Хистеварзиҳо: «Раҳмонов ба Қистақуз набиё, аз ту безор мо!»

Ислоҳ нет

Мо, истиқоматкунандаҳои  ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз омадани Раҳмонов ба ҷамоат ва ноҳияаамон безор ҳастем. Зеро ҳама, коркунони ҷамоат, духтурон, муаллимон талабаҳо ва аҳолӣ дар ташвишанд. Барои қабули як аблаҳи аҳмақ чанд моҳ тайёрӣ мебинанд, чи қадар сарфу харҷ мешавад. Бовар кунед дар дили ҳама,ҳатто кормандони ҳукумати ноҳияву ҷамоат ҳам задааст.

Аммо аз якдигар метарсанд ,боз дар байнамон «буз» набошад гуфта ҳамаи мардум аз якдигар хавф мебаранд . Қофлонбой (Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят) ин шабурӯзҳо сахт дар давутоз аст. Ба гардани соҳибкорон бор мекунад. Соҳибкоре, ки  сохтмони  ягон иншоотро ба гардан гирифта буд, аз ин кори кардааш сахт пушаймон мешавад. Чунки ба ҷои 100 1000 харҷ мекунад, қарздор мешавад .

   Намедонам барои чӣ? Аммо Раҳмонов ба ҷамоати мо бисёри бад мебиёяд. Ба хотири онки сарвазир аз инҷо аст.

Соли гузашта баъди Иди ваҳдати миллӣ  Раҳмонов  ба вилояти Суғд омад. Аз аэропорт рост ба ҷамоати мо омад. Дар посёлкаи ҳафтум  як клиника ифтитоҳ кард, бо тамоми техникаҳои пешрафта. Шояд миллионҳо арзиш доштанд. Баъди рафтани Раҳмонов ҳамаи он чизҳоро бор карда гирифта рафтанд ба суи Хуҷанд. Аз кадом клиникаи Хучанд он техникаҳоро оварда будаанд. Барои аҳмақ кардани Эмомалӣ Раҳмонов. Айни ҳол онҷо мағозаи хурокворӣ,  дорухона , гуштфурушӣ  ва ғайра  шудагӣ аст. Аз он ҷо баромаду рафт барои кушодани беморхонаи сироятӣ. Ин беморхона ҳам ҳоло «хоб» аст,яъне кор намекунад. Боз рафту парчамро афрохт. Гуфта шуд, ки як миллион бештар барои он харҷ шудааст. Аммо мардуми камбизоат ҳар рӯз дар дари идораи ҷамоат, ки барояшон кумак кунанд. Танҳо дар як роҳе, ки аз он Раҳмонов мегузарад ба 45.000 сомонӣ гули мавсимӣ шинонидаанд. Ин ҳама исрофкорӣ фақат барои пешвозгирии ин Пешвои аблаҳ асту бас.

 “Як деҳаи поёнтар аз мо Зарзамин ном дорад. Он пештар Қатаған ном дошт. Мардуми он деҳа заҳматкаш-соли дароз дар замин кор мекунанд. Қофлонбой Раҳмоновро ба намоиши помидор мебарад. Ва аз телевизони Тоҷикистон  ҳамонҷоро аз номи Хистеварз намоиш медиҳад. Як фабрикаи мурғпарвариро ҳам ба Хистеварз нисбат медиҳанд. Ин корҳои ҳамин Қофлонбой аст. Барои онки вай мехоҳад бо як тир ду нишон занад. Ҳам ба Раҳмонов нишон диҳад, ки вай кор карда истодааст ва ҳам ба сарвазир, ки аз Хистеварз  аст.”

Ин шабурӯзҳо боз ҳам мисли пешина муаллиму духтар талабҳоро боз дар ташвиш мондаанд, Раҳмонов боз меомадааст. Дар он кӯчаҳое, ки иншооти ҷашнӣ сохтаанд, мардум хоб надоранд. Биноҳоро ҳама бояд  ранги зард зананд. Ин кӯчаҳоро мумфарш мекунем гуфта аз халқ ба зӯрӣ пул ҷамъ карда истодаанд. Нисфашро ҳукумат медиҳад, нисфашро халқ гуфта мардумро фиреб карда истодаанд.

