Хитоби шадидуллаҳни  сокинони Хумгарони Панҷакент ба “Пешво”!

Ислоҳ нет

Салом ба сардабири «Ислоҳ.нет», бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Бо навиштани ин нома ба унвони Шумо бовар дорем, ки онро чоп хоҳед кард. Нома ва шикоятҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе аз расонаҳо чоп шуданд, аммо касе аз мақомот ҳозир нашуд, ки ба доди мо бирасад. Бо нашри он, бовар дорем, ки «Ислоҳ» метавонад доди моро ба гӯши ношунавои масъулин бирасонад:

Ин шабу рӯзҳо дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати таҷлил аз Наврӯзи оламафрӯз омодагиҳо давом дорад. Ҳукумати шаҳр ва роҳбарияти корхонаи муштараки «Зарафшон» интизоранд, ки имсол дар рӯзҳои Наврӯз роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ба Панҷакент меояд ва дар ҳудуди ин корхона ба ба фаъолияти коргоҳи тавлиди мис иҷозат медиҳад. То он рӯз бояд ҳама сиру асрори ин роҳбарон аз назари Президент махфӣ нигоҳ дошта шавад. Роҳбари давлат набояд фаҳмад, ки сохтмони полоишгоҳи ин заводи нав кайҳо боз (аз моҳи октябри соли 2019) дар минтақаи аҳолинишин, яъне дар деҳаи Хумгарони ҷамоати деҳоти Косатарош оғоз ёфтааст ва боиси нигарониҳои сокинон шудааст. Баъди ба кор даромадани ин полоишгоҳ дар он ҷо садҳо ҳазор тонна партови химиявӣ ҷамъ мешавад ва ин полоишгоҳ ба ҳаёт ва саломатии мардум хатари бузург дорад.

Сокинони деҳаи Хумгарон ду сол инҷониб ба Ҳукумати шаҳри Панҷакент, ҳукумати вилояти Суғд ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аризаҳои имдодталабона менависанд. Онҳо умед доранд, ки дар кишварамон қонуну ҳақиқату адолат ҳаст ва мушкилоти ба сари онҳо омада бартараф мешавад. Вале ҳар дафъа ҷавобҳои дурӯғину бемантиқ меояд.

Имрӯзҳо баъзе сокинон оид ба ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят менависанд. Рохбарони шаҳри Панҷакент ва мансабдорони КМ «Зарафшон» дар навбати худ ба таҳдиду зӯроварӣ гузаштаанд. Шахсияти муаллифонро маълум карда, онҳоро ҷазо додан мехоҳанд.

“Ҷавобҳое, ки дар зарфи ду сол ба дасти муаллифон расидааст, мазмуни якхела доранд. Аммо дар маҷмӯъ, ҳамаи онҳо ба хотири муваққатан ором кардани аҳолӣ, ғофилгир кардани сокинони деҳаи Хумгарон ва зудтар сохтани полоишгоҳи хатарнок навишта шудааст. Норизоии сокинон ҳамчун монеа шудан маънидод гардидааст. Ваъдаҳои мақомот бисёр аст, аммо аз иҷрои онҳо ҳеч хабаре нест.”

Аз ҷумла, дар ҷавоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо имзои муовини якуми раиси шаҳр Сафарзода М. аз 20. 01. 20, № Р-10 чунин омадааст:

«Натиҷаи омӯзиш нишон дод, ки қитъаи замини ҷудошуда барои сохтмони полоишгоҳи нав ба ҶДММ КМ «Зарафшон» ба майдони 10.0 га аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ориёно» буда, дар асоси мактуби розигии хоҷагии деҳқонии  «Ориёно» аз 23. 09. 2019 №8, пешниҳоди Ҷамоати деҳоти Косатарош аз 24. 09. 2019 №266, қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 21.10.2019 № 638 ба тасвиб расидааст. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки айни замон барои ҷудо намудани қитъаи замини ғайрикишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ориёно» қитъаи замин ба майдони 30.0 га интихоб шудааст. Дар ин бора қарори маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии деҳқони «Ориёно» ба тасвиб расидааст. Дар ҳолати пурра ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини мазкур аҳолии дар минтақаи заҳрнок ҷойгиршуда кӯчонида машавад».

