«Ҳукумати худгардон»и Сироҷовҳо дар Кулоб

Ислоҳ нет

«Ҳукумати худгардон» (автономия)-иСироҷовҳо дар минтақаи Кӯлоб:- ҳамаро задагӣ, президентро ҳам….Рустамро ҳам.

 (бахши аввал)

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқбол! Ман пайваста навиштаҳои шуморо дар «Ислоҳ» мехонам. Махсусан барномаи «Номаҳо аз ноҳия»-и «Ислоҳ» ҳозир дар Кулоби мо бисёр ҳам машҳур ва тарафдорони зиёд дорад. Шумо дар бораи Зардев таҳти унвони «раиси ҷумҳури шаҳри Кулоб» навишта будед, кор дод. Ҳоло Зардиев  он тавре ки пеш буд дигар нест. «Ислоҳ» чнгиркш монд, ҷаррастош баромад. Ин шабурӯзҳо боз нафари дигар сари майдон шаҳсуворӣ дорад. Бовар дорам «ишам  Ислоҳ пеши Зардиев равон мекунад»…..

  Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Бародар Муҳаммадиқбол аз номаҳое, ки ба шумо аз шаҳру ноҳияҳо равон мекунанд, ҳамеша огоҳам. Ҳоло дар ватан ҳастам медонам, ки фасод зулму ситам дар авҷи аъло расидааст. Вақте аз шаҳри Кӯлоб ду нома дар бораи яке аз золимони минтақаи Кӯлоб Заридев Абдуҷаббор ба шумо равон карданд, гарчанде қатрае аз баҳри ҷиноятҳои ин золим Заридев буд ва шумо онро нашр кардед, ман ба худам қавл додам, ки дар бораи як нафари золими дигар менависам.

Ман ин золим-Абдуҷаббор Зардиевро хуб мешиносам. Баъди барномаҳои шумо дар бораи Зардиев Абдуҷаббор мо натиҷаашро дида истодаем, ки як писараш ва наберааш зиндонӣ шуду тамоми заминҳои ғасб кардааш, ки чанд сад гектар замини обӣ буд ба мардум тақсим карданд, мардум дар ҳақи шумо дуогу ҳастанд. Худоро шукр, як золим ба дасти дигар золимон ҷазо гирифт.

  Номаи ман ҳам аз Кӯлоб, аз собиқ колхози Сафар Амиршоев, ҷамоати Даҳана ҳамсояколхози Заридев Абдуҷаббор равон карда мешавад. Номаи ман дар бораи золиме ҳаст, ки Заридев Абдуҷаббор дар зулму ситам шогирди вай намешавад. Мо истиқоматкунандагони деҳаи Мирнишин (собиқ Мирапоқ) дар бораи золими бераҳм Давлатхӯҷа Сироҷов, собиқ сардори раёсати андоза ш. Душанбе ва хонаводаи ӯст. Ин золим 30 гектар замини обӣ ва 20 гектар замини лалмии мардуми деҳаи моро ғасб кардааст. Яъне; ин заминҳо саҳми мардум ҳаст. Ин золим, ки на худаш, на келину духтару писаронаш ҳатто ба даруни замин нагузаштаанд, имрӯз соҳиби замин ҳастанд. Деҳаи мо ду бригада дорад: Мирапоқи боло ва Мирапоқи поён. Ин золим заминҳои ҳарду бригадаро ғасб кардааст. Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб касе ӯро чизе гуфта наметавонад, чунки зӯрашон намерасад. Заминҳои обии Мирапоқи болоро гирифта дар ин заминҳои обӣ ғайриқонунӣ фермаи гов сохтааст. Бақия заминҳоро ҷуворимакка ва юнучқа барои фермаи гов ва галаи аспҳояш кишт мекунад.

Тибқи фармони ҳукумат бояд соҳибони заминҳои обӣ 70% заминҳояшон ҳатман пахта кишт карда шавад. Ин золим ягон саҳм надошт ва ҳеҷ гоҳ на зану писар ва на духтару келинаҳояш аъзои колхоз ҳам набуданд, аммо имрӯз соҳиби замини зиёде ҳастанд. Заминҳои обии Мирапоқи болоро барои фермаи говаш ва барои аспу говҳяш ва заминҳои обии Мирапоқи поёнро боғи себ, ангур ва дигар мева шинонидааст барои худаш истифода карда истодааст. Дар марказӣ деҳа парки техникӣ- тракторӣ барои 4-деҳа Мирапоқ, Гӯлтеппа, Бешкапа ва Кӯл мавҷуд буд. Даҳҳо намуди техника барои хоҷагии қишлоқ дошт. Ҳамаашро фурӯхт. Замини ин паркро, ки беш аз як гектор буд ба мардум 4 сотихӣ карда 4-сотихро 10-ҳазор доллар$ фурӯхт.

