Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)

Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)

Бар пояи пажӯҳиши мақолаи мазбур, ки аз ҳаёти босаодати имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ) нақл мекунад, мақолоте чанд аз рӯзгори имомони чаҳоргонаи “Аҳли суннат ва ҷамоъат”, ҳамзамон аз корозмоиҳои имомоне чун Ибни Ҳазм, Ҳасани Басрӣ, Лайс ибни Саъд ва Шавконӣ (раҳимаҳумуллоҳ) пешкаши шумо хонандаи азиз мегардонам.

Ибтидо бояд зикр кунам, ки роҷеъ ба ҳаёти имом Абуҳанифа (раҳ) аз паҳлӯҳое, ки дар умум барои хонандаи тоҷик маълум аст ва ё онҳоро хондаву шунида, чизе гӯшзад нахоҳем кард. Дар ин пажӯҳиш масоилеро пайгир мешавем, ки ҳамагӣ наву тоза бошанд. Нуъмон ибни Собит (раҳ) яке аз орифтарини мардум нисбат ба дини Аллоҳ ва донотарини мардум бар аҳволу ҳаёти асҳоби киром (раз) буданд. Инчунин аз фарҳангу тамаддуни волои исломии гузашта ва муосири замони худ огоҳ ва намунае барои уламову имомони баъд аз худ буданд. Худованд ҷазои хайр аз номи уммат барои эшон диҳад.

Вилодат ва насаби ӯ.

Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Нуъмон ибни Марзбон соли 80-ҳиҷрӣ (5 сентябри соли 699) дар шаҳри Куфа чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Бештари ҳаёти худ, мисли овони туфулият ва наврасиашро дар зодгоҳаш ба сар бурдааст. Куфа шаҳри бузурге буд, ки он ҷо уламову удабо ва донишмандони фунуни мухталиф, мисли фалсафа, ақоид, фирақу мазҳаб ва амсоли ин ба сар мебурданд. Имом Абуҳанифа (раҳ) аз хурдӣ ҳамроҳи падараш, ки бозаргони абрешим буд, кор мекард ва мувофиқи одати он замон Абуҳанифа (раҳ) пешаи падарро аз худ намуд. Аммо ӯ бештари вақт ба масҷиди Куфа ташриф меовард ва азбаски зеҳни тез дошт, Қуръони карим ва бисёре аз аҳодиси набавиро ҳифз намуд ва ин шаъни мардумони диндор аст. Шуғли дӯстдоштаи ӯ тиловати Қуръон буд, ҳатто баъзе ровиён дар ин маврид муболиға намуда, мегӯянд: Имом Абуҳанифа (раҳ) дар рамазон шаст маротиба Қуръонро хатм мекардааст. Инро ба хотири диндорӣ ва эҳтимоми ӯ ба улуми динӣ гуфтаанд. Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ҳоле, ки тиҷоратро пешаи худ намуда буд, ба воя мерасид ва аз ин амали худ моли зиёде ба даст овард. Ба ҷуз ин ақлу идрок ва зеҳни буррову қувваи фикрронии фавқулоддае дошт, то он ҳад, ки таваҷҷӯҳи онҳоеро, ки ӯро дар ҳоли муҷодала медиданд, ба худ ҷалб менамуд.

Баъзе аз уламо қабули хотиру лутфи зеҳнии ӯро дида, барои рафтан назди уламо тавсия доданд. Дар ин вақт, дар Ироқ, махсус дар шаҳри Куфа се навъи ҳалқаҳои илмӣ вуҷуд дошт.

1. Ҳалқаҳои музокара дар усули ақоид.

2. Ҳалқаҳои музокараи аҳодиси Расулуллоҳ (с), ҷамъи онҳо аз шаҳру манотиқи мухталиф, сухан дар бораи ровиёни аҳодис, аҳволи онҳо ва то куҷо эътимод намудан ба онҳо.

3. Ҳалқаи шарҳи фиқҳ аз Қуръон ва суннат, фатво додан дар ҳаводисе, ки бори нухуст воқеъ мешаванд ва онҳо ҳоҷат ба омӯхтану фаҳмидан доранд. Барои ёфтани фатво аз китобу суннат ва аъмоли муҷтаҳидини собиқ кӯшиш мекарданд.

Имом Абуҳанифа (раҳ) бо ҳама тадриси мухталиф, аз рӯи зеҳнияти фавқулоддае, ки дошт ошно гардид. Ӯ дар илми калому тавҳид ва улуми ғайб муҷодала намуда, дар ҳалқаҳои музокараи аҳодиси

Паёмбар (с) ва ривояти он ҳозир шуд. Эшон дар ин майдон низ нақши бузург доштанд ва чандин аҳодис аз Паёмбар (с) ривоят карданд. Баъд аз он имом Абуҳанифа (раҳ) рӯ ба фиқҳ овард. Баъд аз ин ки ба умқи дигар илмҳо ошно гардид, назди машоихи бузурги Куфа маводи мухталифи фиқҳро амӯхт ва шогирди яке аз онҳо гардида, аз назди ӯ фориғуттаҳсил шуд. Куфа дар он замон ватани фуқаҳои Ироқ маҳсуб меёфт.
Имом Абуҳанифа (раҳ) бар ин бовар буд, ки толиби илми фиқҳ бояд фиқҳро аз машоихи мухталиф ҳосил кунад ва дар фазои он зиндагӣ намояд ва мулозими яке аз он фақеҳони мумтоз шуда аз назди ӯ фориғуттаҳсил гардад, то ӯро аз масоили дақиқи он огоҳ созад. Дар ин боб ҷои дигар чунин менигорад: Дар маъдани илм ва фиқҳ будам, пас ба аҳли он ҳамнишин гаштам ва фақеҳе аз фуқаҳои онро мулозим гаштам.

Шайхи Абуҳанифа.

