Ҷиноятҳо ва корномаи сиёҳи Раиси ноҳияи Рашт

Ислоҳ нет

 

ё    “Досияи Сиёҳ”-и Амири Рашт № 1

Ҳолнома:

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт. Соли таваллуд: 1 феврали соли 1971, ҷойи таваллуд: ноҳияи Рашт, миллаташ тоҷик, Соли 1992 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва ҳуқуқшинос. Забонҳои “русӣ ва англиси”-ро медонад. Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оиладор.

 

Собиқа ва фаъолияти корӣ

Солҳои 1988-1992-донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа. Солҳои 1992-1994-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43 –и ноҳияи Ғарм. Солҳои 1994-1996-директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Ғарм. Солҳои 1996-2000-раиси Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Ғарм. Солҳои 2000-2005-директори омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт. Солҳои 2005-2007-ҳамоҳангсози Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. Солҳои 2007-2010 муовини раиси ноҳияи Рашт. Солҳои 2010-2012-сармутахассис, мудири бахши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Солҳои 2012-2015-машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2015-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт. Аз моҳи марти соли 2015- то инҷониб Раиси ноҳияи Рашт.

 

Номи Қаноатшо Лоиқзодаи Холиқ пас аз моҷарои зиндонӣ шудани Ҷунайдулло Худоёров расонаӣ гашт. Пас аз он дунболи амалкард ва ё “Досияи сиёҳ”-и ӯ будам ва бароям муяссар гашт маълумотҳоеро пайдо кунам, ки бозгӯи амалҳои хатарнок ва ҷиноятҳои вазнини ин чиновники давлатӣ мебошанд. Рӯи сафҳа овардани иддае аз ҷиноятҳояш воқеъан боиси хиҷолат ва нанг аст. “Досияи сиёҳ”– е, ки дар бораи Қаноатшо Лоиқзода ҷамъоварӣ намудам, ба истиснои аксҳо ва маводҳои дигаре, ки дар ихтиёри мо қарор гирифтааст, беш аз сад варақи чопӣ шудааст.

 

Дониста мешавад, Қаноатшо Лоиқзода як ҷинояткор бо тамоми маъно мебошад, ки ба ҳеҷ ваҷҳе ҳаққи ифои вазифа дар ин мақоми воло, чун ҳокими як минтақа ва намояндаи мардум будан дар порлумони як кишварро надорад. Аммо афсӯс, ки дар ҳукумати кишвари мо чунин афрод дар мақомоти кишвар курсиҳои идоракунанда ва ҳокимону намояндагони мардумиро барои солҳои тулонӣ соҳиб гаштаанд. Ин гӯна афрод аслан ҳеҷ хидмате, на барои кишвар ва миллат намекунанд. Баръакс ба ин ватан ва миллат хиёнатҳое анҷом медиҳанд, ки онҳо хело хатарноку махуфанд.

 

Пойдевори фасодкориҳои Лоиқзода

Чуноне, ки дар боло зиндагиномаашро овардаам, ӯ аз солҳои 1996-2000-раиси Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Ғарм буд ва аз ҳамон замон  ғоратгариро шурӯъ намудааст. Аз фурӯши заминҳо ва  аз худ кардани кӯмакҳои башардӯстона дасташ ба “равған” ғута мезанад.  Пас аз  Сироҷиддин Давлатов, раиси собиқи ноҳияи Рашт, ки соли 2000 кушта шуд, Муҳаммдшариф Толибов раиси ноҳияи Рашт таъин мешавад ва ин шахс ба пеш рафтани Қаноатшо Лоиқзода то ба мақомҳои болотар  кумак мекунад . Солҳои 2000-2005, ки  директори омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт буд, маълумот дар бораи фасоди молиаш, ки ба мо расидааст, аз 11 саҳифа иборат аст. Намехоҳам маҳз ба он ҷиноятҳо бештар пардозаму нависам. Муҳим  ин трамплин ё зинаро Муҳаммадшариф Толибов барояш роҳнамоӣ кардааст.

Ҳокимҷон Давлатов куҷою Лоиқзода куҷо?  

Аз соли 2007 ба ҳайси муовини Муҳаммадшариф Толибов оид ба масъалаҳои кишоварзӣ таъин мешавад. Ӯ бо ҳар роҳ хидмати Муҳаммадшариф Толибовро ба ҷо оварда, ба боварии  вай сазовор мегардад.

