Хутбаи намози ҷумъаи 26.02.21 иттиҳоми ҲНИТ дар ҳодисаи Олмон

Хонандагони азизи “Ислоҳ.нет”! Ин бор низ манбаи мо аз Кумитаи дини Тоҷикистон матни хутбаи омоданамуда барои намози ҷумъаи имрӯзро бароямон фиристод. Ин мавъиза ва ё хутба имрӯз аз тарафи имомхатибони масоҷиди ҷомеъ барои аҳли намоз аз минбари Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  қироат хоҳад шуд ва ин бор низ чун  се мавъизаи қаблии баъд аз бозшавии дари масоҷид комилан бар зидди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ибтидо матни ин мавъизаро бароятон пешкаш менамоем ва сипас дар чанд ҷумла дар бораи муҳтавои он шарҳ хоҳем дод:

                                Аз мор морбача мерӯяд

26.02.21

Намозхонони гиромӣ!

Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърих рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.

Чун Худованди тавоно Ҳазрати Муҳаммад(с)-ро мабъус сохт ва аҳли оламро бо нури ислом манаввар гардонид, иддае изҳори норозигӣ карданд ва роҳи тафриқа, бадбинӣ ва душманиро пеша намуданд.

Чун Расули акрам(с) аз кӯҳи Абӯқубайс нидои “Ло илоҳа иллаллоҳ”-ро танинандоз намуд, Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб ва амсоли онҳо ошкоро ба душманӣ бархостанд ва мардумро бар зидди Паёмабар(с)мешӯрониданд.

Суханҳои таҳқиромез,ташкили гурӯҳи бадхоҳон, дар роҳи Паёмабар(с) хорафканиву азиятрасонӣ, азобу шиканҷа нисбати мусулмонони камбағал ва бенуфуз, рехтани хуни мусулмонони аввалин-камтарин паёмадҳоест,ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ ба вуқуъ пайвастаанд.

Ба бадхоҳон муяссар шуд, ки баъд аз вафоти Абӯтолиб ба куштори Паёмбар(с) иқдом кунанд, аммо Худованди нигаҳбон Ҳабиби худро танҳо нагузошт, дар ҳифзу ҳимояти Худ нигаҳ дошт-чун дар ғори Савр ба дӯсти худ Абӯбакри Сиддиқ гуфт” “Ло таҳзан инналлоҳа маъано”,яъне маҳзун мабош, худо ҳамроҳи мост!

Бо мақсади ба даст овардани ҳокимият мунофиқон ба иғвову дасисабозӣ пардохтанд,ки дар натиҷа мусулмонон пароканда шуда, дар байнашон ихтилоф ба вуҷуд омад ва хуни ноҳақ рехта шуд.

Агар диққат кунед дар фаъолияти ҳизби террористии наҳзат ҳамаи ин мисолҳо ошкору возеҳ аст. Наҳзатиён низ дар асри 20 ва ибтидои асри 21 аз шиорҳои дурӯғин истифода бурда, мардумро ба гурӯҳҳо тақсим карданд, тоҷиконро бо роҳи фиреб аз ватани худ ба Афғонистон бурданд, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро пеши по зада, соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуданд, имрӯз аз хориҷа истода гуруҳ ташкил менамоянд ва мехоҳанд бо ин васила номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст зананд. Аммо ба бадхоҳону душманони миллат ин кор ҳаргиз муяссар намешавад, зеро худованд ҳар макру ҳилларо ба сӯи бадхоҳон бармегардонад.

 “Ҳамагон ба хубӣ медонанд, ки ҳизби террористии наҳзати ба ном исломӣ Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта намуда, ҳазорон одамони бегуноҳро бераҳмона ба қатл расонид, шаҳрҳову деҳаҳои ободро хароб сохта, ҳамаро талаву тороҷ намуд. Бешак, ин гурӯҳи одамшаклони ҳайвонсифат тоифаи хунхоранд.”

Дар баробари ин, роҳбарони ҳизби наҳзат худро ҳомиёни ҳуқуқи башар ва адолатхоҳ муаррифӣ намуда, мехоҳанд собит созанд, ки онҳо террорист нестанд. Аммо гуфтор аз кирдор фарқи калон дорад. Ҳизби наҳзат дар Аврупо ҳам хунрезӣ кард.

Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар Олмон воқеае рух дод,ки бори дигар ташнаи хун будани наҳзатиҳоро исбот кард. Бобораҳматов Музаффар як блогери тоҷик, ки чанд сол инҷониб дар Ҷумҳурии Олмон истиқомат мекунад, ба Тоҷикистон омада, пешрафту тараққиёт ва ободии Ватанро бо чашми худ мебинад, ба ваҷд омада 11 феврал дар шабакаи иҷтимоии “Ютуб” навореро дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият ва ободии Тоҷикистон пахш мекунад. “Душанбе чунон зебо шудааст,ки нашинохтам” -мегӯяд Музаффар. Ӯ аз таассуроташ дар бораи дидаҳояш қисса мекунад ва Душанберо таърифу тавсиф менамояд.

Душманону бадхоҳони миллати тоҷик, хусусан роҳбарон ва аъзоёни ҳизби террористии наҳзати ислом, ки ҳаргиз ободиву шукуфоии Тоҷикистонро намехоҳанд, аз навори Бобораҳматов Музаффар дар бораи таърифу тавсифи ватани азиз аз ҷаҳолати зиёд ба ғазаб омада, нақшаи қасосгириро аз ин тоҷики ватанпарвар тарҳрезӣ менамоянд.

Пас аз пахши ин навор 16 феврал аъзои ташкилоти экстремистӣ- террористии ҳизби наҳзат, Орзуев Сулаймон-писари аъзои Раёсати олии  ТЭТ “ҲНИ” Орзуев Маҳмадкарим Аврозиқович аст дар канали ютуби “Shef.tj” навореро пахш карда, блогери тоҷик Бобораҳматов Музаффарро  маҳкум мекунад ва сахт дашном медиҳад,ки чаро Тоҷикистонро таърифу тавсиф кардааст.

“Ба ин қаноат накарда, 17 феврали соли ҷорӣ Орзев Сулаймон ҳамроҳи Муҳамадҷонов Шерзод Тулфорович, ки дар канали хеш бо лақаби “Абдураҳмон09” сухан мекунад, Муҳаммадиев Комронхон, Эркаев Хуршед ва Табаров Беҳрӯз- аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” бо мақсади куштан ба назди хонаи Бобораҳматов Музаффар омада бо корд бо ӯ ҳамла мекунанд ва бо таппонча мепарронанд.”

Дар пайи ҷустуҷӯи полис аъзоёни ТЭТ “ҲНИ” Сулаймон Орзуев, Муҳамадҷонов Шерзод (Абдураҳмон 09), Муҳаммадиев Комронхон, Эркаев Хуршед ва Табаров Беҳрӯз,ки дар Ҷумҳурии Олмон зиндагӣ мекарданд,дастгир карда шуданд.

Ин ҳодиса бори дигар чеҳраи асливу манфури наҳзатиро фош карда, акнун онҳоро дар яке аз демократитарин кишвари ҷаҳон-Олмон шарманда сохт.

 “Мӯҳтарам ҷамоат! Таваҷҷуҳ намоед, ки ҳамлагарон фарзандони роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ҳизби хунхори наҳзат мебошанд. Аз ҷумла Орзуев Сулаймон- писари аъзои Раёсати олии ТЭТ “ҲНИ” Орзуев Маҳмадкарим Аврозиқович аст. “Абдураҳмон 09” бошад, ҳамон ҷавони наҳзатиест, ки дар шабакаи интернет пайваста мусулмонони Тоҷикистонро таҳқир намуда, баромадҳои зиддиҳукуматӣ дорад.”

Амалиёти сӯиқасд ба ҷони блогери ватандӯст-Бобораҳматов Музаффар бо супориши бевоситаи ҳизби наҳзат роҳандозӣ шудааст. Зеро ҳар шахсе, ки дар бораи пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои Тоҷикистон сухан мекунад, барояшон душмани ошкоро ҳисобида мешавад. Тибқи идеологияи ҳизби террористии наҳзати ба ном исломӣ, ҳар касе,ки ақидаҳои террористии онҳоро ҷонибдорӣ намекунад ва бо онҳо ҳаммаслак нест,бояд ҷазо гирад.

“Аз мор морбача мерӯяд” гуфтаанд бузургон. Аз наҳзатӣ-наҳзатӣ, аз одамкуш-одамкуш ба вуҷуд меояд. Ҳақиқатан, ҳодисаи мазкур бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти ҳизби наҳзати ислом ба ҷои худ одамкушони ҷавонро омода мекунад.