Имом Абуҳанифа (раҳ) шайхи худро барои омӯхтани илми фиқҳ ихтиёр намуд ва ӯ машҳуртарин шайх дар Ироқ маҳсуб меёфт. Дар ҳоле, ки то ҳанӯз омодагии дарс бо шогирдонашро нагирифта буд назди ӯ дохил шуд. Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Ассалому ало шайхи Ҳаммод. Ҳаммод саломи ӯро ҷавоб доду таклиф ба нишастан кард ва бо ӯ дар суҳбат шуд. Баъд аз муноқашаи ӯ фақеҳ Ҳаммод ба ӯ гуфт:
Ба ман бигӯ, номат чист?
Гуфт: Нуъмон
Шайх гуфт: Эй Нуъмон, ҳоҷате доред?
Нуъмон гуфт: Бале, омадам, то назди Шумо фиқҳро омӯзам.
Шайх гуфт: Хуш омадед эй Нуъмон, шумо бояд ҳар рӯз се масъаларо омӯзед. Нуъмон барои ҳозир шудан ба ҳалқаи дарс ва мулозамати шайх хеле ҳарис буд, лекин бо бисёр суол кардан ва муҷодалаву пофишорӣ намудан шуҳрат ёфта буд. То он ҷо, ки агар муҳаббати шайх нисбат ба Нуъмон ва қадрдонии заковату набоҳаташ намебуд аз ӯ даст мекашид. Пас шайх ҳамеша аз ӯ суол мекард, то аз ахбораш огоҳ бошад. Бад-ин васила донист, ки ӯ шабзиндадорӣ ва бисёр тиловати Қуръон мекунад. Нуъмон ҳаждаҳ сол шайхи худ Ҳаммод ибни Абусулаймонро ҳамроҳӣ намуд. Ӯ дар синни бисту ду солагӣ буд ва чандин сол дар ҳалқаи шайхи худ нишаст ва ҳамеша фурсат меҷуст, то мустақил гардад. Аммо вақте, ки фикр мекард ҳиссе ӯро фаро мегирифт, ки ӯ ҳоҷат ба шайхаш дорад. Лекин хабари марги яке аз наздикони шайхаш аз Басра расид ва Шайх азми сафар намуд ва Абуҳанифаро фармуд, то дар макони ӯ нишинад ва кори тадрису фатво ва муноқашаҳоро пеш барад. Пас Шайх Абуҳанифаро лоиқу сазовори ин мақом медонад. Чун имом Нуъмон ба ҷойи Шайх нишаст аз ҳар тараф суол рӯи ӯ борид. Байни онҳо баъзе суолҳое буданд, ки қаблан нашнида буд. Пас баъзе аз онҳоро ҷавоб дода, ҷавоби баъзеро ба таъвиқ андохт. Чун Шайх аз Басра баргашт он масоилро, ки ададаш қариб ба шаст мерасид ба ӯ нишон дод. Шайх дар чиҳил масъала бо Абуҳанифа мувофиқат намуда, дар бистои он мухолифи ӯ қарор гирифт. Нуъмон дид, ки дар маърифати ҳамаи масоил камиву костӣ дар худи ӯст, биноан зарур донист, то дар ҳалқаи илм боқӣ монад ва ин нуқсроро бартараф созад.

Баъд аз он чун Нуъмон дар берун аз Куфа сафару рафтуо мекард аз масоиле пурсида мешуд, ки дар ҷавоби он тараддуд мекард ва итминон надошт. Биноан ин азми худро ба вақти дигар гузошт. Синни Нуъмон ба чиҳил расид ва қудрату тавони ӯ барои мустақил шудан ба дарс ва фатво комил гардид. Ба таври тасодуф Ҳаммод вафот кард ва макони ӯро Нуъмон гирифт ва қудрати фавқулодае дар дарс ва фатво аз худ нишон дод.

Бояд донист, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) ба касби илм танҳо аз шайхи худ иктифо намекард, балки бештари илму маърифатро аз дигар уламо ҳангоми сафарҳояш ба хонаи Худо дар Маккаву Мадина гирифтааст. Ӯ бо эшон музокара мекард ва аз илму дониши онҳо воқиф мегардид. Аз ҷумлаи ин уламо Имом Молик ибни Анас (р) мебошад, ки бо ӯ мулоқот ва дар чандин масъала муноқаша кардааст ва Имом Молик (р) ба донишу ҳозирҷавобиаш таҳсин хондааст.Чунонеки дар оғози ин мақола гуфтам дар он ба он масоиле аҳамият медиҳам,ки тоза бошад барои хонанда. Аз дигар устодони Имом зикр наменамоям.

Инчунин Имом Абуҳанифа (раҳ) бо Зайд ибни Алӣ (раҳ) ва Ҷаъфари Содиқ (раҳ) ва дигар ашхосе, ки ба фиқҳ ва ҳадис иҳтимом медоданд, вохӯрдааст.

Фиқҳи Абуҳанифа (раҳ).

Имом Абуҳанифа (раҳ) аввалин шахсе буд, ки илми фиқҳро тадвин намуд. Баъд аз ӯ имомон ва фуқаҳову уламо манҳаҷу барномаи ӯро пайравӣ намудаанд. Чунки саҳоба ва тобеъин дар илми фиқҳ абвоб, яъне бобҳои махсус ва китобҳои мураттаб нагузошта буданд, балки танҳо ба андозаи фаҳми худ эътимод мекарданд. Имом Абуҳанифа (раҳ) баъд аз эшон омада, фиқҳро мунташир сохт ва мардум ба дигар улум бисёр машғул шуданд, мисли тафсирҳои Қуръон ва аҳодис ва ривояти он. Ба ҷуз ин дар ислом дигар илмҳои нав аз берун мисли фалсафа аз форсию юнонӣ дохил шуд. Пас дар чунин шароит хавфи фаромӯш шудани фиқҳ ва дохил шудани ончи ки аз он нест ба миён омад.

Биноан имом Абуҳанифа (раҳ) илми фиқҳро тадвин кард ва онро ба шакли бобҳо гузошт ва уламову донишмандоне, ки баъд аз ӯ омаданд пайравӣ аз ӯ карда, китобҳои мураттаб ва комилу фарогире таълиф намуданд.

Имом Абуҳанифа (раҳ) дар кутуби худ, худ гуфтаву шогирдон онро навишта ва боз худи имом онро муроҷаат кардааст. Аз масоили таҳорат шуруъ мекунад ва муҳимтарин ҷузъи он бобҳоест, ки бо он мусалмонон худро пок месозанд. Баъд аз он масъалаҳои вузуъ, ғусл, таяммум, то ин ки бобҳои таҳорат комил гардид ба боби намоз ва шурути дохил шудан ба он, навъҳои намоз аз фароизу навофил ва амсоли он. Баъд аз он ба китобати масоили закот, навъи он, рӯза ва анвоъи он, ҳаҷ ва баъд аз он ба қисми муъомилот, ҳудуд ва ғайри он гузашт. Баъд дар хотимаи он ба масоили мерос пардохт. Барои имом Абуҳанифа (раҳ) нависандагони махсус вуҷуд надоштанд, ки барои ӯ илми фиқҳро тадвин кунанд. Мақсад аз тадвин он чизест, ки шогирдонаш аз даҳони ӯ гирифта менавиштанд ва баргашта онро барои ӯ мехонданд ва ӯ онҳоро роҳнамоӣ ва бо онҳо мувофиқат мекард. Эшон масоилро мегуфт, шогирдон онро навишта, пас дубора ба имом нишон медоданд, пас агар мувофиқат кард онро менавиштанд ва ба ӯ нисбат медоданд. Ҳамин тавр мазҳаби имом Абуҳанифа (раҳ) китобат шуд ва
фазли бузург дар собит гардидани усули мазҳаб ба шогирди наздики ӯ Абуюсуф бармегардад.

Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон (р) аз бузургатрин ҳофизони ҳадиси Расулуллоҳ (с) маҳсуб меёбад. Ҳадисро аз тобеъине, ки бо онҳо вохӯрдааст, мегирад, ки онҳо аз собиқини худ ривоят кардаанд. Аз аҳодисе, ки эътино ҷамъ намуда, ба онҳо эътино кардааст фурсат ва илм барояш муҳаё гашт, то аз он масоил фиқҳро истинбот намояд. Бо ҳамин тарз имом аввалин шахсест, ки аз аҳодис масоили фиқҳро истинбот мекунад. Имомоне мисли Ибни Муъин (раҳ), Аъмаш, Ибни Мадинӣ (р), Язид ибни Ҳорун (р) ба ҳифз ва маърифати ҳадис ва дараҷаи сиқа будани он нисбат ба имом шаҳодат дода, ба ӯ санои бешумор гуфтанд.

Ибни Юнус (р) гуфтааст: Беҳтарин мард Нуъмон (р) аст. Аз ҳама бештар аҳодисеро, ки дар он фиқҳ аст, ҳифз намуда, аз ҳама зиёдтар аз он ҷустуҷӯ мекард ва аз ҳама донатар дар фиқҳи он ҳадис буд.
Абуюсуф (раҳ) шогирдаш гуфтааст: Имом Абуҳанифа (раҳ) аз ман бештар ба ҳадис илм дошт. Ӯ ( р), инчунин ба иллатҳои аҳодис огоҳии бештар дошт ва дар ин мавзуъ суханаш мақбул буд.

Ровиён аҳодиси зиёд аз имом Абуҳанифа (раҳ) ривоят кардаанд ва муснадеро рӯи даст оварда, ба ӯ мансуб намудаанд, ки он ба тартиби фиқҳ мураттаб шуда, «муснади Абуҳанифа» номида шудааст. Асҳоби имом Абуҳанифа (раҳ) ҳамчуноне ки масоили фиқҳиро ҷамъ намуданд масоили ҳадисро низ ҷамъоварӣ ва мураттаб сохтанд. Ҳофиз Абумуҳаммади Ҳорисӣ ба аҳодиси имом Абуҳанифа (раҳ) иноят фармуда, ҳамаи онро дар як муҷаллад ҷамъоварӣ ва бар таъиди шуюхи имом Абуҳанифа (раҳ) тартиб додааст. Ва монанди он муснади Абуҳанифа аз Ҳофиз Абуҳасан ибни Музаффар (р) аст.

Заковату фатонати Абуҳанифа (раҳ).

Имом Абуҳанифа (раҳ) дар заковату фатонат нишонае аз қудрати Илоҳӣ буд. Суолҳои душвор ва иборати мубҳам ба ӯ дода мешуд. Ӯ онҳоро тавре посух медод, ки ҳам суолкунанда ва ҳам шунаванда сокит мемонданд ва қонеъ мешуданду бар ӯ сано мегуфтанд. Эътироф мекарданд, ки дар воқеъ Худованд қудрати фавқулода ва илму маърифате ба ӯ дода, ки аз дигарон ба куллӣ фарқ дорад. Бо ин қудрату заковат ва илму маърифати худ имом аз бисёр ҳолати ҳалокатбору душвор раҳоӣ ёфта, тавассути он мартабаи бузургеро соҳиб гардид ва дар маърази эҳтироми ҳамагон қарор гирифт.
Муҳаммад ибни Муқотил гуфтааст: Марде қасди Абуҳанифа (раҳ) намуда, то қудрати ӯро дар фаҳм ва заковаташ имтиҳон кунад. Пас ба ӯ гуфт: Эй Абуҳанифа! Имом гуфт: Лаббай, эй бародар. Он мард гуфт:

Эй Абуҳанифа нисбати марде, ки аз Худо наметарсад, аз оташи дӯзах наметарсад, аз ҷаннат умед надорад, ҳайвони худмурдаро мехӯрад, бе рукуъу бе суҷуд намоз мегузорад, ба он чӣ надида шаҳодат медиҳад, ҳақиқатро бад мебинад, фитнаро дӯст медорад, аз раҳмат мегурезад ва яҳуду насороро тасдиқ мекунад, чӣ мегӯед?

Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Эй фалон маро аз ин масоил пурсидӣ оё худ аз ин илм огоҳӣ доред?
Мард гуфт: На, ман аз ин илм огоҳӣ надорам.
Имом Абуҳанифа (раҳ) ба асҳоби худ гуфт:
Ба ин мард чӣ мегӯед?
Гуфтанд: Марди бадкирдорест, он чӣ аз сифоти ӯ гуфтанд шоҳиди кофист. Имом Абуҳанифа (раҳ) бо табассуме ба асҳоби худ гуфт: Иншоаллоҳ, ӯ аз авлиёи Худост. Баъд ба он мард гуфт: Агар ман шуморо хабар диҳам, ки шумо аз авлиёи Худо ҳастед, аз бадии забонат худдорӣ мекунед? Мард гуфт: Бале, аз озори мардум бо забонам худдорӣ мекунам. Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: сухани шумо:

Аз ҷаннат умед надорад ва аз оташи дӯзах намеҳаросад. Дар ҳақиқат ӯ умед аз соҳиби ҷаннат дорад ва аз соҳиби оташи дӯзах меҳаросад ва сухани шумо: Аз Худо наметарсад, ба ин маъност, ки аз Худо наметарсад, ки мабодо дар адлу султонаш ҷабр кунад.

Сухани Худо: «Ҳар кас, ки коре шоиста кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад.»
(Сураи Фуссилат, ояти 46)

Сухани шумо: худмурдаро мехӯрад ба ин маъност, ки моҳиро мехӯрад ва сухани шумо: бе рукуъ ва бе суҷуд намоз мегузорад, муродаш салавот фиристодан ба Паёмбар (с) ё намози ҷаноза аст.

Сухани шумо: Ба он чӣ надидааст шаҳодат медиҳад, муродаш шаҳодат додан ба ягонагии Худо ва барҳақ будани нубуввати бандаи ӯ Муҳаммад (с) аст.