  Дар Мирапоқ ду бригада ва беш аз 350 хоҷагӣ зиндаги мекунад. Аз замони шӯравӣ 2 боғчаи кӯдакона барои фарзандони колхозчиён буд, ки онҳоро ҳам гирифт. Ду хирмани калон мумфаршшуда барои қоқ кардани пахта ва як иморати калони болояш бо шифер маҳкам буд, ки онро ҳам гирифт. Нисфи тахтаву шиферашро фурӯхт.

  Бунгоҳи тиббӣ аз замони шӯравӣ бо 20 сотих замин буд гирифта ба яке аз чоплусонаш бо номи Фатҳулло аз ҳамсоя қишлоқ дод. Ҳоло ин бунгоҳи тиббиро хонаи зиндагиаш кардааст.

  Дар марказӣ деҳа дар назди масҷид аз замони шӯравӣ як ҷанозагоҳ буд бо 30 сотих замин, гирдаш бо бедҳои маҷнун ва чанорҳо иҳота шуда аз дарунаш як канали об мегузашт. Дар тобистон мардуми намози ҷаноза мехондагиҳо зери сояи маҷнунбедҳо назди канали об менишастанд. Ҳоло онҷоро гирифта ба фермаи аспҳояш табдил кардааст. Як писараш, ки дар Душанбе ба сохтмони бино (дом-соз) машғул ҳаст, бузкашӣ ҳам мекунад, аспҳояшро дар заминҳои мардум сар медиҳад касе чизе гуфта наметавонад.

  Ин Асад Сироҷов соли 2013 ё 2014 дар Данғара Наврӯзи ҷумҳуриявӣ шуд, аспаш дар мусобиқа бурд кард. Аспаш бо номи Кукла дар мусобиқа ҷои 1 мегирад, аз аспҳои Рустами Эмомалӣ пеши мекунад. Рустам мегӯяд ин асп зӯр будааст. Ин Асад Сироҷов дар наздикии онҳо нишаста мешунавад ба човандози худаш мегӯяд ин аспро биёр ва онро ба Рустами Эмомалӣ тӯҳфа мекунад, албатта барои наздик шудан ба оилаи президент. Номи аспаш Кукла буд. Он солҳо ба 70 ҳазор доллар харида буд.

