Хусурбачаҳои Раҳмонов эшонҳои ғоратгарро дар Қубодиён крышават мекунанд

Ислоҳ нет

(бахши дуувум)

Ин номаи чанде аз сокинони деҳаи Зиракии ҷамоати Эшмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён аст, ки ҳоло дар мусофират қарор доранд.

Мо ба шумо ва тавассути шумо ба мардуми кишвар аз ҷабр ситами 9 нафар эшонҳои роҳгумкарда ва дар хидмати режим гуфтанием. Онҳо хуни халқро макида истодаанд.

Шумо дар яке аз барномаҳои қаблии худ дар бораи эшони Муҳаммадаюб, яке аз ин эшонҳо, ки айни замон раиси ҲХДТ дар Қубодиён аст, гуфта будед. Вай танҳо нест. Яке аз ин 9 роҳгумкардагон аст ки тамоми замину замони ҷамоатро чанд борӣ ва ба чандин кас фурӯхта бо ин тариқа байни сокинони орому итифоқ ҷангу нифоқ ба вуҷуд овардааст. Ҳоло дар бораи чанде аз онҳо ба шумо маълумот мефиристем:

 Шарипов  Муҳаммадёқуб  Сайнеъмонович, бародари калонии ин қавм, сардори идораи хоҷагии ҷангали Палвонтуқайи ноҳия мебошад. Вай 6000 сар гусфанди давлатиро фурӯхту обу лой кард. Тонна-тонна пиставу чормағзи ин ҷангал танҳо ба коми ӯ меравад. Ризқу рӯзии мардуми маҳаллӣ, бахусус узбекҳоро  то имрӯз дуздида истодаст. Замоне ҲНИТ фаъол ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зинда буд, ӯро ба хонашон даъват карда барои ӯ гусфанд кушта буд. Ҳоло бошад мегуяд онҳо ҳама дузду роҳзан буданд. Як писари ӯ, ки Азиз ном дорад дар Эрон таҳсил кардааст.Ҳоло бошад мегӯяд, ки ӯро ҲНИТ  равон карда буд чунки ҳаммашон шиа шуда буданд ва аз Эрон пул мегирифтанд.

Бародараш Шарипов  Лайс низ дар Эрон таҳсил кардааст. Вай онҳоро барои он ба Эрон равон карда будааст,ки чи хеле худаш мегуфтааст, барои онки дар авлодашон мулло дошта бошанд. Ва “агар ҲНИТ  рӯзе ғолиб оянд, мегуем мо эшон ҳастем”.

Мардуми Қубодиён  бояд донанд, ки инҳо чи тавр эшонанд. Ва ин қадар мошину молу мулкро аз куҷо пайдо кардааст ин хунхор? 10 хона дорад дар Душанбе, 2 зан дар Қубодиён. Як Тойта дорад,ки 55 ҳазор доллар арзиш дорад. Мошини дигараш KIA-сохти Кореяи ҷанубӣ аст нархаш 24 ҳазор доллар. Ҳамчунин як опели 50.000 сомонӣ дорад.

“Таға”-и ин эшонҳо Ҳасан Асадуллозода аст. Ӯро чанд бор кормандони Агентии зидди коррупсия дастгир карданд, аммо  бо воситаи Ҳасан Асадуллозода ҳамаро “ҷошда ҳал” мекунад. Вай худаш лоф мезадааст, ки Ҳасан аз онҳо ҳақ мегирифтааст ва мегуфтааст, ки “шумо пирои мо ҳастен, чи хеле мефорату бхрен бгарден”.  

Шарипов Муҳаммадаюб  Сайнеъмонович  нафари дигари ин олила аст  ки пештар дар бораш матлаб нашр карда будед. Подполковники КДАМ. Ҳоло раиси  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён. Як Лексуси 50.000 долларӣ ду то Тойта, ки 70 ва 120.000 арзиш доранд, савориҳои ӯст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ савори БТР буд. Аз тамоми автозаправкаҳо  пул солярка мегирифт.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 мегуфт ба ҲНИТ овоз диҳед. Аммо дар интихоботи дигарӣ мардуми деҳаро маҷбур кард, то инки ҲНИТро хат бизананд. Инро мардуми деҳа ҳама медонад. Бигзор Э. Раҳмонов инро бидонад.