Аз рӯзе, ки ҷавоби мазкур ба дасти сокинони деҳаи Хумгарон расид, беш аз 2 сол гузашт. Аммо то ҳол маълум нашуд, ки он қитъаи замин (30.0 га) дар куҷои дунёст ва кай ҳуҷҷатгузорӣ мешавад.

Дар мактубе, ки қаблан аз корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Панҷакент аз 12. 12. 2019 №3842 дастраси сокинон шудааст, ин қитъаи замин 10.0 га нишон дода шудааст.

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26. 02. 2020 № 1-5/1340-1150 бо имзои муовини вазир М. Камолзода ҷавоби хаттӣ фиристода, зимни он ин полоишгоҳро безарар донистааст. Тасаввур кунед, полоишгоҳе, ки масоҳаташ 10 га, гунҷоишаш садҳо ҳазор тонна заҳри кимиёвист ва аз хонаҳои сокинон ҳамагӣ 400 метр фосила дорад, безарар будааст. “

Даводави дусолаи сокинон ҳеҷ натиҷа надод

 Аниқтараш, натиҷааш ин шуд, ки роҳбарияти Корхонаи муштараки «Зарафшон» бо 4 нафар сокини деҳа – Сатторов Н.,  Эсанов М., Назаров М. ва Шамсиев Б. як навъ  шартномаи ҳамкорӣ имзо кард. Ин чор нафаре, ки гӯё намояндагони  деҳа ҳастанд, бо маслиҳати пешакӣ ба КМ «Зарафшон» рафтаанд ва матни тайёри шартномаро ба имзо расонидаанд. Азбаски Шартнома бо талаботи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надорад. Идораи нотариалии шаҳри Панҷакент онро тасдиқ накард. Ба ин нигоҳ накарда, «намояндагон» дар асоси ин Шартнома аз корхона ҷубронпулӣ (ҳар моҳ 150 ҳазор сомонӣ) гирифта, ба нафарони дилхоҳ тақсим кардаанд. Дар навбати аввал ҳама хешу табори  худро бо маблағ таъмин намудаанд. Ҳатто он наздиконашон, ки чандин сол инҷониб дар деҳа зиндагӣ намекунанд, ҷубронпулӣ гирифтаанд. Аз ҷумла, духтарони Ҳоҷӣ Нуралӣ, ки ба деҳаҳои дур, ба шаҳри Панҷакент, ҳатто ба Туркия кӯчидаанд, аз ин ҷо кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Шартнома зоҳиран байни КМ «Зарафшон» ва намояндагони деҳа баста шудааст, аммо аз зумраи онҳое, ки «намояндагони деҳа» шудаанд, боз ҳам ду нафарашон   Назаров М. ва Шамсиев Б. кормандони КМ «Зарафшон» ҳастанд. Инро чӣ хел фаҳмем?

Ҳоҷӣ Нуралӣ кист? Нафаре, ки се-чор сол пеш зиёрати ҳаҷ кард, аз ин рӯ, пеши роҳбарони шаҳри Панҷакент ва мансабдорони КМ соҳибэҳтиром шудааст. Замоне байни аҳолии деҳаҳои Хумгарон ва Хирсхона низоъ андохтанӣ буд. Дар бораи рафтору гуфторҳои ӯ ҳафтаномаи «Чархи гардун» дар шумораи №32, аз 7 августи соли 2013 таҳти сарлавҳаи «Ҳокими Панҷакент-Мулло Нуралӣ?» мақолаеро ба нашр расонид.

Низоъангезии Ҳоҷӣ Нуралӣ имрӯз ҳам давом дорад. Акнун бо маслиҳати роҳбарони КМ«Зарафшон»  ин зоти шариф сокинони деҳаи Хумгаронро ба ду тақсим кардааст. Як қисмат бо мусоидати ӯ аз ҷубронпулиҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» баҳраманд ҳастанд, қисмати дигар не. Ростӣ, фаҳмида натавонистем: Як деҳа ва як мушкилот, аммо Ҳоҷӣ нисфи мардумро одам ҳисоб мекунад, нисфи дигарашро не.

