Ҳикмату масалҳо андар боби сукут (хомӯшӣ)

Ислоҳ нет

Ҳикмату масалҳо андар боби сукут (хомӯшӣ)

Чӣ некӯ достоне зад яке дӯст,
Ки хомӯшӣ зи нодон сахт некӯст.
Хомӯширо аз беҳтарин роҳу равиш метавон шумурд, аз ин рӯ дар ростои ин равиши намуна барои хонанда аз панду ҳикмат ва масале, ки аҳли уламо ва ҳукамо дар боби хомӯшӣ гуфтаанд, баён медорем.

– Дар илми балоғат хомӯширо беҳтарин услуб медонанд, дар ҳоле ки накӯ сухан гуфтан натвонӣ.

-Агар аз ончӣ дар замират ҳаст сухан гуфтӣ, накӯ кардӣ, аммо аз замират берун гуфтӣ бад кардӣ.
Хомӯшӣ беҳ, ки замири дили хеш,
Бо касе гуфтану гуфтан, ки магӯй.

-Сукут аломати ризост.

– Онеро, ки нагуфтаӣ метавони рад кунӣ, аммо онеро, ки гуфтаи
наметавон инкораш кунӣ.

– Туро ҳушдор медиҳам! Магзор сари сабзатро забони сурхат аз даст бидҳад.

– Сухан бигӯ, зеро Аллоҳ бо Мусо (а) сухан гуфт.

– Беҳтарин сухан ин нигоҳдории забон аст.

-Беҳтарин сухан он аст, ки кам бошад, аммо бар чизе далолат кунад.

– Гоҳо сукут аз бисёр гуфтан афзалтар аст.

– Гоҳо сукут аз ханҷар қавитар аст.

-Гоҳо сухане дардисарҳо ва бесару сомониҳоеро ба бор меоварад.

– Гоҳо сухан таманно мекунад, то гӯяндааш ӯро нагӯяд.

– То он даме, ки сухан нагуфта бошӣ сухан асири туст, вақте сухан гуфтӣ ту асири сухани.

– Саломатии инсон аз ширинии сухани ӯст.

– Синаи ту фарох аст аз он ҳама асроре, ки дар худ дорӣ.

-Синаҳои озодагон қабрҳои сирҳост.

– Як мушт хӯрдан беҳтар аст аз сухани ноҷое, ки ҳамеша дар зеҳни инсон мемонад.

– Гоҳо мардумоне ҳастанд, ки паррандагон аз хомӯшии онҳо болои сарашон менишинанд.

– Ҳар сирре,ки миёни беш аз ду нафар гуфта шавад ҳатман паҳн мешавад.

-Ҳаргиз суханеро бе биниш магӯ, зеро забон чашм надорад ва чизе, ки биниш надорад ҳатман иштибоҳ мекунад.

-Сухан магӯ, дар ҳоле намедонӣ.

– Забони шахс ин тарҷумони ақли ӯст, ҳангоме, ки ақлаш тира шуд забонаш хато мекунад.

-Забони ту ин аспи туст, агар ҳифзаш намудӣ ҳифзат менамояд, агар хораш карди хорат мекунад.

– Сукуткунанда аз ҳақ ин шайтони гунг аст.

– Гоҳо ҳукми қатли шахс миёни ду лаби ӯст.

-Забонамро нигоҳ доштам хеле душвор буд, аммо яқин кардам, ки мантиқамро дарёфтам.

-Шахсе сирри худро миёни худ ва дигарон ҳифз намуд, пас ҳамеша ихтиёр дар дасти худи ӯст ва ӯ ҳамеша озод аст.

-Забонатро ҳифз кун, магӯ имтиҳон шудаам, ҳаргиз ту бемантиқ имтиҳон нахоҳӣ шуд.

-Гоҳо баъзе суханҳо мисоли бодро мемонанд.

– Захми забон мисли захми даст аст.

-Гоҳо хомӯшӣ пардаи хубест аз нохӯшиҳо.

Хамӯшӣ пардапӯши роз бошад,
На монанди сухан ғаммоз бошад.

– Ҳангоме, ки сухани зишту носазо аз забон берун шуд, неъмати осуда будану ором зистанро ҳам бо берун шудани он сухан метавонӣ фаромӯш кунӣ.

– Шахсе сирри худро пеши худ нигоҳ надошт, пас вақте онро барояш гуфтанд касеро аз атрофиёнаш душман наҳисобад.

– Сухан ба боз истодани лабҳо поён меёбад, хомӯширо ҳайбатест, ки онро шахсони оқил дарк мекунанд. Инчунин гоҳо хомӯшӣ кореро анҷом медиҳад, ки ҳеҷ суханваре наметавон онро анҷом бидҳад.

– Хомӯшӣ занонро беҳтарин зинат аст.

-Хомӯшӣ баҳрест бекарон аз сухани зиёде, ки забон аз баёни яксони он оҷизу нотавон аст.

-Гоҳо баъзе хомӯшиҳо дорои садоҳо, носазогӯйиҳо нобасомониҳое низ метавон бошад, зеро қабл аз он хомӯшӣ сухане, ки сабаби ин ҳама шуд онро гуфта гузашт.

-Хомӯшии мурдагон гоҳо боис мегардад, онҳое, ки дар қайди ҳаётанд ба бемории ҷунун мубтало гарданд.

-Хомӯшӣ давоест онро хӯб омӯхтаам, ҳар вақте ҷуръае аз он нӯшидам аз ҳама дард шифо ёфтам.

-Албатта хомӯшӣ гоҳо шубҳаовар аст, аммо сухани зиёд гуфтан ҳам аз хомӯшӣ шубҳаовартар аст.

-Имкон надорад собит кунӣ шахсеро, ки бо ту гӯё муомилаи бад мекунад. Ту ҳақ надорӣ бар инки хомӯшии ӯро ба муъомилаи бад нисбатат бардошт намоӣ.

– Агар хоҳиши фаҳмидани ончи дар замири душманат ҳаст, бошӣ, пас дар муқобилаш хомӯш бош ва зиёд сухан магӯ, зеро хомӯшии ту сабаби дар ҳайрат мондан ва тааҷуби ӯ мегардад.

-Сабаби ҳама ноҳамдигарфаҳмӣ гуфтани суханони бетааммули тарафайн аст. Хомӯшӣ сабаби муҳаббати тарафайн аст, агар онро фаҳманд.

-Барои ту хомӯширо омӯхтам, то инки ҳаргиз сарзанишат накунам ва бигӯямат: ту маро хор кардӣ.

-Агар хомӯширо эҳсосу дарк мекардӣ, агар навои сарду дилафгори хомӯширо мешнидӣ худро садпора мекардӣ ва он гоҳ мусибате, ки ман гирифтори онам огаҳ мегаштӣ.

-Гоҳо ниёзи зиёд ба хомӯшӣ дорем, то бо он ғубори суханонамонро бишуем.

-Ҳангоме, ки хомӯшӣ шиори зиндагон шуд, пас бешак онҳо зиндагоне ҳастанд, ки дар қабри бузурге умр ба сар мебаранд. Агарчӣ мехӯранду менӯшанд ва зиндагӣ мекунанд.

– Мо бешак дар хомӯшӣ меоем ва дар оромиш равонем, мо зиндагоне ҳастем хомӯш. Мо ба сони фасли хазонем.

-Мо нотавононе ҳастем, ки намедонем чӣ кор кунем, танҳо сухан мегӯем, оё сухан гуфтан кофист? Савганд ба Худо хомӯшӣ беҳтар ва афзалтар аст аз ончи мегӯем.

-Хомӯшӣ барои инсон хеле муҳим аст, инсон ба он ниёз дорад. Аз ин рӯ Аллоҳ хобро барои инсон ихтисос дода, то ӯ хомӯш бошад ва истироҳат кунад.

-Ҳар ойна қаҳрамонон ба хомӯшиашон қавме ҳастанд, ки кори хайр анҷом медиҳанд.

-Албатта инсоният заифу нотавон аст, аммо намехоҳад хомӯш бимирад.

