«Интихобот»-и Рустам пеши инқилобро мегирад?  

Ислоҳ нет

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода омодагиҳо барои баргузории интихоботи қабл аз ҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2025-ро такзиб кард, аммо ахборе, ки аз дарун мерасад, ҳокӣ аз он аст ки тадорукот ҷиддӣ ва босуръат идома дорад. Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо), ёрдамчӣ дар умури кадрҳо ва Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчӣ дар масоили робита бо ҷомеаи Президенти Тоҷикистон корҳои тадорукотии ин маъракаи ҳануз эълоннашударо пеш бурда истодаанд.

  Чанд омил ва ангеза боис шудааст, ки дар ниҳоят Раҳмонов тасмим бигирад, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои Рустамро ҳамзамон ва якҷо ба интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ, ки қарор аст авохири феврал ва оғози марти соли оянда доир шавад, бигзаронад. Яъне, ин эҳтимоли онки дар моҳи март Тоҷикистон президенти нав дошта бошад, бештар қавӣ шуда истодааст.

Ангеза ва иллати асосии чунин тасмими Раҳмонов ин будааст, ки руҳияи зиддираҳмоновӣ беш аз пеш дар ҷомеа ва  кишвар густариш меёбад ва тадобири ҳукумат барои эҷоди тарсу ваҳшат дар ҷомеа коргар нашуда истодааст.

Бинобар як назарсанҷӣ, ки дар моҳҳои ахири соли гузашта аз тарафи ниҳоду сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон ба таври махфиёна доир шудааст, руҳия ва аксуссадоҳои инқилобӣ, ангезаҳои зиддираҳмоновии мардум хеле боло рафтааст ва Раҳмонов ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар гуна катаклизм, зилзила ва пасларзаҳои сиёсӣ ин интихоботро ба ҳайси превентивний маневр-чораи пешгирикунанда истифода кардан мехоҳад. Агарчи медонад Рустам ҳануз «хому нопухта» аст ва Русияву Чин ҳам то кунун ба ин «чорабинии сиёсӣ»-и Раҳмонов ризоият надодаанд.

   Ангеза ва омили дигари баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда, ин аст ки гуё ниҳодҳои таҷассусии Раҳмонов ба ин маълумотҳо дастрасӣ пайдо кардаанд, ки доираҳои муайяне аз Русия бо дастури Путин бо баъзе аз масъулони Паймони миллии Тоҷикистон-эътилофи ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионии ҳукумати Тоҷикистон вориди гуфтугу шудаанд. Муҳтавои ин суҳбатҳо чи аст гуё маълум нест. Аммо маълум аст ки бар манфиати Раҳмонов буда наметавонад.

Бинобар маълумотҳое, ки аз манобеъи ҳаводори мо дар мақомоти давлати Тоҷикистон расид, Раҳмонов аз тарафи Русия таҳти фишори ҷиддӣ қарор гирифтааст, ки ҳарчи зудтар бо Толибон забон ёбад. Гуё СВР-Хадамоти иктишофии Русия ба Раҳмонов аснодеро пешкаш кардааст, ки шуморе аз наҳзатиҳои ПМТ дар Қатар бо мақомоти Толибон чанд навбат мулоқотҳо доир кардаанд ва Русия ошкоро аз Раҳмонов даъват кардааст, ки бо Ансоруллоҳ музокира карда ва Толибонро ҳам бо ҳар роҳе бошад, моил бисозад, ки аз рахнаи марз тавассути Ансоруллоҳ ва ҳамин тавр ифтитҳои фронти дуввум дар пасманзари ҷанг бо Украина ҷилавгирӣ кунад.

На танҳо манобеъи мо, расонаҳои ғарбӣ ҳам навиштанд, ки музокироти Раҳмонов ҳам бо Ансоруллоҳ ва ҳам бо Толибон аз чандин вақт ба ин тараф  идома дорад ва Раҳмонов ба унвони нишон додани ҳусни ният ахиран дафтари Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва рақиби қасамхурдаи Толибон дар Душанберо баста ва худи ӯро ҳам ихтор додааст, ки ҳузур ва истиқомати вай дар Тоҷикистон ба амнияти миллии ин кишвар хатар бор меоварад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки Ансоруллоҳ, дар пиндор ва шинохти Раҳмонов ва мақомоти амниятии вай ҳамоно шохаи низомии ҲНИТ аст ва ин ҳаракат дар ҳолати даркорӣ аз  раҳбарияти ҲНИТ итоат мекунад.

  Дар маросими савганди раиси ҷумҳурии Эрон, ки Раҳмонов ширкат варзид ба ӯ ҳам аз номи худи ин давлат ва ҳам аз номи Путин расонидаанд, ки бояд бо ҲНИТ оштӣ бикунад. Русия дар як чунин шароите қарор надорад, ки фронти наверо дар марзҳои ҷанубии СНГ таҳаммул кунад. Дар ҳоле ҷанг ба дохили худаш кашида шуда ва СВУ беш аз 1260 км Русияро тасарруф намудааст.

Раҳмонов дар ҷавоб ба кудетои Саидҷаъфар Усмонзода ва гуё пуштибонии моливу неруии ҲНИТ ишора карда гуфта бошад, ки дар чунин шароит чи гуна метавонад бо онҳо оштӣ бикунад.

Аммо ҲНИТ то ба имрӯз даъвои муборизаи мусаллаҳона накардааст, агарчи ин таҷриба ва махсусан дар хоки Афғонистон ва тавассути Афғонистонро дорад. ҲНИТ ба унвони як ҷониби сулҳ ва бо мурооти санадҳои сулҳ дар ҳамон солҳои 1997-1999 ҷузву томҳои артиши худро инҳилол ва бо қувои давлат ҳамоиш кард. Онки Ансоруллоҳ қанот ва ҳастаи ҷангии ҲНИТ аст, ҳарфест, ки то ба имруз танҳо Раҳмонов гуфтааст. На ҲНИТ ва на Ансорулоҳ  ҳарфе дар ин боб   нагуфтаанд.

 Дар ҳар ҳол Раҳмонов дар ин авохир «не в своей тарелке» аст ва бинобар хабарҳое, ки меояд вазъи сиҳатиаш ҳам хуб нест ва Рустамро мехоҳад ҳарчи зудтар ҷойгузин кунад.

Аммо ҳам Раҳмонов ва ҳам мухолифин хеле ҳам хуб медонанд, ки танҳо роҳи тағйири ҳукумат дар Тоҷикистон хезишу тазоҳурот, таҷаммуъи издиҳому анбуҳи чандсадҳазории мардум ва инқилоби оммавӣ аст. Ба касе, аз ҷумла ба ҳамин Путину Си Ҷинпину Толибону Ансоруллоҳ ҳам маълум аст ки  Раҳмонов Тоҷикистону  тоҷикистониёну  давлати онҳоро ғасб ва ишғол кардааст, Раҳмонов Тоҷикистону тоҷикистониёнро  гаравгон гирифтаву султаи оилаи худ-зану бачаву духтару домодҳои худро болои он бор карда ва ба ҳокими мутлақа табдил ёфтааст. Халқи тоҷик, мурдамурда, тоқат ва таҳаммул карда истодааст ва мунтазири лаҳза ва сонияҳои инқилобӣ аст ки яке мисли туфону тундбод аз ҷо бархезад ва расани адолатро дар гардани Раҳмонов биандозад.

Аммо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин ҳам дар ин масъала- ҷонишинии Рустам  ба Раҳмонов посухи конкретӣ надодааст, агарчи зоҳиран дар Душанбе суҳбатҳои рамзомезу гуё тарафгирона аз Раҳмонов ва “истиқлолият”и Тоҷикистон кард.

  Раҳмонов хуб медонад, ки сангинтарин ҷиноятро болои ин мардум кардааст ва боз ҳам сангинтарин ҷиноятро бар муқобили ин мардум содир хоҳад кард. Раҳмонов аз нохун то муи сараш ҷиноят аст. Раҳмонов ҳукуматро ба Рустам медиҳад, то аз муҷозоти ин ҳама ҷиноятҳои бешумор эмин бимонад. Аммо интихоботро ба ҳайси як васила ва абзори гулзании мардуму ҷомеаи байналмилалӣ ва гумроҳ кардани халқи Тоҷикистон истифода мекунад.

 Раҳмонов роҳе ба ҷуз аз инқилобу хезохез, яъне тавассул ба зур боқӣ нагузоштааст. Ва вақте ба вай натоиҷи ин назарсанҷиро гузориш карданд, дигар бар ин қарор омад, ки фурсати Рустамро овардан фаро расидааст.

 Сахт кардани қонун бар зидди дин, ба рағми ҳама эътирозу норозигиҳо имзои намоишкоронаи меъёрҳои зидди сатру ҳиҷоб, ки аз фароизи динӣ аст навъе аз вокуниш ва ҷавоби Раҳмонов ба ҳамин назарсанҷӣ аст. Назарсанҷӣ Раҳмоновро аз буда бадтар кард. Вай роҳи дигаре надорад.

Бинобар ин назарсанҷӣ ҳудуди 80 % аз аҳолии Тоҷикистон ҳозиранд барои тағйири ҳукумат даст ба тазоҳурот ва эътироз бизананд ва ба хиёбонҳо бирезанд ва ҳамин шумора аз пурсидашудаҳо тасдиқ кардаанд, ки барои инқилоб ва қиём дар муқобили Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати оилавӣ-маҳаллии вай омодаанд. Ин ба ин маъно аст ки 80% -и ҷамъияти Тоҷикистон дар фикри инқилоб ва сарнагунии Раҳмонов ва режими оилавии вай ҳаст. 

  Яке дигар аз саволҳои дар ин назарсанҷӣ дар мавриди ҲНИТ будааст. Нисф зиёди пурсидашудаҳо посух додаанд, ки террористӣ эълон кардани он беасос аст ва бо  ҳузури ҲНИТ дар фазои сиёсии Тоҷикистон  ҳеҷ мушкил надоштанд.  

Хонанда ва шунавандаи азизи Ислоҳ! Ман бар дурустии ин назарсанҷӣ, ки ба тавассути КДАМ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ ва мақомоти маҳаллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар гузаронида шуда ва наздики 200.000 аз атбои кишвар пурсида шудааст, шубҳа надорам, агарчи наметавонам шуморо сад% мутмаин кунам. Ваъда карда буданд, ки санади назарсанҷиро ба мо ирсол мекунанд. Мутаассифона дастрас карда натавонистанд, чунки Раҳмонов дастур додааст, ки онро комилан нобуд кунанд ва дар бораи он лаб накушоянд.

 Манбаъи мо ахиран иқрор кард, ки муваффақ нашуд санади мавриди назарро дастрас бикунад, вале чизи ҷолибе, ки дар ин бора гуфт, он буд, ки дар папкаи ирсолкардаи СС.Ятимов, раиси КДАМ  ба ҳамтои русаш ба Маскав санади ин назарсанҷӣ бо баргардони русӣ фиристода шудааст.

   Аммо бояд як нуктаро фаромуш накард.  Муҳосаботи ин назарсанҷӣ  агарчи барои Раҳмонов ва дорудастаи вай бисёр ҳам хатарнок аст, вале моҳият ва муҳтавои он нав нест.Чунки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ болои ин мардум ҳисоб накардааст. Дуруст аст ки ҳаҷми болои ин омор ин бор барои Раҳмонов такондиҳанда ва ташвишангез буд, чун то мавҷудияти ҲНИТ дар кишвар дарсадии қишри норозии аҳолӣ аз ҳукумат то ҳудуди 60%-ро ташкил мекард, ки он ҳам на дар ҳама навоҳии кишвар дар ин мизон буд. Аммо ҳоло дар бархе аз навоҳӣ ва махсусан дар Кулоб, Хоруғ, Ғарм, Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ин рақам то ба 85-90% расидааст. Дар Хоруғ бошад хеле зиёдтар аст:99%. 

 Манбаъе, ки аз муҳтавои ин назарсанҷӣ маълумот дод гуфт, ки табақаи респондентҳо аз марди одӣ то маълумоти олидор, муаллиму духтур ва ҳатто кормандони мақомотро дар бар мегирад.  

 Ин назарсанҷӣ бори дигар тасдиқ мекунад ва нишон медиҳад, ки Раҳмонов пуштвонаи мардумӣ ва пойгоҳи иҷтимоӣ надорад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Раҳмонов беш аз пеш ҳукуматро маҳаллӣ ва оилавӣ карда истодааст ва дар баробари ин рӯзу рӯзгори мардум аз буда бадтар шудан дорад.

 Пас, саволе пеш меояд,к и дар ин ҳолат Раҳмонов бо ин миллат чи хоҳад кард. Вақте медонад, ки мардум ва миллат аз вай безор аст ва дар садади сарнагунии вай баромадааст бо онҳо чи мекунад? Шароит диҳад, ки бархезанд ё бикубаду титу пит паҳну парешон кунад?

   Раҳмонов бо ин вуҷуд, ки ин арқомро медонад тавре вонамуд мекунад, ки мардум ҳамроҳи вай аст.

Дастгоҳҳои фикрии Раҳмонов дар ҳавои озу ҳирси худи вай сиёсати баргашт ба шароити одиро тавсия намедиҳанд. Яъне аҳзоби оппозитсионӣ, матбуоти мустақил, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ, адлияи мустақилу суди холис инҳо набояд бошанд. Яъне набояд худи Раҳмонов ба уступка биравад. Вай сиёсати оҳанин ва бидуни тағйирро дунбол мекунад.

 Аммо Рустам, ба унвони кадри ҷавон ва муосир метавонад, як чунин ба «истилоҳ» таҳаввулотро ҷорӣ кунад ва бо ҷомеа наздик бишавад. Ва аз идомаи тақвияти танаффур нисбат ба Раҳмонов ва оилааш пешгирӣ кунад ва фишори ҳарлаҳза зиёдшавандаи руҳияи зидди ӯро пойин бисозад. Ва бо овардани Рустам шояд як каме сабукӣ бидиҳад.

Гуфтем, ки  Русия ва Эрон ду кишвари болои сиёсатҳои Тоҷикистон муассир Раҳмоновро водор карда истодаанд, ки бо Толибон ва Ансоруллоҳ забон ёбад. Ҳоло агар ин тавр бишавад, ки хоҳад шуд, пас Раҳмонов бо чи далелу мадрак ҲНИТ-ро ба унвони созмони террористӣ нигоҳ медорад?

Путин дар нишасти ахири ШОС дар Остона эълон кард, ки Толибон ҳампаймони Русия дар амри мубориза бо терроризм аст. Чунин позитсияи Путин барои Раҳмонов бисёр нохушоянд ва нофорам, балки ба марг баробар аст. Чанд рузаке пеш буд, ки ҳамин Рустам Афғонистонро ба сарпарастии гуруҳҳои террористӣ муттаҳам кард.

  Ин барои бори дуввум аст ки мақомоти давлати Эрон аз Раҳмонов тақозо кардаанд, ки бо ҲНИТ оштӣ бишавад. Ба Раҳмонов ин масъаларо матраҳ карда ва аз ҷумла гуфтаанд, ки мавқеъи Русия низ чунин ҳаст ва Русия намехоҳад, ки оппозитсиони тоҷик дар Аврупо бошанд ва бо Амрико наздик бишавад, чун Русия новобаста аз ҳар навъи эълони ҳамкорӣ бо Толибон онҳоро дастнишондаҳои Амрико меҳисобад.

Тамоми замина ва ангезаҳо барои хезишҳои мардуми, қиёми  халқӣ фароҳам аст. Дар ин яке ду соли ахир хафақон, саркуб ва қулдуриву зӯргуӣ ба шиддат камари миллатро шикастааст. Дардҳои мудаввоми иҷтимоӣ мисли «облава» ва набуди неруи барқ халқро ниҳоят хаста ва ҳасос кардааст. Афзун бар ин мудохила ба ҳарими хусусӣ, чену андозаи биринҷи дегу гушти шурбо, румолу поҷома ва риш, масҷид, моддаи 307 ин ҳама дар равону ҷони мардум кора кардааст ва танҳо як ҷарақа кофист, ки Тоҷикистон якҷо бо Авестогруппу Фарозу Сифатфармаву Мармариву Ёвару Ориёнбонку Спитаменбонку Душанбе-ситиву Озодакосметику IRS ва садҳо корхонаҳои миллиониву миллиардии дигари Раҳмонову олу авлодаш бисузаду нобуд шавад ва ё миллӣ гардад.

Чандин соласт, ки мардум ба як сарчашма ва манбаъи даромади оилаи Раҳмонов бадал шудааст. Аз ҳар ҷиҳат душида ва ғорат мешавад.

Мардум дар симои ин ҳукумат душманро мебинад, ки дар камин нишастааст ва аз ҳарчи дар бисоти мардум аст ғосибона кашида мегирад. Ҳиҷ ноҳия ва шаҳре нест, ки аз авлоди Раҳмонов омада коргоҳ, муассиса ва ягон чизи дигар, масалан бозорро нагирифта бошад. Ба гуфти мардум «бачаҳакои боло» дар ҳар ноҳия, ки меоянд, тани личу пойи сланс меоянд, аммо бо камазу дулану суратҳисобҳои оффшорӣ ва даҳҳо мошинҳои гаронарзиш мераванд.

  Сабру тоқати мардум ҳаду ҳудуд дорад. Раҳмонов Рустамро оварда истодааст ва инро паём ва хабари ивазшавии сиёсати имрӯза талаққӣ карданӣ аст.

 Раҳмонов бар ин бовар аст ки интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ ва овардани Рустам шиддати танаффури мардум ба ӯро коҳиш медиҳад, агарчи вай амалан дар қудрат ба унвони Асосгузор ва Пешво боқӣ хоҳад монд ва мудирияти кишварро дар дасти худ нигоҳ медорад. Вале шояд бо овардани Рустам ба манзури коҳиши шиддати руҳияи танаффури мардум гузаштҳо кунад, масалан зиндониҳои сиёсӣ ва бегуноҳони бадахшониро Рустам раҳо кунад. Шахсиятҳое, мисли Зайд, Муҳаммадрузӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев ҳам мумкин аст озод карда шаванд. Шояд дар масоили дину диндорӣ ҳам қавонини зиддишаръии қабулкардаашро фасх кунад. Ва аз ҳамин гуна гуё иқдомоти башардустонаи Рустам, ки битавонад руҳияи инқилобӣ ва зиддираҳмоновиро бикоҳонад.

   Ин санади махфӣ дар дасти мо нарасид вале нафаре, ки дастраси мо кард, гуфт, ки ин назарсанҷӣ тамоми навоҳии кишварро фаро гирифт.

  Аз ман зиёд мепурсанд, ҳоло ҳам мепурсанд ва ҳатто тавсияву пешниҳодҳои бо лаҳни шадид медиҳанд, ки бас аст, биёед ба амал гузарем. Ҳама шароит ва вазъият барои як инқилоб қиёми мардумӣ фароҳам аст, чиро ва чаро бояд ждат кард?

Ман вазифаам ин аст ки ба мардум бифаҳмонам, ки ин бор иштибоҳ ва ғалат накунанд. Аз пушти Раҳмонов нахезанд, Фронти халқӣ нахезад. Хеста чи кор мекунед. Вазифаи ман ва ҳама расонаҳои мухолиф ва озод ҳамин аст ки бифаҳмонем ва бирасонем ва бигуем, ки дигар тарафашро нагиранд.

Мо ҳам мефаҳмем, ки Раҳмонов аз роҳи оосишта намеравад. Инро худаш гуфтааст. Агар мо ҳамин тавр идома диҳем, сукут варзем, сокит бимонем аз Рустам ба Анушервон ва аз Анушервон ба бачааш мегузарад ва инҷо Оли Сауд не,  инҷо Оли Раҳмон мешавад. Барои онки Олӣ Раҳмон нашавад мо ҷуз аз чапа карданаш чора надорем ва ин чапа кардан дуруст фармудед тавассути «Ислоҳ» намешавад. Аммо «Ислоҳ» шароит, фазо ва муҳитро фароҳам ва наздик меоварад. Мо ин плашадкаро бояд ҳамакаса истифода кунем то роҳи дуруст ва бо ҳадафу мақсуд расонро дарбиёбем.

«Ислоҳ» вазифааш ин аст, ки ба мардум бифаҳонад, ки дар ҳолати икс дигар фиреб нахуранд. На мардум, на милиса, на амният ва на хадамоти вижа ва на дифоъу дигару дигар…

 Мо бар ин бовар ҳастем, ки Раҳмонов бо интихобот намеравад, бо хубӣ намеравад, бо шеваи мутамаддин намеравд.

Мардум хаста шудааст. Аммо ин ҷарақа чи буда метавонад ва онро кӣ дармедиҳад?

Хайриддин Усмонзода, Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон,наметавонад, ки интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро аз ҳамин ҳоло эълон кунад. Чун ҳарчи шуданаш мумкин аст.

Зеро Раҳмонов ҳоло ба ҳатто наздиктарин одамҳояш шаку шубҳа дорад, бовар намекунад. Юсуф Раҳмонро дар пушти СС.Ятимову СС.Ятимовро дар пушти Юсуф Раҳмон агент мондааст. Раҳмоновро тарс лағат карда истодааст. Он қадар сарват, доллару тиллову замину хонаву дару дигар ҷамъ кардааст, ки ҳиҷ намехоҳад аз он ҳама ҷудо шавад, ҷудо шуданӣ нест. Яке аз сабабҳои асосии овардани Рустам дар ҷойи худаш ин аст ки ин сарвату давлати аз роҳи дуздиву ғорати мардум бадастовардаашро дар пирӣ бихурад. Надодани қудрат барои Раҳмонов ана ҳамин гуна фалсафа дорад: фақат бихурад, фақат бихурад, қурутову гуштбирёну сағалу, нони таҳмол. Боз тибқи гуфтаи ошпазаш бо рағани бодом ва ним гушти бара ва гушти гусолача ош мехурад. Ҳукумати Раҳмонов дар ниҳояти амр бо ҳамин фаҳмиш ба анҷом мерасад.

  Раҳмоновро тарси ҷудои аз ин ҳама ба касалии ваҳмак дучор кардааст. Ҳоло тарси рафтан аз қудрат ва дар курсии ҷавобгарии ҷиноятӣ нишастан як тарафи масъала ҳамин тарси ҷудоӣ аз хурдани ба сарии қурутов ӯро ба касалии ваҳмак(паника) гирифтор кардааст.

 Ин назарсанҷӣ ё омӯзиши афкори умум Раҳмоновро, ки дар як чунин ҳолату руҳия қарор дорад бештар мутмаин кардааст, ки бояд ҳарчи зудтар интихоботи Рустамро бигзаронад…

Сафарҳои моҳи сентябраш ба манотиқи марказии кишвар ё навоҳии тобеъи марказ ва Вилояти Суғд ҳам аз як чунин тадобир ва нақшаҳо мебошад. Набояд зиракии сиёсиро миллат ва мардум аз даст бидиҳанд.

Share This Article