Ҳуқуқи шавҳар дар назди зан

Ҳуқуқи шавҳар дар назди зан

(Тавсия ба хоҳарон ва бародарон то охир хонед)

Тавре ки зан бар шавҳар ҳуқуқ дорад, шавҳар низ бар зан ҳуқуқ дорад. 
Сухани Худо: “Ва лаҳунна мислул–лази алайҳинна бил маъруфи ва лир-риҷоли алайҳинна дараҷатун..”.
«Ва барои занҳо баробари вазифаҳое, ки бар ӯҳда доранд, ҳуқуқи шоистае муқаррар шудааст ва мардҳо бар онҳо як навъ бартарӣ доранд..».
(Сураи Бақара, ояти 228)

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Агар касеро амр мекардам, ки барои каси дигаре саҷда кунад, занҳоро амр мекардам, ки барои шавҳаронашон саҷда намоянд ва ин ба сабаби ҳуқуқе аст, ки Худованд барои мардҳо бар ӯҳдаи занҳо (ҳамсаронашон) қарор додааст». Бинобар ин бар занҳо лозим аст ҳуқуқи шавҳарони худро ба таври комил риоя намоянд ва муҳимтарин ҳуқуқи шавҳар бар зан ин аст:

1.Эҳтироми шавҳар.

Занҳо бояд барои шавҳарони худ эҳтиром дошта бошанд ва бикӯшанд, ки ризоияти хотирашонро ба даст оваранд ва ба ин кор на танҳо ҳаққи шавҳари худро адо мекунанд, балки ризоияти Худованди мутаъолро низ ҳосил намуда, худро сазовори ҷаннат месозанд.
Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ҳар зане, ки ба болини хобаш меравад ва шавҳараш аз вай розӣ бошад ба ҷаннат меравад»

2. Итоати шавҳар.

Ба ин маънӣ, ки агар шавҳар аз ҳамсараш чизе мехоҳад, то ҷои имкон хоҳишашро бароварда сохта ва ба вай итоат намояд. Паёмбари Худо (с) мефармояд»: «Беҳтарини занҳо он зан аст, ки чун бар ӯ назар кунӣ, хушат биёяд ва чун амраш кунӣ, итоатат намояд ва чун ба чизе савганд бихӯрӣ, савгандатро бароварда созад ва чун аз назараш биравӣ шарафи худ ва моли туро ҳифз намояд» ва албатта лозим будани итоат бад-ин шарт аст, ки фармон ва амри шавҳар дар гуноҳ набошад. Масалан, агар шавҳар аз занаш мехоҳад, ки бе ҳиҷоб аз хона берун шавад ва ё кори бар хилофи иффат ва покиро анҷом диҳад ва ё мусиқӣ, рақс ва ё ороишгарӣ биёмӯзад ё монанди инҳо. Зан дар ин ҳолатҳо набояд ба шавҳараш итоат намояд, зеро итоати махлуқ дар гуноҳи Холиқ, яъне Аллоҳ иҷозат нест. Итоат дар он масоиле, ки онҳо дуруст ва мухолифат ба шаръ надошта бошанд. Агар шавҳар маҷбураш кунад барои анҷоми амали мухолифи шаръ аз ӯ талаби талоқ намояд, зеро зиндагӣ бо чунин марди беимон ва дур аз фармудаҳои шаръ оқибатҳои нохуш дорад.

3. Худдорӣ накардан аз ҳамоғӯшӣ.

Агар шавҳар аз занаш мехоҳад, ки бо вай ҳамбистар шавад, дар сурате, ки барои зан узри ҷиддие набошад набояд аз ин хиҳиши шавҳар худдорӣ намояд. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Агар мард ҳамсарашро ба болинаш талабид ва ҳамсараш аз омадан ба болинаш худдорӣ намояд, агар дар ин ҳолат шавҳараш озурдахотир бихобад, малоика то субҳ он занро лаънат мекунад».

Чанд нукта.