  Ин хонавода одати чоплусӣ дорад, аммо на ба ҳар кас , танҳо ба мансабдорони сатҳи боло. Вале раисони шаҳру ноҳияҳо, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ, ё прокурор судяҳои шаҳру ноҳияҳоро умуман гӯш намекунанд. Гуфтам, ку инҳо барои манофеъи худашон ба ҳама кор-хидмат барои мансабдорони боло омодаанд. Давлатхӯҷа Сироҷов дар охири солҳои шӯравӣ раиси корхонаи дӯзандагии шаҳри Кӯлоб буд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ барои бо Сангак Сафаров часпонидан якум наберааш аз писари калониаш тавалуд шуд, номашро Сангак гузошт. Ҳоло духтари калониаш Саодатбибӣ Сироҷзода писарашро Эмомалӣ ном гузоштааст. Дар деҳаи мо зуд- зуд раисони маҳалла иваз мешаванд. Давлатхӯҷа Сироҷов ҳоло нафақахӯр ҳаст ба деҳа зуд -зуд меояд. Ба раисони маҳалла ҳам худаш ва ҳам фарзандонаш амр мекунанд, ки ҳарончи ман гуфтам онро мекунед! Агар камтар нофармонӣ кунад дашному ҳақорат таҳдид ҳатто дар пеши мардум раисони маҳалларо латукӯб мекунад. Пеш Меҳриддини писараш дар деҳа буд, раисони маҳалларо латукӯбу дашном мекард. Ҳоло Асад Сироҷов ин корро мекунад. Чанде пеш Асад Сироҷов раиси маҳалла-Одилов Абдусатторро латукӯб кард. Ин одам аз раисии маҳалла даст кашид. Баъди он Раҷабалӣ раиси маҳалла шуд. Ӯро Давлатхӯҷа Сироҷов дар байни мардум таҳқираш кард, даст кашид аз раисии маҳалла. Зану духтару модар гуфта ҳақорат мекунад. Боз 3 бор ҳаҷ ҳам рафтааст аммо намоз хонӣ масҷид намеравад. Трижди ҳоҷӣ . Ҳоло дар деҳаи Мирнишин (ё Мирапоқ) аз тарси Сироҷовҳо касе раиси маҳалла буданро бар ӯҳда намегирад. Аз ҳисоби кадом ташкилот ё вазорати кишоварзӣ ба ҳар як деҳа яктоӣ трактор бе пул барои киштукори хоҷагиҳо доданд. Деҳаи мо наздик 30 сол оби нашудании доими надошт. Як мӯсафед бобои Шарипов Ҳалим навораш дар Ютуб бо номи ДЕҲАИ МИРНИШИНИ КӮЛОБ ОБИ ОШОМИДАНӢ НАДОРАД ҳаст. Ҳамин мӯсафед ба чандин вазорату ташкилотҳои ғайридавлатӣ муроҷиат кард. Як ташкилоти ғайридавлатӣ аз поёни деҳа аз замин об баровард. Танҳо чанд сад метр турба лозим буд. Бобои Ҳалим вафот кард, Асад Сироҷов чанд сад метр трубаи пластикӣ овард. Ҳоло дар ҳар як хона ҳисобкунак шинонда аз оби бобои Ҳалим бароварда   ин хонавода ҳармоҳ пули муфти бе дарди миён мегиранд.

  Чуноне гуфтам деҳаи мо калон, аз ду бригада иборат ҳаст. 2 трактор доданд. Як-то ашро Давлатхӯҷа Сироҷов гирифт, ҳам заминҳоямонро гирифт ҳам трактори навро. Давлатхӯҷа Сироҷов чанд вақт пеш тракторист Шамсииддин -писари бобои Гулмирзоро (падарашро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ вовчик гуфта дарси Қуръон медиҳад гуфта бурда сарашро буриданд ва бе сар оварда гураш карданд) дар назди мардум як шапалоқ мезанад ва ба зану духтар ҳақорат мекунад.

 Агар касе гӯяд ман арзу шикоят мекунам, бефоида ҳаст, мегӯянд «мо аз поён то болоро ҳамаашро задагием, равед куҷое арзу шикоят мекунед кардан гиред, аз дастатон ҳеҷ чиз намеояд». Рост ҳам мегӯянд. Ҳатто раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, ки намояндаи президент аст аз Давлатхӯҷа Сироҷов метарсад, чизе гуфта наметавонад. Роҳи даромади деҳаи мо 20метр паҳно дошт. Ин хонаводаи гурусначашмҳо аз мобайн роҳро ду тақсим карданд. Нисфашро барои гузаштани пода ва мошини маҳалла монданду нисфашро гирифтанд, ки ба фикрам онро мефурӯшанд. Ҳар рӯзи шанбеву якшанбе роҳи асосии чанд деҳаро, ки ба маркази ҷамоат мепайвандад аз саҳар то обед маҳкам ва бозор ташкил мекунад. Аз ҳар куҷо касе чизе дорад оварда дар байни роҳи асфалт бифурӯшад, муҳим чекашро ба ин гушнапуштҳо бидиҳад. Дар мактаби даҳаи мо № 31 фарзандон аз 4деҳа омада дарс мехонанд. Инҷо як бушкаи калон- систернаи 50 тоннаи об аз замони шӯравӣ истода буд, барои котели мактаб, ки синфҳо дар зимистон бо оби гарм, гарм мешуданд. Он систернаро гирифта бурд дар Даҳана як заправка сохт ва ҳоло онҷо истифодааш мебарад.

  Як корманди баландмақоми Кумитаи андоз аз ҳамсоя қишлоқ (Гӯлтеппа) роҳҳои деҳаи худро асфалт кард, об кашонд ба деҳаи худашон. Гуфт роҳи байни деҳаи моро низ асфалт мекунад, чунки бо ин роҳ онҳо ба мактаби деҳаи мо меоянд, подаи деҳаашон мегузарад, мошинҳои деҳаашон ба байни деҳаи мо мегузарад. Аммо Давлатхӯҷа Сироҷов нагузошт. Гуфт бе иҷозати ман ҳеҷ кор намекунед: « мо ҳам мард ҳастем, худамон мекунем» аммо то ҳол ҳеҷ коре накардааст.