Намозхонони гиромӣ, ҳеҷ гоҳ фаромуш накунед,ба дигарон ҳам фаҳмонед, ба фарзандонатон талқин кунед, ки ҳизби террористии наҳзат ҳаргиз аз нияти нопоки худ, яъне бо роҳи террору зӯроварӣ ба даст овардани ҳокимият даст намекашад! (Монед ману Эмомалӣ Раҳмонову Рустами Эмомаливу Озодаву қавми хазандаву даррандаву чарранда бар шумо ҳукумат ва туғён кунем “Ислоҳ”)

Бояд гуфт,ки мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури шумораи зиёди ҷангҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ  ҳастанд. Роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ҳадафи ин гурӯҳи террористӣ кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои

Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон аст. Ба шимоли Афғонистон омадани наҳзатиён аз мақсадҳои нопоки онҳо дар оянда шаҳодат медиҳад.

Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад(с) фармудаанд: Онки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва онки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем,ки ин ҳизби террористӣ ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ ноил намегардад, зеро давлати Тоҷикистон ба қадри кофӣ қувваву воситаҳоро доро мебошад, ки ба ҳар гуна таҳдидҳои душманона ҷавоби сазовори қатъӣ диҳад. Ва дар ин кор аз ҷонибдориву дастгирии ҳар як шаҳрванди Ватанамон бархӯрдор аст!

Мӯҳтарам аҳли ҷамоат, амали дасти террористонро бинед, шоҳид шавед, бори дигар боварӣ ҳосил кунед, ки экстремизм ва терроризм чӣ гуна хатарҳои бузург доранд. Барои ҳамин мо ходимони дин пайваста дар бораи ифротгароӣ ва терроризм ҳарф мезанем, ҷавононро огоҳ мекунем, ки ба доми фиреби террористони ба ном наҳзати исломӣ наафтанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд!

Намозхонони гиромӣ!

Ҳифзи амонии ватан корест, ки ба ҳар фарди мусулмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем. Мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода барем ва барои амну суботи Тоҷикистон талош варзем. Танҳо  ваҳдат, иттиҳод ва якдилӣ метавонад ватани моро аз бадии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил нигоҳ дорад.

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад,ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…..

Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи Раббил оламин

Ислоҳ: Дар ин хутба 19 маротиба номи ҲНИТ гирифта шудааст ва як бор киноя зада аст,ки 20 маротиба мешавад. Агар 20 бор номи Аллоҳро бигиранд хело аҷру савоби зиёде мегирианд имом хатибон.

Шарҳи Ислоҳ ба ин “хутба”и КДАМ 

 Ҳоло, ки қабл аз рафтан ба масҷид ва ҳузур дар намози ҷумъа аз мавзӯи мавъизаи имомхатибҳои бечора, ки ногузиранд онро бароятон бихонанд, огоҳ шудед, дар бораи он чи андеша хоҳед кард ва аз матнҳои хутбаҳои қаблӣ чӣ тафовут дорад?

Дар навиштаҳои қаблиамон роҷеъ ба ин мавъизаҳо аз он интиқод карда будем, ки дар онҳо ҳеҷ ҳарфе аз Худову Расул, ҳарфе нест ва фақат тавсифу таърифи Эмомалӣ Раҳмони диктатор аст ки аз аввал, то ба ҳоло дар муқобили ислом ва дини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мубориза ва ҷанг кардааст. Ин бор аз вай ном набурдаанду аз Расули Худо ва ёри бовафои ӯ Абӯбакри сиддиқ ва пораҳое аз ҳаёти он муаллими башарият гуфтаанд. Яъне,дигар интиқодоти мо кора кардааст, ки дар масҷид аз як тоғӣ бенамоз тамҷиду таъриф кардан нашояд ва масҷид ҷаласагоҳе аст ки аз он аҳли ислом бояд дар бораи ислому имону шариат ва суолоти вобаста ба он бишнаванду бигӯянд.