Шарипов Лайс, ки додари ӯ мебошад, дар рӯзи интихобот дар даромад гоҳи мактаб истода ба дигар ҳизбҳо овоз додани мардумро куфр меҳисобид. Касе пурсад, ки чаро ин тавр мегӯӣ? Мегуфт,ки “эй, мардуми беақл шумо бояд тарозуро нигоҳ кунед,  ислом шид, мо исломӣ дорем, демократ шид мо демократем”.

Яъне мунофиқ. Ин мунофиқ ҳатто номи худашро навишта наметавонад. Аммо  вақте раиси  ҷамоат буд зиёда аз 100 заминро фурӯхт. Касе ба ӯ чизе намегӯяд  чунки “таға”-ин аблаҳ Раҳматуло Саъдуллоеви додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов ва бародари  Ҳасан Асадуллозода мебошад. Шарифов Лайс аз рӯи гуфтаи худаш ба Эмомалӣ Раҳмонов ҳар ҳафта барраи 6 моҳа мефиристад. Ӯро низ чанд бор “таға”-аш аз чанги коррупсия халос кардагӣ аст.

Писари ӯ Эшони Муҳаммад мутаваллиди 1995 мебошад. Ӯ низ заминҳои бисёреро фурӯхт. Тамоми атестати  мактаби миёна барои солҳи 1991  то соли 1998-ро фурӯхт. Тақрибан ягон зани деҳа дар давоми ин солҳо атестат надорад. Ӯ ин ҳамаро ба дигарон фурӯхт. Айни замон гуреза аст. Чи ҷинояти сангине содир кардааст, ки гӯё дар Русия “баҷо” мебошад. Аммо мо ӯро ҳаррӯз мебинем ва ба мардуми ноҳияи Қабодиён мегӯем, ки эҳтиёт кунанд.Чунки вай худро одами амният гуфта ва удостворений ҳам нишон додааст. Духтурхона, боғчаи бачаҳо ва фермаи деҳаро шахсӣ карда гирифт.

Аз як порчаи замини мактаб ҳоло гӯё духтурхона сохта истодаанд ва ҳаррӯз мардум кор фармуда истодаанд. Раиси ноҳия барои кушодани ин духтурхона омад. Муаллимони мактаб аз эшон сипосгузорӣ карданд, ки духтурхона сохт. Аммо раиси ноҳия гашту гуфт,ки: “агар ин пуле ай давлат гирифтаст ман ҳам мегирифтам аз ин хубтарашро месохтам”.

Мардум ҳайрон шуданд, ки пас, ин ҳама пули аз мо ҷамъ кардаро куҷо кардааст? Хулас агар амният ё милиса ё прокурор хоҳад хело ҳам ҷиноятҳои нобахшидании ӯро меёбад.

Аммо мо гумонамон ин аст ки ин мақомт 100 дар 100 медонад. Вале азбаски тағояш Раҳматулло Саъдулоев аст ба ӯ касе ҳичӣ гуфта наметавонанд.

