Ҷиноятҳо ва корномаи сиёҳи Раиси ноҳияи Рашт (қисмати чорум)

Ислоҳ нет

 

ё “Досияи Сиёҳ”-и Амири Рашт № 4

Хонандагони гиромӣ дар се мақолаҳои қаблӣ аз ҷиноятҳои махсусан хавфнок,  дуздиҳо ва ғоратгариҳои Қаноатшо Лоиқзода маълумотҳое бароятон тақдим намудем. Пас аз нашри ҳар як мақола вокунишҳои гуногуне аз тарафи ин Амири Рашт ва ҳимоятгаронаш сурат мегирифт. Пас аз нашри мақолаи № 3-юм, аксуламалҳои ҷиддиеро аз тарафи ӯ ва ё ҷонибдоронаш мушоҳида накардем. Чун билохира фаҳмиданд, ки ин ҷониб ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҷинояткору дуздон забон як карданӣ нестам. Баръакс онҳо дарк карданд, ки ҳама кӯшишҳояшон расонаӣ мешавад. Чуноне, ки се нафарашро дар мақолаи қаблӣ бароятон рӯйи сафҳа гузоштем, аз шахсиятҳояшон огаҳӣ пайдо намудед. Нафароне, ки ҳимоятгаронаш буданду хостанд ҷиноятҳои Лоиқзода расонаӣ нашавад, аз баҳраш гузаштанд. Чун дарк карданд, ки онҳо низ расво хоҳанд шуд. Ин ҳам як иқдоми хуб ва марҳалаи тозае мебошад, ки бояд ҳар мақомоте, ки даст ба ҷиноят ва зулму ғорат мезананд, донанд, ки дар ин дунё касе ба додашон намерасад. Пас, аз ин ҳар мақомдор, қабл аз иртикоби ҷиноят, нахуст биандешад, ки рӯзи қиёмати ин мақомдорон қабл аз охират дар ин дунё оғоз хоҳад шуд ва ҳатман дар ин дунё қабл аз охират ба он ҷиноёташон ҷавоб хоҳанд гуфт ва дар назди миллат расво хоҳанд шуд.

Алҳамдулиллоҳ, бароямон аз ҷиноятҳои Қаноатшо Лоиқзода номаҳои зиёде расида истодааст, ки дигар намедонам аз кадомин он ҷиноятҳои ин аждаҳои хавфнок бигӯям.

Номаҳои сокинони ноҳияи Рашт

Ин навбат бо арзи эҳтиром ба хонандагони гиромии Ислоҳ номаҳои ба мо расида дар бораи ҷиноятҳои Лоиқзодаро пешкаш мекунем. Чун дарди дили сокинони ноҳияи Раштро аз он номаҳо метавон баръало мушоҳида намуд.

Пас аз нашри се мақола, аз сокинони ноҳияи Рашт ба мо номаҳои зиёде расиданд, ки дар байни ин 36 номаи сокинон, танҳо изҳори ташаккур ба хотири ифшои дуздиву қаллобиҳои Лоиқзода буд. Сокинони минтақаҳои Ҳойт сахт аз роҳбарии ин ҷинояткор ба сутӯҳ омадаанд. Ҳамчунин аз дараи Ясман ба сомона панҷ нома омадааст, ки аз пулситонии ин аждаҳо хаста шудаанд, вале ҳеҷ додрасе надоранду намедонанд чӣ кор кунанд. Яке аз онҳо чунин навишта аст:

– “Мо аз Ҳойт, то маркази ноҳияи Рашт ба назди Қаноатшо Лоиқзода меравем, ки тибқи маъмул рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзи қабулаш ҳаст. Аммо ҳамон рӯзҳо ҳам қабул намекунад ва мардумро аз назди ҳукумат меронанд. Мо то маркази ноҳия 30 сомонӣ роҳкиро медиҳем, меравему ноумед бармегардем. Агар бахт баландӣ кунаду ба наздаш дохил шавед, бе пора ҳеҷ коратон ҳал намешавад. Барои иҷрои оддитарин коре, ки вазифааш ҳасту бояд иҷро кунад, пул талаб мекунад. Занҳои ҷавон ба наздаш аз дохил шудан метарсанд, чун дарҳол ба алоқаи ҷинсӣ онҳоро даъват мекунад. Барояш фарқ намекунад, ин зан шавҳардор аст ва ё бе шавҳар, шарти иҷро шудани кор ё хоҳиши доштаи шаҳрванд ин ҳамхоба шудан бо Қаноатшо Лоиқзода аст”.