“Акнун аз рӯй имон худатон бигӯед,ки ончи дар оғоз бо як ҳодисае аз сират шурӯъ намуд. Бо он чӣ гуфтани бошанд? Магар душмании Эмомалӣ Раҳмонов бо ин дин ва мардуми мусалмони кишвар аз Абуҷаҳлу Абулаҳаб бештар нест? Чаро мехоҳед Раҳмоновро бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ташбеҳ диҳед? ва моро ба Абуҷаҳлу Абулаҳаб? Худатонро аз ин қиёси маъалфориқ шарматон наомад? Ё Раҳмонов ва Абуҷаҳлу Абулаҳаб аз ҳам фарқ мекунанд? Агар гӯед Раҳмонов дохили Каъба шудааст, ин ду ҳар пӯз дохили ин хона буданд. Акнун фаҳмидед,ҳой чоплусакон! Он ҳодиса чи иртиботе ба ончи дар поён овардаед дошт?”

Бечораҳо намедонед чӣ мегӯед ва чихел аз як золими дастурӯй ношустаи куҳнаҷунуб  ҳимоят кунед. Ҳарчи мекобед, то Раҳмоновро ҳимоят кунед, бечораҳои бахт баргашта намеёбед. Чун, ки ботил ва ноҳақро ҳақ ҷилва додан кори саҳлу содае нест. Мардум гулу гаранг ҳам нестанд,то ончи дилатон мехоҳад бигӯед.

Вале ин бор ҳам  муҳтаво ва мазмуни асосии мавъиза ҲНИТ аст. Ва, ҳодисаеро ба баҳонаи бадном кардани ҲНИТ ёдоварӣ карда хостаанд, ки ба гӯши аҳли намоз-мусалмонони кишвар лапша овезанд.

“Бо як баёнияи расмӣ ҲНИТ ин ҳодисаро маҳкум карда ва ошкоро эълон кард,ки ҳеҷ яке аз ширкатдорони он рабт ба ҲНИТ надоранд ва фаразан агар ки фарзанд ва ё хешу табори ягон наҳзатӣ ҳам дар ин ҳодиса даст дошт, ин на ба он маъно аст ки ӯ наҳзатӣ аст.”

Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар додситони Олмон ин ҳодисаро таҳқиқ дорад ва додгоҳу идораи пулиси Олмон ин додгоҳ ва идораи пулиси шумо нест.

Сониян дар ин ҳодиса амдан ва барқасдона исми нафарҳое,ки аслан иштирк накардаанд махлут ва хостаанд ҲНИТ ро дар ин қазия дохил кунанд,ки ин як туҳмат ва дасисаи навбатии дигари режим ва мақомоти қудратӣ ва амниятиро метавон дид.

Биёед ин фалш ва дасисаро ошкор кунем,то ҳама донанд.

Чуноне расонаҳои Олмонӣ навиштанд. Дар ин ҳодиса ҳашт нафар иштирок доштанд.Чаро танҳо як ном аз “ватандӯстон” оварда шудааст яъне ҳамон Бобораҳматов Музаффар боз Ҳафиз Шодӣ Мирзораҳматов Музаффар мегӯяд насабашро вале худаш Давлатов Музаффар мегӯяд худро. Насаби ин шахс ба се шакл садо додааст. Яке дар хутба Бобораҳматов, Ҳафиз Шодӣ Мирзораҳматов ва худи  блогер Давлатов. Насаби аслияш чи аст ин “Борода тҷ”и “Ватандӯст”ро? Ё ҳангоми шиносномадиҳи дар тақаллуб фаромӯш кардаед чӣ буд ва чӣ бигӯед? Боз ҳомиёни қонун ва афроди воломақоми  ВКД ҳам ҳастед,ин айб нест магар?

Хуб акнун Бобораҳматов ё Мирзораҳматов ё Давлатов Музаффари “ватандӯст” як нафари алоҳида.Номҳои се нафари дигари гурӯҳи зудамали КДАМ ва ё ВКД ро чаро дар ин хутба дарҷ накардед,инаш бар мегардад боз ба зери коса ним косае.

1.) Орзев Сулаймон 

2.) Муҳамадҷонов Шерзод Тулфорович 

3.) Хуршед 

4.) Муҳаммадиев Комронхон шуданд чор нафар.

Инҷо Табаров Беҳрӯз аз куҷо пайдо шуд? Бале Табаров Беҳрӯз узви ҲНИТ аст ва мақоми паноҳандагӣ дар олмон дорад. Аммо дар ин қазия ва ҳодиса аслан ҳузур надошта аст. Чаро номи ин ҷавонро дар ин хутба зикр кардед? Мақсад кашонидани пой ҲНИТ ба ин ҳодиса аст,на чизи дигаре. Шарм ҳам чизи хуб аст,кам кам риоят кунед!

