Идомаи бедодгариҳои намояндаи “Фронти халқӣ” дар Саъудӣ

Ислоҳ нет

Қабл аз инки ба бедодгариҳо ва ба туҳматҳои сохта гирифтор намудани шаҳрвандон ва донишомӯзони кишвар дар Саъудӣ аз тарафи намояндаи “Фронти халқӣ” шурӯъ намоем, мехоҳам дар мавриди чор донишгоҳе, ки шаҳрвандони мо дар онҳо таҳсил мекунанд маълумоти кутоҳ тақдиматон менамоям. То аз онҳо маълумоти кутоҳе дошта бошед ва пас аз он мепардозем ба асли матлаб.

 

Маълумоти кӯтоҳе дар бораи донишгоҳҳои Саъудӣ

  1. Донишгоҳи Мадинаи мунаввара яке аз донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳонӣ мебошад. Ин донишгоҳ 6 сентябри соли 1961 бо фармони Малик Саъуд ибни Абдулазиз Оли Саъуд таъсис ёфта аст. Тақрибан 58 сол  аз таъсиси ин донишгоҳ мегузарад. Ин Донишгоҳ давлатӣ буда, тобеъи вазорати маъорифи кишвари Саъудӣ ва барои донишомӯзон ройгон аст. Метавон гуфт, ки аз ин донишгоҳ онҳое, ки фориғуттаҳсил гаштаанд, то имрӯзҳо 13 дафъа мебошанд. Донишгоҳ фориғуттаҳсилоне дорад, ки онҳо воқеъан оламшумул щастанд ва шахсиятҳои маъруфе дар олами ислом башумор мераванд. Донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара дорои панҷ факулта буда, панҷ факултаи дигар ҳам дар назар аст дар оянда дарҳои худро ба рӯйи муҳассилин кушояд. Ин донишгоҳ се маъҳад ё институт ҳам дорад.

     

Факултаҳои Донишгоҳи Мадинаи мунаввара

1.)    Факултаи Шариъати исломӣ;

2.) Факултаи Даъват ва Усули дин;

3.) Факултаи Қуръони карим ва диросоти исломӣ;

4.) Факултаи забони арабӣ;

5.)    Факултаи ҳадиси шариф ва диросоти исломӣ;

Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара дорои қисми омӯзиши Диросоти Олӣ ҳам ҳаст, ки албатта он мустақил аст. Муҳассилоне, ки пас аз фориғ гаштан аз донишгоҳ мехоҳанд магестратура ва докторӣ ҳимоят намоянд, агар бакалаврашон мутобиқат кунад, метавонанд онҷо сабти ном ва идомаи таҳсил кунанд. Дар ин қисм феълан чор шӯъба фаъол буда, хоҳишмандон метавонанд аз он мустафид гарданд.

1.)    Шуъбаи Тафсир;

2.) Шуъбаи Ҳадиси Набавӣ;

3.) Шуъбаи Усули фиқҳ;

4.)  Шуъбаи фиқҳ.

Донишгоҳи исломии Мадинаи мунаварра дар олам ҷойгоҳи хоси худро дорад. Баъзеҳо ин донишгоҳро дар савия, услуб ва равиши таҳсил аз Ал-Азҳари Мисри имрӯзӣ бартар медонанд.

Шоёни зикр аст, ки  муҳалиллони соҳаи омӯзишу парвариш ҷойгоҳи баланди донишгоҳи Исломии Мадинаи мунавараро хело тавсиф менамоянд. Ҳатто баъзе муҳаллилон беназираш медонанд. Донишгоҳи Исломии Мадина,  имсол дар таърихи 10 уми январи солли 2019 бо ҷоизаи олӣ дар маҷоли таълими ин кишвар, ки ба ҷоизаи Малик Абдулазиз маъруфаст сарфароз гашт. Ин Донишгоҳ бо таърихи беш аз ним аср худро ба олам муаррифии хубе намудааст. Дар ин донишгоҳ муҳассилон аз хориҷи Саъудӣ имконоти таҳсилро бештар доранд.