 

-Дигараш чунин менависад: “Ман як донишҷӯй ҳастам, ки ҳоло дар ДМТ таҳсил менамоям.  Соли 2016, ки аз тарафи ҳукумат барои сокинони дурдаст тибқи буҷа квота ҷудо шуда буд, ба ҷои ман  ҷияни худи раис ва онҳое, ки ба ӯ пул медиҳанд ба ҷойи дигар фарзандони камбизоатҳо шомил мешаванд, ин зулм, дуздӣ ва хиёнат нест мегар? Оё ҳукумати ҷумҳурӣ аз ин хабар доранд?”

Дар дигар номаҳои сокинони Ҳойт ва дараи Ясман аз муомилаи бади мақомдороне, ки зердастони Лоиқшо Қаноатзода ҳастанд, шикоятҳо нигошта шудаанд. Раиси Ҷамоатҳо чун ба ӯ пора медиҳанд, пораро аз мардум бо ҳар роҳе меситонанд. Вазъияти масҷидҳо ва ҳолатҳои ибодии сокинони ин минтақаро хело бад ва дар ҳолати назорати шадиди тоқатфарсо баён доштаанд. Агар ба ҳамаи он номаҳои сокинон бипардозем, чанд мақолаи муфассале мешаванд, ки барои баёни ҳамаи онҳо воқеан вақти кофие надорем.

Аз ин 9 ҷамоатҳои Ғарм, Нусратулло Махсум, Навобод, Тагоба, Б. Раҳимзода, Оби Меҳнат, Навдӣ, Қалъаи Сурх ва Ҳойити ноҳияи Рашт ба мо даҳҳо номаҳои шикоятӣ нисбати ҷиноятҳои Қаноатшо Лоиқзода расидаанд.

 

Аз ҳамаи шумо хонандагоне, ки нома навиштед, изҳори сипос мекунем ва ҳолати вахими шуморо комилан дарёфтем.

 

Омодагӣ ба пешвози “Пешвои Миллат”

Рӯзи 13-уми декабари соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Рашт соати 14:00 маҷлисе баргузор шуд, ки дар он омодагӣ барои ташрифи “Пешвои Миллат” ба ноҳияи Рашт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар назар будааст, соли оянда “Пешвои Миллат” дар 27- уми июн барои ҷашни “иди ваҳдат “ ба Рашт сафар дошта бошад ва барои он аз ҳоло ҷамоъатҳоро вазифадор шуда истодаанд, ки аз аҳолӣ пул ҷамъ карда шавад, то маъракаи пешвоз дар сатҳи олӣ баргузор гардаду раиси ноҳия холҳои сиёсии бештар дар назди ӯ бигирад.

Намедонам барои кадом ҷашни иди ваҳдат ба ноҳияи Рашт меомада бошад? Оё аз ваҳдат чизе боқӣ мондааст? Барои омадани ӯ сокинони ин ноҳияе, ки худашон бо ҳазор мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯянд, боз ҳам бо пул ҷамъкуниҳо ҳолати мардумро вахимтар мекунанд. Мардум бояд худашон нахуранду  напӯшанд ва барои ташрифи “Пешвои Миллат” охирон пасандозашонро ба Қаноатшо супоранд. Агар касе мухолифат ва ё шикоят кунад, дар ҳол тамғаи “хоини миллат” ва Моддаҳои 307,401 ва 3072 ё  моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 бар ӯ часпонида мешавад ва сарнавишташ мисли Ҷунайдулло Худоёров ва ҳазорҳои дигар мегардад.

Асосан рӯзномаи ҷаласа ин шинондани картошка буд, ки онро Қаноатшо Лоиқзода ҳамасола. аз соле, ки ба мақоми Амири ноҳия интисоб гаштааст амалӣ менамояд. Имсол бояд аз фурсати ташрифи “Пешвои миллат” сӯйиистифода кунад ва тухми картошкаи ворид намудаашро фурӯшад. Гӯё он картошкаҳоро дар заминҳо махсӯс “Пешвои миллат” медидааст.