Сухани шумо: Аз ҳақ нафрат дорад, он нафрат аз марг аст, ки он, яъне марг ҳақ аст. Ӯ боқимонданро орзӯ мекунад, то итоъати Худоро кунед.
Сухани Худо: «Ба ростӣ, ки беҳӯшии марг фаро мерасад. Ин аст он чӣ аз он мегурехтӣ.»
(Сураи Қоф, ояти 19)

Сухани шумо: Фитнаро дӯст медорад, муродаш ин аст, ки ӯ молу авлодро дӯст медорад.
Сухани Худо: «Ҷуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки музди фаровон назди Худост.»
(Сураи Тағобун, ояти 15)

Сухани шумо: Аз раҳмат мегурезед: муродаш ин аст, ки борон мегурезед, ки он раҳмати Худост.
Сухани шумо: Яҳуд ва насороро тасдиқ мекунад, муродаш фармудаи Худост: «Бо ин ки китоби Худоро мехонанд, яҳудон гуфтанд, ки тарсоён барҳақ наянд ва тарсоён гуфтанд, ки яҳудон барҳақ наянд. Ҳамчунон онҳо, ки ноогоҳанд сухане чун сухани онҳо гӯянд. Худо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ дар он ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард».
(Сураи Бақара, ояти 113)

Баъд аз ин он мард аз ҷои худ бархоста пешонии Абуҳанифаро бӯсида гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки шумо барҳақ ҳастед.

Мисоле бар ҳастии Худо зад.

Имом Абуҳанифа (раҳ) гоҳо, дар ҳоли эҳтиёҷ доштани шунаванда, барои равшан шудани мақсад мисол меорад. Мавоқифи зиёде аз ӯ дар ин мавзуъ боқӣ мондааст. Дар замони имом Абуҳанифа (раҳ) фирқа ё гурӯҳе вуҷуд дошт, ки ба вуҷуди Худо имон надоштанд. Рӯзе Имом Абуҳанифа (раҳ) бо онҳо ҷамъ шуд ва гуфт: Ман киштиеро дидам, ки пур аз марду зан ва бору матоъ буду дар рӯи баҳр, дар ҳоле ки мавҷҳои пурталотум ва бузург дар ҳаракат буданд, бисёр оромона пеш мерафт ва маллоҳ, яъне киштибон надошт, (яъне худ ба худ мерафт). Яке аз ҳозирин гуфт: Оё ин аз рӯи ақл дуруст аст? Дуввумӣ гуфт: Ин амрест, ки ҳеҷ оқил онро қабул намекунад. Саввумӣ гуфт: Чӣ тавр шумо мегӯед, ки киштӣ дар миёни мавҷҳову тӯфонҳо бе киштибон дар ҳаракат буду оромона пеш мерафт?

Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Субҳоналлоҳ, ҳар вақте вуҷуди як киштие, ки оромона ва бе киштибон дар ҳаракат аст дар ақл дуруст наояд, пас чӣ тавр вуҷуди ин дунёро бо ихтилофи ҳолатҳову дигаргунии умуру аъмоли он ва бузургии он бе офаринанда ва нигаҳбон бовар кунем. Пас Худованд субҳонаҳу ва таъоло худ офарандаи ин дунё ва ончи дар он аст ва Ӯст тавонову доно ва бинандаи ончи дар он аст.

Сухани Худо:
«Офаридгори осмонҳову замин аст. Барои шумо, ҳам аз шумо ҳамсароне биёфарид. Ва низ барои чорпоён ҷуфтҳое падид овард. Бо офариниши ҳамсарон бар шуморатон меафзояд. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност!»
(Сураи Шуро, ояти 11)

Муҳаббати Имом Абуҳанифа (раҳ) нисбати модараш.
Имом Абуҳанифа (раҳ) модарашро хеле дӯст медошт ва ҳамеша фармонбардори ӯ буд, новобоста аз он ки он амр мушкил аст ё осон. Ӯ бар ин бовар буд, ки тоъати модар, тоъати Худост. Рӯзе модараш савганд хурду аз ӯ талаб кард то, дар амри ин савганд фатвояш диҳад, ки оё ин савганд воқеъ шудааст ё хайр? Ва оё бар гардани ӯ кафорат воҷиб шуда ё хайр? Имом Абуҳанифа (раҳ) фатво дод, лекин модараш қонеъ нашуд ва хост назди воизи шаҳр равад. Имом Абуҳанифа (раҳ) модарашро бардошта, назди воиз бурд ва модараш аз ӯ пурсид. Воиз ба ӯ гуфт: Дар ҳоле, ки фақеҳ ва олими Куфа ҳамроҳи Шумост, (яъне писараш Абуҳанифа) ман чӣ гуна метавонам ба Шумо фатво диҳам? Имом Абуҳанифа (раҳ) ҳар шаби рамазон модарашро бардошта, ба ҳавлии Умар ибни Зар мебурд, ки се мил дур буд, то таровеҳро хонда ба ваъзу дарс гӯш диҳанд ва назди Худованд дуъо кунанд. Ва ҳар вақте эшон дар меҳнату мусибате гирифтор мешуданд ва озор медиданд, мегуфтанд: Савганд ба Худо қамчинҳо маро озор намедиҳанд ба андозае, ки ашкҳои чашми модарам маро озор медиҳанд.

Ҳамсоядории Абуҳанифа (раҳ).

Имом Абуҳанифа (раҳ) ҳамсоягии хубе дошт. Ӯ дар ин маврид пайравӣ аз расули Худо (с) мекард, ки бо ҳамсоягонаш муомилаи нек доштанду гуноҳу лағжишҳояшонро авф мекарданд.

