Хонаводаи Худойқуловҳо? Кистанд онҳо ва чикораанд?

(бахши аввал)

Дар аввал бо афроди ин хонавода шинос бишавед:

1.Худойқулов Рустам Тураевич, сардори Риёсати энергетикаи идораи роҳи оҳани Тоҷикистон; шахси бовариноки Мирзоалиев Комил раиси идораи Роҳи оҳани  Тоҷикистон

2.Худойқулова Шарифамоҳ Тураевна, сардори Раёсати назорати судҳо дар Прокуратураи Генералӣ ва хамкурси Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, Прокурори генералии Тоҷикистон

3.Худойқулов Афзалшоҳ Тураевич,мушовири Раҳмон Исломиддин Хайриддин, Раиси ноҳияи Данғара (Писари Раҳмонов Нуриддин) ва хамчунин мутасаддии ширкатҳои вай

4.Худойқулов Нуралишоҳ Тураевич -полковники милитсия, сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар шаҳри Сарбанд.

5.Худойқулов Шерафган Тураевич,раиси ширкартҳои марбут ба хонаводаи Худойқуловхо ва ҳамчунин таъминкунанда (поставщик) – и васоили нақлия ва техникаҳои махсуси коммуналӣ ва таҷҳизоту абзори сохтмонии мавриди ниёзи Мирзоалиев Комил, раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон мебошад.

6.Худойқулов Исуфалӣ  Тураевич,бародари бузурги Худойқуловҳо, ки тайи 10 соли ахир дар ҳоли фирор ва дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ мекард ва 4 моҳ пеш дар ин кишвар аз дунё гузашт.

Шоёни зикр аст, ки ҳомӣ (криша) – и  ин хонавода дар иҷрои тамоми ҷиноятҳое, ки зикр хоҳад шуд, генерал-майор Саидшо Шамолов ва Мирзоалиев Комил раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон мебошанд.

   Тафсили мухтасар

Ҷиноятҳои Худойқулов Рустам Тураевич

Худойқулов Рустам ба ҳайси сардори Риёсати энергетикаи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон масъулияти пулшуии пулҳои Мирзоалиев Комил, раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Худойқулов ҳамчунин масъул ва иҷрокунандаи тамоми корҳои сохтмонӣ  ва проектҳои давлатии ҳукумати ш. Душанбе ва Ҳукумати Тоҷикистон аст ки бар зиммаи Мирзоалиев гузошта шудааст. Лозим ба зикр аст ки Худойқулов Рустам ин проектҳоро бо нархҳои гарон ва бидуни рақобат анҷом дода маблағҳои муфт ба даст овардаашонро ба Мирзоалиев Комил медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки аксари проектҳои сохтмонӣ аз суи Эмомалӣ Раҳмон  ба Рустами Эмомалӣ супориш дода мешавад ва Рустами Эмомалӣ иҷрои онҳоро ба ихтиёри Мирзоалиев Комил медиҳад ва пули сохтмонҳо аз буҷаи давлатӣ пардохт мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ширкати Худойқулов Рустам бо ҳамроҳии писараш ва ҷиянҳояш дар бустонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе 3 адад иншооти бузургеро, ки аз тарафи Дастгоҳи риёсати ҷумҳурӣ ба Мирзоалиев Комил супориш дода шудааст, анҷом дода истодааст.

Бинобар гуфта ва таърифи Худойқулов Нозирҷон Рустамович писари Худойқулов Рустам ширкати онҳо пас аз гирифтани проекти сохти ин се иншоот маблағҳои калонро соҳиб шуда ва ҳатто то охири умрашон барои онҳо басанда хоҳад буд.

 Ҷиноятҳои Худойқулова Шарифамоҳ Тураевна

Худойқулова Шарифамоҳ аз соли 1984 кору фаъолияти худро дар прокуратураи ш. Кулоб сар карда ва аз соли 1994 то ин ҷониб дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори шуъбаҳо ва сардори раёсатҳо фаолияташ идома дорад.

Худойқулова Шарифамоҳ замоне, ки ба ҳайси сардори Раёсати назорат аз болои коркунони вазорати дохила дар Прокуратураи генералӣи ифои вазифа мекард, аз рӯи ахбороти бародаронаш Худойқулов Шерафган ва Худойқулов Рустам, ки он замон дар ширкати «Помир-Лада» ба фурӯш ва тиҷорати мошинҳои сабукрави сохти Русия машғул буд ва маълумотҳои бародари дигараш Худойқулов Нуралишоҳ, корманди вазорати корҳои дохилӣ дар Раёсати кофтукоби ҷиноӣ ба ҳайси сардори шӯъба кор мекард ва ҳамзамон муҳофиз (телохранител) – и генерал-майор Саидшо Шамолов буд, шахсони сарватманд ва пулдорон, ҷанговарони Фронти халқӣ ва Иттиҳоди Неруҳои Оппозисиюни Тоҷик (ИНОТ) – ро муайян карда нисбати онҳо дар Кумитаи давлатии амнияти милли (КДАМ) ва Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) парвандаҳои ҷиноятӣ огоз мекард. Сипас дар Прокуратураи генералӣ бобайнравии бародаронаш ва бо гирифтани пора ва маблағҳои калон парвандаҳои онҳоро қатъ вале касонеро, ки имконияти додан надоштанд, равонаи зиндон мекард.

