Ислоҳ.нет аз як соли фаолияташ маълумот медиҳад

Ислоҳ нет

 

Ислоҳ.нет аз як соли фаолияташ маълумот медиҳад

 

Мо дар охирин рӯзҳои соли 2019 мелодӣ қарор дорем ва қабл аз инки ин сол ба поён расад, ба хонандагон ва бинандагони Пойгоҳи “Isloh.net “ мехоҳам аз фаолияти яксолаи худамон маълумот бидиҳем. Ислоҳ дар соли 2019 чи бурду бохтҳое дошт,чи фарозу нишебиҳоеро дар ин як сол сипарӣ намуд.

 

Дар охирин рӯзҳои соли 2019 чанд номае бо арзи сипос ва моломол аз алфози хуш аз хонанда ва бинандаҳои худ дарёфт кардем,ки фаъолияти “Isloh.net “ –ро дар соли 2019 пурмаҳсул ва муваффақ донистаанд. Ба муаллифони ин номаҳо ва кулли хонанда ва бинандаҳоямон бо камоли эҳтиром ва сипоси фаровон, барору пирӯзӣ хоста орзу дорем,ки ҳамеша тандуруст ва саломат бошанд ва ҳамкорӣ ва мукотиба бо моро қатъ накунанд. Ҳаргиз ноумед ва хаста набошед ҳақ ба ҳақдор,ки он шумо миллати азизам ҳастед мерасад,фардо барои шахси дар интизораш буда наздик аст.

 

Рости гап ин номаҳо водорамон кард, ки як маротиба дар поёни сол ба корҳои анҷомдодаи худ то ин дам як назар андозем ва бубинем,ки то куҷо ба тавсиф ва ситоиши ин дӯстон сазовор ҳастем ва ё муболиғае сурат гирифтааст “Вало нузакки ала Аллоҳи аҳадо”.

 

Метавон бо як ҷумла иброз дошт,ки ҳам пойгоҳи таҳлилӣ ва ҳам шабакаи Ютубии “ISLOH.TV “ дар ютуб соли 2019 ро воқиан ҳам бобарор ва пурсамар ба анҷом расонид.Тайи ин сол мо 265 мақолаи таҳлилӣ, гузоришҳои муфассал аз ҳаводиси Тоҷикистон ва ҷаҳон ва мусоҳибаҳо бо шахсиятҳои машҳуру маъруф дар сомонаи худ ба нашр расонидем. Бештарини ин матолиб бо истиқболи гарми ҳамватанонамон мавоҷеҳ шуд баҳсҳои доғеро ҳам дар Фейсбук ба вуҷуд оварданд. Албатта, на ҳама хонандаҳои матолиби мо аз онҳо хушашон меомад ва гоҳо бо шадидтарин алфоз вокуниш нишон медоданд,онҳоеки хушашон намеомад бароятон маъруфанд. Аммо инҷо муҳим он аст ки мо тавонистем дар фазои маҷозӣ, дар торҳои анкабутии ҷаҳонӣ ҷойи пой пайдо карда воқеияти раднопазиреро ба бинанда ва хонандаи худ бирасонем.Як режими мустабиддеро мутазалзил ва бо тамоми маъно ҳарзугӯй ва дар изтироби шадид аз ҷиноятҳои анҷомдодаашон қарор бидиҳем.Ин кори қалам аст ва дақиқан он қаламеки Аллоҳ ба он савганд ёд намудааст. Кореки як қалам анҷом медиҳад сипоҳу ва чандин пойгоҳи низомии бо дандон муҷаҳҳаз аз анҷоми он оҷизу нотавонанд.

 

Як навоварии қобили таваҷҷӯҳ, ки сафф ва шумори хонанда ва бинандаи “Isloh.net”-ро бамаротиб афзоиш дод ин буд,ки мо шурӯъ аз моҳи мубораки Рамазон канали худро дар YouTube бо барномаҳои диниву маърифатӣ пешкаши ҳаводоронамон намудем.Ба тадриҷ, аз моҳи июли соли равон дар ин шабакаи тасвирӣ ва дидорӣ мо бо истифода аз зарфиятҳое,ки дорем матолиби таҳлиливу коршиносӣ, мусоҳибаҳо ва барномаи собитеро таҳти унвони “Гуфтугӯи бепарда”, ”Як ҷинояти Эмомалӣ Раҳмонов” ва “Зери Заррабин” нашр пахш намудем, ки бидуни муболаға ва худситоӣ аз тарафи бинандаҳо мавриди истиқболи гарму самимӣ қарор гирифт. То роҳандозии ин барномаҳо канали YouTube-и “ISLOH TV“ 360 узв дошт аммо ҳоло шумораи муштарӣ ва аъзои мо 20 ҳазору 200 нафар расидааст, ки боиси хушҳолии мост.

