Ҳилаи бонкӣ, дар хобу дар бедорӣ

Ислоҳ нет

                         

   Сӣ миллиард доллар маблағи фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар даҳ соли ахир хобу роҳатро аз Ҷамолиддин Нуралиев,домоди бонкири Раҳмонов гирифта аз чандин вақт ба ин тараф  бетоқат карда буд. Ва, “ход” мекофт “илоҷ” меҷуст,ки  битавонад аз ин маблағи ҳангуфт ҳиссаеро ба даст оварад. Барои вай,ки дар умури бонкдорӣ моҳир шуда ва роҳҳову шеваҳои ғайримашрӯъ ва бо ғирому тақаллуб ба даст овардани пулро  омӯхтааст, бо ин ҳаҷму андоза маблағеро,ки аз таги дасташ мегузарад, аммо ҳисса он тараф истад ҳатто бӯйида наметавонад, сахт аламнок аст.Чанд вақт фикр кард, зиёд фикр кард ва …. роҳи онро пайдо кард ва яке бо садои баланд дар хобаш :

 

еврика,еврика ,гуфта дод зад,ки Озода бедор ва сахт мутааҷҷиб шуда пурсид,ки чӣ шуд?

 

Гуфт, ки як дам сабр кун, ҳоло қисса хоҳам кард. Рафту ҳамаро аз назар гузаронд. Ҳамаҷо хилват, ғавғову садои мошинҳо фурӯкаш шудааст, хизматгорҳо ҳам ғунудаанд, парастори бачаҳо ҳам, қаровулҳо аз риёсати муҳофизати ВКД- дарвозаҳоро бастаанд. Омаду гуфт,ки як бизнеси дигари зӯр ёфтам,ки  миллионҳо навар дорад.

 

-Сомонӣ?

 

-Э, не. Доллар,доллар.

 

-Чи хел?

 

Оддиву сода. Аз ҷоят ҳам такон намехурӣ. Харҷу масрафе ҳам надорад. Коргари изофӣ ҳам даркор нест.Даромади IRS-ширкати пулчинакамонро надорад,вале бовар кун аз даромади Спитаменбонкамон камтар нахоҳад буд. Дар тирамоҳи заррин ҷӯчаҳоро мешуморӣ, тухмҳои тиллоиро мегирӣ. На камтар аз сӣ миллион доллар.

 

Озода аз ҷо баланд шуд, чароғро фурӯзон кард. Гуфт,коре накунӣ,ки ҳам худат,ҳам ман, ҳам падарам ва ҳам ҳокимиятамонро дар балои бад бимонӣ. Маблағи Бонки Миллӣ як бор дар давраи Муродалӣ Алимардон ҳамин тавр шуда буд. МВФ шармандаи ду олм кард. Шариф Раҳимзода омаду як бало карда қарзҳо ва … он тарафшро худат медонӣ… канду ҷонамон дамид. Фермаҳову боғоти себу ангури Тоҷикистонро ба ҳайати бозрасонаш нишон дод,ҳаминҳо маблағи қарзи гирифта аз шумо мебошад гуфта, як илоҷе карда гиребонамонро аз ҷангашон раҳонида будем.Вагарна то ҳамин имрӯз будем таги гап монда.

 

-Не,не, гумон накун,ки ман кадом нақша ва нияти дуздиву ғорат карданро ё ягон амалиёти пинҳониро ва ё ягон пулшӯиро иҷро мекунам. Ҳамааш дар доираи қонун ва бидуни ягон риск мешавад,ҳама ошкоро сурат мегирад.

 

-Аҳа, мехоҳӣ пулҳои Занҷониро баргардониву бар ивазаш “доля” гирӣ. Кори баде нест. Мегӯянд озод шудааст. Ҳатман, ки меояд ба сари пулҳояш. Рад карда наметавонем. Ин эрониҳо ҳам аноӣ не. Озод кардан то биравад ва пулҳоро пас бикашад. Бошад. Инро бо падарам дар миён мегузорам. Аммо ист, мо ки ин пулҳо дар мо нест гуфтем, ку?

