Хутбаи ҷумъаи 5.03.2021  “фазилати 8- уми март” аст, аммо боз Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол

Ислоҳ нет

Хонандаи азизи “Ислоҳ.нет”. Ин бор низ манбаи муътамад ва масъули мо дар Кумитаи дини Тоҷикистон матни мавъизаи намози ҷумъаро бароямон бо камоли лутфу эҳтиром ирсол кард. Вай гуфт, ки ин шабурӯзҳо мақомоти амниятӣ ва бахусус С.С Ятимов аз онки матни ин хутбаҳо қабл аз масҷид дар “Ислоҳ.нет” интишор ва дастраси ҳамагон қарор гирифта боиси шармсориву хиҷолати имомхатибон дар назди намозгузорон мешавад, ба шиддат дар хашму ғазабанд ва нафареро ҷустуҷӯ доранд, ки онҳоро мефиристад. Аммо гуфт ӯ, ин корро аз рӯйи холисанлиллоҳ дорад анҷом медиҳад, то мардуми кишвар ва аз ҷумла аҳли намоз бифаҳманд, ки ҳукумати зиддидиниву зиддиисломии Эмомалӣ Раҳмонов чи гуна обрӯ ва мақому манзалати масҷид ва бахусус минбари Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) -ро дорад пойин мебарад ва низ бар суди худ истифода карданӣ аст. Ба гуфтаи ин манбаи мо имрӯз ҳатто ба раиси Кумитаи дин ҳам машкук шудаанд, чун ӯ ҳам хатмкардаи Покистону Саъудӣ аст. Аммо мо мегӯем, ки бародар Сулаймон Давлатов аслан хабар надорад, ки ин мавъизаҳо чи тавр дастраси мо мешаванд.

Хуб, ҳоло матни мавъизаро,ки қарор аст дар намози ҷумъаи имрӯз бароятон имомхатибҳо қироат фармоянд,бароятон пешкаш мекунем ва сипас як каме дар ташреҳу тавзеҳи моҳият ва мазмуни он хоҳем пардохт:

“Биҳишт зери қудуми модарон аст”

05.03.2021

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон.

Мӯҳтарам ҷамоат! Мо дар арафаи Иди модарон қарор дорем. Иде, ки барои ҳамаи мо муқаддас аст, зеро модар барои ҳар кас, новобаста аз ранги пӯст, гуногунии забон, маҳбубтарин калима аст. Модар ягона шахсест, ки то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар фикри фарзанд аст, агар зарур бошад, баҳри наҷоти фарзанд бефикру андеша худро фидо мекунад. Модар гавҳараки дида ва дури гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мост. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияти фарзанд чи ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст.

Падару модар дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чи ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати сарвину алифсони онҳо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, аз ин рӯ, ба фарзандон воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром ва икром намоянд.

Расули акрам(с) фармудаанд: “Биҳишт,зери қудуми модарон аст”.( “Луббул-албоб”,Ровандӣ,ҳадиси 17933),

“Бандае,ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорӣ кунад,дар болотарин дараҷаи биҳишт қарор дорад”.( “Канз-ул-уммол”,ҳадиси 45480).

Дини мубини ислом чӣ тавр ба мақому манзалати эҳтироми онҳо баҳо медиҳад ва қадру рутбаи онҳоро то кадом дараҷа боло бурдааст. Инро дар сураҳои Исро,ояти 23”; Аҳкоф,ояти 15;Луқмон,оятҳои13-15;Соффот,ояти 102; Нисо,ояти 36; Анъом,ояти 151 ва гуфтаҳои Паёмбари акрам(с),асҳоби ӯ, тобеин,олимону бузургони мусулмон дидан мумкин аст.

“Модарон ба мисоли мактабанд”. Ин маънӣ аз суханҳо гаронбори Паёмбари Худо(с) бармеояд. Дар ҳақиқат модар барои фарзанд ҳам мактаб аст, ҳам муаллим. Шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад.

Ривоят аст,ки Султон Увайси Қаранӣ, модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳақи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст,ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.

Дар ин маврид Паёмбар(с) фармудаанд: “Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст.Дуои мазлум,дуои мусофир ва дуои падару модар”.

Абӯҳурайра(раз) мегӯяд: ” Шахсе назди Расулуллоҳ(с) омад ва гуфт: Ё, Расулуллоҳ(с) сазовортарини мардум, ки барояш эҳсон кунам,кист?

Фармуданд:-Модар,сипас,модар,боз модар,баъд аз он падар (Муттафақун алайҳ).

