Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №23

Ислоҳ нет

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»  ба тадриҷ ҷойгоҳи худро дар сомонаи мо   пайдо карда тақвият меёбад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ин барнома ба минбари хоси розу ниёзи мову шумо табдил мешавад. Ва, ҳар касе бо «Ислоҳ» иртибот дорад ва дилаш ба миллату мардуму ватан месузад, ҳатман қаламу коғаз мегирад ва ба мо менависад. На танҳо дар бораи мушкилоте, ки бо чашмони худ мебинад, ҳамчунин аз аъмоли ҷиноии мансабдорони ҷиноятпеша ва дузди ҳукумати Раҳмонов ҳам маълумот мефиристанд. Ин хеле хуб аст, ки мо бо ин васила бо ҳам меоем ва бар зидди ин ҷинояткорон мубориза мебарем. Ва, ҳоло бахши навбатии «Номаҳо…» манзури шумо гардонида мешавад:

Кулоб

Ассалому алайкум, устоди азиз! Умедворам хуб бошед. То ҷое, ки аз баъзе огоҳон шунидам, барои ҳукумати Эмомтапак ҳеҷ гоҳ сарбози шуҷоъу нотарс лозим нест. Чунки инҳо аз сарбози шуҷоъ метарсанд, агарки 14 сола ҳам бошад. Сарбози шуҷоъ метавонад барои аз байн бурдани ноадолатӣ бар алайҳи фармонравояш қиём кунад. Сарбози далер дар зулм аз онҳо фармонбардорӣ нахоҳад кард. Сарбози озод дар оянда, озодихоҳ мегардад ва аз кадрҳои ғуломхӯву ғуломсифати имрӯз безорӣ меҷуяд. Барои Эмомтапак танҳо сарбозоне лозиманд, ки онҳо ба ғуломони гузаштаи африкоӣ монанд бошанд. Яъне, ҳаминқадар, ки қувваи бардоштани аслиҳаву аз он истифода карданро дошта бошанд, бас аст. Ба онҳо чи амру фармоне додӣ, бояд бе чуну чаро  иҷро кунанд. Ва ҳақиқати ҳол ҳамин тавр ҳам ҳаст.

Аввал инҳо сарбозонро зада нимдевона ва баъзан пурра девона месозанд, сипас аз онҳо ҳамчун робот дар муноқишаҳо ё корҳои баду хатарноки бар манфиат худашон истифода мекунанд. Вагарна ин аскарони бечораи мо на мисли сарбозони амрикову аврупоӣ ба хотири соҳиб гардидани маблағи калону имконоти васеъ хизмат мекунанд, на мисли сарбозони нимҷазираи арабӣ ба хотири дину имонашон. Танҳо ва ягона роҳе, ки онҳоро дар ин роҳ маҷбуран доштааст, ҳамин задан, тарсонидан ва бар маъюбу нимдевона табдил додан аст.

 Фархор 

Раиси ноҳияи Фархор Зариф Назрӣ, бародарзодаи Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон аст. Вақте раиси ноҳия шуда омад, дар аввали кораш як крани калони шахсии худашро ба ноҳия овард ва ба кандани заҳбури асосии ҷамоати Ватан сар кард. Ин корро сарсарӣ анҷом дод ва «оба лой кард»-у садҳо ҳазор сомонии идораи Водоканалро барои ин кор ҷудо карда ба ҷайби худ зад. Дар деҳаҳои Лоҳутӣ, Садоқат, Баҳор заҳбурҳо пур аз лою гиланд, заминҳо зери зак  мондааст. Туалетҳо ва таҳхонаҳо пури об мешаванд. Мардум суми обро медиҳанд, аммо тамоман кор намекунад. Ҷуйборҳоро мардум худашон тоза мекунанд. Дар як навори видеоӣ раиси ноҳия мегуяд, ки роҳи деҳаи Баҳорро асфалт кардем. Аҷаб, як марди калон, раиси ноҳия, масъули давлат рӯирост дурӯғ мегуяд.