Ӯ ҳамсояе дошт, ки шароб менӯшиду бо овози баланд дар нимашаб суруд мехонд ва бо ин амалаш мардумро нороҳат мекард. Муҳофизини тартиботу амнияти давлат ӯро дар ҳоли мастию беҳӯш дарёфта, ҳабс карданд. Чун Имом Абуҳанифа (раҳ) овози ӯро нашунид, тибқи одаташ гуфт: ҳамсояи моро чӣ шуда бошад? Овозашро намешунавем. Ба Имом гуфтанд: Муҳофизини давлат ӯро дирӯз ҳабс карданд. Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Бархезед, то барои раҳоии ӯ шитобем. Имом Абуҳанифа (раҳ) чун ба маҷлиси амир ҳозир шуд. Амир ӯро дида, аз ҷояш бархост ва аз дасташ гирифт ва ба назди худ шинонд ва гуфт: Ба хотири чӣ омадӣ эй имом? Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Ба хотири маҳбусе аз ҳамсоягонам омадаам, ки муҳофизин дирӯз ӯро ҳабс кардаанд. Аз Шумо дархости раҳоии ӯро дорам ва ман ҳозирам товони ӯро пардозам. Амир гуфт: Ман инро анҷом медиҳам ӯро озод мекунам. Лекин ягон касро мефиристед, то ин ҳоҷататро бароварда месохтам ва ҳақатро адо мекардам. Имом Абуҳанифа (раҳ) амирро шукру сипос гуфта, аз дасти ҳамсояаш гирифта гуфт: Оё шуморо аз даст додаем эй ҷавонмард? Ӯ гуфт: На, эй бузургворам баъд аз имрӯз ман коре нахоҳам кард, ки сабаби азияти шумо гардад. Баъд аз он имом Абуҳанифа (раҳ) даҳ динор аз ҷайбаш бароварда, ба ӯ дод ва гуфт: Ин молро гирифта, ба он камбудиҳое, ки
дар нафақаи худ ва аёлат ҳангоми дар маҳбас буданат ворид шудааст харҷ кун ва ҳар гоҳ ҳоҷате пеш омад касе назди мо бифирист ба фазлу карами Худо ба шумо ёрӣ мерасонем. Он мард аз ҷой бархоста, сари Абуҳанифа(р)-ро бӯсида, дохили ҳавлии худ шуд. Ҳамин фазлу баракати имом буд, ки ӯ аз нӯшидани машруботи ҳаром даст кашид ва тавба намуда, ба сӯи фармудаҳои Илоҳӣ баргашт.

Атфи имом ба шогирдонаш.

Имом Абуҳанифа (раҳ) шогирдонашро дӯст медошт, бар онҳо раҳму шафқат мекард ва ҳеҷ кӯмакеро аз онҳо дареғ намедошт. Ҳатто як рӯзро барои онҳо муайян карда буд ва он рӯзи ҷумъа буд, ки худ барои шогирдонаш таъом мепухт ва онҳоро ҷамъ мекард ва ба хотири Худо хидмати эшонро мекард. Ҳамеша дар хидмати шогирдон буду зиёрати эшон менамуд, аз ҳоли беморашон мепурсид, фақири онҳоро кӯмак мекард ва бетаваққуф ва саховатмандона нафақа медод. Имом чунин одат дошт, ки агар ба ӯ ҳадя меомад ба шогирдону ҳамсоягон ва ёрон онро тақсим мекард.

Рӯзе ҳадяи қимматбаҳое ба ӯ омад. Соҳиби он мехост тавассути он ба ӯ, (яъне имом) наздик ва намоён шавад, биноан ҳазор ҷуфт пойафзол ҳадя дод. Имом ҳамаи онро ба наздикону ошноён тақсим кард ва як дона ба худ ё хонаводааш боқӣ нагузошт. Баъд аз ду рӯз Абуҳанифа (р)-ро диданд, ки дар бозор барои фарзанди худ пойафзол мехарад. Ба ӯ гуфтанд, ки барои чӣ аз ҳадяе, ки дирӯз ба шумо омад барои фарзандат нагирифтӣ? Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Мазҳаби ман ин тақсими ҳадя миёни бародарон аст. Агар барои мард ҳадяе дода шавад ҳамнишинонаш дар он шарик ҳастанд. Пас дӯстони ман, ҳамнишинони ман ҳастанд ва ман намехоҳам онҳоро танҳо гузорам, балки ҳиссаи худро ба эшон медиҳам.

Ривоят аст, ки яке аз шогирдони имомро мусибате пеш омад, ки ҳамаи дороияш аз байн рафт, ҳатто дар хонааш чизе барои фурӯхтан ё хӯрдан намонд. Он мард барои дарёфти қарз ва мадад баромад, лекин касе ёфт нашуд, ки кӯмакаш кунад ва чун вақти дарс омад, мутаваҷеҳ ба сӯи дарсгоҳ шуд.

Имом Абуҳанифа (раҳ) дарс мегуфт, аммо ба ҳолати он марди мусибатзада назора мекард. Пас аз ҳоли ӯ пай бурд. Дарс ба охир расиду он мард ба хона баргашт, дар ҳоле ки тамоми вуҷудашро ғаму андӯҳ фаро гирифта буд. Эшон ғамгин буданду тифлаконаш аз шиддати гуруснагӣ хоб дар чашм надоштанд. Порае аз шаб гузашта буд, аммо он мард бедору дар ҳасрати ёфтани илоҷ. Дар ҳамин нимашаби садои кӯфтани дарро мешунаваду дарҳол назди дар омада, мепурсад? Дарро кӣ мекубад? Ин ҳангом овозеро мешунавад, ки мегӯяд: Эй мард дар паси дар амонатеро гузоштам, ки он ҳадя барои ту ва касонест, ки бо ту ҳастанд. Он шахс ба зудӣ бармегардад, то дида нашавад.Дар назди дар бошад халтае гузошта шуда буд, ки панҷ ҳазор дирҳам дар дохили он буд ва дар варақае навишта шуда буд. (Ин маблағро ба шумо Абуҳанифа аз роҳи ҳалол овардааст. Хотирҷамъ бошед). Ин аз ахлоқи ислом аст. Эшон мусалмононро ба он даъват кардаанд, то ҳама монанди як тану як ҷон бошанд.

Чанд намуна аз муомилаи некаш дар бозорҳо.

Ӯ миёни маҷлиси илм ва тиҷорат ба таври ҷиддӣ тақсим намуда буд чун амонат риоят мекард. Бо вуҷуде, ки Ҳафс ибни Абдураҳмонро
шарики худ дар тиҷорат гирифта буд, аммо худ низ аҳёнан дар тиҷораташ назорат мекард.
Имом Абуҳанифа (раҳ) намунаи бузурге пешниҳод намуд, ки тоҷир бояд пайравии онро кунад. Ӯ барои мардум баён намуд, ки амонат ин матои тоҷир ва василаи касби ҳалол ва дурӣ ҷустан аз фоидаи ҳаром аст. Зане назди ӯ барои фуруш либоси абрешим овард ва гуфт: Ин либосро ба чанд мехарӣ?
Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: чанд пул аст?
Зан гуфт: сад дирҳам.

Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Ин либос аз сад зиёд қиммат дорад, пас чанд қимматашро мегӯед? Зан аз сад дирҳам зиёд намуд. Лекин Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Ин боз ҳам қиматаш зиёдтар аст, то ки он зан қимати либосро ба чаҳорсад расонид. Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Ин либос аз чаҳорсад ҳам бештар аст.

