(бахши шашум)
Ин матлаб идомаи силсиламатолиби «Ислоҳ.нет» дар робита ба «Тоҷиксодиротбонк», Тоҷиддин Пиров ва муовини вай Қурбон Хушаков ва ҳамчунин Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов аст. Қаҳрамони ин вижаматлаб Идиев Ҳусейн, раиси «Тоҷикматлубот»-и Тоҷикистон аст. Беҳтараш бихонеду огоҳ бишавед, ки дар кишвари мо чи гуна ҳукуматдорӣ карда истодаанд.
“Чанд рӯз пештар як гурӯҳи 40-50 нафарӣ бо сардории як зодаи Тоҷикистон, ҳоло яке аз сарватмандони Русия Коган Валерий Михайлович аз Русия ҷиҳати иштирок дар ҷашни 100 солагии “Тоҷикматлубот” ба Душанбе омаданд.”
Аксарияти онҳо дар Тоҷикистони даврони шуравӣ таваллуд шуда ва бештарашон то аввалҳои соли 90-ум дар ниҳодҳои “Тоҷикматлубот “ кор кардаанд. Онҳо бо расму одатҳои тоҷикӣ то ҳозир эҳтиром доранд ва Тоҷикистонро ватани дуввуми худ мешуморанд. Баъзе аз онҳо дар хонаҳояшон бо тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Албатта ин боиси ифтихор ва таҳсини мо-тоҷикҳо аст. Онҳо бо барномаҳои тартибдодаи худ омада, аввал дар Душанбе ва баъдан ба Хуҷанду Ҳисор ва Бохтар рафта бо собиқадорони «Тоҷикматлубот»-и давраи шуравӣ вохуриҳо ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд, ҳатто сари манзили баъзе аз онҳо рафта дуову фотиҳа карданд. Дар ҳақиқат як инсонигарӣ, як меҳру муҳаббати беҳамто аз тарафи ҳар яке аз он меҳмонҳо ҳис карда мешуд. Аммо аз тарафи роҳбарияти “Тоҷикматлубот” махсусан роҳбари он Идиев Ҳусейн ягон ташаббус ё меҳмоннавозӣ дида нашуд, ғайр аз нолишу шикоят аз бепулӣ. Идиев Ҳусейн, ки худ аз ин соҳа нест, ба ӯ душвор аст ин хел одаму одамгариҳоро фаҳмидан. Вай ин кучаҳоро нагузаштааст, фикри вай фақат бо пул банд аст. Бубинед, ки меҳмонҳо як моҳ пеш аз омадан ба ҷашни 100-солагии «Тоҷикматлубот», ҳамчун роҳбари ин идора ба вай таклифу дархостҳо пешниҳод ва даҳҳо маротиба такрор мекунанд, ки ҳамаи хароҷотҳояш аз тарафи мо, шумо фақат дар сатҳи ҳукумат гапзанон кунед. Ҷавоби ин бесаводи Идиев Ҳусейни як замон мошиншӯяки Ҳасан Асадуллоев ба онҳо ҳамин аст:
” агар мо ҷашни «Тоҷикматлубот»-ро қайд карданӣ бошем, фақат дар он ҳолат, ки 30 -солагии ҷашни «Тоҷикматлубот» мегуем.
Онҳо мегуянд, ки тамоми мардум хуб медонад, ки «Тоҷикматлубот» аз рӯзи аввали ташкилшавии Тоҷикистон вуҷуд дораду ҳазорҳо иншооташ имрӯзҳо 70-80 сола шуданд, ин нодуруст аст, мо худамон 35-40 сол пештар дар ин соҳа кор кардаем. Идиев Ҳусейн бошад дар як гап истодааст, ки ба ман супориши роҳбари дастгоҳ Озода Раҳмон аст ки дар Тоҷикистон ҷашну идҳое қайд карда мешавад, ки ҳатман пайвастагӣ ба фаъолияти кории Пешво дошта бошад. Яьне кору боре, ки дар давоми 30 сол шудааст. Дигар идҳоро ҳам қайд кардан ё ҷашн гирифтан мумкин, агар шумо гуед, ки ҳисаи Пешво дар он ниҳоят калон аст. Масалан агар бигуед, ки “Алюминий завод”-и Регарро 30 сол пеш пешво сохта буд, ин ҷашн қабул карда мешавад ва иҷозати гузаронидани ҷашн дода мешавад, фарқ надорад, ки “Алюминий завод” вақте сохта шуд пешво ҳоло худаш мустақилона пешоб карда наметавонист. Ана ҳамин тавр як хушомадгуиҳои тамоман дар ақл ҷой намегирифтаро ёфта мебароранд.