Да деҳаамон як роҳ сохтем, 5 сол мешавад,ки барои ин роҳ аз мардум пул ҷамъ мекунад аммо тамом  намешавад.Куҷо меравад номаълум. Ҳар чизе ки мардум месозанд онро ба навор мегираду мефиристад, ки  ман раиси ХХДТ ин пулро сохтам ва ё ин корро кардам. Дарёи деҳа то100 метр ба хонаҳои мардум қариб омадааст, аммо пули чанд  маротиба аз давлат ҷудо шударо ин қавм байни худ тақсим мекунанд. Як заминро ба чандин кас фурӯхта пул мегиранд вале агар ин одамон гӯянд, ки ин чӣ кори кардагиат аст, “ гапзанша фалон мекунем” мегӯянд. Дар ҳоле, ки ин авлод то кудаки 5-солааш бо замин таъмин аст аммо хонаворе ҳам ҳаст,ки дар онҳо се оила зиндагӣ мекунад. Дар ҳар мавсими “облава” аз падару модари онҳое, ки ба сини сарбозӣ расидааст ҳатман 100долларӣ мегиранд. Ин корро бо дасти Шарипов Мизроб, ки як алкаши 24 соат маст аст анҷом медиҳанд. Аз авлоду хешу табори худашон ягон кас хизмат намеравад.  Ҳамаашоро  камбизоат гузаронидаанд. Ҳар шахсе мақулаш нашуд аз ҷавонон меравад барои гирифтани пул аз онҳо. Агар пул надод касе дар ҳол амниятро мегуяд ва амният аз онҳо ончунон пул мегирад,ки қарздор мешаванд.

Нафари дигари ин хонавода  Шарипов Исломиддин, майёри милитсия дар Қубодиён  аст. Дар ВКД лақаби ӯ  Эшони муштзан аст. Ӯдар ҷамоати Коммунизм   чанд сол мешвад  “учасковий” кор мекунад. Вай аксаран узбекзабонҳоро азоб медиҳад. Онҳо чандин бор шикоят карданд аммо натиҷае нест. Як дарахт мешиканад ҷаримаи ҳангуфт мебандад. Агар ӯ дар роҳ бошад, як бечора узбек аз онҷо гузашт, тамом вассалом то 1 гӯсфанд надиҳад халосӣ надорад. Мегуфтааст узбекҳо вақте диданд маро тамоман бояд аз пешам нагузаранд,агар гузаштанд бояд долия диҳанд,ки чашмони ман онҳоро дида аст. Дар деҳаи худамон,ки  мактаби миёнаи№8, мебошад бо номи падарашон – Шарипов Саиднеъмон аст 2000 талаба таҳсил мекунад 1500 онҳо бачаҳои мардуми камбағаланд. Аз тарафи кадом ташкилоти хайрия  барои ин мактаб маводи хурока меоваранд аммо касе чизе намебинад. Ин эшони гурусна бо амак бачаҳояш, ки дар ин мактаб ба ҳайси муаллими тарбия ҷисмонӣ кор мекунад ба касе чизе намедиҳанд. Исломиддини муштзан як нафарро барои риш доштанаш бурд ба вазорат.Риши ӯро тарзе қапида кандаанд,ки пусти зери манаҳаш яклухт овезон шудааст.

Компютерҳои барои мактаб додаро байни худ тақсим карда гирифтанд. Ҳоло тамоми пулу моли ба мактаб меомадагӣ дардасти Шарипов Сайдакрам,ки амаки онҳост, мебошад. Зану духтарашро  ҳамчун фаррош дар мактаб ба ҷои як бечораи бева ба кор мондааст. Аммо талабагон ҳамаи кори мактабро иҷро мкунанд. Зану духтари вай дар солу моҳ як бор пайдо мешавад ё не. Ҳар рӯз дар масҷид барои мактаб пул ҷамъ мекунад.Аз худи талабаҳо пул ҷамъ мекунад барои таъмири мактаб. Аммо мактаб бошад рӯи таъмирро надидааст. Як директори мактаби собиқ,ки узбекзабон аст дар назди мардуми маҳал гиря кардааст,ки мехоҳем кудаконро бештар ба хондан ташфиқ кунем ана ҳамин оила садди роҳи мо мешаванд. Ҳатто квотаҳое аз тарафи давлат меояд барои камбизоатон монеъ мешаванд,то касе наравад хондан.Мепурсем чаро инхел мекунед? Мегуянд монед мардум бесавод монанд ва моро гуш кунанд.Инҳо савод гиранд моро гапзадан намемонанд.

Як бародарашон дар саффи қувваҳои мусаллаҳ  адои хизмат карда омад .Ончунон фитна доранд миёни тоҷику узбек ва ҷанҷолҳоеро барпо намуда,ки намедонем вазъи ин мардум чи мешуда бошад.