“Ба гуфти сокинон, Ҳоҷиро ҷонишини директори генералии КМ «Зарафшон» ҳамаҷониба дастгирӣ мекардааст. Ҳоҷӣ ҳама ҷо аз Ашӯров, ҷонишини директор ном мебарад. Ашӯров бародаре дорад, ки вай раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурӣ мебошад. Номаш Абдуҳафиз Ашӯрзода аст, ӯ аз соли 2020 раиси Суди конститутсионӣ мебошад . Аз ин рӯ, Ашӯров ҳам аз ҳеҷ кас наметарсидааст.”

Ана, ҳамин тавр. Сокинони деҳаи Хумгарон дар бораи хонаҳои истиқоматии худ, ки бо ҳазорон азоб бунёду обод кардаанд, дар бораи қитъаҳои заминашон, дар бораи чорво ва дарахтони сабзонидаашон фикр мекунанду ғам мехӯранд. Ояндаи деҳа чӣ мешавад, ба касе маълум нест.

Роҳбарони шаҳри Панҷакент ва мансабдорони КМ «Зарафшон» бошанд, кӯшиш доранд, амалҳои ғайриқонунияшон ба Президент ошкор нашавад. Таъқибу зӯроварӣ давом дорад.

“Дар Афғонистон Толибон болои мардуми бечора зӯроварӣ мекунад, дар Панҷакент-роҳбарони шаҳр. Ҳамин қадар фарқ ҳаст, ки курсинишинони Панҷакент ҳоло дар дасташон силоҳ надоранд. Кор ба ҳадде аст, ки заминҳои обии моро ба хотири полоишгоҳи корхонаи мис лалмӣ гузаронида истодаанд. “

Мо, сокинони деҳа ба унвони Президент нома навиштем, аммо бовар дорем, ки ба дасти ӯ нарасидааст. Ҳоло инҷо як каме  аз муҳтавои онро меоварем:

Корхонаи муштаракаи “Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент аз соли 1997 инҷониб ба истеҳсоли тилло машғул аст. Мутаассифона, ин корхона партовгоҳи истеҳсолияшро дар фосилаи 300-400 метр аз хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати деҳоти Косатарош бунёд кардааст ва дар давоми бисту чор сол се адад чунин ҳавз бо заҳрҳои кимиёвӣ пур карда шуд. Дар чунин масофаи наздик қарор доштани полоишгоҳҳои корхона ба обу ҳаво, замину боғу чарогоҳ ва аз ҳама муҳимаш, ба саломатии сокинони деҳа хеле зарар дорад.

Сокинони деҳа, махсусан калонсолону тифлон зуд-зуд бемор мешаванд ва ба табибон муроҷиат мекунанд. Духтурон ҳангоми ба онҳо таъйин кардани дорую давоҳо дараҷаи баландтари антибиотикҳоро менависанд.

 “Соли 2007 Корхонаи муштаракаи “Зарафшон” барои сохтмони полоишгоҳ 53 гектар замини сокинонро, ки қисмати он замини президентӣ мебошад, ҷиҳати сохтани полоишгоҳ гирифт. Роҳбарияти корхона ваъда доданд, ки аз дигар мавзеи ҳудуди шаҳри Панҷакент қитъаи замин ҷудо карда мешавад, вале ин кор дар амал татбиқ нашуд. Соли 2019 корхона дар ҳудуди деҳаи Хумгарон, дар шафати чашмаи деҳа, ки он зиёда аз 100 гектар заминро обёрӣ мекунаду оби нӯшокии сокинонро низ таъмин менамояд, ба сохтани полоишгоҳи нав сар кард.”

