Ҳикояти Малик Солеҳ

Ислоҳ нет

Ҳикояти Малик Солеҳ

Малик Солеҳ аз подшоҳони диёри Шом бо ғуломаш берун омад ва дар атрофи бозор ва кўчаҳо мисли арабҳо нисфи рўяшро пўшида гашту гузор мекард. Ў инсони соҳибназар ва дўстдори камбағалону фақирон буд ва ҳар кас ин ду хислатро дошта бошад, дар ҳақиқат малики солеҳ, яъне подшоҳи шоиста аст. Вақте ки аз дари масҷид мегузашт, дар дохили масҷид ду дарвешро дид, ки хуфтаанд, парешонҳолу ошуфтахотир ва аз сардии ҳаво хобашон намебурд ва мунтазири баромадани офтоб буданд ва миёни худ чизе мегуфтанд. Подшоҳ оҳиста ба сўҳбати онҳо гўш дод, ки яке ба дигаре мегуфт: – «Рўзи қиёмат доварӣ кунанд ва ин подшоҳони мутакаббир ва сарфарозро, ки тамоми умр дар айшу ишрат ва бозию ханда ба сар мебаранд, ҳамроҳи фақирон ва оҷизон дохили биҳишт кунанд, ман аз гўр баланд намешавам ва сарамро аз хишт намебардорам. Мулки биҳишт бояд ҷойи махсуси мо бошад, чунки ҳама ғаму ғуссаи дунё имрўз ба пойи мо печида аст. Мо аз ин подшоҳон дар тамоми умр чӣ хубӣ дидем, ки дар охират ҳам музоҳими мо бошанд ва дар биҳишт ҳам ҳамроҳи онҳо бошем. Агар ин Малик Солеҳро болои девори биҳишт бинам, бо кафшам сарашро мекафонам ва мағзи сарашро берун мекунам».

Вақте ки он мард ин суханҳоро ба забон овард ва Малик Солеҳ онро шунид, дигар истоданро дар он макон маслиҳат надид ва зуд аз он ҷо рафт ва то баромадани офтоб ва бедор шудани мардум ба гашту гузори худ идома дод ва дар аввали рўз ба тахташ нишаст ва дастур дод, ки ду нафар ба масҷид бираванд ва он ду фақирро ба дарбор ҳозир кунанд. Худи шоҳ бо ҳашамат ба болои тахт нишаст ва он фақиронро бо ҳурмату эҳтиром дар наздикии худ нишонд ва мисли борон ба онҳо нозу неъмат бахшид ва гарду ғубори хориро аз вуҷуди онҳо шустушўй дод. Чӣ хуб аст, ки пас аз ранҷи сармо, дидани борону сел омаданд ва бо бузургон ва муқаррабони подшоҳ ҳамнишин шуданд. Ин гадоёне, ки бе ҷомаву либос шабро рўз мекарданд, акнун ҷомаҳои зеборо пўшиданд ва онро бо атру хушбўйиҳо сару тани хешро муаттар намуданд.

Яке аз ин ду фақир оҳиста ба Малик Солеҳ гуфт: – «Эй подшоҳе, ки ҷаҳон ба ҳукми ту мисли ғуломи ҳалқа ба гўш фармонбардор аст, инсонҳои хуб ва писандида ба бузургӣ мерасанд ва шоистаи иззату эҳтироманд. Ҳоло аз мо, фақирон чӣ дидӣ, ки писандат омад ва моро шоистаи ин лутфу бахшиш қарор додӣ?»
Шоҳ аз шунидани суханҳои фақирон шод шуд ва мисли гул шукуфт ва ба рўйи онон нигоҳе кард ва бо ханда гуфт: – «Ман он кас нестам, ки бо ғурури салтанат аз фақирон ва бечорагон рўй гардонам. Ту низ хислати зишт ва гумони бадатро нисбати ба ман аз сарат берун кун ва дар биҳишт бо ман созгор бош, носозгор мабош. Ман имрўз бо шумо оштӣ кардам ва дари сулҳро ба рўйятон боз намудам, шумо низ фардо рўзи қиёмат дари биҳиштро ба рўйи ман мабандед».

Ту низ, эй соҳиби ҷоҳу мақом ва мансаби баланд, агар хоҳӣ мисли Малик Солеҳ саодатманд шавӣ ва бахту иқбол ёрат бошад, бояд дасти фақирону бечорагонро бигирӣ. Ҳеҷ кас аз меваи дарахти биҳишт, ки Тубо ном дорад, мева нахўрад, то тухми иродатро дар қалби бечорагон накорад ва муҳаббаташро дар дили онҳо ҷойгузин накунад.

Агар иродат надорӣ, дунболи саодат магард. Агар чавгон дошта бошӣ, барандаи мусобиқа мешавӣ ва гўй(туби чавгон бози) ро ба дарвозаи рақиб мезанӣ. Агар мисли қандил пур аз об бошӣ, наметавонӣ мисли чароғ нурафшонӣ кунӣ. Он кас метавонад ба ҷамъият ва атрофиёнаш рўшанӣ ҳадя кунад, ки мисли шамъ дар синааш сўзиш дошта бошад. Бинобар ин, дар кори худат бояд иродаву ихлос дошта бошӣ ва худро мисли қандил аз худбинӣ пур накарда бошӣ.

Share This Article