Аз ин гуфтаҳои Паёмбар(с) бармеояд, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар иҳотаи раҳму шафқат,ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар(с) бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд, шир додан, ҳама бар дӯши ӯст  ва аз ин рӯ фарзанд шафқатро нисбати ӯ бештар кунад.

Имом Тирмизӣ(р) аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам(с) фармуданд: Худои таъоло аз он банда розӣ мебошад, ки падару модар аз ӯ розӣ бошанд ва аз он банда,ки падару модараш аз ӯ розӣ набошад, Аллоҳ таъоло он бандаро ба ғазаби худ гирифтор карда, дар оташи дӯзах бияндозад.

Аммо фарзандоне низ ҳастанд, ки падару модарро хор менамоянд ва дар айёми пирӣ аз ҳоли модар бепарвоянд. Мусибати падару модар дар он аст, ки фарзандон тамоми азобу машаққати онҳоро шармандавор фаромӯш карда дар замоне, ки онҳо муҳтоҷи дастгирӣ ва меҳрубонӣ, орзуи зиндагии ободу хуррами онҳо мебошанд, носипосӣ менамоянд. Мисоли возеҳи он роҳбари ҳизби террористии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Номбурда дар айёми пирӣ волидони худро тарк карда дигар аз ҳоли онҳо хабар ҳам нагирифт. Волидон дар фироқи фарзанд ҳар рӯз нигарони баргаштанаш буданд, аммо фарзанд дар фикри моли дунё ва ноором кардани вазъи Тоҷикистон буд.Роҳбари наҳзатиён ҳатто ба ҷанозаи падараш ҳам наомад.Чӣ лаҳзаҳои мудҳиш, ки фарзандро калон кунӣ, аммо дар охири ҳаёт муҳтоҷ ва хору зор шавӣ.

Паёмбар(с) дар ин маврид фармудаанд: “Худованд ҷазои ҳар гуноҳро,то замоне,ки  мехоҳад ба таъхир меандозад, магар оқи волидайнро,ки ҷазояшро дар дунё пеш аз маргаш мечашонад”. (Ривояти Ҳоким ва Заҳабӣ).

Дар таълимоти дини Ислом ба волидон ҳатто бо назари бад нигоҳ кардан, суханонашонро қабул накардан, фармудаҳояшонро иҷро накардан,мавриди хашми Худо мегардад.

Дар ҳақи чунин афрод Паёмбар(с) фармудаанд: “Намози касе,ки падару модараш аз ӯ хашмгин ва норозӣ бошанд,қабул намешавад”.(“ Канз-ул-уммол”,ҳадиси 45485).

Дар “Ҷомеъ-ус-сағир” омада: Аллоҳ таъоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст.Ҳар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро  итоат карда бошад,аз аҳли ҷаннат аст. Ҳар касе,ки бошад,Аллоҳ таъоло ба ғазаб оварда бошад.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ин масъулият ба ҳукми қонун даромад ва иҷрои он вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Волидон вазифадоранд ба фарзанд номи нек гузоранд, ӯро нигоҳубин ва тарбия кунанд, одоб омӯзонанд, соҳиби касб ва оиладор кунанд, дар интихоби ҳамсари нек бикӯшанд ва даҳҳо омилҳои дигар, ки барои ба воя расидани фарзанд заруранд.

Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир накарда ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, оқибат самараи талхи тарбияи худро ба чашм мебинанд. Вале афсӯс, ки пушаймонӣ суде надорад.

Намунаи бетарбия ба воя расидани фарзандон Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” ҳама огоҳ шудем, ки ӯ аз хурдсолӣ шахси бадахлоқ будааст. Муаллимон, ҳамсоягон ва ёру дӯстонаш иброз доштанд, ки ӯ бетарбия ва бесавод буд, одамон аз бадрафтории ӯ шикоят мекарданд. Дар натиҷаи аз тарбия дур мондан оқибат хиёнаткор, фосиқ ва бадхоҳи миллат шуд. Аз хориҷа истода кӯшиш мекунад миллати тоҷикро бадном созад, мусулмононро муқобили ҳамдигар барангезад ва фазои амну осоиштаи моро халалдор намояд. Хуллас, бадхоҳ, хоин ва душмани миллати тоҷик ба воя расидааст! Ин аст намунаи бепарвоӣ дар тарбияи фарзандон!

Агар ба шарҳи ҳоли роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ҳизби террористии наҳзати ислом таваҷҷӯҳ кунем, маълум мешавад, ки аксари онҳо бесавод, бетарбия ва бадахлоқ мебошанд. Ҳамеша дар фикри ноором кардани Ватан буда, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Аммо ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид, зеро бадхоҳи миллатро Худо худаш хор мекунад. Дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазои сазовор медиҳад.