Ба Аллоҳ қасам деҳа 300 сомонӣ ҷамъ карданд. Дар худи деҳа бошад муаллими Мирзошариф мегӯяд, ки ин корҳоро ман кардаам. Ин муаллим ин гапро ба СС.Ятимов гуфтааст. Писари муаллим Мирзошариф дар КДАМ-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекунад. Аммо, ба Худо ҳардуяшон ҳам дурӯғ мегуянд. Изо бикашед. Як бор заминҳоро нигоҳ кунед. Хароҷоте, ки ба ин заминҳо карда шуд ҳосилашон намепӯшонад. Боз ин раиси ноҳия ҳисобот медиҳад, ки роҳҳои 12 ҷамоатро асфалт кардем, шебен рехтем. Аммо дурӯғ мегуяд. Ҳамаашро халқ сум ҷамъ кард. Дар деҳаи Садоқат худи ман деҳқонӣ мекунам. Ягон чиз мекорӣ аммо заҳбурҳо аз хок затарит шудагӣ, об нест. 500 сомонӣ барои як гектар медиҳӣ. Раиси водоканал аз ҷамоати Ватан аз як одам то ду-се бор пул мегирад. Раиси ҷамоати Ватан бо раиси ҷамоати Фархор маслиҳат карда заминҳои лалмии Уртабузро 4ҳазор, 5ҳазор сомонӣ фурӯхта истодаанд. Абдумумин Ятимов, раиси Идораи ҷангали ноҳия ва бародари СС. Ятимови раиси КДАМ-и Тоҷикистон раиси ҷамоати Ватанро кришават мекунад. Раиси ин ҷамоат Илҳом Қувватов ном дорад. Рафиқи наздики раиси ҷамоати Фархор аст. Кришаи ҳардуи онҳо ҳамин Абдумумин Ятимов аст. Хитоби ман ба мардуми ҷамоати деҳоти Ватан чунин аст. Замин нагиред, нахаред, ки фандатон мекунанд. Ҳуҷҷатҳои инҳо қалбакӣ аст. Чунки корҳои худи раиси ноҳия қалбакӣ аст. Бовар накунед бисанҷед. Як корманди налог (номашро маҳфуз медорам) хеши телехи Рустами Эмолӣ аст. Ман ҳамаатонро фалон кардагиям мегуяд. Дар идораи налоги Фархор фасоду ришва ошкоро аст. Дар идораи бақайдгирии амволи ғайриманқул аз мутахассиси он Гадоев Ҷангӣ мардум безор шудаанд. Бачаи вай муовини раис аст. Вай барои хонаҳо техпаспорт мекунад. Савзалии пес ва бачаҳояш бузи деҳаи Садоқат мебошанд. Агар раисони ҷамоатҳои Ватан ва Фархор, заминсози ноҳия Гадоев Ҷангӣ, писараш Мавлавӣ Гадоев, раиси ноҳия, бахши танзими ҷамоати Ватан ва корманди андози  ин ҷамоатро аз вазифа нагиранд, хеле аз сиру асрорашонро ифшо мекунем. Барои сардори милиса ҳам маълумоти зиёде дорем. Ба депутат Сайидҷаъфар Усмонзода хитоб карданием. Ту аз пеши хонаи худат то пеши хонаи Насими буз асфалт накун. Чи хел одам куштанҳоят, дуздиҳоятро ба барномаҳои дигар пешкаш мекунем. Мо мардакем, як моҳ муҳлат агар асфалт шавад чизе намегуем вале агар нашавад «ждат» кун. Роҳи калон пеши Панҷшанбебозорро асфалт кун.

Замначалники милисаи Фархор Раҷабзода.Ҷ бадбахтарин милисаи ноҳия аст. Вақте магазинҳо ва ё ягон корхона меравад, агар андозаш носупорида бошад ва ё таҷҳизоти сухторнишонӣ надошта бошад зуд дафтару делояшро мекушояду протокол тартиб медиҳад. Аммо ин протокол 100% қалбакӣ ва дуруғӣ аст. Пул мегираду протоколро медаронад. Боз ба ҷурааш Муслиҳиддин Ғафуров, нозири андоз занг мезанаду хабар медиҳад, ки фалонҷо налогаш носупорида. Вай ҳам зуд меояду сум мегирад. Боз маҷбур мекунад, ки «пожарка» рафта пул супорӣ. Боз санэпидемстансия роҳӣ мекунад. Ҳар моҳе як бор ҳамин корро мекунад. Шабаш мезананд. Айниддини камазист як кудакро дар деҳаи Қазоқо бо мошинаш зад, кудак мурд. Аз Айниддин 150 ҳазор сомонӣ гирифта ҷавобаш доданд.

