Хиёнати бузурги Қодир Қосим ба Бадахшон ва Ванҷ

Ислоҳ нет

Зулмҳо, сирҳои муовини порлумон ва бародаронаш ба мардуми Ванҷ, имзои воридшавии неруро ба Бадахшон ӯ гузошта буд

(бахши аввал)

Қодири Қосим( Ҷинҷов Қодир) 9 апрели соли 1961 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном боғпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, Котиби дуюми комитети вилоятии ЛКСМ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини вазири кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон меҳнати «пурсамар» намудааст.

Аз соли 2006 то соли 2013 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Аз феврал соли 2017 дар вазифаи Раиси иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2004 бо ордени «Дӯстии халқҳо» қадрдонӣ шудааст.

17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

Падари Қодири Қосим Ҷинҷов Қосим ном дорад, ки солҳои зиёд дар вазифаи мудири қисми хоҷагӣ (завхоз)-и мактаби деҳа фаъолият кардааст. Ному кунияти Қодир Қосим ҳам аввалҳо Ҷинҷов Қодир Қосимович буд ва ҳоло ҳам онҳоро дар Ванҷ Ҷинҷовҳо ном мебаранд. Тӯли чанд соли ахир аст, ки ин хонавода Ванҷ ва умуман ВМКБ-ро таҳти идораи худ доранд ва мардумро хеле зиёд талаву тороҷ кардааву муртакиби ҷароими сангини шудаанд. Қодири Қосим худро одами наздики Президент дар ин минтақа ҳисобида ҳар ғалате бихоҳад, анҷом медиҳад. Пойгоҳи «Ислоҳ.нет», ки дар ифшои симои аслии мансабдорони ҳукумати зиддимардумии Эмомалӣ Раҳмонов нақши босазоеро анҷом медиҳад, хоҳиш мекунем ин матлаби моро дар бораи оилаи Ҷинҷовҳо-Қодири Қосим ва бародаронаш ба нашр расонад

Номаи сокинони чор ҷамоати Ванҷ ба “Ислоҳ”

Соли 1995-96 бародари Қодир Қосим Муҳаммадӣ Қосимов бо мошин як ҷавони дучархасаворро зада кушт. Муҳаммадӣ дар мошини сабукрави Москвич тахта меовард ва азбаски тахта дар ин мошин намегунҷад, шишаҳои дари қафоро пойин оварда тахтаҳоро ба он бор карда буд. Табиист,ки қисме аз ин тахтаҳо аз ҳарду самти мошин ба берун баромада буд. Ҳангоми ҳаракати Москвич ин тахтаҳо ба гулӯи нафари савори велосипед мезанад ва вай дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад. Муҳаммадӣ Қосимов чандин сол дар Исфара дар ГАИ кор мекард. Ҳозир дар Масчо сардори ШВКД мебошад.

Ин кушторро дар гардани дигар кас-нафаре, ки бемории руҳӣ дошт, бор карданд. Он вақт бародари Қодир Қосим раиси совхоз буд. Падари ҷавони кушташударо даъват карда, чун замони гушнагиву қаҳтӣ буд, мегӯяд: «ту касалии рӯҳӣ дорӣ, ин корро ба гардан гир, мо ёрдамат мекунем, ба ту чизе намешавад. Аз амбор гандумат медиҳам». Он одам ҳам ба гардан мегирад. Кор хомӯш мешавад. Вале раиси совхоз он чизи ваъдакардагиашро намедиҳад. Он нафари касалии руҳӣ,ки Мурод Ғарибов ном дорад, мераваду дари амборро меканад ва қобҳои гандумро пушт мекунаду мегӯяд ин ончизе буд, ки ту маро ваъда карда будӣ. Қодири Қосим хап мекунад, чизе намегӯяд ва аз ҳамонҷо буд, ки сири инҳо фош  мешавад.

    “Қодир Қосим дар назди Эмомалӣ Раҳмонов бо он имзое, ки иҷозат дод нерӯҳои ҳукуматӣ ба Хоруғ дароянд, обрӯ касб кард. Тобистони соли 2012 маҳз бо имзои Қодир Қосим армияи ҳукумат ба ВМКБ ҳуҷум кард. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон бе иҷозаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳукумат ҳуқуқи даровардани армия ба ин вилоятро надорад. Қодири Қосим он сол раиси ВМКБ буд. Дар ҳамон як шаби ҷанги Хоруғ дар соли 2012, 40 нафар сокинони Бадахшонро ҳукумати Тоҷикистон кушт.”