 

 – Не, не,тамоман не, дар ин бора ҳатто фикр накардаам. Ман як схемаи зӯр придумат кардам. Ин схема аз он иборат аст,ки интиқоли маблағ аз хориҷа ба Тоҷикистон зери назорати мустақими Бонки миллӣ сурат бигирад. Аз як роҳе, бояд ин пулҳо ворид карда шавад,ки Бонки миллӣ  битавонад аз он ҳиссаи худ-ҳиссаи мову ту ва албатта бо вогузории саҳми асосӣ, мисли даромадҳо аз IRS ба падари мӯҳтарамамон,ҷудо карда тавонад. Ва,ҳамин тавр бо орзуҳои рангини онки соли оянда метавонанд аз 25 то 30 миллион доллар даромади муфт ба даст меоваранд,хуспиданд.Бале хонандаи гиромӣ,то инҷо хобе буд,ки Ҷамолиддин Нуралиев дид ва онро ба Озода дар миён гузошт.

 

  Ҳоло таҳаққуқ ва ё амалӣ намудани хоб

 

  …Ва,аммо воқеияте,ки ҳоло дар пайи татбиқи ин лоиҳа ду кишвари Русия ва Тоҷикистон,бонкҳои ҳарду кишвар,ширкатҳои интиқолдиҳанда ва аз ҳама асосӣ муҳоҷиринро дар Русия ва бастагони онҳоро дар Тоҷикистон ба ташвиш ва нороҳативу сардаргумӣ ва асабишавиҳо мавоҷеҳ кардааст, пеши рӯи мо қарор дорад.

 

   Ҷамоллидин Нуриалиев,домоди Раҳмонов,як “мошенник” ва як “аферист” ва як “айёр”-и бонкӣ айни замон дар як вазъияти душворе қарор дорад. Дар назди шуъбаи бонкҳои мухталифи кишвар як ҳафта мешавад гурӯҳ –гурӯҳ мардум ҷамъ омада, наметавонанд,ки маблағи интиқолдодаи наздиконашонро бигиранд. Ҳирс ва чашмаи тамаъи Ҷамолиддину падарарӯсаш чанд рӯз аст ки мардуми бе ин ҳам бечораву ноилоҷро гирифтори мушкиливу моҷаро ва дардисар кардааст. Як нафар аз муҳоҷирон дар Фейсбук навиштааст: “ аз баҳри Худо,тӯли ин ҳама солҳо сангеро, аз рӯи роҳи муҳоҷирин бардошта натавонистед, шароит ва муносибати бадтарин дар Русия насиби муҳоҷирони бепушту паноҳи тоҷик аст, коре накунед,ки аз ин бадтар бишавад ҳоламон”.Ин муҳоҷир дар идомаи коменташ навиштааст “на тийед, на тела диҳед. Моро ба ҳоли худ гузоред”

 

   Аммо ба назар мерасад, балки воқеият аст ки ҳам тела медиҳанд ва ҳам мегиранд. Ҳамасола тобути ҳазор бештар муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ватан оварда мешавад. Онҳое,ки барои ба даст овардани як бурида нон ғарибиро, ғуломиро ихтиёр мекунанд, даруни тобути оҳанӣ бармегарданд ва хонаву дари худро ба мотамсаро табдил медиҳанд. Раҳмону Ҷамолиддин парвое надоранд.

 Бештари ширкатҳои интиқолдиҳандаи маблағҳои муҳоҷирон аз наҳваи пешниҳоднамудаи Ҷамолиддин Нуралиев  ба шиддат ибрози нигаронӣ карда аз интиқоли пул ба Тоҷикистон  даст кашидаанд. “Золотая корона” як ширкати интиқолдиҳанда,ки беш аз 80 дар сади маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷикро мефиристод, розӣ нашуда аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даст кашидааст.

 