Ҷиноятҳои раиси Панҷшанбе бозор Тошев Амриддин бо  раиси лоиҳаи ҷамоати Ватан Гадоев Самариддин бо бародари Амриддин Тошев бо Р.Ҷ.Ватан Қуватов Илҳом 4 нафар шида маслиҳад карда Хайруллои ошпаз лаби роҳда замин аз падараш мондаги ҳуҷҷат кардаги соли 1986 ин замин дар бари магазини малоҳ даҳай  Садоқат Амрдин занг мезанад Хайруллои повор документҳои заминатро биёр ба раён як бубинем даркор шудааст. Барои он,ки  ҳуҷҷатҳои магазини ман як ду ҷояш нофаҳмоҳай меравад Амриддин ҳамроҳи  Гадоев Самаридин маслиҳат мекнанд.  Маслиҳат мекунанд бо ҳам,ки  ошхона мебарем ва  арақш медиҳем пиёнш мекнем документҳояшро мегирем. Пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳояш  дигар гирифтани заминаш осон мешавад. Чуноне нақша кашида буданд Хайруллои повор меояд ҳаминхел мекунанд, вақте ҳушёр мешавад нест ягон документ  бечора  даводав мекнад дигар ҳеҷ шоҳид нест ин ғоратгарон  чор нафара заминро тақсим карда сертификат мекунанд.  Ин Хайрулло дигар ҳеҷ илоҷ намеёбад як хешаш аризанавис аст номаш муаллими Одина ба ӯ муроҷиат мекунад.  Муаллим Одина дар ҳол ариза менависад,  прокуратура ва ин  и сртификатҳоро  бекор мекнанд. Аз миён чанд сол мегузарад Амриддин боз аз  нав замини Хайруллои повора мегирад. Охир Юсуф Раҳмони ген прокурор куҷост? СС.Ятимови раиси КДАМ дар куҷост ? Чаро ин ҳама ноадолатиҳоро намебинанд?  Ҳозир Тошев Амриддин як тарафи мағозаи  Сафархуҷаи  аптекчиро як бинои  ду ошёна сохта истодааст.  Амриддини номард  се чорбор пул додааст мисле,ки Амриддин замин грфтабошад. Дар ҳоле як метраш сертификат дора сафархуҷа намемонаш стройка кунад да замини худаш обод кунад.Охир адолат дар куҷо аст? То ҷое мо маълумот гирифтем Сафархуҷа муроҷиат кард ба  Умаров Мансур чунки ӯ куратори ноҳияи Фархор аст. Мансур Умаров гуфта будаст ба Сафархуҷа,ки  рав коратро кардан гир, аммо аз номи ман чизе нагу, мисле Мансур ҳам метарсад, охир ту ки тарси вазиру раис вакуратори тарсончак мо инхели  вазири тарсончаки чикор кунем?  Мисле аз Амриддини сияҳак ҳамаш метарсанд муред шумо барин раису кураторони бе салоҳият, адолат куҷо шуд?  Як Амриддини сияҳак ҳамата лой молидай коркнои давлат,  аз президентон саркардагӣ,  то КГБ ва Прокуроратон. Ҳамат ё метарсен ва шатонен сумтон медиҳанд мутаҳамед. Ин Амриддин фақат ай номи Рустам гап мезанад ва боз аз номи Муроди телехи Эмомалӣ храп мезанад мегардад. Боз то ҷое медонем як ҷиянаш аст ва ё хешаш прокурори Регар буд ҳозир намедонем куҷода аст ҳамон дасгириш мекунад. Агар Харуллои повор бо  Малоҳ , Сафархуҷа заминошона бар нагардонанд,  авал чихел сум доден муаллими Одинаи аризанависа зиндонӣ карден бад дар зиндон  уколзаден куштен ҳама ҷиноятҳотона ба “Ислоҳ” менависам ва ҳамаашро мебарорем. Дар ин куштор даст дорад депутат Сайидҷафар Исмонов, Амриддин Қуватов, Илҳом Ғавзалшоҳ, Судия Иброҳимзода. С , Прокурори  Фархор ҳамроҳ бо Мансур Умаров, коррупсияи Вилоятӣ чунки нисбаттон ариза навиштаги буд 80$доллара хуб мефаҳмен манзури моро.  Хитоб ба ту махсус ҳамин масаларо агар  набини Маҳмадалиев Акрам ҷиноятҳои нобахшуданиятро аз  кудакит то ҳозираатро ба “Ислоҳ” менависам, то нашр намояд. Агар  бовар накуни як ҷиноятатро камтар бо ишора мегуям,  дар душанбе як бачаи ҷавонро номша намегуям чунки боз меқапи махкамш мекни салафи гуфта бурди дар хонаи худат дар вана оби ҷушомадагида дохтагӣ бровардаги гуфтагии хонагиётонда занг бзанен сум гуфтаги 5000$долар бар дар магазини Саидҷафаров Мусо диҳад ин Мусо ҳамсояатон ҳаст. Ҳама ҷиноятҳоятро пурра бе раҳм менависам ва Ислоҳ онро нашр мекунад.  Акрам Маҳмадалиев  масаларо бин ҷиноятота ба пуррагӣ меброрем мо хело хушру мешиносем туро. Чихел боз  даъвои вазиршудан дори. Дар КДАМ акат дузди калонаи ӯро  Мурод кришават мекунад, бе шухӣ ҳоло бо хубӣ мегуем бас кун зулматро ба мардуми Фархор ва масаларо ҷидди бубин ҷиноятҳоят бо  видё ва аудио меброрем кати акат. Аз дасти ту Амакит ба дод омадааст ай дасти тра амакит ба дод омадааст. Масалаи Амриддин ва ҷиноятҳое анҷом дода истодаро хотима гузор ва мо зулмро дӯст намедорем.

