Имон ба тақдир яке аз усули ислом аст.

Ислоҳ нет

Имон ба тақдир яке аз усули ислом аст.
Силсила мақолаҳои Тақдир ва ё қазо ва қадар № 1
Имон ба тақдир яке ба аз усуле иртибот мегирад,ки шахс бидуни эътиқод ба он мусалмон гуфта намешавад.
Аз Умар ибни Хаттоб (р) чунин ривоят шудааст: Ҷараёни пурсиш ва посухе,ки миёни Расули Худо (с) ва Ҷаброил (а) сурат гирифтааст чунин аст.
Ҷаброил (а) гуфт: “Эй Расули Худо имон чист?”
Паёмбари Худо (с) чунин посӯх доданд : “Имон ин аст,ки ба вуҷуди Худо,фариштагон,китобҳои осмони,паёмбарони Илоҳи ва тақдири нек ва бад имон ва эътиқод дошта бошад
Ҷаброил (а) гуфт : “Рост гуфтед”
Оятҳо ва ривоёте,ки баёнгари қудрати Худо ва имон овардан ба қазо ва қадар ҳастанд ва парда аз рози ин ҳақиқат бар медоранд хело зиёданд.Мехоҳам бархе аз онҳоро баён дорам.
Сухани Худо:
“Мо ҳар чизеро ба андозаи лозим ва аз рӯйи ҳисоб ва низом офаридаем”
(Сураи Қамар,ояти 49)
“Фармони Худо ҳамеша бар ҳисоб ва барномаи дақиқе устувор аст ва бояд иҷро шавад”
(Сураи Аҳзоб,ояти 38)
“Вале то Худованд кореро таҳқиқ бахшад,ки мебойст анҷом гирад”
(Сураи Анфол,ояти 42)