Яке аз мушовирони Эмомалӣ Раҳмонов, ки одами наздики Қодири Қосим мебошад, дар як маърака ҳини сӯҳбат кардан мегӯяд, ки Қодир Қосими шумо барои Ҷаноб як имзои тиллоӣ гузоштагӣ аст. Барои ҳамин ӯро эътироф мекунад ва ҳар коре кунад, болои Раҳмонов ҳақ дорад. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳамаи кадрҳои вилоятро маҳз бо пешниҳоду тавсияи Қодир Қосим Эмомалӣ Раҳмонов қабул ва ба мансабҳо таъин мекунад. Бале, маҳз Қодир Қосим имзо кард ва ҳукумат аримияашро дароварда мардуми Бадахшонро террор кард. Худи Қодир Қосим ҳам дар ҳар маҷлисе, ки дар ноҳияи Ванҷ меомаду баргузор мекард, бо як ғурур ва такаббур мегуфт ки «вақте ҳукумат Хоруғ даромад дар як шаб шаст касро кушт”. Қодир Қосим ин гапро бо ифтихор мегуфт. Боз мардумро тарс медод, ки «Ванҷ ҳам   агар саркашиву сарпечӣ кунад, мисли Хоруғ мешавад».

  “Як вақт Қодир Қосим беморхона афтод. Дасту пояш шикаста буд. Он вақт овоза карданд, ки бо телефон роҳравон гап мезадааст, ки дар латок афтода дасту пояш шикастааст. Аммо асли ҳодиса дигар хел буд.”

Асли воқеа чунин аст:

Вақте Қодири Қосим ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон кор мекард миллионҳо долларро дуздӣ кард. Он замон Рустами Эмомалӣ раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия буд. Кормандони Оҷонсӣ Қодир Қосимро меқапад. Эмомалӣ Раҳмон дахолат мекунад ва Рустамро мепурсад, ки Қодир Қосим чи қадар «хӯрдааст»- яъне дуздидааст? Рустам мегӯяд, ки миллион зиёд. Мегӯяд ҳиҷчи набудааст, ҳиҷ гап не. Ӯро бачам нарас, кор нагир.

Рустам, Қодири Қосимро аслан нағз намебинад. Кадом вақт дар кадом як ҷаласае чашми Рустам ба Қодири Қосим меафтад. Вақте Қодири Қосим наздаш меояд Рустам ӯро тела медиҳад. Аз болои зинапояҳо сарозер мешавад ва дасту пояш мешиканад. Асли ҳодиса ҳамин аст.

Қодири Қосимро, аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Озода Раҳмон аз вазифа барканор мекунад. Президент баъди 3 рӯз бохабар мешавад, ки Қодири Қосимро аз кор рондаанд. Раҳмонов боз ӯро раиси Иттифоқи касаба таъин мекунад.

“Ҷаббор Қосимов, бародари дигари Қодири Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ, ки чанд рӯзи пеш барканораш карданд, давоми ҳамагӣ се соли кораш дар ноҳия 36 ҷавони бегуноҳи ванҷиро «подстава» карда бурду шинонд. То омадани Ҷаббор Қосим ба ин вазифа аз куҳистони Ванҷ як ё ду кас зиндон шуда буд, ки бо гуноҳи худашон шиштанд. Аммо дар ҳамагӣ се соли раисиаш наздики 40 ҷавонмарди ванҷиро шинонд.”

Як бачаи акаи Қодири Қосим раиси Идораи ҷангали ноҳия мебошад. Ҷангали Ванҷ барои Қодири Қосим ва авлодаш ба як корхонаи хусусии хонаводагӣ табдил шуда аст. Насл ба насл дасти  ба даст марбут ба ҳаминҳо аст.

Панҷ ё шаш сол пеш барои рушди соҳаи ҷангали Тоҷикистон ҳукумати Германия 11 млн доллар ҷудо кард: барои барқароркунӣ, шинонидани дарахт, обёрӣ ва тозагии ҷангал ва дар умум обод кардани он. Қодири Қосим, ки раиси ВМКБ ин пули ройгонро фаҳмида раиси Идораи ҷангалро аз кор мегирад ва бародараш Ҷаббор Қосимро, ки он замон раиси ҷамоат буд, раиси Идораи ҷангал таъин мекунад.