Мисли онки Юнистрим-ширкати дигари фиристандаи пул бо нақшаи пешниҳодкардаи Ҷамолиддин Нуралиев ризоият дода ва дарсадии интиқолро кам кардааст.Инҷо аз онки ин ширкат низ таййи се рӯзи ахир, баъд аз онки роҳбари он бо Нуралиев қарордод имзо кард, хадамоти худ барои тоҷикистониҳои муҳоҷирро боздоштааст. Ҳоло маълум нест,ки идома дода метавонад ё хайр. Зеро ҳам нуқтаҳои интиқоли он дар шаҳрҳои Русия дар қиёс бо “Золотая корона” бамаротиб кам аст ва ҳам то бархостани ин сардаргумӣ дар бозори интиқол ҳиссаи он ҳамагӣ 5 то 8 дар сад буд. Ин ҳам дар ҳолест,ки баъди эъломи Бонки миллӣ,ки тавассути ҳамин ширкат пулҳоро ба Тоҷикистон ирсол бисозанд, ин ширкат натавонистааст хидматрасонии худро тибқи риволи қаблӣ ба анҷом бирасонад. Шоядам тавон ва зарфиятҳои ин бозорро қаблан дар назар нагирифта буд, чун саҳми ночиз дар ин бозорро дошт ва агар муштариёни “Золотая корона”  ба он ҷалб шуда бошанд, баъид аст ки битавонад ин бозорро таъмин кунад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ҳоло марҳалаи бозгашти саросарии муҳоҷирон фаро расидааст ва барои ширкатҳо ҳам маблағ ва ҳам неруи кофӣ зарур аст.Аммо новобаста аз радди ҳамкории “Золотая корона”,ки бо иттико ба қонунигузории бонкии Русия ҳамчунин тасмим гирифтааст,Бонки марказии Русия зоҳиран барои раҳоӣ аз бурузи як буҳрон ва инқироз дар интиқол эълон кардааст,ки пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон бо қонуни ин кишвар мухолафат надорад.

 

     Аммо асли гап чӣ аст? Ва,чаро Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад шеваи интиқоли пулро аз хориҷа таҳти итоат бигирад ва чаро ширкатҳои асосӣ ва умдае,ки дар ин бозор нақши меҳварӣ доштанд, мисли “Золотая корона” пешниҳоди Нуралиевро қабул накарданд. Тавзеҳи онки ин қарор барои амнияти пулҳо ва интиқол ба иҷро гузошта шудааст,гуфтани  домоди бонкири Раҳмонов дурӯғе беш нест. Дар асл ҳирс ва тамаъ ба ҷайби муҳоҷирон аст. Ҷамолиддин мехоҳад аз ин ҳисоб даромади муфт ва он ҳам ҳангуфт ба даст оварад. Шарте,ки Ҷамолиддин ба ширкатҳои интиқолдиҳанда гузоштааст ин аст ки баробар ба ҳаҷми як моҳаи маблағи интиқол ба бонкҳои ҳамкор дар Тоҷикистон ин ширкатҳо пулро депозит ва ё захира кунанд. Ба баёни дигар ҳаҷми маблағи давоми як моҳ интиқолёбанда пешпардохт карда шавад. “Золотая корона” барои он розӣ нашудааст,ки  аз чунин муомила зарар мебинад. Чунки вай ҳам маблағи миллион-миллион долларро мефиристод  ҳам ва бо баҳраи кам.Аммо Юнистрим маблағи кам мефиристад ва бо дарсадии баланд. Ҷалби Юнистрим аз тарафи Ҷамолиддин ва бо он қарордод ба имзо гузоштан ва эълон кардан,ки минбаъд ин ширкати интиқолдиҳанда дарсадиашро камтар кард, аммо ҳоло маълум мешавад,ки як дурӯғи дигар аст. Ширкат дарсадиашро кам накардааст. Қасди Ҷамолиддин ин аст ки бонк ва ширкатҳои русӣ маблағи интиқолдиҳандаи худро,ки дар моҳ на камтар аз 25 то 30миллион долларро ташкил медиҳад, давоми як моҳ дар ихтиёри Ҷамолиддин бигзоранд ва аз ҳисоби гардиш ва амалҳои бонкӣ дар Таҷикистон як манбаи даромади дигар ба даст оварад. Вагарна чаро Раҳмонов ва Ҷамолиддин розианд,ки Юнистрим бо фоизи болотар интиқол бидиҳад вале ҳозир нестанд ва иштиёқ ҳам надоранд, ки илоҷе карда “Золотая корона”-ро баргардонанд. Сарсониву саргардониҳои муҳоҷирон муҳим нест, ба чанги пулис хӯрданҳояшон,ҷаримашуданҳояшон, пули барои патенту регистратсия ва разрешиние  супориданҳошон муҳим нест, рӯзи дароз гушнаву нимгушна гаштанҳояшон, се вақт макарон хӯрданҳояшон аслан аҳамият надорад. Ончи барои Раҳмону домоди бонкираш муҳим аст ин аст,ки аз ҳисоби маблағҳои мефиристодаи онҳо чакра-чакра дар счет чакида истодан гирад ва тирамоҳ мешуморӣ,ки сӣ миллион доллар шудааст!!! Ана ин муҳим аст.Сӣ миллион доллар,ки барои пайдо кардани он ҳеҷ дарди миёне намекашад.Якҷо менишинад худи доллар моҳе аз ду то се миллион бо пойи худ сарозеру ворез мешавад. Ин аст бизнес, ин аст давлатдорӣ. Хонаи садҳо ҳазор муҳоҷири барои қути лоямут муздурӣ ва мардикорикарда бисӯзад,оташ гирд майлаш,боке не, аммо ҳисобҳо пур шудан гирад.