Меҳмонҳо маҷбур шуданд ҳамчун як зодаи ҳамин кишвар, аз рӯйи программаи сохтаи худашон амал намоянду қафо баргарданд. Ба ҳар ҳол вақти рафтани онҳо Ҳасан Асадуллозода албатта бо иҷозати “боло” омада назди меҳмонҳо аз ҳисоби меҳмонҳо хурок хурда рафт. Ҳасан Асадуллозодаи шаст фарзанда вобастагии сахт ба Коган дорад. Самолётҳои “Сомон Эйр” ҳама бо ёрии ӯ харида ва иҷозати ба Русия парвозҳоро дода шудааст. Идиев Ҳусейн бошад мисли Табаки аз мултфилми “Маугли”пушт-пушти Коган Валерий Михайлович шароити гап заданро пайдо мекард ва дар охир шарм накарда барои гуё дастгирии соҳаи «Тоҷикматлубот» аз ӯ 4-5 миллион доллар кумак хостаст. Бо баҳонаи корҳо тамоман суст, супоришҳо аз боло зиёд, меҳмонҳо бисёр, масраф калон. Ногуфта намонад, ин меҳмонҳо пурра, то охир харҷи худашонро худашон пардохт намуда рафтанд. Ин як шармандагист! Маълумотҳо аниқ ва аз нафарони иштирок намуда дар ин маърака ба “Ислоҳ” расидааст..
Дар мақолаҳои қаблӣ нисбати Идиев Ҳусейн як каме гуфта будем. Ҳоло мехоҳем нисбати фаъолияти дар вилояти Суғд кардааш каме нақл намоем. Вакте ки Идиев Ҳусейн раиси филиали «Ориёнбонк» дар вилояти Суғд шуда кор мекард, ҳамроҳи у Вадудов Мадиёр – раиси ширкати Сомон Суғд буд. Ҳар ду дар зери итоати ба гуфтаи худи Вадудов Ҳасани “даҳмарда” буданд. Бо супориши Ҳасани “даҳмарда” Вадудов Мадиёр бояд дар вилояти Суғд як корпоратсия бо номи Сомон -Суғд ташкил намуда, максимум корхонаҳои вазъи молиявиашон хуб ва фоидаоварро, бо ҳар роҳе набошад, бо зуриву фиреб бо дастгирии раиси пештараи вилоят Қосимов Қосим зери итоати худ медаровард. Ҳамаи ин нақшаҳоро Шералӣ Кабиров аз аввал кураторӣ менамуд. Ҳафтае як маротиба ба Хуҷанд рафта нисбати корҳои кардаи онҳо ҳисобот мегирифту нақшаҳои нави ҷиноятиро дастур дода бармегашт.
Барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷинояткорона, аз як тараф бо супориши Ҳасан Асадуллозода аз тарафи дигар бо супориши раиси онвақтаи вилоят Қосимов Қосим тамоми кормандони мақомоти қудратӣ: КГБ, ВКД, прокуратура, кумитаи андоз ва баъдан агентии зидди коррупсия ҳама дар хизмати ин ду намояндаи “даҳмарда” буданд, то ин ки супориши Пешво ва нақшаи ба Ҳасан Асадуллозода додашудаи ӯ то охир ҷомаи амал пушад. Мардум бояд ҳаминро бифаҳмад, ки бе супориш ва иҷозати пешво Ҳасан ҷуръати як киоскро аз мардум гирифтан надорад. Ҳамаашро пешво пешакӣ дастур медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад. Барои ҳамин аз раисони вилоят сар карда то тамоми раҳбарони идораҳои қудратӣ ин ҷиноятҳоро дастгирӣ менамоянд. Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр дар давоми 3-4 сол, дар вилоят зиёда аз 200 корхонаҳои беҳтарин, бозорҳову амборҳо, автозаправкаҳову мағозаҳоро аз соҳибкорон бо шантажу зуроварӣ ва ё бо пулҳои ночиз ё тамоман бепул кашида гирифтанд, нисбати садҳо одамон парвандаҳои сохтаву бофта ташкил намуда, як қисм одамонро бегуноҳ ба солҳои зиёд паси панҷара равон кардаанд. Солҳои аввал ба ҳамаи ҷиноятҳои онҳо раиси вилояти Қосимов Қосим Раҳбарович ва як муйсафеди қаллоби шантажист, ки худаш зодаи ноҳияи Муминобод асту аз синни 18-19 солагиаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зиндагӣ намуда он ҷо соҳиби оила, хонаву дар ва дар як мағозаи майдаи хурокворӣ то солхои 1993 оромона, биниашро ба ягон ҷой нахалонида кору зиндагӣ мекард, бо номи Назар-ака Қосимов, то он рузе, ки бо собиқ роҳбари дастгоҳ марҳум Салехов Маҳмадназар қудо набуд, кумак мекарданд. Баъд аз соли 2006 ба ҳамаи ҷинояткориҳои онҳо раиси нави вилоят Қоҳир Расулзода кумак мерасонид. Ба маълумоти аниқ яке аз сабабҳои раиси вилоят ва дар охир сарвазир шудани Қоҳир Расулзода ин маҳз дустиаш бо Ҳасан Асадуллозода ва дастгирии ӯ мебошад. Барои ҳамин Қоҳир Расулзода низ бераҳмона барои ғасби молу мулки соҳибкорон ба Вадудов Мадиёр ва Идиев Ҳусейн ёрии худро дареғ надоштааст.
“Назар Қосимов худро ҳоҷӣ, одами поку покиза меҳисобад. Лекин аз ягон намуди бизнес ё пули ҳаром парҳез надорад. Фақат қочоқи сигаретро зиёда аз 30 сол мешавад дар он вилоят ҳамин одам мекунад. Як фарзандашро раиси андози вилояти Суғд монда буд. Касеро мехост ба воситаи писараш миёншикан карда пулҳояшро гирифта боз миёнарав шуда халос менамуд, гуё боз ёрӣ мерасонид. Ҳамаи ин корҳоро Давлатов Нусратулло, раиси Кумитаи андоз хуб медонад ва шохид аст. Барои он ки он солҳо Давлатов низ дар андози вилоят зердасти Қосимов Хуршед буду доимо аз Назар -ака дуо мегирифт. Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр низ мисли дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар хонаи Назар Қосимов дастҳо ба пеш хизмат мекарданд, агар розӣ набошанд, қасам бихуранд дар назди виҷдони надоштаи худ. Нисбати Назар Қосимов ва ҷиноятҳояш бо ду- се мақола сухан тамом навешавад. Албатта дар оянда равшантар маълумот пешниҳод менамоем.”
Бадии кор дар он аст ки ширкати Сомон- Суғд, ки ин қадар корхонаҳоро дар Суғд тасарруф кард, ҳамаи роҳбаронашро аз Колхозободу Қурғонтеппа монданд, ҳоло 75-80% ин корхонаҳо фаъолият намекунанд, роҳбарони корхонаҳо фақат ба фурӯхтани заминҳои дохилу гирди корхонаҳо ва фурӯши таҷҳизоту техникаҳо машғул мебошанд. Мақсад аз ғасби ин корхонаҳо чи буд? Нест кардани ҷойҳои корӣ, нест кардани соҳибкорӣ дар ин вилоят буд.
Дар телевизор 30 сол мешавад пешво даъват мекунад, ки агар шумо ватанатонро дӯст доред ҷойҳои кории нав ташкил кунед ва доимо “қайчии тиллоӣ” дар дасташ ё феълан арғамчини гов тебала кунии Раҳмони чақыр дар дасташ ноҳия ба ноҳия лентабурӣ мекунад, аммо хешу табораш корхонаҳои беҳтарине, ки дар вақт- вақташ андозу маош месупориданд ба нестӣ бурда расонида истодаанд, ин сиёсати пешворо ҳеҷ ақли солим қабул намекунад. Акнун Вадудов Мадиёр гуё ҳақиқатҷуй шудаасту мегуяд, ки мақсади мо аз кашида гирифтани корхона, онро обод кардан нест, мақсади мо ба гуфтаи “даҳмарда” бояд мардум бой нашаванд, ки баъд дарди сарамон мешавад. Охир хуб набуданд, ки ҳамин корхонаҳо фаъолияти муътадил намуда ҳарчи зиёдтар андоз супоранд, мардумро ҷойи кор диҳанд ва ҳатман доляи авлоди шуморо диҳанд. Ҳоло бе “доля” супорӣ ҳатто газетфурушӣ карда наметавони дар кишварамон, ҳоло бизнес ҷойи худаш.
“Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр дар ҳаёти худ як туалет бо пули худ насохтаанд ва ба қадри ин меҳнатҳои мардум ақлашон ҳам намерасад.”
Имрӯзҳо зиндагӣ Вадудовро ба як шароите овардааст,ки у розӣ аст барои як пули ночиз тамоми сиру асрор ва супоришҳои ҷинояткоронаи ба қавли худаш “даҳмарда”-ро барои ноҷавонмардиҳояш, бар ивази хизматҳои чандин солаи Вадудов Мадиёр нисбати вай кардааш пурра ошкор созад. Ниҳоят бо як алам нисбати имрӯза шароиташ ҳарф мезанад, сахт пушаймон аст, ки ба хотири мансабу пулу чизу чора ба ин қадар мардбачаҳо хиёнат кардааст. Намедонад ба кӣ дарди дили худро гуяд. Ҳама ёру ҷураҳо аз наздаш дур шудаанд. Гуё баъд аз қарздор шудан, якчанд хонаву мағозаҳои дар вилояти Суғд будаи худро фурӯхта баъзе аз қарзҳояшро додааст. Имрӯзҳо ба шиносу ношинос мисли девона рози дил мекунаду Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабировро дашном, дигар коре надорад. Ба ростӣ раҳмамон намеояд. Барои он ки Ҳасанро ҳамин се -чор нафар мутилшику иғвогар боз ба роҳҳои бадтар бурданд, агарчи худаш ҳам ягон фаришта набуд, як касофати зинокор!
Ҳасан Асадуллозода бо духтарбозиву айшу ишрати худ аз дунё хабар надорад.
Куратори асосии ғасб кардани бизнесҳо, одамонро дар назди “даҳмарда” сиёҳ намуда, ҳаёташонро сузонидан ва маслиҳатчии асосии Ҳасан Асадуллозода, то солҳои ахир Шералӣ Кабиров буд. Вақтхои охир ба гуфтаи Шералӣ Кабиров ӯро «боло» аз Ҳасан Асадуллозода дур кардааст, яъне «запрет» гузоштааст, ки назди ӯ рафта ҳисобот диҳад. Агар ҳамин тавр гирем аз як ҷиҳат пешво инҷо дуруст ҳам кардааст. Ҳасан дар Ориёнбонк ҳукумати худро солҳои дароз ташкил намуда буд, ки ҳамаи раисону вазирон бо навбат ба қабули ӯ рафта ҳисобот медоданд. Баръакси кор дар маҷлисҳои назди сарвазир фақат муовинони раисону вазирон иштирок менамуданд, ба ҳама вазирон баҳона назди “Раис” будем, яьне назди Ҳасани даҳмарда. Ҳайрон мемонем, одами мактаби миёнаро базур хатм карда ба ин вазирону раисон чи корҳоро ёд медода бошад?!
Хонандагони муҳтарам! Бовар кунед, мо ба ягон нафари қаҳрамонони ин мақола кинаву адоват ё хусумате надорем, фақат мехоҳем, ки халқ каме бошад ҳам бидонад, бифахмад, ки сардорони идораву корхонаҳо ва наздикони пешво то чи андоза худобехабар ва аз ҷамъият дур шудаанду одамонро ҳамчун мурча меҳисобанд. Аз шумо қаҳрамонони мақола хоҳиш менамоям, пеш аз ҳақорату дашном намудани нависанда, ҳатман як дақиқа оромона фикр кунед, ки куҷояш нодуруст аст….
Вадудов Мадиёр бо марги табии гузашт ё Ҳасан ӯро “бе зарар” гардонид?