 Қаноатшо Лоиқзодаи Холиқ он солҳо  дар суҳбату  ҷамъомадҳо бе ибо изҳор мекард, ки «Маро Толибов ба ҷои худаш  тайёр кардааст. Ӯ ба нафақа мераваду ман ба курсии Раиси ҳукумати ноҳияи Рашт  мешинам» Ва ҳама бовар доштанд, ки баъди Толибов ӯ роҳбари ноҳия мешавад. Ҷиноятҳои хело вахимеро,аз қатлу заминфурӯшӣ то истифодаи ғайри мақсадноки моликияти давлатӣ ҳини муовини раиси ноҳия буданаш муртакиб мегардад.  Дере нагузашта, ногаҳон,  раиси ноҳия Муҳаммадшариф Толибовро барои камбудиҳои  зиёд дар фаъолияти  кориаш аз кор гирифтанд. Ба ҷойи ӯ  Ҳокимҷон Давлатовро раиси ҳукумати ноҳияи Рашт таъин карданд.

Ҳокимҷон Давлатов корро дар соҳаи савдо  аз фурӯшандаи оддӣ сар карда, зина ба зина дар замони Шӯравӣ то раиси РАЙПО-и ноҳияи Рашт, сипас то муовинии вазири савдои ҷумҳурӣ расида буд. Дар давраи Истиқлолият бошад, аввал дар вазифаи раиси ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сипас Раиси Кумитаи металҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати ҶТ, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ, раиси Ассотсиатсияи саноати гӯшту шири Ҷумҳурии Тоҷикистон  шуда кор кардааст. 

Ҳ. Давлатов пеш аз он ки ба ноҳияи  Рашт ба кор ояд, дар шаҳри Душанбе тоҷирони муваффақро сари як пиёла чой ҷамъ оварда, ҳамаро барои обод кардани ноҳия ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ӯ мақсад дошт дар Рашт домони зинабоғҳоро васеъ карда, истеҳсоли картошкаро афзун  намояд.  Шӯҳрати Ғармро чун солҳои  давраи Шӯравӣ бо себҳои хубонию  крепсон ва нокҳои шаҳдбору асали шифобахшаш машҳури дунё гардонад. Бо ин мақсади наҷиб баҳори соли 2010 дар тамоми заминҳои обии ҳудуди ноҳия, ки чанд  сол боз бекор мехобиданд, картошка кишт  кард.

Ҳокимҷон Давлатов   аз он бехабар буд, ки дар давраи фаъолияти раисии М.  Толибов  ва муовини ӯ будани Лоиқзода Қаноатшо қисми зиёди заминҳои дар гардиши кишоварзӣ бандбуда барои бунёди хона ба аҳолӣ фурӯхта шудаанд ва корхонаҳою хоҷагиҳо аз байн рафта, саросари ноҳияи Рашт  ба  харобазор табдил ёфтааст.

 

Ҳодисаи “Кукнор-2009” ва фирори Лоиқзода ба Душанбе

Соли 2009 як амалиёте бо номи “Кукнор -2009” дар Рашт пиёда шуд. Аз паи ин амалиёт дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, 24 аскарбачаи ҷавон кушта  шуд. Қаноатшо, муовини раиси ноҳия дар аснои ин ҳодисаҳо маккорона, аз ҳудуди ноҳия ба Душанбе фирор мекунад. Охирҳои моҳи ноябри соли 2010 Президент раиси ноҳия Ҳокимҷон Давлатов ва муовинони ӯ Давлатпочо Мирзоева, Лоиқзода Қаноатшо Холиқро ба Дастгоҳи иҷроияаш даъват мекунад.  Эмомалӣ Абдурраҳмон, Лоиқзода Қаноатшои Холиқро барои буздилӣ ва беҳаракатӣ дар фаъолияташ дар рӯзҳои барои ноҳия ва ҷумҳурӣ мушкил, Давлатпочо  Мирзоеваро барои расидан ба синни ниҳоӣ (синни нафақа) аз кор озод мекунад. Дар ин ҷаласа Котиби Шӯрои амнияти ҶТ Амирқул Азимов ва Вазири мудофиаи ҶТ генерал- полковник Шералӣ Хайруллоев  иштирок доштанд.

Президент Эмомалӣ Абдурраҳмон ба ёрдамчияш оид ба кадр Абдуҷаббор Азизов  супориш дод, ки ба Рашт рафта, дар мудати кӯтоҳ ба ҷои муовинони озодшудаи раиси ноҳия кадрҳои содиқи босаводро пайдо карда, ба вазифаҳо таъин намояд. А. Азизов дар ноҳияи Ғарм М.Аҳмадов ва С. Салоҳоваро пайдо карда, ба ин вазифаҳо таъин намуд.

Қаноатшо бору бунашро ҷамъ карда, ҷомадонашро гирифта ба Душанбе роҳсипор гашт ва дере нагузашта дар Хадамоти хидмати давлатӣ ба кор даромад.  Муддати зиёде он ҷо кор накарда, дар  шуъбаи бехатарии иттилоотии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор таъинаш карданд. Худоё, ин чӣ  даҳшат бошад? Нафареро, ки дар артиш як рӯз хидмат накардааст, дар умраш ягон шумораи рӯзномаю маҷаллаеро нахондааст, чӣ будани иттилоот ва бехатарии иттилоотро намедонад, чӣ гӯна ба чунин як вазифаи пурмасъулият сазовораш донистаанд, он тарафашро худатон қазоват кунед.

“Лоиқзода на фаҳмиш дораду на дониш”

 Собиқ роҳбари шуъбаи амнияти иттилоотии  Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ , доктори илмҳои ҳарбӣ, полковник Самиев Абдусамад дар мавриди Қаноатшо Лоиқзода чунин мегӯяд:

“Лоиқзода Қаноатшои Холиқро, як шахсеро, ки донишаш ба талабаи синфи якум баробар аст, ӯро аз Ғарм оварда дар шуъбаи бехатарии иттилоотиии Шӯрои амният вазифа додаанд”.

Ӯ гуфта буд:  “Лоиқзода Қаноатшо на фаҳмиш дораду на дониш ва на маллака. Бовар кунед, дар вазифае, ки ӯро таъинаш намуданд, ман бо ӯ гӯё  аз алифбо дарсро шурӯъ намудаму майнаи сар об кардам”.

Профессор Абдусамад Самиев  норозиёна чунин мегӯяд: “Наход, ки дар ҷумҳурӣ дигар кадру мутахассис намонда бошад? Бо таъин кардани афроди тасодуфӣ дар вазифаҳои муҳим ва тақдирсози кишвар ватанамонро ба чунин ҳол расонидем”.

 

100 000$ барои курсии раисии МИҲД Рашт

 Муҳаммадшариф Толибов, собиқ раиси ноҳия Рашт дар бораи чӣ гӯна ба Хадамоти хидмати давлатӣ ва аз он ҷо ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафтанаш гуфта буд:  “Қаноатшо барои соҳиб шудан ба курсии раисии ноҳияи Рашт ба кадом корманди шуъбаи  кадрҳо, 100 ҳазор доллари амрикоӣ дода буд. Чун  аз боло Ҳокимҷон Давлатовро ба ин вазифа таъин карданд, барои вай дигар ҷой наёфтанд, «дӯстонаш» маблағҳои пора додаи ӯро бо  ба кор таъмин кардан ҷуброн мекунанд. Аммо бояд гуфт, ки ин ду вазифа барои ишғол  намудани вазифаи раиси ноҳияи Рашт барои ӯ нуктаи ҷаҳише мешавад”.

Пешгӯйии Муҳаммадшариф Толибов  рост баромад. Қаноатшо Лоиқзодаро дере нагузашта, раиси ноҳияи Рашт таъин карданд. Ӯ корро аз сабукдуш кардани тарафдорони раиси собиқ Саидумрон Абдураҳмонов оғоз кард. Дар як ҳафта, дар ҳамаи 12 ҷамоат  ва ҳамаи шуъбаҳои ҳукумати ноҳия одамони худро раису роҳбар таъин намуд. Оғози амирӣ ё хонигарии Лоиқзода Қаноатшо шурӯъ шуд…

Хонандаи гиромӣ то ин ҷо танҳо чӣ гӯна ба ин мақоми ноҳияи Рашт расидани Қаноатшо Лоиқзода буд. Дар давом  кӯшиш мекунам, ҷиноятҳои дар ин вазифа анҷомдодаашро барои хонандагони Сомонаи Ислоҳ бозгӯ намоям.

Идома дорад бо мо бошед…

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article