Як соҳибкори дигар аз ҳамсоя қишлоқ ба деҳаи мо мегузарад, мебинад, ки роҳҳо вайрону валангор ва пур аз гармошкаву чуқурӣ аст. Мегӯяд ман 35 Камаз санги майда кӯмак мекунам дар ҷойҳои чуқурии роҳҳои ин деҳа резанд. 3 ё 4 мошин равон кард, рехтанд, ки хабар ба Давлатхӯҷа Сироҷов расид. Фармон дод, ки дигар санг наёред. Намедонам на худаш мекунад на иҷозат медиҳад, ки касе як ободӣ дар деҳа кунанд.

  Як ҳамсояаш акаи Шамсиддин таксӣ дошт- опел. Байни деҳаи мо ва маркази ҷамоати Даҳана 3 км  масофа ҳаст. Мегӯяд бобои ҳоҷӣ (чанд бор Ҳаҷ рафтааст, аммо намоз намехонад, закот намедиҳад) ҳамин роҳҳоро таъмир накардӣ, таги мошин мерасад дар чуқуриҳои роҳҳо. Давлатхӯҷа Сироҷов мегӯяд, ки ранги ман ҷип (Ренҷовер) гиред, тагаш баланд намерасад.

  Чанд сол пеш як китоби шеър чоп кард бо номи худаш, маълум, ки худаш ҳаргиз нанавиштааст, чунки савод надорад, ҷуз дашному ҳақорат, таҳдид аз чизе воиф нест. Аҷибаш ин ки дар моҳи май бояд талабаҳо ба имтиҳонҳо тайёрӣ бинанд, директори мактаби Таъуров Қаландар (қаблан шумо кӯтоҳ дар борааш дар як барномаи номаҳо гуфта будед) ба хонандагон китоби шеъри Давлатхӯҷа Сироҷов медиҳаду мегӯяд шеър аз ёд кунед. Ҳар касе шеъри зиёд аз ёд кунад чанд пулӣ медод.

 Фарзандонаш:

  1. Саодатбибӣ Сироҷзода (тав 1970) сардори Сарраёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ба қайдгирии ақду никоҳи шаҳрвандон-ЗАГС) ду сол пеш рутбаи генералиро аз Озодаи Эмомалӣ харид.

    2) Писари калониаш Ғолиб Сироҷов  (тав 1971) ном дорад, алкаш, кор намекунад. 24 соат маст. Давлатхӯҷа Сироҷов бо писараш Ғолиб қаҳрӣ аст ки «ту кор намекунӣ». Наберааш писари ҳамин Ғолиб рондааш мебошад.

 3). Писари дуюмаш Қурбон Сироҷов (1973) ном дорад, раиси бозори Ҷал-Ҷам буд. Як золим аст. Ҳатто аз грузчикҳо, ки аз мошинҳои бизнесменҳо бор мефароварданд ва аз деҳаи худамон буданд, чек мегирифт.

  Қурбон Сироҷов як духтари наздикони зани президентро таҷовуз мекунад. Хусурбачаҳои президент маҷбураш мекунанд, ки занатро талоқ бидеҳ ин духтарро ба занӣ бигир. Қурбон Сироҷов занашро, ки аз ҳамсоядеҳа -Анваробод буду соҳиби набера ҳам буд, талоқ медиҳаду духтари хешони зани президентро мегирад. Занаш инсони хуб буд. Қурбон Сироҷови алкаш барои раҳоӣ аз дасти хусурбачаҳои президент ин занро талоқ дод. Қурбон Сироҷов ҳозир ба бизнеси домсозӣ машғул ҳаст.

4) Меҳриддин Сироҷов (тав 1975) то чанд сол пеш дар деҳа буд. Бозори Даҳана, заправка, нуқтаи таъмири мошинҳо, заминҳои обиву лалмӣ, фермаи гов, галаи аспҳо, рамаи гӯсфандро роҳбарӣ мекард ба Душанбе рафт. Меҳриддин Сироҷов пеш чанд духтари деҳаи худамон ва аз дигар деҳаҳоро таҷовуз кардааст, номашонро ба шумо мефиристам аммо нагиред, чунки онҳо ҳоло шавҳар карда баъзе зани дуюм баъзе мардҳои калонсолро гирифта зиндагӣ доранд. Меҳриддин Сироҷов дар Душанбе бозори қисмҳои эҳтиётӣ дар Автоцентр дорад, бозори масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз они инҳо ҳаст.

