Хонаи Айниро хароб мекунанду ба Раҳмонову Майрамхола ҳайкал мегузоранд

Ислоҳ нет

Нақшаи ба хоки сияҳ яксон кардан хона-музейи Садриддин Айнӣ дар шабурӯзҳое кашида шудааст, ки дар фурудгоҳи Хуҷанд ҳайкали «Дуои модар»– бо сару сурати момаи Майрам –бибии Рустами Эмомалӣ қомат афрохт ва моҷарои бархоста атрофи тахриби ин осорхона бошад дуруст дар шабурӯзҳое иттифоқ  меафтад, ки сару садоҳо дар бораи маҳалли сохтмони ҳайкал барои Эмомалӣ Раҳмонов-падари Рустами Эмомалӣ дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ баланд мешавад.

” Аҷаб! Онҳое, ки аз як қишлоқаке омадаву ҳоло худро соҳиби шаҳр мепиндоранд, барояшон маҳалли ҷойгиршавии хона-музеи Домулло Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ дар пойтахти Тоҷикистон номуносиб будааст ва ингор қасдашон ҳам ин буда, ки онро «ба ҷойи муносиб кӯчонанд» ва на танҳо кӯчонанд, балки «хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир» бисозанд.”

Валлоҳӣ дурӯғ мегӯянду дурӯғ гуфтанд. Чунки ин ваҷҳи овардаи онҳо ба осори таърихӣ -хона музей, рабт дошта наметавонад, сидқ намекунад. Осорхона-ҷойе аст, ки аз таърих мегӯяд, таърих аст, арзишу эътибору манзалате, аҳамияте, муҳиммияте дорад. Баъид аст, ки мушовирини Рустами Эмомалӣ инро надонанд. Бахусус, Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Аакдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар посухи номаи Рустами Эмомалӣ барои аз байн бурдани ин осорхона амалан ризоият додааст. Танҳо чизе, ки гуфтааст, ин аст, ки аввал «ҷойи муносиб бидиҳанд то вай ашёву осори ин хона-музейро ба онҷо таҳвил бидиҳад». Изҳори ризоияти Фарҳод Раҳимӣ барои кучонидани хона-музейи Домулло Садриддин Айнӣ аз худи ин нақша зишттар ва пургуноҳтар аст, балки як ҷинояти зиддитоҷикӣ аст, чун метавонист бо мулоиматӣ ва бо таъкди аҳаммият ва ҷойгоҳи он ба шаҳрдорӣ посухи рад бидиҳад ва шаҳрдорро аз авоқиби номатлубу ногувори он огоҳ бисозад. Аммо аз он ҷиҳат, ки ҳиҷ мансабдоре дар Тоҷикистон дар пеши Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов қадр надорад, тавон ва ҷуръати радди ҳатто пешниҳоди ӯро надорад, Фарҳод Раҳимӣ ҳам натавонист, не гӯяд.

Вале ҳарфи дигар ин аст, ки магар  «ҷойи муносиб»-и шаҳри Душанбе куҷост? «Хона- музейи наву замонавӣ» ва «ҷавобгӯ ба талаботи муосир»-ин яъне чӣ?  Магар осори таърихӣ, нишонаи гузашта, ёдгорӣ, хотира ва ҳофизаи таърихӣ бояд «наву замонавӣ» ва «ҷавобгӯ ба талаботи муосир» бошад? Пас, он чи музей-осорхона мешаваад? Аз онки вай нишонаи гузашта аст, аз онки вай хотира ва ҳофиза аст, аз онки вай аҳамияте  арзише, манзалати таърихиву фарҳангие дорад, хона-музей шудааст. Табъан, ки бо кӯч додану дар бинои наве сохтани он ин ҳама хосият ва аҳамияташро аз байн хоҳад бурд. Ҷавобияи шаҳрдорӣ як бори дигар нишон медиҳад, ки ин тоифа фаҳму фаҳмишу фаросате надоранд, Беш аз ин ба бузургону осори бузургони тоҷик заррае эҳтиром қоил нестанд.

