Ҷиҳод ва густариши дини мубини Ислом дар олам

Дини мубини Ислом ҳидоятгари аҳли башар ба сӯи ҳаёти осоиштаи бидуни зулму истибдод буда, инсониятро ба покизагию назофат, сулҳу дӯстӣ, рафоқату ҳамбастагӣ, дурӣ аз ширку ҷурму гуноҳ, иҷтиноб аз хушунат даъват мекунад. Дар баробари ин ҳама, аҳли тоғутро танбеҳ медиҳад, ки пайравони ин дини мубин пешгоҳи ҳеҷ тоғутеву золиме, сархам шуданӣ нестанд.

 

Худованди кариму маннон дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Ва ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманоне аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста меофаранд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Пас бо тӯҳмате, ки мезананд, раҳояшон соз.” (Сураи Анъом, 6 / 112)

 

Ҳар замон, Худованди қудратманд ба паёмбарони худ,  бо ирсоли ваҳй иҷоза медод, то ба хотири барқарории адолат бо душманон мубориза баранд, аммо ҷоизии аслиҳа ва қитол ба ҳама анбиё алайҳимуссалом танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва ба хотири дифоъ ҷоиз дониста мешуд.

 

Анбиё ва расулони илоҳӣ ҳеҷ гоҳ барои чоҳу мансаб мубориза набурдаанд ва машғули ҷамъоварии молу сарват нашудаанд, балки ҳамеша кӯшиш кардаанд, ки ширку залолатро аз қалби мардум бизудоянд ва ба ҷои он адолату ҳақиқат пойдор бошад. Аз ин рӯ дар баробари аксари тазйиқу фишорҳо, шиканҷаву кулфатҳо сабру бурдбориро пеша намуда, мудом бо шикебоӣ ба даъвати хеш ба сӯи ҳақ машғул шудаанду ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ на худ ва на ёронашон  даст ба силоҳ назадаанд.

 

Бо вуҷуди таъқибу фишорҳои тоқатфарсо паёмбари гиромии ислом Муҳаммади Мустафо, дуруд ба хонадону ёронаш, дар муддати 13 соли даъват ба Ислом дар Макка, ҳатто дар ҳолатҳое, ки ёронаш бо алам қасди қасос мекарданд, иҷоза намедод. Бо сабру матонат ва шикебоиву бурдборӣ даъвати худ ба роҳи Ҳақро идома медод.

 

Ин буд, ки дар оятҳои қуръоние, ки дар Макка нозил шудаанд, дар бораи ҷиҳод ва муборизаи мусалаҳона чизе гуфта нашудааст.

 

Ҳама гуна масхараву истеҳзо, ҷабру зулм, шиканҷаву таъқибҳоро мусалмонон бо сабурӣ пушти сар мекарданд ва динро бо роҳи гуфтушунид ва лол кардани ботил дар баробари суханони ҳақ ривоҷ медоданд.

 

Ба таври возеҳ дар фармудаҳои Қуръону ҳадис ва ҳам сираи исломӣ дар ин бора маълумотҳои раднашаванда зиёданд.  

 

Мувофиқи таъбири Қуръон ва аҳодиси набавӣ ҳадафи асосии ҷиҳод, ин танҳо ҷанги мусаллаҳона нест, вале дар ҳолати ночорӣ силоҳ метавонад паҳншавии бадиву зулмро пешгирӣ ва адолатро барқарор кунад. Ғалабаи ҳақиқӣ, ғалабаи дилҳо бо ёрии сухан ва расонидани фармудаҳои Илоҳӣ аст.  Муқобилият бо бадӣ ва ширку залолат ба воситаи сифатҳои баланди ахлоқӣ ва сар хам накардан дар баробари зулму истибдод, сарлавҳаи дарси ҷиҳод маҳсуб меёбад. Чуноне, ки Худованд фармудааст:

 

“Ба касоне, ки куфр меварзанд, итоъат макун ва бо роҳнамоии Қуръон бо онҳо ҷиҳод кун, ҷиҳоде бузург!” (Сураи Фурқон, 25 / 52)

