Ихтилофотамонро ба иттиҳод чигуна иваз намоем?

Ихтилофотамонро ба иттиҳод чигуна иваз намоем?

Ҳамд ва сипос парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду санои бе интиҳо бар паёмбари Худованд Муҳаммади мустафоеро,ки фиристод Ўро раҳмате бар ҷаҳониён.Бе шак он ҳазрат адо намуд рисолаташро ва адо намуд амонаташро бар умматаш бо беҳтарин услуб ва равиш. Бе ягон шаку тардиде онҳазрат пас аз худ гузошт уматашро бар поку мусаффотарин дине, ки шаби он монанди рўз аст ва аз он рўй намегардонад магар гумроҳу бе хираде.Худованд тавассути Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) якҷо ва муттаҳид гардонид фирқаҳоро ва ҳидоят намуд тавассути Ў гумроҳонро ва бениёз гардонид Ўро аз тавтиаҳои душманон ва бадбинонаш.Тавассути Ў боз намўд чашмони тира ва торе,ки ҳақиқат ва рушноиро намедиданд ва кушуд дилҳои сангтинату хашинро.Ҷамъ намуд Худованд ба рисолати ин ахтари тобноки рисолат ва нубуват миёни муъминин ва гардонид онҳоро бародари имони агарчи нажод, забон, ранг ва ахлоқашон гуногўнҳам бошанд.

Чуноне,ки Худованди ҳакиму доно дар китоби ҷовидонаи худ мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз Ў битарсед ва чуз дар мусалмонӣ намиред Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо (дини Худо) занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ў дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ў бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед. Бояд, ки аз миёни шумо гурўҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. инҳо растагоронанд. Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд. Он рўз, ки гурўҳе сафедрўй ва гурўҳе сияҳрўй шаванд, ба онон, ки сияҳрўй шудаанд, мегўянд: «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Худоро!»

(Сураи Оли имрон,оятҳои 102-106)

Абдуллоҳ ибни Аббос(р) чунин гуфтааст:

«Сафед рўй мегардад Аҳли суннат ва ҷамоъат ва сиёҳрўй мегрдад аҳли гуруҳҳо(фирқаҳои берун азон)-и гумроҳ»

Дар зимни ин ояти фавқуззикр Худованд ёд менамояд муъминонро ба неъматаш ва водор менамояд онҳоро ба чанг задану пазируфтани дини Ислом.

Сайри гузаро аз оғози биъсат

Азизон агар касе аз шумо таърихро хонда бошад медонад,ки дар даврони ҷоҳилият яъне қабл аз ислом мардуми он замона буданд гурўҳ гурўҳ ва фирқаҳои гуногуне ва миёни онҳо чиқадар ихтилофот ва даргириҳое вуҷуд дошт дар ҷазираи араб.Албатта на танҳо ҷазираи араб балке ин арбада дар тамоми олам буд ва вуҷуд дошт яъне ихтилоф ва фирқаҳои гуногўн қабл аз ба паёмбари фиристодашудани Муҳаммад(с). Агар чӣ давлатҳои дигаре чун ҳокимони олам вуҷуд дошт ва ё лоақал давлатдорие доштанд вале Араб тамоман давлати марказие ва ё як доираи марказие,ки ҳамаи онҳоро гирди ҳам ҷамъ намояд вуҷуд надошт.Балке ҳар як қабилае ҳокими мутлақ дар миёни қабилаи худаш буд ва қабилаи дигареро қабул надошт ва ягон чизе,ки онҳоро бо якдигар ҷамъ намояд вуҷуд надошт.Яъне агар бо забоне,ки барои мардуми ҳозираи мутамадини мо мафҳум бошад қонуни ҷангал ҳукмфармо буд бо боло тарин равиш ва шевааш.

Чун дар он даврон ду империя вуҷуд дошт яке Форс ва дигаре Рум.Форсҳо ҳамеша қисме аз арабҳоро ҳукмфармои мекарданд Яъне дурустараш дар шарқ арабҳо қисмати шарқии арабҳоро ҳукмфармои мекарданд ва аз ғарб Румиҳо.Вале арабҳо ҳолашон хело вахим ва фирқа фирқа ва гурўҳ гурўҳ буданд.Онҳоро дини дурусте набуд,ки ба он имон дошта бошанд магар каме аз боқи мондаҳои динҳои аҳли китоб ба мисли Яҳудӣ ва Насронӣ вале бо таъассуфи зиёд ин динҳоҳам таҳриф ва дар масодири аслии онҳо дастхурда буданд ва ҳар роҳиб ва саркардагони онҳо бо хоҳиши худ он динҳоро тағйир дода буданд,ки китобҳояшон таҳриф ва дастхурда гашта буданд.Бале хонандаи гироми Миллати ҳаниф ва поки Иброҳим(а) қариб,ки моҳият ва ҳайсияташро аз даст дода буд ва номашро танҳо ба фарзандони Исмоил иваз карда буд.Миллати Иброҳими якто парастро бут парасти иваз карда буд ҳатто он хонаи Каъбаи муқаддас ҷойи бутон гашта буд ва дохили онро 360 бут пур карда буд.Бутҳое чун Лот ва Узо ва Маноти сегонаи дигар.Ҳатто дар хонаҳои аҳли макка барои ҳар фарди хонаводаашон як буте доштанд ё онро ба худашон ихтисос дода буданд.Бале хонандаи гиромӣ ин буд ҳолати иҷтимоъи,сиёсӣ ва диниашон ва ин ҳолати парокандагиро чун имперяҳои Форс ва Рум диданд бар онҳо мусалат гардиданд ва бар арабҳо асрҳо ҳукмрони намуданд.

Чунин ҳолат ин мардумро ҳукм фармо буд.Вале офтобе аз миёни ин ҷазира тулуъ намуд ва дурахшид,ки нахуст ин миллатро наҷот дод.Ҳангоме,ки Худованд хотами анбиё Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ро бар паёмбари баргузид ва ин қавмро даъват намуд ба сўй дини наҷот ва иттиҳод исломи азиз ва тавҳид ва бозгашти дубора бар дини Падари паёмбарон Иброҳим(а) ва ин даъват бо ҳидояти Худованди якҷоя гардид ва пас аз монеъаҳое онро пазируфтанд.Албатта он агарчи дини Илоҳӣ буд ба осони сабаби ҳидояташон нагардид.Озорҳои пай дар пай аз сўй кофирони макка бар Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ва ёрони ислом пазируфтааш шиддат гирифт магар нахуст ҳимоятгари он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам) Амакашон Абӯтолиб,ки дилашро Худованд бар ҳимояти он ҳазрат гарм намуда буд.инчунин бархе дигар аз ёрони он ҳазрат,ки аз қабилаҳои бо нуфуз буданд ҳамчун ҳам қабила гуфта мусалмон шудагонашонро ҳимоят мекарданд.Вале он иддае аз мусалмон шудагоне,ки қабила ва ё оилаҳои бо нуфузе надоштанд мисли оилаи Аммор(р) ва Билоли Ҳабаши (р) ва Суҳайб(р) ва чанд тани дигар бо сахтарин шеваи азоб имонашонро бар Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ва Худованди якто чун ахгари оташ нигоҳ доштанд.Бо чунин ҳолати сахт ва ғайри тоқатфарсо паёмбари Худо ва ёрони бо вафои Ў 13 солро гузарониданд ва ба ин дин даъват менамуданд.Паёмбари Худо ва ёрони бовафояшонро аз ҳама чиз маҳрум намуда буданд.Ҳатто чизе барояшон хариду фуруш намешуд бо забони имруза таҳрими иқтисоди ва дар инзиво қарорашон дода буданд то аз динашон баргарданд. Вале аз динашон бар нагаштанд,балке имонашон рўз ба рўз зиёдтар мегашт.Дар охир чун дигар марҳалаи оғози даъваташон ба поён расид нахуст бархе аз саҳобагон ба Ҳабаша ҳиҷрат намуданд ва се сол қабл аз ҳиҷраташон ду нафар аз мадина барои адои ҳаҷ ба макка омада буданд ва он ду нафарро даъват ба ислом намуданд агарчӣ нахуст муъассир наменамуд вале Худованд дар дилҳои он ду қабули имонро дохил намуд.Чун онҳо бо яҳудиён ҳамсоя буданд дар мадина ва яҳуд медонистанд,ки паёмбаре аз ин қавм зуҳур менамояд ва онро дар китобҳояшон хонда буданд ва сифатҳояшро медонистанд.ин яҳудиён ҳамеша аҳли мадинаро тарс медоданд,ки паёмбаре зуҳур менамояд ва мо бо он паёмбар якҷо мешавем ва бо шумо меҷангем ин масъаларо чун аҳли мадина шунида буданд дар ҳол дарк карданд вале ин бар зидди яҳуд анҷом шуд.Чуноне,ки Худованд дар Қуръони карим дар сураи Бақара мефармояд:

Ва чун эшонро аз ҷониби Худо китобе омад ва ўро шинохтанд (Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Паёмбари ислом), ҳарчанд китобашонро ҳам тасдиқ карда буд ва бо он ки аз он пеш хостори пирўзӣ бар кофирон буданд, ба ў имон наёварданд, ки лаънати Худо бар кофирон бод!

( Сураи Бақара,ояти 89)

Он суханҳои яҳудиён бар маслиҳат ва ё фоидаи ансориён ё аҳли мадина анҷом ёфт. Чун паёмбари гироми (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба мино омад Гуфтанд: ин чизе ҳаст,ки яҳуд моро ба он ваъда медоданд пас онҳо пешдасти накунанд аз мо дарҳол даъвати паёмбарро пазируфтанд ва бо Ў аҳд намуданд ин буд аҳди аввал дар мино.Сипас боз гаштанд ба мадина ва даъват намуданд қавми худро ва бисёре аз онҳо имон оварданд.Сипас дар мавсими соли дигар омаданд зиёдтар аз онки буданд ададашон ва ба паёмбар имон оварданд ва аҳд намуданд ин буд аҳди дуввум.Дар мавсими севум омаданд ададашон хело зиёд шуд ва аҳд намуданд бо паёмбари ислом (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва паймон намуданд,ки Ўро ҳимоят мекунанд ва кумак менамоянд ва омодаанд агар ба сўй онҳо ҳиҷрат намояд

Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ва мусалмонон зери озору шиканҷаи шадиде дар макка қарор доштанд .Пас аз ин аҳди севум Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳиҷрат намуданд ба сўй мадинаи мунаввара Худованд дар Қуръони карим чуни мефармояд дар мавриди ҳиҷрати паёмбараш.

«Ва он ҳангомро (ба ёд овар), ки кофирон дар бораи ту нақша мекашиданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр (Макка) берунат созанд. Онон нақша мекашиданд ва Худо низ макру ҳиллаи онҳоро ботил мекард ва Худо беҳтарини тадбир кунандагон аст.»(Сураи Анфол,ояти 30)

Берун шуд аз миёни он мушрикони қасам хурда Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) вале онҳо ба осони намехостанд хориҷ шавад ,камин гирифтанд нақшаи қатлашро кашиданд то ин,ки ин динро берун аз макка бо худ набарад вале фаромуш аз он намуданд,ки ин паёмбари Худост ва ҳимоят кунандаи Ў ва динаш Худованд аст.

Чуноне,ки Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

«Мехоҳанд нури Худоро (дини Худо, яъне ислом) бо даҳони худ (бо суханони дурўғ ва шубҳаҳояшон) хомўш кунанд ва Худо намехоҳад магар ба камол расонидани нури худро .Ҳарчанд кофиронро хуш наёяд. Ў касест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ, то ўро бар ҳамаи динҳо пирўз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд».
(Сураи Тавба,оятҳои 32-33)

Пас паёмбари ислом Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) хориҷ шуд аз миёни онҳо ва пинҳон шуд дар ғори Савр чанд рўзе дар онҷо монданд бо рафиқу ёри бовафояшон Абубакри Сиддиқ(р).Пас аз он,ки хабар аз онҳо канда шуд ва асаре аз онҳо наёфтанд онгоҳ бо сафари таърихиашон,ки «Ҳиҷрат» ёд шудааст идома доданд ва пас аз чандрўзе ба мадинаи мунаввара расиданд ва дар онҷо муҳит ва мардуми онҷо яъне Ансор омодаи пазируфтани он ахтари тобнок бо иштиёқ мунтазир буданд.

Онҷо хона барояш омода намуданд ва кумак кунандагон пайдо шуд бешак онҷо ҳамаро яке якбора барояш муҳаё гашт.Бале пас аз сездаҳсоли ранҷу мушаққат ин беҳтарин маъво ва бошишгоҳеро мемонд.Онҷо асҳоби киромаш гирди он ҳазрат парвонавор гирдиҳам шуданд ва барои мусалмонон аввалин муҷтамаъ ё ҷомеъаи исломӣ пайдо ва таҳкурсирези гардид,ки аз онҷо оғози пирўзиҳоӣ пай дар пай ва гаравидан бар дини ислом меафзуд ва дар фарҷом Худованд паёмбарашро бо сари баланд пас аз ҳашт сол дар моҳи мубораки рамазон вориди макка гардонид.Онҷо низ дубора мардум ба дини ислом имон меоварданд ва,аз ин ҳолатро Худованд дар Сураи муборакаи «Наср» хабар додааст,ки қариб ҳаррўз он сураро дар намозҳоямон мехонем.

Бале он Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) аз макка қабл аз ҳашт сол бо озору мушаққат берунаш намуда буданд босари баланд ба макка бар гашт.Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар назди дарвозаи макка истоданд ва тамоми аҳли макка аз поён мунтазири суханрондани Ў буданд ва бо худ мегуфтанд бо мо чӣ мекарда бошад инқадар озораш додем ва берунаш намудем бар зидаш ҷангидем? Муҳаммади Амин(салаллоҳу алайҳи васаллам) Аввалин хутбаи худро ба аҳли макка чунин оғоз намуд:

« Эй Қурайшиён чӣ гумон доред,ки ман бо шумо чӣ хоҳам кард?» Гуфтанд: Хуби бародари карим ва фарзанди бародари карим ҳасти . ин ҳангом чунин ба онҳо гуфт: «Биравед шумо озод ҳастед»

Чун ин бархурдро бо онҳо намуд ва онҳоро бахшид зеро Ў паёмбари раҳмат ва паёмбари сулҳ ва одил буд,онҳоро бахшид бадии онҳоро бо неки ҷавоб гуфт онҳо дини исломро пазируфтанд ва барои мусалмонон бузургтарин ҷомеъа аз оғози даъвати паёмбар гардид.Пас аз ҷудои ва фирқа фирқа ва гуруҳҳо буданашон ба як уммати муттаҳиди дорои ақидаи росих дар меҳвари расули Худо ва дини ислом ҷамъ гашта ва муттаҳид шуданд.Худованд дар ин маврид дар Қуръони карим чунин мефармояд:

Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо (дини Худо) занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ў дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ў бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед.
(Сураи Оли имрон,ояти 103)

Бале хонандаи нуктасанҷ ин буд каме аз ҳолат ва аҳволи мардуми араб қабл аз ислом пароканда ва гусаста вале бо омадани ислом онҳоро бо ҳам иттиҳод намуд ва аз тафриқа ва ба гурўҳҳо тақсим шави ҷилавгири намуд.Пас аз ин ҳама амалҳои нӯронӣ ва комил гардидани дини ислом расули гиромии ислом ба Рафиқи-Аъло пайваст вале дини овардаи Ў китоби нозил шуда бар Ӯ ва суннати муттаҳари поки он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам) то ҳол по бар ҷост ва мавриди истифода ва нурпошист.

Худованди Карим дар Қуръони ҷовидонааш охирин ояте,ки аз комил шудани дини ислом ва поёни умри Ҳабибаш Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) хабар медиҳад чун барги сабз он ояти карима ин аст.

«…имрўз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати Худ бар шумо тамом кардам ва исломро дини шумо баргузидам..».
(Сураи Мойда,ояти 3)

Ба таҳқиқ паёмбари Худо васияти таърихии худро барои умматаш дар охири ҳаёташ ба асҳоби киромаш чунин роҳнамуд шуд,ки пас аз ман ба китоби Худо Қуръон ва суннати мутаҳҳару гуҳарбораш чанг занед. Матни он васият ва дигар иршодотро дар ин масъала дар мақолаи баъди мутолеъа намоед.
Идома дорад.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.