Бинобар ин, ҳар падару модарро лозим аст, ки аз овони хурдӣ ба тарбияи шоистаи фарзандон камари ҳиммат банданд ва онҳоро ба роҳи нек ҳидоят намоянд. Панду андарз, тарғиби корҳои нек-ин аст вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар дар тарбияи фарзанд.

Муҳтарам ҷамоат! Мақоми зан дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосе дорад. Занон дар баробари мардон якҷоя кору фаъолият намуда дар илмомӯзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар самтҳои давлатдорӣ саҳми худро мегузоранд.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб  мегарданд.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро пайваста дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баробар қарор додани занону мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, илму маориф, тандурустӣ, санъат, ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда мешавад. Зеро зан -модари тоҷик дурри гаронбаҳоест, ки агар суфта шавад, гавҳари ноёб мегардад.

 “Дар таълимоти дини Ислом низ зан бо мард баробарҳуқуқ ва ҳамқарин аст.”

Зимни ҳадиси машҳурӣ Пайғамбар(с) бузургон чунин фармудаанд: “Агар Худованд мехост,ки зан ҳокими мард бошад, ӯро аз сараш меофарид.Агар мехост,ки зан ғуломи мард бошад,ӯро аз пояш меофарид.Валекин занро аз қабурғаи чап, аз пеши дил офарид, то бо мард қарин ва баробар бошад”.

Бинобар ин, бар хилофи бисёре аз андешаҳо ва ақидаҳои нодуруст, ки занро аз назари каромати вуҷудӣ, ки занро аз мард пойинтар медонанд, дини Ислом дар ин замина ҳарду ҷинсро дар як сатҳ қарор дода, бо як хитоб ба онҳо муроҷиат намудааст: ”Ва мардону занони мӯъмин корсози якдигаранд, ба кори писадида мефармоянд ва аз кори нописандида боз медоранд…”(Сураи Тавба ояти 71).

Бо таманнои осоиштагии модарони азиз ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ ва тавфиқу комёбиҳо орзу намуда, ба даргоҳи Худованди мутаол ва Офаридгори замину осмон дуо мекунем, ки амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамонро поянда гардонад.

Хуб,бародарон ин буд матни мавъизаи бе “Ва охиру даъвоно анилҳамду лиллоҳи раббил оламин”

Шарҳи Ислоҳ ба ин хутба:

Аввалин ҳолате, ки тасбит ва тасдиқ мекунад, ки муаллифи ин хутба ҳам кадом муллои ҳатто на он қадар боилм аст он аст ки дар Ислом ду Иди аст, ки яке Иди Рамазон ва дигари Иди Қурбон ном дорад ва ҳиҷ як мулло наметавонад Иди модарро “муқаддас” ҳукм кунад ва онро боз дар хонаи Худо эълон намояд. Ин гапу андеша маҳсули тафаккури ҳамон файласуф-даҳриҳоеанд, ки ҳоло дар Кумитаи дин ва Маркази исломшиносӣ кор карда истодаанд. Албатта бояд хуб бидонед,ки шариъати Ислом эҳтиром ва эҳтимоме ба зан,модар кардааст ҳеҷ аҳаде чунон қадру манзалате ба зан ва модар надошта ва қоил нашудааст. Аммо шумо ҷуз эҳтироми лафзӣ ва расонавӣ ба зан ва модар ҳеҷ эҳтироме ба зан ва модар надоред.

“Ҳоло ҳарфи мо ин аст ки агар мехоҳед ва иддио доред,ки зан бо мард баробар аст пас, чаро намози занон дар масҷидро манъ кардед, чаро намегузоред, зане, ки бихоҳад ҳиҷоб дошта бошадро дар ҳеҷ як муассиса на барои кор ва на барои дохил шудан роҳ намедиҳед? Намемонед, ки дар донишгоҳ бихонад, дар муассисаи тандурустӣ кор кунад? Шумо баробарии зан ва мардро дар рақсу дар дисколубҳо ва нимбараҳнаву сарлуч гаштан мебинед?”

Мо хуб медонем,ки шумо аз занону духтарон ҷуз талаззуз ва шаҳватронӣ чизи дигаре тавақуъ надоред ва ин ба ҳама маълум аст. Ҳатто худатон инкор карда наметавонед инро. Ҳоло, ки ин ҳама ояту ҳадис нақли қавл кардаед, дар кадоме аз онҳо гуфта шудааст,ки занҳо бидуни ҳиҷоб бошанд? Занҳо дастурӯи офтобхӯрда барои “Исмоили Сомони Асри 21”-и Ҳасан Асадуллозодаи додарзани Эмомалӣ Раҳмонов ва Раҳматуллои додари ӯ пахта бичинанд?

