Ҳикмати нуҳуфта дар ғурбат

Ислоҳ нет

Ҳикмати нуҳуфта дар ғурбат

Ғарибиро бувад ранҷҳои бисёр,
Надонад ин ҳама ҷуз аҳли ахёр.
Агар пурсанд: чаро номидӣ ахёр?
Назар кардам бар таърихи ахёр,
Бидидам дар ба дар аз аҳли ахёр,
Надидам бадманиш ва-з аҳли ашрор.
Яке мисли асир аст бекасу зор,
Яке дар банди мушкил аст гирифтор.
Ҳама ончи бидидам анбиёанд,
Пас аз он ворисони анбиёанд.
Пас аз он амсалу амсал бидидам,
Яқин кардам, ки ин мероси онҳост.
Агар ворис бипурсад чист мерос?
Бигирад ончи бигзоштаст марҳум.
Надидӣ он ҳама аҳли хирадро,
Пазируфтанду бархостанд аз ҷой.
Бикарданд тарки мулку сарзамин-шон,
Бигаштанд дур аз аҳлу аёл-шон.
Ҳама олам барошон мулки Аллоҳ,
Чашиданд он чи бигзашт бар салафшон,
Бидидам аз ҳама беш шукру эҳсон,
Накарданд шиквае ҷуз шукри Аллоҳ.
Илоҳо, ин чӣ ҳикмат буд дар кор,
Надонад лаззаташ ҷуз аҳли ахёр.
Илоҳо, ончи гуфтам воқифи ту,
Бидеҳ нусрат ахёрро дар кор.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article