“Лозим ба зикраст ки Худойқулова Шарифамоҳ ба супориши Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти милли (КДАМ) дар зиндонӣ кардани теъдоди зиёде аз ҷанговарони собиқи Фронти халқӣ, фарзандон ва наздикони онҳо ва ҳамчунин аъзои собиқи Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷик (ИНОТ) нақши бузурге дошт ва инчунин судяҳоро супориш медод, ки онҳоро ба муҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон кунанд. Ва ин кор дар вазифаи хидматии ҳозираи Худойқулова Шарифамоҳ ҳамчунон идома дорад.”

Метавон гуфт бештарин ҷанговарони собик Фронти халқӣ бо дасисаи ҳамин хонум ва хонаводаи Худойқуловҳо равонаи зиндон шудаанд.

Хиёнат ва Ҷиноятҳои Худойқулов Нуралишоҳ Тураевич

Хиёнати якуми Худойқулов Нуралишоҳ аз ин иборат аст, ки ӯ хусусан нисбат ба ҷанговарони Фронти халқӣ дар бригадаи генерал-майор Саидшо Шамолов ва бригадаи Чолов Қурбон ва бригадаи Сӯҳроб Қосимов, ки Нуралишоҳ бо бисёре аз онҳо дустӣ дошт ва дар содир кардани ҷиноятҳо аз қабили одамкушӣ, ғорати хонаҳо ва тасарруф кардани моликияти мардуми сарватманд шарик буд, гузориш таҳия ва ба Кумитаи Давлатии Амнияти Милли ва Соҳибов Зоир (домоди калонии Эмомалӣ Раҳмон) равон мекард. Шикояти Худойқулов Нуралишоҳ аз болои ҷанговарони Фронти халқӣ дар ҳоле буд, ки шахсан худаш дар даврони нооромиҳо дар ҷиноятҳои содир шуда мустақиман даст дошт. Ӯ бо зӯри силоҳ мошин ва сарватҳои бисёриҳоро азони худ карда буд.

Хиёнати дигари Худойқулов Нуралишоҳ ин аст ки замоне, ки сардори Шӯъбаи ВКД дар хати истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе адои вазифа мекард, асосан масъулияти қочоқ ва ҷобаҷо кардани маводди мухаддир марбут ба Мирзоалиев Комил, раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Соҳибов Зоир домоди Эмомалӣ Раҳмон дар контейнерҳо,  вагонҳои боркаш ва мусофирбарро бар ӯҳда дошт ва аз ин тариқ маблағҳои калонро ба даст меовард.

Худойқулов Нуралишоҳ инчунин бо ҳаргуна дуруғафканӣ, бӯҳтон ва тӯҳмат задан миёни генерал-майор Саидшо Шамолов ва теъдоди зиёди дустонаш кинаву адоват барангехта онҳоро бо ҳам душман гардондааст ва инчунин миёни Соҳибов Зоир ва Мирзоалиев Комил низ ҷанг андохтааст.

“Яке аз ҷиноятҳои Худойқулов Нуралишоҳ ин аст ки вай ба сурати ошкор ба даҳҳо духтарони навҷавон дар ш. Душанбе дастдарозӣ кардааст. Вақте ягон духтарро дар  хиёбон медид ва писандаш меомад, вайро бо зур ба мошин савор карда ба ҷойҳои дамгирии махсуси худ бурда таҷовуз мекард. Аслан касе ҳам наметавонист аз рӯи вай шикоят кунад. Зеро шикояти хонаводаи духтарони қурбонӣ хар вақт ки ба Прокуратураи генералӣ мерасид бо мамониати апаашон Худойқулова Шарифамоҳ рубару мешуд. Мутаасифона раванди судури чунин ҷиноятхо аз сӯи ин номард то ҳол идома дорад.”

Дар ҳоли ҳозир Худойқулов Нуралишоҳ дар симати Сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Сарбанд қарор дорад ва то ҳол ба масъулияти худ ҷиҳати қочоқ ва ҷобаҷо кардани маводди мухаддири Соҳибов Зоир ва Мирзоалиев Комил дар вагонҳo ва равон кардани он ба Русия идом медиҳад.

