Ҳодисаҳои фавқулоддаи соли 2021

Ислоҳ нет

Қатли ваҳшиёнаи Гулбиддин Зиёбеков, як сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз тарафи ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки боиси ба майдон рехтани ҳазорон нафар аз сокинони Хоруғ ва навоҳии атрофи он гардид, аз доғтарин руйдодҳои соли 2021-и Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Эътирозгарон ба хашму ғазабомада, аз 25 то 28-ноябр, чаҳор шабонарӯзро дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида аз мақомот хостанд, ки омилини ин қатл муҷозот шаванд. Аммо дар посух мақомот болои ҷамъоамадгон оташ кӯшода, дар натиҷаи 17 нафар захмӣ шуда, 2 каси онҳо дар ҳамон рӯзҳои аввал ҷони худро аз даст доданд. Мақомот ба хотири аз назари ҷомеа пинҳон доштани авзоъи Хоруғ тамоми алоқаи мобилӣ ва Интернет бо вилоятро қатъ кард. Аммо ин руйдод боз аз он ҷиҳат фавқулодда доғтар шуд, ки ба манзури дастгирӣ аз тазоҳуроти Хоруғ эътирозоти хашмолуди тоҷикон дар гӯшаҳои мухталифи олам, аз ҷумла дар шаҳрҳои бузурге чун Ню-Йорку Лондон, Маскав ва баъзе бузургшаҳрҳои кишварҳои Олмону Утришу Лаҳистон низ доман паҳн кард.

  Тирандозии ходимони амниятӣ ба тарафи издиҳоми башӯромада ба хашму ғазаби на танҳо сокинони вилоят, балки тамоми фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ аз он равған рехт. Ин амали ваҳшатноки мақомоти амниятӣ боиси аз тамоми навоҳии вилоят ба Хоруғ  рехтани одамҳо шуд. Шумораи эътирозгарон лаҳза ба лаҳза зиёд шудан гирифт ва ин боис шуд, ки мақомот ногузир ба гуфтушунид бо намояндаҳои гирдиҳамоӣ бишавад. Рӯзи 28-уми ноябр, баъди чаҳор рӯзи майдоннишинӣ мақомот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтушунид карда ва ҷиҳати тафтиши муштараки ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков ва боз чанд шарти дигар ба тавофуқ расиданд. Шартҳои ин тавофуқ то куҷо ба иҷро расидро дар анҷоми ин барнома тавзеҳ хоҳем кард. Аммо, ҳодисаи Хоруғ танҳо руйдоде набуд, ки на танҳо дар дохил, балке дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳам вокунишҳоеро ба бор оварда бошад.

 Ҳодисаи боздошту истирдоди машкуки Иззат Амон, вакили дифоъи муҳоҷирини тоҷик ва раиси созмони «Маркази Тоҷикон» аз Маскав ба Душанбе дар охири моҳи март, новобаста аз онки ӯро дар ниҳоят дар Душанбе барои 9 сол равонаи зиндон карданд, як лаккаи нангине бар пешонии мақомоти Тоҷикистон боқӣ гузошт. Наздикону пайвандони Иззат Амон тамоми маблағҳои даъвогарони воқеиву сохтаро пардохт карданд ва тибқи қонун мебоист озод бишавад. Гузашта аз ин тибқи қонуни афви соли ҷорӣ низ ӯ бояд озод мешуд. Аммо бар хилофи талаботи қонун ӯро 9 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Чунки барои аввалин бор буд, ки дар Маскав тоҷикони муҳоҷир барои дастгирӣ аз як ҳамватан ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон- аз Иззат Амон ба таври густурда даст ба тазоҳурот зада, садои эътирози  худро баланд карданд. Эмомалӣ Раҳмонову мафкурасозони ҳукумати вай аз ин ҷасорати тоҷикони муҳоҷир эҳсоси хатар карданд. Аз ин ҷиҳат аст, ки аксари коршиносон муътақиданд Раҳмонов бо ин васила хост сиёсати тарсу ваҳшаташро бори дигар болои мардум таҳмил кунад.