  1. Донишгоҳи Имом Муҳаммад бин Саъуд Ал-исломия ин донишгоҳ дар Риёз пойтахти Арабистони Саъудӣ мебошад. Оғози фаолияти ин донишгоҳ аз соли 1974 аст вале ҳамчун мустақил бо биноҳои худ, 5 уми январи соли 1982 ба бунёдаш оғоз гаштааст ва дар соли 1990 оғоз ба кору фаолият намудаст. Ин донишгоҳ дар се кишвари олам Ҷопон, Индинезия ва Ҷибутӣ бахшҳои худро дорад.  Дар Раъсулхаймаи Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам фаръе дошт, ки чанд сол қабл баста шуд ва феълан дар ин се кишвар озодона фаолият мекунад. Ҳудуди 45 сол аст фаолият мекунад ва дорои 13 факултаҳо буда 37401 донишҷӯй дошта, солона 1100 нафар донишҷӯён аз ин донишгоҳ фориғуттаҳсил мегарданд. 1200 донишомӯз ва 7000 ҳазор донишомӯзони магистер ва докторантура дорад. Дар ин донишгоҳ 3400 устод машғул ба таълим мебошанд. Чанд нафари маҳдуде аз донишомӯзони кишвари мо ҳам таҳсил мекунанд.

 

  1. Донишгоҳи Уммулқуро дар Маккаи мукаррама  аст ва таъсиси ин донишгоҳро дар се марҳала мегӯянд. Яке аз қадимтарин донишгоҳҳои Саъудӣ буда, ӯро аввалин донишгоҳи ин давлат меҳисобанд. Аммо ба ин шакле, ки феълан вуҷуд дорад, соли 1980 бо амри Малик Холид таъсис шуда аст. Ин донишгоҳ дорои 102 ҳазор донишомӯз, 35 факултет ва 5078 устод мебошад, ки ба ҳар 20 донишомӯз 1 устод рост меояд. Дар ин донишгоҳ ба қавли манбаъ 14 нафар шаҳрвандони кишвари мо таҳсил мекунанд.

 

  1. Донишгоҳи Малик Саъуд дар шаҳри Риёз пойтахти ин кишвар аст ва 6 ноябри соли 1957 таъсис шудааст. Дуввумин донишгоҳи бузурги Саъудӣ пас аз донишгоҳи Уммулқуроъ мебошад. Як дарсади мизонияи давлати Саъудӣ дар ин донишгоҳ сарф мегардад. Дорои 20 факултет буда 61704 ҳазор донишомӯз буда дорои 7614 устод,ки дар ҳашт донишомӯз як устод баробар меояд.Ин донишгоҳ дар соли 2015 ба 91 кашфиёти ҷадиду ихтироъоти навин дар олам маъруф гаштааст,ки дигар донишгоҳҳои олам онро истиқбол ва навгониҳои  ҷадиди олам шумурдаанд.Бархе ин донишгоҳро давлати кучаке дар дохили давлат медонанд. Шомили феҳристи 200 донишгоҳҳои беҳтарини олам буда дар чандин маҷолҳо зинаҳои болоро ишғол мекунад. Дар Осиё, миёни донишгоҳҳои маъруфи олам ҷойгоҳи 42 –ро ишғол мекунад. Дар ин донишгоҳ аз шаҳрвандони мо 15 донишҷӯй мехонанд.

 

Сарсониҳои донишҷӯён аз паи одамшикории Сафорати Тоҷикистон

Сафорати Тоҷикистон дар Саъудӣ баргардонидани донишомӯзони тоҷик аз донишгоҳҳои Саъудӣ ба кишварро  яке аз вазифаҳои муҳимм худ медонад.

Шахсони зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Саъудӣ таҳсил мекарданд вале бо сабабҳои сохтае ба ватан рафта, дубора барои идомаи таҳсил барнагаштаанд. Ҳолати ин донишҷӯён дар Тоҷикистон бе ниҳоят вахиму дарднок аст. Аммо наздикону пайвандонашон барои боз ҳам вазъашонро вахим накардан розӣ нашуданд, то номҳои онҳо ва ҳолатҳои онҳоро дар мақола зикр намоям. Ҳамин андоза мегӯям, ки ҳолати донишҷӯёни баргашта ба кишвар дақиқан аз мусибатҳое, ки ҳукумати Чин ба сари Уйғурҳо дар Туркистони шарқӣ овардааст, ҳеҷ фарқияте намекунад. Дигар барои хонанда вазъият бояд равшан бошад. Танҳо ин ҳолатро бо шикоят ба мақомоти волои ҳимояти ҳуқуқи башари СММ  ва дигар муассисаҳои ҳуқуқи башар метавон дар миён гузошт. Ин режим ватани моро ба як қассобхонаи бузург ва шаҳрвандонро мисли ғуломон ҳар коре хоҳад мекунад. Боз ҳоло ҳам наздикони ин мазлумон дар баробари ин ҳама зулм ва шиканҷаҳо хомӯширо афзал медонанд.