Ёдовар мешавам, ки Худойқулов Нуралишоҳ қиморбози машҳур аст ва тамоми кормандони вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мансабдорон аз ин ҳолати вобастагии  вай  ба қимор огоҳ ҳастанд. Аз баски У қиморбозии патологӣ аст, доим қарздор буда ва барои ҷуброни зарарҳояш даст ба ҷиноятхои нав мезанад.

Хиёнат ва ҷиноятҳои Худойқулов Афзалшоҳ ва Шерафган

Бо таваҷҷух ба инки Шерафган ва бародараш Афзалшоҳ бо фуруши мошинҳои хориҷии қиматбаҳо ва мошинҳои сохти Русия машғуланд ва дар ширкати «Помирлада» (прокати 63) воқеъ дар Душанбе бузургтарин автосалон доранд афроди сарватванди пойтахтро муайян мекарданд ва сипас маълумоти онҳоро ба бародарашон Худойқулов Нуралишоҳ, ки он замон ба ҳайси сардори шуъба дар Риёсати кофтукоби корҳои ҷиноӣ дар Вазорати Корҳои Дохилӣ кор мекард, мефиристоданд. Пас аз он Худойқулов Нуралишоҳ аз тариқи таҳия кардани парвандаҳои сохта пулу амволи онҳоро ғорат мекард.

Инчунин Шерафган ва бародараш Афзалшоҳ аз хориҷи кишвар автомашинаҳои махсусгардонишуда аз қабили автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ, партобкашон (мусуркашак) мошинҳо барои бонкҳо ва ғайра харидорӣ карда ва онҳоро бо нархҳои гарон ба Раҳмон Исломиддин Хайриддин, раиси шаҳри Данғара месупорид.

 “Чунонки дар боло зикр кардем Худойқулов Афзалшоҳ раиси ширкатҳои Раҳмон Исломиддин шаҳри Данғара ва ҳамзамон ба ҳайси мушовири вай кор ва фаъолият карда, маблағҳои дуздидаи раиси шаҳри Данғараро бо ҳамроҳии бародараш Шерафган гардиш медиҳад.”

Худойқулов Афзалшоҳ ва Шерафган ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои дуздида ва шахсии Раҳмон Исломиддин аз хориҷи кишвар молу маҳсулот ва таҷҳизотҳои мавриди ниёзи вазорат ва корхонаҳои давлатиро харидорӣ карда ва бо нархҳои гарон ба давлат мефурӯшанд.Ҳоло он ки молу маҳсулот ва таҷҳизотҳои мазкур дар бозорҳои дохилӣ ду- се баробар арзонтар мебошанд.

“Худойқулов Афзалшоҳ бо суи истифода аз ҷойгохи худ назди Раҳмон Исломуддин, раиси шаҳри Данғара аз садҳо соҳибкори бозори Султони Кабири шаҳр Душанбе ба шакли насия маҳсулоти сохтмонӣ гирифта пули онҳоро надодааст. Бисёре аз соҳибкорон аз дасти Афзалшоҳ аз бонкҳо қарздор шудаанд. Ва бархе аз онҳо барои пушондани қарзи банк хонаҳои худро фурӯхта тарки кишвар кардаанд.”

Бояд ёдовар шавем, ки ҷиноят ва хиёнатҳои афроди ин хонавода хело зиёд буда ва ман танҳо қисме аз онҳоро дар мактубам дарҷ кардам ва аз касоне, ки аз суи ин хонавода ҷабр дидаанд хоҳиш мешавад, баъд аз ин барномаи «Ислоҳ» паём ва даъвоҳои худро бирасонанд.

Ногуфта намонад, ки аз соли 1993 то соли 2013 «криша»-и ин оилаи ҷинояткор генерал-майор Саидшо Шамолов буд. Аз соли 2013 то ин ҷониб «криша»-и ин хонаводаи ҷинояткор Мирзоалиев Комил, раиси идораи Роҳи оҳани  Тоҷикистон мебошад.

Ин нуқтаро ҳам бояд ёдовар шуд, ки Худойқулов Нуралишоҳ ва Мирзоалиев Комил аз аввали ҷангҳои шаҳрвандӣ муҳофиз/телехранител ва рафиқони генерал-майор Саидшо Шамолов буданд ва шабу рӯз бо ҳам буданд.