Ҳодисаи ба сари сари Иззат Амон омада далели дигарест, ки Раҳмонов дар симои ҳар тоҷике, ки дар байни ҷамъият обрӯ пайдо кард, рақиби худро мебинад ва рашк мебарад ва дар пайи нобудии вай мешавад.

Афзоиши говигарӣ дар сол гов

Соли 2021 соли гов буд. Раҳмонов дар соли гов боз ҳам говзӯриашро зиёдтар нишон дод. Дар фурӯдгоҳи Хуҷанд барои модараш ҳайкал гузошт, барои Рустами Эмомалии «сер» барои онки сертар шавад, боз як манбаи даромади дигар, бозори «Сиёма-молл»-ро дар даруни Душанбе ташкил кард ва ҳамакнун барои онки ин фурӯшгоҳи бузург даромади калон оварад, бозори Султони Кабирро аз байн мебаранд. Ба фурӯшандаҳои ин бозор дастур дода шудааст, ки ба бозори «Кушониён»-и Шамсулло Соҳибови домодаш ва ба бозори навтаъсиси Рустами Эмомалӣ бираванд. 1700 корманди бозори «Султони Кабир» ҷойи кори худро аз даст дод. Зимнан, аз дасти мардуми маҳаллӣ гирифтани бозори «Панҷшанбе» дар Хуҷанд аз тарафи Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов ва асосгузори ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистонро ҳам метавон ҳодисаи фавқулодда ва ғайриоддӣ донист, чун танҳо фурӯшгоҳи бузург дар қисмати шимоли кишварро ҳам акнун аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ба дасти худ гирифт.

 Ҳамин чанд ҳафта пеш аз анҷоми соли 2021 фармони Эмомалӣ Раҳмонов дар мавриди таъйини Рухшонаи Эмомалӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабирро ҳам метавон дар шумори ҳодисаҳои барҷаста ворид кард. Чун дигар маълум аст ки Раҳмонов «остановка» карданӣ нест ва тамоми алулу булули хонаводаашро ба идораи давлат ҷалб мекунад. Рухшона зани Шамсулло Соҳибов, раис ширкати бадному нафратзадаи «Фароз» ва духтари чаҳоруми Раҳмонов аст. Чанде пештар аз таъйини Рухшона ба мақоми сафирӣ Ашраф Гулов, яке аз домодҳои бешуморашро Эмомалӣ Раҳмонов сафири Тоҷикистон дар Туркия таъйин кард. Ҳамин пуштибонӣ аз хешу таборонаш аст, ки хоҳарзодаву бародарзодаву дигару дигарҳои Раҳмонов даст ба ҳамоқат ва аблаҳӣ мезананд. Барои мисол подполковник Фахриддин Сафаров, сардори собиқи милисаи Шаҳринав ва писари марҳума Қурбонбии хоҳари Эмомалӣ Раҳмонов ҷоғи вазири тандурустии Тоҷикистонро зада шикаст. Дар латту кӯби Ҷамолиддин Абдуллоев, вазири тандурустӣ ба Фахриддин ду бародари дигари ӯ ҳам кӯмак карданд. Онҳо вазирро барои заданд, ки натавонистааст модари онҳоро аз чанги коронавирус наҷот диҳад. Ин ҳодиса дар ҳақиқат назир надорад ва пиромуни ин ҳодиса он қадар навиштанду гуфтанд, аммо аз санг садо баромаду аз Эмомалӣ Раҳмонов не. Вазир ҳам расман ба мақомот шикоят накард, ки ҳодисаи латукӯбашро рад кард. Вале дар «қазияи Мадина» дигар маҷбур шуданд, ки ҳарду:- ҳам Рустами Эмомалӣ ва ҳам Эмомалӣ Раҳмонов дахолат намоянд. Ин ҳодиса, ки ба навъи худ дар ҳамин Тоҷикистони диктаторӣ бесобиқа аст, ба ҳадде дучори хашму эътирозоти ҷомеаи мадании кишвар шуд, ки сардори милисаи ноҳия ва чанд нафар аз бозрасони он, муовини сардори додситони ноҳия аз кор барканор шуданд. Зеро онҳо бар ивази пул ва пора нафаронеро, ки ҷинояти сӯиқасд ба ҳаёти одам карда будандро бегуноҳ бароварданд. Аммо чуноне гуфтем, ин фишори афкори умумӣ буд, ки гумонбарон ба сӯиқасд ба кайфари аъмоли худ расиданд. Вале ҳамоно порагиру порахӯр ва гунаҳгори асосӣ Умеди Нуриддин, додситони ноҳия, ҷияни Эмомалӣ Раҳмон, яъне писари ҳамон «тракторист» беҷазо монд.