Эй  мардуми Садоқат чи хапкарден бхезен бхезен заминотона маҷбури мегиран хапен барои чи мойка мумкин нест?  ун замини заҳбурай прокурор ҳамаи ҷиноятҳое дар Фархор анҷом додаистодаатро менависем. Мунтазири нашри ҷиноятҳоят бош ва ё бо адолатона кору фаолият кун.  Иброҳимзода да куҷо зани дуюм дори сеюм дори гуноҳонатро мо пурра навишта истодаем. Масалаи ҳар золиму мардумозорони Фархорро бубуинед хосстан Амриддинро .

Хитоб ба деҳаи Лолазор ҳамат чи тарсидаен барои чи инқадар злмтон мекунанд қарор шиштен? Чида наменависен Қуватов Илҳом ай қишлоқтонай Прокурорай шармндаҳо бо худтона мардак мегирен !

Хитоб ба деҳаи Орҷенкидз дуздҳои Фархор ҳамаш қариб ай ҳамунҷотон ҳастан чаро хап карда шиштаен?  Изо бкашен лап лап нагарден мурғ нашавен,  мардшавен!

Хитоб ба бачаҳои Район лоф мезанен мо шерем шумо шер не рубаҳшидагиен ҷинояткоро таги фктондаҳан як ҷиноятҳо дар дохили район шида истодааст шумо мебинен хапен, охир читари шерен шумо?

Хитоб ба деҳаи Карл Маркс чи дардтон задай началник милиса началник ГАЙ  ай ҷоҳотонан дуздҳои калон калони ноҳия аммо шумо  хапен мардакира бакала нагирен изор пушен бгарден кҷоеда дидаемтон бшносемтон ки шаголен”

Хибот ба деҳаи мардш будаю фаҳмидаму ин камай бнависен мушклоттона ба кала мегирену ҳақа не….

Хитоб ба Туғул ё Ориён шумора СС. Ятимов зардушти кардай, ки хапен деҳатона ориён номгузоштаи заминотона мегиранд бозурӣ хапен занотона таҷовуз мекнанд дайюс нашавен, то ин ҳад.  Як  камбағалтон туй кард хизмат бари шуд Абдулмумин Ятимов военкомата занг зад омад бурданд ӯро як ҷавони навзана. Ин камбағали бечора дар хонаводашон  як гов доштанд дар зиндагишон ва аз шири он истифода мекарданд ҳамон говтона тиен гуфтшон, бечораҳо ҳамон як говшона доданд. Баъд Абдулмумин Ятимов сараш дод,ки ту хизмат нарав, ҳамаи ин ҳодисаҳоро медонен вале чаро чизе  намегуед, ин ҳақиқатҳои талхро?. Ҳақиқатро гап занен Туғулиҳо мардбачаҳои зиёд дорад Туғул, ма хуб медонам . Хело мард бачаҳотона шикастанд, зиндонӣ карданд, муҳоҷир карданд. Бовар кунед аз ҳама бештар шумо фаол бошед, чунки аз деҳаи золимтарин шахси Тоҷикистонед. Илтимос бхезен гапзанен Фархориҳо дар умум мо бояд бар зидди зулм коре кунем, ма ждат дорам чанд мардак дорем дар Фархор…