Боздошти Эшони Абдуқодир дар Украина

Дар моҳи октябри соли 2018 фориғуттаҳсили қисми Магистраи донишгоҳи Малик Саъуди шаҳри Риёз, Абдуқодир Носиров, маъруф ба Эшони Абдуқодир? писари эшони Маҳдихуҷа(раҳ) яке аз рӯҳониёни маъруфи кишвар дар Харкови Украина боздошт шуд. Ба иттилоъи манбаъи Ислоҳ Эшони Абдуқодир ҳангоме,ки каме эҳсос намуд, ки ӯ намедонад барои кадом ҷиноят дар пайгард қарор дорад. Аз Риёз пойтахти Саъудӣ ба самти Дубай ва аз онҷо ба Киев парвоз намуд. Дар фурӯдгоҳи Берисполи Киев аз контроли сарҳадбонон гузашт ва дар онҷо чизе барояш мушкил нашуд. Аммо пас аз гузашти тақрибан ду моҳ, санаи 14 уми декабари 2018 дар ноҳияи Дзержинскии шаҳри Харков аз тарафи пулиси Украина боздошт гардид. Сабабро вақте пурсиданд, гуфтаанд, ки Эшони Абуқодир дар ҷустуҷӯйи пулиси интерпол қарор доштааст. Қазияи Эшони Абдуқодир Носиров бо талаби суди вилояти Хатлон сурат гирифтааст ва барояш бо модаи “популарний” 307 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ислоҳ тибқи манбаъҳояш дар қазияи ӯ маълумотҳое дастрас намуд. Дар куҷо қарор дорад ва адвокаташ кӣ аст ҳамаро дар даст дорем. Барои бехатарии Эшони Абдуқодир онҳоро расонаӣ намекунем.

Ман шахсан худам Эшони Абдуқодирро хуб мешиносам ва аслан ӯ дар масоили сиёсӣ суҳбат намекард. Ҳамеша, аз сиёсат дур буд вале як шахси фаҳмида ва огоҳу муслиҳе ӯро мешиносам. Ин боздоштро ман танҳо барои он баромадҳои видеоие, ки дар ютуб сурат гирифтааст медонам, ки ҳама он баромадҳо характери тарбиявӣ, таърихӣ ва динӣ доранд. Дар он суханрониҳо хушунат, даъват ба салафият ё сарнагунии ин режим ҳарфе гуфта нашудааст. Боз ҳам бармегардад қазия ба Сафорати Тоҷикистон дар Саъудӣ, маълумотҳои бардурӯғро нисбати донишҷӯён тақдим намудани намояндаи “Фронти халқӣ” ба мақомоти амниятии кишвар.

 

Иттиҳом ба такфирӣ

Муҳаммадҷони Абдуҷалил, яке аз фориғутаҳсилони дорулҳадис дар Маккаи мукаррама ва корманди ҳарами Маккӣ, ки ба тарҷумаи хутбаҳои имомони ҳарами Маккӣ бо забони форсӣ машғул буд. Инчунин маҷмуъаҳои даъватӣ ва улуми исломиро дар шабакаҳои интернетӣ нашр мекард. Муҳаммадҷони Абдуҷаллил дар маҷмуъаҳои ватсапӣ, телеграмӣ бо номи Абусалмони Бухорӣ маъруф буд. Бале, ӯ пайрави аз мазҳаби Салаф мекард ва ба он даъват мекард. Инро аз касе ҳам пӯшида ва пинҳон намекард. Тибқи маълумоти Ислоҳ ватсап ва маҷмуъаҳои дарсияш дар ватсап аз 1 уми декабр дохил нашуда аст. Аз чанд гурӯҳаш ҳам хориҷ шудааст. Дар оғоз ҳама наздиконаш фикр мекарданд, ки ӯро раҳо мекунанд, чун ҳеҷ мушкил бо ҳукумати Саъудӣ надошт. Аммо, ин мушкил аз тарафи Сафорати Тоҷикистон дар Саъудӣ ва бо талаби Тоҷикистон сурат гирифта истодааст. Як манбаъи ҳукуматии мо аз Саъудӣ чунин мегӯяд: Сабаби боздошти Муҳаммадҷони Абдуҷаллил тибқи аризаи чанд нафар аст, ки ӯ аз онҳо қарздор будааст. Боздошти Муҳаммадҷони Абдуҷалил тибқи талаби ҳукумати Тоҷикистон тавассути сафорат сурат гирифта аст.Манбаъи дигар ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд,ки Муҳаммадҷони Абдуҷаллил барои интиқодҳояш аз ҳукумат бо дархости ҳукумат сурат гирифта аммо барои инки ҳукумати Саъудӣ ӯро боздошт намояд бо зиракии намояндаи “Фронти халқӣ” Зробиддин Қосимӣ ӯро “Такфирӣ” гуфтааст,то Саъудӣ ӯро боздошт намояд.Тибқи хабари манбаъ чандин номаҳо омада буданд вале ба онҳо Саъудӣ аҳамият намедоданд.Аввал ин услубро дар Назратуллоҳ санҷиданд,ки кор кард дар Муҳаммадҷони Абдуҷаллилҳам онро истифода намуданд.Муҳим ҳоло дар Ҷидда дар тавқифгоҳ қарор дорад ва мунтазири истирдод ба кишвар аст.Хонаводаш дар Макка қарор доранд вале хонаводаашро боздошт накардаанд.