Зан гуфт: Маро масхара мекунед?

Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Марди тоҷиреро биёр, то қимматашро муайян кунад, ман намехоҳам шуморо зулм кунам. Он зан марди тоҷиреро овард ва имом Абуҳанифа (раҳ) аз ӯ талаб намуд, то қиммати либосро муайян намояд. Он мард либосро панҷсад дирҳам қиммат гузошт ва Имом Абуҳанифа (раҳ) онро харидорӣ кард.

Мисоли дигаре, ки далолат бар сидқу амонати ӯ дар тиҷорат мекунад ин аст, ки зани дигаре назди ӯ омад ва гуфт: Ман нотавонам, аз ман фоида пурс ва он либосро бо маблағи харидаат ба ман фуруш.

Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Онро бар ивази чор дирҳам бигир.
Зан гуфт: Чӣ мегӯед? Маро масхара мекунед?
Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: -На, ман талаби шуморо иҷро кардам. Ман ду либос харидам якеро ба чор дирҳам кам аз пули аслӣ фурӯхтам ва ин либос барои ман бо чор дирҳам боқӣ монд. Он зан хушнуд шуда, барои Имом Абуҳанифа (раҳ) дуъои нек дод.

Боре шарики худ Ҳафсро васият кард, ки ин либос нуқс дорад ва вақти фурӯхтан он айбро ба харидор бигӯяд, лекин Ҳафс ҳангоми фурӯхтан ин васиятро фаромӯш кард. Чун имом Абуҳанифа (раҳ) баргашта, аз он либос пурсид ва аз масъала огоҳ шуд ҳамаи пули он либосро садақа барои ризои Худо дод, то аз хӯрдани моле, ки шубҳанок аст бипарҳезад.

Васфи ахлоқи Абуҳанифа (раҳ).

Абуҳанифа (раҳ) на танҳо имом дар илму фиқҳ, балки дар ахлоқ ва сифатҳои азалии худ, ки аз дигарон фарқ мекард, буд. Ҷавҳарӣ ривоят мекунад, ки назди амирулмуъминин Ҳорунаррашид будам, ки шогирди имом Абуҳанифа (раҳ) Абуюсуф даромад. Ҳорун ба ӯ гуфт: Эй Абуюсуф ахлоқи Абуҳанифаро ба ман васф кун.
Абуюсуф гуфт: Худованд мефармояд:

Сухани Худо: Ҳеҷ каломе намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.
(Сураи Қоф, ояти 18)

Ин барои ҳар як гӯянда аст. Ман аз имом Абуҳанифа (раҳ) ҳаминро медонам, ки ӯ аз маҳорими илоҳӣ сахт дифоъ мекард, то касе муртакиб нашавад, дар дини Илоҳӣ хавфи шадид дошт, бе илм сухан намегуфт, дӯст медошт, ки Худованд итоъат шавад ва нофармонӣ нашавад, аз аҳли дунё ва амали эшон дурӣ меҷуст, сукути тӯлонӣ ва илми фаровон дошт, ҳамеша фикр мекард, беҳудагӯ набуд.

Агар аз масъалае пурсида мешуд, ки бо илм нисбат дорад сухан мегуфт ва ҷавоби онро медод ва дар ғайри он бар ҳақ қиёс мекард, барои илм харҷи зиёд мекард, аз ҳамаи мардум бениёз буд, ба сӯи тамаъ майл надошт, аз ғайбат дур буд, касеро ҷуз ба хайр зикр намекард. Ҳорун гуфт: Ин дар ҳақиқат ахлоқи некӯкорон аст.

Ибни Имрони Мавсилӣ мегӯяд: Имом Абуҳанифа (раҳ) даҳ хислате дошт, ки агар яке онҳо дар шахсе бошад раиси қавми худ мегардад. Он хислатҳо: Хавфу тарс аз Худованд, ростӣ, фақеҳӣ, мадоро бо мардум, муруввати ростин, рӯ овардан ба корҳои нафъовар, сухани савоб, мадади дармондагон хоҳ дӯст бошад ё душман.

Санои уламо ва имомон ба Абуҳанифа (раҳ).

Уламо ва бузургону донишмандон мадҳу санои зиёде нисбати имом Абуҳанифа (раҳ) гуфтаанд. Имом Шофеъӣ (р) гуфтааст: Имом Молик (р)ро гуфтанд: Оё Абуҳанифаро дидаӣ?
Молик (р) гуфтааст: Бале, субҳоналлоҳ монанди ӯ надидаам. Савганд ба Худо агар имом Абуҳанифа (раҳ) гӯяд, ки ин “устувона” аз тилост ҳароина далели қиёс барои дурустиии суханаш меорад ва оварда метавонад. Аз имом Шофеъӣ (р) ривоят аст, ки гуфтааст: Шахсе, ки мехоҳад дар илми фиқҳ моҳир гардад ва ба умқи он расад пас ӯ “аёл” муҳтоҷи имом Абуҳанифа (раҳ) аст. Имом Абуҳанифа (раҳ) аз ҷумлаи ашхосест, ки дар илми фиқҳ муваффақ гардидааст:
Инчунин гуфтаанд: Шахсе, ки китобҳои Абуҳанифаро назар накардааст ба умқи илм нарасидааст ва фақеҳ нашудааст. Аҳмад ибни Ҳанбал дар мавриди имом Абуҳанифа (раҳ) мегӯяд: Субҳоналлоҳ ӯ дар илму зуҳд ва тарсу хавф ва фидокорӣ барои охират ба дараҷае расидааст, ки касе ба ӯ расида наметавонад.
Ибни Башир мегӯяд: назди Сафиёни Саврӣ (раҳ) омадам. Гуфт: Аз куҷо омадед?
Гуфтам: Аз назди Абуҳанифа.
Гуфт: Дар ҳақиқат аз назди Абуҳанифа?
Гуфтам: Бале.
Гуфт: Дар ҳақиқат аз назди фақеҳтарин шахси рӯи замин омадаед.

Башир мегӯяд: Ҳамроҳи имом Абуҳанифа (раҳ) ва Сафиёни Саврӣ (раҳ) ҳаҷ намудам. Сафиёни Саврӣ (раҳ) аз донотарин мардум ба аҳодиси Расулуллоҳ (с) буд. Ӯ ҷойгоҳи бузурге дар ин ҷода дошт. Чун ҳардуи онҳо ҷое ҳозир мешуданд мардум атрофи онҳо ҷамъ меомаданд ва Сафиёни Саврӣ (раҳ) Абуҳанифаро пеш мегузоштанд ва аз паси ӯ мерафт ва агар аз ӯ масъалае пурсида мешуд ҷавоб намедод, то имом Абуҳанифа (раҳ) ҷавоб диҳад.