“Ҳар чизеро офаридааст ва онро дақиқан андоза гири ва комилан бароварда кардааст”
(Сураи Фурқон,ояти 2)
“Тасбеҳ ва тақдис кун парваригори воломақоми худро.Ҳамон Худованде,ки меофаринад ва сипас меорояд.Худованде,ки андозагири мекунад ва раҳнамӯд менамояд” (Сураи Аъло,оятҳои 1-3)
Товус ривоят менамояд: Бархе аз асҳоби Муҳаммад (с) ро мулоқот кардам,ки мегуфтанд: “Ҳар чизе ба андозаи лозим ва аз рӯйи ҳисоб ва низом офарида шуда аст.”
Товус мегуяд: Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) шунидам,ки мегуфт: “Ҳар чизе ҳатто нотавони ва тавонойи аз рӯйи ҳисоб ва китоб аст.”
Абуҳурайра (р) мегуяд: Гурӯҳе аз мушрикини қурайш назди Расули акрам (с) омаданд ва бо эшон дар мавриди тақдир ба баҳс ва муҷодала пардохтанд,онгоҳ ин оят нозил шуд.
Сухани Худо : “Рӯзе дар оташ бар рухсора рӯйи замин кашида мешаванд ва ба эшон гуфта мешавад:Бичашед ва пасудаи дузахро яъне ранҷ ва гарми ва ҳарорати дузахро.Мо ҳарчизеро ба андоза ва аз рӯйи ҳисоб ва низом офаридаем”
(Сураи Қамар,оятҳои 48-49)
Албатта оёт ва аҳодиси зиёде дар ин маврид хело зиёд аст ва умуман ҳар нассе дар Қуръони карим баёнгари илм,қудрат,ирода ва офаридаҳои Худованд аст нишонаи тақдири Илоҳи низ ҳаст.Бинобар ин имон ба тақдир дар партави оёт ва ривоёт яъне эътиқод ба дониш,ирода ва махлуқоти Худованд офаринанда мебошад.
Роғиби Исфаҳони мегӯяд: Қадр дар луғат ба маънои қудрат ё ҳарчизеки тавассути илм ва дониш эҷод мешавад ва по ба арсаи вуҷуд мениҳад.
Худованд қодири мутлақе аст,ки ҳеҷ чизе наметавонад Ӯро дармонда ва нотавон намояд.Қодир муқтадир ва қадир аст,ки аз як решаанд. Қудрат сифати Парвардигор аст.
“Қодир” исми фоъил ва “Қадир” бар вазни фаъил исми муболиға аз боби “Қадара Яқдиру ” мебошад.Қадир яъне эҷод кардани ҳар чизе,ки ирода кунад бидуни ҳеҷ каму беше. Бино ба ҳикмате,ки тақозо кунандаи он аст.Аз ин хотир итлоқи ин сифат танҳо ба Худованд ҷойиз аст .
Сухани Худо:
Оё намебинанд, Худое, ки осмонҳову заминро биёфарид, дар офаридани онҳо дарнамонд. ӯ метавонад мурдагонро зинда кунад. Бале, ӯ бар ҳар коре тавоност” Сураи Аҳқоф,ояти 33)
“Муқтадир” бар вазни муфтаъил аз решаи “Иқтадир” ва аз боби “Қадир” Балиғтар аст.
Аз Имом Аҳмад (р.а.ҳ) дар мавриди Қадар пурсиданд чунин посух гуфт “Қадар яъне қудрати Худованд.”
Ибни Қайим (р.а.ҳ) мегуяд: Имом Аҳмад (р.а.ҳ) фармуданд: “Қадар яъне қудрати Худованд.” Назарияи Ибни Ақил дар мавриди дидгоҳи имом Аҳмад бисёр ҷолиб аст.Эшон мегуянд:”Сухани Имом Аҳмад дар ниҳояти зарофат ва зебои мебошад,ки баёнгар бар илмияту дониш ва диққат ва маърифати Имом дар усули дин мебошад.”Чун ҳамон гуна,ки Абулвафо мегуяд: “Инкори Қадар ба маънои инкори қудрати Худованд бар офаридан ва сабт ва тақдири кирдори бандагон аст.”
Афроде,ки мункири Қадар ҳастанд дар ҳақиқат қудрати Худовандро қабул надоранд ва дар ростои исботаш барои Худованд талош мекунанд.
Ба кулли сароҳат метавонам бигуям,ки мункирони Тақдир яктопараст нестанд ва офаридагор ё Худовандро ягона намедонанд.Чун мегуянд: “Офаринандаи некиҳо,офаридагори бадиҳо нест .Яке аз дорандагони чунин ақидаҳо мегуяд: “Гуноҳоне,ки инсон муртакиб мешавад бар асоси ирода ва машийяти Худованд рух намедиҳанд.” Ҳатто бархе по фаротар гузошта ва чунин мегуянд: “Худованд аз гуноҳони анҷом медодаи мо бо хабарҳам нест”.
Яке дигар аз бовариҳои онҳо ин аст,ки тамоми кирдори ҳайвонот бидуни “Қудрат ва иродаи Худованд” сурат мегирад.Яъне мункири иродаи фаъол ва Қудрати комили Худованд ҳастанд.Аз ин хотир аст,ки Ибни Абос (р) мегуяд : Асос ва решаи тавҳид имон ба Тақдир аст ҳар касе,ки Худовандро танҳо бидонад ва ба Тақдир имон дошта бошад кохи тавҳидро барафрошта аст.Ҳар касе муваҳҳид яъне яктопараст бошад вале Тақдирро напазирад,ва бо такзиб намудани Тақдир сохтмони тавҳид ва яктопарастиро вайрон месозад.
Аз гузашта то кунун уламо ва донишмандони ислом ба исботи Тақдир пардохта ва имон ба онро лозим ва зарури донистаанд.Ҳамаи уламои Аҳли Суннат онҳое,ки чароғи роҳи ҳидоят ва фонӯси торикиҳо будаанд имон овардан ба Тақдирро зарури донистаанд ва мункирини Тақдирро тудаи бе хирад ва бе ақл мепиндоранд.
Имом Нававӣ (р.а.ҳ) дар шарҳи аҳодиси Муслим дар мавриди Тақдир мегуяд:”Ҳама ин аҳодис баёнгари далоили ошкори аҳли суннат дар мавриди Тақдир аст ва ин,ки сарчашмаи тамоми рухдодҳо хуб ва бад судманд ва зиёновар дар Тақдири Илоҳианд.”
Имом Навави (р.а.ҳ) Дар ҷойи дигаре мегуяд :Далелҳои қотеъи аз Қуръон ва Суннат Иҷмоъи Саҳоба ва Аҳли Ҳал ва Ақд аз уламои аҳли суннат вуҷуд дорад,ки ба исботи Тақдир пардохтаанд.
Ибни Ҳаҷар (р.а.ҳ) мегуяд: Дидгоҳи гузаштагони солеҳи мо дар ин аст,ки ҳамаи умур бар асоси тақдири Илоҳи рух медиҳанд.
Сухани Худо : “Ва ҳеҷ чизе вуҷуд надорад магар инки ганҷинаҳои он дар пеши мост ва ҷуз ба андозаи муъаян ва мушахасе(ки ҳикмати мо иқтизо кунад) онро фурӯ намефиристем.” (Сураи Ҳиҷр,ояти 21)

Давом дорад бо Сомонаи Васатият бошед хонандагони гиромӣ

Share This Article