“Хуршед Эркаев кӣ ҳаст? Хуршед ном ҷавоне дар ҳодиса ҳаст,аммо на Эркаев Хуршед. Чун шумо медонед, ки Эркаев Хуршед узви ҲНИТ аст ва насаби Хуршеде,ки дар ин ҳодиса буда Эркаев нест. Чаро Хуршед Эркаев навиштед? Чун мехоҳед дар ин ҳодиса узви ҲНИТ ро бо мақсадҳои нопоки худ шомил намоед. Дар ҳоле Эркаев Хуршед дар Олмон нест ва мақоми паноҳандагии кишвари дигари аврупоиро дорад. Чаро чунин тазвир мекунед? Охир ному насаби ҳама ҳашт нафар дар ВАО Олмонӣ ҳаст, Беҳрӯз ва Хуршед Эркаев нест дар он лист. Сафорататон чикор мекунад дар Олмон? Ё мехоҳед намозгузоронро фиреб кунед? Охир мо ҳастем ва дурӯғу туҳматҳои шуморо кашф мекунем.”

Мо, борҳо гуфтаем,ки ҲНИТ ҳеҷ гурӯҳу дастаи низомӣ дар ҳеҷ аз гӯшаи дунё надорад. Инки аз қавли намояндаи Идораи амнияти Афғонистон ҷомеаи намозхони кишварро дар вуҷуди мусаллаҳони ҲНИТ тарс доданиед, як дурӯғи бефурӯғ ва як тӯҳмати маҳз аст.

Шумо аз як тараф воҳима мекунед, ки нерӯи кофӣ дар ихтиёр доред, ки “ба ҳар гуна таҳдидҳои душманона ҷавоби сазовори қатъӣ диҳад. Ва дар ин кор аз ҷонибдориву дастгирии ҳар як шаҳрванди Ватанамон бархӯрдор аст “. Вале аз тарафи дигар аз ҲНИТ, ки ҳазорҳо км ё фарсах аз Втан дур аст ҳамоно эҳсоси ваҳшат мекунед: ” ҷавононро огоҳ мекунем,ки ба доми фиреби террористони ба ном наҳзати исломӣ наафтанд,зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд”. Ин чӣ маъно дорад? Шумо мехоҳед ва қасдатон ҳам ин аст ки нишон диҳед,ки ҲНИТ ҷанг мехоҳаду ҷангҷӯ аст. Аммо ин тиратон хок хӯрда аст ҷанобони дурӯғпардоз!

 “Ба гумони ғолиб ҳоло Саймумин Ятимов боз нақшаи дигар кашида ва мехоҳад тавассути чанд сокини Тоҷикистон, ки дар Афғонистон дар таркиби ҳаракатҳои иртиҷоӣ амал мекунанд, пойи ҲНИТро бикашад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои соҳибнуфуз ин ҳама бозиҳои кӯдакона ва аблаҳонаро хуб дарк мекунанд. Ончоне ки бо гузашти инак беш аз 5 сол ҳеҷ кишваре ҳозир нашуд,ки ҲНИТро ташкилоти ҳаросафкан бишиносад.”

ҲНИТ дар солҳои муқовимати дохилӣ якҷо бо дигар ҳизбу ҳаракатҳо вориди даргирӣ шуда вале бо мусоид омадани шароити сулҳ силоҳашро ба замин гузошт. Инро тамоми ҷаҳон эътироф кард. Дар асноди сулҳи тоҷикон имзои масъулини СММ давлатҳои Русиву Эрону Қазоқистону Афғонистону ва ғайра гузошта шудааст ва худи Эмомалӣ Раҳмон то ҳамин чанд соли пеш садҳо маротиба ба устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ҲНИТ ва раиси Комиссиюни оштии миллӣ барои саҳмашон дар истиқрори сулҳ изҳори ташаккур кардааст. Барои ҳамин ин дасисаву иғво ва фитнаи СС.  Ятимов таъсире нахоҳад дошт. Вай танҳо барои ҳифзи ҳузури худ ва худро як фигураи даркорӣ дар чашми Раҳмонов тобонидан чунин тавтиачинӣ карда истодааст.