“Ҷаббор Қосим Институти педагогии Қурғотеппаро хондааст. Панҷ сол мехонад аммо аслан савод надорад. Раиси имрӯзаи Ванҷ Мардзода Одинашо аз Язгулом аст. Дар Ванҷ муаллим буд. Баъд мудири маориф ва дертар ҷонишини раиси ноҳия таъин мешавад. Қабл аз омадани Ҷаббор Қосим ба вазифаи раиси ноҳия ҳамин одам мебоист, ки раиси ноҳия таъин мешуд. Аммо Ҷинҷов (Қодири Қосим) Ҷинҷови додараш (Ҷаббор Қосимов)-ро оварда раиси ноҳия мемонад.”

Соли 2019 дар деҳа як ҳодисаи куштори барқасдона рух дод. Як бачаи амаки Қодири Қосим бо номи Раҳмонов Лашкар, ки ҳамеша масту аласт мегардад, дар ҳолати мастӣ бо як ҷавони донишҷӯи ҳамсояаш, ки дар шаҳри Кӯлоб мехонд, ҷанг мекунад ва ӯро зада мекушад. Ин ҷавони ғурамарг Масолов Маҳмадшариф (Шарифи Назришо) ном дошт. Зарбаи сахти ба қафаси сина боиси кафидани қалби ӯ мешавад. Ҷияни Қодири Қосимро мебаранду 5 рӯз маҳкам мекунанд. Қодири Қосим падари ин ҷавонро занг мезанад ва мегӯяд, ки барои ту хизмат дорам, шикоят накун. Ин мард ду писар дошт. Як соли пеш як писараш аз Русия бо саратони ҷигар бармегардад. Бемористон хоб мекунад. Аммо он ҷавон мемирад. Бачаи амаки Қодири Қосим писар дуюми ин мардро зада мекушад. Қодири Қосим ба падари ӯ мегӯяд арз накун, бигӯ «бачаам касали дил дошт. худаш мурд». Ҳамин тавр ҳам мешавад. Аммо ин мард як соли дигар умр мебинад ва аз ғаму дарди зиёд ва аз даст додани ду писараш худаш ҳам мемирад. Давлений мезанад, талхааш мекафад. Чунки ҳиҷ кас ба додаш намерасад, арзашро намепурсад. Зеро, писари ӯро ҷияни Қодири Қосим куштааст. Хуллас, ин қотилро ҳамагӣ 15 рӯз маҳкам мекунанд ва ҷавобаш медиҳанд. Вай  меояду боз бадмастиву арақхӯрӣ карда зиндагиро идома медиҳад. Дигарбора ӯро дастгир мекунанд. 15 рӯз мешинонанд ва аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мекунанд.

“Амакбачаи худаш мегӯяд, ки ба «отдел» дароварданд, камтар заданду дашном карданд, ки як вақт як корманди амният ҳам омад. Корманди амният ба тарафаш гуфт, ки «боз ту одам ҳам кушта будаӣ»?Чунки ин кушторро ҳама медонист: милиса, амният, прокурор, ҳукумат. Он бачаеро, ки куштанд сиҳату саломат буд, ягон бор бемористон нарафта буд.”

Боз як набераи амаки Қодир Қосим ҳаст, ки ҳоло дар маҳбас мебошад. Вай дар соли 2012 дар Душанбе тилловориҳои як духтарро медуздад ва сипас ӯро мекушад. Он духтар  ҳам ванҷӣ буд. Ин набераи амаки Қодири Қосим Азиз Охиров ном дорад.

Падари Азиз Раҳматшо Охиров бачаи амаки Қодир дар Фонди захиравии Президент дар Ванҷ кор мекунад. Дар ин фонд маводди ғизоӣ:-орду рӯғану шакару биринҷу дигар маҳсулот мавҷуд аст, ки бояд бо нархи арзонтар ба мардум дастрас гарданд. Аммо ин одам як мағозаи шахсӣ ташкил карда ин маҳсулотро бо нархи бозор мефурӯшад. Дар ин мағоза шаробу нашъаву банг ҳам мефурӯшад. Ҳатто ду бор милисаҳо омаданду қапиданд. Аммо се- чор сумашро гирифтанду ҷавоб доданд ва ӯ боз ҳамон корашро карда истодааст. Ин амбор дар Техарв ҷойгир аст. Раҳматшо Охиров милисаи собиқ аст, ҳоло нафақахӯр мебошад. Ҳар ду ё се моҳ 80 тонна орд мефурӯшад. Се, чор намуд орд дорад. Линчаи орд ҳадди ақал бояд, ки 50-60 сомонӣ арзонтар бошад, аммо аз бозор  нархаш тамоман фарқ намекунад.

