештар ва аз сиёсати “хирадмандон”-аи ҷаноби “Пешво” ҷонибдориро мехоҳам.

Share This Article