Дар ҳоле, ки ин матлаб ба нашр омода мешуд хабар расид, ки яке аз қаҳрамонони мақола Вадудов Мадиёр даргузашт. Ин одам ҳазорҳо оиларо сарсон, садҳо корхонаро тасарруф карда боиси аз ҳам пошии никоҳу оилаҳои даҳҳо хешу табор ва шиносҳои худаш шудааст. Инчунин чунин маълумот ҳам расида аст,ки Ҳасан Асадуллоза дар бе зарар гардонияш саҳм доштааст. Ҷузъиёти ин ҳодисаро ҳатман хоҳем гуфт.
Ба хоҷааш Ҳасан Асадуллозода хабари мурдаашро расониданд. Ӯ заҳрханда карда гуфтааст, ки ” и какан нав мурд, ман фикр карда будум, ки 2-3 сол пеш мурдай, хайр ягон нафар бекорчира равонуш кунен бравад, иштирок куна” . Ҳангоме пурсидем пас чаро Ҳасани даҳмарда чунин гуфтааст? Посух чунин буд. Ҳасан хело дар интрига сохтан ва шакле рафтор кардан маҳорати хубе дорад. Мо садҳо далоил дорем, ки ӯ падарро кушта ва ба писараш боз кумак карда, то аслан фикр накунад. Инчунин писарро кушта ва зиндонӣ карда боз ба падараш гуфта ман кушиш мекунам ӯро озод кунам ва пулашро гирифта коре ҳам накарда аст.
Хуб дигар бояд дарси хубе бошад ба дигар чопикҳои ин оила.Ана барои кӣ хизмат кардааст Вадудов Мадиёр. Солҳои охир фишори хун, баландии қанд, бепулӣ, бевазифагӣ ӯро алкоголик сохта буд. Ба гуфтаи шиносонаш дар вақти мастӣ аз ошёнаи дуввум ба замин афтида дар беморхона бистарӣ шудаасту он ҷо инфаркт гирифтааст, ё чуноне гуфтем ба ин кор кумакаш кардаанд.
Бо як соҳибкори фархорӣ, ки номаш Боймурод Мирзоев бо тахаллуси бойи фархорӣ аз солхои 1980 ҷурагӣ, дустӣ ва бародарӣ доштанд. Дар охир ҳарду ба занҳои якдигар чашм ало карда буданд Аъузубиллоҳ аз ин гумроҳӣ ва ….хонавайрон ҳам шуданд. Вақте ки Вадудов Мадиёр бо супориши Ҳасан “Сомонсуғд”-ро ташкил намуд, аввалин шуда ” Гафуровский винзавод”- ро, ки азони Мирзоев Боймурод буд бо кумаку ёрии Назар Қосимов, Қосим Қосимов кашида гирифт. Дар охири ҳаёт Мирзоев Боймурод ҳам сахт бечизу бепул шуда буд. Чанд соли пеш дар як таксии кучаги дар ағбаи Анзоб ба садама дучор шуда мурд. Сабабгори асосии несту нобуд кардани Мирзоев Боймурод ҳамчун як соҳибкор, ҳамчун як дастархондор Вадудов Мадиёр бо Назар Қосимов ҳастанд. Мирзоев Бой ҳам фаришта набуд. Ӯ ҳам аз ҳамин парода буд, аммо воқеияташ ин буд,ки гуфтем. Ин нақлҳои моро мардумоне, ки синнашон аз 50 боло шудааст, хубтару беҳтар мефаҳманд. Барои он ки зиёде аз онҳо ин нафаронро аз ҷавонӣ мешиносанд.
Ps :Ин вижаматолиби шашумро махсус ба ин чанд нафаре исмҳояшон рафт ихтисос додем. Чун,ки ин ҳолатҳо куҳна нашаванд ба ин хотир чунин кардем. Дар мавриди қаҳрамонҳои асосии вижаматолиб,ки Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков хело маълумотҳои зиёде расидаанд. Онҳоро мегузорем ба вижаҳои баъдӣ. Чун,ки ҳоло ҳарфу сухан барои инҳо зиёд аст ва куҳна шави ҳам надоранд.
Поёни бахши шашуми вижаматолиби мо, бо “Ислоҳ” бошед ва аз маълумотҳои дигари мо нисбати ин ғоратгарону тороҷгарон бештар огоҳи пайдо намоед!