Дар ин маҷлис бар души ҳар якбонкҳое, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт фаолият мекунанд,   21 ҳазор сомонӣ гузошта шуд, то супоранд. Дар умум, ҳар ташкилоте, ки дар ҳудуди ноҳия амал мекунанд, ташкилотҳо аз ҳисобҳои худашон ва ҷамоатҳо аз ҳисоби мардум бояд ин тухмиро харанд.

 

Яке аз заминҳое, ки дар он бояд картошка шинонда шаванд,  дар ҳудуди Ҷамоати Боқӣ Раҳимзода деҳаи Бини Суфиён будааст.

Шинондани картошка, яке аз тиҷоратҳои шахсии Қаноатшо Лоиқзода буда, чор сол аст, ки аз ин тиҷорат фоидаи хубе ба даст меорад. Ба гуфтаи манбаъи Ислоҳ, солона, фоидаи раис аз фурӯши танҳо тухмӣ то 300 ҳазор доларро ташкил мекунад. Тухмиро Қаноатшо то ҳудуди ноҳия ба 1,2 то 2 сомонӣ мерасонад ва ӯ ба сокинон маҷбурӣ то 4 ва 4,5 сомонӣ мефурӯшад.  Ҳосили картошка комилан дар ихтиёри худи ҳукумати ноҳияи Рашт, ки Қаноатшо онро Амирӣ мекунад, қарор мегирад. Акнун ӯ ончӣ ба “кришаҳои худаш” ба боло тақсим мекунад, ба ҷуз фурӯши тухмӣ, фоидаи фурӯши ҳосили картошка ба миллионҳо доллар мерасад.

 

Муборизаи Лоиқзода бо русарии занон

Хоҳаре дар яке аз номаҳои ба мо расида чунин навишта аст:

Ман сокини ноҳияи Рашт ҳастам ва ҳар сол шоҳиди ин фоҷеаҳое мегардам, ки маро ором намегузорад. Вақте дидам, шумо ҷиноятҳои раиси ноҳияи моро навиштед, ба назди ҷиянам омадам, то ба шумо инро нвисам ва шумо онро нашр кунед, то мардум аз ҷиноятҳои ин деви ҳафтсар бохабар бошанд. Мардуми ноҳияи мо, ҳама мусалмонанд ва аксарияти занҳои мо ҳама сатрро риоят мекунанд. Дар гузашта, ҳеҷ раиси собиқи ноҳия чунин амалро анҷом надода буданд. Занҳои ноҳия аз амалҳои Лоиқзода хело норозӣ ҳастанд ва ӯро нафрин мехонанд. Баҳори соли равон  моҳи апрел буд, Лоиқзода бар алайҳи занони ҳиҷобпӯш облава ташкил намуд, ки дар он ҳама командааш, аз он ҷумла, аҷуза, Зумрати Лоиқ ҳам ҳузур доштанд. Ин облава дар роҳи калоне, ки аз назди беморхонаи шаҳраки Ғарм мегузараду ҳама бо он роҳ бояд гузаранд, баргузор шуд. Вақте аз онҷо мегузаштем, фаҳмидем, ки Лоиқзода ду се занро масъул намуда будааст, то ҳар зани ҳиҷобдоре аз онҷо мегузаранд ҳиҷоби онҳоро аз сарашон бо зурӣ бигиранд. Ман худам шоҳид ба он шудам, ки ҳиҷобҳои чор зани тақрибан аз 40 то 50 соларо бо зурӣ гирифтанд.

Бадбахтӣ ва фоҷеъа инҷост, ки ин ҳолатро дар назди тақрибан 80 мард анҷом медоданд ва ҳатто беғайратӣ ба ҷое расидааст, ки  шавҳарҳои он занҳо дар наздашон буданд. Ҳатто як калима сухан ҳам нагуфтанд, сарҳо хам, дастҳо пеши бар гузашта рафтанд. Мардҳои мо ғайраташон дигар намондааст ва намедонам ояндаи мо чӣ мешавад. Хоҳиш мекунам, инро ҳам дар ҷиноятҳои Лоиқзода нависед.