“Осори таърихӣ бо ҳамон шаклу сохту рехте, ки дорад, аҳамият хоҳад дошт. Инки «ҷавобгӯ ба талаботи муосир нест» мегӯянд як баҳона ва худсафедкуние дар баробари вокунишу эътирозоти тунду тези ҷомеаи кишвар беш нест. Вагарна, барои ҳамагон рӯшан аст, ки инҷо гап дар бораи худи ин бино намравад,балки сухан дар бораи он меравад,ки дар ин бино Домулло Садриддин Айнӣ зистааст, дар саҳни ҳавлии он гаштугузор кардааст, вопасин рӯзҳои худро онҷо ба сар бурдааст, ҷанозааш аз он хона баромадааст. Муҳимтар аз ҳама маҳалла сохтмони ин биноро худи Домулло интихоб кардааст ва ин хонаро барои ин бузургмард Ҳукумати онрӯзаи Тоҷикистон бо дастури роҳбари онрӯзаи ҳукумат аллома Бобоҷон Ғафуров сохтааст.”

Аз ҷавобияи Рустами Эмомалӣ бармеояд, ки пой аз рикоб гирифтанӣ нестанд. Чунки   нақшаи фурӯши ҷойи хона- музейи Домулло Садриддин Айниро барвақт кашидаанд ва ҳоло дар пеши чашмони Рустами «сер» пули даромад аз ин маҳалла давр мезанаду бас. Рустаму падараш бояд ҳама чизро бифурӯшанд, ҳама чизро. Аз ҷумла заминҳо барои сохтмони биноҳо дар Душанберо. «Генплан» баҳонаву дастаке беш нест, аммо мақсад пулҷамъкунӣ. Вагарна «Генплан» чи аст, вақте Қонуни асосиро ҳар рӯз тағйир медиҳед. Агар «генплан» ба манфиататон набуд, агар дар аз байн бурдани хона-музейи Домулло Айнӣ манфиат намедоштед, онро иваз мекардед ,балки ҳамон қисматашро, ки ба ин маҳалли таърихӣ  марбут аст, аз пеш, пеш аз онки ба «генплан» дароваред, намедаровардед. Ҳоло, ки бо вокунишу эътирозоти як қисме аз аҳли илму адаби бовиҷдон рӯбарӯ шудаед, талош мекунед, ки як дурӯғҳоеро ба онҳо бидиҳед.

  “Аҷаб аст! Ҳоло оне, ки ин шаҳрро сохт, ин миллатро ҳимоят кард, ин давлатро бунёд намуд, ҳақу қурбе надорад, ки дар ҳамон 0.20 сотихи замини ин шаҳр хона дошта бошад, хонае барои мероси бастагонаш ҳам не, хонае барои зиёратгоҳу хонае ба унвони осорхона, ки ба тамоми халқу миллат тааллуқ дорад.”

Домулло Садриддин Айнӣ зинда нест, ки муқобилашон чизе гӯяд.Ва, гӯяд, ки «эй, бебасари аблаҳи аҳмақ агар муборизаи ман ва афроде чун ман набуд, ҳоло Қароқалпоқистони дигар дар таркиби ҳамсоя будӣ» ва ҳоло мегӯӣ, ки «осорхона ба нақшаи генералии шаҳр мувофиқ набуда симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад. Ва аз он ҷонбаркафоне, ки барои сохту сохтмони ин давлат ва берун овардани он аз ҳайати Узбакистон мубориза кардаанд, танҳо аз ман  ҳамин хона нишона мондааст. Ин танҳо хонаи ман  нест, ин хонаи он азизон ҳам ҳаст».

  «Симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад»? Магар ба як осори таърихӣ чунин баҳо медиҳанд? Ин таҳқири рӯирост ва ин бегона ва ҳеҷ рабт надоштани муаллифи ин нома ба тоҷику Тоҷикистонро нишон намедиҳад?