Яҳё ибни Муъин мегӯяд: Қироъат назди ман қироати Ҳамза аст ва фиқҳ фиқҳи Абуҳанифа. Мардумро бар ҳамин дарёфтам. Фақеҳон чаҳор нафаранд: Абуҳанифа, Сафиён, Молик ва Авзоъӣ (раҳимаҳумуллоҳ)
Аз ӯ пурсиданд: Оё Сафиёни Саврӣ (раҳ) аз имом Абуҳанифа (раҳ) ҳадис ривоят кардааст?
Гуфт: Бале, Абуҳанифа (р) шахси боэътимод, ростгӯ ва амин бар дини Худо буд.

Мадҳу сано бар илм ва шахсияти имом Абуҳанифа (раҳ). Бузургон гуфтаанд: Ҳамаи эшон ба тақдиру эҳтироми ӯ қоиланд. Аз қабили муосиринаш Ҷъфар ибни Рабеъ, ки гуфтааст: Панҷ сол бо имом Абуҳанифа (раҳ) иқомат варзидам ва касро аз ӯ дида сокиттар ва хомӯштар надидам. Чун аз масъалаи фиқҳӣ пурсида шавад кушода
мешуд ва чун дарёе дар ҷараён буд ва бо овози баланд сухан мегуфт. Яке аз муосирини ӯ Малиҳ ибни Вақиъ мегӯяд: Савганд ба Худо имом Абуҳанифа (раҳ) дар амонатдорӣ хеле бузург буд. Ҳамаи чизро фидои ризои Худо мекард. Дар роҳи Худо зарбаҳои шамшерро низ таҳаммул мекард. Худованд аз ӯ розӣ бод.

Васияти тиллоӣ.

Имом Абуҳанифа (раҳ) шогирде дошт бо номи Юсуф ибни Холиди
Симанӣ. Назди имом Абуҳанифа (раҳ) соҳибилм гардид ва хост ба шаҳри худ Басра баргардад. Имом Абуҳанифа (раҳ) ба ӯ гуфт: Бигузор шуморо васияте кунам. Дар он чи шумо, дар муоширати мардум маротиби аҳли илм, таъдиби нафс, сиёсати раъият, риёзати хоссаи уламо ва бозҷуйии амри оммаи мардум ба он эҳтиёҷ пайдо мекунед. Ҳар гоҳ, ки бо илми худ берун шудед ин васият ҳамроҳи шумо олоте хоҳад буд, ки салоҳияти он илмро дорад ва илми шуморо зиннат хоҳад дод. Дар зер ин васиятро меорем, ки онро донишмандон “Васияти тиллоӣ” номидаанд.

“Ҳароина вақте, ки бо мардум бархурди бад кардӣ онҳо душманат мегарданд, агарчӣ падарону модарони шумо бошанд. Ва ҳар гоҳ, ки бо мардум бархурди нек нигоҳ доштӣ аз наздикони шумо хоҳанд гардид, агарчӣ бароят бегонаанд. Тасаввур кунед, ки ман бо шумо ҳастам ва дохили Басра шудед, мардум шуморо истиқбол намуда, зиёрат мекунанд ва ҷойгоҳу маконати шуморо мешиносанд. Пас ҳар шахсеро бояд ҷойгоҳу маконаташро шинохт, аҳли илмашро бузург бояд дошт, шайхҳоро эҳтиром кард, бо ҳаводис ба мулоимот бархурд кард, бо оммаи мардум наздик бош, ҳамсуҳбати некӯкорон бош, касеро таҳқир макун, ба касе эътимод макун, баъд аз имтиҳон кардан ҳаргиз аз касе ҳадя қабул макун, ҳамеша бо сабру таҳаммул ва некахлоқу фаррохсина бош. Либосатро нав нигоҳ дор, хушбӯйро бисёр истеъмол намо, рафтори нарм дошта бош, бисёр сарзаниш макун, ки адл аз байн наравад, бар намозҳо пойбанд бош, аз таомат садақа деҳ, зеро ҳеҷ бахиле сиёдат ва роҳбарӣ накрдааст, шахсе, ки зиёрати шумо мекунад, зиёраташ кун, ба ҳама некӯӣ кун, илм омӯз ба урфи мардум амр кун, ҳар касе туро озор медиҳад ӯро тарк кун, шахсе аз бародаронат бемор шуд худат ба аёдати ӯ бирав ва шахсе аз эшон ғоиб шуд аз аҳволи ӯ пурсон шав, агар касе аз шумо рӯй гардонад шумо аз ӯ рӯй нагардонед, шахсе ба ту ҷафо кунад бо ӯ рафту омад кун, касе назди шумо ояд ӯро эҳтиром кун, шахсе ба шумо бадӣ кард аз гуноҳи ӯ даргузар, шахсе, ки хушнудие дорад ӯро муборак бигӯ, шахсе, ки мусибат дорад ба ӯ таъзия баён кун ва шахсеро мусибатзада дарёфтӣ изҳори ҳамдардӣ кун. Шахсе дар иҷрои коре аз шумо мадад пурсад ӯро мадад кун, шахсе аз шумо нусрат пурсад ӯро дастгирӣ кун, ҳар қадар кӣ метавонӣ бо мардум изҳори дӯстӣ кун, салом бидеҳ, ҳар гоҳ бо мардум дар маҷлис ё дар масҷид ҷамъ шудед ва масъалаҳо баррасӣ шуду хилофи он чи шумо медонед сухан рафт шумо мухолифат накунед, яъне мухолифататро аввал изҳор накун, агар пурсида шудед онҳоро ба он чи намедонанд хабар мекунед баъд аз он қавми дигарро мегӯед, ки он чунину чунон асту далел бар он чунон.

Пас, агар аз шумо шуниданд манзалату мақоми шуморо мешиносанд. Бо мардум чунон муомила кун, ки бо худ муомила мекунӣ, ва он чи барои худ ризо ҳастӣ ба эшон низ онро ризо шав. Нафси худро бо ҳифз намудан ғанӣ гардон, мардумро бо он чи шуморо таклиф намедиҳанд таклиф мадеҳ, бо он чи ба худ ризо мешаванд бо он ризояшон намо, нияти нек ба онҳо нигоҳ дор, содиқ бош на мутакаббир, хиёнат макун, гарчи хиёнатат карданд, бовафо бош, ботақво бош, Худо бо шумост”.

Даст кашидани имом Абуҳанифа (раҳ) аз мансаби қазо.
Халифаи аббосӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад мулаққаб ба Абуҷаъфари Мансур (136-158ҳ.қ./754-775м.) ба вазири худ гуфт: Ман ниёз ба қозие дорам, ки адлро дар давлат барпо дорад, барои гуфтани сухани ҳақ аз маломат наҳаросад ва аз донотарини мардум ба китоб ва суннат бошад, ба кӣ моро машварат медиҳӣ?

Вазир гуфт: Медонам, ки беҳтарини фақеҳон ба ин мансаб имом Абуҳанифа (раҳ) аст. Агар ин мансабро қабул кунад боиси хушҳолии мо мешавад.
Халифа гуфт: Оё касе метавонад амри моро рад намояд?
Вазир гуфт: Ӯ дар ин масъала сухани касеро гӯш фаро намедиҳад ва ба қабули ин мансаб розӣ намешавад, аммо ба ҳар ҳол кас бифрист, шояд қабул кунад. Халифа нафареро назди имом Абуҳанифа (раҳ) фиристода, амр намуд, то назди ӯ омада, мансаби қазоро қабул кунад, аммо имом Абуҳанифа (раҳ) чунин посух дод: Ман ду рукъат намоз хонда, истихора мекунам, агар кӯшоиш ёбам қабул мекунам, агар на фақеҳон бисёранд ва халифа касеро хоҳад ихтиёр кунад. Муддате чанд гузашту имом Абуҳанифа (раҳ) назди халифа ҳозир нашуд. Пас халифа шахсеро фиристода, Абуҳанифаро (раҳ)-ро амр кард, то ҳозир шавад. Имом Абуҳанифа (раҳ) назди халифа рафт дар ҳоле, ки қабули мансаби қазоро шадидан рад мекард, зеро медонист, ки масъулияти осон нест. Медонист, ки қозӣ ғолибан бар ҳукми ҳақе, ки мекунад зулм мекунанд ва халифа гоҳо амри муайянеро аз ӯ талаб мекунанд, пас ӯро чӣ ҳоҷат ба мансаб? Хосатан баъд аз истихора намудан ва итминон пайдо накардан.

Имом Абуҳанифа (раҳ) дар маҷлиси халифа, дар ҳоле, ки азм бар адами қабули мансаб намуда буд ҳозир шуда, нишаст. Халифа савганд хӯрд, ки ҳароина мансаби қазоро қабул мекунед, аммо имом Абуҳанифа (раҳ) бо ҷуръат онро рад мекард ва ба халифа мегуфт: Эй амрулмуъминин, ман салоҳияти қазоро надорам.
Халифа дар посух гуфт: Дурӯғ гуфтед.

Имом Абуҳанифа (раҳ) гуфт: Модоме, ки шумо Амирулмуъминин ба дуруғгӯии ман ҳукм кардед, пас дуруғгӯй салоҳияти қозӣ шуданро надорад. Баъд аз он гуфт: Аз Худо битарс эй амирулмуъминин, ин амонатро ба касе вогузор, ки аз Худо метарсад ва ман дар ризо эмин нестам, пас чӣ тавр дар ғазаб эмин бошам. Пас халифа амр намуд, то ӯро сад қамчин заданд ва ҳабс карданд. Баъд аз ин яке аз муқаррабони халифа ӯро маломат карда, мегӯяд: Эй амрулмуъминин, ин фақеҳи аҳли Ироқ ва фақеҳи аҳли Машриқ аст. Дар ҳақиқат болои нафси худ сад ҳазор шамшерро раво дидӣ. Пас халифа амр намуд, то сӣ ҳазор дирҳам барои имом Абуҳанифа (раҳ) ба хотири тасаллият дода, ӯро аз ҳабс раҳо кунанд. Чун он амволро назди имом Абуҳанифа (раҳ) гузоштанд рад намуд ва қабул накард. Пас халифа амр намуд, то дубора ҳабс шавад, аммо вузарояш ӯро насиҳат карданд, то аз амраш даст кашид ва Абуҳанифаро ( ба истилоҳи имрӯз) ҳабси хонагӣ кард.

Вафот ва реҳлати ҷонгудози ӯ.

Абуҳанифа (раҳ) дар манзили худ маҳбус боқӣ монд. Ҳаёташ низ зиёд тӯл накашид. Баъд аз гузашти рӯзҳои ангуштшумор бемории эшон вазнин шуд ва бо ҳамин беморӣ 18 июни соли 767 дар синни 68-солагӣ дар Бағдод ҷон ба Ҷонофарин супурд. Чун ахбори вафоти имом ба халифа расид, гуфт: кӣ дар ҳоли зинда ё вафоти ту узри маро ба шумо мерасонад? Яке аз уламои Куфа гуфт: Нури илм дар Куфа хомӯш гардид ва мислашро ҳаргиз нахоҳанд дид. Олими дигаре гуфта: Муфтии Ироқ ва фақеҳи он аз миён рафт. Ҷасади Абуҳанифа (раҳ)-ро панҷ нафар аз шогирдонаш ба ҷое, ки бояд шуста мешуд бурданд. Ӯро Ҳасан ибни Имораи Қозӣ шустушӯ кард, обро Ҳаровии Олим ба он ҷасади муборак мерехт. Чун аз шустушӯи ҷасад фориғ шуд, Ҳасан ибни Имора гуфт: Худованд шуморо раҳмат кунад, ки сӣ сол боз ифтор накардед, паҳлӯи шумо чил сол боз шабҳо болиштро надидааст. Беҳтарини мо дар фиқҳу, ибодату зуҳд ва дорои ҳамаи хислатҳои нек будед. Мардуми зиёду бешумор аз аҳли Бағдод (50 ҳазор) дар ҷанозааш ҷамъ омаданд. Шаш маротиба бар ӯ намоз гузориданд, охирин намоз, намози писараш Ҳаммод буд. Ба ҷуз Ҳаммод дигар фарзанд надошт. Аз касрати издиҳом танҳо пеш аз асри он рӯз тавонистанд имомро дафн кунанд. Мувофиқи васияти худи имом ҷасади ӯро дар мақбараи “Хайразон”, ки замини пок ва ғасбношуда буд ба хок супурданд.

Мақолаи баъдӣ дар назар аст аз рӯзгори дуввумин Имоми Аҳли Суннат ва Ҷамоъат имом Молик ибни Анас (раҳ) бошад, аз ин рӯ бо мо буданро фаромӯш масозед.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.