Як хонуми дигаре аз шаҳраки Ғарм чунин навиштааст: “Ман дар бемористон бо як зан аз деҳаи Хилмони ҷамоати Тагоба бистарӣ будам ва ба хабаргирии ӯ як духтарак омад, дар сар рӯсарӣ надошт ва  гиря мекард. Аз ӯ хостам аҳволпурсӣ кунам, чун бо тоҷикӣ пурсидам бо русӣ ҷавоб дод: “Что у вас тварится, разве вы мусульманы? Гуфтам : А что случилось? Посух дод: Я гражданка России,  я из Дагестана, я хотела навестить свою свекровь, а на улице с меня силой сняли мой платок. Сколько мы живём в России,  у нас такого нету, больше никогда в жизнье не приеду в Таджикистан, я абсолютно по другому раньше представляла вашу страну»

Барояш вазъиятро фаҳмонидам, ки ин кори раиси аз Худо бехабари мо аст. Он зан, яъне хушдомани ин духтар хело гирист. Намедонам пас аз бозгашт ин меҳмонзан ватани моро чӣ гӯна муаррифӣ менамуда бошад. Ман ҳамчун сокини ноҳия аз ин кор хело шарм доштам.”

 

Беадабиҳои Лоиқзода

Пеш аз ҳама бароятон мехоҳам хотирнишон намоям, ки баъзе аз ёдоварии ҷиноятҳои Лоиқзода характери бади ахлоқӣ доранд. Ба ҷавонони то сини булуғ хондани ин ҷиноятҳоро тавсия намедиҳам. Чун навишта ва дарди дили сокинони нуҳ ҷамоати ноҳияи Рашт мебошанд, онро ифшо накарданро ҷиноят медонам.

Лоиқзода дар сӯҳбат бо собиқ раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт, Алишер Шомаҳмадов гуфтаст: “Ман пора дода хондам, пораю пул дода вазифаи раисиро харидам, акнун ҳамаи вазифаҳоро мефурӯшам”.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ  бештари вақти худро ба тамошои саҳифаҳои фисқу фуҷури интернетӣ сарф мекунад. Маҳз тамошои  наворҳои парнографӣ раисро вайрон кардаанд. Ва ӯро ба як нафар мубталои бемории фаҳшу фоҳишагӣ табдил додааст. Дар тасаввури ӯ ҳар нафар бонӯе, ки барои ҳал  намудани мушкилоти зиндагиаш ба ҳукумати ноҳия меояду ба раис муроҷиат мекунад, сабукпою фоҳиша пиндошта мешавад. Раис ҳар як бонӯи корафтодаро бо камоли мамнуният қабул мекунад. Танҳо барои он ки бонӯеро ба «доми тазвир»-и худ афтонаду бо ин бонӯ ҳамхоба гардад ва ком ҳосил намояд. Баъзеи онҳоро баъди иҷро кардани мушкилоташон дар соати корӣ ба ҳуҷраи истироҳатиаш дароварда, ком ҳосил мекунад. Аммо бештари бонӯвон бо дашному ҳақорат бинои ҳукуматро тарк мекунанд.  Лоиқзода Қаноатшо ба ҳамкорону дӯстонаш маслиҳат медиҳад, ки «Занҳо неъмати  бузурги Худованданд, ки барои мардон офаридааст, пас  марди ҳақиқӣ бояд ҳар рӯз неъмати нав ба наву тоза ба тозаро чашида бинад”.  Аз ин ҷост, ки ӯ аввал худаш ду хонуми зеборо таги чашм карда, дар ду гӯшаи шаҳри Душанбе барояшон хона харид. Зани аввалаш дар деҳаи Порвоғ ва зани дуюмаш Зебо дар кӯчаи Маяковскии ш. Душанбе зиндагӣ мекунад ва як бача дорад. Зани сеюмаш, духтари яккаю ягонаи Маҳмадшариф Толибов мебошад, ки дар маҳаллаи 102 шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Баъди ин 9 бародараш пайи ҳам, ҳама зани дуюму сеюм гирифтаанд. Бояд гуфт, ки бидуни ихтисор дар бораи беадабиҳои шаҳвонӣ ва занбозиҳои худи раис ва бародаронаш маълумоти дақиқ дастраси мо шудааст ва дар ҳолати даст додани фурсат нашр хоҳем кард.

