Ҷиноятҳо ва корномаи сиёҳи Раиси ноҳияи Рашт (қисмати сеюм)

Ислоҳ нет

 

ё “Досияи Сиёҳ”-и Амири Рашт № 3

Мехоҳам дар ин мақола бидуни муқаддимаи тулонӣ ба идомаи корномаҳои сиёҳи Қаноатшо Лоиқзода бипардозам, вале ба баъзе нукот бояд ишора кунам.Дар ду мақолаеки нашр шуд, ҷонибдорони Қаноатшо Лоиқзода, ки аксаран кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти ноҳияи Рашт буданд,баҳсро хеле кашол доданд.

 

Ҳӯшдори Лоиқзода

 

Ба гуфтаи манобеи “Ислоҳ”, Қаноатшо Лоиқзода пас аз нашри мақолаи аввал интизор надошт, ки дар ихтиёри мо то ин андоза “досияи сиёҳ”-и ӯ қарор дорад. Нахуст масъаларо на ончуноне, ки дар мақолаи дуввум нашр шуд фикр мекард. Миёнадароҳоеро хост дар миён дарорад, то аз идомаи нашри ин корномаи сиёҳ ҷилавгирӣ намояд. Аммо дид, ки инҷо ҷои харида ва фурӯш нест. Пас аз нашри мақолаи дуввум ҳолаташ комилан дигар шуд. Ӯ дар ҳол ҳама мақомдорони худро дар ноҳия ҷамъ овард ва барояшон ҳӯшдор дод, ки ҳузури Қаноатшо Лоиқзода дар ин мақом кафили вазифаҳои шумост. Зеро шуморо ман таъин намудаам. Агар ман аз мақоми раиси ноҳия барканор шавам ва шахси дигар ба ҷойи ман ояд, ҳамаи шумо аз вазифаҳоятон барканор мешавед. Раиси ҷадид афроди содиқи худро ба ҷойҳои шумо таъин мекунад ва шумо, ки ҳоло “нулатон дар равған” аст,ҳатман аз он маҳрум мегардед. Ӯ як комисяе ташкил кард ва ҳамроҳи он масҷид ба масҷид ва ҷамоат ба ҷамоат ва деҳа ба деҳа мегардад ва дар миёни мардум эълом мекунад, ки бар алайҳи вай туҳмат шудааст ва ӯ чунин нест. Мардум ҳам мегӯянд, хело ғурураш шикаста аст ва ӯ мисли пешина сараш боло нест.

 

Шоҳҷоизаи Лоиқзода

 

Қаноатшо Лоиқзода дар ноҳия эълом кардааст, ҳар касе, ки “мухбир”-и сомонаи “Ислоҳ”-ро дар ноҳия пайдо кунад, барояш ҷоизаҳои молӣ дода мешавад. Ҳамзамон аз он мақомдороне, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ имкони ворид шудан доранд, талаб кардааст, ки дар ҳимояти ӯ сангар бигиранд ва хомӯш нанишинанд. Хеле аз мақомдорон ҳам росту дурӯғ дар ҳимояти Қаноатшо Лоиқзода навиштанд ва то ҷое аз ӯ ҳимоят намуданд.

Бародаронаш низ бо номҳои сохта ворид шуда, корашон танҳо фаҳшу носазо гуфтан буд, вале сухани санҷида шудае барои ҳимоят аз бародари Амирашон надоштанд. “Ислоҳ” низ тамоми афроде, ки дар ҳимояти ӯ навиштанд, шахсияти онҳоро кашф ва чӣ гӯна ба он вазифаҳое, ки феълан дар онҳо қарор доранд, маълумотҳои лозимаро аз манбаъҳои худ дарёфт намуд. Дар поён се тои онҳоро ҳамчуннамуна зикр мекунем.

 

Досиячаи сиёҳи се мақомдороне чун :

 

1) Подполковник Шодмон Ғиёсов, корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт. Соли 2015 вақте дар деҳаи Ҳалқарф ва Бедак обхезӣ ва аз сабаби боришоти зиёд мардум ва деҳаҳо осеб диданд, аз ҷониби КҲФ дар ду камаз ба ин осебзадагон кумакҳо фиристода шуд, бояд тақсим мешуданд, аммо ҷанобон Шодмон Ғиёсов Лоиқшо Қаноатшозода онҳоро ба хонаи Амири Рашт дар деҳаи Порвоғ интиқол доданд ва хостанд ҳамон ҷо тамоми онҳоро “обу лой” кунанд, локин кормандони КДАМ огоҳ гардида, аз анҷоми ин ҷиноят ва ғорат кардани осебдидагон пешгирӣ карданд. Ин парвандаи раис ва Шодмон Ғиёсовм бо додани пора қатъ карда шуд.