Ҷиҳоди бузург –  ин як муборизаест, ки бо расонидани ҳақиқати Қуръон, тавассути таълим додани қонунҳои Худо ва паҳн кардани фаҳмиши дуруст аз дин ба роҳ монда мешавад. Дар тӯли тамоми ҳаёташ, Расулуллоҳ (дуруд ӯ ва хонадону ёронаш) бо ин усул пеш мерафт ва пардаи  ҷаҳолатро медарид, то нури ҳидоят ба қалби инсоният роҳ ёбад. Аксари аҳли фаҳму дониш дар баробари фасоҳату балоғати гуфтори паёмбари омии мактабнодида, лол мешуданд. Кирдору рафтораш писандидаву қобили қабули хосу ом ва дӯсту душман буд. Аз ҳамон рӯзҳо то ба замони мо аксари сиранависони беғарази ҳатто ғайриисломӣ инро тасдиқ кардаанд.

 

Маҳз замони даъват дар Маккаи Мукаррама, Паёмбари ислом ва ёронаш мушкилтарин ва тоқатфарсотарин ҳаёти худро пушти сар кардаанд. Бо вуҷуди ҳама ранҷу азобҳо мусалмонони аввалин ҳақиқати дини мубини исломро шинохта, наҷоти аҳли башар аз ҷаҳолату гумроҳӣ туфайли ин дин буданашро, дарк карда буданд. Бинобар, бидуни хастагӣ ба ҳама кулфатҳо тоб меоварданду барои интишори ин дини мубин шабу рӯз мекӯшиданд.

 

Ба хотири интишори дин мусалмонони аввалин бештари вақтҳо машғулиятҳои шахсиро канор монда,  аз баҳри дороиҳои худ гузашта буданд. Ягон тазйиқу фишор ва зулму истибдод пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонист. Ба хотири ҳифзи ақида, ду маротиба ба Ҳабашистон ва ниҳоят ба  Ясриб (Мадинаи мунаввара) ҳиҷрат карданд. Он замон мусалмонони аввалин бидуни ҳеҷ иҷборе ба дин гаравида, пайрави паёмбари ислом (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) шуда буданд. Баръакс, зимомдорони вақт ба хотири шикастани руҳияи мусалмонон аз тамоми воситаҳои шиканҷаву таъқиб ва фишор истифода мекарданд, то онҳо аз роҳи худ баргарданд. Аммо, огоҳӣ аз ҳиқиқат ва ҳидоят ба роҳи ҳақ, ёрони паёмбар – мусалмонони аввалинро чунон болидахотир карда буд, ки ранҷу азоб ва машаққат дар роҳи дин онҳоро устувортар мекард.   

 

Баъди даҳ соли таъқиби мусалмонон, аз Ясриб ба Макка 6 нафар омада, бо паёмбари гиромии ислом (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) мулоқот анҷом медиҳанд. Паёмбар (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) ба онҳо ояҳои қуръониро тиловат намуда, дар бораи дини ислом маълумот медиҳад. Онҳо байни ҳам мегӯянд: “Дӯстон! Дар ҳақиқат ин паёмбаре аст, ки дар борааш аҳли яҳуд мегуфтанд. Мо бояд ин динро қабул намоем ва кӯшиш кунем, ки дар пайравӣ ба ин дин ҳеҷ қавме аз мо пештозӣ накунад”- ва бо гуфтани калимаи шаҳодат мусалмон шуда, ба Ясриб баргаштанд. ( Ин қавл дар сираи Ибни Ҳишом, ҷилди II, саҳ 38; Ибни Саъд, ҷилди I, саҳ.219; Хусаймӣ, ҷилди VI, саҳ. 40 зикр шудааст.)

 

Баъди як соли аз Макка ба Ясриб мусалмон шуда баргаштани 6 нафар, ба назди Паёмбари ислом (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) 12 нафар аҳли Ясриб, ки аллакай мусалмон шуда буданд, ҳузур ёфта, аз Паёмбар (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳи онҳо ба Ясриб муаллими дин гуселонад, то ба аҳли Ясриб дарси худошиносӣ омӯзад. Паёмбар (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) ба Ясриб ҳамчун муаллим Мусъаб ибни Умайр ва Абдуллоҳ ибни Умми Мактумро, ки аз аввалин мусалмонон ба ҳисоб мерафтанд, мегуселонад.(нигаред: Маноқиб-ул -Ансор, Бухорӣ, саҳ. 46)