Назратуллоҳ Абдуқодиров, писари Абдулҳай  соли таваллудаш 1975 зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Албатта дар мавриди Назратуллоҳ маълумоти мо чунин аст,к и ӯ дар Яман таҳсил намудааст ва аз шогирдони Шайх Муқбил аст. Таҳсилоти ӯро дар Саъудӣ натавонистем дақиқ кунем, ки ӯ таҳсил намудааст ва ё на. Ин рӯҳонӣ бо дарсҳояш миёни шаҳрвандони Қазоқистон маъруф буд ва ҳаводорону шогирдони зиёде аз ин кишвар дошт. Инчунин дар Русия ҳам дарсҳои ӯро гуш медоданд ва бештари дарсҳояш бо забони русӣ мегузаштанд. Ҳама дарсҳояш аз тавҳид ва Худошиносӣ ва дарсҳои ақидавӣ иборат буданд.

Назратуллоҳ, домоди Домулло Абдурраҳими Аштӣ буда, бо ҳамсару ду писару ду духтарашон дар Мадина зиндагонӣ мекарданд. Ӯро дар моҳи октябр мақомоти интизомии Саъудӣ бо ҳамсару фарзандонаш якҷо боздошт намуданд. Тавре хабар ёфтем, Назратуллоҳ Абдуқодировро бо як шогирдаш Дилмурод бо тахаллуси Абумуҳаммад, бо ҳама аҳлу оилааш дар як шаб боздошт намудаанд. Нахуст, дар шаҳри Мадинаи мунаввара дар боздоштгоҳ нигоҳашон доштаанд ва пас аз он ба Ҷидда интиқолашон додаанд. Дилмуродро бо ҳама аҳлу оилааш пас аз як моҳи боздошт ба Қазоқистон  истирдод намуданд. Аммо оилаи Назратуллоҳро пас аз як ҳафта пулис гуфтааст метавонед билет харед, ва онҳоро ба ҳар куҷое мехоҳед фиристед. Пас аз он оилаи Назратуллоҳ Абдуқодиров бо чор фарзандаш ба як давлати дигар фиристода шудаанд. Савол инҷост, ки вақте Дилмуродро ба Қазоқистон фиристоданд, чаро Назратуллоҳро бо талаби Қазоқистон сурат гирифтааст. Манбаъ афзуд, ҳангоме, ки Дилмуродро ба Қазоқистон истирдод кардаанд, Назратуллоҳ гуфта будааст, ки моро ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун “Такфирӣ” муаррифӣ кардааст. Такфирӣ, яъне доъишиҳо ё онҳое, ки ҳокимонро ҳамдасти аҷнабиён мехонанду ба итоъат накардан аз онҳо мардумро даъват менамоянд. Бо гуфти Назратуллоҳ ӯро бо ин модда гунаҳгор медонанд. Ӯ гуфтааст,  ман зидди ин такфириҳо будам ва ҳамеша суханрониҳо ва дарсҳоям гувоҳи инанд.

Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон бояд ин иттиҳоме, ки ба Назратуллоҳ намудааст онро собит намояд. Дар акси ҳол ӯро то шашмоҳ боздошт менамоянд ва дар сурати исбот нашудани ин иттиҳом ӯро пас аз шашм моҳ, ки тақрибан ду моҳ ё камтар мондааст раҳояш месозанд.