 

2.) Худоидоди Зайниддин, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ойнаи Рашт” аст. Вай то соли 2015 дар Шуъбаи маъорифи ноҳия кор мекард. Ӯ дар он шуъба ва баҷои тафтиши кори омӯзгорони ҷавон ва додани ёриҳои методӣ, рафта порагириву порухӯрӣ мекард. Аз сабаби ноуҳдабароӣ мудири маориф он вақт Замонов вайро аз вазифа барканор кард. Соли 2017 ба ҷои сармуҳарири собиқ Камоли Беҳзод таъин гашт. Кӯтоҳи гап, вай ҳам “…боҷа”-и раиси ноҳия Қаноатшо Лоиқзода аст. Дар ҳаҷми беш аз панҷ сафҳа аз корномаҳои сиёҳ ва тарҷумаи ҳолашдар назди “Ислоҳ” маҳфӯз аст.

 

3.) Нурмуҳаммад Муҳаммадӣ (Сафолов Нурмуҳаммад) Ин шахс аз ноҳияи Рашт аст ва соли таваллудаш 1986 бо квотаи президентӣ бадонишгоҳ дохил шуд. Пас аз хатми донишгоҳ дар Кумитаи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ба кор машғул гардид. Пас аз он дар замони генерал Рустам Назарам дар Шуъбаи кадрҳои Раёсати Агентиигардиши ғаири қонунии маводи мухадир ба кор шурӯъ намуд. ВақтеШерхон Салимзода раиси ин ниҳод таъин шуд, пас аз чанд муддат босабаби ноуҳдабароӣ аз кор пешаш карданд. Аз нимаи соли 2017, тобаҳори соли 2018 дар минтақаи Новемберги Олмон ҳамчун паноҳҷӯисиёсӣ қарор дошт. Қиссаи асосии парвандааш ҳам таҳдиди гурӯҳҳои ҷиноятпешаи маводи мухаддифурӯш, ки дар сатҳи раҳбарии КДАМ ва ВКД қарор доранд, ба ҷонаш буд. Ҷолиб он, ки тибқи маълумоти парвандааш тамоми ин гуруҳҳои ҷиноятпеша дар анҷоми ҷиноят шарикони асосии Эмомалӣ Абдурраҳмон тавсиф шудаанд. Олмон дархости ӯро рад кард. Пас аз он барои баргаштан ба Ҳоланд (Галандия) рафт,чун онҷо барои ашхосе бармегарданд пули хуб медиҳанд ва аз онҷо ба Тоҷикистон баргашт. Феълан дар мақоми раиси ҷавонони ноҳияи Рашт ифои вазифа мекунад.

Акнун мепрдозем ба идомаи корнома ё досияи сиёҳи Амири Рашт:

Дар мақолаи дуввум расида будем, то ҷинояти 12 ва акнун шурӯъ менамоем аз ҷинояти 13 то 28-уми ин ҷинояткори махсусан хавфнок.

 

Вазифаи раисии МБТИ $10 000

 

13) Қаноатшо Лоиқзода Холиқ нуҳ бародар дорад. Ин нуҳ бародарон ҳамагӣ даъвои Раисии ноҳияро доранд. Мардум намедонанд Президент кадоми онҳоро раиси ноҳия таъин карда аст? Зеро ҳамаашон ба мардум фишор меоранд. Замин мефурӯшанду богирифтани ришва нафарони ба худашон маъқулро ба вазифаҳо таъинмекунанд. Масалан Лоиқов Одилбек рӯзи 10 майи соли 2018 аз Файзиддин ном шахс 10 ҳазор доллари амрикоӣ ришва гирифта, ба ӯваъда додааст, ки ӯро ба вазифаи раиси идораи ба қайдгирии молу амволи (МБТИ) ноҳия таъин менамояд. Аммо чанд моҳ боз на ба ӯ вазифа медиҳанду на пули гирифтаашонро бар мегардонанд.