Нафари дигар аз ин эшонҳои роҳгумкарда Шарипов Қиём ном мебошад, ки ӯ чандин гектор замини хоҷагии деҳқонии мардумро бо зурӣ гирифт. Ягон хел санади расмӣ надоранд ин заминҳо, андоз ҳам намесупорад. Аммо вақте об омад аввал заминҳои ӯ обёрӣ мешаванд.

Вай мегӯяд, ки барои Муҳибулло Саъдуллоев пахта омода мекунад, барои ҳамин бояд заминҳои ӯ бенавбат об хуранд. Муҳибулло Саъдуллоев, ҳамон додарарӯси президент, ки бо номи “номард бошаму зинда бошам” машҳур аст. Чандин гектар замини чарогоҳҳи деҳотро гирифтаву ҳоло сари ҳар гови мардум барои ин чарогоҳ 50 сомонӣ мегирад.

Нафари дигари ин эшонҳои роҳгумкарда  Шарипов Заир мебошад. Ӯ даргузашта бонкир буд. Ҳоло бошад дар ҷои  техосмотри Қубодиёну Шаҳритус кор мекунад. Ин эшон ҳам заминҳои президентиеро, ки мардум тӯли солҳо меҳнат карда киштбоб намуда буданд аз дасти мардум гирифт. Заминҳоро,ки аз  фонди давлатӣ ва захиравӣ буданд ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ карда фурӯхтнад. Баъди чанд сол ҳамаи ин заминҳоро бозпас кашида гирифтанд.

Аз нав нархи сотихи онҳоро 2000 долларӣ фурухтанд.Танҳо дар Душанбе се хона дорад. Замини кудакистони Қубодиёнро гирифта онҷо хонаи боҳашамат рост кард. Мошинҳои зери пояш ҳар кадоме Мерседес ва Тойота кемрӣ аз 40-50.ҳазор доллар кам нестанд.Чанд соли пеш як ҷавонро бо мошин зада кушт. Аммо айбро болои як бечора карданду халос шуданд.

Нафари дигари онҳо Шарипов Амир мебошад,ки бо бародараш Зоир кор мекунад. Айнан ҳарду як хела мебошанд. 2 хона дар Душанбе  ва чандин заминҳои рӯшоду пинҳон дорад. Кораш бева бозӣ ва подстава кардан бо беваҳоаст. Хулоса   дар деҳа чи коре шавад бояд аз онҳо иҷозат гирифт.

Чор нафар дар хориҷа хонда буданд. Онҳоро рӯз намедоданд: ё доля месупорӣ ё меравему хабарат медиҳем. Ноилоҷ шуданду тарки ватан карданд. Бачаҳои босавод ва бодину боимон буданд.

    Шарипова Тоҷинисо Ҳошимовна,  муовини сеюми  раиси ноҳияи Қубодиён  мебошад. Як зани худхоҳ ва шайтон сифат аст.Тавассути  директорони мактабҳо, ки аксарияташ занҳоанд барои калоншавандаҳо аз ҳисоби толибаҳои синфҳои болоӣ “арус” мебарад. Мардуми куҳистониро чашми дилан надорад. Махсус дар мактабҳо занҳоро директор таъйин мекунад.Асосан духтарни куҳистониро “арус” месозад.

Шарифзода Маҳмадаюб ,чуноне гуфтем раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Қубодиён аст. Вай тамоми дуздиву тозиро ба бародаронаш нишон медиҳад. Роҳнамои асосӣ ӯст. Гӯё онҳо аз ҳисоби худашон кучаҳои деҳаро мумфарш карданд. Аммо ин тамоман дурӯғ аст. Пулро аз мардум ҷамъ карданд. Метавон гуфт, ки тамми иншооти давлатиро дар ноҳия ҳаминҳо аз они худ кардаанд. Заминҳои мардумро гирифта барои худашон хоҷагии деҳқонӣ карданд. Мо дар Екатеринбург  кору фаъолят мекунем . Дар инҷо писарони Эшони Ҳисомиддин  низ кору фаъолят мекунанд. Бисёр одамҳой шариф ва инсондӯст ҳастанд. Эшонҳои мунофиқ бо ин оила хусумат доранд. Ҳисомиддинзодаҳо инсонҳои сарватманд вабо номусанд ва назди ҳалқ ҳам иззату обрӯ доранд. Шарифзодаҳо намехоҳанд ,ки Ҳисомиддинзодаҳо ном бароранд ва бе иҷозати  инҳо коре кунанд.