-Хомӯшӣ як неъматест хеле олӣ, аммо бисёре аз мо аз он маҳрумем.
-Агарчӣ ман бузургсолам ва ҳарчӣ умрам меравад ба хомӯшии зиёд майл мекунам, аммо аз фикри ин ҳама суханоне, ки мешунаваму мебинам ба беморие мубтало гаштам.

-Албатта хомӯшӣ сиёсат нест.

– Дар оромӣ неъмат аст ва дар хомӯшӣ ҳаёт аст, миёни ин ду хикматҳое нуҳуфта аст, ки касе онро намефаҳмад.

-Даҳонатро истифода макун, ба ҷуз ду чиз. Табассум ва табассуми бесадо, зеро бо ин амалат ҳама мушкилотро сипарӣ мекунӣ.

-Сухан ин муъҷизаест барои инсон ато гашта. Дуруст аст, ки хомӯшӣ ҳикмат аст, лекин сухани некӯ хуб аслаш собит аст ва шохаҳояш дар паҳнои осмонҳост.

-Агар аз шармандагӣ метарсӣ ва медонӣ, ки сухани хубе гуфта наметавонӣ, аммо бар зами ин ҳама наметавонӣ хомӯш бошӣ, пас сухан бигӯ, то шарманда гардӣ.

-Калимаҳо ҳаргиз наметавонанд ба он чизҳое, ки дар дили инсон нуҳуфта аст осонӣ ва сабукӣ оранд, аммо сукут ба танҳоӣ метавонад ончи дар дил доред, онро сабук намояд.

-Ниҳояти баъзе сукуту хомӯшӣ гулугирӣ ҳам дар пай дорад, аммо бо гиряи чанд дақиқае ва ё гоҳо чандсоата ва ё чанд рӯзае, ки дар саҷдаҳо мебошад поён меёбад. Вой бар ҳоли шахсоне, ки он гиряҳоро бидуни саҷдаҳо мегузаронанду ҳамрози худро махлуқ мешуморанд на Холиқ.

– Бузургтарин мушкилот дар хомӯшӣ ин аст, ки ӯ дӯсти хомӯш ва бе садост. Ончӣ ту дар дил дорӣ мешунавад, аммо ҷавобат намедиҳад.

– Ба хомӯшӣ одат кардаам, ҳатто то он ҳад, ки мисли луғате, ки маро дар вақти кор ва тарсам ҳамроҳ ҳаст.

– Ман душвории навиштанро медонам, дар ҳоле, ки ба он одат накарда бошам. Инчунин медонам сахтиву сангинии хомӯшӣ ва сукутро ҳангоме, ки сухан мегӯем ва шахсеро мебинем хомӯш нишаста, дар фикри чизе ҳаст.

-Хомӯшӣ илми бузургест аз илмҳои калом.

-Хомӯшӣ қалъаи бузургест, ки ӯро девори ҳикмат иҳота кардааст.

– Хомӯшӣ дӯсти ягонаест, ки ҳаргиз туро хиёнат намекунад.

-Хомӯшӣ ягона матне аст, ки гоҳо ӯро ба бадӣ ҳам мефаҳманд.

-Гоҳо афроде, ки ҳамеша хомӯшанд онҳо хатарнок ҳам ҳастанд.

-Омӯхтам хомӯширо аз таракан, кӯшиш карданро аз танбал, фурӯтаниро аз мутакаббир. Аҷоиб дар он аст, ки ба бузургии ин муаллимон эҳтиром қоил нестам.

– Андеша кун, ки чӣ тавр дарахтон, гулҳо, наботот дар хомӯшӣ нашъу нумӯ мекунанд. Инчунин чӣ тавр моҳтоб, офтоб, ситорагон дар хомӯшӣ ҳаракат мекунанд. Агар ин ҳамаро хуб андеша намудед ба хубӣ мефаҳмед, ки то чӣ андоза мо ба хомӯшӣ ниёз дорем, то инки муассир бошем.

-Оғози илм хомӯшӣ аст, дуввумаш гӯш фаро додан, саввумаш ҳифз намудан, чорумаш амал, панҷумаш нашр намудани он.