Баъзе аз занҳо дар муқобили ҳамбистар шудан бо шавҳарҳояшон аз онҳо талаби пул ва ё либос ё кадом чизи дигареро мекунанд, ки бештар аз он чи, ки шариъат барояшон дар умури нафақа тайин намудааст, мекунанд, гунаҳкор мегарданд ва чизеро, ки аз шавҳарони худ дар муқобили ҳамбистар шудан бо онҳо мегиранд, барояшон ҳароми мутлақ аст.

4. Пазируфтани сарпарастии шавҳар.

Хона давлати хурде аст ва барои ҳар давлат бояд сарпарасте вуҷуд дошта бошад ва бе ин кор низоми зиндагӣ барҳам хӯрда ва назму интизом ҷои худро ба худсарӣ ва худкомагӣ медиҳад ва табиъат ва фитрат тақозо мекунад, ки ин сарпарастӣ ба дасти мард бошад на ба дасти зан. Гоҳ-гоҳ баъзе аз занҳо дар кору бори зиндагӣ аз баъзе мардҳо ақлонияти бештаре дошта, сарпарастии беҳтар мекунанд, камёб, нодиранд ва барои камёб ва нодир ҳукми мушаххасе нест.
Худованди мутаъол сарпарастии мардро бар зан тайид намуда, мефармояд:

Сухани Худо: “Арриҷолу қаввомуна ъалан-нисои бимо фаззалаллоҳу баъзаҳум ъало баъзив–ва бимо анфақу мин амволиҳим, фассомеҳоту қонитотун ҳофизотул – лилғайби бимо ҳафизаллоҳ”.

«Мардон аз ҷиҳати бартарие, ки Худованд ба баъзе нисбат ба баъзе дигаре додааст ва нисбат ба ин, ки аз молҳояшон нафақа мекунанд, корандеши занон ҳастанд, пас занони шоиста ва нек фармонбардорӣ карда, дар ғоиб будани шавҳарони худ, ҳофизи кунандаи ҳуқуқе ҳастанд, ки Худованд ба ҳифзи он амр кардааст».
(Сураи Нисо, ояти 34)5. 
5. Ҳамроҳӣ бо шавҳар.

Марду зан бо ҳам шарики зиндагианд, бад-ин маънӣ, ки дар ғаму шодӣ ва шебу фарози зиндагӣ шарики ҳам ва дар паҳлӯи ҳам бошанд. Аз ин рӯ агар мард аз рӯи эҳтиёҷи зиндагӣ аз ҷое ба ҷои дигар тағйири макон мекунад, дар сурате, ки аз ҳамсараш бихоҳад ва монеъе вуҷуд надошта бошад, бояд ҳамсараш аз вай итоат кунад ва бо вай ҳамроҳӣ намояд, аммо дар ду сурат метавонад, зан аз ҳамроҳӣ бо шавҳараш худдорӣ намояд:

Аввал ин, ки шавҳараш натавонад дар ҷое, ки биравад, хона ва ҷои муносиберо, ки лоиқ барои зиндагии он зан бошад таҳия намояд;

Дуввум, рафтани зан бо шавҳараш сабаби беиффатӣ ва ё зарар дар ҷону моли вай шавад. Масалан, агар мард қасд мекунад, ки дар кишварҳои Ғарб зиндагӣ кунад, зан агар донад, ки рафтанаш дар он диёр сабаби халал ворид шудан ба шарофаташ мегардад, метавонад аз рафтан бо шавҳараш ба он кишварҳо худдорӣ кунад.