Ин мавзуъ тамоми сокинони деҳаро ба ташвиш овардааст. Мо борҳо ба роҳбарияти корхона, ба ҷамоати деҳоти Косатарош, МИҲД-и вилояти Суғд ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат кардем, то пеши роҳи ин амал гирифта шавад. Аммо ҳеҷ кас ба арзу доди мо эътибор надод. Маълум аст, ки мақсади роҳбарон тамоман дигар аст. Агар онҳо ғами мардумро мехӯрданд, агар онҳо дар ҳақиқат ғамхори халқу миллат мебуданд, бояд ин полоишгоҳро дар ягон ҷойи дигар месохтанд. Ё ин ки пеш аз сохтани ин полоишгоҳ сокинони деҳаи Хумгаронро ба ягон минтақаи дигар мекӯчониданд.

Новобаста ба он, ки намояндагони КМ “Зарафшон” дар робита ба бунёди полоишгоҳ бо сокинон ба мувофиқа нарасидаанд, худсарона сохтани полоишгоҳро идома доданд. Мо сокинони деҳа ба мавзеи бунёди полоишгоҳ рафтем. Кормандони баландмақоми КМ “Зарафшон”, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сари мардум, ки аксарият бонувон буданд, зӯроварӣ карданд. Онҳо сокинонро таҳдид намуда, як нафар сокини деҳа Рафоатро аз дасташ сахт кашиданд, ки ин амал боиси аз ҳуш рафтани номбурда шуд. Аз ҷараёни бархӯрди кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон наворҳо ҳастанд.

Инро ҳам бояд бигӯем, ки баъди ин муроҷиати мо роҳбарияти шаҳри Панҷакет моро бо воситаи кормандони милиса тарсониданӣ шуданд. Дар ин бора расонаҳо пештар навишта буданд:

«рӯзи 3 феврал 6 нафар аз занони сокини ин деҳаи моро, ки зери он нома имзо гузошта буданд, ба ШВКД Панҷакент бурда, то шом бозпурсӣ карданд. Дар натиҷа аҳволи яке аз ин занҳо – Қаҳҳорова Фирӯза – бад шуд ва ӯро аз милисахона рост ба бемористон бурданд. Дар ШВКД “фаҳмондаанд”, ки дигар ба зидди бунёди полоишгоҳи нави корхонаи тиллошӯии “Зарафшон” дар мавзеи Сойи Ёрон, дар канори деҳаи Хумгарон эътироз накунанд.”

Ҳоло мо як гурӯҳ аз сокинони деҳа мехоҳем, ки дар ҷараёни сафари Раҳмонов ба Панҷакент бо ӯ вохӯрда масъалаи мавҷударо ҳал намоем. Аммо, сари мо таҳдид карда истодаанд, ки талоши бо Президент ҳамсуҳбат шуданро накунем. Умеди онро дорем,ки президенти кишвар ба Панҷакенти мо танҳо барои рақсу суруд ва хушгузаронӣ намеояд. Агар табиаататон хуш ҳам нашавад барои якбор масалаи моро ба инобат гиред. Хоҳиш мекунем фармон надиҳед,ки масулони ноҳия ин масаларо бубинанд,ки то имрӯз ҳеҷ коре накарданд ва кардани ҳам нестанд.Агар ҷони мо ҳамчун шаҳрванд бароятон камтар арзиш дошта бошад ин хоҳиши моро омадед ҳал нокарда барнагардед. Боз агар омадед ҳам чанд шиорпардозу мадҳиясароро дар пешатон бароварданду ҳама хуб ҳам гуфтанд бовар накунед,ин ҳама бар рӯйи шумо хок пошидану дурӯғ аст. Амният ва кормандони дохилӣ монеа нашаванд,гузоранд,то мардум шикояташонро ошкоро ба шумо кунанд ва шумо шунаведу фармоне диҳед ин мушкилоти мо роҳи ҳалли ниҳоии худро пайдо кунад. Мо барқ, ҷой кор, нафақаи баланд, баргаштани шавҳарҳоямонро аз Русия ба наздамон  талаб накардем, медонем дар баромади охиратон бахшида ба наврӯз  гуфтед “сабр” кунед ва сабур бошед, мо ҳам  сабр дорем. Аммо бе хонаю дар дигар сабр карда наметавонем дохили ин полоишгоҳи заҳрогин!

Share This Article