Исфараро Сурия мекунанд?

Ислоҳ нет

мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати аскарӣ дар Исфара  ва асрору розҳои он

Айни замон маъракаи мавсими тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Дар расонаҳо, ҳанӯз дар оғози ин маърака таблу доира заданд, ки Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара аз ҳама пеш ва дар муддати як рӯз нақшаи даъватро иҷро карданд. Аммо воқеият чӣ аст? Мавсими сарбозгирӣ дар ин шаҳри бостонӣ чи гуна ҷараён дорад? Дар дасти мо як матлабе аз як нафар собиқ корманди комиссариати ҳарбӣ расидааст, ки бо мутолиаи он шумо аз паҳлуҳои пинҳони ин маърака воқиф мешавед.

Дар военкомати шаҳри Исфара Сироҷидинов Хуҷаҷон ба ҳайси сардори шуъбаи дуюм беш аз 2 сол аст ки фаъолият мекунад. Шӯъбаи дуввуми комиссариати ҳарбӣ-военкомат, шӯъбаи тақдирсоз барои даъватшавандаҳо мебошад. Ҷавононро ба сафи хизмат равон кардан, аз хизмат бо  сабабҳои гуногун: -беморӣ, сардори оила будан, яккаписар   будан ва бо сабабҳои узрнок то даъвати навбатӣ боздоштан (острочка) дар ихтиёри ҳамин шӯъба аст. Дар тамоми ҷамоатҳои шаҳри Исфара барои ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардан як мутахассис аз тарафи военком (комиссари ҳарбӣ) вобаста карда мешавад, ки инро бо забони ҳарбӣ ВУС(мизи ҳарбӣ) мегӯем.

Рӯихати тамоми ҷавононе, ки ба синни даъват расидаанд, дар дасти ВУС-ҳо буда ин ВУС ин рӯихатро ба шуъбаи дуюм пешниҳод мекунад. Барои киро ба хизмат гусел кардан ва киро аз хизмат боздоштан бо раисони ҷамоатҳо маслиҳат карда бо воситаи шахсони миёнаравашон пораро гирифта масъаларо ҳаллу фасл мекунанд. Тамоми ин пораҳо ҷамъшуда бо воситаи ВУСҳо ба шуъбаи дуюм -Сироҷиддинов Хуҷаҷон расонида мешавад. Баъд ба ҷойҳои лозими тақсим карда мешаванд.

Тарзи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва аз комиссияи тиббӣ гузаронидани онҳо   пешакӣ бо воситаи ҳамин ВУСҳо тарҳрезӣ мешавад. Пули пора ҳам ба воситаи шуъбаи дуюм ва бо роҳбарии Сироҷиддинов. Х ҳаллу фасл мешавад. Шахсоне, ки камбағаланду шароити порадиҳӣ надоранд, агар бемор ҳам бошанд, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд. Ҳоло инҷо «нархнома» комиссариати ҳарбиро пешкаш менмоем:

  Ҷавоне, ки санади «негодний» мегирад:-2000 доллар;

 Санади қалбакӣ барои ҷавоне, ки сардори оила гузаронида мешавад: 1200 доллар;

 Тавқифи даъват то мавсими оянда (отсрочка): -500доллар.

Пораи «нигодний» чунин тақсим мешавад:

ВУС 100 доллар, раиси ҷамоат 100 долар, духтурҳо 600 доллар, амният 100 долар, Прокуратура 100 доллар, Прокуратураи ҳарбии вилоятӣ 200 доллар, ҳукумат 100 доллар, Военком 200 доллар, шуъбаи дуюм 500 доллар.

   Пора барои санади қалбакӣ ба ҷавоне, ки сардори оила гузаронида мешавад:

ВУС 100 доллар, раиси ҷамоат 100 доллар, ҳукумат 200 доллар, амният 100, Прокуратура100, Прокуратураи ҳарбии вилоятӣ 100, раиси САҲШ-ЗАГС 200, военком 200, шуъбаи дуюм 300 доллар.

Тавқиф то мавсими оянда(отсрочка):

Духтурҳо 100 доллар, прокуратураи ҳарбии вилоятӣ 100 доллар, военком 100 ва шуъбаи дуюм 200 доллар.

Ҳамаи ин маблағҳои пора бо воситаи подполковник Сироҷиддинов Хуҷаҷон тақсим мешавад. Порае, ки духтурон мегиранд, чуноне, ки дар боло зикр кардем дар ҷояш (не отходя от касса) ба ин гурӯҳ дода мешавад. Ҳақи амниятро сардори контрразведка подполковники амният Ҳакимов Саид мегирад, ҳақи прокуратураи шаҳри Исфараро, ёвари Прокурор мегирад, ҳақи ҳукуматро муовини аввал Раҳматзода Оятулло, ки ҳарруз дар военкомат мебошад, мегирад. Ҳақи ҷамоатро раиси ҷамоат ва ҳақи ВУСро низ нозири минтақа мегирнад. Военком ҳақашро дар ҷояш мегирад, ҳақи Прокуратураи ҳарбии вилоятиро   худи  Сироҷиддинов Х ҳар охири ҳафта бурда медиҳад ва асноди ҷаълиро таъйи мекунад. Ҳақи раиси САҲ-и Исфара-Муҳиба Ёқубоваро одами боваринокаш ВУЗ-и ҷамоати шаҳраки Зарнигор бурда медиҳад.