 

Ҳоло дар захираи ин канал 190 навор маҳфуз аст,ки бештарини онҳо баъди нимаи дуввуми сол забт ва ба намоиш дароварда шудаанд,метавонам бигӯям 108 навор дар шаш моҳ буд.Дар мавриди наворҳои мустақими фейсбукӣ ва наворҳои кутоҳ чизе намегуем. Шумори зиёди навор ва филмҳои мустанади кутоҳметражаи мо то 300 ҳазор ва 400 ҳазор тамошочӣ пайдо карда ва дар дигар шабакаҳо низ нусхабардорӣ шуданд. Барои мисол навори асрори қатли Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини ИНОТ ва собиқ вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистонро метавонам дар инҷо зикр кунам,ки ин наворро 322 ҳазор бинанда тамошо карда ва ҳар рӯз болиғ бар 1500 то 2000 тамошо мекунанд.Аммо марбут ба Озодаи Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Шаҳбоз Раҷабзода, корманди пешинии Хадамоти гумрукро 962 ҳазор тамошо ва ҳар рӯз аз 2000 то 2800 бинанда тамошо доранд.Навори “Ҳафт аждаҳодухтар” аз ютуб ҳазф гардид вале адади тамошобинони он ба беш аз миллион расид,инҳам боз барзарари фабрикаи ҷавоб ва он аждаҳоҳои дар сенария буда анҷомид. Таҳлилҳои дигари мо низ ҳаминхел рӯз аз рӯз рӯ ба суъуданд. Ҳар навори мо ҳамеша пур аз коментҳо мебошанд,ки кам чунин каналҳои сиёсӣ ва таҳлилии фаол дар ютуб ба мушоҳида мерасанд.Метавонем бигуем,Ислоҳ як шаклу намоди тозае буд бо барномаҳояш дар шабакаи ютуби тоҷикӣ.

 

Маводҳои чопии мо низ ҳамин тавр ҳамроҳ бо сарусадо ва вокунишҳои мухталиф буданд. Дар оғози сол охирин аз силсилаи навиштаҳои мо аз фаъолият, дурусттараш аз ҷиноятҳои содирнамудаи Қаноатшо Лоиқзода,раиси пешини ноҳияи Рашт ба нашр расид,ки оқибат ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд ӯро аз кор озод намояд. Агарчанде рӯи ӯ ҳисобҳои доштанд,ки ба ҷойи Шукурҷон Зуҳуров,раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интисобаш мекунанд, чун аз лиҳози ҷуғрофӣ ва бо назардошти намояндаи маҳалҳо дар низом ин мансаб ба мансабдорони шарқи Тоҷикистон дода мешавад. Албатта,ҳарчанд расман эълон накарданд, аммо ин як навъ вокуниши мақомот ба матолиби интишордодаи мо буд. Аммо вақте як матлаби ҷомеаи таҳлилӣ дар робита ба сарнавишти Талко-бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон ба нашр расид ва ин матлаб ҳам ба русӣ ва ҳам ба ингилисӣ дар сайту сомонаҳои дигари олам бознашр гардид Игор Сатторов, сухангӯи Талко бо нашри як матлаби муфассал ба “Isloh.net “ расман посух гардонд.Инчунин дар фарҷом аз фурӯхташудани ТАЛКО ба Чин расман расонаӣ гашт.

 

Ҳамчунин вақте навиштаи дардомезе дар бораи мавриди таҷовуз қарор гирифтани як духтари ноболиғи ҷиргатолӣ аз тарафи муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия дарҷ шуд, ВКД посух дод, агарчанде посухи он комилан ғариҳирфаӣ ва муқобили воқеият буд. Ба дурустӣ,ки ин посух набуд, як навъ сафедсозии як ҷинояткори пагондори низомипӯш буд, ки аз ин гуна номардон дар сафҳои милисаи тоҷик кам нестанд. Аммо аз онки дар сутуҳи боло “покровителҳо” доранд, муҷозот намешаванд.Падари духтари таҷовузшударо бо зулму фишор маҷбур намуданд,ки маталаби нашр шудаи моро такзиб намояд.Дар ҳоле ҳама сабтҳои садои ва катби дар бойгонии мо маҳфӯз аст.Ислоҳ бе далелҳои мушаххас ва қаноаткунанда ҳаргиз ба навиштани туҳматномае даст намезанад ва ин корро ҷиноят меҳисобад. Шиори мо ислоҳ аст на ифсод ва фасодкоридану нашр кардан.Мо барои ислоҳи ҷомеа камари ҳиммат бастаем ва ҷонҳоямонро дар кафи дастамон гирифтаем,агар мақсади фасод медоштем ҳоло бо шумо муфсидон дар ватан будем.