Дар ҳақиқат қарори «бартараф» кардани  хона-музейи Домулло Садриддин Айнӣ возеҳан нишон дод, ки ин тудаи ҳоким бо тоҷику ифтихори тоҷик кору боре надоранд. Иҳо дигаранд, фарқ доранд. Як қавми дар доираи қаламрави ишкаманд, ҳама корашон бар мизони ҳамин ишкам аст.

 ” Тахриби хона-музейи Домулло Садриддин Айнӣ ба ҷуз аз ҳадафи тиҷоратӣ, ба ҷуз аз фурӯхтани замини он бар ивази пули калон чизи дигаре надошту надорад. Ин туда тамоми таваҷҷуҳашон, тамоми хостаҳояшон дар ҳамин қаламрави ишкамашон аст. Бӯе аз ончики маънавият аст, фарҳанг аст, дин аст ватанаст, арзиш аст, номус аст набурдаанд. Қаламрави ишкам роҳбари мост. Қаламравҳои ишкам: Рустаму Озода дар навбатанд.”

Ин туда таърихро намефаҳманд. Ҳоло агар «безеб» мекард ва ба генплан «номувофиқ» бошад, пас, сарнавишти мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро чӣ мешавад? Чаро аз Маҳмуди Ғазнавӣ гирифта то Чингизи хунхору Темурлангу манғитиҳову Ленину Сталини болшевик онро ҳифз карданд. Танҳо Толибон буданд, ки осори таърихии Афғонистонро аз байн бурданд. Ҳоло Раҳмонов аз Толибон чи фарқе мекунад? Толибон ҳам таъриху хотира ва ҳофизаи таърихиро маҳву нобуд карда истодаанд.

   “Чаро узбекҳо дар Самарқанд хонаи Домулло Айнии тоҷикро, ки Узбекистонро гузошту Тоҷикистон омад ва барои таъсису ташкили Тоҷикистони мустақил муқобилашон мубориза кард, ҳифз мекунанд ва чаро мақбараи Исмоили Сомонӣ, ки ҳоло   косалесони Раҳмонов ӯро бо ҳарорат Сомонии «сонӣ» мегӯянд дар Узбакистон побарҷо истодааст? Агар дар ҷойи ин хона -музей шумо як доми 16 не 160 этажа рост кардеду рӯзона се миллион даромад доштед, чӣ хоҳад шуд? Ин қадар даромаду ин қадар дуздиву ғорате, ки ин мардумро карда истодаед, сератон намекунад?”

Ин хона, як хонаи одӣ аст, дар баробари хонаи Эмомалӣ Раҳмонову Озодаву Таҳминаву дигару диграш шояд «катаки мурғ» бошад. Аммо дар он Домулло Садриддин Айнӣ зиндагӣ кардааст. Ин хона ёду хотири ӯро медиҳад, ҳазору як рамзу роз дорад, чун қадамҷои нахустин ӯст. Вай «Пешвои муаззам» нест. Аммо падари давлате бо номи Тоҷикистон аст.

  “Бубинед, шумо ба ҳадде ба нафсу ба ишкаму ба пул дода шудаед, ки ҳатто Қаҳрамони эълонкардаи худро беарзиш мекунед. Ин ки санади Созишномаи сулҳро дуввумин ҳуҷҷати сарнавиштсоз баъд аз Эъломияи истиқлоли давлатӣ хондеду ду даҳа ҳам нагузашта онро беэътибор кардед, ҳамагон шоҳид шудем, шоҳид шудем, ки чи гуна зери қавли худ задед, дасти ҷавонмардиатонро пас гирифтед, аммо ҳоло чанд солаке нагузашта болои фармони худ дар бораи Қаҳрамони миллӣ эълон кардани Домулло Садриддин Айнӣ ……Домулло Айнӣ муштоқи  ин унвони шумо набуд, вале имрӯз рӯҳи ин марди таърихро наёзоред, қалби Тоҷикистонро ханҷар назанед! Магар бо қаҳрамонон чунин муносибат мекунанд? Бори дигар мегӯям, ки ба ҷуз аз пул инҷо ҳеҷ ҳадафи дигар надоред! Чун шумо, борҳову борҳо маълум шудааст, ки бар ивази пул ба пасттарин корҳо даст мезанеду даст задаед!”