Ё занҳо роҳруб ва корҳои мардонаро бо як музди ночиз анҷом диҳанд, то аз гуруснагӣ худ ва фарзандонашон намиранд.

Баробарии зан ин дар шафати кабинети кории Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани кабинети кории Озодаи духтарашро дар назар доштед? Ё рекетёршаи Таҳмина ва тохту тозҳои ӯ бар мардонро баробарӣ ҳисобидед?

“Домуллоҳои гиромӣ хуб медонед,ки дақиқан дар Қуръон дар ин маврид Аллоҳ чӣ гуфта аст. “ Арриҷолу қаввомуна алан нисоъи бимо фазаллаллоҳу баъзаҳум ало баъзин…”Нисо 34.”

Чаро ончиро медонед вале боз аз Аллоҳ наметарседу дар минбари хонаи Аллоҳ дурӯғ мегӯед?

Шумо бо инки масҷидро ба як золи таблиғотии зидди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мубаддал кардаед, гумонатон ин аст ки метавонед бо ин ҳама фиребу дурӯғбофиҳо афкори ҷомеаро бар зидди он ва роҳбарияти он бишӯронед?

“Вақте модари устод Муҳиддин Кабирӣ ба ҷавори ҳақ пайваст ӯ дар мусофирати корӣ қарор дошт. Вай тамоми саъйашро кард, ки дар расми дафни модари азизаш, ки чунин фарзонамарди миллиро дар домони покаш парвардааст, бирасад. Аммо натавонист. Инро на як бору ду бор тавзеҳ додааст, ки фақат ва фақат ба хотири набуди парвоз натавонист бирасад. Боз шарҳ медиҳам,то мисли тути як гапро ҳамеша такрор накунед. Хабари даргузашти модарашон соати панҷи субҳ ба ӯ расид. Он рӯз як хати сайр аз Маскав ба душанбе соати 13 буд,ки соати 18 мерасид ва як хатисайр соати 12 шаб буд. Устод ҳар роҳро диданд ва имкони расидан,то ҷанозаро надоштанд, чунки зуҳри он рӯз бояд ҷаноза мекарданд.Мулоқоташ бо муҳоҷиронро дар Маскав анҷом доданд ва ҳамон шаб парвоз карданду субҳаш расиданд. Агар КДАМ  нафаҳмад шумо муллоед медонед,ки ҳарчи майит тезтар гуронида шавад ҳамон қадар беҳтар аст,ин фармудаи шаръ аст ҷанобон домуллоҳо. Аммо модари ӯро бастагонаш, ҳамҳизбиёнаш, ҳамдеҳаҳояш бо иззат ва икром ба хок супориданд. Вале ин шумо ноҷавонмардҳо будед, ки иҷозаи парвоз барои ба табобат овардани падари 95 солаи устод Кабириро надодед. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб ҳам медонанд ва бохабаранд, ки Шумо ҳатто набераи хурдсоли Кабирӣ Ҳамзаро нагузошта будед барои муолиҷа берун баранд ва ҳатто “диагноз” мондед, ки то чанд рӯз пас умр дорад ва инро муовини вазири тандурустӣ ношармида дар назди хабарнигорон гуфт. Аммо зери фишор ночор шудед, ки раҳояш кунед ва ҳоло Ҳамза талабаи пешсаф дар як мактаби Олмон аст.”

Гумон мекунед, ки мардум гӯли шуморо дар мавриди онки устод Кабирӣ илоҷ надошт, чун меомад ҳатман ҳабсаш мекардед, намедонад,дар мавриди иштирок дар ҷанозаи падарашон. Шумо ин корро бо марҳум Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд анҷом додед. Ӯ омад ба ҷанозаи модараш вале дасту пояшро завлона задеду бурдеду ҳукми тӯлониаш додед ва ба ин ҳама нигоҳ накарда дар зиндони “Кирипичний”,ки барои озодиаш фурсат камтар монда буд, куштед. Шумо айни ҳамин сарнавиштро болои устод Кабирӣ ҳам татбиқ мекардед ва инро ҳам бароятон маълум кунам,ки падару модари Кабирӣ аз ӯ розӣ буданд ва розӣ рафтанд.

Ин шумоҳо ҳастед,ки бетарбия ва дур аз одоби суннативу анъанавӣ калон шудаед.