Дар як муддати кӯтоҳ, туфайли таблиғу тамҷиди бофасоҳати ин ду нафар аз дини мубини Ислом, дар Ясриб хонае намонда буд, ки ақалан яке аз аҳли он исломро қабул накарда бошад. Рӯзҳое ҳам шуда буданд, ки то фурӯ рафтани офтоб тамоми як қабила ба ислом мегаравиданд. (Ибни Ҳишом, ҷилди II, саҳ.43-46; Ибни Саъд, ҷилди III, саҳ. 604-605)

Барои ҳамин Паёмбари гиромӣ (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) гуфта буд: “Кишваркушоиҳо бо ёрии шамшер ба даст омадааст, дар ҳоле, ки Мадина бо ёрии Қуръон фатҳ шуд.” (Сираи Балозарии Бағдодӣ, ҷилди I, саҳ 6)

 

Соли 13 – уми биъсат, яъне ҳамагӣ баъди як соли фиристода шудани муаллимон ба Ясриб,  75 нафар аҳли Ясриб ба Маккаи мукаррама омада, бо Паёмбари гиромии ислом (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) қасами вафодорӣ ва пойдорӣ дар дин ёд мекунанд. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки Паёмбару ёронаш ба Ясриб кӯч банданд, бо дилу дида, Ӯ ва ёронашро қабул мекунанду ҷой медиҳанд.

 

Он рӯзҳо барои Паёмбар (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) сахттарин рӯзҳои ҳаёташ буданд. Ҳам завҷааш Хадича ( Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ва ҳам амакашон Абутолиб, ки пуштибони Паёмбар буд, вафот карда буданд. Фишори мушрикон болои мусалмонон ба авҷи аъло расида буд.

 

Паёмбару ёронаш даъвати аҳли Ясрибро мепазиранд ва ба тадриҷ ба ин сарзамин ҳиҷрат мекунанд. Муҳоҷирон тамоми дороиҳо, хонаву заминашон ва аксари онҳо ҳатто пайвандони худро тарк гуфта, ба Ясриб меоянд. Мушрикон ва зимомдорони онвақтаи Макка, тамоми дороиҳо ва хонаву замини муҳоҷиронро аз худ мекунанд. (Ибни Ҳишом, ҷилди II, саҳ. 79; Муҳаммад Азроқӣ, китоби Ахбори Макка, ҷилди II, саҳ. 244-245)

 

Ҳамин тавр дар Ясриб ( шаҳри Мадинаи ҳозира) дини мубини Ислом рушд мекунад, пас аз он шаҳри Маккаи мукаррама низ бидуни истифодаи ҳеҷ силоҳе фатҳ мешавад.

Рӯзи фатҳи Макка мусалмонон аз Паёмбар (дуруд бар ӯ ва хонадону ёронаш) мепурсанд, ки оё мо метавонем ба хонаҳоямон, ки дар дасти мушрикон аст, баргардем? Паёмбар (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) дар ҷавоб мегӯяд: “Магар Ақил ибни Абутолиб барои шумо хонабонӣ кардааст?!”  Новобаста, аз он ки Маккаро мусалмонон фатҳ карда буданд, Паёмбари гиромии ислом (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) ба мусалмонон иҷоза намедиҳад, ки ба хонаҳояшон, ки мушрикон аз худ карда буданд, баргарданд ва ба хушунат даст зананд. Он замон чандин хонаву ҳавлӣ ва замини мусалмононе, ки ба Ясриб ҳиҷрат карда буданд, мушрикони Макка мусодира ва ҳам ба фурӯш гузошта буданд.

 

Танҳо 14 сол пас аз  биъсат Худо ба мусалмонон бо ирсоли ваҳй ба паёмбараш иҷоза дод, ки барои муҳофизати дину имони худ аз силоҳ истифода кунанд. Дар Қуръони карим далелҳои зиёд дар ин бора  вуҷуд доранд, ки баҳри саркӯб нашудани ҳақиқату адолат, ҷоиз аст, ки аз силоҳ истифода шавад. Аммо бидуни гуфтумонҳои дипломатӣ ва даъвати осоиштаи пешакӣ, ҳуҷуму шабохун задан, вайрон кардани шаҳру деҳот, осеб расонидан ба пиронсолон, занону кӯдакон ва ҳатто дарахтон, ҳангоми муборизаи мусаллаҳона мамнӯъ дониста шудааст. Бо таъбири қуръонӣ “ҷиҳод дар роҳи Худо” бо роҳи мусаллаҳона, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ, барои муҳофизати марзу бум, дину миллат, ҳақиқату адолат, ҳамчун чораи ниҳоӣ бояд истифода шавад.