 “Чуноне гуфтем,Ҷаббор Қосим, пеш аз онки раиси ноҳия таъин бишавад, раиси Идораи ҷангали ноҳия буд. Вале тамоми корҳои Идораи ҷангалро аз тани ӯ як бародарзодааш анҷом медод. Бахусус, баъд аз онки аз миллионҳо доллари Германия даромади муфт ба даст оварданд, дигар мудирияти Идораи ҷангали Ванҷро ба ҳеҷ кас надоданд. Ва аз инҷо буд, ки вақте Ҷаббор Қосим ба вазифаи раиси ноҳия таъйин шуд, дар ҷояш бародарзодааш-Иброҳими Саидбекро раиси Идораи ҷангал монд. Иброҳими Сайидбек бачаи акаи Қодири Қосим аст ва Саидбеки акааш 15сол аст дар Фонди Оғохон кор мекунад. Раис аст онҷо.”

Дар аксарияти вақт коргарҳои ҷангал дар ҷангал кор намекунанд, дар хона ва хоҷагии Қосимовҳо кор мекунанд, аз соати 6 то 9-и бегоҳ, каҳу алаф медараванд, картошка мекоранд, об мемонанд, ҳосили боғашро мечинанд ва ғайраву ғайра. Аммо ба ин коргарон аз ҳисоби давлат маош дода мешавад.

Саидбек Қосимов яке дигар аз бародарони Қодир Қосим аст. Соли таваллуди Саидбек   1958 мебошад. Фарзанди дуввуми Сайидбек дар «паспортний стол»-и Ёвон кор мекунад ва номаш Маҷид аст

Бародари дигари вай Назрӣ Қосим, пизишк буд. Вай гузашта шуд. Як писари ӯ дар Суғд милиса аст ва писари дигариаш сардухтури деҳаи Техарв. Мақсад ном дорад. Писари дигараш котиби ҷамоат мебошад. Қаблан муҳосиби ҷамоат буд аммо аз аттестатсия нагузашт.

Қодири Қосим се духтар дорад. Яке аз домодҳояш Холид Миробов ронандаи худи Қадир Қосим аст.

Духтари дуюми Қодири Қосим дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон кор мекунад, пештар дар кадом бонке фаъолият мекард.

Духтари сеюмаш ҳоло муҷаррад аст.Вазифа ва хонаву қудрат хоҳед хостгорӣ равед ва дигар муҳоҷир намешавед.

    “Ноҳияи Ванҷ замини зиёд надорад, куҳистон аст. Вале ҳар он чизе ҳам, ки дорад, асосан дар дасти оилаи Қодир Қосим аст. Солҳои шӯравӣ мардуми деҳаи Сед дар як гӯшае замини ғайриобӣ доштанд ва дар он гандуми лалмӣ кишт мекарданд. Дар замони истиқлол, дар солҳои 1997-1998 мардум он заминро бо ҳашару бо ҷамъоварии пул обёрӣ карданд. Ва, ин замин дар масоҳати14 гектар обӣ мешавад. Аммо мардум дар он корро давом намедиҳанд. Як қисм Русия мераванд, қисме дигар ба кору бори дигар машғул мешаванд.”

Дар ин миён бо мусоидати Қодири Қосим писари хоҳараш Муминшоев Расул Зиёратович, масъули иҷрои як барномаи баландмуддати яке аз бонкҳои байналмилалӣ дар ин ноҳия мешавад. Дар доираи ин барнома, ки панҷ сол пешбинӣ шудааст, бояд дар Ванҷ як қатор ободиҳо мекард, барои пешрафту тараққиёти ноҳия. Аз ҳисоби гранти ин барнома