Хонандаи гиромӣ! Дурӯғҳои мақомоти кишварро диққат диҳед ва худатон хулоса намоед. Аввал мегӯянд, Назратуллоҳро бо дархости тарафи Қазоқистон боздошт намуданд, ин кор дасти мо нест. Ин дар ҳолест,  тибқи манбаъи мо Назратуллоҳ Абдуқодиров соли 2013 аз Тоҷикистон шиноснома гирифтааст ва шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дуввум, вақте ҳеҷ иттиҳоме пайдо карда натавонистанд, дар ҳол худро диндор мегиранду ба мақомоти Саъудӣ шаҳрванди худашро ба такфирӣ будан туҳмат мекунанд, то ӯро барояшон таслим кунанд. Аммо бехабар аз ин ки барои ҳар иттиҳоме исбот ва далел лозим аст.  Ҳама кишварҳо мисли қонуни ҷангале дар судҳо ва маҳкамаву додгоҳҳои мо надорад.

Рӯз аз рӯз шармандагии ин режим бармало мегардад ва чеҳраи аслии ҷиноятпешааш барои шаҳрвандон ва дигар кишварҳо ошкортар мегардад. Агар ҳукумати Тоҷикистон натавонад исбот намояд, ки Муҳаммадҷони Абдуҷалил ва Назратуллоҳ Абдуқодиров такфирианд, онҳоро додгоҳи давлати Арабистони Саъудӣ озод менамояд.

Ба гуфти манбаъ ҳама ончӣ дар даст доштанд. ин ду ба мақомоти Саъудӣ тақдим намудаанд, ки мо мухолифи такфириҳо будем ва бар алайҳи онҳо садҳо мақола ва суханрониҳо доштем. Ҳамчун далели шайъӣ аз ин ду пазируфта шуда аст. Акнун инҷо бояд ҷаноби такфиришиносон Сулаймон Давлатов аз кумитаи дин ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода ташриф биёранд ва собит намоянд, ки ин ду такфирӣ ҳастанд ва аз обрӯйи набудаи режим ҳимоят кунанд. Дар ғайри ин Саъуди ҳам шайтанати ин режими Исломситези Эмомалиро мефаҳмад ва дигар ба ин иттҳомоти намояндаи “Фронти халқӣ”, ки дар Саъудӣ дорад, аслан бовар намекунанд. Аз як нигоҳ ин кор ҳам хело хуб аст, то барои дигар бегуноҳони мо дар ин кишвар иқомат ва зиндагонӣ осонтар шавад.

 

Муҳтадӣ Абдуқодиров чигуна ба кишвар баргашт?

Муҳтадӣ Абдуқодиров бародарзодаи муфтии кишвар дар натиҷаи фишорҳо аз Саъудӣ  ба кишвар баргашт. Вале қазияаш, то ба ҳол норушан боқӣ мемонад. Аммо, мақомоти кишвар мегӯянд, ӯро аз Саъудӣ истирдод намуданд. Намедонем кадомашро қабул кунему онро воқеъӣ фикр кунем. Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳамсару фарзандони Муҳтадӣ то ба ҳол дар Саъудӣ қарор доранд ва ба ватан барнагаштаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад,  шахсоне, ки ба ватан бармегарданд ба афв ва бахшишҳои дурӯғини мақомот чандон бовар надоранд. Ба он ҳақ ҳам доранд. Зеро миллат ин режимро хуб мешиносаду аз дасташон дар ба дару хок бар сар ва зиндонию кушта шуданд.

 

“Пешво” дар ғами киса аст ё мардум?

Агарчӣ дар маҷлиси солонаи моҳи ҷорӣ Эмомалӣ Абдурраҳмон ба вазири хориҷаи кишвар таъкид намуд, ки дар масъалаи намояндагиҳои кишвар дар хориҷ диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар мавриди он санадҳое, ки имзо шудаанд барои иҷрошавии он диққати ҷиддӣ диҳед. Аммо барои бесарусомониҳое, ки Сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии кишвар дар хориҷ бар алайҳи шаҳрвандони кишвар дар хориҷ карда истодаанд дастуроте дода нашуд. Иҷрои санадҳои ба имзо расидае, ки аз онҳо барои оилаи Эмомалӣ манфиъат меоранд бояд назорат шаванд. Аммо дар мавриди мушкилоти шаҳрвандони кишварро бароварда кардан ҳеҷ дастуроте дода нашуд. Чаро?

Дар мавриди ҷиноятҳои намояндаи “Фронти халқӣ” дар Арабистони Саъудӣ, Заробиддин Қосимӣ,  Сафири Тоҷикистон дар Мисри араб, намояндаи доимии ҶТ дар ИДА, Хусрав Нозирӣ ва кормандони мардумозораш таҳқиқро идома медиҳем.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article