Домодашон Нуриддин Файзуллоев, ки  чандон дониши исломӣ надорад, бо хости Қаноатшо Холиқ  ба ҷои домулло Абдуқодир, ғайриқонунӣ имомхатиби масҷиди  ҷомеи деҳаи Шулмак таъин шудааст. Ин оилаи мафиоз на фақат дунёямонро ғасб кардаанд, балки динамонро ҳам ба бизнес табдил додаанд.

 

Раис-ёбур террорист

Раис ҳар ҳафта, ду маротиба шаҳрвандонро қабул мекунад. Онҳоро дар кабинети кории муовинаш Ғайниддин Манонов мепазирад. Қаноатшо Холиқ чун бинад, ки корафтода, бонӯи зебои хушсурат аст, ӯро ба ҳуҷраи кориаш даъват мекунад. Ҳамчунин дар болои дари утоқаш камераи назоратӣ насб кардааст ва кадом бонӯи корафтодае ба Ҳукумати ноҳия ояд, ба ёрдамчиаш амр медиҳад, ки ӯро ба наздаш дароранд.

Лоиқзода Қаноатшо  шайтонсифат бо маккории махсус мушкили занҳои хушсуратро ҳал мекунад ва ба ҳамхобӣ талқин мекунад. Вай бо даҳҳо бонӯҳо, ки шавҳар доранду хонаи обод, аммо  мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, дар кабинети кориаш алоқаи ҷинсӣ кардааст. Ва ҳоло дар ноҳия ба ӯ лақаби «Раис-ёбур террорист»-ро часпондаанд. Дар саросари ноҳия ҳамаи занҳои сабукпо дар телефонҳояшон рақами телефони Лоиқзодаро доранд ва худро арусу маъшуқаи ӯ медонанд.

 

Замини наздиҳавлигӣ дар ивази бакорат

Роҳи Дилбар (духтари Саидҷон)  ба коргоҳаш аз назди бинои ҳукумати ноҳия мегузашт. Раис ӯро диду ошиқи шайдо гардид. Муддате аз паси ӯ гашту ба мақсадаш расид. Ком ҳосил кард. Дере нагузашта, бародарзодааш Саидэҳсон  шайдои Дилбар гардид. Ӯ ҳам ком ҳосил кард. Ҳоло маълумоти аниқ ҳаст, ки Сармад, писари раис Дилбарро ба никоҳи худ даровардааст.

Як муаллимаи мактаб барои 3 сотих замин назди Қаноатшо Лоиқзода медарояд. Чун бидуни пора кораш ҳал нашуданро медонистааст, 400 сомонии моҳонаашро болои мизи кории ӯ мегузорад. Раис Қаноатшо  ин 400 сомониро ба ҷайбаш зада мегӯяд: Муаллима, мардум барои замин ҳазорҳо доллар медиҳанд. Шумо бошед ҳамин 400 сомонӣ? Барои камбудии ин маблағ камтар меҳнат карданатон лозим. Ҳам маро ором мекунеду ва ҳам коратон ҳал мешавад. Манам хурсанд шумо ҳам. Муаллима бо ранги паридаву бо дасту пои ларзон аз кабинети Лоиқзода баромада меравад ва ин ҳодисаро ба хоҳараш нақл мекунад, ки манбаъи ин маълумот хоҳари ҳамон муаллима аст.

Бонӯ Ибодат дар меҳмонхонаи назди ҳукумати ноҳия ошпаз аст. Ӯ камбизоат аст. Нуриддинова Нигора Файзуллоевна, духтарчаи 14-15 солааш  баъди дарс ба ин ҷо омада, ба модараш ёрӣ мерасонад. Яке аз рӯзҳои моҳи марти соли 2017 Нигора ба кабинети Лоиқзода Қаноатшо Холиқ даромада, мизу кӯрсии онро мехоҳад тоза намояд. Дар рафти сӯҳбат   Лоиқзода Қаноатшо аз зисту зиндагии оилаашон пурсон мешавад. Нигораи наврас бехабар аз макри ин шайтони дупо мафтуни пурсупоси «ғамхорона»-и раис гардида, мегӯяд, ки бо чанд бародар дар як ҳавлии танг зиндагӣ мекунанд. Аз Лоиқзода Қаноатшо хоҳиш менамояд, ки чанд сол боз дар навбати заминанд, агар имкон бошад ба аризаи онҳо даст монад, то ки хона созанду аз ҷабри бехонагӣ раҳо ёбанд.