“Муҳаммадиқболи Садриддин дар муҳите ба воя расид ва бузург шуд, ки онҷо аз ҳар чизе дигар каломи Аллоҳ бештар танин меандохт, балки бо садои тиловатҳои диловезу гушнавози домулло Қаландар ба воя расидаам. Дар бораи худам, дар бораи оилаам, дар бораи падарам борҳо гуфтам ва инҷо зиёд такрор намекунам. Агар ман  нафаре,ки Шумо мегӯед будааму бошам, ҳеҷ гоҳ бар зидди ман компания ташкил намекардед. Шумо харҷу масраферо,ки бар зидди ман карда истодаед аз харҷу масрафи интихоботи Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби халқӣ-демократӣ зиёдтар  шуда истодааст. Мақолаву навору филму нашрияву телевизиону Тоҷикфилму шабакаҳои интернетиву устодони донишгоҳҳову муаллимҳои мактаби миёнаву ҳоказоҳо ва ҳатто барои маҳви ҷисмонии ман буҷҷа ҷудо кардаед. Аз Чин мутахассис оварда чанд навбат “Ислоҳ”-ро ҳаккерӣ кардед. Магар як бетаълим ва як бесавод ин ҳама ниҳоду идораву афроду мунтаҳо ҳукуматро чунин гузинӣ гардонида метавонад? (Мебахшед барои виражений)”

Ман бори дигар бар шумо гуфтаниам, ки биёед баҳси рӯбарӯ кунем, бо ҳар кадоме аз шумо шурӯъ аз худи Раҳмону Ятимов сар карда то майдатаринатон.

“Бубинед, ҳатто ҷое дигар намеёбед, ки маро ва моро сияҳ созед, маҷбур рӯ ба масоҷид овардаед. Аммо як чиро намефаҳмед. Дар масҷид гап-гапи масҷидрав аст. Шумо,ки аз масҷид мисли хаффош аз хуршед дар ҳаросед, ягон бор сар ба саҷда набурдаед, кӣ ба гапи шумо бовар мекунад?”

Кӣ дид, ки Раҳмонов намоз хонд? Кӣ дид,ки Ятимов даст ба дуо бардошт? Ҳоло акнун инҳо шудаанд,мавъизанавис? Як бенамози бетаҳорати ҷунубро чиву аз номи миллат гап заданро чӣ?

“Миллат ва ватан Раҳмонов ва Ятимов нестанд. Хоини миллат ва хоини Ватан ҳаминҳо ва авлоди дузду фоҳишаи инҳо, ҳамон чаррандаву хазандаҳоянд, хояндаҳоянд. Шумо аз номи миллат ҳақ надоред, ки гап бизанед.”

Миллат аз Шумо барвақт безор шудааст. Ин шумоҳо ҳастед, маҳсул ва натиҷаи нооромӣ ва ин шумо будед, ки нооромӣ қудрат додатон.Вагарна дар ҳамон совхози Ленини Данғара Эмомалӣ Раҳмонов мепусид.

Дар ҳар ҳолат агар 1000 бор 100.000 бори дигар хутба бихонед, донед ва огоҳ бошед, ки мардум ба самти мо доранд майли бештар нишон медиҳанд.

Хуб, боз бубинем,ки дар хутбаи ҷумъаи оянда чи мегӯед. Вале бори дигар мегӯям,ки барои ҳеҷ як мусулмоне,ки алифро аз бе тафовут медиҳад,модар ва эҳтироми ӯро хуб ташхис метавонад дода. Дини ислом ба зан ва модар волотарин мақому ҷойгоҳеро қоил аст. На инки танҳо як рӯзи 8 уми март. Ин шумоед,ки зан ва модари ин миллатро ба бадтарин ҳолат оварда расонидаед. Модари тоҷик беарзиштарин коло дар режиме сохтаед ҷойгоҳ ва мақом дорад.

Агар хоста бошед ҳазорҳо факту далели онро тақдиматон менамоям. Бо ин чанд факт иктифо менамоям.

-Занкорбозорро кӣ ташкил кард?

-Занону модарони ин миллат ва мардумро,ки барои солиёни дароз бе писар ва шавҳару бародару падар кӣ  кард?

-Занони ин миллатро канизаки аҷнабию хориҷиён чун колои беарзиш кӣ кард?

-Ҳар мақомдори режими шумо аввалин сухане бар ин миллат мекунад он ҳам очата,занта,хоҳарта,духтарта гуфта дашном мекунад,ин аст эҳтироми режими Раҳмонов бар зан модар? Шарм чизи хуб аст аз Аллоҳ тарсед қабл аз навиштан ва лоф заданҳоятон.

Share This Article