Чанд сол пеш Ҳисомиддинзодаҳо дар деҳаашон трансформатори барқдиҳӣ  шинондаанд . Яке аз Шарифовҳо ё  Маҳмадаюб ё Маҳмадёқуб омада тарафи Ҳисомиддинзодаҳо  сиёсату доду вой карда,  «кӣ  ба шумо  иҷозат дод,  ки инҷо трансформатор шинондед» гуфта  дӯғу пӯписа ммекунанд. Ҳол онки Ҳисомиддинзодаҳо  аз корхонаи шабакаи барқи  ноҳияи Қубодиён иҷозат гирифтаанд.  Дар  сохтмони масҷиди калони ҷумъа хонӣ ҳам саҳми  Ҳисомиддинзодаҳо калон  аст.

Эшони Унвониддин Ҳисомиддинзода бо тахаллуси Пулод илмдор  бисёр ҷавони хушқаду қомат  бо  либос зебо мегардад. Дар Русия кору фаъолят мекунад   ва ба кори худаш  масруф ҳаст.  Шарифзодаҳо  Илмдорро чашми дидан надоранд.

Бародари дар гузашта милисаи Шарифзодаҳо Исломиддин ҳоло дар  дар  коргоҳи диагностика-  ташхис и техникии  мошинҳои  се  ноҳия: Шаҳритуз ,Қубодиён ва Носири Хусрав, ки ин корхона  ба  ширкати  «Фароз» ки моликаш  Шамсулло Соҳибов  домоди Эмомали Раҳмон аст бо бародарони дигараш ва фарзандони онҳо  кору фаъолият мекунанд. Бовар кунед ,инҳо хуни халқро макида истодаанд. Бар замми ин ба чашми давлат ва мардум руирост хок мезананд. Инҷо касе мошин намебарад. Ҳуҷҷатҳоро мебареду ҳуҷҷатҳои нав мегиред. Ҳатто барои мошинҳои  куҳнаву аз кормонда ва мошинҳое, ки дигар ё дар авария ва ё дар ягон ҳолати дигар несту нобуд шудаанд, онҳо ҳуҷҷат карда медиҳанд. Пул медиҳеду ташхисро мегиред. Ҷони мардум барои инҳо арзиши як пули пучак надорад.

Писари Маҳмадаюб Шарифзода  Муҳаммад  дар як чанд вазифа  дар ҳукумати ноҳия  фаъолият кард. Аз тамбалӣ ва ноуҳдабароияш  дар кор  аз ҳукумати ноҳия ронданаш. Ҳоло дар Русия  бо ҷосусӣ  яъне бузӣ машғул ҳаст. Ин Шарифзодаҳо бисёр мунофиқанд. Дар назди олимони дин, масалан раҳматии домулло Ҳикматуллоҳи  тоҷикободӣ ва  ё писарони Эшони  худобиёмурз Абдураҳмонҷон   худашонро  Эшону ислом дустдор,  хидматгори  дини мубини  Ислом мегиранд. Вале дар назди ҳукуматдорони феълӣ дар нақши   як душмани Ислом  ва динситез зоҳир мешаванд. Хуллас ба гуфти мардум онҳо «дупагона» ҳастанд  ва палаи тарозуро нигоҳ мекунанд…….

Поёни бахши дуввум,идома дорад…..

Бо Ислоҳ бошед ва ҳамкориро барои ояндаи нек фаромӯш накунед!

Share This Article