Бохтар

Ассалому алейкум бародари муборизи роҳи ҳақ. Ман як модари муборизатон дар Русия ҳастам вале айни замон дар Тоҷикистон шаҳри Бохтар- Қурғонтеппаи собиқ зиндагӣ мекунам. Рӯзи 20 апрел аз Русия ба Душанбе омадам. Дар парвози «Уралский авиалиния» ҳамроҳи мо 15 нафар депортшудаҳо ҳам омада буданд. Инҷо онҳоро интизор будаанд, чароки ҳамаашонро парпечон карда шуъбаи милиса бурданд. Боз ягон 10 ҷавонро «облава» карда вақти аз назорати гумрук ва гузаргоҳи марзӣ мегузаштанд, қапиданашон. Боз як бародар, ки аз фурудугоҳ берун шуду нос кашид аз пушташ милисаҳо омаданду дастгираш карданд. Милиса паспорташро ба зӯрӣ мегирад ва баъди гирифтани 1000 рубли русӣ ҷавоб медиҳад. Аз фурудгоҳ бо як таксӣ ронандааш як бачаи ҷавон буд ба Қурғонтеппа омадам. Таксичӣ нақл кард, ки 5 рӯз пеш, ҳамаи онҳоро ҷамъ карда гуфтаанд, ки 100 нафари шумо барои нос –вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ яктоӣ ҷарима ба ҳаҷми 70 сомонӣ месупоред, ин амр аз боло аст, баъди ин дар фурудгоҳ таксӣ мезанед. Касе 70 сомонӣ намесупорад, дар инҷо таксӣ кор намекунад: «чёрный список мекунумтона дар любой точкаи Тоҷикистон меқапатона, ай 70 сомонӣ зиёд меспорен гуфта угрожат карданмон».

Бародари азиз, пагоҳи омаданам аз Масква иди Рамазон буд. Якҷо фотиҳахонӣ рафтем. Дар онҷо занҳо гуфтанд дар масҷиди Первомай милисаҳо меистанд. Ҳар рӯз. Ба ҷуз аз иди Рамазону Қурбон дар дигар рӯзҳо ҳам меистанд. Кудакону наврасон, то 18солаҳоро намегузоранд, ки вориди масҷид шаванд. «наоед ба масҷид штраф мекунем» мегуфтаанд.

Облава бо дараҷаи олӣ давом дорад. Хонаҳои мардуме, ки дар Русияанд медароянд падарҳояшонро бурда маҳкам мекунанд: «шумода ҳамиқа вақт, писаратон омада хизмат мерава. Агар аз вақти мо гуфтагӣ гузарад, як соат гузара бурда маҳбас мекунем, гуфта тарсондаанд. Ин падару модар маҷбур фарзанди худашонро оварда ба дасти ин палидҳо месупорнад.

Халқи бечора намедонад чи кор карданашонро. Мардум ба омад- омади шумо, оппозитсия интизор ҳастанд. Халқи тоҷик медонад шуморо. Аммо илоҷ надоранд, ки чи кор кунанд. Ҳоло вақте кортеджи Рустами гунгак ҳам ояд роҳҳои Душанбе баста машавад. Мардуми бечора пойи пиёда маҷбур ба кор мераванд. Дар роҳҳо милисаҳо боридагӣ. Халқи тоҷик ҳама мунтазири шумо. Дар куҷое шиштам, идгардак рафтам, мардум шуморо дуо мекунанд, ки тезтар ба Тоҷикистон даромада биоянд ва халқи тоҷикро аз дасти ин золим халос кунад.