 

  Аммо  ин ҳама “афёра” ва “мошеники” ва ҳилла агарки дар пушти он Ҷамолиддин Нуралиев Озода ва Раҳмонов набуданд ҳеҷ гоҳ сурат намегирифт ва амалӣ намешуд. Ҳамчуноне,ки Хадамоти алоқаи Бег Сабур-қудои дигари Раҳмон ҳар моҳ аз ҳисоби муштариёни ширкатҳои мобилӣ муфт 80 дирам кор мекунад.Инҷо ҳам ҳамарӯза чакида-чакида меистад.

 

 Ҳамчуноне Шамсулло Соҳибов,домоди дигараш ҳуқуқи додани номеру праваҳоро аз БДА гирифта ба тиҷорати хонавода табдил кардааст. Яъне инҳо,ки дигар дуздони дар сатҳи давлатанд дар асл бакавули оши тайёранд.Ончи будро кашида мегиранд,на инки месозанду баъд фоида мегиранд. Як намунаи дигараш ин аст,ки Зарифбек ва Таҳмина домоду духтари дигарии Раҳмон фурӯши билети ҳавопаймоҳо ва роҳи оҳанро тасоҳуб карда ва бо замми ҳаққи худ ба бозор мебароранд.  Ин ҳама тиҷоратҳои ғайримашрӯъ ва ғариқонунӣ ва дар асл дуздии рӯиростро бо такя ба зӯри ҳокимият ва шарики ҷиноят кардани раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир кардаанд.

 

   То ҳамин ҳоло нашунидаем,ки барои як муҳоҷири корӣ,ки дар Русия аз дасти скинҳедҳо кушта шуд ва чанд нонхӯр  дар хона дошт, ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Раҳмонов ва ё Ҷамолиддин ёрӣ расонида бошанд.Садҳо ҳазор муҳоҷир,ки бояд дар ватан кору зиндагӣ дошта бошанд ва ҳақ доранд,ки дар рӯбарӯи бинои ҳукумат даври ҳам омада аз Раҳмонов кор талаб кунанд, ҳар баҳор сари хам ва бо дили шикаста  рӯ ба ҳиҷрат мениҳанд. Онҳо ҳақ доранд ва хоҳед,нахоҳед хоҳанд   пурсид,ки чаро ҳеҷ яке аз аъзои хонаводаи Раҳмонов муҳоҷир намешавад? Баракс, ҳама вазифа ва мансабҳои асосии давлатиро Раҳмонов ба фарзандҳову домодҳову ҷиянҳову хусурбачаҳояш тақсим мекунад. Аммо бо ин ҳама чашмонашон сер намешавад ва ҳатто ба тангаву пайсаи бо ҳазоруяк машаққат ва хориву зиллат ёфтаи мардум чашми тамаъ дӯхтаанд.

 

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Раҳмонов, муовни аввали раиси Бонки миллӣ ҳанӯз бо пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Хуҷанд дасти тамаъ ва ҳирсу озашро ба ҷайби мардум халонида тӯли ин даҳ сол миллиардҳо доллар кор карда ва ҳатто бонки хусусии Спитаменро боз кард.Аз онки ба маҳзи фаъолсозии ин бонк бонкҳои дигаре чун Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк аз бозори молиявии кишвар берун карда шуданд,халқи тоҷик бохабар аст. Хуллас ин айёри бонкӣ ҳиллаҳои зиёди пулкоркунӣ тавассути бонкҳоро бештар ва беҳтар аз бар карда ва ҳар вақт,ки хост аз онҳо кор мегирад ва даромади муфт ба даст меоварад.Ин навбат ин дузди бонкӣ ҳиллаи навбатишро дар хобаш дида ва ҳоло дар бедорӣ амалӣ карда истодааст…

   

Share This Article