Ҷангу хархашаи чанд ҷавони хунгармро овардану онро мавзӯъи мавъиза кардану ва дар тамоми масоҷиди ҷомеъи кишвар тавлак навохтану шӯру валвала андохтан ҳеҷ натиҷа нахоҳад дод.

Мардум зираки сиёсиро аз даст надиҳад,ки чӣ? Шумо дуздида гардед, падару писару духтару домоду ҳамшаҳриву ҳамқишлоқиҳои ҳатто подабону даҳмардаатонро болои халқ раису раисча сохта гардеду падару писару набераву зану модару аруси мардум мулку урус қути лоямутковӣ равад? Ҳамин зиракии сиёсӣ. Чаро наҳзат ватанашро ноором мекардаасту харобиву вайронӣ меовардааст? Иншоаллоҳ, наҳзат бо фазлу инояти Худо ободиву сериву пуриву арзониву амонӣ хоҳад овард. Наҳзат соҳиби ин ватан аст мисли ҳамаи 9 миллион тоҷики мусалмон.

Ин ҳарфҳои парту палои шумо ба гӯши касе намедарояд. Чун халқ дида истодааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов Рустаму Озодаро на барои хизмати халқ, барои ғорати халқ болои мардум овардааст ва худаш ҳам барои он аз курсӣ рафтанӣ нест, ки боз ҳам бештар бидуздад. Дигар ҳама муодилаву муаммову масъалаҳо, ки Ятимов шаби дарозу рӯзи дароз майна об кардаву Афғонистон рафтаву Русия рафтаву Аврупо омадаву ҲНИТ-ҲНИТ мегӯяд, дур кардани афкору азҳони ҷомеа аз ҳамин ғорату дуздиҳост:

“имрӯз аз хориҷа истода гуруҳ ташкил менамоянд ва мехоҳанд бо ин васила номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст зананд”.

“Ин шумо ҳастед, ки номи Тоҷикистонро паст кардаед. Ку,як ба атроф нигоҳ кунед, ки мисли шумоҳо дар дунё чанд кас аст? Чанд каси башумор, ки исмашон диктотур аст. Аз қудрат рафтан намехоҳанд, худро умрбод дар курсӣ часпонидан мехоҳанд. Тамоми дарди дили шумо ҳамин аст, ки бигзоранд то охири умр бичареду бихуреду бигардеду б….”

Гапро бинед: “Намозхонони гиромӣ, ҳеҷ гоҳ фаромуш накунед, ба дигарон ҳам фаҳмонед, ба фарзандонатон талқин кунед, ки ҳизби террористии наҳзат ҳаргиз аз нияти нопоки худ, яъне бо роҳи террору зӯроварӣ ба даст овардани ҳокимият даст намекашад!”

  “Оҳ,оҳ! Инро чи қадар шумо мехоҳед, ки қудрат аз дастатон наравад! Вале, фаромӯш мекунед, ки ин шумо будед, ки бо қатлу террору куштор ва болои танку тӯпҳои бегонаҳо ва аз болои мурдаҳои тоҷик қудратро гирифтед. Агар ҲНИТ қудратхоҳ буд дар соли 1997 мегирифт. Ин Раҳмонов буд,ки Хусдеҳ омаду пеши пойи устоди Нурӣ зону зад.”

Хуб диққат диҳед ба ин сухан: “Ба фарзандонатон талқин кунед”.

“Аҷаб,намозгузорон, ки наметавонанд фарзандонашонро масҷид оваранд, дар хона усули дин биомӯзонанд, талқин кунанд, ки Раҳмонов то охири умр раис бошаду баъди он Рустам ояд? Яъне қасди шумо ҷаноби СС.Ятимов ин аст, ки “ монед ману Эмомалӣ Раҳмонову Рустами Эмомаливу Озодаву қавми хазандаву даррандаву чаррандаамон шуморо чаридаву хазида дарида ҳукумат ронда фармонравӣ карда гардем?”

Ва, дар охиру даъвоно гуфтаниам,ки Шумо,ки аз Хонаи Худо ва дар Хонаи худо бар суди шахсиатон баҳракашӣ мекунед, бандаҳои худоро ба гумроҳӣ кашида истодаед, оқибат ба кайфари аъмоли худ тавассути дастони соҳиби масҷид ва соҳиби ин хона ва соҳиби ин Ватан хоҳед расид. Тардид надошта бошед, ки Хонаи Худоро то ба охир забт карда наметавонед!

Total
5
Shares
Related Posts