Вале як чизи дигарро мехоҳам бигӯям:

“Гап дар инҷо аст, ки ҳоло хеле аз иншоотҳои ба ном ҷашниро кормандони ҳукумат сохта истодаанд. Онҳо аслан соҳибкор нестанд. Коргарҳои давлат ҳастанд, ки бо пули ҳароми пора ин иншоотҳоро сохта истодаанд. Хуни халқро макида истодаанд. Масалан дар мо чанд боғчаи бачагона амал мекунад. Аммо боғчаи бачагонаи хусусӣ сохтанд, Якто ҳам не, ду то. Чунки аз  боғча зуд пул ҷамъ меоваранд. Аммо мардуми зиёде бекор аст, ягон корхонаи истеҳсолӣ сохтан намехоҳанд.”

Як заводи калон консерв буд. Садҳо нафарро бо кор таъмин мекард. Онро раиси ин завод порча – порча карда фурӯхт. Ҳамин тавр фермаи колхозро нобуд карданд. Аввал гову мол ва сипас замину худи бинои онро ба савдо заданд. Ҳама коргоҳҳову иншооти давлатиро фурӯхтанд. Заминҳои обии корамро «парник» документ карда ба мардум мефурушанд. Аммо ин ҳуҷҷатҳо қалбакианд. Ҳамаи ин бетартибиву талаву тороҷи моликияти давлатро, махсусан тиҷорати заминро Алишер Ятимов, прокурори ноҳия «кришават» мекунад. Кор то ҳадде кашидааст, ки як заминро ба ду кас ва се кас мефурӯшанд. Аслан намефаҳмӣ, ки ин чи гуна давлатдорӣ аст.

Масъалаи аз ҳама ташвишовар ин аст, ки мактабҳо дар ҳолати душворӣ қарор дорад. Дар мактабҳо қариб, ки муаллим намондааст. Азбаски маоши омӯзгор ниҳоят пасту ночиз аст, вақте дохили мактаб мешавӣ, асосан бо муаллимаҳо вомехурӣ. Вале  через ден фақат пул талаб мекунанд: барои обуна, фонд ,шикастурехт, ремонт, консерт, либоси мактабӣ ва ғайра. Боз ба талабаҳо ёд медиҳанд, ки  агар комиссия биёяд мо ба ҳеҷ чиз пул намедиҳем гӯянд. Лекин ба пул талабот сахт. Аммо масъалаи донишу савод аҳамият намедиҳанд. Муаллимаҳоро аз боло маҷбур мекунанд, ки барои консерт билет гиранд. Ба ин консерт меравӣ ё намеравӣ фарқ намекунад, муҳим пули билетро бояд оварӣ. Формаи мактабӣ аз тарафи шӯъбаи маориф оварда мешавад. Маҷбур карда мефурӯшанд. Аммо дар бозор нархи он хеле арзон аст. Директорҳо ҳамааш занҳоянд. Муаллимро бо микроскоп мебинӣ

   “То ҷангу ҷидол бо қирғизҳо нарху наво дар мо арзонтар буд. Дар қирғиз  орд, равған, бензин, ангишт ва чизҳои рузгор арзон буд. Ҷавонҳо аз онҷо молҳоро ба сарҳадчиёну амниятиҳо «доля» дода ин маҳсулотро ворид мекарданд. Ҳозир ғайриимкон шуд. Газ дар мо 7уним 8 сомонӣ. Дар қирғиз 4уним 5 сомонӣ. Агар тоҷикҳо барои «заправка» гузаранд, қирғизҳо коре надоранд, аммо мақомоти мо 3000 сомонӣ ҷарима мекунанд.”

Вақти короновирус тамоми сари роҳи калонро баста, дар даромади Хитеварз як пост монда дар як шаб то 10.000 доллар кор карданд. Молҳоро қочоқӣ гузаронида «ставка»-ро зиёд карданд. Қаблан қочоқчиҳо, чун ҳамаи роҳҳо кушода буд,метавонистанд, ки аз дасти инҳо бигурезанд. Ҳоло дигар роҳҳоеро, ки ба шоҳроҳ мебароад, сахт бастаанд. Як  тарафи  роҳ тоҷик як тарафи роҳ қирғиз. Қирғизҳо диданд, ки тоҷикҳо роҳҳои худро бастаанд, пости худро бардоштанд,  роҳҳои хурдро кушоданд .Шоҳроҳро ҳам гирифтанӣ шуданд. Ҳама кор айби мақомдорони худамон.  Барои нафси худашон шуда қариб монда буд, ки роҳро аз даст диҳанд. То ҳол хархаша байни тоҷик ва қирғиз давом дорад .