Душанбе прокуророни порахору коррупсионер

Бародар Муҳаммадиқбол, барномаи шумо дар бораи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистонро, ки чанд рӯзи пеш пахш гардида буд, тамошо кардам. Дар ҳақиқат ҳозир прокуратураи Тоҷикистон аз марказ гирифта то ноҳияву шаҳрҳо макони пораву ришватситонӣ шудааст .Яке аз ин прокурорҳои порахури сахт генерал Шариф Қурбонзода аст. Қурбонзода Шариф Ҳабибулло, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон, дар гузашта прокурори ноҳия Шоҳмансур ва баъдтар прокурори вилояти Суғд буд. Вай вақте прокурори вилояти Суғд шуд, ки аз онҷо Юсуф Раҳмон курсиро холӣ карда ва ба Дастгоҳи иҷроия ба кор омад. Ин яъне дар соли 2012 буд ва он вақт Шерхон Салимзода Прокурори генералии Тоҷикистон буд. Аммо дар соли 2015 вақте Шерхон Салимзода аз кор рафту Юсуф Раҳмон ба мақоми имрӯзиаш омад, як моҳ нагузашта дар моҳи феврал дар як ҷаласаи бисёр ҳам пуршиддат прокурорҳоро Эмомалӣ Раҳмонов ба боди интиқод кашид ва ошкоро гуфт, ки порахӯрӣ мекунанд, Шариф Қурбонзодаро аз мақоми прокурори вилояти Суғд барканор карданд. Вале ҳамагӣ баъди ду-се моҳ дар моҳи июл Шариф Қурбонзода ба вазифаи баландтар, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар таъин шуд. Ин ба ин маъно буд, ки Раҳмонов шахсан ба порахӯрон алоқа ва ишқ нишон медиҳад. Мову шумо медонем,ки Юсуф Раҳмон 3 миллион доллар дод, то ин вазифаро дигарбора бигирад.

Аммо, ҳолате, ки ҳоло роҷеъ ба Шариф Қурбонзода мегӯям дар соли 2011 иттифоқ афтодааст, дар рӯзҳое, ки мебоист Шариф Қурбонзодаи лилипут вилояти Суғд мерафт.  Кутоҳи калом ин аст ки Шариф Қурбонзода вақте прокурори Шоҳмансур буд бо маблағи 60.000 (шаст ҳазор) доллар пора ба даст меафтад. Ва, нафаре, ки Шариф Қурбонзодаро меқапад Умед Камолов, корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст, ки феълан дар «побег» қарор дорад. Умед Камолов писари генерали марҳум Сайиданвар Камолов, раиси пешини КДАМ аст ки дар айни дар нардбони мансаб боло рафтани Шариф Қурбонзода ӯро дар сари ҷиноят дастгир мекунад. Ҳодиса чунин аст ки дар пайи як ҳодиса дар милисахона як нафар худро аз ошёнаи дуввум парт мекунад ва нафари дуввум, ки акнун кораш ба дасти прокурор гузашт, манзур тафтишот- Шариф Қурбонзода аз вай 60.000 доллар мегирад ва раҳояш мекунад. Дар ҳамин лаҳзаҳо буд, ки Шариф Қурбонзода прокурори ноҳия ба қапи коррупсия Умед Камолзода меафтад. Вай ба як рафиқаш, сардори милиса вазъиятро мефаҳмонад ва мегуяд 1 миллион доллар медиҳад, то аз ин мунҷалоб  халосаш кунад. Чунки тамоми гапзанон  дар бораи прокурори вилояти Суғд шудани он анҷом шудааст. Ҳама корҳо пухта расида буданд. Шариф Қурбонзода ҷойи мулоқот бо ин сардори милисаро дар Фахробод муқаррар карда ниҳоят пеши ӯ мерафту меомад. Аммо, шояд бовар намекунед, он началники милиса гуфт, ки кори туро ман бепул буд мекунам ва як миллион долларро нагирифт. Шариф Қурбонзода бояд «задержаний» мешуд ва маҳкамаш мекарданд. Аммо ӯ корашро буд кард. Ва Қурбонзода халос шуду дар Суғд мақоми прокурориро гирифт.

Вале чанд соли баъд, вақте Шариф Қурбонзода ба мақоми сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон омад ва бародари ҳамин началники милиса, ки ӯ ҳам милиса буд, бо як коре дучори мушкил шуд, Шариф Қурбонзода 10.000 доллари тарафи муддаӣ ва шокӣ болои ин додари началники милисаро гирифту дастури «арест»  ва «розиск»-и ӯро дод. Кӯтоҳи калом хело номард ва як порахури гузарое ҳаст Шариф Қурбонзода. Дар мавриди Шариф Қурбонзода маълумотҳои порахурии дар ҳаҷмҳои калон ба “Ислоҳ расидааст,ки рӯяшон кор дорем ва бо фактҳо онҳоро тақдим мекунем дар ин барномаҳо.