 

Вазифаи Сардухтур $6 000

 

14) Одилбек Лоиқов аз шаҳрванд Қобилҷон Гиёев, ки чандон таҷрибаи корию роҳбарӣ надорад, 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ӯро сардухтури беморхонаи марказии ноҳия таъин менамоянд.(Агар дар зери мақолаи ду дида бошед ин шахс дар ҳимояти Қаноатшо Лоиқзода навишта буд ҳолоҳам метавонед он навиштаашро хонед.)

 

Вазифаи раиси Маркази тендерӣ $10 000

 

15.) Дар ноҳия маркази тендерӣ амал мекунад. Ҷонибек Лоиқов аз шаҳрванд М 10 ҳазор доллар ришва мегирад ва ваъда медиҳад, ки ин вазифаи серравғанро ба ӯ медиҳад. Аммо бародарзодаашон Саидэҳсон маҷбурӣ ин вазифаро соҳиб мешавад. Бародаронаш Ҷонибек, Ёрибек ва Олимбек Саидэҳсонро лату кӯб мекунанд. Ҳоло Саидэҳсон барои ҳимояташ аксар вақт бо худ корди калонеро гирифтамегардад.

Дари Китобхона як сол боз бастааст

 

16) Як сол боз Одилбек Лоиков директори китобхонаи ҷамоати Тагоба мебошад. Як сол аст, ки ӯ хар моҳ маош мегирад, аммо боре ҳам дари китобхонаро накушодааст. Ягон нафар сокини ҷамоат ҳам дар давоми сол аз ин китобхона ягон китоб нахондааст.Дар ин маврид чандин ҷинояти дигарро метавон илова кард.Махсус барои китобхона ва фурӯши иҷбории китоб ба хонандагони макотиби ҳамагонӣ дар даст дорем.Маорифи ноҳия ба маблағи ҳаштод ҳазор сомонӣ китобҳо барои наврасон аз ташкилоти Истиқбол харидорӣ мекунад,ки дар шартномаи хариду фурӯш имзо ва муҳри худи Лоиқзода Қаноатшо буд. Ҳангомеки ба наздаш рафтанд,то он маблағро пардохт кунад.Лоиқзода мегӯяд: “наход одам китобро бо пул харад?” диққат кунед ба ин сухан,ки аз чӣ дарак медиҳад?.Дар идома ба намояндаи ташкилоти Истиқбол мегӯяд,ки маориф бе розигии ман ин корро кардааст ва пул намедиҳам. Баъд ба як ташкилоти Кореяги ин ҳолатро расониданд ва он ташкилот бо номи «Даст ба даст»китоб бурда, ҳатто барои инки дуздие сурат нагирад онро худи  ин ташкилот дар “масҷиде” чорабини гузаронду ба кудакон китобҳоро таксим кард. Ашки шодии кудаконро медидед,ки мегуфта бошед дар асри санг зиндагонӣ мекунанд. Дар умум соҳаи маориф ва мактабҳо дар баддтарин ҳолат қарор доранду аслан ба ин соҳа ҳеҷ таваҷҷуҳе намекунад.

Дар ҷамоати тагобаи деҳаи дуобаи ноҳяи Рашт 11 муаллими мактаби № 66 барои ба картошка шинони ва картошкачини бурдани омӯзгорону хонандагони ин муасисаи таълимӣ аз тарафи бародарони Каноатшо Лоиқзода  Одилбег, Кодирбег ва Идибег,ин муасисаи номбурдаро тарк карда дигар ба кор намераванд аз сабабе,ки бародарони Қаноатшо Лоиқзода омӯзгоронро барои манфиъати худ кор мефармоянд ва албатта ин амал бидуни мувофиқа ва дастгирии бародарашон, Лоикзода Каноатшо имкон нопазир аст

 

Афзоиши себаробарии бемориҳои СПИД

 

17) Шоҳинбек Лоиқов сардори бахши пешгириҳои Маркази СПИД-иноҳия мебошад. Ӯ маҷрӯхӣ дараҷаи якум аст. Умуман ба кор намеояд. Аз ин ҷост, ки сафи беморон дар ноҳия дар як сол се баробар афзоиш ёфтааст. Мошини тамғааи «Нива»-«ВАЗ 2121»и ин муассиса, ки раками давлатиаш 50-12 ЕРТ 01 мебошад, се сол боз Одилбек Лоиқов дар корҳои шахсии худ истифода мебарад. Ҳар ки виҷдон дошта бошад, ба ҳоли ин мошин мегиряд.

 

Иҷозаи сафари ҲАҶ $1000

 

18.) Раис Қаноатшо Лоиқзода Холиқ кӯшиш менамояд, ки аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия фоида ба даст орад. Ӯ бо миёнравии бародараш Ёрибек Лоиқов аз Ҳасан Азизов 1000 доллари амрикоӣ гирифта барои ба зиёрати ҳаҷ рафтани ӯ ва ҳамсараш иҷозаи тартибдодани ҳуҷҷатҳоро медиҳад.Бубинед дар ҳама кореки дар ноҳия мегузарад мусаллат аст,ҳатто дар масоили ибодиҳам дахолат мекунад.то маблағе ба даст орад.

Тиҷорати ноҳия сӯзаду дег ҷӯшад!

 

19) Бародаронаш Ҷонибек Лоиқов ва Ёрибек Лоиқов сехи тунукабарорӣ доранд. Бо супориши Раис Лоиқзода Қаноатшо барои сохтмонҳои ноҳия танҳо тунукаро аз корхонаҳои онҳо харидорӣ менамоянд. Онҳо нархи тунукаҳои худро нисбат ба тунукаҳои дарбозор ба фурӯш гузошташуда ду баробар баландтар ҳуҷҷатгузорӣ менамоянд. Аз ин амалиёти тиҷоратӣ зарари калоне ба иқтисодиёти ноҳия мерасонанд. Аммо ҷайби худро пур мекунанд.

 

Ғасби 500 га заминҳои чарогоҳ

 

20) Ба хусури бародараш Ҷонибек Лоиқов-Саидалӣ Шоҳонов, ки писарамакашон мебошад, ва дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад,дар мавзеи Хоҷашамсуддин 500 га замини чарогоҳи ҳудуди ҷамоати Тагобаро бе ризоияти мардум ҳуҷҷатгузорӣ карда додааст, ки норозигии аҳолиро ба бор овардааст. Онҳо ба мардум иҷозат намедиҳанд, ки чорвои худро дар он ҷо чаро диҳанд.

Тиҷорат аз ҳисоби нафақапулии пиронсолон

 

21) Бародари дигараш Қодирбек Лоиқовро, ки муовини раиси хоҷагии ҷангал буд ва маълумоте надорад, баъди аз вазифа озод шуданаш,мудири бахши таъминоти нафақаи ҷамоати Тагоба таъин менамояд. Ӯ нафақаи аҳолиро сари вақт намедиҳад. Маблағҳои онҳоро дар тиҷорати худ гардиш медиҳад. Ягон солхӯрда ва ё маҷрӯҳ даъво кунад мавриди дашномҳои қабеҳ қарор мегирад. Дар ин бахш далелҳои зиёд ва бо зикри ному насабҳои ашхосе, ки маблағҳои худро нагирифтаанд дар дасти мо қарор дорад. Барои зарар нарасонидани ин ҷинояткорони махсӯсан хавфнок асомии он мазлумонро зикрнамекунем.

Эзоҳ: Беш аз 9 саҳифа маълумот ва маблағҳои ҳангуфте дар ин ҷиноят вуҷуд дорад, ки танҳо ангушти ҳайрат бояд газид ва ба ҳоли ин мазлумон бояд гирист. Ин чӣ зулм аст ба ин мардуми барҷомондаи нафақахури ин ҷамоат.

 

Иҷозаи бомивазкунӣ $1000

 

22) Инчунин дар ҳудуди ҷамоат касе ҳуқуқ надорад, ки бе иҷозати ӯ биноеро бисозад. Бояд барои сохтану бунёди бино аввал ба ӯ ришва диҳад ва аз ин золим иҷозат бигирад. Масалан, аз маҷрӯҳи дараҷаи 2, сокини деҳаи Хуштирак- Ҳабибулло Хоҷаев барои девор гирифтани атрофи ҳавлиаш 500 доллари амрикоӣ ришва талаб кардааст. Ҳамин тавр аз сокини деҳаи Тагоба Фатҳулло Ҳотамов 1000 доллари амрикоӣ ришва гирифта, сипас иҷозат додааст, ки дар замини наздиҳавлигиаш хона бино намояд.

Ҳамаи бародарон худро раиси ноҳия муаррифӣ карда, ба мардум зулм мекунанд. Қодирбек Лоиқов ба сокини деҳаи Хилмонӣ Арчабек Бобиев,ки дар паҳлуи хонааш ошхона сохтаасту мехост, ки ба болои боми он тунука часпонад, монеа мешавад. Қодирбек Лоиқов аз Арчабек талаб менамояд, ки ба ӯ 1000 (ҳазор) доллари амрикоӣ ришва диҳад,вагарна иҷозат нахоҳад дод, ки болои бомашро тунукапӯш намояд. Вақте ки Арчабек ба ин талаби Қодирбек аксуламал нишон дод, Қодирбек рӯзи дигар бародараш-Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшоро ба он ҷо даъват кард. Лоиқзода Қаноатшо амр дод, ки агар Арчабек ҳазор доллари амрикоӣ ришва надиҳад, бинои сохтаи ӯро чаппа кунед!

 

Тасвиби 4500 қарор дар чор сол

 

23) Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дар давоми фаъолияти чаҳор солааш ҳамчун раиси ноҳияи Рашт 4500 қарорро ба тавсиб расонидааст. Нисфи қарорҳои ӯ ғайриқонунӣ мебошанд. Барои он ки аз шаҳрвандон ришва ситонад, ба прокуратура ва суд супориш медиҳад, ки қарорҳои баровардаи ӯро бекор кунанд. Бахусус дар самти додани замин барои сохтани хона дар заминҳои обӣ ҳамаи қарорҳои онҳо бекор карда мешаванд. Ӯ барои як қитъа замин ришва гирифта ва ба чанд нафар қарор медиҳад.

 

Ғасби бинои идораи ҷамоат

 

24) Бародараш Лоиқов Одилбек бинои идораи ҷамоати Тагобаро, ки аз15 кабинети корӣ иборат аст, ғайриқонунӣ аз худ кардааст.

 

Фурӯши 200 халта орди садақа

 

25) Бародараш Лоиқов Одилбек дар ҳудуди деҳаи Ҳилмонӣ ғайриқонунӣ дукон сохта, қитъаҳои замин он ҷоро, ки 4 га мебошанд,аз худ кардааст. Он қадар ҳаромхӯр аст, ки тоҷири муваффақ Бобоҷонов Раҳим Муҳибович аз шаҳри Новосибирский Федератсияи Росия барои аҳолии камбизоати ҷамоати Тагоба 400 халта орд мефиристонад. Одилбеки ҳаромхӯр 200 халта ордро ба камбизоатон мефурӯшад, дузди дар рӯзи равшан ва ҳатто садақаи мардумро медузданд,моликияти давлатӣ ҷойи худаш.

Ҷамъоварии “зверобой” барои президет

 

26) Дар нимаи аввали моҳи июни соли 2018 раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ба роҳбарияти шуъбаи маорифи ин ноҳия амр кардааст, ки аз ҳар муаллим 2 банка ва аз ҳар синф 7 банка компот ёзверобой” (як навъи салат ё хӯриши тамъаш тунд) ҷамъ биоранд. Ин банкаҳои компоту зверобой”, тибқи дастури роҳбарони шуъбаи маориф, бояд то 25 июн, яъне то омадани президент Эмомалӣ Абдурраҳмон ба минтақаи Рашт ҷамъ оварда шаванд. Ғорати мардум барои пешвози бо тантанаи пешвояш.

 

Ғорати музди 4-руза меҳнати мардум

 

27) Дар моҳи июли соли 2018 Лоиқзода Қаноатшо Холиқ аз ҳар як нафар корманди муассисаю ташкилоти ноҳия музди меҳнати чаҳоррӯзаашро боздошт намуд. Ин амали ғайриқонунии Лоиқзода Қаноатшоро манбаҳои хабарӣ дуздию ғоратгарӣ номидаанд, аммо чун дар боло восита ё (криша) дорад касе ба ӯ чизе намегӯяд.

 

Харҷ аз ҳисоби мардум, даромад ба ҷайби раис

 

28) Соли 2017 бо супориши Лоиқзода Қаноатшо аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳисоби аҳолӣ пул ҷамъоварӣ карда шуд ва аз марзи шаҳраки Ғарм то мавзеи Институти омӯзгорӣ роҳ аз ду тараф чароғон карда шуд. Баъдтар ҳисобу китоб карда аз буҷаи ноҳия маблағи калонеро гӯё барои “ободонӣ” сарф карда бошанд, ба ҷайбаш зад.

Ҷиноятҳои махсӯсан хавфноки Амири Рашт Қаноатшо Лоиқзода

идома дорад барои огоҳии бештар хонандаи гиромӣ бо Сомонаи Ислоҳ бошед

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

 

 

 

Share This Article