“Чуноне мебинем  «доля»-и аз ҳама равғанӣ ва зиёдро сардори шуъбаи дуввуми комиссариати ҳарбӣ Сироҷиддинов Хуҷаҷон  мегирад. Аммо ҳамаи ин пулҳоро Сироҷиддинов намегирад. Дар ҳар мавсим Сироҷиддинов Х ба боло-ба вазорати мудофиа ба миқдори 116.000 доллар «доля» медиҳад, ки аз он 30000 доллараш ба генерал- лейтенант сардори ситоди Генералӣ Собирзода Эмомалӣ, 15000 доллараш ба сардори ОМУ- генерал Одиназода, 15000 доллар ба сардори Раёсати кадри вазорати мудофиа генерал майор Раҳимзода ва сардори гарнизони вилояти Суғд, военкоми вилоят Мирзозода.Д 10000 доллар мерасад”

Танҳо дар як мавсими даъвати тирамоҳии соли 2020 сол 110 нафарро бо нархи 2000 долларӣ «нигодний» дуруст карданд. Беш аз 70 нафар бо нархи 1200 долларӣ бо ҳуҷҷати қалбакӣ сардори оила гузаронида шуд. Зиёда аз 200 нафарро бо нархи 500долларӣ (острочка) карданд. Танҳо дар ҳамон мавсим Сироҷиддинов Х 46000 доллар  «даромад» дошт. Ба ҷуз аз ин «доля»-е, ки амният дар ин мавсими даъвати ҷавонҳо «кор» мекунад, боз бар пояи маълумоти бузҳояш, мувофиқи табъи худаш пора меситонад ва ин маблағ ҳам на камтар аз 50.000 доллар мешавад. Аммо аз ин пулҳо Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва 6-ой отдел бенасиб мемонанд. Ба онҳо дода намешавад, онҳо шомили руихат нестанд. Ва ин ду сохтор мисли шикорчӣ ҳамеша дар ин мавсимҳо аз пайи сайд мегарданд .Барои онҳо хеле сахт аст, чун бояд нақд дастгир кунанд. Дар даъвати тирамоҳии соли 2020 корманди 6-0й отдел бо номи Ҷамшед тавонист, ки Сироҷиддинов Хуҷаҷонро дастгир намояд. Сироҷиддинов  ба миқдори 30000 сомонӣ пора дода аз чанголи Ҷамшед халос хурд.

“Сироҷиддинов Хуҷаҷон муайян намуд, ки Ҷамшед мастчоҳист. Аз военкоми  Исфара дилмонда шуд. Чунки военком, полковник Ниёззода Абдушаҳид ҳам аз Масчоҳ мебошад. Гӯё, ки военком бо воситаи ҳамшаҳриаш корманди худашро «подставит» карда бошад. Аммо гап дар инҷост,ки ба ҷуз аз ин военком боз чанд нафари дигар масчоиён дар военкомати Исфара кор мекарданд. Аммо дар асл Ҷамшед-корманди 6-0й отдел бо воситаи хабаркаши худаш ин амалиётро гузарондааст. Ҳамшаҳриёнаш дар военкомат аз ин амалиёт умуман хабар надоштанд. Аммо Сироҷиддинов Х аз масчоиён гумонбар шуда дар пайи қасосгирии онҳо шуд.”

Аз ҳаминҷо буд, ки як корманди 6 отдел дар дохили утоқи кории ёрдамчии Сироҷиддинов Хуҷаҷон бо 9500 сомонии пора тавассути кормандони коррупсия ба даст фуромад. Ин нафар Саидзода Рамазон мебошад, ки герчик буд. Ба воситаи миёнравии Дилшод Раҳимзода, писари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ,ки дар шӯъбаи коррупсияи нақлиёти вилояти Суғд кор мекард аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва зиндон наҷот ёфт. Дилшод Раҳимзода 20.000 доллар аз Саидзода Рамазон пора гирифта моддаи ришватро бо қаллобӣ иваз карда ва бо ҳамин бо пардохти ҷарима саидзода раҳо шуд. То он ҷое,ки бохабар шудем Саидзода Р ҳоло дар ВКД ба кор даромадааст.

Саидзода. Р- ёрдамчии Сироҷиддинов Хуҷаҷон буд. Вай бо супориши Сироҷиддинов Хуҷаҷон хост, ки пули пораро гирад аммо ба даст афтод. Сайидзода айбро пурра ба гардан гирифт ва Сироҷиддиновро нафурӯхт. Тамоми  хароҷоти баромадани Саидзода Рамазонро  Сироҷиддинов Хуҷаҷон пурра дод. Пули пора ба кори нав даромадани Сайидзодаро Сироҷиддинов ба гардан гирифт.

Ман аз як чиз дар ҳайратам, ки тамоми амалиёти дастгиршавиву озодшавиҳо, ки бо Сироҷиддинов Хуҷаҷон дорад, озод ва дар пеши чашми ҳама сурат гирифт. Сабаб дар чӣ бошад, ки аз коррупсия  ва 6-отдел домангир нашуд, аммо масчоиҳоро айбдор кард? Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Сироҷиддинов ҳоло ҳам кори худро ба ҳамон тарзе, ки ҳаст идома дода истодааст, аммо он одамоне, ки каму беш ҳам бошад барои мардум кор мекарданд аз кор озод шуданд. Сироҷиддинов Хуҷаҷон Раҳимович дар давоми се соли кораш ба ҳайси сардори шуъбаи дуюми военкомати шаҳри бо пули пораҳои ҳароми ҷамъкардааш як мошини Хундай Тухсун рангаш сафед бароришаш 2018-ро дар 250.000 сомонӣ харид. Рақами давлатии он 5111, 02.ТҶ мебошад. Маъшуқааш Зарнигорро дар вазифаи ВУСи ҷамоати шаҳрак ба кор гирифта барои вай ОПЕЛ-Караван рақами давлатиаш 2112.02.ТҶ харида туҳфа кардааст. Ва инчунин дар кучаи Победаи шаҳри Бустон (Чкаловск) ба маблағи 25000 доллар хонаи 3 ҳуҷраӣ харидаст.

Раиси феълии Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин пештар муовини Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд буд.

Сироҷиддинов Хуҷаҷон бо воситаи муовини раиси шаҳри Исфара Раҳматзода Оятулло   барои аз роҳ дуркардани ин масчоиён ба Баҳодурзода баҳоваддин ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ мерасонад. Ин раиси шаҳр нисбати кадрҳои зодагони Масчоҳ як навъ хусумат ва бадбинии худро пинҳон карда наметавонад. Вай аз болои чанд нафари онҳо ба сардори Ситоди генералӣ Собирзода Эмомалӣ гузориш дода онҳоро бадном карда сабаб шуд, ки онҳо аз кор озод карда шаванд. Ҳоло раиси шаҳр дар ин система одамҳои худашро ҷобаҷо карда истодааст. Феълан Сироҷиддинов Хуҷаҷон  «кашелок» ва порахури асосии Исфара мебошад .Военкоми пештараи Исфара сахт порахӯри гузаро буд. Аммо Ниёззода.А дар ҳар ҳол ба мардуми муҳтоҷу мустаманд ва камбағал як гузаштҳое мекунад. Баракс ба  мардуми пулдору мансабдорон ва тағодорон мушкилӣ пешоварданд. «Ставка»-и пора то ҳазор доллар поён фуромад ва аксар ҷавононе, ки ба хизмати ҳарби сафарбар шуданд аз оилаи пулдорон ва тағодорон буданд. Ва аз ҳамин сабаб ин командаро аз роҳ дур карданд. Мисоли равшан ба аскарӣ фиристодани писари раиси ҷамоати Кулкент Маҳмудов Аббосиддин мебошад. Ин раиси ҷамоат  писари худашро пинҳон карда бачаҳои камбағалҳоро ба аскарӣ мефиристод ва аз падару модарони навҷавонҳои синни даъватӣ пули бисёр меканд

Аммо военком Ниёззода. А хабардор шуда писари пинҳон кардаашро ба сафи хизмат фиристод. Ниёззода ҳамчунин ВУС-иҷамоати Хонаободро, ки ҷавони «тағо»-дор ва худ хизмати ҳарбӣ накарда ин вазифаро мебурд дар шумори дигар ба хидмати сарбозӣ фиристод.

Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин худ як шахси ҳарбӣ буда баъдан барои кор ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ба кор пардохтааст. Вай қаблан дар системаи иҷрои ҷазо-яъне роҳбарияти идораи зиндонҳои вилоят кор кардааст. Азбаски як шахси низомӣ мебошад, мехоҳад чунин режимро дар кори идораи Исфара идома диҳад. Ин роҳбари низомӣ як қарори ғайриқонуниеро дар Исфара ҷорӣ кардааст. Ин қарор он аст, ки ҷавоне, ки хидмати ҳарбӣ анҷом надодааст, наметавонад оила барпо кунад. Барои оиладор шудани ҷавоне, ки ба балоғат расида ва нияти оиладор шуданро дорад, иҷозаи военком зарур аст. Яъне аввал бояд ба военком муроҷиат кунад ва сипас ба ҷамоат ариза барои бунёди оила пешниҳод намояд. Баъди иҷозаи военком ва ҷамоат метавонад, ки ба ЗАГС равад ва муллои маҳалла метавонад, ки хутбаи никоҳашро бихонад. Ин хилофи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мебошад. Ин як роҳи нави пули бе дарди миён кор кардан мебошад. Шумо маҷбуред, ки пул диҳеду ин иҷозатномаҳоро дарёфт кунед.

Мисол агар ҷавоне, ки оиладор шудан хоҳад  ба раиси ҷамоат муроҷиат мекунад. Раиси ҷамоат бошад пеш аз анҷоми расмиёти бунёди оила ҷавонро вазифадор мекунад, ки   биравад иҷозатномаи ВУСро оварад. ВУС мегӯяд, ки ҷавон забонхат бинависад, ки дар мавсими оянда худаш бо пои худаш ба комиссариати ҳарбӣ омада  довталабона аскарӣ меравад. Дар ин забонхат ҳамчунин падару модари вай бояд ҳамчун кафил розигии худро ба таври хаттӣ изҳор доранд. Агар ки мехоҳед ин забонхат навишта нашавад бояд 6000 сомонӣ бипардозед ва ВУС иҷозатномаашро медиҳад.

Ҳолате шудааст, ки як шахси бечора аз сабаби камбағал буданаш ба ин шартгузориҳои ВУС розӣ нашуда ба военком муроҷиат мекунад. Ин одам  бо маблағи 3000 сомонӣ   иҷозат гирифт ва пешниҳоди ҷамоат кард. ВУС-и ҷамоат аз ин кор хабардор шуда сахт ошуфта мешавад ва таҳдид мекунад, ки «ту бе воситаи ман иҷозатро гирифтӣ,  дар вақти мавсими даъвати корамро мекунам нисбати ту». Чунки вай аз 3000 сомонӣ маҳрум шуда буд. Аммо кори ҷавоне, ки мехоҳад оила барпо кунад бо ин тамом намешавад. Раиси ҷамоат барои омода сохтани ҳуҷҷати оила боз аз ин ҷавон 15000 сомонӣ талаб мекунад. Сипас барои барпо кардани туй ва оила иҷозат дода мешавад.

Вале дар ҷамоати Навгилем, ки раисаш Болтаев Аҳмадхон мебошад, як ҷавони аз оилаи камбағал рост меравад военкомат ва 3000 дода иҷозатро мегирад аммо 1500 сомонӣ ҳақи раиси ҷамоатро надода туйро барпо мекунад. Раиси ҷамоат  ҳам бо алами онки аз пора маҳрум шуд ва ҳам бо истифода аз ваколати худ дар айни авҷи маърака намояндаи танзимро бо нозири минтақа фиристонда, бо ин баҳона,ки туйдор қонуни танзимро вайрон кардааст (аз меъёр зиёд одам меҳмон дорад) бо маблағи 5000 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Ин кор дар охири соли гузашта сурат гирифта буд. Мардум аз ин тартибу қоидаи ҷорӣ кардаи раиси шаҳр  ба шӯр омада дар санаи 19 декабри 2020 рӯзи қабули шаҳрвандон ба назди бинои ҳукумат омаданд Тақрибан 200 нафар зан. Раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин аз ин тӯдаи занҳо ба таҳлука афтода ҳамчун шағол дар утоқи кориаш пинҳон шуд ва онҳоро қабул накарда ба воситаи милисаҳо мардумро аз бинои ҳукумат берун кард. Кормандонаш баромада ба занҳо гуфтанд, ки раисро «срочно» ба вилоят даъват карданд. Занҳо, азбаски ҳаво бениҳоят сард буд то нимарӯзӣ ӯро мунтазир шуданд. Вале ноумед ба хонаҳояшон бозгаштанд. Инро бояд бигӯям, ки ҳоло дар Исфара низомиҳо роҳбарӣ мекунанд. Муовини аввали раиси шаҳри Исфара Раҳматзода Оятулло дар гузашта суд иҷрочӣ буд. Ӯро аз сабаби бевиҷдониаш аз ин система ронданд. Вай чанд вақт ба ҳайси адвокат кор кард. Азбаски ошнобозиро хуб медонад, пул дода курсии муовини аввали раиси шаҳрро харид.Худи Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳр бошад дар гузашта дар Идораи зиндонҳо фаъолият кардааст.Раиси шаҳри Исфара бо мардуми осоиштаи шаҳри Исфара чунон рафтор мекунанд, ки гуруҳи ДОИШ нисбати мардуми Сурия чунин рафтор накарда буданд.

Share This Article