Дар бораи нафари дигар Шамс Гадоев ҳам ба шумо мехоҳам дар ду ҷумла маълумот диҳам. Бародари вай Суҳроб Гадоев аст, ки корманди милиса мебошад. Ҳамин Суҳроб Гадоев нафаре аст ки дар Туркия Умаралӣ Қувватовро паронида куштааст.

Аммо, кори Худоро бинед, ки Шамс Гадоев дертар бохабар мешавад, ки як нафар бо номи Ҷоншер аз Ғарм падари чаҳор набераи вай будааст. Ҷоншери келини ӯро ҳамчун занаш истифода мекардааст.Ҳоло акнун Ҷоншерро бо як дуруғе таҳти пайгард қарор додаанд. Ҳамаи кудакҳои ин бачаи Шамс Гадоев аз ҳамин Ҷоншер аст. ( дар мавриди Шамс Гадоев ҳам маълумотҳои ҷолибтаре расидааст,ки онҳоро низ тақдиматон менамоем)

Шариф Қурбонзода аз ҳамон вақт, вақте ба дасти Умед Камолзода афтид, касалии қанд гирифт. Сахт тарсид. Бояд ҷои Юсуф Раҳмон дар вилояти Суғдро медоданд. Ҳамон сардори милиса бо 07 ба Фахробод меомад. Вай шогирди Баҳриддин буд. Баҳриддин ҳозир прокурори Бобоҷон Ғафуров аст. Шариф Қурбонро калтаи ҷугӣ  мегуянд. Ҳоло агар ҳар касе биравад ва ба Шариф Қурбонзода ёдовар бишавад, ки чи гуна баҷошуда баҷошуда Фахробод мерафтӣ, бовар кунед касали қандаш хуруҷ мекунад ва Худо медонад,ки солро ба охир мерасонад ё не.

 Душанбе -Вазорати маориф ва илм

Моҳи марти соли 2011, аз ҷониби КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки солҳои 2008-2010 бо ҳамкорӣ байни Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҶТ ва як қатор мактабҳои миёна, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62 мубодилаи пулӣ аз тариқи фурўхтани аттетстатҳои синфи 9 ва 11 сурат гирифтааст. Теъдоди аттестатҳои фурўхташуда аз 2000 бештар буд. Аммо ба хотири обуруи Вазорати маориф он 1799 адад нишон дода шудааст. Барои пайгирӣ, тафтишот, муайян ва дастгир намудани ин ҷиноят парванда ба Прокуратураи генералӣ супорида шуд. Прокуратура, ки ин делои «жирный» ба дасташ афтида буд, ба ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар мактуб фиристод.  Масалан дар ин шакл:

Дар пешбурди Раёсати тафтиши парвандахои чиноятии махсусан мухими Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон тафтиши парвандаи
чинояти бо айбдории Косимов Р.С., Зиёев Х.М., Зоиров А.С. ва дигарон бо аломати моддахои 316 к.1, 319 к.2, 319 к.4 банди «а», 323. 340 к.2 банди «б» КЧ
Чумхурии Точикистон карор дорад. Дар рафти тафтиш муайян карда шудааст, ки дар давоми солхои 2008-
2010 дар асоси хуччатхои калбаки аз Раёсати кадрхо ва корхои махсуси
Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ба микдори 1799 адад
шаходатномахо, аз чумла дар бораи тахсилоти миёнаи умум
(1671 адад), тахсилоти миёнаи асосй (128 адад) гайриконунй гирифта шуда, ба маблахои
гуногун ба шахрвандоне, ки малумоти миёнаи умум ва асосй надоштанд. фурухта шудаанд. Дар натича. тахминан меравад. ки онхо дар асоси шаходатномахои калбаки ба муассисахои тахсилоти ибтидой, миёна ва олии касбии чумхурияви дохил шуда. айни хол тахсил карда истодаанд. Бо максади ошкор ва дарефт кардани онхо ба Шумо руйхати
шаходатномахо дар бораи тахсилоти миёнаи умуми ва асосй ирсол намуда,
эхтиромона хохиш мекунем. ки парвандахои шахсии донишчуене, ки дар давоми солхои тахсили 2008-2010-ум ба Донишкада дохил шудаанд, мавридиомузиш карор дода, шаходатномахои онхо бо руйхати пешниход намуда, мукоиса карда шаванд. Дар сурати ошкор намудани •ракамхои шаходатномахой дар руйхат зикргардида фавран ба телефонхои 935405005, 2367971 занг зада хабар дихед. Хамзамон, парвандахои шахсии донишчуёнро бо шаходатномахои калбакии дарефтшуда барои расман ба макомоти тафтишоти пешакй супоридан омода созед. Хохишмандам дар доираи хамкорй ба макомоти Прокуратура барои ошкор кардани чинояти номбаршуда, муайян намудани гунахгорон ба ичрои супориши мазкур бо масьулияти чиддй муносибат кунед.
Замима: руйхати шаходатномахо дар бораи тахсилоти миёнаи умумй ва
асосй дар хачми 3 варак:
Муфаттиши Раёсати тафтиши парвандахои чиноятии махсусан мукими Прокуратураи
генералии Чумкурии Тоҷкистои