“Масъалаи дигар ин масъалаи танзим аст. Ҳукумат  танзим танзим мегуяд, вале танзим тамоман риоя намешавад, бизнес шудагӣ. Хатна тӯй иҷозат нест. Лекин пешакӣ  ҷаримашаашро дода 2500ё 3000 сомонӣ иҷоза мегиранд. Ин ҳукумат аз барои ба халқ ёрӣ диҳад баракс зарар мерасонад.”

Мардуми камбизоат бошад, мардуми сарватманро дида тақлид мекунад, қарздор мешавад ва маҷбур аст, ки муҳоҷир шавад. Раиси танзими ноҳия Ҳакимов Ҳусейнхон дар вилояти Суғд чоплуси рақами 1мебошад, дар чоплусию маддоҳӣ ва лесакӣ хеле усто аст. Раҳмоновро аз падару модараш боло медонад.

Ин одам аз телевизиони вилоят зиёд баромад мекунад. Гапҳои бемаънӣ мезанад, дурӯғ мегӯяд, рӯирост хушомад мезанад, лаганбардорӣ мекунад. Ҳамроҳи Хайёмиддин дар барномаи   ” Амният ва ҷомеа” ба зиёд гап мезанад. Боз муллоӣ ҳам мекунад, аз давраҳои ҷанг, аз ҳоисаҳои 30 соли пеш гап мезанад. Ин Ҳусейни танзими чашмгурусна тамоман сер намешавад. Дар рӯзҳои шанбеву  якшанбе туйу маърака зиёд мешавад,  ранги рубаҳ пайдо шуда мебиёяд, як баҳона карда пора ситонда, асаби соҳиби  маъракаро  хароб карда меравад. Барои ҳамин чоплусиҳояш медал доданд. Тамоми муллоҳоро зери даст карда гирифтааст.

  ” Дар ҳар намози ҷумъа муллоҳо фақат таърифи Раҳмоновро мекунанд, Барои ҳамин ҳоло ба масҷид мардум кам мераванд. Муллоҳо даъвати ба сӯи Худову Расул намекунанд. Танҳо барои як режими палид  ва роҳбари он ташвиқот мебаранд.”

Як намуд таъриф мекунанд, ки  бо тарсу ҳарос , қавм кам мондааст, ки наъузубиллоҳ ба Раҳмонов салавот фиристанд. Муллоҳо аз Худо битарсед, рӯзи қиёмат чи ҷавоб медиҳед? Он вақт Раҳмонови лаънаткарда наҷотатон намедиҳад.

Раҳмонов аз омадани ту ягон фоидае нест, ғайри зиён . Акнун ту пири фартути фарсуда шудаӣ. Гап мезанӣ, мисли Брежнев  забонат намегардад. Хайр бас будагист. 30 сол басат нест? Ин қадар нафсатро сар додагӣ, ки дунё бароят кифоят намекунад. Як бор омадиву рафтӣ заводи консервро  дидӣ. Аммо ҳоло онро пораву порча карда фурӯхтанд. Чаро намепурсӣ, ки он завод куҷо шуд? Агар  бовар накуни ин дафъа омади як пурс ҳоли заводе парда бардошта будию ифтитоҳаш намуда буди. Соли 2011 як усторо маҷбур кардӣ дар Хистеварз чойхонаи миллӣ сохту вақти омадани ту онро гӯиё фаъол кард. Ин устои бечора то ба ҳол қарзи бонкро канда наметавонад.Ту мебиёиву хурсандӣ мекуниву рақсу бозӣ. Аммо баъди ту мардум дар азоби қарз мемонад.

Барои ҳамин  мо аҳли ҷамоати Хистеварз гуфтанием, ки ҷамоати мо набиё, умуман аз ин  сафар даст каш.

Ps: Хуб чуноне медонем сафарҳои Раҳмонов аз шарқи кишвар шурӯъ шуд ва то Бадахшон расид. Ба вилояти Хатлон рафту ҳоло навбати Суғд расидааст. Бояд пеш аз сафари Аврупояш Раҳмонов ин корновал ё гастролашро ба поён расонаду ба Аврупо ояд. Ин номаи мардуми Хистеварз ба ту буд, хубаш нарав, агар рафти ончи мегянд як санҷу бубин,ки ин гапҳо ростанд ва ё дурӯғ? Ақалан он ҷое ифтитоҳ мекуни онро назорат кун, пас аз ту кор мекунад ва ё барои фиреб кардани ту ба намоиш гузоштаанд. Каме поён фаро ва аз аҳволи мардум хабаргир.

Share This Article