Домулло Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ, яке аз поягузорони давлати Тоҷикистон қабл аз ҳар сифоту ҳунару мақомаш як олими забардасти дини ислом, як муаллифи муҳтарами адабиёти таълимии динӣ буд ва ӯ дастор мебаст, амсоли тамоми домуллоҳо ва риш дошт то охирин нафас, чун суннати Расули Акрам ва чун як исломии содиқ ба дину ақидааш узвият дар ҳизби коммунистро напазируфт ва охирин ҷумлаашро ҳам ба ҳуруфи қуръонӣ навишт. Ин Домуллои бузург, муаллифи асарҳои таълимии «Заруриёти диния» ва «Таҳзиб- ус-сибён» амсоли соири уламои мунавварфикру муборизи исломӣ ҳеҷ гоҳ намозу рӯзаашро тарк накарда буд. Вай аз давлати шӯро ба рағми манғитиёни золим истиқбол кард, ба хотири адлу дод, ба хотири миллати мазлуми мусалмони давлат ё Аморати Бухоро.

 “Имрӯз, ки хеле аз домуллоҳои муътабари моро зиндонӣ кардааст, дақиқан ҳамон кори амирони манғитиро Раҳмонов мекунад. Агар Раҳмонов ин тарафи ҳасби ҳоли Домулло Айниро медонист, медонист, ки ӯ як олими дин ва сарсупурдаи ислом аст, ҳеҷ гоҳ ба ӯ унвони қаҳрамонӣ намедод. Ҳоло, ки хонаи ин домуллоро хароб мекунад, ба ин маъност, ки пушаймон шудааст, ки ба ӯ унвони қаҳрамонӣ дод, ҳамчуноне ба устод, домулло Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, орден доду ҳоло мункири сулҳ бо эшон аст.”

Ба худо қасам ҳоло агар аз Рустам ва аз падар вай бипурсед, ки Айнӣ кист, чаро вайро роҳбарияти Тоҷикистон, шахсан Бобоҷон Ғафуров аз Ӯзбакистон оварданд, барои Тоҷикистон ва тоҷикон чи мақому манзалате дорад, чи кор кардааст, чи навиштаасту чи китобҳо дорад, ҳеҷ чизе гуфта тавонанд. Шояд ончи медонанд ҳамин Гурӯғлӣ ва Чамбули мастон бошад. Барои онҳо тавақи чубии қурутов бошаву шакарови бо оличаву гирдачаву таҳмол ва шира ба ҷирғот алала карда хуранд. Ҳоло Бег Сабурро механданд барои хондани китоби “Абукамол” гуфтанаш қаҳрамони асарро ба ҷои Арбоб Камол ва Марди Судхурро хонда мошний связ доштани китоб ба бизнес. Боварам кунед ҳама оилаи “Пешво”ро пурсед Устод Айниро намешиносанду осоре аз ӯ нахондаанд. Агар мехонданду ӯро мешинохтанд ҳаргиз чунин “Вондолизм”ро раво намедиданд бар осорхонаи ӯ.

” 1158 гектарро ба Хитой фурӯхт, сер нашуд. Чашмаш боз ба ҳамин 0.20 сотих замини хона-музейи Домулло Айнӣ афтодааст.”