се бор 30 000 долларӣ барои обёриву ободии маҳз ҳамин замин пул мегирад. Дар маҷмӯъ 90.000 доллар. Дар ҳоле, ки барои обёрии ин замин ҷуйборро мардум бо ҳашар сохта буданд ва як каме кор дошт, ки дигарбора ин ҷӯйбор мавриди истифода қарор дода шавад. Дуруст аст, ки дар баъзе аз қисматҳои ҷуйбор лӯла хобонид. Аммо, ин хоҳарзодаи Қодири Қосим, ки ҳамаи ин заминро шахсӣ карда буд ба Душанбе мекӯчад ва дар ҷойи худаш бародарашро мемонад. Муминшоев Расул ва бародараш дар дигар деҳа, деҳаи Садвадг зиндагӣ мекунанд. Аммо азбаски ҷиянҳои Қодири Қосим ҳастанд  заминҳои мардуми деҳаи Седро аз худ карданд. Хуллас, ҳоло соҳиби ин 14 гектар замин ва низ теппаҳои атрофии он Муминшоев Боҳир аст. Замин дар ҳуҷҷат ба номи Боҳир аст. Аммо дар ҳуҷҷат 14 гектарро ҳамагӣ 1уним гектар нишон додааст, то ки андозро кам супоранд. 13 гектари дигар ҳоло ҳам чун замини лалмӣ боқӣ мондааст. Имсол мардумро намонданд, ки ҳатто дар атрофи ин замин гову молашонро ба чаро баранд. Мегӯяд, ки ин замин ҳаммаш аз они ман аст, замини шахсии ман мебошад, гову гусфандони шумо иҷозат надоранд. Шумо бояд ба ман пул диҳед ва сипас ман иҷозат медиҳам мечаронед. Теппаҳои дар гирду атрофии ин заминро, ки берун аз он аст низ «зайнит» кардаву намегузоранд, ки мардум гову молашонро чаро сар диҳанд.Чанд навбат гову гусфандони мардумро маҳкам карданд, мардум норозигӣ кард. Ҳатто раиси ноҳия Ҷаббори Қосим мегӯяд, ки бале, ин замин хусусӣ шудагӣ аст. Шумо ҳеҷ кор карда наметавонед.

Ҳелаҳои тарсонидани мардуми Ванҷ аз тарафи бародари Қодир Қосим:

Баҳси мардуми деҳа бо Муминшоев Боҳир дар болои ин замин ба ноҳия кашида мешавад. Ҷаббори Қосим, раиси ноҳия меояду бо мардум маҷлис мегузаронад. Вай мардумро гунаҳгор меҳисобад. Тарафи мардум дӯғу дағдаға мекунад. Дар ин маҷлис як ҳодиса рух дод. Пеш аз онки ба маҷлис ояд ба чанде аз «одам»-ҳояш дастур додааст, ки «вақте ман омадаму маҷлис баргузор кардам, шумо ба ҳамон «бунтовшик»-ҳо ва «лидерҳо»-ро коре карда ҷанг пайваст кунед.Ман милисаро фармудагиам. Вақте ҷанг кардеду милиса омад шумо якбара мешинед,  милисаҳо меоянд ҳамон лидерҳои қишлоқро чанд касе бошанд бор мекунанду отдел мебаранд».

Ин нақша ва фармоиши раиси ноҳия буд. Яъне «ташкил кунед ҳамон норозиҳои бар муқобили мо бударо бурда шинонем. Мо мебарему русташон мекунем, ҷарима бор мекунем, мезанем, метарсонем».

Кор ҳамин тавр ҳам мешавад. Вақте раиси ноҳия аз маҷлис берун мебарояд он одамҳои дастургирифта бо чанд нафар дармеафтанду ҷанг ташкил мекунанд. Ҳоло бист дақиқа нагузашта  милисаҳо омаданд. Ҳоло онки деҳа аз милисахонаи ноҳия 35 километр фосила дорад. Мошин дар як соат ба зӯр мерасад. Маълум, ки кори сохтагӣ буд. Ҷаббор Қосим мегӯяд, ки «муқобили ҷиянҳои ман будагиро оварда бояд ҷазояшонро диҳем, мо дар боло одаме дорем даҳони пешворо мебандад».

Аммо чи ҳолате пеш меояд, ки дар худи он рӯз одамҳои дастгиркардаашонро бурда наметавонанд ва шаб мемонад. Инҳо ҳам ба ҷойҳои даркорӣ занг заданд. Сардори шӯъбаи милиса бохабар мешавад. Фармон медиҳад, ки ҳамаи чаҳор нафари ҷанг кардаро оваранд. Яъне одамҳои Ҷаббори Қосимро ҳам. Кор то ба ҳоло ҳал нашудааст ва дар дохили як деҳа кашокаш рафта истодааст. Хоҳарзодаҳи Ҷаббори Қосим, ки аз дигар деҳа мебошанд ҳоло ҳам замини сокинони деҳаи моро гирифтаанд ва ҳам теппаҳову адирҳои атрофии онро ва гову моли мардум ҳам ҷои чаридан надоранд. Чандин бор ба раиси ноҳия ва ба вилоят шикоят карданд, чун дар паси ин ҳама Қодир Қосим истодааст масъала роҳи ҳалашро намеёбад ва ҳал карданӣ ҳам нестанд. То ҳоло деҳа нотинҷ аст ва мардумро сарсону саргардон ва дар мушкил гирифтор кардаанд. Бовар кунед ин оила ончунон зулм кардаанд,ки мардуми Ванҷ аз “Пешво” ва ин сиёсати кадрҳое таъин намудааст безор шудаанд. Бо итминони комил мегӯем,ки мардум ба ҳама чиз омодаанд дигар.

Ҳодисаи дигари маърӯф дар Ванҷ

Як ҳодисаи дигарро ҳикоят мекунам, ки аз он тамоми мардуми Тоҷикистон бохабаранд. Манзурам ҳодисаи ҳамлаи хирс ба муаллиму талабаҳои Ванҷ аст. Аммо асли қазия чизи дигар аст ва дар захмиву ҷароҳатдор шудани муаллим ва талабаҳо асосан Ҷаббори Қосим ва ҷияни лесник-раиси Идораи ҷангали вай гунаҳгоранд.

Ҳар сол аз бюҷет барои сузишворӣ ба мактабҳои ноҳия пул ҷудо мешавад. Бояд, ки посбонҳои мактаб, ки дар зимистон масъулияти гарм кардани бухориҳои синфхонаҳо ҳам ба дӯши онҳо меафтад, куҳ раванду якҷо бо кормандони хоҷагии ҷангал ҳезум тайёр карда ба мактаб оваранд. Чунки барои ин кор аз бюҷет маблағ ихтисос дода мешавад. Аммо пули сӯзишвории мактабҳоро Ҷаббори Қосим бо Иброҳими Саидбеки ҷиянаш, ки раиси Идораи ҷангал мебошад, аз худ мекунанд. Маблағи ҷудошударо байни худ тақсим мекунанд. Ҷаббори Қосим директорҳои мактабҳоро мефармоянд, ки талабҳои синфҳои 9,10,11-ро бурда ҳезум омода мекунед ва ба мактабҳо меоваред. Директор талабаҳо ва муаллимҳоро маҷбурӣ ба кӯҳ барои ҳезум мефиристад ва ин ҳодиса рух дод. Сабабгори захмӣ шудани талабаҳо ва муаллим нафси бади Ҷаббор Қосим ва бародарзодааш раиси Идораи ҷангал мебошад. Онҳо асло аз ҳақи кас хӯрдан ибо намеварзанд, ҳатто ҳақи талабаҳои мактабро ҳам хӯрданд.

Як ҳодисаи дигар.

Дар даъвати тирамоҳии ҷавонҳо ба сафри Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷаббор Қосим ва сардори КДАМ-и ноҳия ба тамоми кормандони ҳукумат ва муаллимҳо 200 сомонӣ бор мебанданд. Ва ин маблағро зӯран ҷамъ мекунанд. Ва ин пулро нисфашро амният ва нисфи дигарашро Ҷаббор Қосим мегирад. Барои чӣ ҷамъ карданд, номаълум аст. Солҳои пеш ин хел набуд, ки барои даъвати сарбозҳо аз кормандони ҳукумат ва муаллимҳову духтурҳо пул гиранд. Ин пулро ҳисоб кунед, аз ним миллион сомонӣ зиёд мешавад. Ва ё чунин набуд, ки пули барои ҳезум ва ангишти мактабҳоро раиси ноҳия бидуздад.

Вале аз тарафи дигар Ҷаббор Қосим як шахси тарсуву буздил ва белаёқат аст. Баъди як соли кораш ба ҳайси раиси ноҳия сардори амнияти ноҳия нав мешавад, одами дигар меояд.Искандар ном дорад. Аз Фархор ё Восеъ. Искандар, мисле, ки сахт муғамбир ва гурги борондида аст. Вай барои мутеъи худ кардани Ҷаббор Қосим нақша мекашад. Ду нафар корманди зердасташро супориш медиҳад, ки ба туалети ҳукумати ноҳия рафта бо газетае, ки акси Ҷаноб дорад, пушти худро пок кунанд ва маҳз дар болои лабу даҳани Ҷаноб наҷосатро олоянд. Ва газетаро дар ҳамон ҳолат партоянд ва кам -кам дар гирду атрофи  акси Ҷаноб бишошанд. Онҳо ин корро «дукаратду» анҷом медиҳанд. Баъд худи сардори КДАМ туалет медарояду сурати наҷосат дар даҳони Ҷанобро дар телефонаш мегирад. Мебарад ба Ҷаббор Қосим нишон медиҳаду мегӯяд «ана ҳамин барои ту бас аст. Делоят омода шуд. Ту намоянда ва литсои президент дар ноҳия аммо ҳолро бин, ки Президентро чи тавр ба г….ҳ  олондагӣ?!»