 

Ба ин ҷанги Бадр  метавонад мисол шавад. Мусалмонони муҳоҷир дар Мадина машварат мекунанд, ки пеши роҳи корвони мушрикони Маккаро, ки тавассути Мадина мегузаштанд, гирифта, талаб кунанд, ки молҳои тасарруфшудаи онҳоро баргардонанд. Аммо корвони мушрикони Макка аз ин тасмими мусалмонон бохабар шуда, бо роҳи дигар ба Макка мераванд. Барои зимомдорони аҳли Макка ин тасмими мусалмонон густохӣ маҳсуб мешуд. Бинобар, бо як қувваи ҳарбии бузурги мусаллаҳ ба Мадина, барои саркӯб кардани мусалмонон меоянд.  Барои мусалмонон дигар чорае намемонад, магар ба даст силоҳ гирифта, аз ҷону дину имон ва аҳли худ муҳофизат кунанд.

Муҳориба дар наздикии шаҳри Мадина, дар мавзеи Бадр ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ин ҳарб мусалмонон пирӯз мешаванд.

 

Инҷо бояд як нуқта зикр нашуда намонад, ки пеш аз оғози ҷанги Бадр паёмбари гиромии ислом (дуруд бар ӯ ва хонадону ёронаш) ҳазрати Умар ибни Хаттобро (Аллоҳ аз ӯ розӣ бошад) барои гуфтушунид мефиристад, то аҳли Қурайш бидуни муҳориба ба Макка, ба хонаҳои худ баргарданд. Дар ҷавоб Абуҷаҳли қурайшӣ мегӯяд: “То он замоне, ки мо қасд нагирем ва шуморо ба ҷои худатон нашинонем, барнамегардем!” (нигаред ба китоби “Ал-мағозӣ”-и Муҳаммад Воқидӣ, ҷилди I, саҳ. 61-65)

 

Паёмбари гиромии ислом (дуруд бар ӯ ва хонадону ёронаш) ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат иҷоза намедод, ки бидуни зарурат ба хунрезӣ роҳ дода шавад. Ҳангоми дар ҳаёт буданаш ҳамеша ҳама муҳорибаҳоро таҳти назорати қатъии худ қарор медод. Ба мусалмонон иҷоза намедод, ки бесабаб бо дигарбоварон сар ба сар шаванд. Тибқи таълими паёмбари ислом (дуруд ба ӯ ва хонадону ёронаш) мусалмонон вазифадоранд, ки шартномаву қатъномаҳои дипломатие, ки байни кишварҳо ва қавмҳо ба имзо мерасад, қатъан риоя намоянд, ба аҳди худ вафо кунанд, кӯдакону занон ва бепарасторонро озор надиҳанд, дарахтони мевадиҳандаро бесабаб набуранд ва ба хонаҳои мардум оташ назананд. ( Муслим, боби “Ҷиҳод”, саҳ. 3; Тирмизӣ, “Сияр”, саҳ. 48)

 

Ин буд, ки мусалмонон бо огоҳии том медонистанд, ки ҳар як амали онҳо пешгоҳи Худованд масъулият дорад. Бинобар, мусалмонон бо дарки воқеъият ва шинохти ҳақиқат ҳар як амали худро масъулиятшиносона анҷом медоданд. Дар баробари хушунат аз ҷониби душманони худ, то ҳадди тавон бо роҳи осоишта ва илму насиҳат бархурд мекарданд.

 

Ин усули сулҳпарварона ва адолатхоҳонаи исломӣ дар таҷрибаи чандин ҷангҳои ҷаҳонӣ истифода шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.  Муносибати адолатпарваронаи мусалмонон ҳатто сарсахттарин душманонро водор ба фикру андеша ва таъқил мекард. Аз ин рӯ пеш аз ҳама сардору раисони қавм, аҳли донишу хирад, нафарони адолатхоҳу ҳақиқатпарвар,  гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом мегаравиданд.