Ман мутмаин нестам, ки инҳо (Эмомаливу Рустам) аз ин раъю қасдашон пас бигарданд. То ҳоло чунин нашудааст. Инҳо бо говзӯрӣ хӯ гирифтаанд, балке хислату хосияташон ҳамин аст. Хонаи Қаҳрамони Тоҷикистонро вайрон мекунанд. Чун эълон карданд, ки қарораш сари ҷояш аст, мавриди баррасӣ аст. Нагуфтанд, ки баъди ин ҳама сару садоҳои эътирозӣ мо аз ин қарори худ мунсариф шудем. Намегӯянд. Нахоҳанд гуфт. Омӯзиш ва баррасӣ ба ин маъно аст,ки шумо чӣ бихоҳед, чӣ нахоҳед фикру назари шумо муҳим нест. Ва,агар комиссиюни мо-шояд ҳамин Сайфулло Сафару Абдулло Раҳнамову Сайёфи Мизробу Ато Мирхоҷаву Саъдӣ Маъдӣ ва Абдуқодири Талбак ва амсолуҳу чоплусони дар пеши Рустаму Эмомал Раҳмон думмеликондагиҳо ҳам дар қатори Абдуқодири Рустаму Марямбонуи фарғониву Зафари Суфию Муҳиддин Кабирӣ ва  дигарҳо садои эътирозӣ баланд мекарданд, ба онҳо асар мекард. Аммо, мутаассифона, инҳо хулоса медиҳанд, ки Айнӣ касе нест, қарори шумо дуруст аст. Қароратонро татбиқ намоед.

“Барои ҳамин аст, ки онҳо хонаи Айниро мекананду ба Майрамхола ҳайкал мегузоранд.”

Ҳоло зарифғуломҳо, ҳикматуллонасриддинҳо, абдумаҷиддостиевҳо куҷоянд, ки барои ҳайкалгузорӣ ба Раҳмонов сабқати тамаллуқ ташкил кардаанду барои кандану хоки сияҳ кардани бузургони миллат дар даҳан об гирифтаанд. Ё ба ибораи омматар ҳамаашон шудаанд “Одина”ҳо ва Арбобраҳмоновҳо аз эшон озодияшонро комилан салб кардаанд.

Таърихро мекананду худро таърих ва таърихӣ карданӣ мешаванд, коре, ки шуданӣ нест.

Ҳангоме, ки ин матлаб омода мешуд ба “Ислоҳ” чунин маълумоти ҷолиб аз дӯстдорони Устод Айнӣ расид:

Дар макони бинои осорхонаи устод Садриддин Айнӣ бинои баландошёна месозанд чунки авлоди  “Пешво” дар 12 блоки пушти осорхонаи устод Садриддин Айнӣ нағунҷиданд мехоханд, ки яке аз осорхонаи таърихиро ба биное, ки ба аҳолии мо аслан муҳим нест иваз кунанд. Танҳо ҳадаф аз ин корашон ин аст, ки онҳо авлоди Призидент ҳастанд ва ин оила аз қишри болои буда бояд дар марказ ҷойгир бошанд. Ҳама оила ва наздикони ин оила дар пушти бинои осорхонаи устод Садриддин Айнӣ  зиндаги кунанд. Инчунин шарт ҳам гузоштаанд, ки ба афроди бегонаро набояд роҳ дод, то инҷо зиндагонӣ кунанд. Ба шахсони бегона фурӯхта намешавад. Ин бино бо тадобири амниятии шадид назорат хоҳад шуд.

Ин маълумотро бояд бидонед,ки  ба наздикӣ дар макони сизои 1 Шамсулло Соҳибов хонаи истиқоматӣ  месозад. Алакай ҳама санадҳо ҷобаҷо гузорӣ шудааст ва ба наздикӣ амалӣ мегардад. Хонаи Шамсулло Соҳибов бо Сизо ҳамшафат будааст. Гуфта будааст: “ ин зонаи маҳаи бояд ма чизем мефорад бсозм, гап занта ма медонм чикор кунм”

 Агар диққат дода бошед Эмомалӣ Раҳмонов боғи 30 солагиии Истиклолиятро  ифтитоҳ намуд дар ин ҷашн. Ин боғро барои оила ва наздикони худаш, ки дар наздикии ин боғ қарор доранд сохтааст, на барои сокинони шаҳри Душанбе. Танҳо барои авлод ва хонаводааш сохтааст, кушишу гайратхояш танҳо барои хамин будааст. Бинои осорхонаи Садриддин Айнӣ дар  кучаи С. Носиров ва ресторани Сафо  ҷойгир мебошад. Инчунин бинои “Академияи идоракунии давлатӣ” ҳамшафат бо ин осорхона аст. Инҷо бояд махсӯси оилаи “Пешво” бошад,на аз дигар сокинон.

Share This Article