 5). Лутфия Сироҷова (1976) ягона инсони хуб ботарбия бофарҳангу маданият дар ин хонавода ҳамин ҳаст. Донишгоҳи тиббиро хатм карда. Ҳамроҳи шавҳараш Умед набераи Сайдалӣ Вализода табиб ҳастанд.

  6) Асад Сироҷов (таваллуд 1978) геройи оилаи Сироҷовҳо. Асад Сироҷов духтари тағояш Муҳаббатро ба занӣ гирифтааст. Асад Сироҷов духтари калониашро ба писари Абдулмуъмин бародари СС. Ятимов дод. Инҳо барои ҳифзи сарват ва манофеъ ба ҳама кор омода ҳастанд. Асад Сироҷов ба бизнеси домсозӣ машғул аст. Бо пора ба Рустами Эмомалӣ ва дигар мансабдорони сатҳи болоии кишвар дӯсти дорад. Ҳоло аспҳои Шермуҳаммади Шоҳиёнро бурда дар деҳа ҳамроҳи аспҳои худаш нигоҳубин мекунад.

  7) Писари хурдиаш Намоз Сироҷов дар андоз кор мекунад. Чанд рӯз пеш аз пойтахт маст деҳа меояд. Як ҳамсояашон Азиз Мусоев дар лаби роҳ ҳаст. Бо мошин ба тарафи вай меронад. Азиз мегӯяд «а бача соз ҳай намекунае, қариб мезадед маро?» Намоз аз мошин мефарояду ба Азиз мегӯяд тарафи ман гап мезанӣ ва посухро мунтазир наистода Азизро сахт латукӯб мекунад. Бечора Азиз маъюб хонааш меравад, чунки шикоят бефоида ҳаст. Участковыйро инҳо одам ҳисоб намекунанд, бо ӯ ҳатто гап намезананд.

  Намоз таваллуди 1980 ҳаст. Як духтари ҳамсояшонро ба занӣ мегирад. Баъди 2 моҳ зиндагӣ ин духтар бо хоҳар ва модари Намоз Сироҷов соз намегирад. Ин духтарро тӯҳмати нодухтар (бева) мекунанду аз хона пешаш мекунанд. Ин духтар ҳамсояи дар ба девори инҳо буд, духтари бероҳа набуд. Баъди ин Намозро ба духтари Тоҷиддин Пиров, раиси заводи холодилники Душанбе, заводи кабели Регар ва Тоҷиксодиротбонк барои пулу сармояш медиҳанд.

   Вақте Ҳасан Асадуллозодаи хусурбачаи президент ҳам заводи холодильник ва ҳам заводи кабели Регари Тоҷиддин Пировро бо зӯр кашида гирифт, Намоз Сироҷов духтари Тоҷиддин Пировро бо кӯдаконаш талоқаш кард.

  8) Духтари хурдиаш Аноргул Сироҷова (тав 1982) Донишгоҳи миллииТоҷикистонро хатм када бо як писари Суғдӣ хонадор шуд. Баъди чанд муддат ин писар талоқаш медиҳад. Аммо боз бо зӯр ва таҳдид писари суғдӣ омада мегирад. Ҳоло чи кор мекунад намедонем, чунки ба деҳа намеояд. Бародар Муҳаммадиқболи Сдриддин! Ончӣ мо гуфтем аз баҳр қатрае буд аз ҷиноятҳои ин оилаи золим, ки танҳо ба ҳамдеҳагони худ чунин зулму ситам мекунад. Дар бораи дигар ҷиноятҳои инҳо берун аз деҳа аз худашу аз фарзандонаш дар номаи дуюм хоҳем навишт, ки куҷоҳоро ғасб кардаанд бо чи корҳое машғул буданд. Умедворем дар мақомоти Тоҷикистон будагист ягон ҷавонмарде, ки мардуми деҳаи Мирнишинро (Мирапоқ)-ро аз зулми ин хонаводаи гурусначашм наҷот медиҳад.

Поёни бахши аввал, идома дорад…..

Share This Article