 

Зиёд бини Ҷайш, яке аз онҳое, ки дар фатҳи Миср ширкат кардааст, нақл мекунад: “Мо бо мисриёни асирафтода ба якҷо ҷамъ омадем. Ба ҳар як асир ҳақ додем, ки озодона дини худро ихтиёр кунад. Касоне, ки исломро ихтиёр намуданд, мо бо садои баланди  такбир ба оғӯш гирифтему дар сафи худ қарор додем. Онҳое, ки дар дини деринаи худ, насроният боқӣ монданро ихтиёр карданд, ба як сафи дигар ҷудо шуданд. Ҳар гоҳ касе аз онҳо насрониятро ихтиёр намуда, сӯи сафи дигар мерафт, чунон диламон месӯхту афсус мехурдем, ки гӯё яке аз мо, моро тарк гуфтааст”. (Таърихи Табарӣ, ҷилди I, саҳ. 2582-2583)

 

Пеш аз ҳама набардҳои низомӣ, Расули Худо (дуруд бар ӯ ва хонадону ёронаш) ба сарварони ҳамаи кишварҳои дуру наздик мактуб фиристода, ба ислом даъват намудааст. Ин даъвати Паёмбари ислом, Муҳаммади Мустафоро (дуруд бар ӯ ва хонадону ёронаш) шоҳи Ҳабашистон (Эфиопия) Наҷҷошӣ, шоҳи Баҳрайн, Мунзир ибни Саво, шоҳи Яман, Ҳорис ал-Хумайрӣ ва ҳокими  Уммон, Ҷуландӣ бо ҷону дил пазируфта буданд.

 

Ҳокими Уммон, Ҷуландӣ дар бораи ҳаёт ва хислатҳои баланди ахлоқии Паёмбар чунин гуфтааст: «Худо ба ман имконият дод, ки даъвати паёмбари охирини аҳли башарро қабул намоям. Ӯ ҳеҷ гуна амали некеро, ки худ иҷро накардааст, ба он даъват намекунад, аз ҳамаи бадӣ дурӣ меҷӯяд ва   дигаронро ҳам манъ кардаст. Ӯ ба ваъдаҳои худ вафо мекунаду ҳамеша амонатдор аст. Ман комилан боварӣ дорам, ки ӯ паёмбари ҳақиқист.” (Ибни Ҳаҷар, “ал-Исоба”, ҷилди I, саҳ.262)

 

Маҳз ҳамин муносибати ҳасана ва рафтору кирдори аҳли ислом бо соири аҳли башар буд, ки дини мубини Ислом ба содагӣ дар қалбҳои мардум ҷой ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ, дар саросари рӯи замин, ҳар ҷо, ки ҳаёти инсонӣ вуҷуд дошт, паҳн гашт.

 

Имрӯзҳо, новобаста аз ҳама муборизаҳои сарсахтона алайҳи ин дин, Ислом рӯз ба рӯз ривоҷ меёбаду теъдоди мусалмонони олам зиёд шуда истодааст. Ҳатто дар кишварҳои ғарб ва он сӯи уқёнус, мисли Аврупову Амрико, ин дини сулҳпарвару адолатхоҳ, бидуни ҳеҷ гуна хушунат, танҳо бо роҳи осоишта, вусъат ёфта истодааст.

Агар дар воқеъ чуноне, ки даъво мекунанд, даъват ба  Ислом бо роҳи иҷборӣ бошад, чигуна мардуми кишварҳои мутараққии гузашта ва имрӯза, шахсиятҳои бонуфӯз бо ихлоси тамом ба ин дин  гаравидаанду мегараванд?

 

Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки  дини мубини Ислом ҳидоятгари аҳли башар ба сӯи ҳаёти осоиштаи бидуни зулму истибдод буда, инсониятро ба покизагию назофат, сулҳу дӯстӣ, рафоқату ҳамбастагӣ, дурӣ аз ширку ҷурму гуноҳ, иҷтиноб аз хушунат даъват мекунад. Дар баробари ин ҳама, аҳли тоғутро танбеҳ медиҳад, ки пайравони ин дини мубин пешгоҳи ҳеҷ тоғутеву золиме, сархам шуданӣ нестанд.

Таҳия ва тарҷуммаи Шавкати Муҳаммад

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад