Имом Молик ибни Анас (раҳ)

Имом Молик ибни Анас (раҳ)

Имом Молик (раҳ) дуввумин имом аз имомони чаҳоргона ва аз машҳуртарини эшон аст. Мадинаи мунаввара, ки эшон он ҷо иқомат доштанд, даъватгоҳи хубе барои ӯ ва мазҳабаш маҳсуб меёфт. Толибилмон дар мулозамати дарсҳои имом Молик (раҳ) дар ҳамсоягии Паёмбар (с) худро саъодатманд медонистанд. Биноан эшон бо иштиёқи том рӯ ба илм оварда, кӯшиш мекарданд ва баъд аз гирифтани илм ба шаҳру манотиқи худ баргашта, фатвоҳо ва масъалаҳои имомро нашр мекарданд. Бад-ин васила фиристодагони имом маҳсуб меёфтанд. Эшон дар илми ҳадис ва фиқҳ хеле моҳир буданд. Илмашро аз сад шайху олими бузурги Мадинаи Мунаввара гирифтааст. Эшон бо ихлоси том ва ҷаҳду талоши зиёд талаб намуд, то ин ки Худованд ӯро дар ин роҳ муваффақ гардонд ва дар касбаш баракат ато намуд. Пас бузургии ӯ ва маконаташ шинохта шуду аз пешвоёни замони худ гардид. Ӯро олими Мадина ва имоми аҳли ҳиҷрат номиданд. Хабари эшон дар тамоми билоди муслимин паҳн шуд ва илмаш дар ҳама манотиқ мунташир гардид. Ин буд, ки мардум аз тамоми шаҳр ва минтақаҳо назди ӯ меомаданд.

Сафари мубораки падарбузург.

Ин сафар аз Яман ба Мадинаи Мунаввара буд, ки онро Молик (раҳ) ибни Абиомир ибни Умар бобои имом Молик (раҳ) анҷом додааст. Воқеъан ин сафар, сафари муборак аст. Агар ин сафар ва ё ҳиҷрат намебуд аз имом Молик (раҳ) намешунидем ва монанди дигар нобиғаҳо дур аз маконҳое, ки эшонро месозанд, ба дунё меомаданд. Пас ин сафар аз тавфиқи Худованд ба имом Молик (раҳ) буд ва тавфиқ ин чизи бузургест, ки Худованд онро танҳо ба мардони бузург медиҳад. Бешак ин сафар ба хотири изҳори нубуғи имом буд, то мардум аз илму маърифати ӯ истифода баранд.

Молик (раҳ) ибни Абиомир ба корҳои хеле муҳим даст зад, ки дар Мадина ашхоси бузург барои расидан ба мартабаи баланд даст ба ин корҳо мезаданд, аз қабили: Ширкати Молик (раҳ) дар навиштани Мусҳафи Шариф дар аҳди Умсон (р) ва дифоъ аз Усмон (р) ҳангоми фитна, лекин таҷовузгарон ӯро ба қатл расониданд ва имом Молик (раҳ) дар бардоштан ва дафни ҷасади бобои худ ширкат намуд.

Худованд ӯро дар ҳама амалҳояш муваффақ гардонид ва авлоди ӯ дар Мадина сукунат варзида, аз аҳли он гардиданд.
Хонаводаи Молик (раҳ) дар Мадинаи Мунаввара.
Хонаводаи имом Молик (р) ибни Абиомир дар Мадинаи Мунаввара қарор гирифт ва дигар ба Яман баргашт. Падарбузургаш Молик (раҳ) дунёро падрӯд гуфта буд ва аз худ чаҳор писар гузошт: Увайс, Нофиъ, Рабиъ ва Анас падари имом Молик (р). Баъзе аҳодис аз падарашон Молик ибни Абиомир (р), ки аз зумраи уламои тобеъин ба ҳисоб мерафт ривоят кардаанд. Анас падари имом Молик (раҳ) амали дастии бофандагӣ мекард ва аз он ҳисоб нафақаи аёлашро таъмин менамуд, лекин шавқу рағбати зиёде дошт, ки писараш Молик (раҳ) роҳи илму маърифатро пеш гирад. Анас ибни Молик ибни Абиомир Олия бинти Шурайк ибни Абдураҳмонро, ки аз қабилҳои қаҳтон ва уздӣ буд ба занӣ мегирад. Асли Олия низ яманӣ буданд.

Олия бордор мешавад ва чун писар ба дунё меорад падар номи ӯро ба баракати падарбузургаш Молик мемонад. Чун модараш ба андозаи кофӣ заковат дошт дар тарбия ва таълими писараш кӯшиши зиёд намуд ва ӯ бо тани сиҳату нерӯманд бузург мешуд.

Модараш некӯкор буд. Ин ҳақиқатро аз тарбияи овони тифлии имом ва тавҷиҳи ӯ ба муомилаи нек, ки ӯро пайрави илм намуд, метавон дарёфт. Ин модари солиҳа тавонист писари худро ба таълими аҳодиси Расули Худо (с) ва фиқҳ роҳнамоӣ кунад. Он ҳам аз шавқ бар талаби илми фарзандаш назди улумои бузург.

Молики набера.

Вилодати Молик (раҳ) дар соли 93- ҳиҷрӣ дар Зилмарва чанд фосила дуртар аз Мадинаи Мунаввара будааст. Баъд аз он хонаводааш ба водии Ақиқ, ки дар атрофи Мадина аст, интиқол меёбанд. Ҳардуи ин минтақаҳо Зилмарва ва Ақиқ боду ҳавои тоза, чашмаҳову нахалистон ва заминҳои кишоварзии зебо доранд. Дар хонаводаи миёнаҳол ба дунё омада, сол то сол бузург мешуд. Ӯ бо сафедпустӣ ва хубсуратиаш машҳур буд. Ҷисми солим ва сиҳати том дошт ва умри тӯлонӣ дида, бисёре аз машаққатҳо ва сахтиҳои ҳаётро таҳаммул намуд. Дар водии Ақиқ ҳамроҳи падару модари худ мезист ва ҳамеша ҳамроҳи бародари худ Назр буд, ба андозае, ки дар айёми тифлию кӯдакияш ӯро Молик бародари Назр меномиданд. Зеро Назр ба тиҷорати абрешим машғул буд ва Молик аз овони кӯдакӣ тиҷорати абрешимро омӯхт, лекин ин амал ӯро аз мутавеҷҷеҳ шудан ба сӯйи мактаби Алқама ибни Абиалқамаи Маданӣ, ки худ фақеҳ буду ҳифзи Қуръон ва улуми луғати арабӣ сарфу наҳв таълим медод, манъ накард.

Илова бар ин Молик ибни Анас маҳорат ва иштиёқи корҳои дӯстдоштае доштае дошт, ки волидайнаш кӯшиш намуданд, то аз он дураш нигоҳ доранд ва ба омӯхтани улум дилгармаш намоянд. Молик (раҳ) ибни Анас аз худ бузургтар бародар дошт. Рӯзе падараш барои ҳардуи онҳо суоле дод, ки дар ҷавоб Молик хато карду бародараш посухи дуруст дод. Ин ҳангом падараш ба ӯ гуфт: Шуморо бозӣ намудан бо паррандаҳо аз талаби илм боз доштааст. Ин сухан Моликро ба ғазаб оварда, азм намуд то аз ин баъд вақташро ба талаби илм сарф намояд. Мегӯянд ин сухан то он ҳад таъсираш кард, ки дигар аслан ба бозӣ мисли машғул намешуд.

Устодони имом Молик (раҳ).

Модари имом Молик (р) рағбати зиёд дошт, то писарашро ба омӯхтани илми фиқҳ роҳнамоӣ кунад. Ин буд, ки ӯро ба ҳалқаи илми Рабиъ ибни Абуабдураҳмон фиристода, васият кард, ки пеш аз омӯхтани илм аз адаби волое, ки шайх дошт фарзандашро биомӯзад. Он замон шӯҳрати Рабиъа аз нигоҳи илму адаб дар тамоми Мадина машҳур буд. Молик (раҳ) дар ҳоле ба ҳалқаи Рабиъа мерафт, ки хурдсол буд ва ҳар гоҳ, ки Рабиъа медид Молик ба ҳалқа меояд, мегуфт: Оқил омад. Ҳалқаи илмии Рабиъа чандин гурӯҳ аз мардумро дар бар дошт, аз ҷумлаи фуқаҳо, ва олимону мардони машҳур мисли амири Мадина ва шайхи бани Ҳошим, Ҳасан ибни Зайд ибни Ҳасан ибни Алӣ ва ғайри инҳо аз уламову донишмандон буданд. Дар Мадина касе аз Рабиъа дида олим ва саховатманд набуд. Ӯ ба ёру бародаронаш чиҳил ҳазор дирҳам нафақа додааст. Молик (раҳ) шефтаи устоди худ буд. Ҳемеша санои ӯро мекард. Ӯ мегуфт: Аз вақте, ки Рабиъа вафот кард ҳаловати фиқҳ низ аз байн рафт.

Аз ҷумлаи устодони имом Молик (раҳ) Нофеъ Мавлои Абдуллоҳ ибни Умар (раҳ) буд. Ӯ аз зумраи соҳибони силсилаи тиллоӣ шинохта шудааст, ки он ривояти ҳадис аз Шофеъӣ (раҳ) аз, Молик (раҳ), аз Нофеъ, аз Ибни Умар аз Умар аст.

Молик (раҳ) ҳамеша мулозими Нофеъ буду аҳодисро аз ӯ мегирифт, дар дохил шудану хориҷ шудан ӯро муроқабат менамуд, то аз ӯ суол кунад. Нофеъ ӯро дӯст медошт, бинобар ин ҳамроҳаш мешинонду ҳадисро ба ӯ меомӯзонд. Молик (раҳ) муроқабат мекард, то фурсат пайдо кунад ва дар танҳоӣ Нофеъро, ки аз чашмонаш маҳрум шуда буд, ба хонааш барад ва дар танҳои аз ӯ омӯзад. Бинобар ин аз ӯ дар “Муваттаъ” бисёр ривоят кардааст. То вафоти Нофеъ дар соли 147- ҳиҷрӣ Молик (раҳ) ба ӯ муроҷиъат мекард. Аз ҷумлаи касоне, ки Молик аз онҳо бисёр истифода кардааст Ибни Ҳурмуз Абдуллоҳ ибни Зайд аст. Молик (раҳ) дар ибтидо чандин сол мулозамати ӯро намуд, баъд аз он наздаш мерафт, то ин ки дар соли 148- ҳиҷрӣ вафот намуд.

Ривоят аст, ки Ибни Ҳурмуз рӯзе ба ходимзан гуфтааст: Кист дар назди дарвоза? Гуфтанд Молик. Гуфтааст: Бигӯ, то биёяд, дар ҳақиқат ӯ олими мардум аст. Аз ҷумлаи устодони ӯ ибни Шиҳоби Зуҳрӣ аст. Баъзе вақташро дар Шом мегузаронидааст. Чун ба Мадина бармегаштааст назди дарвозааш издиҳоми мардум мешудааст. Молик мегӯяд: Назди зинаҳои дари ӯ ҷамъ мешудем. Молик назди ӯ ба хонааш мерафт, то ҳадисро аз ӯ омӯзад, баъд аз он ба ӯ мегуфт: Зиёд намо бар ман, пас ибни Шиҳоб лавҳро аз дасти ӯ гирифта, мегуфт: Ҳадис бигӯ, пас Молик ҳамаи ҳадисҳоеро, ки аз ӯ фаро гирифтааст мегуфт. Пас ба ӯ мегуфт: Бархез, ки шумо аз зарфҳои илм ҳастед.

Имом Зуҳрӣ дар олами ривоят аз Паёмбар (с) мақоми бузурге дорад ва асаре бузургеро дар нашъати имом Молик (раҳ) ва таквини фикрии ӯ гузоштааст. Имом Молик (раҳ) дар “Муваттаъ”аз имом Зуҳрӣ 132-ҳадис ривоят мекунад. Ибни Шиҳоб масъалаеро пешниҳод менамуд, пас Рабиъа посух мегуфт, Молик (раҳ) сукут мекард. Ибни Шиҳоб аз ӯ мепурсид: Барои чӣ ҷавоб намедиҳӣ? Молик (раҳ) мегуфт: Устод посух гуфт. Ибни Шиҳоб мегуфт: Молик шумо ҷавоб гӯед. Пас Молик (раҳ) мухолифи ҷавоби Рабиъа мегуфт, пас Ибни Шиҳоб мегуфт: Ба қавли Молик баргардед. Аз ҷумлаи устодони Молик (раҳ) ибни Мункадир сарвари фақеҳон аз нигоҳи илм ва фазл аст. Дар миёни қориён обиду зоҳид ва беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Ӯ гуфтааст: Чиҳил сол, то ин ки истиқоматро ихтиёр намуд. Молик (раҳ) гуфт: Ҳар гоҳ, ки дар нафси худ сахтие эҳсос мекардам назди Ибни Мункадир мерафтам ва ба ӯ як нигоҳ мекардам оромише маро фаро мегирифт. Имом Молик мегӯяд: Вақте, ки Ибни Мункадир вафот кард бароям хеле мушкил буд.

Ибни Мункадир дар таълими имом Молик (раҳ) шарик буд ва тибқи роҳнамоиҳои имомони собиқ, ки ҳаёти худро барои фоидаи мардум фидо карданд ва яке аз фоидаҳои онҳо бар уммат ин тарбияи Молик буд. Мардум аз Ибни Мункадир мепурсиданд: Кадом амал беҳтар аст? Мегуфт: Шод намудани муъмин. Аз ӯ мепурсиданд: Чӣ чизи дунё барои шумо маҳбуб аст? Мегуфт: беҳбудӣ бахшидан ба бародарон. Молик (раҳ) аз Ибни Мункадир илми фаровоне ҳосил намуда, аз ӯ дар “Муваттаъ” аҳодиси зиёде ривоят кардааст. Ба ҳамин шакл Ибни Мункадир яке аз устодони муҳими Молик (раҳ) ба ҳисоб меравад. Имом Молик (раҳ) ҳофизаи қавӣ дошту китобати зиёд. Дар бораи худ гуфтааст: “Ҳифзи мардум аз миён рафтааст, чизеро ҳифз намудам онро фаромӯш накардаам.” Ибни Шиҳоб чилу чанд ҳадисе ба Молик (раҳ) гуфтааст, пас эшон онро ҳифз карданд. Баъд аз он Ибни Шиҳоб пурсидааст, то аз нав ба ӯ бигӯяд, зеро баъзе аз онро фаромӯш намудааст. Лекин Ибни Шиҳоб аз ҳофизаи Молик тааҷҷуб кардааст, зеро Молик (раҳ) ҳамаи он аҳодисро тавре, ки Ибни Шиҳоб баён намуда буд, зикр кардааст. Ин ҷо баъзе аз шахсонеро зикр намудем, ки Молик (р) аз эшон таълим гирифтааст, лекин дар воқеъ ӯ аз ҳамаи тобеъин ва тобеъони тобиъин илм омӯхтааст. На танҳо омӯхтааст, балки омӯзондааст. Ҳаёти эшон сар то по истифода буда. Аз ашхосе, ки таълим гирифтааст истифода мебурд ва ӯ низ фоида медод, яъне меомӯхт ва меомӯзонид. Ба андозе, ки гуфтаанд: Дар синни ҳабдаҳсолагӣ ба тадрис шуруъ кардааст.

Молик (раҳ) муаллим ва пешво.

Ҳафтод шайх аз шайхҳои масҷиди набавӣ ба имом Молик (раҳ) иҷозати тадрис доданд. Пас худи ӯ аз зумраи шайхҳои масҷиди набавӣ гашт ва сазовори таълими фиқҳ ва ҳадиси Паёмбар (с) шуд. Эшон бисёр сухан намегуфтанд. Худи ӯ гуфтааст: Сазовор аст барои инсон, ки сухан нагӯяд магар ба он чи ки бар он таҷриба ва илм надорад. Инчунин гуфтааст: Салоҳи кори инсон дар он сурат ҳосил мешавад, ки он чиро ки мақсадаш нест тарк намояд ва ба он чи ки мақсадаш аст, машғул гардад. Агар чунин намояд зуд аст, ки Худованд ба ӯ кушоиш диҳад .” Ӯ ба фиқҳ ва ҳадис эҳтиром мегузошт. Агар дар роҳ аз масъалаи фиқҳие пурсида мешуд ба суолкунанда мегуфт: Фиқҳ каромате дорад, ки ҷавобро манъ мекунад. Яке аз шогирдони соҳибманзалати имом ҳамроҳаш ба Ақиқ мерафт. Дар роҳ аз ҳадисе пурсон шуд. Имом ғазаболуд шуда гуфт: Аз шумо чунин интизор надоштам, ки дар роҳ аз аҳодиси Расулуллоҳ (с) бипурсед. Чун ба масҷид барои мулоқоти шогирдон ва дарс додан мерафт миёни қабр ва минбар менишаст ва ҳадиси Паёмбар (с)-ро ки гуфтааст: “Байни хона ва минбари ман бӯстоне аз бӯстонҳои ҷаннат аст”, мехонд. Ӯ дар ҳамаи ҷое, ки Паёмбар (с) ҳангоми иътикоф нишастан фирошашро (либосе ё худ ридое барои нишастан) мегузошт ва менишаст. Он ҷо, инчунин маҷлиси Умар ибни Хаттоб (р) ва дигар бузургони саҳоба буд. Чун дар маҷлис менишаст ҳамаи маҷлис моломол аз виқору ҳилм ва ҳайбат буд. Бо овози паст аз ӯ мепурсиданд ва чун ҷавобаш медод ҷавобаш ҳақиқати илмиест, ки онро ба забон овардааст. Пас касе намегуфт, ки инро дар кадом китоб дидаӣ? Гоҳо аз додани ҷавоб худдорӣ мекард ва касе ба хотири ҳайбаташ аз сабаби худдориаш намепурсид. Мардумони ғариб аз ҳадис ё якчанд ҳадис мепурсиданд, пас ҷавобашон медод, гурӯҳеро баъд аз гурӯҳе. Гоҳо баъзеашонро иҷоза медод, то ҳадисро наздаш мехонданд.
Дар ҳалқаи илмаш барои касе ҷой муайян намедод гарчанде манзалату дараҷаи баланд медошт, балки ҳар ҷое, ки ниҳояти масҷид ҷои хоси омӯзиши илм буд, балки ҳавлии имом низ ҷои суолу ҷавоб буд, ки дар ҳоле ки ҳавлӣ пур аз шогирд аст. Ходимзан баромада мегуфт, шайх ба шумо мегӯяд: ҳадисҳоро мехоҳед ё масоили фиқҳро? Агар мегуфтанд масоилро наздашон баромада, фатво медод. Ва агар ҳадис мегуфтанд: Таҳорат намуда, хушбӯй истеъмол менамуд ва либосҳои нав пӯшида, сару риши худро шона мезад ва салла мегузошт, ду ракъат намоз мехонд, баъд аз он назди эшон мебаромад, дар ҳоле, ки сар то по фурӯтан ва хоксорона буд. Минбарро ба ӯ вомегузоштанд ва маҷлисгоҳ моломоли бӯйи мушк мешуд, чун ба ҳадиси Паёмбар (с) шуруъ менамуд, то интиҳо ва фориғ шудан ҳама сокит ва ором гӯш медоданд. Чун аз рафтораш пурсида шуд гуфтанд: Дӯст медорам, ки ҳадиси Паёмбар (с)-ро бузург дорам ва ҳадис нагӯям магар, ин ки он комил бошад. Дар роҳ ҳадис гуфтанро бад медиданд ё дар ҳоли рост истодан ва ё саросема сухан гуфтанро низ бад медиданд. Оромона ва фаҳмо сухан мегуфтанд, дар суханашон калимаи нофаҳмое шунида намешуд Ва ҳар гоҳ касе садояшро дар маҷлис баланд мекард ба ӯ мегуфт: Садоятро паст кун. Худованд фармудааст.

Сухани Худо: Эй касоне, ки имон овардаед, садои худро аз садои паёмбар баландтар накунед ва ҳамчунон, ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан нагӯед, ки амалҳоятон ночиз шавад ва шумо огоҳ нашавед.
(Сураи Ҳуҷурот, ояти 2)

Эҳтироми шогирдон ба маҷлиси имом.

Абумусъаб мегӯяд: “Мардум тӯда-тӯда назди дарвозаи имом Молик (раҳ) ҷамъ мешуданд ва барои талаби илм аз ӯ байни ҳам мусобиқа мекарданд. Ӯ мегӯяд: Чун назди Молик (раҳ) мебудем касе аз мо як калима сухан намегуфт ва ба якдигар нигоҳ намекард. Ҳама мардум бо оромӣ гӯш мекарданд. Шоҳону вазирон, ки дар маҷлисаш нишаста гӯш мекарданд ба имом ҳайбати хосе доштанд”. Дар ягон масъала гоҳо кӯтоҳ мегуфт: Бале, ё на.
Пас касе ба ӯ намегуфт: Инро аз куҷо гуфтӣ?
Яҳё ибни Шуъба гуфтааст: Соли 144- ҳиҷрӣ ба Мадина расидам, дар ҳоле, ки Молик (раҳ) бо мӯй, сару риши сиёҳ нишаста буду мардум дар атрофаш сокит нишастаанд, касе ба сабаби ҳайбату бузургии қадраш сухан намегӯяд ва дар масҷиди Паёмбар (с) касе ҷуз ӯ фатво намедиҳад. Рӯ ба рӯйи ў нашаста, аз ӯ пурсон шудам ва чанд ҳадис бароям гуфт, зиёдтар талаб намудам боз гуфт, пас аз он асҳобаш бо ишораи чашм маро фаҳмониданд, то хомӯш бошам, то сухану ҷидоли илмӣ тӯл накашад, ки сабаби озурдагии имом гардад. Эшон ҳамеша виқору ҳайбати худ ва маҷлисашро ҳифз мекард ба андозае, ки касе ҷуз уламои бузург ҷуръати бо ӯ сухан ва муҷодала карданро надоштанд. Абдураҳмон ибни Маҳдӣ мегӯяд: Назди Молик (раҳ) нишаста будем, ки марде даромада гуфт: Эй Абуабдуллоҳ аз фосилаи шашмоҳа роҳи дур назди шумо омадам. Он ҳам ба сабаби масъалае, ки қавмам маро барои пурсиши он равон намуд.
Имом гуфт: Бипурс.
Чун пурсид, имом гуфт: Ҷавобашро хуб намедонам.
Мард гуфт: Чун баргардам, ба мардуми шаҳрам чӣ хоҳам гуфт,.
Ба ӯ гуфт: Ба эшон бигӯ: Молик (раҳ) ибни Анас гуфт: Ҷавобашро хуб намедонам.
Имом Молик (раҳ) дар илми суннат ба дараҷаи хеле бузург расида буд. Ӯ аввалин шахсест, ки ҳадисро дар китобе ҷамъ оварда, бар бобҳои фиқҳӣ тартиб додааст. Ба ҳамин шакл байни ҳадис ва фиқҳ ҷамъ намудааст. Ӯ дар илми фиқҳ, фақиҳи барҷаста ва дурандеш буд, ки аҳволи мардумро тавре, ки буд медонист. Чун фиқҳ дар бораи аҳволи мардум, танзими робитаашон бо Парвардигор дар ибодат, муомилаи мардум бо ҳамдигар ва риъояи масолеҳи ҳаёти дунё ва охират аст.
Имом Молик (раҳ) мавриди ситоиши уламо қарор гирифта буд. Фақеҳону муҳаддисон ба ӯ мадҳу сано мегуфтанд, чун ӯ назди ҳарду фирқа муътабар буд ҳам муҳаддис буд ва ҳам фақеҳ.

Имом Молик (раҳ) муаллиф.

Имом Молик (раҳ) дар таълиф ва ҷамъи китобҳо дар мавзуъҳои мухталиф қурдарти аҷибе дошт ва он қудрат далолат ва ақалияти бузурги имомро дар он замон мекунад. Гуфтаанд: Имом китобе дорад дар бораи ситораҳо ва соҳиби гардиши замин ва манзилҳои қамар. Дар васфи он навиштаанд, ки хеле муфид аст ва мардум муддати тӯлонӣ ба он эътимод доштаанд. Ӯ китобе ҳам дар илми тафсир дорад, ки бо номи “Тафсири ғарибул-Қуръон” аст. Инчунин имом дар илми тавҳид рисолае дорад бо номи “Рисола ба Ибни Ваҳб” ва шояд машҳуртарин китоби ӯ китоби “Муваттаъ”бошад. Имом Молик (раҳ) китобашро “Муваттаъ” номидааст, яъне саҳлу осон гардонидашуда ва он дурустарин китоб баъд аз китоб аст. Муаллиф дар ин китоб аҳодиси Расулуллоҳ (с) ва ақволи саҳоба ва тобеъин ва он масоилеро, ки аҳли Мадина бар он иҷмоъ намудаанд гирд овардааст. Муваттаъ аввалин китоби муаллиф ва собитун-нисбат ба имом Молик (раҳ) аст. Дар миёни мусалмонон паҳн гардида, то имрӯз аз насл ба насл расидааст. Он аввалин таълиф дар фиқҳу ҳадис якҷоя аст. Мардум дар замони пеш аз он ба ҳофизаи худ бештар эътимод доштанд на ба китоб ва дар илмомӯзӣ бо шунидан ва гирифтан эътимод доштаданд на бар он осори китобат ва таълифшуда. Тадвину таълифи воқеъӣ аз Муваттаъ оғоз шуд ва дар он даҳ ҳазор ҳадис ҷамъ гардид ва баъд аз муроҷеи чандинкаратаи он бо Қуръон ва ҳадис ва осор шумораи аҳодиси он ба панҷсад ҳадис расид.

Ривоят аст, ки имом Молик (раҳ) гуфтааст: Ин китобамро ба ҳафтод фақиҳи Мадина пешниҳод намудам, ҳамаи эшон бароям онро осон гардониданд, пас номи онро осонгардонидашуда софшуда, яъне Муваттаъ гузоштам. Воқидии таърихнигор гуфтааст: аз Молик ибни Анас (раҳ) шунидам, ки мегуфт: Чун амирулмуъминин халифаи аббосӣ Абуҷаъфари Мансур ҳаҷ намуд маро назди худ хонд. Наздаш дохил шудам чанде саволу ҷавоб намудем. Пас гуфт: “ Ман азм бар он намудам, ки аз ин китоби шумо, яъне Муваттаъ- чандин нухсае чоп намуда, нухсае ба ҳар шаҳри мусалмонон фиристода, амр намоям, зеро ман муътақидам, илм ривояти аҳли Мадина ва илми эшон аст.” Пас ба ӯ гуфтам: Эй амиралмуъминин ин амалро анҷом мадеҳ, зеро мардум дар ҳар шаҳру давлате набошанд аҳодис ва қавлҳое ба онҳо расидааст ва ҳама бо шунидаву донистаи худ амал намуда истодааст ва ихтилофи уламо раҳмат бар ин уммат аст, ва баргардонидани мардум аз он чи эътиқод намуда амал карда истодаанд, сахту душвор аст, пас мардумро ба ҳоли худ бигзор. Амиралмуъминин гуфт: “Савганд мехурам агар маро дар ин амр итоат менамудӣ ҳар оина онро анҷом медодам.” Уламои бузург китоби Муваттаъ ва муҳтавои онро писандида, дар васфи он суханҳо гуфтаанд.

Шофеъӣ (раҳ) гуфтааст: “Баъд аз китоби Худованд манфиаътноктарин китоб Муваттаъ аст”. Инчунин гуфтааст: “Китобе дар рӯи замин наздиктар ба Қуръон аз Муваттаъи Молик (раҳ) нест.”

Инчунин имом Аҳмад аз китоби Молик (раҳ) пурсида шудааст, пас гуфтааст: (Чи хубест барои шахсе, ки пайравӣ аз он мекунад).
Ва шаҳодати ин ду имом кифоя аст барои исботи фазли ин китоб

Эҳтироми халифаҳо ва амирон нисбати имом.
Чун далолати Аббосиён барпо шуд имом Молик (раҳ) аллакай соҳиби маконати бузург дар Мадинаи Мунаввара гардида буд. Аббосиён пойтахти давлати худро Бағдод интихоб карда буданд, лекин онҳо аз зиёрати Мадинаи Мунавара, масҷиди Паёмбар (с) ва салом додан бар Паёмбар (с), инчунин зиёрати имом Молик (раҳ) ва муноқашаи ӯ дар умури дунё ва охират ва амал ба раъйи ӯ ва эҳтироми ӯ даст накашида буданд.

Имом Молик(раҳ) ва халифа Маҳдӣ.

Чун халифа Маҳдӣ вориди Мадина мешуд имом Молик (раҳ) ва ашрофи Мадина чанд мил аз беруни шаҳр ба истиқболи ӯ баромаданд. Ҳангоме, ки Маҳдӣ, имом Молик (раҳ)-ро дид бо либоси сиёҳи аданӣ ба сӯйи ӯ омада, бо ӯ салому бағалкашӣ намуда, аз ҳолаш пурсон шуд ва бо ӯ роҳ рафтан гирифт. Пас имом Молик (раҳ) ба ӯ гуфт: Эй амиралмуъминин ҳозир шумо бо ҳамроҳонатон дохили Мадина мешавед ва эшон фарзандони муҳоҷирону ансоранд, пас ба онҳо салом деҳ, зеро дар рӯи замин қавме беҳтар аз мардуми Мадина нест ва на шаҳре беҳтар аз Мадина. Пас ӯ гуфт: Барои чӣ эй Абуабдуллоҳ ?(кунияи имом Молик аст)
Имом Гуфт: Зеро қабри ҳеҷ набие дар рӯи рамин шинохта нашудааст, магар қабри Муҳаммад (с) ва касоне, ки қабри Муҳаммад (с) назди эшон аст сазовор аст, ки фазли онҳо нисбат ба дигарон дониста шавад. Пас Маҳдӣ ба фармудаи Молик (раҳ) амал намуд.

Чун Маҳдӣ дохили Мадина шуд маркаберо ба имом Молик (раҳ) фиристод, то наздаш биёяд. Имом маркабро рад намуда, гуфт: Ман аз
Худованд шарм медорам, зеро дар шаҳре, ки Расулуллоҳ (с) аст савори маркаб шавам ва пиёда назди халифа омад. Ба сабаби иллате, ки дошт бар Муғира ибни Абдураҳмон ва дигар ашрофу уламои Мадина такя мекард.
Маҳдӣ гуфт: Субҳоналлоҳ! Маркабро ба хотири таъзими Паёмбар (с) рад намуд, пас Худованд онҳоро ба итоати ӯ дароварад. Савганд ба Худо, агар ман онҳоро ба чунин амал даъват намоям, қабул нахоҳанд кард. Муғира ба ӯ гуфт: Эй амиралмуъминин, мо аҳли Мадина аз ин ки имом Молик (раҳ) бар мо такя мекунад, ифтихор дорем.

Имом Молик (раҳ) ва Абуҷаъфари Мансур.

Ба амиралмуъминин аз ин ки уламо дар шаъни ӯ суханони ноҷо ва таъна мегӯянд хабар расид. Пас шабона назди имом Молик (раҳ) нафаре фиристоду ӯро наздаш оварданд. Чун назди халифа дохил шуд ӯро танҳо ёфт.

Имом Молик (раҳ) мегӯяд: мо ба халифа наздик нишастем ва ӯ гуфт: Ин чист ки аз шумо мешунавам эй гурӯҳи фақеҳон ва шумо мустаҳиқтарин мардум ба итоъат ва шинохтани ҳаққи имомон ҳастед? Имом Молик (р) гуфт: Эй амиралмуъминин Худованд мефармояд:

Сухани Худо: Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабод аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб (ранҷ) бирасонед, он гоҳ, аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.
(Сураи Ҳуҷурот, ояти 6)

Миёни онҳо гуфтугузор идома ёфт, то ин ки имом ба халифа гуфт: Чун шабона маро хондед пиндоштам, ки кори нохубе сар задаву боиси ошуфтагии хотиратон шудааст. Абуҷаъфар гуфт: Худо нохоста бошад эй Абуабдуллоҳ, ки кори нохубе шуда бошад ва ё ин ки ободиеро аз мусалмонон вайрон кунам. Ман аз вайронкунандагон нестам, агар аз ободкунандагон набошам. Агар хоста бошед ончиро назди мост, пас ҳамроҳи мо ба Мадинатус – салом биёед, яъне Бағдод, касе аз шумо муқаддам нахоҳам кард.
Молик (раҳ) ба ӯ гуфт: Агар аз амирулмуъминин азимат бошад, пас ҷои мухолифат нест. Агар ғайри он бошад, Паёмбар (с) фармудааст: “Мадина барои онҳо беҳтар аст, агар донанд.” Пас Мансур гуфт: Ба шумо кореро таҳмил маҷбур намекунем, ки онро нахоҳед.

Ин буд муъомилаи Подшоҳ бо олимони замонаш. На инки ба ӯ амр кунанд ва ё таҳқираш кунанд. Аз ӯ хоҳиш мекунанд ва боз дар ҳоле олим талабу хоҳиши подшоҳро рад мекунад. Инҳо буданд ворисони воқеъӣ ва ҳақиқии Паёмбари акрам (с).

Имом Молик (раҳ) ва халифа Ҳорунуррашид.

Халифа Ҳорунуррашид вориди Мадина шуд ва медонист, ки имом Молик (раҳ) китоби Муваттаъро ба мардум мехонад. Пас вазири худро назди ӯ фиристода, гуфт: Саломи маро ба ӯ расон ва барояш бигӯ китобро гирифта, назди ман омада бихонад. Вазир назди имом омада, ӯро хабар кард, пас имом гуфт: Саломи маро ба ӯ расон ва барояш бигӯ: Илмро зиёрат мекунанд на инки илм ба зиёрати касе равад ва илмро наздаш меоянд, на ин ки илм назди касе равад. Пас вазир назди халифа рафта, ӯро аз он чи миёни ӯ ва имом Молик (раҳ) гузашт хабар кард ва он гоҳ назди халифа Абуюсуфи Қозӣ буд, пас гуфт: Эй амиралмуъминин аҳли Ироқро хабар расида, ки имом Моликро амре намудаӣ ва ӯ шуморо мухолафат кардааст? Чун дар ин гуфтугӯ буданд, ки имом Молик (раҳ) дохили маҷлис шуда, нишаст. Халифа
Рашид гуфт: Эй Абуабдуллоҳ, назди шумо вазирамро фиристодам, мухолафати маро кардед?
Молик (раҳ) гуфт: Эй амиралмуъминин, Худованди таборак ва таъоло дараҷаи шуморо бардошта, ба ин манзалат расонидааст, пас шумо аввалин шахсе набошед, ки қадри илмро паст кунед, пас Худованд қадри шуморо низ паст кунад ва ман мухолафати шуморо накардаам, балки хостам амиралмуъминин қадри илмро бардорад ва бузургаш дорад, то Худованд қадрашро бардорад.

Рашид бархоста, ҳамроҳи имом Молик (раҳ) ба хонааш омад, то китоби Муваттаъро ҳамрои ӯ бишнавад. Ӯро дар минбар бо худ шинонд. Чун Молик (раҳ) хост қироат намояд ба ӯ гуфт: Муддатест ба касе нахондаам. Рашид гуфт: Пас мардумро хориҷ кун, то ман ба шумо бихонам.

Молик (раҳ) гуфт: Агар илм аз оммаи мардум манъ шавад ба хотири хосса Худованд нафъе дар он илм намерасонад, пас амр намуд, то Манъ ибни Исои Физорӣ барои ӯ бихонад. Чун қироъатро оғоз намуд, Молик (раҳ) ба Ҳорун гуфт: Эй амиралмуъминин ман аҳли илмро дар ватанам чунин дарёфтам, ки тавозуъро барои илм дӯст доранд. Пас Ҳорун аз арш ё нишастгоҳи подшоҳияш поён шуда, рӯ ба рӯйи имом Молик (раҳ) нишаст. Таъзим ва бузургдошти илм инчунин бояд. Пас, агар уламо илмро таъзим намоянд Худованд назди мардум эшонро бузург медорад ва ҳайбати эшонро дар дили амирону ғайри онҳо ҷой мекунад. Ин аст олиме, ки қадри илмро медонад ва бе шак ба чунин уламо Аллоҳ иззат ва қадр медиҳад.

Ҷуръати ӯ дар изҳори ҳақ.

Имом Молик (раҳ) шахси боҷуръат буд. Дар роҳи Худо аз маломати касе намеҳаросид. Бисёр вақтҳо мегуфт: Бар ҳар мусалмон ё шахсе, ки Худованд дар қалбаш чизе аз илм ва фиқҳ ҷой кардааст, ҳақ аст, ки назди султон дохил шуда, ӯро ба амри хайр даъват намояд ва аз шар боз дорад ва мавъиза намояд. Рӯзе имом Молик (раҳ) назди Ҳорунрашид, халифа дохил шуда, ӯро ба ончи барои ислом ва мусалмонон аст ташвиқ намуда, ба ӯ гуфт: “Ба ман хабар доданд, ки Умар ибни Хаттоб (р) соли гуруснагӣ оташи дегро барои мардум пуф мекард ба дараҷае, ки дуд аз байни ришаш берун мешуд. Мардум бе чунин рафтор аз шумо розӣ шудаанд. ”Бо ин сухан хост, то ба халифа расонад, ки ҳоло мо дар рӯзгори сер зиндагӣ дорем ва ончи бузургони мо барои раъият ва мардуми худ карданд шумо накардаед омодаи чунин амал барои хидмат ба раъиятатон бошед!

Ситоиши уламо нисбати Молик (раҳ).

Уламо ва муҳадисин оид ба фазлу эҳтироми Молик (раҳ) сухан гуфтаанд ва имомони бузург низ дар мадҳ ва баёни мақому манзалати ӯ нисбат ба дигар донишмандон изҳори ақида намудаанд. Дар бораи Молик (раҳ) аз Абуҳанифа (раҳ) пурсидаанд, пас гуфт: Касе донотар ба суннати Паёмбар (с) аз Молик (раҳ) надидаам. Абдураҳмон ибни Маҳдӣ гуфтааст: Касе аз уламои Ҳиҷоз надидам, магар ки имом Молик (раҳ)-ро бузург медошт ва Худованд ҳаргиз уммати Муҳаммад (с)-ро дар ҳарами худ ва ҳарами расули худ ҷамъ намекунад, магар ба хайр. Шофеъӣ (раҳ) гуфтааст: Агар ҳадис зикр гардад, пас Молик (раҳ) ситорае аст, бо ин суханаш ишора ба фармудаи Худо кардааст.

Сухани Худо: Ва нишонаҳо ниҳод ва ба ситорагон роҳ меёбанд.
(Сураи Наҳл, ояти 16)

Боз гуфтааст: Агар ҳадис аз Молик (раҳ) омад, пас бо қувват ба он чанг бизан.
Ибни Асир гуфтааст: Ин шараф ба Шофеъӣ басанда аст, ки Молик (раҳ) шайхи ӯст ва ин шараф ба Молик (раҳ) басанда аст, ки Шофеъӣ шогирди ӯст. Шофеъӣ мегуфт: Молик (раҳ) устоди ман аст ва ман ғуломе (кӯдаки хурдсол) аз ғуломи имом Молик (раҳ) ҳастам.

Ибни Осим мегӯяд: Ба Аҳмад ибни Ҳанбал гуфтам: Эй Абуабдуллоҳ, марде мехоҳад айни ҳадиси мардеро ҳифз намояд. Гуфт: Ҳадис ва раъйи Молик (раҳ)-ро ҳифз мекунад.
Абдуллоҳ ибни Муборак мегӯяд: Аз ҷумлаи касоне, ки илми расули Худо (с)-ро аз онҳо навиштанд Молик (аҳ)-ро аз ҳама ҳайбатноктар дидам, ва аз ҳама бештар ҳадиси расули Худо (с)-ро гиромию бузург медорад ва бар дини худ сахт пойбанд мебошад. Пас агар ба ман гуфта шавад: Барои уммат имомеро ихтиёр кун, ҳароина барои он Молик (раҳ)-ро ихтиёр мекунам.

Ҳаммод ибни Салома гуфтааст: Агар ба ман гӯянд, ки барои уммати Муҳаммад (с) илмеро ихтиёр кун, ки аз ӯ илмро омӯзанд, ҳароина Молик (раҳ) барои ин амр салоҳ медидам ва инро манфиъатнок барои уммат меҳисобидам. Имоми Миср Лайс ибни Саъд қабл аз вафоти Молик (раҳ) гуфтааст: Маҳбубтарин шахс дар рӯй замин барои ман Молик (раҳ) аст. Ва дуъои мустаҷоби худро менамуд, ки ( эй бори Илоҳо аз умри ман дар умри ӯ биафзо). Аммо муҳаддиси Макка: Суфён ибни Уяйна шайхи Шофеъӣ пеш аз Молик (раҳ) чун вафоташ наздик шуд, мегуфт: Худованд имом Молик (раҳ) (р)-ро раҳмат кунад, интиқоди сахташ аз барои ровиён набуд, аз аҳодис танҳо саҳеҳашро ба мардум мерасонид ва ҷуз аз ровиёни боэътимод аз касе ҳадис ривоят намекард.

Суфён инчунин мегуфт: Молик (раҳ) баъд аз вафоташ касеро мисли худ рӯй замин нагузошт, балки Суфёни Молик (раҳ)-ро мисдоқи ҳадиси Паёмбар (с) медонад, ки гуфтааст: “Наздик аст, ки мардум бо уштурҳои худ тамоми амокинро гарданд ва донотар аз олими Мадина олимеро наёбанд.” Ҳароина ӯ Молик (раҳ) ибни Анас (р) аст. Абуюсуф гуфтааст: Касеро донотар аз се нафар надидам: Молик (раҳ), Ибни Абулайло ва Абуҳанифа. Абуҳанифа (раҳ) ва Ибни Абулайло устодонаш буданд ва Молик (раҳ)-ро дар сафи онҳо гузошт ва ин далолат бар он мекунад, ки Молик (раҳ)-ро аз зумраи устодонаш меҳисобад. Дар бораи имом Молик (раҳ )мадҳгӯён гуфтаанд: Имомати Молик (раҳ) дар ҳадис ва суннат сабабаш ин аст, ки ӯ фақиҳ буд. Пас аҳодиси Паёмбар (с)-ро ҳифз менамуд ва ҳамроҳи он фатвоҳои саҳоба ва тобиъинро ҳифз менамуд, то дар фатвоҳои худ аз роҳи салафи солеҳ мунҳариф нагардад. Яке аз олимони мутақадимин гуфтааст: Молик (раҳ) беҳтарин афроди аҳли илм аст. Ӯ дар фиқҳ ва ҳадис имом аст ва кист монанди Молик (раҳ) пайравӣ аз осори гузаштагон бо ақлу адаб мекунад.

Имом Сютӣ гуфтааст: Ба ҳамин шакл шаҳодати уламо ба вофир будани илми Молик (раҳ), тақвову сафои илмаш ва имоматаш дар илми ҳадису фиқҳ хеле зиёд аст, ки ба ин андоза нисбати дигар уламо собит нашудааст. Ҳар ҳукми ӯ дар асоси суннат ва пайравӣ аз он аст.
Аз ҳикмат ва насиҳати ӯ (раҳ).
Илм дин аст, пас бингаред, ки аз кӣ динатонро мегиред.
* Илм ба ривояти зиёд нест, балки нӯрест, ки Худованд (ҷ) дар қалб мениҳадаш.
* Ҳар гоҳе, ки сухан кам шуд ҷавоб дуруст мегардад, ва ҳар вақт сухан бисёр шуд аз соҳиби он дар он сухан хато сар мезанад.
* Агар барои инсон хайре набошад, барои мардум низ дар ў хайре нест.
* Шахсе бисёр сухан гӯяду бисёр ба мардум мароҷиъат намояд қимматаш аз байн меравад.
* Намесазад ба он чи сухан гӯйӣ, ки аз он шарм дорӣ ва дар ҳоҷате, ки дар он шарм мекунӣ, марав.
* Ҳақ аст бар шахсе, ки талаби илм мекунад, ин ки виқору сакина ва шикастаҳоли дошта бошад, ва илм нек аст барои касе ки хайри он насибаш мегардад ва аз саъодати инсон аст, ки муваффақ бар хайр гарад, ва аз бадбахтии инсон аст, ки ҳамеша хато ва лағжиш бошад.

Аз ҷумла насиҳатҳояш ончиро ки Холид ибни Хидош гуфтааст:
Молик (раҳ)-ро видоъ карда, гуфтам: Эй Абуабдуллоҳ, маро васият кун. Ӯ гуфт: Побанди тақво бошу илмро аз аҳлаш талаб намо. Боз гуфт: Он чи дар китоби Худованд ва суннати собитшудаи Паёмбар (с) аст, пас он ҳаққест, ки шакку шубҳа дар он нест ва он чи аз иҷтиҳоди фикр аст, пас Худованд ба дурустии он донотар аст.
Илм аз чор тоифа мардум гирифта намешавад ва аз ғайри онҳо гирифта мешавад: Аз бидъаткоре, ки ба бидъат мардумро мехонад, аз беақле, ки беақлияш ошкор аст, аз шахсе ки дар суханони мардум дурӯғ мегӯяд, гарчанде дар ҳадиси Паёмбар (с) дуруст мегӯяд ва на аз шахсе, ки ин шаънро медонад.

Вафоти имом.

Соли имом қариб ба навад расид. Шахсияти бузурге, ки масҷиди Паёмбар (с) омада, миёни қабр ва минбар нишаста, ба садҳо нафар таълим медод, дар намозҳои панҷвақта ва ҷаноза ҳозир мешуд, аёдати беморон мерафт, ҳуқуқро адо мекард, даъватро иҷобат менамуд, аммо аз ҳама ин амалҳо рафта, рафта даст кашид ва дар кунҷи узлат нишаст. На ба намозҳои панҷвақта мераваду ва на ба таъзияи касе. Мардум ҳамаи инро таҳаммул карда, имомро эҳтиром мекард, то ин ки вафот намуд.

Чун аз сабаби ин пурсида шуд дар ҳоле, ки вафоташ наздик шуда буд ва ҳафт сол шуда буд, ки ба масҷид нарафта буд, гуфт: агар ман дар охири рӯзи дунё ва аввали рӯзи охират намебудам шуморо хабар намекардам. Бемории силсилбавл маро боздошта буд. Дӯст надоштам ба масҷиди Паёмбар (с) ҳозир шавам ва дӯст надоштам иллатамро ошкор кунам, пас ба Парвардигорам шикоят мебарам.

Соли 93- ҳиҷрӣ ба дунё омада, соли 179- ҳиҷрӣ вафот намуд. Рӯзи якшанба бемор шуда, бемориаш 22- рӯз идома ёфт ва дар рӯзи якшанбе даҳ рӯзи охири моҳи Рабиъ-ул-аввал вафот кард. Мувофиқи васияташ бо либоси сафед ӯро кафан пӯшонида дар мавзеъи Ҷаноиз намоз гузориданд. Намози ҷанозаро бо имоматии амири он вақтаи Мадина Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Ҳошимӣ гузориданд.
Ҳамаи аҳли Мадина дар намози ҷаноза ҳозир шуданд ва барои вафоти имом хеле андӯҳгин гаштанд ва барои ӯ дуъои хайр ва мағфират намуданд. Дар Бақеъи Мадинаи мунаввара дафн гардид ва гурӯҳе аз шогирдонаш ӯро дар қабраш гузоштанд. Хабари вафоташ дар сар то сари олами ислом паҳн гардид. Мусалмонон аз вафоти ӯ ғамгин шуда, дуъоҳои хайр ва раҳмату мағфират барои хидматҳои бузургаш ба ислом барои ӯ мефиристоданд.

Интишори мазҳаби имом Молик (раҳ).

Мазҳаби имом Молик (раҳ) дар муқадимаи фиқҳи исломӣ буд. Шогирдони зиёди ӯ бо мазҳаб ва тариқаи ӯ дар истинботи ҳукмҳо аз шариъати исломӣ даъват мекарданд. Футуҳоти исломӣ ва дар пайи он нашри ислом аз ҷониби даъватгарон низ дар нашри мазҳаби имом нақши муҳим бозид. Ҳамаи ин дар фатҳи Африқо ва дохил шудани аҳли он дар ислом возеҳ гардид. Ин раванд ҳамин тавр дар фатҳи дигар манотиқи Африқо ва билоди Андалус (Испания) возеҳ боқӣ монд. Билоди Миср низ дар ҳаёти имом пайрави мазҳаби ӯ буданд. Усмон ибни Ҳаками Ҷузомӣ аз ҷумлаи ноширони ин мазҳаб дар он диёр буд. Баъд аз он чун имом Шофеъӣ (раҳ) вориди Миср шуд бештари сокинон ба пайравӣ аз имом Шофеъӣ (раҳ) намуданд ва мазҳаби ӯро пазируфтанд. Аммо ваҷҳи қиблӣ ё манотиқи дуртар ва бодияҳо дар миср то ҳол пайрави мазҳаби Имом Молик (раҳ) ҳастанд. Мазҳаби Имом Молик (раҳ) дар Мадинаи Мунаввара нашъат ёфта, баъдан дар Ҳиҷоз паҳн гардид ва муддати тӯлонӣ он ҷо нақш мебозид, то ин ки мазҳаби Ҳанбалӣ ҷои онро гирифт.
Мақолаи баъдӣ зиндагӣ ва ҳаёти Имом Шофеъӣ (раҳ) аст, бо мо будан ва дуъои хайрро дар ҳаққи мо фаромӯш насозед.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.