 

Як нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ дар фаъолияти “Isloh.net “ дар соли 2019 ин аст ки дар бештарини навиштаҳои мо,метавон гуфт дар аксарияти мутлақи онҳо “фермаи ҷавоб” посух мегардонд. Ин посухҳо ҳам аз тарафи муаллифони ин ферма ва низ асотиду донишҷӯҳо ва дигарҳо ҳатто дар сайту сомонаҳои расмии шаҳру навоҳӣ, донишгоҳҳо ва фейсбук чоп карда мешуданд. Ин ферма ва муаллифонаш дар давоми сол беш аз 730 мақола,раддия ва тӯҳмату таҳқирнома бо ин таҳдид, ки қатлу зиндон мешавӣ ва ё ҳар гуна ҳақорату дашном алайҳи “Isloh.net “ ва банда, Муҳаммадиқболи Садриддин мунташир карданд. Аксҳои карекотурии гуногӯнероҳам дар шабакаҳои иҷтимои нашр намуданду зери тозиёнаи танқидҳои бемаъно ва дурӯғпардозиҳояшон моро таҷассум намуданд. Аммо бо ин ҳама дилашон хунук нашуд ва дар шумори дигар расонаҳои иҷтимоии фаъол дар хориҷ аз қаламрави Тоҷикистон “Isloh.net “-ро ҳам бо қарори Додгоҳи олӣ мамнӯъ эълон карданд. Ин дурусту дақиқ шаҳодат ва эътирофи он аст ки дар набарди иттилоотӣ Раҳмонов ва режими вай дар баробари муборизон ва дигарандешон дигар бохтааст.

 

Ин нуктаро ҳам таъкид ва хотиррасон намоям,ки “Isloh.net “ дар Телеграмм,Инстаграм ва Фейсбук ҳам фаъол аст ва хонандаҳои худро дорад.

 

Хулоса ва натиҷаи ин солеки гузашт

 

Ба шакли кутоҳ инро мехоҳам бигуям,ки имсол назар ба солҳои қаблӣ, мухолифони режим рӯз аз рӯз меафзоянд.Ин натиҷаи заҳматҳое буд,ки дар ин сол барои бедории миллат ва мардуми кишвар ҳама мухолифони сиёсӣ анҷом додаем. Марҳамат агар шак дошта бошед дохили Ютуб шавед бо чашмони сар бубинед аз 100 комент 90 коменташ мухолифи ин режиманд ва ба ҳеҷ ваҷҳ бақои онро намехоҳанд. Дар ҳоле ду сол пеш комилан вазъият баракс буд ва 2019 ин ҳолат 120 дараҷа тағйир кардааст. Чун он чи мо навиштему ба намоиш гузоштем ҳама шаҳрвандон дақиқан онро дар амалкардҳои мақомоти кишвар бе каму кост бо чашмони худ диданду,хориҷ будагонашон аз наздикони худ онро шуниданд, чун мо дурӯғ ва туҳмат накардаем воқеиятро ба намоиш гузоштем.Ин ҳолат сафи норозиён аз ин режимро ба маротиб бештару бештар ва ҳатто дигар шаҳрвандонро дар муқобала нотарсҳам гардонид. Умеди онро дорем соли 2020 соли бобароре барои мардуми азият кашидаи мазлуми кишвар гардад.

 

Иртиботи мардум бо Ислоҳ

 

Ногуфта пайдост,ки иртиботи мо бо хонанда ва бинандаамон беш аз беш тақвият меёбад. Ва як хубии кор ҳам ин аст ки манобеи мо дар миёни мақомот чи дар навоҳӣ ва чи дар марказ ҳастанд ва ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамарӯза мо садҳо нома аз мардуми кишвар дарёфт мекунем,ки дар онҳо аз ҷиноятҳои зиёди мақомдорони режим ҳикоят мекунанд ва мо то имрӯз 10% -и ончиро,ки дар даст дорем расонаӣ накардаем. Хеле аз онҳо омода ва дар интизори нашр мебошанд, вале дар фурсатҳои муносиб ҳамчун аксуламали муносиб ва шоистаи ҳоли мақомдорони ҷинояткор расонаӣ мегарданд. Талош мекунем,ки дар соли оянда ҳам Ин ша Аллоҳ бо сазовори боварӣ ва дастгирии шумо хонанда ва бинандаҳои “Isloh.net” ва “Ислоҳ тв бошем.

 

Бароятон барору пирӯзӣ ва имони росих орзумандам,ба умеди пирӯзии ҳақ бар ботил ва баргашти сарбаландона ба ватани азизу маҳбубамон.

 

Бародари имонии шумо, муассис ва мудири Пойгоҳи Ислоҳ.нет

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Share This Article