Ҷаббор Қосимро ҷон аз қолиб мебарояд. Ва идораи ҳукумати ноҳияро ба амният пурра таслим мекунад.  Искандар ҳам мегӯяд, ки «ту дар стулат бишин аммо ман  аз имрӯз ба баъд раиси ноҳия ҳастам». ( Ин таълимоти СС. Ятимов ба намояндагону масулонаш дар ҳама ноҳияҳо мебошад,то бо ин шакл идораи ноҳияҳоро дар кишвар дар ихтиёри худ қарор бидиҳанд. Мо ҳамеша аз хатарнок будани СС. Ятимо гуфтем ва бо санад ва факт тақдим намудаем. Аммо то ҳанӯз аст Раҳмонов ӯро дар бараш ва дар ин вазифаи масулиятнок ва муҳими давлат яъне “АМНИЯТ” нигоҳ медорад.шарҳи Ислоҳ)  

Вобаста ба бемории коронавирус ба ноҳияи Ванҷ ҳам кумакҳо расонида шуд. Аз ҷумла ба кормандони бемористонҳо: табибону ҳамшираҳои шафқат ёрдам карданд. Ин кумакҳо аз орду равғану биринҷ, шакар, пиёзу картошка, умуман маводди ғизоӣ иборат буд. Як баклашкаи 5 литраи руғанро ба се духтур тақсим карданд ва ҳамин тавр чанд килоиву чанд граммӣ орду биринҷу шакар. Хулоса грамм- грамм. Аммо маълум шуд, ки миқдори асосӣ ва зиёди ин кумакҳоро Ҷаббор Қосим ба магазинҳои ноҳия тақсим карда мефурӯшад. Аз ин кори Ҷаббор Қосим шуъбаи амният ва прокураратура бохабар мешаванд. Мераванду ин маводди ғизоии кумакро ба навор мегиранд.

“Аз пули ин кӯмакҳо Ҷаббори Қосим дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе дар баландошёнаҳо ба маблағи 35.000 доллар хона мехарад. Аз ин кораш ҳам амният хабардор мешавад. Ҳамин тавр, то он соате, ки Ҷаббор Қосими додари Қодири Қосим дар Ванҷ раис буд, таҳти идораи амният кор мекард. Искандар, сардори шӯъбаи амнияти ноҳия ӯро дар «кручок» гирифта буд.”

Як бачаи дигари амаки Қодир Қосим дар ноҳияи Ванҷ 15 сол аст ки масъули бахши шиносномадиҳӣ-паспортний стол аст. Ҷинҷов Ҷавар Нозимович ном дорад. Соли таваллудаш 1978.Вақте Қодир Қосим раиси вилоят таъин шуд ин вазифаро ба Ҷавар  дод. Борҳо шудааст, ки шаҳодатномаҳову паспортҳоро хато  навишта боиси сарсониву саргардонии Ванҷиҳои бечора гардид. Одамҳое буданд, ки се бор, чор бор паспорташонро аз дасти бесаводии ҳамин ночор дигар карданд. Мо чандин оиларо медонем бо паспортҳояшон ба Фурӯдгоҳ рафтанд ва оилавӣ онҳоро баргардониданд.Ҳар бор боз пул месупориданд,дар ҳоле иштибоҳи худи Ҷавар аст вале қандата хур ягон гап зан. Дар Душанбе ва Хуҷанд чанд хона дорад. Мошини 100.000 долларӣ таги пояш.

Худи Қодир Қосим дар Душанбе чор –панҷ хона ва чанд коттеҷ дорад. Мошинҳои гаронбаҳояш беҳисоб. Охир ,то ба кай дар Ванҷ ин ҳама зулму хунхурии ин оилаи Ҷинҷовҳо идома пайдо мекарда бошад? Мо аз ҷонҳоямон сер шудем.