Дар ин ҷиноят саҳми Қодиров Сайвалӣ, ки он замон сардории Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорати маорифро ба уҳда дошт, хеле калон буд. Чун ин кор бе маслиҳат намешавад. Баъди ошкор намудани ҷиноят аз тарафи Прокуратура Қодиров Сайвалӣ бо додани пораи калон ҷони худро аз чанголи муфаттишони парванда халос намуд. Аммо ӯ ҳеҷ вақт аз зери назорати КДАМ канор намонда  буд ва пайваста рафту омад ва сўҳбатҳояш назорат карда мешуд. Ў дар ҳамин ҳолат ҳам фикри кисаи худро мекард. Яъне, аз тарафи вазорати маориф мактуб омода шуда, барои муайян намудани силсила ва рақами аттестатҳо ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар барои ихроҷи донишҷуёни бо аттестатҳои қалбакӣ дохилшуда фиристода шуд. Дар ин миён касоне, ки барои дарёфти аттестат бо худи Қодиров Сайвалӣ инчунин аз хешу таборҳои худаш доду гирифт доштанд, баъзеҳо ӯро ба танг оварданд ва баъзеҳо бо додани маблағи иловагӣ ва хоҳишу илтимос хостанд проблемаашон «ҳал» карда шавад.

Қодиров Сайвалӣ. мактубҳои аз тарафи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омодашударо ба баъзе донишгоҳҳо, ки бояд проблемаҳояшонро ҳал мекард, худаш бурд. Дар он донишгоҳҳо бо шуъбаҳои таълим ва масъулоне, ки барои тартиб додан ва муайян кардани рўйхати силсила ва рақами аттестатҳои қалбакӣ муваззаф шуда буданд, «гуфтугў» намуда, хоҳиш кардаст, ки фалон- фалон донишҷўёнро дар рўйхат нишон надиҳанд, ё рақами аттестатҳояшонро дурўғ нишон диҳанд. Дар иваз Қодиров С. «любой» проблемаи онҳоро дар вазорати маориф  ҳал хоҳад кард. Баъзе масъулон ин хоҳиши ўро пазируфтанд ва баъзеҳо рад карда гуфтанд: «Ака проблема «серёзний»-и бадай, ягон бало нашава мода?» Қодиров С. мегуфт: «ҳамаш туғрияй, иҷро кн бо ҳамиҷадаем».

Дар мавриди Қодиров Сайвалӣ барномаи махсӯсе доштем,ки криашаш Озода Раҳмонова ва ҳоло бо муовини сарвазири кишвар кору фаолият мекунад. Аммо пас аз нашри барнома ва матлаб ҳоло ҳам кору фаолият дорад, воқеан кришааш зур будааст. 

Ҳамин тариқ  шахсоне, ки ба ў супориш дода буданд, ё бо пули иловагӣ хоҳиш карда буданд, номҳои пайвандонашон дар рўйхати донишҷўёне, ки бояд бо сабаби аттестати қалбакӣ хориҷ мешуданд, нашуданд ва ҳатто ҳамон 1799 адад аттестате, ки худашон навишта буданд, ҳол он ки ин теъдод аз 2000 (ду ҳазор) бештар буд, пурра наёфтанд.   Ин ҳам дар ҳолест, ки шахсоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо ин аттестатҳои қалбакӣ хатм кардаанд, то ҳол аз акаи Сайвалиашон миннатгузоранд.

Ps: Ба дасти “Ислоҳ” ному насаби ин ҳама атестатҳои қалбакӣ расидааст ва ҳатман онҳоро бо ному насабҳояшон нашр хоҳем кард!

Share This Article