Лоиқзода Қаноатшо  пеши Нигора ноболиғ шарт мегузорад, ки ба кабинети истироҳатии ӯ даромада, либосҳояшро бадар кунад. Агар  бакораташ ба ҷо бошаду…, фардо бо қарори махсус ба оилаи онҳо замин ҷудо мекунад.

Нигора доду фиғон карда, бинои ҳукумати ноҳияро тарк мекунад. Ҳарчанд аз ваҳшигарии Лоиқзода, мардум огоҳ мешаванд, касе ҷуръати шикоят намекунад. Медонед чаро?

Ҷинояткор Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ва 8 бародараш доимо  дар суҳбатҳо мегӯянд, ки «пишаки моро ҳеҷ кас пиш гуфта наметавонад.» Зеро моро хешовандони Президент дастгирӣ мекунанд ва агар лозим бошад, «дасту пой ва гардани «ман» гуфтагиро мешиканем».

Аз суханони раис ва бародаронаш фаҳмида мешавад, ки ҳар сол, охири тирамоҳ бародари онҳо Идибек Лоиқов ба хонаи акаи Нуриддин як КАМАЗ картошка ва як КАМАЗ себу нок мебурдааст. То охири соли оянда касе ба онҳо даст намерасондааст. Онҳо мегӯянд, ки акнун, баъд аз сари акаи Нуриддин пушту паноҳи мо  Раиси Дастгоҳи Иҷроияи Президент Озода Раҳмон мебошад.

Инсонҳои огоҳ ин гуфтаҳои раис ва бародаронашро «шайтонӣ»-ии навбатии онҳо баҳогузорӣ мекунанд. Вале аз шарри шайтон – Лоиқзода барин махлуқи фоҳиш аҳлу байт ва фарзандонро  эҳтиёт намудан лозим аст. Зеро аз инсоне чун ӯ, ки бо хоҳари худ ҳамхоб шудааст, магар некиро интизор шудан мумкин аст? Ҳамхобагияш бо хоҳараш низ яке аз беадабиҳои ваҳшиёнаи ӯст, ки дар мақолаи алоҳида хоҳем навишт.

 

Интиқоли дуздиҳои Лоиқзода ба Русия

Лоиқзода ҳануз ба маънои вожаи Истиқлолият, Озодӣ сарфаҳм нарафтааст.  Ӯ дар ҳудуди ноҳия ба аҳолӣ замин мефурӯшад, ҷиноят содир мекунад ва маблағҳои бо ин роҳ  ба даст омадаашро ба Федератсияи Русия интиқол медиҳад.

Вай дар нимаи аввали моҳи феврали соли 2018 дар шаҳри  Ростов на Дони Федератсияи Русия 2 Супер Маркети калонеро бо номи писараш,ки Сармад аст бо тағйири чанд ҳарф «Самрат» кушод ва писараш онро роҳбарӣ мекунад. Дороии ин ду супермаркет 70 миллон рубл, баробари бештар аз як миллон долар мебошад.Манбаӣ дигари мо,ки дар ин маврид чунин навиштааст,ки Қаноатшо Лоиқзода ду супермаркете дар Ростов кушода аст яке 255 метр дар кучаи Большого Садова 64, проспект Нагибина 14\1.Супермаркети дуввумияшҳам дар ҳамин шаҳр вале бузургии ин супермаркет 1000 мтер мебошад.Ин чунин ду навори рекламаи наворҳои Супермаркетҳороҳам ирсол доштааст.Маблағи сармояеки дар ин ду супермаркет гузошта шудааст 40 миллон рубл мебошад.Бародарони Лоиқзода дар Москва ба умда фурӯшӣ машғуланд,ки маблағҳои ҳангуфтро гардиш менамоянд ва ин тиҷоратҳо ҳамаашон бо сармоягузории Қаноатшо Лоиқзода мебошанд. Саволе пеш меояд, Сармад, ки як сол пеш муовини шуъбаи молия буду бо ишораи боло аз вазифа озод шуд, аз куҷо маблағи калоне пайдо кард, ки дар яке аз шаҳрҳои Русия чунин Супер Маркети калон созад? Бидуни шак он мағозаҳо пулҳои сокинони ноҳияи Рашт мебошанд, ки падараш онҳоро ғорат карда, ба хориҷ аз кишвар фиристодааст. Магар роҳбаре, ки миллатдӯст аст, дар рӯзҳои барои ҷумҳурӣ душвор ҳамин тавр рафтор мекунад?

Ду наворе дорем, ки аз ду супермаркети бузурги Лоиқзода Қаноатшо мебошанд бароятон ба намоиш мегузорем, то нагӯед ин туҳмат аст.

 

Диёр валангор, ҳукуматдор саргарми нафси ғаддор

Яке аз дӯстонам, ки дар вазифаи масъули давлатӣ аст ва намехоҳад номаш матбуотӣ шавад, нақл кард, ки «ҳар сол ҳангоми вохӯриҳо бо мардуми ноҳияи Рашт  ҳамон як талабу дархостро аз забони онҳо мешунавем: «Аз 22 ҷӯю каналҳо, ки чун шоҳраг ба заминҳои корам об меояд, ягонтояш кор намекунад. Талаб кунем ҳам раис дар ин самт тадбир намеандешад. 30 сол боз сохтмони канали Каландак ва Варзугон идома дорад, аммо ягон натиҷа нест. Ба миллионҳо маблағҳои сарфшуда чӣ касе бояд ҷавоб гӯяд? Ҳар рӯз раис мошинсавор аз шафати деҳаҳои Шул, Қазноқ, Қизорқ, Качамандӣ, Лоёба мегузарад. Магар ӯ намебинад, ки солҳост насоси обкашии мавзеъи  Майдони ҳавоии ноҳия кор намекунад? Пеши назараш садҳо гектар боғҳои ноку себ ва киштзорҳо хазон мегарданд. Аҳолӣ аз беобӣ дар ҳоттаҳояшон дигар зироат кишт карда наметавонанд. Чанд сол боз канали Фолума, ки ҳазор га замини картошказорро шодоб мегардонд, аз байн рафтааст. Ӯ набудани маблағро баҳона нишон медиҳад, аммо ҳар сол дар фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз ду моҳ барои гузаронидани маъракаи гӯштигирию бузкашӣ миллион доллар меёбад ку?

Аҳолии ноҳия сол то сол зиёд шуда истодааст, аммо дар ҳудуди ноҳия барои аз худ кардани заминҳои бекорхобида тадбире намеандешад. Ҳар сол дарёи Сурхоб дар ҳудуди деҳаҳои Ялдамичу Белгӣ  ва Зарангаку Ҳиҷборак қитъаҳои калони заминро шуста бурда истодааст. Мардум борҳо ба раис муроҷиат кунанд ҳам, вай бепарвоӣ зоҳир намуда, ба мушкилоти мардум саҳлангорӣ мекунад.

Аз замони расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бо ташаббуси раиси ноҳия як ниҳол ҳам шинонда нашудааст. Даромади асосии ноҳия аз парваришу истеҳсоли картошка аст, соли ҷорӣ кишти картошка дар ноҳия ҳатто 50% ҳам иҷро нашудааст. Бештари заминҳои обиро барои сохтани хона ба шаҳрвандон фурӯхтааст. Корхонаҳои коркарди панир, истеҳсоли деворҳои оҳану бетонӣ кайҳо аз  байн рафтаанд ва ба хароба табдил ёфтаанд.

Ҷиноятҳои махсӯсан хавфноки Амири Рашт Қаноатшо Лоиқзода идома дорад, дар оянда аз воситаҳо ва онҳое, ки ӯро дар мақомоти болоии кишвар ҳимоят мекунанд, бо даст додани аввалин фурсат Худо хоҳад менависем.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article