Ванҷи мо шаш ҷамоат дораду сивупанҷ ҳазор аҳолӣ.

  • Ҷамоати Ванҷ ,калонтарин ҷамоат дар ноҳия аст,ки 13 русто ё деҳа дорад.
  • Ҷамоати Водхуд 11 деҳа дорад ва ҳудуди се ҳазор аҳолӣ.
  • Ҷамоати Жовуд шаш деҳа дорад вале аҳолияш тақрибан дар ҷойи севвум меистад.
  • Ҷамоати Рованд 12 деҳа дорад ва пас аз Ҷамоати Ванҷ дар ҷойи дуввум мебошад.
  • Ҷамоати Техарв 8 деҳа дорад бо аҳолии 3500 сокин ё аҳолӣ.
  • Ҷамоати Язгулом шаш деҳа дорад ва дар асл ҷамоати калони пас аз Ҷамоати Ванҷ аст ва тақрибан даҳ ҳазор аҳолӣ дорад. Аммо аз мо дуртар аст бештар таваҷҷӯҳ надорем, воқеан хело мардуми дӯстдоштанӣ ва шуҷоанд мардуми Язгулом.

Ҳамаи ин ҷамоатҳо аз сиёсати кадрии “Пешво” ҳазорҳо маротиба норозием вале намедонем додамонро ба куҷо гӯем. Медонем,ки он намерасад ба гуши болобудаҳо. Ягона роҳ ин “Ислоҳ” ро дидем ва ба шумо навиштем. Умеди онро дорем шумо ҳадди ақал ин номаи моро нашр менамоед.

Ps: Қодир Қосим аз соли 2006 то соли 2013 раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд. Дар замони раҳбарии вай чанд маротиба хуни мардуми бегуноҳи мардуми Бадахшон аз тарафи режими Эмомалӣ Раҳмонов резонида шуд. Дар соли 2008 дар моҳи июн сокинони Хоруғ ва навоҳии атрофии он баъди воридшавии нерӯҳои низомӣ ба Хоруғ даст ба як тазоҳурот заданд. Он вақт Қодири Қосим гуфта буд, ки ин нерӯҳо на ба муқобили мардум, балки барои ҳифзи сарҳадот ворид шудаанд. Мардуми сарбаланду боифтихори Бадахшон то замоне, ки ин нерӯҳо аз Хоруғ берун кашида нашуданд, тарки тазоҳурот накарданд. Дар июли соли 2012 низ ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи тамоми меъёрҳои дохиливу байналмилалӣ болои сокинони осоиштаи ин вилоят артиши саропо мусаллаҳ бо тонку тӯпро дароварда ҷони даҳҳо нафарро гирифт. Он вақт расонаҳо аз кушта шудани 70 нафар мулкиву низомӣ гузориш дода буданд. Маҳз дар давраи раисии Қодир Қосим Имомназар Имомназар яке аз лидерони асосии мардумии Бадахшон тавассути нерӯҳои амниятӣ кушта гардид. Аммо дар ин набарди миёни режими Раҳмонов ва мардуми сарбаланди Бадахшон боз ҳам режим шикаст хӯрд.

Вале Қодири Қосим ба унвони як барда ва хидматкори Раҳмонов дер ё зуд ба кайфари аъмолаш хоҳад расид, чунки хиёнатеро, ки ӯ ба мардуми Бадахшон муртакиб шуд, ҳеҷ раиси дигари ин вилоят соир накардааст. Аммо дар мавриди ин ҷиноякор ҳеҷ матлабе намебинему нахондаем. Чаро ин хоинро касе таҳқиқ намекунаду чеҳраи касифи ӯро ба мардум бозгӯ намекунад. Мо мунтазири ҳар ҷинояти Қодир Қосим ҳастем. Дар ҳар ниҳоде кор ва фаолият намудааст ба Ислоҳ нависед,то онҳоро ба миллат ва мардум бигӯем ,то ӯро хубтар шиносанд. Аммо ҳоло ӯ дар болотарин мансаби давлатӣ қарор дораду савлат меронад. Вой ба ҳоли мо мардуми кишвар,ки хоинонамон бологузар ва фармонравоёни моянд.

Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз дигар ҷиноятҳои Қодир Қосим ва наздикони ӯ ва мақомоти амниятӣ ва қудратии Ванҷ бихонеду бубинед…

Share This Article