Тахриби хона-музейи устод Садриддин Айнӣ

Қасди тахриби хона-музеи устод Садриддин Айнӣ яке дигар аз руйдодҳои бесобиқае буд, ки ҷомеаи мадании тоҷикро дар дохил ва хориҷ бар алайҳи он даври ҳам овард.Аммо ба маҳзи ҳамин фишори умумӣ ва эътирозоти ҳамагонӣ буд, ки Рустами Эмомалӣ аз қасди вайрон намудани осорхонаи Садриддин Айнӣ даст кашид.Рустами Эмомалӣ хост, ки хона-музейи устод Садриддин Айниро дар яке аз қисматҳои марказии пойтахт, ба баҳонаи он  ки ба меъёри шаҳрдорӣ мутобиқат намекунад, аз байн бибарад. Вале ин тасмими ӯ, ки дақиқан  манфиати молӣ дошт ва маълум мекард, ки дар ҳақиқат чи қадр носер аст ва маълум мекард, ки аз фарҳангу таърих чизе намедонад, ончунон бо вокунишҳои манфии мардуми кишвар рӯбарӯ шуд, ки ночор аз ин тасмимаш даст кашид. Воқеан ҳам ин як ҳодисаи фавқулодда ва нодире буд, ки Диктотур ва бачааш аз ночорӣ аз ин тасмими худ ақабнишинӣ карданд. Дар ҳар ҳолат барои мардуми Тоҷикистон киву чӣ будани Раҳмонову Рустам маълум гардид, ки онҳо не бо китобанд ва не бо аҳли китоб ва инки фестивалҳоеро бо номҳои субҳи доноиву боз чиҳое дигар баргузор мекунанд, танҳо авомфиребӣ асту бас.

                Ҳодисаҳои хунин дар марз бо Қирғизистон

Аммо ҳаводисе назири муноқишаи хунин дар марзи бо Қирғизистон дар авоили соли ҷорӣ, ки боиси ҳалокати афроди низомӣ ва мулкӣ аз ҳарду тараф гардид ва ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ҳам аз руйдодҳое буданд, ки то чандин муддат афкори умумӣ дар Тоҷикистонро машғули худ карданд. Ҳамчуноне, ки Раҳмонов барои таъсису ташкили пойгоҳи дуввуми низомии Чин дар қаламрави вилояти мухтори куҳистони Бадахшон иҷозат дод. Бархеҳо бар ин ақидаанд, ки як иллати барканории ғайримунтазираи Ёдгор Файзов аз мақоми раёсати ин вилоят розӣ набудани ӯ ба ин тасмим ва баъзе дигар аз нақшаҳои Раҳмонов будааст. Ёдгор Файзов, тайи се соли кор дар Бадахшон тағйироти зиёд ворид накарда бошад ҳам, аммо дар канори мардумаш қарор дошт. Вале барои Раҳмонов роҳбаре бояд бошад, ки дар канори вай қарор бигирад ва амру дастурҳои ҳатто ғайриқонунии ӯро ҳам иҷро кунад. Аз ҳамин ҷо буд, ки ба муҷарради овардани Алишер Мирзонаботи амниятӣ дигарбора дар ин вилоят хуни инсонҳои бегуноҳ резонида ва садои тиру камон баланд карда шуд.

Даргузашти домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ

Даргузашти домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ,рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар моҳи апрели соли 2021 як руйдоди  муқаррарӣ мебуд, агарки ба думболи он чанд нафар аз шахсиятҳои мазҳабӣ ба шумули имомхатибҳо дастгир ва муҷозот намешуданд. Барои мисол Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеаи марказии ноҳияи Шоҳмансури Душанберо барои он дастгир карданд, ки дар маросими дафни домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурдааст.

Домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ руҳонии муътабари тоҷик умдатан ба ҷонибдорӣ аз мақомоти расмӣ,аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонов мавқеъгирӣ кардааст.Ташвиқ мекард,ки “амри подшоҳ воҷиб аст”. Аммо, воқеият ин аст, ки пайравон  ва ҷонибдорони зиёд дошт. Аз ин ҷо буд, ки новобаста аз таҳдиди ибтило ба коронавирус дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар ширкат карданд.

Мавзеъгирии муваққатии Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Толибон

Ба қудрат расидани Толибон ва мавқеи мутафовити Эмомалӣ Раҳмонов дар қиёс бо дигар роҳбарони кишварҳои ҳамсоя ва ИДМ  дар баробари Иморати Исломии Афғонистон ва ин, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмонов аз тоҷикони Афғонистон ба шумули Панҷшер ҳимоят мекунад, аз руйдодҳои чолишбарангези сол буд. Вале бо онки Раҳмонов ба ҳеҷ тааҳҳуди байналмилалӣ ва ваъдаи додаи худ дар баробари гурезаҳои афғонро иҷро накард ва беш ин бо Толибон дар арсаҳои мухталиф доду ситад намуд, ин мавзеъгирии Раҳмонов дар баробари Толибон муваққатӣ буд ва дар рӯзҳои ахир мизбони намояндаҳои расмии Ҳукумати сарпарасти Толибони Афғонистон дар Душанбе буд ва чанд қардоди тиҷоратӣ ҳам бо онҳо ба имзо расонид…

Гаронӣ

Аммо аз ҳаводиси фавқулода ва ғайримаъмулии сол ёдоварӣ карда, наметавон аз гаронии нархҳо, бахусус баҳои билети парвозҳо ба самти Русия нагуфт. Агарчи дар тамоми таърихи Тоҷикистони мустақил нархи сабзӣ то ба ин ҳад: 13-15 сомонӣ боло нарафта буд вале он шӯру исёне, ки нархи парвозҳо ба бор овард, натавониста буд мардумро сарсону саргардон кунад. Танаффуси маҷбурии яксола ба сабаби карантини коронавирус шумори довталабон барои муҳоҷирати корӣ ба Русияро бамаротиб бештар кард ва аз ин ҳам муҳимтар ин буд, ки ҳар кас мехост зудтар биравад, чун дигар «соф» карда буданд, захирае барои хӯрдан ва зистан надоштанд. Бо истифода аз ин вазъият Таҳминаи Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон нархи билетҳоро то ба ҳадди фантастикӣ боло бурд. Зеро дар Тоҷикистон  фурӯши билети парвоз ба тамоми самтҳоро ширкати  « Агентии алоқаи ҳавоӣ», ки ба ин духтари Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари вай Зарифбеки Давлат мутааллиқ аст, монополия кардааст. Нархҳо ҳатто то 1-уним ҳазор доллар ҳам баробар шуданд, ин дар ҳоле, ки ширкатҳои асосии мусофирбарии Русия ҳақи парвоз доштанд ва онҳо борҳо эълон карданд, ки нархи таъйинкардаи онҳо аз 5000 сомонӣ болотар нест.

                      Ду паёми Раҳмон дар як сол

Соли 2021 аз солҳои қаблӣ ва шояд оянда аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар он ду бор Паём ироа кард. Яке дар 26 январ ва дуввумӣ дар 21 декабр. Аммо дар ин Паёмҳои солонаи Эмомалӣ Раҳмонов боз ҳам мисли солҳои қаблӣ фақат худро таърифу тавсиф кард. Дурӯғҳое гуфт, ки ҳадду канор надоштанд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеа то ҳол дар бораи онҳо бо ришханд баҳсҳо мекунанд ва аз дурӯғҳо, муболиғаҳо ва афсонабофиҳои президент ва командааш иқтибосҳо оварда ба ҳоли вай  механданду механданд.

Share This Article