Муаллифи китоб «Фиқҳус-суннаҳ» чанд шарти дигарро низ дар ин замина зикр кардааст.
1. Рафтан аз як ҷо ба ҷои дигар, аз рӯи маслиҳати муҳиме бошад, ки бе мунтақил шудан ба он макон, он маслиҳат ба даст наояд;
2. Шавҳар тавон дошта бошад, ки нафақаи занро дар ҳолати сафар ба шакли муносиб таҳия намояд;
3. Шавҳар мол ва ё касбу коре дошта бошад, ки битавонад ба воситаи он нафақаи зиндагии худу ҳамсар ва фарзандони худро таҳия намояд;
4. Роҳ ва маконеро, ки мехоҳад бираванд, амн буда, хатаре занро дар ҷону мол ва шарофаташ таҳдид нанамояд;
5. Зан дар ҳолате бошад, ки битавонад ба мушкилоти сафар сабр намояд;
6. Ҷое, ки шавҳар мехоҳад занро ба он ҷо барад, маҳали густариши бемориҳо набошад;
7. Миёни маҳалли зиндагии ҳозираи зан ва маҳалле, ки мехоҳад шавҳараш ӯро ба он ҷо кӯчонад, фарқи зиёде аз нигоҳи гармиву хунукӣ, хушкӣ ва намнокӣ, ки сабаби зарар барои зан гардад, вуҷуд надошта бошад;
8. Каромат ва эҳтироми зан дар маҳалли нав, монанди каромат ва эҳтиромаш дар маҳалли аввал нигаҳ дошта шавад... Ҳамчунин эътибороти дигаре, ки дар чунин ҳолат бояд ба назар гирифта шавад.

6. Иҷозат хостан аз шавҳар.

Агар зан ба мақсади анҷом додани коре мехоҳад аз хона берун равад, бояд аз шавҳараш иҷозат гирад. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Ва аз ҳаққи шавҳар бар занаш он аст, ки бе иҷоза аз хонааш берун нашавад ва агар берун шуд, то вақте, ки ба хона бармегардад, Худованд ва малоикаи ғазаб бар вай лаънат мекунанд, магар он ки тавба кунад ва ё ба хона баргардад».
Вале донишмандон ҳолатеро аз ҳукми умумӣ хориҷ намуда, гуфтаанд, ки барои зан иҷозат аст, ки дар ин ҳолатҳо бе иҷозаи шавҳар аз хонааш берун равад ва ин ҳолатҳо иборат аз:

1. Рафтан ба дидани падару модар, ба дидани маҳрамҳо мисли бародар, хоҳар, амак, тағо ва монанди инҳо. Ҳамчунин ҷиҳати аҳволпурсии онҳо дар ҳолати беморӣ ва ё рафтан ба тасаллият ва таъзияти онҳо дар ҳангоми мусибат;

2. Берун шудан аз хона, ки эҳтимоли мунҳадим (вайрон шудан)-и он меравад;

3. Берун шудан барои адои ҳаҷ дар сурати будани маҳраме, ки дар сафари ҳаҷ бо зан ҳамроҳӣ намояд, мисли падар, бародар,писар ва монанди инҳо;

4. Берун шудан барои таҳсили илме, ки омӯхтани он барои зан зарур аст ва ин дар сурате, ки шавҳараш аз таълими вай оҷиз буда ё аз таълимаш саркашӣ намояд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо риояти ҳиҷоби шаръӣ ҳатмист.
Кор кардани зан берун аз хона.

Агар зан дорои ихтисос ва касбе бошад, ки шариъат онро ҷоиз донистааст, метавонад ба он кор дар хона ва дар берун аз хона идома диҳад, вале ба шарти он ки машғул шуданаш ба он амал сабаби зарар ба шавҳараш нагардад.

Имом ибни Обидин (р) дар китоби «Раддулмухтор» мегӯяд: 
«Онеро, ки дар ин боб бояд гуфт, ин аст, ки манъ кардани зан аз кор, бояд дар сурате бошад, ки кор кардани вай сабаби поймолшавӣ ба ҳаққи мард ва ё зарар ба вай ва ё лозим будани беруншавии зан аз хона гардад. Вале агар кор кардани зан сабаби зарар барои мард нагардад, набояд занро аз кор кардан манъ намуд, ҳамчунин агар зан ба коре машғул бошад, ки махсус бо занҳо бошад, монанди момодоя будан, ки дар ин сурат набояд ӯро аз берун шудан аз хона манъ кард». Аз гуфтаҳои ибни Обидин (р) чунин дониста мешавад, ки:

1. Зан агар дар дохили хона барои худ кор кунад ва ин кор сабаби зараре барои шавҳар нагардад, набояд монеъи кори вай шуд;

2. Зан ҳақ надорад ҷиҳати кор кардан бе иҷозаи шавҳар аз хонааш хориҷ гардад;

3. Агар зан коре дорад, ки ба манфиъати ҳамаи мардум бошад ва шахси дигаре натавонад он корро анҷом диҳад, набояд шавҳар монеъи берун шудани зан аз хона ҷиҳати анҷом додани он кор гардад, монанди зани момодоя, мурдашӯй, муъаллимаи Қуръон ва улуми динӣ,табиби зойимон (акушерка) забондонӣ, ки онро барои занҳо омӯзонад ва мисли инҳо;

4. Агар мард барои зан иҷоза диҳад, зан метавонад дар берун аз хона кор кунад, агарчи мард аз ин кор зарар бинад, зеро зарар надидан ҳаққи мард аст ва ҳар кас наметавонад аз ҳаққи худ барои шахси дигаре бигзарад, агарчи ба зарар бошад. Масалан, талабгор ҳақ дорад, ки ҳаққи худро ба қарздор бахшад, агарчи ин кор ба зарараш бошад.
Вале чизе, ки бояд дар назар дошт, ин аст, ки набояд кор кардан дар ин ҳолатҳо сабаби фасод ва фитна ва ё беиффатии зан гардад. Вагарна кор карданаш ҷоиз нест, агарчи кор карданаш ба иҷозаи шавҳар бошад. Албатта, ин дар сурате аст, ки фитна ва фасод собит шуда бошад, на эҳтимолӣ, зеро эҳтимоли фасод ва фитна барои зан дар хонааш низ вуҷуд дорад. Чунончи ин эҳтимол барои мард низ дар хона ва дар берун аз хона мавҷуд аст, дар ҳоле ки чунин шарте, барои вай дар назар гирифта нашудааст.

Масъулияти зан аз корҳои хона.

Бисёре аз донишмандон бар ин назаранд, ки зан масъули корҳои хона монанди пухтупаз, шустушӯй, тозагӣ ва озодагии хона нест, балки масъули ҳамаи ин корҳо шавҳар аст, ки ё худ ва ё хизматгоре, ки барои зан омода месозад, ин корҳоро анҷом диҳад.

Дар китоби «Фатовои ҳиндия», дар мазҳаби ҳанафӣ омадааст: «Агар зан гуфт, ки пухтупазро анҷом намедиҳам, касе ӯро ба пухтупаз маҷбур сохтан наметавонад ва бар шавҳар лозим аст, ки ё худ шахсан нону таъомро барояш таҳия намояд ва ё касеро ҷиҳати омода кардани пухтупаз барои ҳамсараш омода кунад». 
(«Фатовои ҳиндия», саҳ. 548)

Имом Абуисҳоқи Шерозӣ дар мазҳаби шофеъӣ мегӯяд: «Ба зан хидмат кардан барои шавҳар, дар корҳои нон пухтан, орд кардан, таъом пухтан, шустушӯй ва амсоли ин лозим нест» («Алмуҳазаб ва шарҳу такмилуҳул маҷмуъ», ҷилди 15, саҳ. 150).
Имом Дардир дар мазҳаби моликӣ мегӯяд: «Бар шавҳар ду шарт лозим аст, ки барои ҳамсараш хидмат намояд: аввал, он ки шавҳар доро буда, қудрати хизматгор гирифтан барои ҳамсарашро дошта бошад.

Дуввум, он, ки ҳамсараш дорои қудрату манзалат буда, хизмат кардан барояш муносиб бошад, ки агар ин ду шарт мавҷуд бувад, бар шавҳар лозим аст, то барои ҳамсараш хизматгоре бигирад. Вале агар ҳамсараш дорои қадр ва манзалат набуда ва ё шавҳар камбағал буда ва имкони ин ки хидматгоре барои зан бигирад барояш муяссар нагардад бояд зан корҳои дохили хона, мисли хамир кардан, ҷорӯб задан ва пухтупазро барои шавҳараш анҷом диҳад. Бо ин ҳам бар зан хизмат кардан ба меҳмонҳои шавҳар лозим нест».
(«Ашшарҳулкабир», ҷилди 2, саҳ. 510-511).