   “Миёни ин ду оила қаробати хешовандӣ вуҷуд дорад. Бо пешкории Худойқулов Нуралишоҳ духтари бародари Мирзоалиев Комилро ба писари  бародари Нуралишоҳ келин кардаанд. Аз инру чунончи дар боло зикр кардам, баъд аз қудошавӣ бо Мирзоалиев Комил ин оилаи ҷинояткор ба вазифаҳо ва сохтмонҳои бузурги давлатӣ даст ёфтанд.”

Зикри хиёнат ва ҷинояти хонаводаи Худойқуловҳо ба ин хотир аст ки дар даврони ҷанг ва пас аз ҷанг, мутаассифона ҷиноят ва хиёнатҳои зиёде аз тарафи силоҳбадастони ҳар ду тараф содир шудааст.Аммо ин хонавода бо тамоми афродаш ба сурати машваратӣ бо якдигар ва ба унвони як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ даст ба ҷиноят ва хиёнатҳо задаанд ва бо нуфуз ба ниҳодҳои қудратии давлатӣ ба ҷиноятҳои худ идома медиҳанд. Теъдоди чунин хонаводаҳо, ки ҳам дар даврони ҷанг мардумро ғорат карда бошанд ва пас аз ҷанг низ то ҳол ғораташон идома дошта бошанд, ангушт шуморанд.

Соли 2020 бояд, ки Худойқулова Шарифамоҳ пас аз инки Мирзоалиев Комил 5 миллион доллари ИМА ба Соҳибов Зоир дод, ба вазифаи Прокуратураи Генерали ба ҷои  Юсуф Раҳмон Аҳмадзод таъин мешуд.

Бар асоси суханони Худойқулов Нуралишоҳ ва Рустамшоҳ қарор буд дар паи ба поён расидани муҳлати панҷсолаи аввал Юсуф Раҳмон дар мақоми Прокурори   генералӣ, Шарифамоҳ ба ин мақом таъин шавад, бисёре аз дустон ва наздикони Худойқуловҳо аз ин бохабар буданд.

Аз рӯи шуниди ман ва суханони Худойқулов Нуралишоҳ сабаби таъин нашудани Худойқулова Шарифамоҳ дар он мебошад, ки муомилаи байни Соҳибов Зоир ва Мирзоалиев Комил бад шуда буд. Аз ин рӯ Мирзоалиев Комил ин масъаларо мустақиман бо Эмомалӣ Раҳмон ҳал кардааст. Гуё раиси ҷумҳур ба духтараш Озода супориш додааст, ки Худойқулова Шарифамоҳро пас аз 5 солаи дуввуми Юсуф Раҳмон дар мақоми ӯ таъин кунад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Мирзоалиев Комил гуфтааст, ки Раҳмон Юсуф дар ин муддат бояд, ки боқимодаи фармондеҳони Фронти халқӣва ҷанговарони Нерӯҳои мухолифин ва инчунин тамоми шахсони сарватманд аз қабили тоҷирон ва бонкирҳое, ки эҳтимол аст рақиби сиёсии Рустами Эмомалӣ шавандро зиндонӣ карда фазои сиёсиро барои фарзандаш тоза кунад, сипас Худойқулова Шарифамоҳро ба ин вазифа таъин кунанд.

  “Ман ба унвони яке аз шахсони наздик ба генерал Саидшох Шамолов ва дӯсти наздики Худойқулов Нуралишоҳ аз сомонаи «Ислоҳ.нет» хоҳиш мекунам, ки дар мавриди ҷиноятҳои ин хонавода, ки ман дар мактуби худ дарҷ кардаам, барномаи вижа омода  карда шавад ва аз шаҳрвандони ҷабрдида хоҳиш кунед далелҳо ва фактҳои зарари дидаи худ ро ба шумо равон кунанд.”

Ба далелҳои амниятӣ номамро фош намекунам ва пас аз шикаст хӯрдани ҳукумати хонаводагии Раҳмон нусхаи аслии мактубамро бо нусхаи шиносномаам ба Прокуратураи генералӣ ирсол хоҳам қард.

Сабаби навиштани мактуби ман доир ба ҷиноятҳои афроди ин хонавода, он аст ман шахсан шоҳиди бисёре аз холатҳои ҷиноятхои ин оила будам ва аз номардии хусусан Худойқулов Нуралишоҳ тоқат накардам ва хостам, ки аз кору кирдори ин оилаи ҷинояткор тамоми мардуми кишвармон огох бошанд.

Поёни бахши аввал,идома дорад… Агар шумо ҳам чизе медонед марбут ба ин ҷинояткорон ,ба Ислоҳ нависед,то дар бахши дуввум истифода намоем.

Бо эҳтиром собиқ ҷанговари Фронти халқӣ ва мухлиси сомонаи «Ислоҳ. Нет» аз маркази ш. Кулоби бостонӣ.

Total
0
Shares
Related Posts