– Гоҳо ба мо лозим аст хомӯширо ихтиёр намоем, то дигарон моро гӯш диҳанд.

-Ба мо лозим аст дар хомӯшӣ амал намоем, аммо набояд хомӯшӣ амаламон бошад.

-Мусибат дар зулми ситамкорон нест, балки дар хомӯшии некон аст.

– Хомӯшӣ хуб аст ва сукут саломати аст. Ҳар вақто, ки пеш рафтӣ бо ларза ва тарс пеш марав, собит ва устувор бош. Агар аз хомӯшии ман боре пушаймон гаштӣ, аммо медонам борҳо аз суханонам пушаймон гаштаам.

– Гоҳо сукути баъзе ашхоси боҳайбат чунон судманд аст, ки суханонаш чунин ҳайбат надорад.

– Онеро, ки бо сухан натавонистӣ баён кунӣ, пас аз баён намудани он хомӯш бош. Зеро хомӯшӣ барои шахсе, ки хомӯш аст роҳату гуворост. Инчунин дар ҳар масъалае, ки аз баёнаш оҷиз мондӣ хомӯширо ба кор бар. Баъзе қавлҳое аст, ки посухи он сукут аст.

– Дар маҷлисе, ки оқилон ҳузур доранд, хомӯшӣ зинати ҷоҳил аст.

-Гоҳо хомӯшӣ беҳтар аст аз таъбиру баёни баъзе калимаҳое, ки бо садо додани он нохӯшӣ ва мусибат ба бор меояд.

-Нурафшоние, ки гоҳо дар торикиҳои паҳновар сукут мекунад, ҳазор қандилу фонусҳо наметавонанд онро равшан кунанд.

– Инсон пас аз чанд соли таваллудаш сухан гуфтанро хуб меомӯзонад, аммо муназзамаҳо ва созмонҳои ватанӣ бақияи умри ӯро мехоҳанд бо хомӯшӣ бигузаронанд.

– Ончи ман дар умрам, дар ин масъала омӯхтам ва муқоиса намудам ин буд: Фарқи бузурге миёни хомӯшии бузургон ва хомӯшии бузургсолон вуҷуд дорад. Хомӯшии бузургон ба воқеъияти ҳолаш қиёс карда мешавад, аммо хомӯшии бузургсолон ба андозаи худаш.

-Шак нест, ки сухан гуфтан дар муқобили туҳматҳое, ки бар ӯ мешавад ҳимояткунандаи шахс бошад, аммо он ҷое, ки сухан гуфтанат суд надорад хомӯшиат ҷаҳони маънист.

– Хомӯшие, ки дар паяш мусибати бузургеро дорад бадтар аст аз суханони носазое, ки сатҳӣ гуфта мешаванду дар пай мусибате надорад.

– Ашхосе ҳастанд, тавре ки ман сухан мегӯям, менависанд. Аммо ман тавре ки бар худ хомӯширо лозим мешуморам, менависам.

-Оне, ки хомӯш аст камтар месӯзад, аз оне, ки сухан мегӯяд (ин сӯхтан дар охират аст, зеро дар ин дунё баръакс аст, гӯянда мегӯяд, дилам холӣ шуд, ҳама ончи дар дилам буд, гуфтам)

-Ман шоирам хомӯширо дар пинҳонӣ менависам ва дар он об мегардам. Ҳама олам ба ин бузургияш барои шеъру қасидаҳои ман кӯчаку хурд аст.

-Мекӯшам суханонеро, ки лоиқи туст пеши худ нигоҳ дорам ва бояд онро бигӯям. Бо ангуштонам калимотро мешуморам, ки чиро гӯяму чиро нагӯям, аммо дар ман хомӯшӣ ва даҳшати ончи дар ботинам ҳаст боқӣ мемонад.

Ба ҳамворӣ тавон мағлуб кардан хасми саркашро,
Ки бо чандин забон хомӯш ба муште об шуд оташ.

Умед аст аз ин ҳикматҳо суд баред.

Share This Article