Имом Ибни Қудома дар мазҳаби ҳанбалӣ мегӯяд: «Ба зан лозим нест, то бар шавҳараш хидмат намояд, яъне барои зан лозим нест, ки хамир кунад, нон пазад ва таъом таҳия намояд. Ҳамчунин ба зан лозим нест, ки хонаро ҷорӯб карда, аз чоҳ об кашад, ... чорпоёни шавҳарашро об диҳад ва ё кишташро бидаравад».
(«Алмуғнӣ», ҷилди 7, саҳ. 21).

Имом ибни Ҳазми Зоҳирӣ мегӯяд: «Нафақаи хизматгори зан бар шавҳар лозим нест, агарчи шавҳар писари халифа ва зан духтари халифа бошад ва чизе, ки бар шавҳар лозим аст ин аст, ки шахсеро вазифадор созад, то обу нони ҳамсарашро дар субҳу шом барояш таҳия намуда ва тамоми корҳои хона, монанди ҷорӯб кардан, гилем такидан ва ғайраро ба ӯҳда бигирад».
(«Алмуҳаллӣ», ҷилди 10, саҳ. 90).

Он чи, ки аз қавл ва раъйи уламо дар мазҳабҳои гуногун дониста мешавад, ин аст, ки масъулияти корҳои хона, монанди пухтупаз, хамир кардан, шустушӯй, ҷорӯб кардан ва монанди инҳо бар ӯҳдаи мард аст, на бар ӯҳдаи зан, яъне шавҳар бояд шахсан анҷом додани ин корҳоро ба ӯҳда бигирад ва ё касеро ба хизмат гирад, то ин корҳоро анҷом диҳад. Вале бо ин ҳам назари ман аз ончӣ хондам ин аст, чун иртиботи зану шавҳар бо ҳам иртиботи ёрӣ кардан ба ҳамдигар ва ҳамкорӣ дар пешбурди корҳои зиндагӣ аст, бинобар ин:

а) Агар имконоти иқтисодии шавҳар тақозо кунад ва монеъи дигаре вуҷуд надорад, тавре ки пештар ёдовар шудем, бояд хизматгор ва ё ҳамкореро ҷиҳати анҷом додани корҳои хона омода намояд;

б) Агар чунин имконоте барои шавҳар вуҷуд надорад, зан то ҷое, ки зараре бар ҳолаш ворид нагардад, беҳтар аст, то аз рӯи ҳамкорӣ ва ёрӣ расондан бо шавҳар, корҳои хонаро то ҷои тавонаш анҷом диҳад. Баъзе аз занҳои саҳоба чунин мекарданд. Асмо (р) хоҳари Оиша (р) мегӯяд: «Тамоми корҳои хонаи Зубайрро анҷом медодам (Зубайр шавҳари Асмо буд), аспашро нигоҳубин карда, алаф медодам».
в) Агар зан аз рӯи ҳамкорӣ ва меҳрубонӣ корҳои хонаро анҷом диҳад, бояд шавҳараш аз вай ташаккур намуда, дар айни ҳол дар анҷом додани корҳои хона бо ҳамсараш ба қадри имкон ҳамкорӣ намояд.

Нашавад, ки пас аз хондани ин мақола дигар занҳо аз анҷоми корҳои хона худдорӣ намоянд. Фарҳанги мо тоҷикон аз қадим чунин буд, ки корҳои дохили хона, пухтани хурок, ҷомашӯӣ,нигоҳдорӣ аз кӯдак,шир додани кӯдак,тозагии хона ба ӯҳдаи зан буд ва то ҳол ҳам ҳаст. Алҳамдулиллоҳ занҳои мо дар олам назир надоранд ва аслан дар ин масъала ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад, мисли занҳои арабу, эронӣ ва хориҷиҳо нестанд. Ончи марбут ба беруни хона аст, ки он таъмини ризқу рӯзӣ, дарав, ҷамъоварии ҳезум, об додан ва нигоҳубини ҳайвонот, корҳои замини зироатӣ бар дӯши мардон буд.

7. Ороиш ва зинати зан барои шавҳар.

Барои зан мустаҳаб аст, ки худро барои шавҳараш ороиш дода, зебу зинат намояд ва беҳтарин ороиш барои зан, баъд аз шустушӯ ва назофат, сурма кашидан ба чашм, пошидани атр ва хушбӯиҳо аст. Вале бо тааҷҷуб ва таассуф, ки бисёри занҳо ба ороиш кардан барои шавҳарони худ чандон аҳамият намедиҳанд, аммо вақте ки ба ким кадом маҳфил, мисли, тӯй ва ё меҳмонӣ рафтани мешаванд худро монанди шаби аввали арӯсиашон зиннат дода, ба гуфтаи мардум «ба ҳафт қалам ороиш медиҳанд», тавре ки дар хонаи худ кобусе (сиёҳӣ) мебошад ва дар берун аз хона товусе. Агар занҳои мо худро барои шавҳаронашон ҳамеша мураттаб ва ороиш диҳанд бо боварии комил мегӯям мард сонияшуморӣ мекунад, то тезтар ба хона баргард. Инчунин дар фикри зани дигаре, ки худро барои шавҳаратон зиннат додааст намешаванд, зеро мард медонад чунин ҳамсари зебо дар хона дорам ва мунтазири ман аст. Вале вақте мард ба хона омад дарвозаи хонаро зан боз кунад бо қавоқи гирифта бо буйи пиёзи хӯрок ва дохил ношуда аз мушкилот шуруъ кунад интизор набошед, ки шавҳаратон бо чунин ҳолат шуморо хушбахт мегардонад ва зиндагӣ мекунад. Пас гунаҳкор занҳо мебошанд на мардҳо, зеро худатон мардро бо ахлоқу манзари бадатон аз худ рондед. Ҳамеша зебо ва хушахлоқу нарм гуфтору ҳалим бошед, то шавҳар ҳамеша мафтуни шумо бошад.

8. Бе иҷозаи шавҳар касеро ба хонааш нагузорад.
Зан набояд бе иҷозаи шавҳар ба касе иҷоза диҳад, чи зан бошад ва чи мард, ки ба хонааш дохил гардад. Вале маҳрамҳои зан, монанди падар, модар, бародар, хоҳар ва мисли инҳо ба таври маъмулӣ ҷиҳати диду боздиди вай ба хонааш омаданд, ҳақ дорад, то барояшон иҷозаи дохил шудан ба хонаро дода, дар ҳадди маъмул аз онҳо пазироӣ намояд.
Вале агар касе аз мардҳои ғайри маҳрамаш, чӣ аз хешу табори худ бошад ва чӣ аз хешу табори шавҳараш дар вақте ки маҳраме барои зан дар хона вуҷуд надорад, хостанд ба хона дохил шаванд, зан набояд барои онҳо иҷозаи дохил шудан ба хонаро диҳад, агарчи он шахс бародар ва ё амак ва ё тағои шавҳараш бошад.

Аз Уқба ибни Омир (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Шуморо барҳазар медорам аз дохил шудан назди занҳо (манзур ғайри маҳрамҳо аст). Ин ҳангом марде аз Ансор гуфт: Эй Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) оё бар бародари мард ҳам? Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: Бародари мард марг аст, (яъне набояд бародари мард дар ҳолати набудани бародараш ҳангоме ки ҳамсари бародараш танҳост ворид гардад)”.
(Ҳадиси мутаффақун алайҳи)

Ин масъала дар миёни мо роиҷ аст, вале хело ҳассос аст, зеро ҳолатҳои зиёди фитна вуҷуд дорад миёни бародари шавҳар ва ҳамсари бародар, зеро ҳар марду зане номаҳрам танҳо шуданд шайтон сеюми онҳост. Ҳоло мегӯям дар хона кист мегӯяд ҳамсарам бо бародарам. Мепурсам каси дигаре ҳаст мегӯяд не танҳо ҳардуяшон ҳастанд. Ин хеле кори хато ва кушодани дарвозаи фитна ва фасод аст. Ман худ шоҳиди чандин ҳолати зино ҳастам, ки аз ман мепурсанд бо ҳамсари бародарам чунин кардам ҳукми ин чӣ аст? Пас мардҳо бояд ин масъаларо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳаргиз бародари шумо маҳрами ҳамсари шумо наметавонад бошад, зеро пас аз талоқ додани шумо ва ё вафотатон метавонад пас аз идда ҳамсари шумо ба ақди бародаратон дарояд. Боре ҳам ба ин масъала аҳамият додаед? Агар не пас ҳанӯзам дер нашудааст ва мувозиби ин масъала бошед, то худро даюс ва ҳаёти ширини худро талх накунед. Нагӯед бародари ман чунин нест ва ман бовар надорам. Ин ҳукми шаръ аст ва дар боло ҳам инро хондед, ки ҳевар ё қайни марг аст гуфтанд. Манзур аз марг ончи дар боло гуфтам, мебошад.

9. Нигаҳбонӣ аз амволи шавҳар.

Ҳар кас дар даруни хонаи худ каму беш моле дорад ва ин амвол ба таври умум дар назди зан буда, дар ихтиёраш мебошад ва аз ҳуқуқи шавҳар бар занаш ин аст, ки зан аз ин молҳо сарпарастӣ намуда, дар истифода аз онҳо исроф ва харҷи беҳуда нанамояд ва эҳсосаш чунин бошад, ки ин амвол дар наздаш амонат буда, дар нигаҳбонӣ аз онҳо масъулият дорад. Бе иҷозати шавҳар чизе аз амволи ӯро ба ҳеҷ кас надиҳад, ҳатто бе иҷозати шавҳар ҳаққи ба бародарон ва хоҳарони шавҳараш додани чизеро надорад. Мутаассифона дар мо ин одат зиёд аст. Аслан ҳамсари бародарро бародарон ва хоҳарони мард ҳеҷ каромату қадре қоил нестанд. Ҳар коре хоҳанд анҷом медиҳанд ва ҳатто иҷозат ҷои худаш сухан гуфтан намемонанд.Ин аз бародарам аст ва ту ҳаққи сухан гуфтан надори. Бояд зан ин ҳолатро хуб фаҳмад ва онҳоро фаҳмонад, ки ин амонат аст ва ман ҳаққи додани онро бе иҷозати бародаратон надорам. Ҳақ дорад бигӯяд ҳоло дар ин вақти ҳассос маҷбураш накунед, ки ман инро мегирам, зеро мардон гоҳо наметавонанд не бигӯянд вақте додару хоҳараш дар хона қарор доранд. Аммо пас аз он имкони он вуҷуд дорад, ки хархашаи бузурге миёни мард ва ҳамсараш сурат бигирад, ки чаро маро занг задӣ ва ё чаро нагуфти не. Ин масъаларо аҳамият диҳед ва амонати шавҳаратонро ҳифз кунед.

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ҳар кадоматон монанди чӯпон ҳастед ва аз раъйияти худ масъулият доред ва зан сарпарастии хонаи шавҳарро бар ӯҳда дошта, аз чизҳои зери дасти худ масъул аст».

Итминон дорам аз ин мақола хоҳарону бародарон истифода намоянд ва дар зиндагии хеш ба кор баранд. Агарчи мақола тӯлонитар гардид, аммо барои огаҳии хуби хонандаи азиз ногузир будам ин ҳамаро баён созам. Дар мақолаи баъдӣ ба ҳуқуқҳои маънавии зан бар мард ишора мекунем, то аз онҳо низ воқиф гардед.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.